Абӯалӣ ибни сино ва эҷодиёти ӯ
Нақша:
Муқаддима
1. Мероси адабии шоир
2. Мавзўи ашъори шоир
Хулоса
Шайхурраис Абўалӣ ибни Сино дар таърихи адабиёти классикии форсии тоҷикӣ ва дар таърихи тамаддуни умумибашарӣ ҳамчун файласуф, риёзидон, физикдон, ситорашинос ва табиби ҳозиқ маълуму машҳур гардидааст. Абўалӣ ибни Сино соли 980 дар деҳаи Рометани наздикии Бухоро ба дунё омада, соли 1037 дар шаҳри Ҳамадони Эрон вафот кардааст.
Ибни Сино аз овони хўрдсолӣ ба илму дониш шавқу завқи беандозае доштааст. Бинобар ин, аз овони кўдакӣ тамоми илмҳои замонаашро аз худ мекунад. Дар синни даҳсолагӣ китоби муқаддаси «Қуръон»-ро аз бар карда будааст.
Абўалӣ ибни Сино ба илми тиб майли зиёд дошт. Ў дар синни 16-солагӣ ба табобати беморон шурўъ кард. Мегўянд, ки Абўалӣ замоне Нўҳ бинни Мансури Сомониро табобат кардааст. Бар ивази хизмати худ танҳо мехоҳад, ки аз китобхонаи салтанатии шоҳ истифода намояд. Ҳамин тариқ, Абўалӣ аз ин ганҷинаи маърифат хеле истифода намуда, асарҳои бузург офарид.
Мероси адабии шоир бою рангин мебошад. Абўалӣ ибни Сино зиёда аз 400 асар офаридааст, ки бузургтарини онҳо «Қонуни тиб», «Донишнома», «Китобуннаҷот», «Кутобушшифо» ба шумор мераванд. Китобҳои ба мавзўи тиб бахшидаи ў «Қонуни тиб»«Китобушшифо» ва «Донишнома» дар мамлакатҳои Шарқ ва Ғарб ҳамчун китоби дарсӣ ба донишҷўён таълим дода мешаванд.
Аз ҳаёт ва рўзгори ин марди хирадманд қиссаву ривоятҳои аҷибе то ба мо расидааст, ки аз бузургии ин ҳакими донишманд гувоҳӣ медиҳад. Худи шоир дар кишварҳои Ғарб бо номи Авитсена маълуму машҳур гаштааст. Китоби «Қонуни тиб»-и Абўалӣ ибни Сино бошад, имрўз ҳамчун китоби рўимизии табибони Ғарб ва ҳаводорони илми тиб маҳсуб дониста мешавад.
Абўалӣ ибни Синоро ҳамчун шоири рубоисаро низ хуб мешиносанд.
Рубоиҳои ў дар мавзўъҳои мухталиф эҷод шудаанд. Шоир ҳамчун табиб ба ҳама дардҳову ранҷҳо даво ёфтааст. Танҳо дар масъалаи марги инсон ноилоҷ мондааст:
Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи банди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
Баъзе аз ҳамасрони шоир нисбат ба ў дар дилашон кинаву адоват мепарвариданд ва ўро кофир мехонданд. Бузургии имони худро дар назди эшон собит намуда мегўяд:
Куфри чу мане газофу осон набувад,
Маҳкамтар аз имони ман имон набувад.
Дар даҳр чу ман якеву он ҳам кофир,
Пас дар ҳама даҳр як мусулмон набувад.
Дар бораи дўстиву рафоқат фикру андешаҳои ҷолиб дорад. Таъкид менамояд, ки дар шинохт ва интихоби дўст эҳтиёткор будан лозим аст:
Бо душмани ман чу дўст бисёр нишаст,
Бо дўст набоядам дигар бор нишаст.
Парҳез аз он шакар, ки бо заҳр омехт,
Бигруз аз он магас, ки бар мор нишаст.
Чунин рубоиҳое, ки мазмуни пандуахлоқӣ доранд, дар эҷодиёти шоир хеле зиёданд. Ақидаҳои пандуахлоқии шоир аҳамияти тарбиявии ахлоқӣ дошта, барои тарбияи насли имрўза аз аҳамият холӣ нест.