• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Маводҳои муфид/Воҳидҳои забон
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Воҳидҳои забон

151 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
21.02.2024
Воҳидҳои забон

Воҳидҳои забон — унсурҳои низоми забон (фонема, морфема, калима, ибора, ҷумла, воҳидҳои фразеологӣ ва ғайра), ки вазифаҳо ва маъниҳои гуногун доранд.

Маҷмӯи воҳидҳои забон сатҳҳои муайяни низоми забонро ташкил медиҳанд. Мас., яке азвоҳидҳои забон – фонема дар сатҳи фонемавӣ дар савтшиносӣ (фонетика), морфема дар сатҳи морфемавӣ дар сарф (морфология), ибораю ҷумла дар наҳв (синтаксис) ва ғ. омӯхта мешаванд. Дар забони тоҷикӣ 6 ҳарфи садодор (садонок) ва 25 бесадо (ҳамсадо) мавҷуданд, ки ҳар кадом дар алоҳидагӣ як воҳиди забонанд.воҳидҳои забон-ро ба якҷониба (онҳое, ки маънои луғавӣ надоранд – фонемаҳо, ҳиҷоҳо) ва дуҷониба (воҳидҳое, ки ҳам маъно ва ҳам қолаби овозӣ доранд – морфемаҳо, калимаҳо, ҷумлаҳо) ҷудо мекунанд.воҳидҳои забон дар маҷмӯъ воҳидҳои нутқро (ба ғайр аз фонемаҳо ва морфемаҳо) ташкил медиҳанд.воҳидҳои забон дар доираи қоидаҳои грамматика танзим мешаванд. Яке азвоҳидҳои забон ва инчунин воҳиди нутқ дар забони тоҷикӣ воҳидҳои фразеологӣ, ибораҳои дорои сохту таркиби устувор ва маънои яклухт мебошанд. Онҳо дар нутқ чун қолаби тайёр корбаст мешаванд (мас., «дудила шудан/нашудан», «мижа таҳ накардан», «ду пойро дар як кафш андохтан» ва ғайра).

Воҳидҳои фразеологӣ

Воҳидҳои фразеологӣ аз ҷиҳати яклухтии маънову ифодаи аҷзояшон ба се гурӯҳ ҷудо мешаванд:

  1. воҳидҳои фразеологии рехта ё устувор (идиомаҳо), ки аъзои онҳо бо ҳам пайванди ногусастанӣ дошта, маънои томи онҳо вобаста на ба маънои яке аз аҷзо, балки баргирифта аз маънои тамоми аҷзои таркиби ибора аст. Онҳо хеле қадимианд, дар як шакл маълуму машҳуранд (мас., «барги сабз» – тӯша ё туҳфа), «салмаи сақат» – бекора, «сиёҳии лашкар» – анбӯҳи одамон ва ғайра). Воҳидҳои фразеологии рехта вобаста ба ҳиссаҳои нутқанд: а) воҳидҳои фразеологии исмӣ, ки дар онҳо исм ҷузъи асосӣ аст (мас. «гули сари сабад» ё «муши мурда»); б) воҳидҳои фразеологии феълӣ бо ҷузъи аслии феъл «дил шикастан» – ранҷонидан; «мижа таҳ накардан» – нахобидан;
  2. воҳидҳои фразеологии таркибӣ – маънои яклухти ин қабил фразеологизмҳо вобаста ба маънои лексикии ҷузъи асосии ибора ба вуҷуд меояд ва ғолибан образноканд (мас., «китоб – носеҳи хомӯш»);.
  3. воҳидҳои фразеологии озод – фразеологизмҳое, ки дар таркиби калимаҳо нисбатан озод меистанд ва маънои томи онҳо ба маънои яке аз калимаҳо вобастагӣ дорад (мас., «дӯсти нонӣ», «аломати хитоб», «марди майдон» ва ғайра). Воҳидҳои фразеологии озод ба ибораҳои озоди синтаксисӣ наздиканд ва метавон яке аз аҷзои онҳоро бо дигаре иваз кард («рафиқи ҷоноҷон», «кумитаи маҳаллӣ»).

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Бармакиён
  • Забони форсӣ
  • Забони тоҷикӣ
  • Сосониён
  • Табрикот ва шеър барои Наврӯз – Наврӯз муборак
  • Саркаши аз хизмати ҳарби ҷиноят аст
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов