• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Ақидаҳои маорифпарварии Аҳмади Дониш / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат

Ақидаҳои маорифпарварии Аҳмади Дониш / Иншо

50 нафар дид 1

Муаллиф: Донишхона
24.01.2022

Мавзӯъ: Ақидаҳои маорифпарварии Аҳмади Дониш

Нақша:

Муқаддима

  1. Мухтасари тарҷумаи ҳоли Аҳмади Дониш
  2. Натиҷаи сафарҳои Аҳмади Дониш ба Руссия
  3. Назари манфӣ ба вазъи ҳоким дар аморат
  4. Адолат дар ҳокимият

Хулоса

Аҳмади Дониш ҳамчун шоир ва нависандаи маорифпарвар дар адабиёти нимаи дуюми асри XIX шӯҳрати бузурге дорад. Дониш тахаллуси адабий Аҳмад мебошад. У соли 1826 дар шаҳри Бухоро дар хонаводаи мулло Мир Носир ба дунё омадааст. Гузаштагони ӯ, аслан, аз тумани Шофирком буда, барои таҳсили илм ба Бухоро омадаанд. Аз сабаби он ки сараш калон будааст, ӯро Аҳмади Калла низ мегуфтаанд. Аҳмади Дониш таҳсили ибтидоиро дар ҳавлии худ, дар мактаби хусусии модараш, ки барои саводомӯзии кӯдакон кушода буд, гирифтааст. У дар ҷавонй ба шеъру шоирй шавқу ҳаваси зиёде дошта, дар баробари ин ба рассомию лавҳакашй низ шавқи калон доштааст. У забони арабиро низ аз худ намудааст.

Аҳмади Дониш, тахминан, дар солҳои 1855 ба хидмати дарбори амир Насрулло даъват карда мешавад. Ғайр аз ин, амир илму дониши Донишро дар соқаи илми нуҷум пай бурда, дар баъзе корҳои худ аз ӯ маслиҳату машваратҳо мепурсид.

Дониш бо фармону супориши амир Насрулло се маротиба ба сафари Русия меравад. Амир Насрулло дар ин сафарҳо ба Аҳмади Дониш супориш доДа буд, ки аз ҳаёту зиндагии мардуми Русия аз наздик ошно гардад ва аз чигунагии корҳои он давлат ба амир ахбор диҳад.

Баъди сафари Русия диду назари Аҳмади Дониш нисбат ба аморати Бухоро ва сохти давлатдории он куллан тагйир ёфт. Аҳмади Дониш ҳангоми сафар бисёр навигариҳоро дидаву мехост самараҳои рушду инкишофи илмию маданй ва техникии Русияро дар Бухоро низ ҷорй намояд. Дониш гумон дошт, ки чизҳои дар ин диёр дидаашро пас аз бозгашт ба амир нақл намояд, амир, албатта, бисёр ҷиҳатҳои мусбат ва пешқадами тартиби давлатдорй ва илму маданияти русро дар аморати Бухоро ҷорй менамояд.

Натиҷаи сафарҳои Аҳмади Дониш ба Русия ҳамин шуд, ки дар вуҷуди ӯ ақидаҳои пешқадами маорифпарварй ба вуҷуд омаданд. Фикру андешаҳои маорифпарварии Аҳмади Дониш дар ҳаёти сиёсию маънавии он замон як ҷараёни тараққипарварона ба шумор мерафтанд. Дониш пас аз сафари Русия қафомондагӣ ва ҷаҳолати сохти иҷгимоӣ ва соҳаҳои гуногуни ҳаёти илмию мадании кишвари худро дарк намуд. Вай бо рушду нумӯи бузурги илмию фаннин Русия, инкишофи сохти сармоядорй ва ихтирооти илмии он кишвар аз наздик ошной пайдо кард. Ҳамаи ин диданҳову шуниданҳо ҷаҳонбинии Донишро хеле васеъ намуданд. Дониш хуб дарк мекард, ки барои он ки аҳли илму адаб чунин пасмондагй ва қафомондагии кишаварашонро бифаҳманд, чашми онҳоро ба сӯйи кишвари Русия ва хориҷи он кушодан лозим аст. Аҳмади Дониш маданияти мардуми русро тарғибу ташвиқ намуда, мехост ба воситаи илму маданияти онҳо ҳаёти маънавии аморати Бухороро тагйир диҳад. Ин яке аз он ҷиҳатҳои муҳими афкори маорифпарварии Дониш ба ҳисоб мерафт. Ҷиҳати дигари ақида ва афкори маорифпарварии Аҳмади Дониш дар он буд, ки ӯ нисбат ба низоми пӯсидаи феодалй ва тартибу низоми он нафрати сахт дошт.

Аҳмади Дониш ба хулосае меояд, ки дар низому тарткби ҷамъият ва давлатдории аморати Бухоро ислоҳоти шадиде ворид намудан лозим аст, ки ҳолу аҳволи мардум беҳтар гардад.

Аз рӯйи гуфтаи Аҳмади Дониш, шарти нахустини салтанат ба ақл ва адл вобастагй дорад. У таъкид мекунад, ки султон бояд тамоми корҳоро аз рӯйи ақл ва адл анҷом диҳад: «Адл аз камоли ақл хезад», «ҳар кй оқил несг, одил нест».

Ҳамин тариқ, Аҳмади Дониш тамоми фикру андешаҳо ва аҳидаҳои маорифпарваронаи хешро ба тарзи ҳикояҳои бадей ва бо забони содаву равои иброз намудааст, ки барои наели имрӯзаи мо низ аз аҳамият холй нестанд.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

1 Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Модар – ганҷинаи ҳаёт ва ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Зан, Модар – ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Аз ҳифзи Ватан ифтихор дорем мо… / Иншо
  • Солҳои мактабии ман. / Иншо
  • Китоб мӯниси ҷону дил аст. / Иншо
  • Шоири дӯстдоштаи ман / Реферат
Leave A Comment Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • Facebook
  • Instagram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2022 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
ҚАБУЛ КАРДАН
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат