• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Абулқосим Фирдавсӣ ва «шоҳнома»-и ў / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Абулқосим Фирдавсӣ ва «шоҳнома»-и ў / Иншо

576 нафар дид 2

Муаллиф: Донишхона
03.02.2024

Абулқосим Фирдавсӣ ва  «шоҳнома»-и ў

Нақша:

Муқаддима

1. Ҳолу аҳволи шоир

2. Ғояи достони «Шоҳнома»

Хулоса

Абулқосим фарзанди Ҳасани Тўсӣ, ки дар таърихи адабиёт бо номи Фирдавсӣ маълуму машҳур гардидааст, аз бузургтарин шоирони форсу тоҷик маҳсуб мешавад. Абулқосим Фирдавсӣ соли 934 дар деҳаи Божи шаҳри Тўс дар оилаи заминдори калон ба дунё омадааст. Аз тинҷиву оромии даврони худ истифода намуда, ба омўхтани илмҳои замонааш машғул шудааст. Ў дар мактаб ва мадраса хуб таҳсили илм карда, забонҳои арабӣ ва паҳлавиро аз бар менамояд. Дар санъат ва ҳунарҳои тирандозӣ, шамшерзанӣ, асптозӣ ва шатранҷбозӣ устоди беҳамто буд. Фирдавсӣ дар кўдакӣ дар дил орзуи навиштани достонҳои қаҳрамониро мепарварид. Ў, ки соҳиби малакаву истеъдоди баланд буд, аз овони хурдсолӣ ба ҷаъмоварии қиссаву ривоятҳо ва асотири халқи худ машғул шуд. Ҳамин тариқ, Абулқосим Фирдавсӣ бо ташвиқу тарғиби дўстонаш ба навиштани асари бузурги худ «Шоҳнома» оғоз намуд.

Абулқосим Фирдавсӣ барои эҷод намудани «Шоҳнома»-и безаволи хеш зиёда аз сӣ соли умри пурбаракати худро сарф намудааст:

Басе ранҷ бурдам дар ин сол сӣ,

Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ.

«Шоҳнома»-и Фирдавсӣ асари бузург буда, ғояҳои ватандўстӣ ва фикру андешаҳои пандуахлоқиро фаро гирифтааст, Достонҳои «Шоҳнома» ҳамчун асари таърихиву қаҳрамонӣ дорои 60 ҳазор байт буда, аз нигоҳи мавзўъ ва мундариҷа дар таърихи адабиёти ҷаҳон беназир аст. «Шоҳнома» бо васфу ситоиши хирад, олами ҳастӣ, бо ситоиши пайғамбар ва васфи Султон Маҳмуд оғоз мешавад, ки таърихи шоҳони Эронро аз Каюмарс то Яздигурди-III фаро мегирад. Достонҳои «Шоҳнома» асари калонҳаҷм буда, аз се қисм иборат мебошад. Қисми аввали достон қиссаҳои асотирӣ, паҳлавонӣ, таърихиро дар бар мегирад. Қисми дуюми достонҳои «Шоҳнома» аз паҳлавонӣ ва корнамоиҳои Рустам ва ҳампешагони ў қиссаву ривоят мекунад, ки хеле ҷолиб аст. Қисми сеюми достон ҳодисаву воқеаҳои таърихиро дар бар мегирад, ки дар бораи урфу одат, расму русум ва таърихи шоҳони гузашта нақл менамояд.

Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и хеш ба ҳама мавзўъҳо: некиву накўкорӣ, лутфу тараҳҳум, ғамхорӣ дар ҳаққи падару модар, донишу хирад, ватандўстӣ, муҳофизати ватан дахл намудааст. Абулқосим Фирдавсӣ дар таърихи адабиёти форсу тоҷик ба сифати яке аз пайғамбарони шеъру адаб эътироф гардидааст. «Шоҳнома»-и ў бемуболиға яке аз намунаҳои беҳтарини достонҳои қаҳрамониву таърихӣ буда, таърихи миллати моро бо тамоми бурду бохташ инъикос менамояд.

Қайд кардан лозим аст, ки Абулқосим Фирдавсӣ ва достонҳои «Шоҳнома»-и ў дар таърихи адабиёти ҷаҳонӣ шўҳрати бузург дорад. Фирдавсӣ дар достони худ ба беҳтарин хусусиятҳои неки инсонӣ, ба монанди некию накўкорӣ, инсондўстӣ, ватанпарастию ватандўстӣ аҳамият дода, мавзўи хирад ва хирадмандиро дар ҷойи аввал мегузорад, ки дар ҷомеаи имрўзаи мо барои насли наврас аҳамияти тарбиявию аҳлоқӣ дорад:

Хирадманд бошу беозор бош,

Ҳамеша забонро нигаҳдор бош.

Фирдавсӣ бо эҷод намудани асари безаволи «Шоҳнома» ба бақо мондани забони миллии мо саҳми босазое гузоштааст. Аз нигоҳи Фирдавсӣ некӣ кардан аз хислатҳои беҳтарини инсон ба шумор меравад.

Мо боварӣ дорем, ки достонҳои «Шоҳнома» ҳамчун асари таърихиву қаҳрамонӣ дар даврони муосири мо хизмати бузурге хоҳад кард.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

2 Ҳа  1 Не
Маводҳои монанд
  • Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ – рушди илми тоҷик / Реферат
  • Забони тоҷикӣ – забони бумии ин марзу бум / Реферат
  • Дониш, илм ва фанноварӣ – асоси пешрафти ҷаҳони муосир / Реферат
  • Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим / Реферат
  • Китобшиносӣ ва феҳрастнигорӣ дар қаламрави адабиёт / Реферат
  • Масъалаҳои ахлоқӣ дар “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ / Реферат
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов