• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Ҷаҳонро ба дониш тавон ёфтан / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат

Ҷаҳонро ба дониш тавон ёфтан / Иншо

6 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
20.08.2022

Мавзӯъ: Ҷаҳонро ба дониш тавон ёфтан

Нақша:

Муқаддима

  1. Ҷаҳонро ба дониш тавон ёфтан

Хулоса

 

Дониш андар дил чароғи равшан аст,

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

(Абўабдуллоҳ Рўдакӣ)

Ҷаҳони муосир ниёз ба пешрафти илму техника дорад. Аҳолӣ дар курраи замин то рафт меафзояд, талаботи истеъмолӣ зиёд мегардад. Таъминоти аҳолӣ бо хўрока ба яке аз масъалаҳои муҳими рўз табдил ёфта истодааст. Ба замин хатарҳои азим, ба монанди офатҳои табиӣ (тўфон, обхезӣ, заминларза), гармшавии иқлим, афтиши ҷирмҳои осмонӣ таҳдид менамоянд. Пешрафти илмиву техникӣ дар ин ҷода то андозае моро барои раҳоӣ ёфтан кўмак мерасонанд.

Машриқзаминро дар гузашта «гаҳвораи илм» мехонданд. Онҳоро ба ҷаҳониён Ибни Сино, Абўрайҳони Берунӣ, Умари Хайём ва дигар донишмандон муаррифӣ намудаанд. Кашфиёти ин олимони беҳамтои ҷаҳонӣ ҳазорсолаҳо арзиши худро аз даст намедиҳад.

Дар гузаштаи дур идеяи сохтани ҳавопаймову чархбол ва телевизион дар афсонаҳои мардумии мо акси худро дар шакли «гилеми паррон» ва «оинаи ҷаҳоннамо» ёфта буданд. Ғарбиён бар он ақидаанд, ки идеяи созандагӣ дар мо суръати барқро дорад, вале амали мо чун сангпушт ҳаракат менамояд. Барои ҷомаи амал пўшидани ин идеяҳо моро лозим меояд, ки илм омўзем ва ба ҷаҳони муосири техникӣ бипайвандем.

Замоне парвоз намудан, аз ҷойе ба ҷойи дигар садоро интиқол додан дастнорас менамуд. Одамон аз бемориҳои сабук ҷон медоданд. Роҳи яксоатаро моҳҳо тай менамуданд. Дар истеҳсолот қувваи зиёди корӣ истифода мегардид. Ҳоло ин мушкилот ҳама паси сар гаштаанд. Аз ин ҷой бо Амрико мустақиман гуфтугў менамоем, бозии футболро тамошо мекунем, тибби муосир дили одамро иваз менамояд, тайёраҳои навтарин дар яксоат то 800 километр роҳ мепаймоянд, кори садҳо нафарро дастгоҳе ба сомон мерасонад. Ҳамаи ин маҳсули омўзиши илм мебошад. Дастовардҳои илмӣ имкон медиҳанд, ки аз вазъи табии ситораву сайёраҳои системаи офтобӣ огоҳӣ пайдо намоем. Инсоният ба моҳ роҳ ёфт. Сафари кайҳонӣ барои ҳамагон ба нақша гирифта шудааст. Аз ин ҷо дониш, маърифат, илм, фарҳанг, ақл, хирад чароғи равшани олами фонист. Ин­сон ба василаи он ҳар гуна мушкилотро ҳал менамояд ва ба рўйи худ дари бахту саодатро меку­шояд. Дарки оламу одам, ҳаводиси мухталифи табиат, бадию некӣ, асрори фалак ба андозаи ақли инсон марбут аст. Ҳар қадар кас ба умқи ҳодисот бирасад, ҳамон қадар асрори дигаре зуҳур меё­бад. Яъне дар ин олами бекарон ҳазорон асрор нуҳуфтааст, ки ҳар якеро бо заҳмати зиёд кашф ме­кунанд. Бешубҳа, шахси донишманд бо зўри хирад дили кўҳро мешикофад, дар як соат роҳи даро­зеро тай мекунад, дар фазо парвоз мекунад. Магар тайёра бофтаи хаёл нест?

Бале, бо мурури замон оинаи ҷаҳоннамо, мўъҷизаҳои парвозӣ аз олами хаёлот ба воқеият табдил ёфтаанд. Албатта, яку – якбора не, бо гузашти айём, дар натиҷаи донишандўзӣ ва амал. Ин­сони донишманд дар гуфтору рафтор низ намуна аст. Ба ин маънӣ Фирдавсии Тўсӣ гуфта:

Касе, к-ў ба дониш тавонгар бувад,

Зи гуфтору кирдор беҳтар бувад.

Пешрафти тамоми ҷабҳаҳои рўзгор ба дониш вобаста аст. Ақли инсонӣ пайваста бозёфтҳои навро рўи кор оварда, заҳмати мардумро ба маротиб осон мекунад. Омўхтан бо амал судманд аст. Яъне дониши назарӣ ҳамон вақт комил аст, агар ба амал созгор гардад:

Илм ба кор судманд бувад,

Илми бекор пойбанд бувад.

Хулоса, нақши илму дониш  дар инкишофу рушди саноат, кишоварзӣ, дар кушодани сирру асрори табиату коинот ва ҳал намудани муаммоҳои зиёд ниҳоят бузург аст. Ҷавонони мо бояд ҳамеша дониш андўзанд, то осудагии ҷомеаро таъмин намоянд. Аз ин рў, ҳар сокини Тоҷикистон сарфи назар аз ихтисосу синну сол вазифадор аст, ки барои фурўзон намудани чароғи ақл пайва­ста омўзад. Тақозои ҷаҳони мутамаддин моро водор менамояд, ки сатҳи илму донишамонро боз ҳам тақвият бахшем. Байти пурмаънии Низоми Гаҷавӣ раҳнамои фардои дурахшони мост:

Дониш талабу бузургӣ омўз,

То беҳ нигаранд, рўзат аз рўз.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Модар – ганҷинаи ҳаёт ва ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Зан, Модар – ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Аз ҳифзи Ватан ифтихор дорем мо… / Иншо
  • Солҳои мактабии ман. / Иншо
  • Китоб мӯниси ҷону дил аст. / Иншо
  • Шоири дӯстдоштаи ман / Реферат
Leave A Comment Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • Facebook
  • Instagram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2022 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
ҚАБУЛ КАРДАН
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат