Суратгири шаҳрӣ

Рӯзи босафои баҳорӣ. Ҳаёт дар шаҳрча чун пеш­тара бо маҷрои доимии худ идома дошт. Фурӯшандаҳо паси дӯконҳои рангоранги худ истода, бо ҳар навъ кӯшиш мекарданд, то диққати роҳгузаронро ба молу колои худ ҷалб созанд. Дар назди фаввораи зебои боғи истироҳатию фароғатӣ кӯдакон беғамона ҳар сӯ давида, шавқункунон бозӣ мекарданд, болои курсиҳои бо тарзи аҷиб ба замин кӯфташуда ҷуфтҳои дилдода­гон нишаста, бо ҳам рози дил мегуфтанд. Мутрибону сарояндагон бо оҳангу таронаҳои дилангези хеш фа­зои серуни кӯчаро боз ҳам рангину муаттар гардонда буданд.

Чанде дуртар аз фаввора пирамарди мӯяш сафед меистод, ки дар даст асбоби суратгирӣ дошт. Ӯ дар ин боғ зуд-зуд пайдо мешуд, роҳгузарони тасодуфи­ро сурат мегирифт ва боз ноаён ғайб мезад. Баъзан ин пирамард бо нафаре ҳамсуҳбат низ мешуд… Аммо касе аниқ намедонист, ки ӯ кисту аз куҷо меояд.

Ин субҳи босафои тобистон низ чун ҳамешагӣ аз куҷое боз дар ин боғ он суратгири шаҳрӣ дар даст ас­боби суратгирӣ пайдо шуд. Ӯ бо завқи хосса ҳар як кунҷу канори ин макони барояш ошноро, мисли он ки бори аввал медида бошад, синчакорона аз назар мегузаронд. Аз афташ ӯ барои сурати навбатии худ лаҳза ва ё манзараи муносиберо меҷуст. Оқибат ин муназзамиро як зарра ҳаяҷон халалдор намуд. Аз самти як кӯчаи шафати боғ, ки сар ба сар гулпӯш буд, ҷавоне давон ба сӯи фаввора омад. Аз як назар ба си­мои ин ҷавон кас дарҳол пай мебурд, ки ӯ бесаранҷом ва аз чизе сахт нигарону мутаассир аст. Ӯ беқаророна аз як тараф ба дигар тараф мегашту гӯё роҳи халосӣ аз бунбастеро меҷуст. Бо дидани ин ҷавон пирамарди суратгир хушҳол шуда, сурати ӯро гирифт ва гуфт: “Ин мондагор хоҳад буд”.

Ҷавон нигоҳи бодиққати пирамарди суратгирро мушоҳида намуда, зуд ба наздаш омад ва гуфт:

— Чаро ин корро кардӣ? Ба атроф нигоҳ кун! Охир, дар ин ҷо манзараҳои зебову диданӣ хеле зиёд аст, ки метавонӣ онҳоро аккосӣ намоӣ… Аммо ту маҳз ҳамин ғуссаву андуҳи маро интихоб намудӣ.

Суратгир дар ҷавоб гуфт:

— Аҷиб, наход ту ин ҳама манзараҳои зебои атроф­ро пайхас намудаӣ?! Ана дидӣ, ки новобаста аз ғаму андуҳи гарони ту ин ҳаёт идома дорад? Ман сабаби нороҳатӣ ва ғуссаи туро намедонам… Аммо яқин ме­донам, ки айни ҳол барои ту як маслиҳати хуб аз ман­фиат холӣ нахоҳад буд. Мебинам, ки ту ҷавони хубе ҳастӣ, аз ин рӯ, ман ба ту кӯмак мекунам, то хушбахт бошӣ.

Маҳз туро барои сурати худ интихоб намуданам бесабаб набуд. Ман зиёд мушоҳида намудаам, ки аз мушкилот гурехтан ин одати бисёриҳост. Аксари ода­мон одатан мехоҳанд танҳо лаҳзаҳои хубу мондагор ва хушҳолкунандаро дар зеҳну дар хотирҳо нақш кунонанд. Аммо маҳз ҳамин хатову гуноҳҳо моро сабақ меомӯзанду мушкилот моро нерӯ мебахшанд. Инро ҳаргиз набояд фаромӯш кард. Вақте ҷониби муваффақияту хушбахтӣ мешитобӣ, ҳамеша сабуро­на ва қотеона нохушиву монеаҳоро низ истиқбол би­гир ва ҳаргиз онҳоро нодида нагир.

Инро гуфта пирамард суратро ба дасти ҷавон дод. Ҷавон сарашро поён андохта, бодиққат ба сурат нига­рист. Вақте сар бардошт, аз пирамард аллакай ному нишоне пайдо набуд. Сипас ҷавон бо овози нимшу­наво зери лаб гуфт: “Ташаккур”. Ӯ аллакай ором шуда буд ва он суратро маҳкам дар кафаш дошта меистод.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *