• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Канзи шифо / Реферат
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Канзи шифо / Реферат

20 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
12.02.2024

«Канзи шифо» — китоби донишманд ва табиби машҳур Ҳомидҷон Зоҳидов. Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадимии тиббии тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳое ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешаванд, қариб ба тамоми бемориҳо даво шуда метавонанд. Китоб барои хонандагони умум пешниҳод мегардад.

Дар навиштани «Канзи шифо» асосан аз китобҳои тибби қадими «Тӯҳфат-ул-муъминин», «Ихтиёроти бадеӣ», «Махзан-ул-адвия», «Қарободини кабир», «Муҳити аъзам», «Илоҷ-ул-ғурабо» истифода бурдем. Низ ҳамчун унсурҳои иловагӣ ва мададрасон аз «Кашф-ул- луғот», «Бурҳони қотеъ», «Баҳр-ул-ҷавоҳир», «Ғиёс-ул- луғот»,”Суроҳ ва қуроҳ”, «Фарҳанги форсӣ ба русӣ», «Қомуси арабӣ-русӣ», «Энциклопедический словарь лекарственных и ядовитых растений» ва дигар манбаъҳои тибби қадим ва даврони мо баҳра бардоштем, ки хонандаҳои ин китоб ҳангоми истифода аз равиши матн дармеёбанд, вале як қисмашонро на, бинобар номбар нагаштани унвони онҳо. Аз ҳама душвортарини амалиёт он буд, ки шаш китоби беҳад калонро дар рӯйи миз кушода дошта, аз саҳифаҳои онҳо маъно ва мазмун чидан ба ҳеч ваҷҳ имконпазир нест, зеро ҳамаи онҳо ба саҳни корӣ намеғунҷид. Барои хайрият аз ҳар яки китобҳои мазкур давоҳои алоҳидаро шарҳан ба рӯйи варақ овардему баъд аз ҳар шаши онҳо ҷамъбандӣ намуда, ба услуби тоҷикӣ даровардем. Инак, навиштаҷот дар ҳафтдаҳ соли пурмашаққат ба поён расид. Дар китоб маҳз он давоҳое гирд оварда шуданд, ки дар диёри мо мавҷуданд, мерӯянд, сохта мешаванд, ки мо онҳоро мешиносем, инчунин он дармонҳои хориҷӣ дар бозорҳои мо ёфта мешаванд ва дар айни ҳол ҳамаи онҳо дар китобҳои тибби қадимаи номбурда дарҷ гардидаанд, низ ин ҷо ба қайд расиданд. Ҳангоми шарҳ додани баъзе давоҳо низ як миқдор аз мушоҳидаҳои худро, ки хислатҳои онҳо бо карроти таҷриба собит гашта буданд, ба матн илова намудем. Дар моҳияти ин китоб ҳаминро гуфтан кифоя аст, ки дар ин асар давоҳои мундариҷ гардида ба 98 фоизи иллат ва бемориҳои мавҷуда бо муваффақият шифо мебахшанд.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ – рушди илми тоҷик / Реферат
  • Забони тоҷикӣ – забони бумии ин марзу бум / Реферат
  • Дониш, илм ва фанноварӣ – асоси пешрафти ҷаҳони муосир / Реферат
  • Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим / Реферат
  • Китобшиносӣ ва феҳрастнигорӣ дар қаламрави адабиёт / Реферат
  • Масъалаҳои ахлоқӣ дар “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ / Реферат
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов