Шаҳрҳо ва манзилҳои Осиёи Миёна дар давраи Кушон

Бохтари шимолӣ

Ба туфайли тадқиқотҳои муфассалу мунтазами археологии территорияи Осиёи Миёна, Афғонистон ва шимоли Ҳиндустон имкон шуд, ки масъалаи як навъ тамаддуни шаҳрӣ будани империяи Кушонро пеш гузорем. Бағром ба-рин шаҳрҳои калони давраи Кушониён (дар наздикии шаҳри Кобул) – Капи-саи қадим , Таксила (қарибии Равалпиндӣ) – Таккасила ё Такшашилаи Ҳиндустони Қадим , Чорсада (шимолу шарқтари шаҳри Пишовур) – Пуш-калаватии қадим  барин шаҳрҳои калон тадқиқ шудаанд. Экспедитсияи ар-хеологии советию афғон яке аз калонтарин шаҳрҳои ҷануби Бохтар – Дилвар-зинтеппаро тадқиқ карда истодааст. Ин шаҳр қариб 36 га вусъат дошта, дар 40 км шимолу ғарбии шаҳри Балх воқеъ аст . Экспедитсияҳои археологии советӣ дар Осиёи Миёна чандин шаҳру манзилҳои давраи Кушонро ҳафриёт кардаанд. Материал ба андозае калон аст, ки мо дар бораи баъзе осори тадқиқшуда интихобан мухтасар маълумот медиҳем. Яке аз шаҳрҳои калон-тарини Бохтари шимолӣ дар давраи Кушон шаҳри Тирмиз буд. Шаҳр дар ин мавзеъ (дар қарибии шаҳри ҳозираи Тирмиз) дар муддати қариб ҳазорҳо сол вуҷуд дошт, бинобар ин болои табақаҳои археологии давраи Кушониёнро табақаҳои давраҳои сонӣ пӯшидаанд. Вусъати Тирмиз дар давраи Кушониён калон буд. Дар шаҳр марказҳои калони ибодат – маъбадҳои буддоии Қаро-теппа ва Фаёзтеппа ҷой доштанд. Дар шаҳр бисёр устохонаҳои ҳунармандӣ, аз ҷумла, дӯконҳои кулолӣ буданд.

Тирмизи кушонӣ яке аз марказҳои истеҳсоли фулузот (ва аз афти кор, маркази саноати фулузӣ) буд, дар қабатҳои археологии давраи Кушониён бисёр пораҳои шахшудамондаи маъдани гудохта ёфт шудаанд, ки дар рафти гудозиши ҳамонвақтаи маъдан пайдо мешуданд. Бинобар баъзе боқимондаҳои қисмҳои биноҳои сангин гуфтан мумкин, ки дар Тирмиз би-сёр иншоотҳои калони меъморӣ вуҷуд доштанд.

Ба туфайли тадқиқи саросари осори археологии ҷануби Тоҷикистон ва ҷануби Ӯзбекистон имкон шуд, ки якчанд марказҳои шаҳрии воҳаҳои зиро-аткор муқаррар карда шавад. Ин марказҳо асосан дар минтақаҳое ҷой ги-рифтаанд, ки соҳиби шабакаи мустаҳками обёрӣ мебошанд ва дар гирду атрофи онҳо бисёр дигар манзилҳои хурди зироаткорӣ воқеъ гардидаанд. Дар водии Сурхондарё калонтарин марказҳои шаҳрӣ димнаҳои Дилварзин-теппа, Хайрободтеппа, Ҷондавлаттеппа  ва Зартеппа  буданд.

Дилварзинтеппа, ки дар қарибии шаҳри Деҳнави ҳозира мебошад, дим-наест, ки қариб 28 га вусъат дорад ва аз рӯи масоҳат дар шимоли Бохтар баъди Тирмиз ҷои дувумро мегирад. Аз асрҳои III–II пеш аз милод сар карда, Дилварзинтеппа маркази ноҳияи калони зироаткорӣ мегардад. Тарҳи аниқу дақиқи чоргӯшаи шаҳр, ки гирду атрофаш ҳисори мустаҳкаме дорад, дало-лат мекунад, ки он аз рӯи нақшаи пешакӣ сохта шуда буд. Аз биноҳои он қасрҳои ашроф ҷолиби диққат аст, ки толори азими сутундори ташрифот ва гирдогирд долон дорад, ки ба хонаҳои сершумори истиқоматӣ ва хоҷагӣ аз ин долон гузаштан мумкин буд. Дар яке аз ин хонаҳо кӯзачае ёфт шуд, ки пур аз чизҳои тиллоӣ мебошад. Дар маҳаллаҳои дигари шаҳр биноҳои оддитар ҳам муфассал тадқиқ карда шуданд. Алалхусус, гузари кулолон ҷолиби диққат аст, ки хумдонҳо асосан аз ҳамин ҷо кашф шудаанд .

Дар Зартеппа, ки аз афти кор, маркази қадимии обёрӣ будааст, ҳафриё-ти бинои калоне сар шуд, ки он дар маркази димна воқеъ мебошад ва зоҳиран ба қаср шабоҳат дорад .

Дар қарибии Шаҳринав ҳам як шаҳри калон буд, ки тӯли деворҳои он ба 7 км ва вусъати умумии майдонаш ба 350 га мерасид. Аз ин ҷо ғайр аз тан-гаҳо, бошаҳои аҷоибе ёфт шудаанд, ки дар он тасвири сангии одамон ва ҳай-вони афсонавӣ дида мешавад .

Шаҳри Кайқубодшоҳ (райони Шаҳртуз), ки ҳанӯз дар давраи Юнону Бо-хтар таъсис ёфта буд, дар давраи Кушониён низ вуҷуд дошт ва дар ноҳияи поёноби Кофарниҳон маркази калони минтақаи зироаткорӣ буд. Шаҳр де-ворҳои мустаҳками мудофиавӣ дошт, ки майдони чоркунҷаи (375х285 м) шаҳрро иҳота карда буд. Дар тарафи дарози ин чоркунҷа 9 бурҷ ва дар та-рафи кӯтоҳи он 7 бурҷ ба назар мерасид. Ғайр аз ин дар ҳар гӯша низ гулда-стае буд. Ҳамаи бурҷҳо чоркунҷаанд. Ҳафриёти баъзе қисмҳои девор нишон дод, ки аз дарун, қад-қади девор, долоне тӯл мекашид ва он ба чанд қисм тақсим шуда буд. Пайваста ба долон хонаҳои чоркунҷа ҷой доштанд. Аз ин ҷо ашёи зиёде, аз ҷумла, сафолот, ҳайкалчаҳо, асбоби зебу зинат ба даст омад .

Аз Ёвони ҳозира 8 км дуртар дигар як шаҳри кушонӣ воқеъ буд. Вусъати ин шаҳр ба 40 га мерасид. Ин ҷо дунгие ҳаст, ки ба арк шабоҳат дорад. Пай-васта ба ин дунгӣ теппае ҳаст (баландиаш 8 м), вусъаташ 380–200 м мебошад. Тамоми ин майдонро девор печонида гирифтааст. Берун аз ин девор баъзе ҳавлиҳои алоҳида ва сағонаҳо воқеъ буданд. Ҳафриёт асосан дар майдони арк ва инчунин дар дигар ҷойҳо гузаронда шуд. Қатори иморатҳо ёфт шуданд, ки хонаҳои на чандон калон буда, гурӯҳ-гурӯҳ қад-қади ду тарафи тангкӯча ё роҳрави сарбаста ҷой гирифтаанд. Дар давраҳои охир хонаҳо, эҳтимол, дуо-шёна буданд. Боқимондаҳои иморатҳои давраҳои пештар ҳам ёфт шуданд. Табақаи даҳметраи арк аз боқимондаҳои иморатҳои панҷ давра иборат ме-бошад ва зимнан, санаи табақаи аз ҳама поёни асри I-уми то милоду ҳудуди эраи нав ва санаи табақаи аз ҳама боло асрҳои IV–V эраи нав аст. Таҳаввуло-ти маданияти моддӣ, алалхусус, таҳаввулоти санъати кулолӣ равшан ба назар мерасад. Аз ин ҷо ашёи устухонӣ (масалан, сӯзанаки саракаш му-наққаш), зарфу ҷиҳози фулузӣ – ӯғурчаҳо, дастосҳо ва ғайра ёфт шудаанд .

Мисоли деҳаи хурдакаки зироаткории давраи кушониён дар Бохтари шимолӣ манзилгоҳи Оққӯрғон мебошад, ки дар қарибии шаҳри ҳозираи Шерободи вилояти Сурхондарё воқеъ аст. Ин манзилгоҳи на он қадар кало-нест, ки масоҳаташ аз 0,5 га андаке зиёд мебошад ва иборат аз чанд биноҳои бисёрхонаест, ки онҳо бо тангкӯчаҳо аз ҳам ҷудо карда шудаанд. Мувофиқи маълумоти археологӣ машғулияти асосии аҳолӣ зироаткорӣ, чорводорӣ ва майдакосибӣ буд . Ҳамин гуна манзилгоҳҳо дар райони Шаҳртузи РСС Тоҷикистон (Қабодиёни қадимӣ) – Теппаи Шоҳ , Оқтеппаи II ва ғайра ҳаф-риёт шуда истодаанд.

Яке аз машҳуртарин осори ин давра маҷмӯи Холчиён (қарибии Деҳнав) мебошад. Дар ин ҷо, дар Хонақоҳтеппа, масалан, бинои қасре (ё маъбаде) ҳаст. Пеши ин иморат ба намуди айвони Чорсутундори дарозиаш 16,5-метра сохта шудааст. Аз ин айвон ба воситаи се дар (як дари мобайнӣ ва ду дари паҳлуӣ) ба толоре даромадан мумкин, ки бараш хеле тӯлонӣ аст. Аз пешгаҳи толор даре кушода мешавад, ки ба хонаи дусутундор мебарад. Ғайр аз ин, хонаву долонҳои иловагӣ ҳастанд. Деворҳои ин хонаҳо бо ҳайкалчаи ниҳоят зебои сафолӣ, ки композитсияҳои мукаммалро ташкил медиҳанд ва бо расмҳо оро ёфтаанд. Аз Хонақоҳқтеппа дигар хел иморатҳо, аз ҷумла, би-ноҳои дуошёна ёфт шудаанд.

Суғд, Фарғона, Чоч, Хоразм

Шаҳру манзилҳои давраи Кушониёни Суғд, Фарғона, Чоч нисбат ба шаҳру манзилҳои давраи Кушониёни Бохтари шимолӣ хеле камтар тадқиқ шудаанд.

Калонтарин шаҳри он давра Самарқанд буд. Дар Суғд дигар манзилҳои хурдтар ҳам вуҷуд доштанд, ки аз ҷумлаи онҳо дизаки Тали Барзуро  ном-бар кардан мумкин.

Дар ноҳияи Фарғонаву Истаравшан, қарибии Бегобод димнаи Мун-чоқтеппа, деҳае дар ҷои қалъаи Ленинобод, дар қарибии Ашт, Шӯробшат, Ҷинтеппа ва ғ. манзилҳо ҳастанд. Маданияти моддии манзилҳои Фарғона хусусияти ба худ хос дошт. Дар худи дохили Фарғона ҳам фарқиятҳои калон ба назар мерасад.

Дар ноҳияи маҷрои мобайни Сирдарё дар хоки вилояти Фарғона ва атрофи он маданияте ривоҷ меёбад, ки аз номи манзили Қавунчӣ ва сағонаи Ҷуно маданияти Қавунчию Ҷуно ном гирифтааст. Табақаҳои поёнии манзи-ли Қавунчӣ ба асрҳои II–I пеш аз милод мансубанд ва он то миёнаҳои ҳазор-солаи I пеш аз милод вуҷуд дошт. Димнаҳои Мингариқ, Олимбойтеппа, Кеҳиттеппа, Оқтеппа ва Шавушқумтеппа  ва ғ. ба ҳамин давра тааллуқ до-ранд.

Дар Хоразм ҳам шаҳру манзилҳои бисёре буд. Аз ҳама муфассалтар шаҳре тадқиқ шудааст, ки ҳоло Тупроққалъа ном гирифтааст. Тарҳи шаҳр росткунҷа буда, атрофи он (500х350 м) аз хишти хом деворе дорад, ки дар он тиркашу бурҷҳо будаанд. Аз мобайни шаҳр кӯчаи танге мегузашту дар ду тарафи он маҳаллаҳои калон ҷойгир буданд.

Бинои асосии шаҳр қасри мӯҳташами себурҷае буд, ки он қароргоҳи оли шоҳони Хоразм ҳисоб мешуд. Ин қалъаи фатҳнопазир, ки ба баландии 25 м қад афрохта буд, намуди босалобате дошт. Миёнҷои қаср майдони фарохе (80х80 м) буд. Хонаҳо дуошёна буданд. Якчанд толорҳои калон, аз ҷумла, то-лори азиме — «Толори шоҳон» (вусъаташ 280 м2) ёфт шудаанд.

Таг-таги девори «Толори шоҳон» қатор-қатор суфачаҳо сохта, онҳоро бо деворчаҳои паст аз ҳам ҷудо кардаанд. Дар ин суфачаҳо муҷассамаҳое гузо-шта шудаанд, ки шоҳу малика ва аъёну ашрофи Хоразм ва инчунин ху-доҳоро тасвир менамоянд. Дар девор ва даруни тоқчаҳо суратҳои бениҳоят дилкаш кашида шудаанд. Дигар хонаву толорҳои қаср ҳам бо муҷассамаву ҳайкалчаҳо ва бо нақшу нигор зинат ёфтаанд. Аз биноҳои хоҷагӣ ҳамон би-ноҳоеро ном бурдан лозим, ки гӯё як навъ «қӯрхонае» буданд. Инчунин боқимондаҳои архив  ба даст омадаанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *