Мавзӯъ: Ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Пайрав Сулаймонӣ
Нақша:
Муқаддима
- Мухтасари тарҷумаи ҳоли Пайрав
- Мероси адабии шоир
Хулоса
Дар оғози садаи ХХ-ум ба арсаи илму адаби тоҷик шоирону нависандагони зиёде қадам ниҳодаанд, ки яке аз онҳо шоири шаҳири тоҷик Отаҷон Пайрав Сулаймонй будааст. Пайрав Сулаймонй 15-уми апрели соли 1899 дар шаҳри Бухоро дар оилаи тоҷири машҳуру овозадор таваллуд шудааст. Сулаймонй хурдсол таҳсили ибтидоиро дар зодгоҳи худ дар мактаби кӯҳна гузаронида, барои идомаи таҳсил ба мадрасаи эрониҳои шаҳри Марв меравад. Падари Сулаймон ба касби тиҷорат машгул будааст. Азбаски падари ӯ барои тиҷорат ба шаҳрҳои хориҷй низ сафар менамуд, эҳсос менамояд, ки барои ҳар як савдогар донистани забонҳои хориҷй зарур аст. Аз ин рӯ, падари Пайрав ҳамчун тоҷири ботаҷриба омӯхтани забони русиро барои фарзандаш зарур медонад. Пайравро дар назди устодони забони руей мехононад. Ба ин восита Пайрави ҷавон ба_ хазинаи пургановати адабиёт ва илму фарҳанги рус роҳ меёбад. У таҳсили худро минбаъд дар мактаби руей идома додааст. Пайрав Сулаймонй дар шаҳрҳои гуногун кору фаъолият мекунад. У соли 1931 аз шаҳри Сталинобод ба шаҳри Самарканд сафар мекунад ва дар он ҷо вафот мекунад. Шоирро дар мазори Шоҳи Зинда ба хок супориданд.
Пайрав дар шеъру шоирй соҳиби истеъдоди баланд будааст. Фаъолияти адабиву эҷодии ӯ кӯтоҳ бошад ҳам, аз ӯ мероси бою гаронбаҳое боқй мондааст. Аз мероси адабии шоир асарҳои у бо номи достони «Тахти хунин» ду маҷмӯааш бо номҳои «Шукуфаи адабиёт» ва «Шеърҳо» боқй мондаанд, ки хазинаи адабиёти моро боз ҳам рангин кардаанд. Ашъори шоир доманадор буда, ду
давраро фаро гирифтааст. Ашъори ӯ аз нигоҳи бадеият ва самимияти ҳиссиёт хеле баланд мебошад. Пайрав дар баъзе шеърҳояш таассуроти дар ҳаёт фирефта шудан, ғалат баромадани орзуву амал ва хаёлоти ширин, ноумедй ва маъюсиро инъикос намудааст:
Чй гиуд, ки боз фалак мекашад ба купцу капорам?
Чй бахти шум, ки пайваста гаштааст ду норам?
Нонида донаи уммед, рондай зи бщишпиш,
Нохурда луқмаи цоеид, мекаиш ба мазорам.
Пайрав ба шеъру адаб аз диди тоза назар мекард. У ба пояҳои баланди эҷодӣ расидааст. Устод Айнй истеъдоди баланд доштани Пайравро дар шеъру газал дуруст қайд кардаает. Дар ҳақиқат, забони ашъори ӯ хеле ширину равон, бо вазну қофияи солим, дорой санъатҳои гуногуни бадей ва қувваи баланди ифоданокй мебошанд:
Оҳу фигон кашидаму гуфтам, ки дустон,
Ҳаспгам асири духтари Чингизы хунхор.
Фарёд аз он ду наргысы цодуы дилфиреб,
Эй вой аз он карашмаи нашмони пурхумор.
Мавзӯи ашъори шоир гуногун мебюшанд. Ашъори ӯ мавзӯъҳои озодии занон, танқиди душманони озодй, ҳаёти меҳнаткашони мамлакатҳои хориҷй, ҷангу ҷидолҳои империалистони хориҷй, таргиби дустиву рафоқати халқҳоро фаро гирифтааст. Эҷодиёти шоир мувофиқи давру замон, тибқи анъанаҳои пешини адабиёт сурат мегирифт. Пайрав, ки тарбиятгирифтаи мактабҳои усули русй буд, ба оянда назари некбинона доштааст. У ҳиссиёти гарму ҷӯшони некбинонаи худро ба ояндаи дурахшон чунин ифода кардаает:
Заврақи ишқ шикаста шуд… аммо,
Киштиҳои дигар бино созем.
Сар ба cap баҳрро шино созем,
Киштиҳои мукаммалу зебо.
Меҳнатдӯстиву кордонии синфи коргарро дар ашъори худ хуб тасвир намудааст. Зарбдорони меҳнатро тавсиф намуда, бузургию ҳиммати баланди онҳоро фазилати некй инсонй мешуморад:
Қувваи бозуят, эй сириштаи меҳнат,
Оҳану фулодро чу мум кунад нарм.
Ҳон, бизан, эй зарбдор, зарба, ки ин дам,
Қобычи мардонагист, лоиқи ҳиммат!
Баъди Инқилоб, ки дар ҳама ҷо сохтмонҳои бузург идома
меёфтанд, шоир ҳиссиёти худро ифода карда гуфтааст:
Ба сарзамини тилохез Кони Зарафшон,
Канори Вахт шуда Мисри тозае барпо.
Ҳарифи пахтай мисрӣ, рақиби руди Нил,
Надида буд ба умраш каланду досу бел…
Хулоса, Пайрав Сулаймонй бо эҷодиёти пурмӯҳтаво ва рангини худ дар инкишоф ва тараққиёти адабиёти минбаъдаи муосири тоҷик саҳми бузург гузоиггааст. Бо вуҷуди умри кӯтоҳ диданаш, ӯ аз худ номи бузургу нек гузоштааст.