• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/30 соли истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат

30 соли истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон / Иншо

21 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
15.08.2022

Мавзӯъ: 30 соли истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Нақша:

Муқаддима

  1. 30 соли истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хулоса

 

9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон Истиқлолияти худро эълон дошт. Кишварҳои мухталифи ҷаҳон давра ба давра Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил эътироф намуданд.

Аз замони зуҳури Истиқлолият Тоҷикистон роҳи минбаъдаи рушди давлати худро ба кишвари демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муваффақ сохт.

Замон ба сари ҳокимият шахсеро овард, ки тақдири эҳёи давлат ба дўши ў буд. Ин шахсияти таърихи арзанди содиқи Ватан Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ба ҷасорат ва диди фарохи ў баҳои ҳаққонӣ додан камоли инсонист. Зеро дар ҳамон замони пурталотум иҷрои ин вазифа хеле гарон ва хатарнок буд.

Қаҳрамони Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон аз қадамҳои нахустинаш ҷоннисории худро даҳҳо маротиба исбот сохта бо ҳамгироии мардуми кишвараш ба эҷоди давлати тозабунёд шарафёб гашт.

Вожаи «Истиқлолият» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро водор намуд, ки дар андак вақт сохтори давлатро ба меъёрҳои дунявӣ созгор намояд. Тоҷикистонро шинохтани зиёда аз 165 кишвари ҷаҳон далели равшании афкори хирадмандонаи роҳбарияти давлати тоҷикон аст. Тасдиқи рамзҳои давлатӣ, пули миллӣ, бунёди муассисаҳои фарҳангию тиҷоратӣ, сохтмонҳои азимикишвар боварии мардумро ба ояндаи дурахшон зиёд гардонид. Имрўз ҳар як тоҷик аз он ифтихор менамояд, ки соҳиби ватани озод ва давлати мустақил аст.

Хушбахтии мардуми тоҷик дар он аст, ки дар ҳама ҳолат сабру таҳаммулро пеша карда, маротибае ба марзу бум ва хоки кишвари дигаре чашми тамаъ боз накардааст. Ин худ рамзи ҳимматбаландӣ ва бо фарҳангии мардуми шарифи мост.

Бешубҳа, низоъ ва кашмакашҳои дохилии кишвар низ бо раъйи мардуми тоҷик рух надода, нақши хиёнаткоронаи душманони берунӣ ва нотавонбини давлати тоҷикон аст.

Новобаста аз душвориҳои зиёд. Билохир нерўи фарҳангии собиқа ба миллати тоҷик имкон дод, ки бинои давлати тозабунёди хешро бо эъҷози тафаккури офтобӣ бунёд созад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сифати давлати мустақил шинохта шудааст. Халқи тоҷик бори дигар собит сохт, ки тоҷикон миллати воҳид ва соҳибтамаддуну дорои забони фасеҳу равон мебошанд.

Оре, ин халқи забондону забондор ба ҳифзи ҳастии хеш хақ дорад ва кассе наметавонад мавҷудияти онро рад намояд. Барҳақ, шоир Бозор Собир хитоб мекунад:

 

Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон,

Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.

То забон дорад, ватандор аст ў,

То забондор аст, бисёр аст ў.

 

То фаро расидани 31 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро зарур аст, ки дар ободӣ ва шукуфоии меҳан саҳми арзанда бигзорад. Нафаси озоди Ватан ва ободии он калиди дари иқболи мост.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Модар – ганҷинаи ҳаёт ва ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Зан, Модар – ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Аз ҳифзи Ватан ифтихор дорем мо… / Иншо
  • Солҳои мактабии ман. / Иншо
  • Китоб мӯниси ҷону дил аст. / Иншо
  • Шоири дӯстдоштаи ман / Реферат
Leave A Comment Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • Facebook
  • Instagram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2022 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
ҚАБУЛ КАРДАН
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат