Ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсӣ
Инқилоби нахустини Русия (1905 –1907) дар раванди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва адабиву фарҳангии сокинони Осиёи Миёна таъсири басо амиқ гузошт. Бар асари ҳодисаи мазкур дар ин сарзамин табақаи синфи коргар арзи вуҷуд кард, ки дар тарбияи маънавии онон нақши коргарони саноатии Русия бузург буд.
Дар айни замон воридоти рӯзафзуни саноати Русия ба саноа- ти косибии маҳаллӣ зарба мезад. Дар Бухорои Шарқӣ – Душанбе, Ҳисор, Кӯлоб, Қаратоғ, Балҷувон истеҳсоли газворҳо, маснуоти кулолию чармгарӣ, асбоби зироаткорӣ, корду шамшер ва ғайра идома дошт, вале он ба саноати Русия рақобат карда наметаво- нист. Кишоварзон, махсусан сокинони кӯҳистони тоҷикро фишори иқтисодии дутарафа (яке ба воситаи хонҳои вилоятӣ ва дигаре аз ҷониби сармоядорони хориҷӣ) тамоман хору заиф гардонда буд.
Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914 – 1918) ва сиёсати мустамликадо- рии Русия боиси сар задани шӯриши оммаи мардум дар Хуҷанд (1916) гардид. Аҳволи вазнини кишоварзону мардикорон ва ваҳшиёна пахш кардани шӯриши Хуҷанд кинаву адовати сокино- ни Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷиконро, ба ҳукумати подшоҳии рус ва ҳукуматдорони маҳаллӣ боз ҳам афзуд. Баъди инқилоби аввали рус дар Осиёи Миёна ҳаракатҳои зиёди зиддиҳукуматӣ пайдо шуданд, ки онҳо бо барномаҳои си- ёсии худ амал мекарданд. Дар аморати Бухоро ягона ҷараёне, ки сиёсати мустабидонаи аморатро зери танқид мегирифт, ҳаракати ҷадидия ё ҷамъияти ҷавонон буд. Ҷараёни ҷадидияи Бухоро бо сарварии Абдулвоҳиди Мунзим (1875 – 1934) аз ибтидои асри ХХ фаъолият дошта, ба бедории шуури сиёсӣ ва афкори маърифат- парварии аҳолӣ саҳми муносиб гузошт. Ин ҳаракат, ки дар навба- ти худ боиси таъсис ёфтани ширкати «Бухорои шариф» (1909) ва ҷамъияти махфии сиёсию фарҳангии «Тарбияи атфол» (1910) гар- дида буд, бори аввал моҳи апрели соли 1917 ва бори дувум моҳи марти соли 1918 аз тарафи ҳукумати амирӣ бераҳмона пахш шуд. Бинобар ин, табақаҳои меҳнатии аҳолӣ ва зиёиён ба инқилоби Феврал ва инқилоби Октябри Русия бо умед менигаристанд ва дар барқарор намудани Ҳукумати Шӯравӣ дар маҳалҳои худ мусоидат намуданд.
Ҳаёти фарҳангӣ
Дар нимаи дувуми асри Х1Х аз тарафи Ҳаёти Русияи подшоҳӣ тасарруф намудани Осиёи фарҳангӣ Миёна боиси дар ин сарзаминҳо васеъ гарди- дани муносибатҳои фарҳангиву адабӣ гардид. Бо тақозои замон табақаи равшанфикрони ин минтақа ба фарҳангу адабиёти пешқадами Русия муроҷиат намуданд ва ада- биётеро эътироф карданд, ки ба қалами А. С. Пушкин, Л. Н. Тол- стой, И. А. Крилов, А. П. Чехов, Н. В. Гогол барин адибони тараққихоҳи рус тааллуқ доштанд. Мардуми Осиёи Миёна дар ибтидо ба фарҳангу адабиёти аврупоӣ низ ба воситаи заҳматҳои зиёиёни рус шиносоӣ пайдо карданд. Ба ҳаёти фарҳангию адабии халқи тоҷик инқилоби аввали Русия (1905–1907) ва инқилобҳои Туркия, Эрон ва дигар мамлакатҳои Шарқ (1905–1912) низ такони ҷиддӣ бахшиданд. Устод Айнӣ дар «Таърихи инқилоби Бухоро» (1921) ба ин муносибат навиштааст: «Аз соли 1905 то соли 1908 вазъият хеле тағйир ёфт. Дар байни ин солҳо матбуоти турку тотор, Истамбул, Миср ва Ҳиндустон дар Бухоро хеле хуб кор кард. Хусусан, китоби ба форсӣ таълифёфтаи «Саёҳатномаи Иброҳимбек» дар Бухоро паҳн шуд. Ин китоб доир ба аҳволи Эрон навишта шуда бошад ҳам, ҷойҳои танқидиаш ай- нан дар Бухоро буданд. Бинобар ин, мутолиаи ин китоб низ ба дигаргунии фикрии баъзе касон сабаб гардид».
Умуман, ибтидои асри ХХ – солҳои 1905 – 1917 дар таъри- хи халқи тоҷик чун давраи интибоҳӣ1 – давраи бедорфикрӣ ва озодихоҳиву истиқлолталабӣ сабт гардидааст. Дар ин айём ба Тошканд ва Бухорову Самарқанд аз Оренбург, Қрим, Қазон, Аштархон, Боку, Тифлис барин шаҳрҳои қаламрави Русия ва мамлакатҳои Эрон, Афғонистон ва ғайра рӯзномаву маҷаллаҳо, китобҳои дарсӣ, рисолаҳои илмӣ ва асарҳои бадеӣ ворид мегар- диданд.
Муносибатҳои адабӣ бештар ба воситаи тарҷума сурат меги- рифт. Дар ин айём, одатан, асарҳои дилчаспи адибони арабиза- бон, фаронсавӣ, италиявӣ ва ғайра аз ҷониби адибони истамбулӣ, ба монанди Аҳмади Мидҳат (таваллуд 1822), ба забони туркӣ тарҷума шуда, баъд ба тоҷикӣ баргардонида мешуданд. Ба ин даста асарҳои таърихнигори араб Ҷурҷӣ Зайдон (1861 – 1914), Жюл Верн (1828–1905), Александр Дюма (1824 – 1895), Виктор
1 Интибоҳ — бедорӣ, ҳушёрӣ, огоҳ шудан.
Гюго (1802–1885) ва амсоли онҳоро дохил кардан мумкин аст, ки дар Осиёи Миёна паҳн мешуданд. Дар ҳамин давра «Саёҳат дар се қитъаи рӯйи замин дар 29 рӯз» ном китоби нависанда ва публит- систи Афғонистон Маҳмуди Тарзӣ таълиф ва дастраси хонандаи тоҷик гардид.
Дар радифи асарҳои мазкур «Тарҷумон» (Қрим), «Мулло Насриддин» (Тифлис), «Ҳаблулматин» (Калкатта), «Сироҷ-ул- мустақим» (Туркия), «Шӯро» ва «Вақт» (Оренбург), «Хуршед» (Қазон) барин рӯзномаву маҷаллаҳо дар бедории фикрӣ ва анде- шаи сиёсии ислоҳталабӣ дар миёни зиёиёни тоҷик мусоидат наму- данд. Дар зери таъсири матбуоти даврии аз хориҷи кишвар ома- да дар Бухоро ва Самарканд рӯзнома ва маҷаллаҳои «Бухорои шариф» (1912), «Тӯрон» (1912), «Самарқанд» (1913) ва «Ойина» (1913) таъсис ёфтанд, ки ба сабаби тарғиби ғояҳои инқилобӣ баъ- ди чанд муддат аз тарафи ҳукуматдорон баста шуданд.
