Абулқосим Фирдавсӣ — ситойишгари адлу ростӣ ва нуру хирад
Фалсафаи ҳаётбахши Фирдавсӣ моро аз гузаштаамон огоҳ сохта, сабақи омӯзанда ва ибратбахш барои наслҳои имрӯз ва фардо хоҳад шуд. Халқи тоҷик мисли ҳамаи қавмҳои дигари эронӣ аз он ифтихор дорад, ки ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и ҷовидонаи худ манзараи басо барҷастаи Ватанамонро аз нахустин падидаҳои зиндагӣ дар ин сарзамин то рӯзгори худ бо қалами сеҳрофарин тасвир намудааст ва мо ҳамроҳи нависандаи ин ҳамосаи ҷовидонӣ шоҳиди ҳам фирӯзиҳо ва ҳам нокомиҳо, ҳам сарбаландиҳо ва ҳам шикастҳо мешавем.
Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ба сифати як инсони покнажоду покгуҳар ва шахсияти нобиғаву достонсаройи беҳамто, султони шеъру адаби форсигӯёни ҷаҳон воқеан фалсафаву адаби моро неруи тоза бахшида, шеърро ба ҳар дард даво ва ёвару мададгор ва ҷонбахши мардум гардонид. Фалсафаи манзуми ӯ моломоли ғояҳои ватанпарастӣ, башардӯстӣ, покию нафосат, сулҳу сафо, панду андарз ва ахлоқи ҳамида, шеъри набарду мубориза ва ҷонбозиҳо дар роҳи озодии халқу Ватан, дар роҳи адолату ростӣ аст.
Имрӯз қаламрави забони форсӣ дар марзҳои якчанд кишвари мустақили Ховарзамин ва нуфуси форсигӯён дар бисёр кишварҳои Аврупо ва Амрико паҳну парешон аст. Ва фақат нобиғаҳое чун Рӯдакию Фирдавсӣ тавонистанд, ҳатто ҳазор сол баъд аз сари худ ҳамаи моро гирди ҳам оранд. Ин гирдиҳамойӣ маҳфили ақлу хираду фаросату башардӯстист.