Мафҳуми адабиёти давраи нав ба адабиёти садаи ХХ ва мин- баъда тааллуқ дорад, ки он қисми таркибӣ ва ҷудонашавандаи таърихи адабиёти зиёда аз сеҳазорсолаи форсу тоҷик мебо- шад. Тағйироту дигаргунии адабиёти давраи нав дар заминаи анъанаҳои адабии адабиёти классикии форсу тоҷик ва таъсири адабиёти русу дигар халқҳо ба вуҷуд омадаанд. Аз ин рӯ, адабиё- ти давраи нав як марҳалаи тозаи таърихи адабиёти тоҷик ба шу- мор меравад.
Дар оғози садаи ХХ дар адабиёти тоҷик аз ҷиҳати навъҳои адабӣ, сабку услуб ва забон дигаргунии ҷиддӣ ба амал омад. Сад- риддин Айнӣ дар китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» гуфта буд: «Ҳарчанд Аҳмадмахдуми Дониш (1242 – 1314 ҳиҷрӣ) дар боби адабиёти мансура хеле роҳи нав ва услуби тозаро ба илҳоми даҳо ва истеъдоди фитрии худ эҷод карда, лекин ин равиш то соли 1905-и мелодӣ, яъне то инқилоби нахустини Русия шоеъ на- шуда буд. Вақте ки инқилоби мазкур ба вуқӯъ омада, омадшуди рӯзномаҷот ва китобҳои тоза дар Бухоро ва Туркистон умумият гирифт, соҳибқаламони тозанавис ҳам ҷо-ҷо сар бароварданд. Бинобар ин, мо сари таърихи адабиёти нави тоҷикро соли 1905 қарор додаем».
Дар ҳақиқат, дар асри XIX, махсусан нимаи дувуми он, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварҳои Машриқзамин, аз ҷумла Эрону Афғонистон, Ҳиндустон, Туркия ва Осиёи Миёна дигаргуниҳои ҷиддӣ ба амал омад, ки ин тағйирот, пеш аз ҳама, ба таназзули сохти феодалӣ ва рӯй овардани кишварҳои номбур- да ба ҷомеаи сармоядорӣ мусоидат намуд. Ин падида дар солҳои 80-90-уми садаи XIX дар минтақаи Осиёи Миёна хеле қувват ги- рифта, таъсири худро ба адабиёту фарҳанг низ расонд.
Дигаргуниҳои иҷтимоию фикрӣ дар адабиёт ҷараёни мао- рифпарвариро ба вуҷуд оварданд. Дар адабиёти тоҷики Осиёи Миёна ҷараёни маорифпарварӣ – равшангароӣ дар эҷодиёти Аҳмади Дониш ва шогирдону пайравони ӯ – Возеҳи Бухороӣ, Абдулқодирхоҷаи Савдо, Шамсиддин Шоҳин, Ҳайрат ва дига- рон арзи вуҷуд кард. «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш, «Савонеҳ-ул-масолик фи фаросих-ул-мамолик»-и Возеҳ, «Бадоеъ- ус-саноеъ»-и Шоҳин ва ашъори гуногуннавъи Савдову Ҳайрат ҷомеаро ба роҳи нави муносибатҳои иҷтимоӣ ҳидоят менамуданд.
Дар бедории фикрӣ ва вусъати ҷаҳонбинии ҷомеаи тоҷикон, инчунин, асарҳои маорифпарварони Эрону Афғонистон, аз ҷумла «Саёҳатномаи Иброҳимбек»-и Зайнулобидини Мароғаӣ (1838 – 1910) ва «Саёҳат дар се қитъаи рӯйи замин дар 29 рӯз»-и Маҳмуди Тарзӣ (1867– 1935), ки маҳсули сафар ба мамлакатҳои тараққикардаи ҷаҳон мебошанд, саҳми муносиб гузоштанд. Бо ин ҳама тағйирот дар адабиёти маорифпарварӣ ҳанӯз аломату ҷанбаҳои адабиёти пешин устувор ва таъсири анъанаҳои адабӣ пойдор мебошад. Аз ин ҷиҳат, адабиёти маорифпарварӣ як навъ ҷамъбасти адабиёти гузашта ва заминаи тағйироти адабиёти дав- раи нав мебошад.
Ҳамин тариқ, давраи нави адабиёти тоҷик аз ибтидои асри ХХ оғоз гардида то замони мо давом меёбад. Дар муддати зиёда аз як қарн адабиёти тоҷик боз ба тағйироти марҳалавӣ дучор гардидааст ва ин дигаргуниҳо бештар ба ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ада- бии мардуми тоҷик иртибот доранд. Адабиёти давраи нави тоҷикро аз ин дидгоҳҳо марҳалабандӣ кардан зарур аст. Марҳалабандии адабиёти давраи нав имконият медиҳад, ки хонанда ба ҳаёти фарҳангӣ ва ҷараёни адабии давраи муайян амиқтар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар айни ҳол муносибати адабиёти бадеиро ба гардишҳои муҳимми сиёсиву иҷтимоии ҷомеа равшан дарк намояд. Ҳамчунин, марҳалабандии адабиёти давраи нав барои амиқтар аз худ кардани мавзӯъҳои обзорӣ ва монографӣ, сабабҳо ва роҳҳои таҳаввули ада- биёт, тағйироти мундариҷавию услубии осори адибон ва масъалаҳои робитаи адабӣ имконият фароҳам меоварад.
Мувофиқи қонунияти дохилӣ ва ҷараёни таҳаввули он, тағйироти сифатӣ дар шаклу мундариҷаи осори бадеӣ ба се марҳала табақабандӣ кардани адабиёти давраи нав ба мақсад мувофиқ аст:
1. Адабиёти ҷадидия1 – ибтидои асри ХХ то нимаи солҳои 20-уми асри ХХ.
2. Адабиёти шӯравӣ – нимаи дуюми солҳои 20-ум то поёни солҳои 80-уми асри ХХ.
3. Адабиёти давраи истиқлолият – ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ то имрӯз. Дар навбати худ адабиёти шӯравиро ба ду давра гурӯҳбандӣ кар- дан мумкин аст: а) аз нимаи дувуми солҳои 20-ум то нимаи солҳои 50-ум; б) аз нимаи дувуми солҳои 50-ум то поёни солҳои 80-ум.
1 Ҷадид — нав, тоза. Ин истилоҳ дар ибтидои асри ХХ хеле паҳн гардид: ҳаракати ҷадидия, мактаби ҷадидия, адабиёти ҷадидия ва ғайра.
Адабиёти ҷадидия ба ҳаракати зиёиёни Бухоро, ки ҷадид но- мида мешуд, иртиботи қавӣ дорад. Ин ҳолат боиси таҳаввули фарҳанг ва завқи эстетикии ҷомеа гардид, ки он қадами бузурге дар шинохти воқеъбинонаи адабиёти бадеӣ буд. Равшанфикро- ни ибтидои асри ХХ аморати Бухоро аксаран шоир ва аҳли адаб буданд ва онҳо дар ривоҷи таърихи адабиёти тоҷик нақши амиқ гузоштанд. Дар ин давра забони назму наср сода шуда, аксари шоирон аз душворписандиҳои бедилона даст кашиданд, акнун унсурҳои сабки бедилӣ, таъбироти ишқиву ирфонӣ барои ифодаи мазмуни иҷтимоӣ хидмат мекарданд. Дар ин давра мафҳумҳои Ватан ва миллат бештар маънои иҷтимоӣ мегирифт. Хусусияти миллии адабиёт афзуд ва адибон бештар сарнавишт ва имрӯзу фардои миллатро ба доираи тасвир мекашиданд. Ин кӯшишҳо ба ташаккули худшиносии миллӣ му- соидат намуд. Хулоса, номи ҷадидро гирифтани марҳалаи аввали адабиёти давраи нав воқеӣ ва табиӣ мебошад. Марҳалаи дувуми адабиёти давраи нав ба номи давлати болшевикӣ – Иттиҳоди Шӯравӣ вобаста аст. Инқилоби Октябр (1917), барҳам хӯрдани аморати Бухоро (1920) ва ба вуҷуд омада- ни Иттиҳоди Шӯравӣ (1922) ба ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии халқҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон, дигаргуниҳои зиёд во- рид намуд. Табиист, ки сиёсати ба вуҷуд овардани адабиёти шак- лан миллӣ ва мазмунан сотсиалистии давлати Шӯравӣ умуман ба адабиёт, аз ҷумла ба адабиёти тоҷик низ, таъсири ҷиддӣ расонд. Дар адабиёт ҷойи оҳангҳои маорифпарваронаи тарғибу ташвиқи адабиро таблиғи сиёсӣ ва ташвиқи инқилобӣ гирифт. Мавзӯъҳои адабиёт дучори таҳаввулот шуда, ба худ мазмун ва муҳтавои ди- гар гирифтанд. Услуби воқеъбинонаи тасвир қувват гирифта, ме- тоди ба ном реализми сотсиалистӣ ба миён омад. Дар наср ҳикояи нави реалистӣ ва жанрҳои роману повест паси ҳам арзи вуҷуд намуданд. Драманависӣ, ки нахустин қадамҳоро дар ин ҷода намояндагони адабиёти ҷадидия гузошта буданд, дар андак муддат баробари пайдо шудани театрҳои касбӣ хеле пеш рафт. Дар аҳди Шӯравӣ дар самти назм ҳам тағйироти муҳим рӯй дод. Шеър ҳам ба худ шаклу мазмуни тоза пайдо кард.
Адабиёти тоҷик ба адабиёти русу Ғарб робитаи мустаҳкам барқарор намуд. Марҳалаи адабиёти шӯравӣ қариб 70 сол давом кард ва таби- ист, ки дар ин муддат адабиёти бадеӣ бетағйир намонд. Махсусан, 6 анҷумани 20-уми ҳизби коммунист (1956) имконият дод, ки адаби- ёти шӯравӣ аз қолабҳои якранги тасвир як андоза канорагирӣ ку- над. Аз ин рӯ, дар солҳои шасту ҳафтод тарзи тасвир тағйир ёфт. Дар наср тасвирҳои андешапарварона ва таҳлилӣ мавқеъ пайдо кард. Ҳам дар назм ва ҳам дар наср мавзӯъҳои таърихӣ мавриди таҳлили адабӣ қарор гирифтанд. Акнун адибон дар бораи таърих ва сарнавишти шахсиятҳои барҷастаи сиёсию фарҳангӣ мулоҳиза ронда, хонандагонро ба худшиносию ифтихори миллӣ ҳидоят мекарданд. Дар адабиёт арзишҳои умумиинсонӣ ва масъалаҳои одобу ахлоқ мавқеъ пайдо карданд. Ин аст, ки аз нимаи солҳои 50-ум давраи дуюми адабиёти шӯравӣ оғоз гардид. Вале то барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ (1991) адибон аз мафкураи коммунистӣ ва доираи расмии Давлати Шӯравӣ берун баромада наметавонистанд. Баробари барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон соҳибистиқлол гардид. Истиқлолият дар муддати кӯтоҳ тамоми соҳаҳои ҳаёти халқи тоҷикро фаро гирифт. Аз ҷумла, дар ҳаёти адабӣ низ як қатор тағйирот ва таҳаввулот ба амал омаданд. Дар осори қаламкашони шинохта рӯҳи истиқлол ва эҳёи Тоҷикистон, ҳофизаи таърихии ҷомеа ва бунёдкориҳои азими кишвар басо равшан эҳсос мегарданд. Дар эҷодиёти адибон, бахусус адибони ҷавон, сабки тозаи адабӣ мушоҳида шуд.
Бо фаро расидани истиқлолияти Тоҷикистон робитаи фарҳангию адабӣ бо ҷумҳуриҳои исломии Эрон ва Афғонистон мустаҳкам гардид. Ҷараёни робитаҳои адабӣ боиси ҳар чӣ беш- тар ғанӣ гардидани адабиёти ин кишварҳо шуд. Бахусус, аз ҷиҳати тасвир наздик шудани шеъри тоҷик ба шеъри форсии Эро- ну Афғонистон равшан ба назар расид.
Боз як хусусияти муҳимми адабиёти давраи пасазшӯравӣ дар он зоҳир мегардад, ки тафаккури бадеии адибони тоҷик бештар хусусияти миллӣ ва худшиносӣ гирифт. Мавзӯъҳои ҷолиби зинда- гии мардуми соҳибистиқлол мавриди тасвири бадеӣ қарор гириф- танд. Бинобар ин, марҳалаи сеюм, адабиёти давраи истиқлолият ном гирифт. Дастовардҳои адабии бисту панҷ соли истиқлолият гувоҳ бар ин аст, ки адабиёти давраи истиқлолият адабиёти ко- милан миллӣ гардид ва он дар остонаи тағйироти куллии сифатӣ қарор дорад.