Мавзӯъ: Ҳаёт ва фаъолияти Имоми Аъзам (p.)
Нақша:
Сарсухан
- Ҳаёт ва фаъолияти Имоми Аъзам
Хулоса
Номи мубораки эшон Нӯъмон, кунияташ Абӯҳанифа ва лақабаш Имоми Аъзам аст. Нӯъмон ибни Собит Имом Абӯҳанифа (р.) аз наели аҷамй буданд. Таърихшиноси машҳур Хатиби Багдодк аз забони Исмоил-набераи имом Абӯҳанифа (р.) накд мекунад, ки ман Исмоил ибни Ҳуммод ибни Нӯъмон ибни Собит аз кажоди форс ҳастам. Мо ҳеҷ вақт гуломи касе набудаем. Падарбузурги мо Абӯҳанифа (р.) соли 80-уми ҳиҷрй таваллуд шудаанд. Падараш Собит (р.) дар кудакй ба хидмати ҳазрати Алй (р.) ҳозир шуданд ва эшон дар ҳаққи вай ва хонадонаш дуои хайр намуданд.
Имом Абӯҳакифа (р.) ба ҳамик xoxvip кукияи худро «Абӯҳанифа» (р.) интихоб намудаает. Роҳе;) ки Имоми Аъзам барои раемдан ба бозор тай мекард, аз канори маизили имом Шаъбй (р.) буд, ки имоми машҳури Куфа буд. Рӯзе Имоми Аъзам (р.) ҳангоми гузаштан аз ия роҳ бо имом Шаъбй (р.) вохӯрданд. Имом Шаъбй аз симои навҷавон чизи хосеро дарк карданд. Бинобар ин, ӯро садо карда гуфтанд: Куҷо меравй? Гуфт: Ба назди фалон бозоргон меравам. Имом Шаъбй (р.) гуфт: Мақсадам ин ки пеши кй даре мехонй? Навҷавон гуфт: Пеши ҳеҷ кас. Имом Шаъбй (р.) гуфт: «Дар симои шумо қобилияти илм дурахшон аст, шумо бояд дар маҷлиси илм бинишинед». Калимаву ибораҳои насиҳатомези имом Шаъбй (р.) дар қалби эшон ҷой гирифт. Бинобар ин, ба таҳсили илм рӯй оварданд. Ҳамин тариқ, илмҳои адаб, фиқҳ, ҳадисро аз бар намудаанд. Имом Абӯҳанифа шахсе буданд, ки тамоми шароити таҳсили илми каломро доштанд.
Худи Имом Абӯҳанифа (р.) чунин мегӯянд: дар ибтидои умрам илми каломро аз ҳама улум афзал ва муқаддас медонистам, зеро боварй доштам, ки асоси мазҳаб ва ақида бар ҳамин илм аст. Аммо, бо мурури замон дарёфтам, ки саҳобаи Киром (р.) бо вуҷуди он ки дар домани баҳс парвариш ёфта ва аз ҳар кас зудтар ва беҳтар масъалаҳоро дарк мекарданд. Вале ҳамеша аз ин мубоҳисаҳо канорагирй мекарданд. Аксари вақти худро ба масоили динй сарф мекарданд. Масоили норавшанро барои дигарон таълим дода, шарҳу эзоҳ медоданд.
Имом Абӯҳанифа (р.), агарчи ғайр аз Ҳаммод (р.) аз олимони машҳури дигар илми фиқҳро аз худ кардаанд, таъкид кардан лозим аст, ки Ҳаммод (р.), хусусан, дар омӯзиши илми фиқҳ ба эшон нақши муҳимеро бозидааст. Аз ҳамин ҷиҳат, Ҳаммод (р.) мавриди эҳтироми фавқулодаи Имом Абӯҳанифа (p.) қарор гирифта буд. Имоми Аъзам (р.) дар замони шогирдии Имом Ҳаммод (р.) ба илми ҳадис рӯй оварданд. таҳқиқи масъалаҳои фиқҳи исломй бидуни истифода аз ҳадис мумкин набуд. Дар он даврон дарси ҳадис дар саросари мамлакатҳои исломй ба тарзи хеле хуб ба роҳ монда шуда буд.
Бино бар ривояти муаррихон, Имоми Аъзам фақеҳи мустақил буда, равиши ягонаи андешаронии худро доштанд. Панду андарзҳои Имоми Аъзам барои мардуми мо имрӯз ҳам басо судманд мебошад. Барои рӯҳониёни мусулмонони замони мо низ пайравй аз пандҳои Имоми Аъзам аз аҳамият холй нест.
Дар ҳақиқат, Имоми Аъзам аз чумлаи он бузургмардоне будаанд, ки ба яке аз мактабҳои ҳуқуқии дини Ислом асос гузоштаанд. Таъкид намудан лозим аст, ки мо ҳамчун ворисони сазовори ин донишманди ҷаҳони илм бояд дар пайравй ба ӯ баҳри хидмати содиқона ба мардуми сарзамини соҳибистиқлоли худ ва баҳри гулгулшукуфиву сарсабзии диёри арҷманди худ тамоми кӯшишу ғайратро дарег надорем.