Инчунин, Садриддин Айнӣ, Абдулвоҳиди Мунзим, Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ, Ҳомидхоҷаи Меҳрӣ, Аҳмадҷони Ҳамдӣ, Абдулқодири Шакурӣ, Абдуррауфи Фитрат барин зиёиёни тоҷик барои таъсис намудани мактабҳои нав (ё мактабҳои ҷадидӣ) ва таълифи китобҳои дарсӣ баҳри ин мактабҳо саъю талошҳои ҷиддӣ намуданд. Маълум аст, ки дар қаламрави аморати Бухоро шумораи зиёди мактабу мадрасаҳо мавҷуд буд. Мувофиқи маъ- лумоти баъзе сарчашмаҳо дар ибтидои асри ХХ танҳо дар шаҳри Бухоро зиёда аз 200 мадраса фаъолият дошт, ки шумораи умумии хонандагони онҳо аз даҳ ҳазор зиёдтар буд. Вале дар ин макта- бу мадрасаҳо асрҳо боз барномаҳои таълимӣ якранг давом кар- да, боиси қафомонии илму фарҳанг мегардид. Бинобар ин, зиё- иёни тараққихоҳи тоҷик дар фикри барпо намудани мактабҳои сохти нав шуданд. Аввалин мактаби нави тоҷикӣ соли 1903 дар Самарқанд аз тарафи Абдулқодири Шакурӣ таъсис ёфт. Дар Бухоро аввалин мактаби ҷадидро соли 1908 Абдулвоҳиди Мун- зим созмон дод. Дере нагузашта мактабҳои мазкур аз тарафи ҳукумати амирӣ баста шуданд. Бо вуҷуди ин, ҷамъияти ҷавонон аз соли 1913 сар карда дар шаҳр ва дар баъзе туманҳои Бухоро ба кушодани мактабҳои нав муваффақ гардиданд. Абдулвоҳиди Мунзим бо ҳаммаслаконаш барои табъу наш- ри китобҳои дарсӣ, васоити таълимии мактабҳои нав, инчунин адабиёти гуногуни илмию бадеӣ, ширкати «Бухорои шариф» ва ҷамъияти «Тарбияи атфол»-ро таъсис дод. Бо дастгирию мадади 12 ширкат ва ҷамъияти мазкур то инқилоби Бухоро (1920) китобҳои зиёди дарсӣ, аз ҷумла, «Тартил-ул-қуръон»-и С.Айнӣ чоп шу- данд. Инчунин, барои мактабҳои нав китобҳои дарсии бисёре, чун «Раҳбари хат»-и Мунзим ва Айнӣ, «Таҳзиб-ус-сибён», «Зару- риёти диния»-и Садриддин Айнӣ, «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт»-и Шакурӣ, «Меъёр-ул-ахлоқ»-и Абдурраҳмони Тошкандӣ, «Китоб-ул- атфол»-и Беҳбудӣ, «Мухтасари таърихи ислом»-и Фитрат ба табъ расиданд.
Дар ҳаёти илмию фарҳангӣ ва бедории тафаккури соки- нони аморати Бухоро дигар муассисаҳои сиёсию фарҳангии ҷараёни ҷадидия – ширкати «Баракат» (1914) ва китобхонаи «Маърифат» (1914) низ саҳми муносиб гузоштанд. Бо ёриву ма- дади ин муассисаҳо як идда ҷавонони болаёқат барои таҳсил ба донишгоҳҳои Истамбул, Оренбург, Қазон, Маскав барин шаҳрҳои Туркия ва Русия фиристода шуданд.
Умуман, аъзои ҳаракати ҷадидия бо ҷиддияти тамом дар паҳн намудани фикрҳои маорифпарваронаву озодихоҳона дар байни мардум кӯшиш карданд: дар шаҳри Бухоро ва туманҳои Воб- канд, Ғиждувон, Чорҷӯй, Шаҳрисабз, Қаршӣ, Қароқул ва ғайра рӯзнома, маҷалла ва китобҳои дарсиро дастраси хонандагон на- муданд ва бо ҳамин дар пешрафти фарҳанги мардуми тоҷик дар ибтидои асри ХХ саҳми муносиб гузоштанд.