• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Ақидаҳои пандуахлоқи дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат

Ақидаҳои пандуахлоқи дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ / Иншо

9 нафар дид 1

Муаллиф: Донишхона
20.08.2022

Мавзӯъ: Ақидаҳои пандуахлоқи дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ

Нақша:

Муқаддима

  1. Ақидаҳои пандуахлоқи дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ

Хулоса

Фирдавсӣ яке аз шоирони бузурги соҳибдевони асри даҳ буда, бо асари безаволи худ «Шоҳнома» машҳур гардидааст. «Шоҳнома» – ро асари таърихӣ, мардонагӣ, худшиносӣ, меҳанпарастӣ ва пандуахлоқӣ гӯем, ҳақ аст. Модоме ки чунин аст, кадом ақидаҳои пандуахлоқии шоири хушбаён имрӯз дар зиндагӣ ба кор меоянд?

Умуман, одобу ахлоқ дар ҳама давру замон яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб рафта, тинҷиву амонӣ, пешравӣ, маданият ва фарҳангро пойдевор аст. Агар ба зиндагӣ бо чашми хирад назар афканем, ҳар як амал вобаста ба худ подоши муайянеро сазовор аст. Ин муъҷизаи илоҳиро Фирдавсӣ мушоҳида намуда мегӯяд:

Чу некӣ кунад кас, ту подош кун,
В-агар бад кунад, низ пархош кун.

Шоир ҳатто ба инсонҳои нохалаф некӣ намуданро тавсия медиҳад, ки ин гуфтаҳо ба мо дар зиндагӣ яке аз хислатҳои неки инсонӣ – бахшандагиро меомӯзад. Одамизод на бо давлату савлат, балки бо номи некаш дар ҷаҳон абадӣ хоҳад монд. Пас чаро некном, оқил, хоксор ва ба атрофиён оина набошем. Ба ин маънӣ Фирдавсӣ мегӯяд:

Набошад ҳаме неку бад пойдор,
Ҳамон беҳ, ки некӣ бувад ёдгор.

Дар урфият мегӯянд: «Олим шудан осону одам шудан мушкил». Оре, барои олим шудан садҳо асарро мутолиа намудан лозим бошад, барои одам шудан, аз садҳо амали бад даст кашидан, дар садҳо мушкилӣ сабр кардан, садҳо афтодаро ёрӣ расонидан, барои садҳо роҳи ноҳамвори зиндагӣ шукр кардан лозим меояд.

Хирадманд бошу беозор бош,
Ҳамеша забонро нигаҳдор бош.

Ё ин ки:

Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем,
Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем.

Васфу ситоиши хирад, илму дониш дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ҷойи намоёнро дорост. Шоир асарро бо тавсифи хирад шурӯъ намуда, таъкид менамояд, ки хирад ҳамчун раҳнамои ҳаёти инсонӣ одамонро ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Бале, чунки сарчашмаи ҳамаи хушбахтиҳо аз ақлу хирад ва дониш вобастагӣ дорад. Тавоноӣ, обрӯ ва эътибор низ маншаъ аз хираданд. Фирдавсӣ мегӯяд:

Хирад афсари шаҳриёрон бувад,
Хирад зевари номдорон бувад.

Инчунин:

Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад,
Ба дониш дили пир барно бувад.

Хулоса, ҳамаи шоҳбайтҳои ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ ҳоло дар ҳаёт барои мо – мутолиагарони китоб ҳамчун мактаби одоб хидмат менамоянд. Гарчанде аз иншои «Шоҳнома» асрҳо сипарӣ гашта бошанд ҳам, ин шоҳасар арзиши илмӣ-адабии худро гум накардааст ва боз ба наслҳои оянда кӯмак хоҳад кард. Шоир тавонист бо меҳнати сангин ва амали собири хеш номашро дар адабиёти форсу тоҷик барҷо гузорад.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

1 Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Модар – ганҷинаи ҳаёт ва ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Зан, Модар – ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Аз ҳифзи Ватан ифтихор дорем мо… / Иншо
  • Солҳои мактабии ман. / Иншо
  • Китоб мӯниси ҷону дил аст. / Иншо
  • Шоири дӯстдоштаи ман / Реферат
Leave A Comment Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • Facebook
  • Instagram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2022 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
ҚАБУЛ КАРДАН
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат