Афсонаи пеш аз хоб / Азизи Азиз
“Афсонаи пеш аз хоб” хонандаи хурдсоли худро бо суолу ҷавобҳои Доро бо узвҳои бадани худ ба масири наве мебарад, ки дар он инсон метавонад дар ҳамоҳангӣ бо худ дар зиндагӣ муваффақ ва комёб гардад. Барои даст ёфтан ба чунин натиҷа танҳо зарур аст, ки мо аз хислатҳои манфии худ, ба мисли ғурур ва ҳавобаландӣ, худпарастӣ ва худхоҳӣ, раҳо ёбем ва бо гўш додани ҳарфи бузургону эҳтиром кардани калонсолон ва омўзгорон одат кунем.