• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Абдураҳмони Ҷомӣ – пешвои ҳавзаи илмиву адабии Мовароуннаҳру Хуросон / Реферат
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Абдураҳмони Ҷомӣ – пешвои ҳавзаи илмиву адабии Мовароуннаҳру Хуросон / Реферат

23 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
03.02.2024

Абдураҳмони Ҷомӣ – пешвои ҳавзаи илмиву адабии Мовароуннаҳру Хуросон

Мавлоно Ҷомӣ дар муҳити адабӣ, ҳунарӣ, фарҳангӣ ва илмиву иҷтимоии Ҳирот — яке аз марказҳои қадимӣ ва номдори мардуми ориёитабор зиндагӣ ва эҷод кардааст. Дар он даврон дар мадрасаҳои ин шаҳри бостонӣ, мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ, то 11 ҳазор нафар толибилмон машғули таҳсил буда, олимону мударрисони номдор ба онҳо сабақи илму ирфон медодаанд. Табиист, ки чунин муҳити созгори адабиву илмӣ ва фарҳангиву ҳунарӣ барои зуҳур ва рушду камоли шахсияти фавқулодате чун шоир, олим ва орифи барҷаста Абдураҳмони Ҷомӣ мусоидат намудааст. Маъруфияти Мавлоно Ҷомӣ ба фаъолияти илмиву адабии бағоят густурдаи ӯ дар соҳаҳои мухталифи илм, аз ҷумла забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, мусиқӣ, ирфон, шарҳнависӣ ва навъҳои гуногуни адабӣ — назму наср, қасидаву маснавӣ, ғазалу рубоӣ ва монанди инҳо алоқаманд мебошад. Бузургии шахсияти Мавлоно Ҷомӣ ва истеъдоди камназири ӯ, пеш аз ҳама ва беш аз ҳама, дар асарҳои адабии ӯ зуҳур намудааст.

Боиси ифтихори ҳамаи мост, ки созмони бонуфузи фарҳангии ЮНЕСКО пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи баргузор намудани ҷашни 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар соли 2014 пазируфт ва қарори дахлдор қабул кард.

Эҷодиёти Мавлоно Ҷомӣ басо пурвусъат ва пургунҷоиш буда, сабақи доимӣ бардоштан ва таҳқиқу таҳлили пайвастаро тақозо мекунад. Муҳимтар аз ҳама, худи мардум ба шахсият ва осору афкори Мавлоно иродат ва меҳри махсус доранд. То имрӯз таҷлил гардидани ҷашнҳои 550-солагӣ ва 575-солагии ин олим ва орифи бузург дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ва ба ифтихори ӯ номгузорӣ шудани хиёбону мактабҳо, кохи ҳунар ва ноҳия дар кишварамон далели равшани ҳамин гуфтаҳоанд.

Асрҳо ва наслҳо якдигарро иваз мекунанд, вале эҳтироми Мавлоно Ҷомӣ дар давоми ин шаш асри баъдӣ коста нашуда, балки баръакс торафт меафзояд. Муҳимтарин асарҳои адабӣ ва илмии ӯ ба бисёр забонҳои дунё, аз ҷумла, англисиву фаронсавӣ, олмониву лотинӣ, русиву арабӣ, туркиву ҳиндӣ, урдуву арманӣ, озариву ӯзбекӣ ва забонҳои дигар тарҷума ва нашр шудаанд. Ба шеъру достонҳои Абдураҳмони Ҷомӣ шоирони бузурге монанди Урфии Шерозӣ, Соиби Табрезӣ, Калими Кошонӣ, Нозими Ҳиротӣ, Шавкати Бухороӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ва дигарон ҷавоб гуфтаанд.

Tags:Абдураҳмони Ҷомӣ

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ – рушди илми тоҷик / Реферат
  • Забони тоҷикӣ – забони бумии ин марзу бум / Реферат
  • Дониш, илм ва фанноварӣ – асоси пешрафти ҷаҳони муосир / Реферат
  • Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим / Реферат
  • Китобшиносӣ ва феҳрастнигорӣ дар қаламрави адабиёт / Реферат
  • Масъалаҳои ахлоқӣ дар “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ / Реферат
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов