Аҳамияти машқҳои ҷисмонӣ барои ташаккули дурусти скелет ва мушакҳо
Инкишофи системаи такягоҳ ва ҳаракати одам. Скелети мушакҳо дар бачагӣ ва наврасӣ инкишоф меёбад. Мушакҳо дар синни 14-17-солагӣ босуръат инкишоф ёфта, дар синни 18-солагӣ баробари мушакҳои калонсолон мешаванд. Ба ҳадди инкишоф ва ташаккул ёфтани кӯдак ҳаракатҳояш ҳам торафт мукаммал ва гуногун мешаванд. Дар инкишофи тавоноӣ, чобукию чолокӣ ва тобоварии одам машқҳои ҷисмонӣ нақши ҳалкунанда мебозанд.
Машгулияти тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва меҳнат боиси ташаккулёбии скелет мегардад. Дар он ҷойе, ки пайи мушакҳо мечаспанд ноҳамворӣ, барҷастагӣ, қирраҳои устухонӣ пайдо мешаванд. Устухон дар он самтҳое тезтар месабзад, ки бисёртар кашиш ё фишор меёбад. Ҳамин тариқ, мушакҳои бадан чӣ қадаре ки нағз инкишоф ёбанд, скелет ҳамон қадар мустаҳкам мешавад.
Дар вақти тағйир ёфтани вазни бадан, масалан ҳангоми аз меъёр зиёд фарбеҳ шудан, вазни бадан зиёд шуда, ба
буғумҳо бештар фишор меорад.
Расмм 36. Каҷшавии сутунмӯҳра
Дар натиҷа ба бемории буғумдард гирифтор шудан мумкин аст.
Аҳамияти варзиш барои мушакҳо. Муайян шудааст, ки ҳар як узви бадан нисбат ба ҳолати оромӣ дар вақти кор кардан бисёртар хун қабул мекунад. Чӣ қадаре ки мушак бисёр кор кунад, ҳамон қадар бисёртар моддаҳои ғизоӣ ва оксиген ба он дохил мешаванд. Дар ҳолати ба варзиши бадан машғул шудан нахҳои мушак инкишоф ёфта, одам пурқувват мешавад. Дар вақти кор кардани мушак фаъолияти бисёрии узвҳо, системаи дилу рагҳо, узвҳои нафаскашӣ тағйир меёбанд. Бофтаҳо бисёртар оксигенро қабул мекунанд, реаксияи биохимиявӣ дар ҳуҷайраҳо авҷ мегирад, мубодилаи моддаҳо дар бофтаҳо фаъолтар мегузарад. Варзиши бадан ба тамоми организм таъсири мусбат расонида, саломатии одам мустаҳкам мешавад, одам обутоб меёбад ва ба ҳар гуна таъсироти номӯътадили беруна мутобиқ мешавад.
Бо меҳнату варзишу машқу бозиҳои варзишӣ пайваста машгул шуда, минбаъд онҳоро мунтазам зиёд кардан лозим аст. Бе тайёрии муносиби ҷисмонӣ бозии дуру дароз, масалан футбол, хоккей, баскетбол, давидан ба масофаи дур метавонад ба организми беқувват таъсири манфӣ расонад. Якчанд олимони машҳур, ба монанди академик И.П.ӣПавлов, нависандаи маъруф Л.Н.Толстой умри дароз дидаанд, барои он ки баъд аз кори фикрй бисёртар ба кори ҷисмонӣ машгул мешуданд.
Пешгирӣ кардани каҷшавии сутунмӯҳра ва паҳнкафии (росткафии) пой. Организми одам тавассути бисёр мушакҳо, аз ҷумла мушакҳои тахтапушт дар ҳолати муайян нигоҳ дошта мешавад. Масалан, мушакҳои росткунанда одамро «ростқомат» мекунанд. Барои дар ҳолати рост нигоҳ доштани бадан мушакҳои росткунанда бояд на танҳо дар муқобили мушакҳои қаткунанда, балки инчунин ба муқобили мушакҳои кашишхӯранда, ки якҷоя бо онҳо амал мекунанд, истодагарӣ намоянд.
Қомати рост, бозуи пурқувват, синаи фаррох, сари баланд — ҳамаи инҳо аломатҳои андоми хуб, яъне зебоӣ, саломатӣ ва коршояманд. Шонаи ноҳамвору хамида, синаи фурӯрафта кори узвҳои дарунӣ, дар навбати аввал кори узвҳои нафаскашӣ, дил ва рагҳои магзи сарро душвор месозад.
Қомати зебо модарзодӣ набуда, баъд пайдо мешавад. Вай дар хурдсолӣ ва наврасӣ ташаккул ёфта, баъд аз 18-солагӣ бартараф кардани нуқсонҳояш душвор мешавад. Дар синну соли мактабӣ вақте, ки бофтаҳои тагоякӣ ҳанӯз пурра ба устухон табдил наёфтаанд, ҳангоми сари миз ва парта нишастан аз қаду қомат бохабар шудан хеле муҳим аст. Сутунмӯҳраи талабае, ки рӯз ба рӯз қоматашро нодуруст нигоҳ дошта мешинад ё кор мекунад, мумкин аст, ки каҷ шавад (расми 36). Каҷшавии сутунмӯҳра фаъолияти узвҳои дохилиро душвор месозад.
Агар наврасон пойафзоли ҳаҷмаш хурд ва пошнабаланд пӯшанд, ин ба нодуруст инкишоф ёфтани кафи пой ва ниҳоят паҳн шудани он, ба паҳнкафӣ оварда мерасонад (расми 37).
Расми 37. Вазифаи такяи пойқо дар вақти кафи пойи муқаррарӣ ва ҳамвор
Кафи пойи калонсолон ҳам, ки аз рӯи касбу корашон дуру дароз рост меистанд ё ҳамеша роҳ мегарданд, ҳамвор мешавад. Ба пошнапаҳнӣ фарбеҳӣ мусоидат мекунад. Кафи пойи одамон вақти роҳгардӣ ва истодан дард мекунад. Дар натиҷаи машқҳои махсуси ҷисмонӣ пошнапаҳниро бартараф кардан мумкин аст.
Саволҳо:
- Чаро мунтазам ба варзиши бадан машғул шудан ба инкишофи мушаку скелети одам оварда мерасонад?
- Барои чӣ сутунмӯҳра каҷ мешавад?
- Барои каҷ нашудани сутунмӯҳра чӣ бояд кард?
- Сабаби асосии пошнапаҳнӣ чист?
- Пошнапаҳниро чӣ тавр пешгирӣ кардан мумкин аст?
- Меҳнати ҷисмонӣ, машғулияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба организм чӣ хел таъсир мерасонад?