Абдусалом Деҳотӣ (Деҳотӣ Абдусалом Пирмуҳаммадзода; 14 марти 1911, деҳаи Боғимайдон, ноҳияи Самарқанд — 31 январи 1962, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон) — шоир, нависанда, дромнавис, луғатшинос, арбоби давлатӣ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (аз 1934).
Зиндагинома
Абдусалом Деҳотӣ 14 марти [[1911 дар деҳаи Боғимайдони ноҳияи Самарқанд ба дунё омадааст. Мактаби миёнаро соли 1930 хатм кардааст. Аз соли 1931 дар шаҳри Самарқанд, дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» ва шуъбаи Нашриёти давлатии Тоҷикистон кор мекард. Соли 1935 ба Сталинобод омада, дар идораи маҷаллаи «Барои адабиёти сотсиалистӣ» кор кардааст. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941—1945) корманди Нашриёти давлатии Тоҷикистон, пас аз ҷанг котиби масъул ва муҳаррири журнали «Шарқи Сурх», муҳаррири маҷаллаи «Тоҷикистон», котиби иҷроияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, мудири шуъбаи адабиёти бадеӣ ва сармуҳаррири Нашриёти давлатии Тоҷикистон буд ва ба сифати яке аз арбобони барҷастаи матбуоту нашриёти тоҷик шуҳрат пайдо кард. Солҳои 1946—1949 ходими илмии Институти забон, адабиёт ва таърихи филиали тоҷикистонии АИ СССР буда, бо Н. Н. Ершов «Луғати русӣ — тоҷикӣ» — ро таҳрир намуд (1949). Дар таҳрири чанд ҷилди тарҷумаи тоҷикии асарҳои В. И. Ленин иштирок дошт. Аз соли 1959 то охири умр корманди илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, яке аз муҳаррирони «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (ҷ. 1 — 2, М., 1969) буд. Яке аз донишмандони забону адабиёти тоҷик ва аввалин муҳаррири асарҳои илмии Садриддин Айнӣ буда, дар таҳияи нахустин маҷмӯаи шеърҳои Рӯдакӣ (1940) бо Садриддин Айнӣ ҳамкорӣ кардааст. «Ҳафт пайкар» ва «Лайливу Маҷнун»-и Низомӣ, мухтасари «Куллиёт»-и Саъдӣ, «Латифаҳои тоҷикӣ»-ро ба чоп ҳозир кардааст.
Эҷодиёт
Фаъолияти адабии Деҳотӣ аз соли 1928 сар шуда, дар назм, наср, драматургия, адабиёти бачагона асарҳои зиёде офаридааст. Аввалин ҳикояҳои ӯ дар моҳномаи «Раҳбари дониш» ва рӯзномаи «Овози тоҷик» ба табъ расидаанд. Соли 1932 маҷмӯаи ашъораш «Манзараҳои сегона», соли 1934 «Таронаҳои меҳнат» ва «Меваи Октябр» аз чоп баромадаанд. Маҷмӯаи «Шеърҳо ва ҳикояҳо» (1940) маҳсули эҷоди солҳои сиюми ӯро ҷамъбаст кардааст. Асарҳои дар солҳои ҷанг офаридаи ӯро китоби «Шеърҳои мунтахаб» (1945) фароҳам овардааст. Дар давоми солҳои баъдина «Асарҳои мунтахаб» (1949, 1957), китобҳои «Ҳаёт қадам мезанад» (1961), «Бунафша» (1963), «Ҳадя ба хурдтаракон» (1954)-и ӯ ба табъ расидаанд. Китоби панҷҷилдаи «Куллиёт» осори нисбатан мукаммали ӯро фаро мегирад, ки солҳои 1965—1966 интишор ёфтааст. Тарҷумаи русии гулчини шеърҳояш «Оби равон меояд» соли 1957 дастраси хонандагони русзабон гардидааст. Вобаста ба ҷанбаву масъалаҳои гуногуни адабиёти бачагон, тарҷумаи бадеӣ, маданияти сухан, фасоҳати забон ва ғ. мақолаҳои пурарзиш офаридааст. Дар нашри осори ниёгонамон, ҷамъоварии адабиёти шифоҳӣ, мураттаб сохтани луғатҳо, тарҷума ва таҳрири осори класикони максизм-ленинизм саҳми арзанда гузоштааст. Охирин хидмати фаромӯшношудании ӯ таҳрири чанд ҳарфи «Фарҳанги забони тоҷикӣ» мебошад, ки китоби рӯимизии хурду калон гардидааст.[2]
Дар шеър яке аз шогирдони Садриддин Айнӣ буд. Бисёре аз шеърҳои лирикии ӯ ба оҳанг дароварда шуданд. «Манзараҳои сегона» (1934) якумин намунаи достони лирикӣ дар адабиёти советии тоҷик буда, сюжети яклухт надорад ва образи қаҳрамони лирикӣ хеле қувват гирифта, се қисми асарро, ки ба меҳнати коргарони фабрикаи «Ҳуҷум» — и шаҳри Самарқанд (қ.1), муборизаи меҳнаткашони Тоҷикистон (қ.2) ва фидокориҳои пахтакорони водии Фарғона (қ.3) бахшида шудааст, ба ҳам муттаҳид мекунад. Дар лирикаи ватандӯстонаи Деҳотӣ дар солҳои ҶБВ оҳанги публисистии ҷанговарона бо лиризми ҳароратноке ҷӯр шуда, эҳсосоти мудофеони Ватанро амиқтар зоҳир намуд. Пас аз ҷанг ва дар с — ҳои 50 — ум дар лирикаи Деҳотӣ мавзӯи муҳофизати сулҳ ва муборизаи зидди оташафрӯзони ҷанги нав мавқеи асосӣ ишғол намуд. Насри Деҳотӣ аз ҳикояҳои ҳаҷвӣ, очеркҳо ва мақолаҳои публисистӣ иборат аст. Муҳимтарин хусусияти ҳикояҳои ҳаҷвии ӯ қувват гирифтани ҷанбаи публисистӣ, ба нақл ҳамроҳ шудани андешаву мулоҳизоти публисистона, фаровон истифода гардидани унсурҳои этнографӣ мебошад. Дар офаридани асарҳои драмавӣ низ маҳорати беҳамто дошта, дар ҳамқаламии М.Турсунзода драмаи мусиқии «Хусрав ва Ширин» (1936), мустақилона либреттои операҳои «Шӯриши Восеъ» (1940) ва «Комде ва Мадан» (1952)-ро навиштааст. Соли 1953 (ҳамроҳи Б.Раҳимзода) мазҳакаи «Қиссаи Таърифхоҷаев»-ро ба қалам овардааст.[2]
Драматургияи Деҳотӣ аз драмаи мусиқавии «Хисраву Ширин» (1936), ки ҳамроҳи Мирзо Турсунзода дар асоси достони Низомӣ навишта буд, сар шудааст. Драмаи манзуми «Шӯриши Восеъ» (1940), ки низ ҳамроҳи М.Турсунзода навишта шуда буд, асоси либреттои нахустин операи тоҷикӣ қарор ёфтааст (оҳангсоз Сергей Баласанян). Дар ин дром оҳангҳои фолклорӣ ва иқтибоси фолклор яке аз воситаҳои асосии зоҳир кардани рӯҳи деҳқонони исёнгар ва ба вуҷуд овардани образи пешвои шӯриш мебошад. Дигар драмаи манзуми Деҳотӣ «Комде ва Мадан» (1952, дар асоси як сюжети «Ирфон» — и Бедил) низ либреттои опера шудааст (оҳангсоз Зиёдулло Шаҳидӣ). «Нур дар кӯҳистон» (1947) драмаи қаҳрамонист дар бораи нахустин муаллимони Ғарм, ки аз дасти босмачиён ҳалок гардида буданд, пйесаи якпардагии «Қиссаи Таърифхӯҷаев» (1953, бо ҳамроҳии Боқӣ Раҳимзода) комедияи ҳаҷвӣ мебошад. Шеърҳои бачагонаи Деҳотӣ асосан аз охири солҳои 40 — ум ба муносибати аз тарафи ӯ тартиб дода шудани китобҳои хониши мактаби ибтидоӣ (синфҳои 1 — 4) ба вуҷуд омадаанд. Содагӣ, равонӣ ва самимияти шеъри ӯ, хусусан, дар ин асарҳо барҷастатар намудор шудааст. Аксари ин шеърҳо ҷилваҳои психологияи кӯдакро нозук ифода намуда, дар адабиёти бачагонаи тозабунёди тоҷик мавқеи муайян ишғол кардаанд. Дар бораи шоирони кӯҳистон, аз ҷумла водии Ҳисор тадқиқот бурдааст. Тарҷумаи тоҷикии бисёр асарҳои Кирилов, Некрасов, Шевченко, Байрон, Ҷ. Родарӣ ва диг. ба қалами Деҳотӣ тааллуқ дорад.
Осор
Муаллифи маҷмӯаҳои:
- «Манзараҳои сегона»,
- «Таронаҳои меҳнатӣ»
- «Меваи Октябр» (с.1934),
- «Шеърҳо ва ҳикояҳо» (1940),
- китоби «Шеърҳои мунтахаб» (1945),
- «Асарҳои мунтахаб» (1949, 1957),
- «Ҳадя ба хурдтаракон» (1954),
- «Ҳаёт қадам мезанад» (1961),
- «Бунафша» (1963),
- драмаи мусиқии «Хусрав ва Ширин» (бо ҳамқаламии М.Турсунзода, 1936),
- либреттои операи «Шӯриши Восеъ» (1940),
- либреттои операи «Комде ва Мадан» (1952),
- маҳзакаи «Қиссаи Таърифхоҷаев» (бо ҳамқаламии Б.Раҳимзода, 1953),
- «Куллиёт» Иборат аз панҷ ҷилд (1965—1966).
Ҷоизаҳо
- ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат,
- ду ордени «Нишони Фахрӣ» ва чанд Ифтихорномаи Фахрии Раёсати Шӯрои Олии ҶШСТ мукофотонида шудааст.
Некдошт
Ба номи ӯ яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе ва шаҳри Самарқанд гузошта шудааст.