• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Ҳаёт ва фаъолияти Асадии Тӯсй / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат

Ҳаёт ва фаъолияти Асадии Тӯсй / Иншо

81 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
21.05.2021

Мавзӯъ: Ҳаёт ва фаъолияти Асадии Тӯсй

Нақша:

Муқаддима

  1. Ҳаёти мухтасари шоир
  2. Мероси илмиву адабии Асадии Туей

Хулоса

Асадии Тӯсй дар таърихи адабиёти форсу тоҷик аввалин шоири сарояндаи мунозираҳои тоҷикй ба шумор меравад. Абӯмансур Алй ибни Аҳмад Асадии Тӯсй ҳамчун луғатшинос ва хаттоти машҳури замони худ шинохтаву эътироф гардидааст. Шоир соли 1005 дар Туе ба дунё омадааст. Тавре аз сарчашмаҳо бармеояд, шоир таҳсилоти ибтидоиро дар зодгоҳи хеш гирифта, илмҳои расмии замонаашро аз қабили адабиёти арабй, таърих, фалсафа ва ҳикматро омӯхта, илми хаттотиро низ хеле хуб аз бар намудааст. Аз овони ҷавонй ба шеъру шоирй майлу рағбати зиёд дошта, ба ҷамъ овардани луғат майл доштааст. Натиҷаи ҳамаи ин заҳматҳо ҳамин буд, ки ӯ «Луғати фурс»-ро таълиф намуд. Шоир ба Хуросон ва Озорбойҷон сафар намудааст. Баъди сафарҳои дурудароз ба ватани худ баргашта, соли1073 дар зогоҳи худ- Тӯс вафот мекунад.

Таъкид намудан лозим аст, ки фаъолияти илмиву адабии шоир хеле барвақт оғоз шудааст. Мероси адабии ӯ бою рангин буда, аз асарҳои зерин иборат аст: «Луғати фуре», «Гаршоспнома» ва панҷ мунозира. Ин панҷ мунозира дар шакли қасида ва тарзи баёни баҳси ду тарафи мутақоб^ил эҷод шудааст. Мунозираҳо чунин ном доранд: «Мунозира^ габр ва мусулмон», «Мунозираи араб ва аҷам», «Мунозираи замин ва осмон», «Мунозираи шаб ва рӯз», «Мунозираи камон ва найза».

«Луғати фуре» лугати тафсирии забони тоҷикии форсист, ки то ба замони мо омада расидааст. «Луғати фуре», асосан, дар пояи маводи ашъори шоирони Хуросону Мовароуннаҳр ҷамъоварй ва тартиб дода шудааст. Дар ин луғати бузург роҷеъ ба сад шоири асри IX-XI маълумот дода мешавад, ки ин барои таърихи адабиёт бисёр бузург аст. Дар лугати мазкур аз ашъори устод Рудакй, Шаҳидии Балхй, Мунҷик, Дақиҳй, Унсурй, Фаррухй, Фирдавсй ва дигарон мисолҳо оварда шудааст. «Лугати фуре» арзиши баланди илмй дорад. Лугат дорой бештар аз 2000 калима мебошад. Дар лугат чун лугатҳои дигар калимаву ибораҳои душворфаҳм, камистеъмол, номи ситораҳо, вожаҳои маҳаллию лаҳҷавй ва як миқдор калимаву ибораҳои ҳинди, юнонй, арабй ва туркй шарҳ дода шудаанд.

Маснавии «Гаршоспнома» аз афсонаҳои қадимаи Эрони бостон буда, хеле маъруфу машҳур аст. Қиссаи «Гаршоспнома»- ро бори аввал дар таърихи адабиёти классикии форсу тоҷик яке аз адибони асри X Абулмуайяди Балхй ба риштаи таҳрир кашидааст. Қиссаи «Гаршоспнома» қисман ба забони паҳлавй ва дар «Таърихи Систон» ба забони форсии дарй оварда шудааст. Дар он ҷо Гаршосп аз паҳлавонони Систон буда, ҳамчун бобокалони Рустами Достон тасвир ёфтааст. «Гаршоспнома»-и Асадии Тӯсй дар шакли маснавй бо вазни «Шоҳнома»-и Фирдавсй суруда шудааст. Достон дорой нӯҳ ҳазор байт аст. «Гаршоспнома» қаҳрамонҳои зиёде дорад: Гаршосп, Заҳҳок, Ҷамшед, Гуранг, Фаридун, Наримон ва гайра.

Гаршосп ҳамчун марди ободихоҳ тасвир ёфтааст. Падараш бошад, меҳрубону шахси ботадбир ба қалам дода шудааст.

Асадии Тӯсй дар достон ба масъалаҳои одобу ахлоқ дахл намуда, ақидаҳои пандуахлоқиро бо сифатҳои хуби инсонй таргибу ташвиқ менамояд. Бартарии некиро бар бадй дар бисёр лаҳзаҳо тасвир менамояд. Забону услуби нигориши «Гаршоспнома»-ро махсус қайд кардан мумкин аст. Забони «Гаршоспнома»-ро намунаи барҷасгаи забони шеъри тоҷикии асри XI номидан мумкин аст. Дар «Гаршоспнома» панду андарзҳои ҳакимона хеле фаровон аст ва он барои тарбияи наели навраси ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо аҳамияти бузург дорад.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Модар – ганҷинаи ҳаёт ва ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Зан, Модар – ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Аз ҳифзи Ватан ифтихор дорем мо… / Иншо
  • Солҳои мактабии ман. / Иншо
  • Китоб мӯниси ҷону дил аст. / Иншо
  • Шоири дӯстдоштаи ман / Реферат
Leave A Comment Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • Facebook
  • Instagram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2022 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
ҚАБУЛ КАРДАН
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат