• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Ҳаёт ва фаъолияти Масъуди Саъди Салмон / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат

Ҳаёт ва фаъолияти Масъуди Саъди Салмон / Иншо

70 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
21.05.2021

Мавзӯъ: Ҳаёт ва фаъолияти Масъуди Саъди Салмон

Нақша: Муқаддима

  1. Ҳаёти шоир
  2. Мероси адабии ӯ
  3. Мундариҷаи асосии аш ьори Масъуди Саъди Салмон

Хулоса

Масъуди Саъди Салмон яке аз устодони бузурги адабиёти тоҷику форс буда, дар навиштани қасида истеъдоди баланде доштааст. У соли 1047 дар шаҳри Лоҳури вилояти Панҷоби Покистони имрӯза ба дунё омадааст. Шоир дар Покистон таваллуд шуда бошад ҳам, бо забони форсии тоҷикй шеъру газалу қасида эҷод намудааст. Ин забон дар он замон дар Ҳиндустону Покистон забони давлатй маҳсуб мешуд. Гузаштагон па авлоду аҷдоди Масъуди Саъди Салмон аз шаҳри Ҳамадон будаанд. Падари ӯ аз аҳли фазл ва донишманди замони худ будааст. Падараш бо писари Масъуди Ғазнавй Султон Маҷдуд, ки ҳокими яке аз вилоятҳои Ҳиндустон таъин гардида буд, ба он ҷо сафар намуд. Бинобар ин, Саъди Салмон муддате дар Ҳиндустон истиқомат кардааст. Падари Масъуди Саъди Салмон як замон дафтардор ва сарҳисобчии девони давлатй низ будааст. Ӯ корҳо ва амалҳои девониро дар ҳукумати Ғазнавиён бар ӯқда доштааст:

Ulacm соли томом хизмат кард, Падари банда Саъд бинни Салмон. Гоҳ ба атроф буди аз аъмол, Гоҳ ба даргоҳ будӣ аз аъён.

Таҳсилоти ибтидоиро Масъуд дар назди падари худ гирифтааст. Баъдан, ӯ низ ба корҳои давлатӣ ҷалб карда мешавад. Зиндагии шоир якранг набудааст. У соли 1122 аз олам даргузаштааст.

Масъуд аз хурдӣ ба адабиёт ва шеъру адаби форсӣ шавқу завқи зиёде дошт. У эҷодиёти худро хеле барвақт оғоз намуда, дар наср моҳир будааст:

Ба назму наср касеро гар ифтихор сазост, Маро сазост, ки имруз иазму паср марост. Ба ҳеҷ вақгп маро назму наср ком наьиавад, Ки назму насрам дурр асту табъи ман дарёст. Мероси адабии шоир бо эҷодиёти Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Унсурй ва Манучеҳрӣ пайванди ногусастание дорад. Масъуд бо шоирон ва адибони бузурги замони худ Саноӣ, Муиззӣ, Рашидии Самаркандӣ дӯстиву рафоқат дошт.

Тавре Муҳаммад Авфӣ хабар медиҳад, аз Масъуд ба мо се девон боқӣ мондааст, ки бо забонҳои тоҷикй, арабӣ ва ҳиндй суруда шудааст.

Шоир якчанд сол зиндонӣ шудааст, бинобар ин як миқдор ашъори ӯ дар бораи ҳабсхона баҳс менамояд. Масъуди Саъди Салмон ранҷу кулфатҳои зиндонро бо зулму ситами ҳокимони давр вобаста медонад:

Торе аз мӯйи ман сафед набуд, Чуи ба зиндои малик маро биншоид, Моидам андар балою гам чандон, Ки яке мӯйи мая сыёҳ намоид.

Таъкид намудан бамаврид аст, ки шоир бо оҳу нола маҳдуд намешавад. У инсони некбину нексирате асг, ки дар ҷисму ҷони худ у меду орзу, мардиву ҷавонмардӣ ва инсондӯстиро тарғибу ташвиқ менамояд:

То тавонӣ, макаш за мардӣ даст, Ки ба сустӣ касе зи марг нараст. Ҳар кӣ уро баланд мардӣ кард, То ба рузи аҷал нагардад паст.

Масъуди Саъди Салмон худ дар мардиву ҷавонмардй ва матонату сабру тоқат нисбат ба дармондагону мӯҳтоҷон намунаи ибрат будааст. Аз ин рӯ, ранҷу кулфат, азобу хории зиндон ӯро ноумед накардааст ва ӯ рӯҳан худро қавӣ нигоҳ медошт: Аз фалак тапгдйл машав, Масъуд, Гар фаровон туро биозорад.

Бад маяндешу cap чу cape барор, Гар ҷаҳон бар сарат фуру орад.

Хизмати халқу ватан ва нафъ расондан ба мардуми оддиро вазифаи муқаддаси хеш меҳисобад: Рузе, ки роҳате нарасад аз ман, Map халқро, зи умр напиндорам.

Ашъори шоир саропо панду ахлоқ аст. Аммо, фикру андешаҳои пандуахлоқии шоир на танҳо оҳанги насиҳатӣ доранд, балки садои даъвати ҳақиқиро фаро гирифтаанд, ки хонандаро ба мубориза баҳри озодиву беҳбудӣ ҳидоят менамоянд.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Модар – ганҷинаи ҳаёт ва ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Зан, Модар – ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Аз ҳифзи Ватан ифтихор дорем мо… / Иншо
  • Солҳои мактабии ман. / Иншо
  • Китоб мӯниси ҷону дил аст. / Иншо
  • Шоири дӯстдоштаи ман / Реферат
Leave A Comment Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • Facebook
  • Instagram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2022 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
ҚАБУЛ КАРДАН
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат