Ахлоқ ин системаест, ки сохтор ва мустақилияти хосеро соҳиб аст. Элементи асоситарини ахлоқ шуури ахлоқӣ, муносибатҳои маънавӣ, фаъолияти маънавӣ ва арзишҳои ахлоқӣ ба ҳисоб мераванд. Шуури ахлоқӣ – ин маҷмӯи ҳиссиётҳои муайян, воля, нормаҳо, принсипҳо, ғояҳоест ки тавассути он субъект олами хайру шарро инъикос менамояд. Дар шуури ахлоқӣ асосан ду сатҳ ба назар гирифта мешавад: психологӣ ва идеологӣ. Дар баробарин ин бояд қайд кард, ки якчанд намудҳои шуури ахлоқӣ вуҷуд доранд, чунончи инфиродӣ, гурӯҳӣ, ҷамъиятӣ ва ғайра.
Сатҳи психологӣ дар худ бешуурӣ, ҳиссиёт ва иродаро ҷой медиҳад. Дар бешуурӣ боқимондаҳои инстинкт, қонунҳои табии маърифатӣ, комплексҳои психологӣ ва дигар феноменҳо дида мешавад. Бешуурнокӣ дар
психоанализ, ки асосгузори он психологи машҳури асри XX Зигмунд Фрейд мебошад, бештар омӯхта шудааст.
Психоанализ дар психикаи инсон се дараҷаро дида мебарояд:
1. «Ман» («Эго»)
2. «Вай» («Ид»)
3. «Ман беҳтарин» («Супер Эго»)
Ду дараҷаи поёнӣ элементҳои асосии бешуурӣ ба ҳисоб меравад. Ҳиссиётҳои маънавӣ дар ахлоқ нақши
муҳимро мебозанд. Ба ҳиссиётҳои маънавӣ ҳисси дӯстдорӣ, ғамхорӣ, саховатмандӣ, шарм, бадбинӣ, бадӣ
ва ғайраҳо дохил мешаванд. Владимир Соловёв ба асосҳои субъективии ахлоқ се намуди ҳиссиёт (ки онҳо
ба инсон наслӣ ба ҳисоб меравад) – шарм, дилсӯзӣ (ғамхорӣ) ва саховатмандиро дохил
кардааст.
Шарм муносибати инсонро ба оне, ки аз арзишҳои ӯ пасттар аст, ба танзим медарорад, дилсӯзӣ бошад ба оне, ки ба арзишҳои ӯ баробар ва саховатмандӣ бошад, ба оне, ки аз арзишҳои ӯ болотар аст ба танзим медарорад. Шарм ин ҳисси ахлоқиест, к ибо ёрии он инсон фаъолият, мотив ва сифатҳои ахлоқии худро таҳлил мекунад. (ва ё баҳо медиҳад, дида мебарояд). Асоси шарм ин ғам хӯрдан аз гуноҳи худ мебошад. Виҷдон механизми ахлоқӣ-психологии худидоракунӣ мебошад. Этика қайд мекунад, ки виҷдон тавассути шуур ва ғамхории шахсӣ оиди саҳеҳӣ, бартарӣ, ҳақиқатҷӯӣ, росткорӣ ва дигар арзишҳои некӣ ва ҳамаи он корҳое, ки инсон кардааст ва ё карданӣ мехоҳад, инъикос мешавад. Инсон ҳамеша дар рӯху ҷон ҳамроҳи виҷдонаш зинадгӣ мекунад.