Мавзӯъ: Ҳаёт ва фаъолияти адабии Сайидои Насафӣ
Нақша:
- Мухтасари тарҷумаи ҳоли Сайидо
- Мероси адабии шоир
- Хулоса
Сайидо зодаи шаҳри Насаф (шаҳри Қаршии ҳозира) буда, номи аслиаш Миробид будааст. Миробид Сайидои Насафй яке аз бузургтарин шоирони нимаи дуюми асри XVII-и тоҷик ба шумор меравад. Сайидо таҳсили ибтидоиро дар шаҳри Насаф гирифтааст. Баъд аз ин, Сайидо барои давом додани таҳсил ба марказҳои илмиву адабии онвақтаи Осиёи Миёна ба шаҳри Бухоро омада, дар мадрасаи лаби ҳавзи Нодир Девонбегй таҳсили худро давом додааст. Аҳволи Сайидои Насафй дар шаҳри Бухоро он қадар хуб набудааст. Шоир, ба қавле, дар яке аз ҳуҷраҳои тангу тори қафасмонанди ин Мадраса умр ба cap мебурдааст:
Сайидо, баски ҷаҳон дар назарам танг шудаст,
Ҷой дар кунҷи қафас кардам аз беватанй.
Баъд аз хатми Мадраса ба зодгоҳи худ шаҳри Насаф баргашта, то охири ҳаёташ дар Бухоро истиқомат намудааст. Дар ҳақиқат зиндагии мардум ва вазъияти аҳли касбу ҳунар дар Насаф ниҳоят сахту тоқатфарсо гардида буд. Аз ин рӯ, аксари шоирон ба Бухоро сафар мекарданд. Дар Бухоро дар баробари илму адабиёт, дигар санъатҳои гуногуни ҳунармандй тараққй карда буданд. Ҳамин тариқ, Сайидо Бухороро барои зиндагии минбаъдаи худ мувофиқтар дониста, он ҷойро барои истиқомати доимй интихоб менамояд.
Шоир чун гузаштагони худ, ки аз ахди бофандагони шаҳр буданд, ба касби бофандагй рӯзгори худ ва аҳли байташро мегузаронд. Бинобар ин, баъд аз тамом кардани таҳсили илм, дар баробари шеъру шоирй бо касби бофандагй низ машғул шуда, бо ёриву дастгирии дӯстони косибаш аҳволи худро аз ҷиҳати моддй беҳтар менамояд. У дар бораи зиндагии миёнаҳолона доштани худ чунин гуфтааст:
Айгиу гам бо Сайидо ҳаргиз нагардад бешу ком,
Шукр мо аз ҳад фузун дорем чун ҳоли васат.
Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ӯ шоириро пешаи асосии худ кдрор додаст:
Ҷуз фикри шеър пешаи мо нест,
Сайидо, Моро ба даҳр мансаби дигар надодаанд.
Мақом ва мартабаи шоир рӯз ба руз дар кишварҳои дигар низ боло меравад, вале ӯ бо таассуф қайд менамояд, ки дар кишвари худ қадру қимат надорад:
Ба мулки Исфаҳону Ҳинд мехонанд ашъорам,
Зи Туркистонаму ҳаргиз надорам эътибор ин ҷо.
Тавре аз ҳаёти шоир бармеояд, муддате ӯ бо аҳли давлат сару кор гирифтааст, вале ҳама умедвориҳои шоир аз ахди давлат барбод мераванд:
Рехтанд, эй Сайидо, бар дегам охир оби сард,
Муддате бо аҳли давлат карда будам ҷӯшҳо.
Сайидо мехоҳад, ки ба Ҳиндустон ҳиҷрат кунад. Аммо, дар ин ҳангом шоир ба синни пиронсолагй расида, аз қувват рафта буд:
Мондаам дар хонаи сайёд аз беқувватӣ,
Мешикастам сад қафасро гар паре медоштам.
Сайидо кӯшиш менамояд, ки аз мансабдорону давлатдорон дӯрй ҷӯяд ва гушанишиниро ихтиёр кунад. Ин гӯшанишиниҳо ба шоир гайр аз зарари моддй ва рӯҳафтодагй чизи дигаре набахшиданд. Аз ин хотир, ӯ гӯшанишиниро тарк намуда, боз касби бофандагии хешро интихоб менамояд:
Баҳри рӯзӣ мекунам бофандагй чун анкабут,
Хона ҳамчун дорбоз аз ресмон бошад маро.
Аз шоир ба мо як куллиёт, мухаммасҳо, шеърҳои ба ҳунармандон бахшидашуда, маснавии тамсилии «Баҳоррёт», «Шаҳрошӯб» боқй мондаанд. Тавре гуфтем, дар эҷодиёти Срйидо ҷойи асосиро газал ишгол менамояд. Сайидо фикру андещаҳои пешқадамонаи худро бо як тарзи ба худ хос ифода намудааст. Яке аз сабабҳои шӯҳрати баланд пайдо кардани Сайидо, пеш аз ҳама, ин дар содабаёнй ва забони равон доштани асрҳои ӯ мебошад.