• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Абу Ҳанифа Имоми Аъзам – асосгузор ва пешвои мазҳаби таҳаммулгаро / Реферат
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Абу Ҳанифа Имоми Аъзам – асосгузор ва пешвои мазҳаби таҳаммулгаро / Реферат

65 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
03.02.2024

Абу Ҳанифа Имоми Аъзам – асосгузор ва пешвои мазҳаби таҳаммулгаро

Корномаи ин шахсияти бузург ва нобиғаи асил дар дунёи илму маонӣ то ба ҳанӯз асрори зиёди нокушуда дорад, ки пажӯҳиши доманадорро тақозо менамояд. То имрӯз сари мавзӯи ватани аҷдодӣ ва насабу куняи ӯ баҳсу мунозираҳо идома доранд. Аммо таъкиди ин ҳақиқат бамаврид аст, ки аксари муаллифони пешин ва муҳаққиқони муосир эътироф намудаанд, ки Имоми Аъзам бидуни шакку шубҳа аслан тоҷике аз сарзамини тамаддунхези Хуросони Бузург, саҳеҳтар гӯем, аз шарқи ин хиттаи бузург будааст, ки дар он ҷо аҷдоди асили тоҷикон зиндагӣ доштанд ва фарҳанги пурбори ҷаҳоншумулро эҷод намуданд.

Хидмати ӯ махсусан дар ҳифз ва тақвияти асолати таърихӣ ва фарҳангии халқи мо бесобиқа бузург ва шойистаи қадрдонист. Давраи зиндагии Имоми Аъзам ва ташаккули мазҳаби фиқҳии ӯ марҳалаи таърихии ниҳоят ҳассос ва нозук маҳсуб мешуд.

Зиндагию корномаи Имоми Аъзам ва таълимоти абадзиндаи ӯ, ки паҳлуҳои гуногуни ҳаёти динӣ-фарҳангии кишварро чун ойина равшан сохта, моро барои анҷом додани рисолати созандагӣ роҳнамойӣ мекунанд, аҳамияти бузурги ҳаётӣ доранд.

Имоми Аъзам вобаста ба падидаҳои муҳими сиёсиву иҷтимоии замонааш ақидаҳои равшан, саҳеҳ ва ҳадафрас баён намуда, ислоҳоти ҷомеаро омили муҳими пешрафти иҷтимоӣ медонад. Дар ин росто вусъати афкори ӯ то ба ҳадде буд, ки ҳамчун асос барои бунёди фарҳанги нави сиёсӣ дар марҳалаи аввали густариши дини ислом хизмат менамуд. Андешаҳои ин абармард имрӯз ҳам рӯзмарра буда, мардумро ба тақвову покизагӣ, ободиву рифоҳи мулк, дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва озодиву истиқлол раҳнамойӣ месозанд.

Ҳар қавму халқ ба арзишҳои таърихии худ ҳамеша ниёзмандии зиёд дорад. Ва ин арзишҳо пайваста ва оқилона барои тарбияи ахлоқию маънавии наслҳо истифода мегарданд.Бо роиҷ гаштани ислом барои халқи тоҷик равзана ба ҷаҳони дигаре кушода шуд. Фарҳанги миллӣ бо фарҳанги исломӣ омезиши рангине пайдо кард. Дар навбати худ арзишҳои таърихии халқи тоҷик фарҳанги исломиро боз ҳам ғанӣ гардониданд. Дар амри хайри эҷоди арзишҳои миллию таърихӣ фарзандони бузурги халқи тоҷик — Имом Исмоили Бухорӣ, Яъқуб ва Амри Лайси Саффорӣ, Оли Сомон ва бахусус намояндаи ин хонадони бонангу номус — Исмоили Сомонӣ нақши барҷаста ва бегазанд доранд. Дар ин силсилаи зарин фарзанди фарзонаи халқи тоҷик Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит низ мақоми хоссаеро соҳиб аст.

Tags:Абу Ҳанифа Имоми Аъзам

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ – рушди илми тоҷик / Реферат
  • Забони тоҷикӣ – забони бумии ин марзу бум / Реферат
  • Дониш, илм ва фанноварӣ – асоси пешрафти ҷаҳони муосир / Реферат
  • Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим / Реферат
  • Китобшиносӣ ва феҳрастнигорӣ дар қаламрави адабиёт / Реферат
  • Масъалаҳои ахлоқӣ дар “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ / Реферат
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов