• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Ҳаёт ва фаъолияти  эҷодии Ҳабиб Юсуфӣ / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат

Ҳаёт ва фаъолияти  эҷодии Ҳабиб Юсуфӣ / Иншо

213 нафар дид 1

Муаллиф: Донишхона
21.05.2021

Мавзӯъ: Ҳаёт ва фаъолияти  эҷодии Ҳабиб Юсуфӣ

Нақша:

Муқаддима

  1. Мухтасари тарҷумаи ҳоли шоир
  2. Мероси адабии ӯ
  3. Мавзӯи асосй дар эҷодиёти шоир

Хулоса

Ҳабиб Юсуфй ҳамчун шоири ватандӯст ва ҷанговар дар адабиёти мо мақому мартабаи хосса дорад. Ҳабиб Юсуфй соли 1916 дар яке аз мавзеъҳои хушманзараи шаҳри бостонии Самарканд ба дунё омадааст. Гузаштагони шоир аз шахсони бомаърифат будаанд. У дар мактабҳои усули нав таҳсил кардааст. Мактаби усули нав ба ӯ ҳаматарафа дошили васеъ дода, дар ӯ хислату характери меҳрубонй, ҳалимй, меҳнатдӯстй, китобдӯстй ва ватандӯстиро парваридааст. Ҳабиб Юсуфй ба дунёи шеъру шоирй аз ҷавонй ворид шуда бошад ҳам, вале шеърҳои худро расман дертар эълон намудааст. Мавзӯи ашъори шоир мухталиф мебошад. Мавзӯъҳои Ватан ва ватандӯстй аз мавзӯъҳои асосй ва марказии эҷодиёти шоир ба шумор мераванд. Мафҳуми Ватан сарчашмаи илҳоми шоир буда, ба ин маънй аз диду назари ба худ хос назар меафканад. У ҳиссиёти хешро нисбат ба Ватан дар шеъре чунин ифода менамояд:

Қалам ба даст бигирам,ки шеър бинвисам,

Забони ман зи ҳама пештар «Ватан» гуяд.

Калимаи «Ватан» дар ашъори шоир мазмуну мафҳуми васеъ ба худ касб кардааст. Шоир тамоми сарзамини собиқ Шӯравиро барои худ Ватан меҳисобад ва ба ин тариқ, мафҳуми умумииттифоқй доштани калимаи Ватанро чунин шарҳ медиҳад:

Ватан, чу нагмасарояст дил зи меҳри ту,

Туро хазинаи илҳоми хештан гӯяд.

Дар огуши ту ҳазорон диёру игаҳр буеад,

Ба ҳар куҷо-т равам, дил диёри ман гуяд.

Ватан барои шоир хонаи умеду орзуҳо ва бахшандаи бахту саодати халқҳо будааст:

Эй бахт, ацаб маро Ватан додай ту,

Гулҳои у медом аз чаман додай ту.

Ба ҳамин васила, шоир дар замири хонанда ва шуури онҳо меҳру муҳаббат ба Ватан, ифтихори ватандӯстй ва қаҳрамониро парвариш мекунад. Дар охир тамоми мардуми ватандӯстро барои мудофиаи Ватан даъват менамояд:

Гуяд ватанат, ки посбон илае, ту шавй,

Бар сарҳади Шарқи Дурамон рае, ту равй.

Хонад, ки биё, бар осмон пар, ту пари,

Фармон бидиҳад, ки барқсон дав, ту дави.

Ҳамин тариқ, муборизаи беамонро бар зидди душмани хунхор тарғибу ташвиқ менамояд. Шоир ҳамчун адиби ҷанговар шоирону нависандагонро барои таблиғу ташвиқи идеяҳои бузурги ватакдӯстӣ даъват менамояд, то ин ки онҳо ба ашъори оташбори худ халқу миллати моро дар торумор намудани фашизм рӯҳбаланд намоянд:

Ватан гирифта саросар намуди ҷанговар,

Биёр, шоири тоҷик, суруди ҷанговар.

У худ дар ин ҷода ибтикори хубе нишон додааст. Дар шеъри «Май Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дусттар» ӯ меҳру муҳаббати беандозаи ба Ватан доштаи халқи моро возеҳу равшан нишон медиҳад. Ҳатто, ӯ ба қалами худ муроҷиат намуда, ӯро ба омода будан даъват мекунад:

Вақти он аст, эй қалам, буррандатар гардй зи тег,

Вақти он аст, эй сухан, гуррандатар гардй зи барқ!

То ба душман ҳамла орам, реишаш бури зи бех,

То расӣ, манҳус анчарро кунй бешоху барг.

Дар ашъори шоир, баъзан, Ватан ҳамчун як симои паҳлавоне тасвир ёфтааст, ки ҳангоми муҳориба бо рақиб аз дӯстону мухлисон дастгирӣ ва дӯстдории бештареро хоҳон аст:

Як ҷаҳон ишқи Ватан дорад дили халқи азим,

То Ватанро дуст дорад, дуст дорад то абад, …

Чун Ватан мардона дар цанг омадаст, имруз ман

Ин Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дусттар.

Хулоса, шоир дар таърихи адабиёт бо ватандӯстии худ як сабақи ҳаётие боқй гузоштааст. У то ҳадде дӯстдори обу хоки Ватан будааст, ки ихтиёран ба ҷанг меравад. Дар ҷанг низ кору

фаъолияти хуб нишон медиҳад ва сазовори бовариву эътиқоди ҳамяроқон мегардад. Қайд кардан зарур аст, ки Ҳабиб Юсуфӣ ҳамчун шоири ҷанговару ватандӯст дар муддати умри кӯтоҳи худ тавонистааст ҳам бо қалам ва хам бо шамшер вазифаи фарзандии худро дар назди халқу Ватан содиқона иҷро намояд.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

1 Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Модар – ганҷинаи ҳаёт ва ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Зан, Модар – ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Аз ҳифзи Ватан ифтихор дорем мо… / Иншо
  • Солҳои мактабии ман. / Иншо
  • Китоб мӯниси ҷону дил аст. / Иншо
  • Шоири дӯстдоштаи ман / Реферат
Leave A Comment Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • Facebook
  • Instagram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2022 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
ҚАБУЛ КАРДАН
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат