Ҷамъияти Осиёи Миёна дар асрҳои V-IV пеш аз милод

Осиёи Миёна дар ҳайъати давлати Ҳахоманишӣ

Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо, қисмати муҳими Осиёи Миёна дар ҳайъати давлати Ҳахоманишӣ қарор гирифта буд. Дар навиштаҷоти Тахти Ҷамшед қайд шудааст, ки давлати Ҳахоманишӣ аз сарзамини «сакоиҳои па-си Суғд» то Кӯш (Эфиопия) масоҳати бузургеро ишғол мекард. Бо чунин ақида мумкин аст розӣ шуд, ки «сакоиҳои паси Суғд» ҳамон сакоиҳои он сӯи дарёи Сир мебошанд, яъне, онҳое, ки дар ҷараёнгоҳи боло ва қисман миёнаи ин дарёи Осиёи Миёна зистаанд . Хоразм, Суғд, Бохтар, Порт, аксари вило-ятҳое, ки сакоиҳои бодиянишин сукунат доштанд,– ҳама дар овони нашъунамои давлати Ҳахоманишӣ ба ҳайъати он дохил мешуданд.

Бохтар то охирин лаҳзаҳои мавҷудияти давлати Ҳахоманишӣ дар таҳти тасарруфи он буда, муҳимтарин маркази шарқии ин давлат ҳисоб меёфт. Нуфуси зиёд ва имкониятҳои фаровони иқтисодию ҳарбии Бохтар ва вило-ятҳои тобеи он мавқеи ин кишварро дар ҳаёти иқтисодӣ ва сиёсии тамоми қисмати шарқии давлати Ҳахоманишӣ муайян мекард. Аҳамияти Бохтар дар муборизаҳои сулолавӣ барои тахти шаҳаншоҳӣ низ хеле бузург буд. Зоҳиран, аъёну ашрофи бохтарӣ сиёсати ҷудоиталабиро ҷорӣ карда, дар ай-ни замон, гоҳо тарафи ин ва ё он даъвогари тахтро мегирифтанд ва кӯшиш мекарданд, ки дар умури давлат баробари форсҳо мавқеи роҳбарикунанда дошта бошанд .

Тамоми давлати Ҳахоманишӣ ба вилоятҳои молиётдиҳандаи ҳарбӣ, яъне сатрапиҳо тақсим гардида буд, ки онҳоро волиҳо (сатрапҳо) идора мекарданд. Чи навъе ки Геродот хабар медиҳад (III, 89-94), дар аҳди Дорои I (522-486 пеш аз милод) шумораи ин қабил вилоятҳо ба 20 мерасид. Волиҳо, ки бевосита ба подшоҳ итоат мекарданд, аксаран аз байни форсҳо таъин карда мешуданд. Вазифаи волӣ асосан аз ҷамъоварии андоз ва нигаҳдории қӯшун иборат буд . Вай инчунин ҳақ дошт бо ҳамсоягони итоатнакарда муносибат намояд ва бо ризоияти подшоҳ метавонист, ҳатто бар зидди онҳо лашкар кашад. Мансаби волӣ бештар меросӣ буд.

Боҷу хироҷғундорӣ аз муҳимтарин амалҳои дастгоҳи давлатӣ ҳисоб мешуд. Мувофиқи ислоҳоти дар соҳаи молиёт ҷорӣ намудаи Дорои I ҳар як вилоят мебоист андози солонаро бо пул адо кунад.

Ғайр аз ин, ба тариқи молиёти ҷинсӣ, яъне маҳсулоти зироатӣ ё ки ҳу-нармандӣ андоз мепардохтанд. Илова бар ҳамаи ин, боҷҳои дохилӣ ва ан-дозҳои роҳ низ вуҷуд доштанд. Махсусан, бо сарбоз таъмин кардани қӯшуни ҳахоманишӣ барои аҳолӣ бори гароне буд.

Аҳолӣ аз ин қабил андозу хироҷҳои зиёд ба азобу кулфатҳои тоқатшикан дучор мегардид. Вай барои додани молиёт аксар вақт замини худро ба су-дхӯрҳо гарав мегузошт ва ё ҳатто фарзандони худро ба ғуломӣ мефурӯхт.

Осиёи Миёна ба чор сатрапӣ тақсим шуда буд. Қабилаҳои кӯчманчии со-кини канораҳои баҳри Каспӣ, ба қавли Геродот, ба таркиби сатрапии ХI до-хил шуда, солона ба маблағи 200 таланти  нуқраи бобулӣ хироҷ медоданд. Хоразм, Суғд ва Порт сатрапии ХVI буда, 300 талант андоз мепардохтанд. Бохтар сатрапии ХII ба шумор рафта, 360 талант андоз медод. Ниҳоят, са-коиҳо вилояти ХV-ро ташкил намуда, ба маблағи 250 талант хироҷ медоданд.

Яке аз воситаҳое, ки Ҳахоманишиҳо аз аҳолии Осиёи Миёна андозҳои иловагӣ мегирифтанд, бастани дарғот буд. Аҳолӣ аз беобӣ ба танг омада, маҷбур мешуд, ки барои кушодани дарғот хироҷи иловагӣ бидиҳад. Геродот (III, 117) дар ин бора менависад: «…Вақте ки онҳо беоб монданд, бо аёли худ ба Форс мераванд, дар назди дари қасри подшоҳ ҷамъ шуда, доду фиғон мебар-доранд; подшоҳ аҳволи ин мӯҳтоҷонро дида, амр мекунад, ки дарғотҳоро ку-шода, обро ба сӯи дашт сар диҳанд. Ҳамин ки замин аз об сер шуд, боз дарғотҳоро мебанданд ва бо амри подшоҳ дарғотҳои дигарро барои дигар мӯҳтоҷони об боз мекунанд. Аз рӯи ривоятҳо ба ман маълум аст, ки подшоҳ ғайр аз андозҳои муқаррарӣ ба ивази кушодани дарғотҳо пули бисёр меситонад» (фосила аз ман.- Б. Ғ.).

Муайян кардани ин ҷои дарғот, ки аз рӯи суханони Геродот дар дарёи Акес воқеъ гардида будааст, кори хеле душвор аст. Бар тибқи ақидаи аксари муҳаққиқон, ин дарғот дар дарёи Теҷен – Ҳарируд аст, ки аҳёнан дарёи Мурғоб меноманд. Кӯшишҳои боз ҳам аниқтар муайян кардан ҳам ба назар мерасад .

Зоҳиран, дар аҳди ҳукмронии ҳахоманишиҳо иншоотҳои калони обёрӣ дар дасти (ва ё таҳти назорати) маъмурони ҳахоманишӣ қарор гирифта бу-даанд. Вазъияти аҳолии меҳнатӣ дар давраи ҳукмронии ҳахоманишиҳо фавқулодда вазнин буд. Қабилаву халқҳои озодихоҳи Осиёи Миёна муттасил ба муқобили ҷавру зулми подшоҳони форс шӯриш мебардоштанд.

Ҳанӯз аз нимаи дувуми асри IV пеш аз милод хоразмиҳо давлати му-стақили худро таъсис менамоянд. Дар ин вақт сакоиҳо ҳам аз тобеияти ҳахо-манишиҳо берун меоянд.

Давлати Ҳахоманишӣ тазоҳури равшани давлати ҳарбии ашрофии ғуломдорӣ ба шумор мерафт, ки табақаҳои ҳукмрон ва соҳибимтиёзи он аз форсҳо ва қисман аз мидиҳо иборат буданд. Дар маҳалҳо, алалхусус дар ви-лоятҳои аз марказ дури давлати Ҳахоманишӣ ҳокимияти маъмурони «худӣ», яъне осиёимиёнагӣ хеле қавӣ буд: инак, ҳахоманишиҳо ва ашрофи маҳаллӣ якҷоя ба аҳолии сатрапиҳои Осиёи Миёна зулму ситам мекарданд.

Сохти иҷтимоию иқтисодӣ, маданият

ва дини Суғд, Хоразм ва Бохтар

дар асрҳои VI–IV пеш аз милод

Сохти ҷамъиятии халқҳои шарқиэронии Осиёи Миёна дар давраи ҳукм-ро-нии сулолаи ҳахоманишиҳо, чунон ки аз тадқиқи тамоми сарчашмаҳои мавҷуда маълум мегардад, аз сохти ҷамъиятии эрониёни ғарбӣ моҳиятан фарқ мекард. Агарчи дар Осиёи Миёна ҳам муносибатҳои ғуломдорӣ та-раққӣ карда буд, асоси хоҷагиро меҳнати ғуломӣ ташкил намедод. Дар ин ҷо бақияҳои сохти авлодӣ бештар маҳфуз монда, ҷамоати рустоӣ мавқеи афза-лиятноке дошт. Барқароршавии ҳукмронии ҳахоманишиҳо дар бобати та-раққиёти минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии Осиёи Миёна роли дутарафа бозӣ кард: аз як тараф, ба тезтар инкишоф ёфтани муносибатҳои ғуломдорӣ имконият дода бошад, аз тарафи дигар ба ниҳоят хароб ва заиф гардидани иқтисодиёт оварда расонд. Сарватҳои бисёри он дар сурати боҷу хироҷ ва таҳвили молу ашё тороҷ мегардид, беҳтарин пешаварон барои кор кардан дар сохтмони қасрҳои подшоҳони ҳахоманишӣ аз ин мамлакат бурда мешу-данд.

Маълумоти археологие, ки аз кофтукови шаҳри кӯҳнаи Афросиёб (Са-марқанди қадима) ба даст омадаанд ва инчунин ахбори муаллифони қадим барои тавсиф намудани вазъияти Суғд дар он давра, ҳарчанд ба тарзи хеле умумӣ бошад ҳам, имкон медиҳанд . Дар ҳаёти Суғд махсусан зироаткорӣ, ки акнун дар он давра ба обёрӣ асос ёфта буд, мавқеи муҳиме ишғол мекард. Доир ба ин ҷиҳати охирин марҳилаҳои даврае, ки мавриди таҳқиқи мо қарор гирифтааст, сарчашмаҳои хаттӣ шаҳодат медиҳанд. Страбон (ХI, II, 5) дар ху-суси дарёи Политимент (Зарафшон) менависад: «Дарё ин маҳалро шодоб намуда (айнан – ташнагии ин мамлакатро шикаста.– Б.Ғ.) ба сарзамини биё-бону регзор мебарояд ва рег онро фурӯ мекашад». Эҳтимол меравад, ки дар ин ҷо ба рӯдхонаҳои сершумори суғдиён об дода, сипас, ба тарафи биёбон ҷорӣ гардидани Зарафшон дар назар дошта шудааст.

Дар қатори масканҳои рустоӣ, ки сокинони онҳо ба зироаткорӣ ва чо-рводорӣ машғул буданд, масканҳои шаҳрӣ ҳам ба вуҷуд меоянд. Калонтари-ни онҳо шаҳре буд, ки юнониҳо онро Мараканда ва мардуми маҳаллӣ Сма-раканда (Самарқанди ҳозира) меномиданд. Ин шаҳр то вақти истилои мақдуниҳо аз ду қисмат, яъне, аз арки бо хандақу девор иҳоташуда ва худи шаҳр, ки бештар аз 12-12,5 км тӯл дошт, иборат буд (Квинт Куртсий, VII, 6, 10). Шаҳр аз кадом як наҳре «об мехӯрдааст» – дар ин ҷо, зоҳиран, наҳрчаи Сиёб (Сиёҳоб) дар назар дошта шудааст.

Мувофиқи мадракҳои илми бостоншиносӣ, Самарқанди қадим (ё худ маркази он) дар ҷои харобаҳои шаҳри Афросиёб воқеъ гардида буд. Дар ҷа-раёни тадқиқи ин шаҳр нишонаҳои маскани асрҳои VI-IV пеш аз милод, ки дар қисмати шимолу ғарби Афросиёб вуҷуд дошта, тақрибан 50-70 гектарро ишғол мекардааст, пайдо карда шуд. Агар тамоми Афросиёбро умрону обод ҳисоб кунем, пас масоҳати он тахминан ба 200 гектар мерасад. Аз рӯи баъзе мадракҳо дар қисмати ҷануб маскани аввалин берун аз ҳудуди Афросиёб воқеъ гардида буд. Қалъаи шаҳри қадим мумкин аст дар ҷои қалъаи асри-миёнагӣ воқеъ гардида бошад.

Ба тӯли 12-12,5 км кашида шудани девори шаҳр, ки дар боло зикр гар-дид, муаммои сарбастаеро ба миён меорад. Дарозии девори канори Афро-сиёб қариб 5 км аст, аммо дар сарчашмаҳо девори 2,5 баробар аз он дарозтар ёдоварӣ мешавад. Ин тафриқа шояд аз он ҷиҳат сар зада бошад, ки шаҳри қадим метавонист на фақат дар ҳудуди Афросиёб, балки берун аз он ҳам ма-соҳати бузургтареро ишғол намояд.

Ҳангоми ҳафриёти Афросиёб дар табақаҳои ба ҳамон замон тааллуқ-дошта бақияи иморатҳои шаҳр (аз хишти хом ва гил), зарфҳои гирдаи бо чар-ху даст сохташуда, дегу дегчаҳои дуруштсохт, ҳамчунин белчаи оҳанӣ, доси оҳанин, оинаи биринҷӣ ва ғайра, ки дар бораи баъзе асбобу олот ва ашёи он-вақта тасаввурот пайдо мекунанд, ёфт шудаанд. Мӯҳри сангӣ бо тасвири подшоҳ ва ё худоёни камондардаст низ ба ҳамон давра мансуб аст .

Ғайр аз ин, масканҳои шаҳрии аз Мараканда хурдтар ҳам мавҷуд бу-данд. Бозори онҳо махсусан ба воситаи маснуоти пешаварони моҳири суғдӣ диққати тоҷирони мамлакатҳои гуногунро ба худ мекашид. Шумораи зиёди пешаварон ба сохтани олоти фулузӣ, тайёр кардани зарфҳо, ба бофандагӣ ва ғайра машғул мешуданд. Агарчанде хоҷагӣ асосан хусусияти натуралӣ дошт, ба ҳар ҳол мубодила мавҷуд буд. Аъёну ашрофи Суғд бар аъзои оддии ҷамо-ат беш аз пеш нуфуз пайдо мекард. Суғдиҳо бештар оини зардуштиро мепа-рас-тиданд. Дар баробари ин дигар дину мазҳабҳои аз сохти авлодӣ мерос-монда ҳам мавҷудияти худро нигаҳ медошт.

Чи навъе ки тадқиқоти экспедитсияи Хоразм муқаррар намуд, дар Хо-разми асрҳои VI-V пеш аз милод якчанд масканҳои калони истеҳкомноки аҳолинишин вуҷуд доштанд. Яке аз онҳо шаҳрчаи Гӯзалқир буд, ки намуди секунҷаро дошта, ба тӯли 1 км кашида мешуд. Муҳити берунаи ин шаҳрча саросар аз манзилҳои долонмонанде, ки бари онҳо аз 2,5 то 4 метр меомад, фароҳам гардида буд. Инҳо манзилҳои паноҳгоҳ буданд. Дар миёнаҷои шаҳр бинои хеле калон бо толорҳои фарох ва нақшҳои муназзам сохта шудааст. Шукӯҳу азамати ин бино дар пеши кулбаҳои ҳақири канораҳои шаҳрча як манзараи тазодеро ба назар мерасонид ва аз амиқтар гардидани таф-риқаҳои иҷтимоӣ ва молумулкӣ гувоҳӣ медод. Дигар аз ёдгориҳои онвақтаи Хоразм — маскани Дингилҷӣ мебошад. Дар ин ҷо ҳавлии серманзилаи беру-нишаҳрӣ, ки зоҳиран иқоматгоҳи шахси сарватманде аз ашрофи маҳаллӣ будааст, бо тамоми ҷузъиёташ омӯхта шуд. Шаҳрчаи Кулолгар бо толорҳои сутундори худ ба охири даврае, ки мавриди таҳқиқи мо қарор гирифтааст, тааллуқ дорад .

Марғиён бо саҳроҳои ҳосилхези худ шӯҳрат пайдо карда буд. Мувофиқи гуфтаҳои Страбон (1, 10, 102) замини Марғиён «…токҳои хубе мерӯёнад. Нақл мекунанд, ки дар ин ҷо аксар вақт чунон танаҳои ток дучор меояд, ки танҳо дар оғӯши ду кас ҷой мегирад ва дарозии ҳар як сари ангур ба ду олчин ме-расид». Дар ин ҷо хеле барвақт, ҳанӯз дар давраи пеш аз Ҳахоманишӣ, мас-канҳои бузурги шаҳрӣ пайдо шудаанд. Яке аз калонтарини онҳо дар ҷои Ғаюрқалъа – шаҳри қадимаи Марв воқеъ гардида буд. Қалъа дар болои суфаи хиштии хеле баланд сохта шудааст. Аз афташ, ин ҷо қароргоҳи ҳокими вилоят будааст. Он чи оид ба Ёзтеппа бошад, вай аҳамияти пештараи худро гум мекунад .

Шаҳрчаи Елкинтеппа, ки таҳқиқи он мавҷудияти системаи иншоот ва ис-теҳкомоти ҳарбиро нишон дод, дар шимоли Порт мавқеи муҳиме дошт .

Аз рӯи мушоҳидаҳои археологӣ, ҳанӯз дар ҳамон вақтҳо дар воҳаи Марв каналҳои калони обёрикунанда, ки яке аз онҳо аҳолии Ғаюрқалъа ва саҳроҳои атрофи онро аз об таъмин мекард, вуҷуд доштанд. Археологҳо дар ҷои харобаҳои ин шаҳр бисёр чизҳои сафолӣ, муҷассамачаҳо ва дигар масну-от, аз ҷумла пайконҳои скифии аз биринҷӣ сохташударо дарёфт намудаанд.

Дар Бохтар зироаткорӣ машғулияти асосии аҳолӣ ҳисоб мешуд. Квинт Куртсий менависад: «Табиати Бохтар гуногун аст: дар он ҷо токҳои ангур ҳосили пурбор ва ширин медиҳад; оби фаровон замини тафсонро шодоб ме-кунад; дар заминҳои ниҳоят ҳосилхез ғалла корида, боқимондаи он ба чаро-гоҳи гову гӯсфандон табдил дода шудааст, вале қисми зиёди замин дашти бесамар мебошад». Плиний дар бораи дар Бохтар парвариш карда шудани рустаниҳои ғалладонае, ки ҳар як донаи он аз ҷиҳати ҳаҷм бо хӯшаҳои муқаррарӣ баробар аст, хабар медиҳад. Зироат ҳам лалмӣ ва ҳам обӣ буд. Чунончи, дар асрҳои V-IV пеш аз милод аз Вахш канал кашида буданд, ки тахминан ба шохаи ҳозираи Ҷӯйбори Боло мувофиқат мекард. Дар мин-тақаи обёрии ин канал қариб 50 км мураббаъ замин мавҷуд буд .

Ҳафриёти Балх нишон дод, ки қадимтарин табақаҳои он ба охири нимаи аввали ҳазораи I пеш аз милод тааллуқ доранд . М.М.Дяконов дар вақти кофтукови харобаҳои Қалъаи Мир дар поёноби дарёи Кофарниҳон (райони Қубодиёни РСС Тоҷикистон) доир ба маданияти Бохтари шимолӣ матери-алҳои ҷолиби диққат ба даст овард. Дар ин ҷо, яъне дар асосгоҳи маскане, ки то револютсия вуҷуд дошт (он вақтҳо ин ҷо маҳалли таваққуфи бекҳои Қубо-диён буд), як силсила иқоматгоҳҳои хеле вайронгардидаи давраи қадими бо-хтарӣ пайдо карда, аз он ҳашт хонаи камбари аз хишти мураббаъ биноёфта кушода шуд. Девори берунии хонаҳо назар ба дигар деворҳо ғафстар буд. Дар ин ҷо бисёр зарфҳое, ки ба зарфҳои Самарқанд ва Марви қадима мо-нандӣ доштанд, инчунин пайконҳои биринҷии марбут ба асрҳои VII-V пеш аз милод ва маснуоти оҳанӣ, аз қабили сӯзан, корд ва ғайра ёфт шуданд. Аз рӯи кашфиёти археологӣ маълум мешавад, ки бошандагони ин деҳа ба касбу пешаи кулолӣ, бофандагӣ, оҳанолотсозӣ ва биринҷигудозӣ, инчунин ба корҳои хоҷагии қишлоқ – зироаткории обӣ ва чорводорӣ машғул буданд . Дигар аз масканҳои асрҳои V-IV пеш аз милод маскани Булдонтеппа, ки дар водии Вахш, наздикии шаҳри Қӯрғонтеппа кофта ёфтаанд .

Аз рӯи чизҳое, ки ба таркиби ба истилоҳ «Дафинаи Амударё» дохил ме-шаванд, яъне аз рӯи маҷмаи миқдори зиёди ашёи заргарии асосан аз симу зар сохташуда (ҳамагӣ 180 адад, аввалҳо зиёдтар будааст) ва низ пулҳои тилло ва нуқра дар бораи дараҷаи тараққиёти пешаи санъатварӣ дар Бохтар фикру мулоҳиза рондан мумкин аст. Ҳамаи ин тиловорро дар соли 1877 тоҷирони бухо-роӣ аз бошандагони яке аз маҳалҳои райони Қубодиён харида ба Ҳин-дустон бурданд, ки баъдҳо ин бозёфтҳо ба дасти олимон афтод. Асли таърихи ба вуҷуд оварда шудани ин маҷмаи ашёи заргарӣ ҳанӯз маълум нест . Ис-теъдоди санъаткории бохтариёни қадим, ҳунари заргарии ҳайратафзои онҳо дар бисёр ашёи «Дафинаи Амударё» ба таври барҷаста муҷассам гардида-аст. Чунончи, аробаи дучархаи ҷангии тиллоӣ, ҳайкалчаи нуқрагии одам, сафҳаи тиллоие, ки дар рӯи он сурати барҷастаи одам кашида шуда, либос ва аслиҳаҷоти ӯ бо тамоми ҷузъиёташ тасвир ёфтааст, бозубанди тилло, ки нӯгҳои он ба шакли сари буз зинат дода шудааст, муҷассамаи тиллоии гавазн ва бисёр чизҳои дигари моҳирона сохташуда ба гуфтаи боло далолат меку-нанд.

А. Каннингэм чунин мепиндошт, ки ин хазинаи хусусии кадом як хо-наводаи ашрофи бохтарист. Р.Гиршман фарзияе пеш ниҳод, ки дафинаи Амударё як қисми хазинаи маъбади машҳури дар Бохтар будаи Анаҳито аст, ки эҳти-мол, дар вақти ҳамлаи қӯшуни Искандари Мақдунӣ ва ё Салҷуқи I хароб гар-дида бошад. Ин фарзияро Р.Бэрнетт, ки зимнан санаи дертари анҷоми таҳни-шасти дафинаро (асри II пеш аз милод) пешниҳод кард, та-рафдорӣ намуд .

Дар он вақтҳо дар қисмати шимолии Тоҷикистон ҳам як қатор шаҳрҳои калону хурд вуҷуд доштанд. Аз он ҷумла шаҳре буд, ки онро юнониҳо Киро-пол меномиданд (дар ноҳияи Ӯротеппаи ҳозира).

Дар сарзамини паҳноваре, ки тоифаҳои сакоӣ иқомат доштанд, низ ёд-гориҳои мухталиф мавҷуданд. Дар Помири шарқӣ қӯрғонҳои дафнгоҳ кашф гардиданд. Мурдаро ба қабрҳои на чандон чуқур кофташудаи лаҳаднок дафн мекарданд. Баъзан ҷасадҳои ҷуфт гӯркардашуда низ вомехӯранд. Дар Ҳафтруд қӯрғонҳои калони дорои хонаҳои чӯбин ва дар маҳалҳои назди Арал, байни дарёҳои Аму ва Сир мақбараҳои калони мураккабсохти аъёну ашрофи сакоӣ ёфт шудаанд. Дар худи ҳамин маҳалҳо масканҳоеро, ки эҳти-молан ба сакоиҳо нисбат медиҳанд, пайдо кардаанд.

Ҳафриёти қабристони сакоиҳо, ки дар поёноби Сирдарё воқеанд, имкон дод, ки дар бораи сохти иҷтимоии ҷамъиятии сакоиҳо баъзе мулоҳизаҳои муҳим пеш гузошта шавад. О.А.Вишневская қабристони Ӯйгаракро тадқиқ намуда, диққати муҳаққиқонро ба ҳамин ҷалб намуд, ки хоктеппаи ин қаб-ристонҳои равшан ба се гурӯҳ тақсим мешаванд ва зимнан дар ҳар се гурӯҳ тарзи ба ҳамон гурӯҳҳо хоси дафн ва асбобу ашёи ба ҳамон гурӯҳ хоси дохили қабрҳо ба назар мерасад. Масалан, дар қабрҳои гурӯҳи шарқӣ дар маросими дафн оташро бисёр кор мефармудаанд ва дар гӯри занҳо ҳатман тахтасанги ниёз мемондаанд, ки ин гуна тахтасанг дар қабрҳои дигар гурӯҳҳо ниҳоят кам вомехӯранд ва хеле дағал сохта шудаанд. Яроқу аслиҳа фақат дар қабристони гурӯҳи марказӣ гузошта шудаанд. Дастос фақат дар гӯрҳои қабристонҳои гурӯҳи ғарбӣ ва марказӣ ба назар мерасанд .

Ҳамаи ин қонуниятҳо ба Е.Е.Кузмина имкон доданд сохти қабристони Ӯйгаракро бо ҳамон қоидаи анъанавӣ, ки ҷамъияти халқҳои қадими эрониро ба се табақа тақсим менамояд, муқоиса кунад. Мувофиқи ин қоида, ҷамъият ба се гурӯҳ (ё худ, бо истилоҳи баъзе муҳаққиқон, ба се каста) тақсим меша-вад: ҷанговарон, коҳинон ва аҳли озоди ҷамоат. Қабрҳои гурӯҳи марказии Ӯйгарак бояд аз они ҷанговарони савора бошад, қабрҳои гурӯҳи ғарбӣ, ки сохташон ҳам оддитар ва ашёи онҳо низ камтар аст, бояд аз они аҳли зиро-аткори ҷамоат ва косибон бошад; қабрҳои гурӯҳи шарқӣ ба онҳое тааллуқ доранд, ки вазифаи коҳиниро адо мекардаанд .

Тасдиқи ба ин се гурӯҳ тақсим шудани ҷамъияти сакоиҳоро, эҳтимол, аз асарҳои муаррихони антиқа дарёфта метавонем, ки онҳо мардумони ин ноҳияро ба қалам додаанд. Масалан, Плинии Калонӣ мардумони сокини ноҳияҳои шимолии Осиёи Миёнаро зикр карда, аз ҷумлаи онҳо котиерҳо ва эвхатҳоро ном мебарад (Pliny, VI, 19). Аз афти кор, ин номҳо номи ҳамон ка-тарҳо ва авхатҳо мебошад, ки мувофиқи маълумоти Геродот (IV, 6) номи ав-лоди скифҳои Европаро ифода менамояд ва ин скифҳо аз ду бародарони афсонавӣ, ки саравлоди тамоми скифҳо ба шумор мераванд, пайдо шуда бу-даанд (авлоди севуми скифҳо, ки аз бародари хурдӣ пайдо шуда будаанд, па-ралатҳо ном доштанд). Ҳам этимологияи ин номҳо ва ҳам он атрибутҳое, ки ривояти скифҳо ба намояндагони он авлодҳо ва ба асосгузорони он авлодҳо нисбат медиҳанд, ба муҳаққиқон имкон доданд, ки ривояти ба авлодҳо тақсим шудани скифҳоро тасдиқи тақсимоти иҷтимоӣ, тақсимоти табақавие шуморанд, ки ба қоидаҳои анъанавии мазкури тақсимоти ҷамъиятии халқҳои қадими эронӣ мувофиқат дорад . Умумияте, ки дар вақти скифҳои Европаро тасвир кардани Геродот ва қавмҳои ба онҳо наздики сакоии Осиёи Миёнаро тасвир кардани Плиний ба назар мерасад, ба мо имкон медиҳад даъво кунем, ки анъанаи ривояти скифҳо ҳам ба худи онҳо нисбат дораду ҳам ба сакоиҳо . Ин даъвои моро тадқиқи сохти қабристони Ӯйгарак ҳам тасдиқ мекунад.

Худи ҳамин умумият ва, ҳеҷ набошад, қаробати скифҳои ноҳияҳои назди баҳри Сиёҳ ва сакоиҳои Осиёи Миёнаро аз рӯи он атрибутҳое ҳам дидан мумкин аст, ки нишони рамзии намояндагони ин ё он гурӯҳи иҷтимоӣ ме-бошанд. Ба қавли Геродот (IV,5), ин нишонаҳои рамзӣ табарзин (нишони ҷанговарон), юғу омоч (нишони аҳли зироат) ва ҷом (нишони коҳинон) аст. Ин чизҳо мувофиқи ривояти скифҳо аз осмон афтида будаанд. Дигар муар-рихи дунёи қадим Квинт Куртсий Руф (VII, 8,34) чанд ашёро ном мебарад, ки сакоиҳо онҳоро чун чизҳои худофиристода парастиш мекардаанд. Ин чизҳо найзаву тир барои дафъи душман, юғу омоч – барои баҳрабардорӣ аз замин ва ҷом барои адои ибодат будаанд. Маҳз ҳамин ҷиҳати масъала, яъне зикри барои кадом кор даркор будани ин чизҳо равшан нишон медиҳад, ки онҳо дар ҷамъияти сакоиҳо, пеш аз ҳама, нишони рамзии гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ буданд. Ба истиснои ба ҷои табарзин ном бурдани найзаву тир, ин нишонаҳои рамзии ҳам скифҳо ва ҳам сакоиҳо айнан якхелаанд .

Дар бораи сохти сиёсии ҷамъияти сакоиҳо мо маълумоти казоӣ надорем. Дар сари қабилаҳои сакоӣ шоҳ меистод. Полиен (VII,12) аз ҷанги сакоиҳову Доро сухан ронда, се шоҳи сакоиро ном мебарад. Мумкин аст онҳо шоҳони се қабилаи мустақили аз ҳам ҷудое бошанд, ки фақат дар вақти ҷанг муттаҳид шудаанд. Вале ин нуктаро дигар хел шарҳ додан ҳам мумкин аст. Геродот (IV,120) нақл мекунад, ки дар сари скифҳои ноҳияи назди баҳри Сиёҳ се под-шоҳ меистод ва яке аз онҳо подшоҳи асосӣ буд. Мувофиқи ривояти скифҳо ин тарзи якбора ҳукмронӣ кардани се шоҳ дар давраҳои афсонавии қадимтарин пайдо шуда будааст (Геродот, IV,7). Чи тавре мебинем, дар ин ҷо ҳам қароба-ти ривоятии скифҳои Европа ва сакоиҳои Осиёи Миёна равшан зоҳир шуда-аст .

Эътиқоди диниву мазҳабии аҳолии Осиёи Миёна яксон ва якранг набуд. Дар вилоятҳо ҳазорӣ, дар байни аҳолии муқимӣ оини зардуштӣ паҳн гар-дида, кешҳои гуногуни маҳаллиро дарбар гирифта буд. Дар хусуси мазмуни воқеии тасаввуроти динии мардумони он замон ҳанӯз яқинан чизе гуфтан душвор аст. Эҳтимол меравад, баъзе тоифаҳои сакоӣ ҳам оини зардуштиро қабул карда, дар байни қавму тоифаҳои дигар ҳамон тасаввуроти диние, ки асоси он аз парастиши яздони меҳр – Аҳуро-Маздо (ё худ Митра) фароҳам омада буд, ҳукмфармоӣ менамуд .

Санъати сакоиҳо ва, пеш аз ҳама, сабки тасвири ҳайвон, ки дар он за-монҳо дар саросари даштҳои паҳновари Евросиё паҳн шуда буд, бо ақидаҳои динии сакоӣ алоқаи зич дорад. Вале масъалаи аҳамияти ин образҳо ҳоло ҳам масъалаи баҳснок мебошад. Ба ақидаи баъзе муҳаққиқон, ин образҳо инъикоси ақидаҳои хурофии сакоиҳост, ба қавли дигар муҳаққиқон, ин об-разҳои ҳайвонсимо тасвири худоҳои скифу сакоӣ мебошад. Ба ҳар ҳол, ин масъала ҳоло торик аст ва тадқиқи муфассалро тақозо дорад. «Дафинаи Амударё» барои омӯзишу тадқиқи ақидаҳои динию хурофотии халқҳои қа-дими Осиёи Миёна аҳамияти калон дорад. Гуфтан мумкин, ки дар ин дафи-на беш аз ҳама анъанаи санъати бохтарҳо ва сакоиҳои кӯчманчӣ акс ёфта-аст . Вале, чи тавре ки дар боло ҳам инро қайд кардем, масъалаи тавзеҳи эт-никӣ ва мадании ин дафина ҳанӯз масъалаи басо баҳснок мебошад.

Дар давлати ҳахоманишӣ ба истилоҳ тақвими хурдавестоӣ ҷорӣ шуда буд. Ин тақвим аслан ба тақвими шамсии Миср, ки ҳар сол аз 12 моҳи сирӯзӣ ва панҷ рӯзи илова фароҳам меомад, шабоҳат дошт. Моҳ ва рӯзҳои ин тақвим бо номи худоён ва шахсони асотирии мансуб ба оини Зардуштии «Хурд-Авесто», ки дар «Готҳо» зикр гардидаанд, инчунин бо номи дигар худоёни эронӣ (аз ҷумла, ононе, ки Зардушт яқинан мункир шудааст) тасмия ёфта-анд. Ин тақвим дар байни мардуми эронинажод ба таври васеъ паҳн гардида буд. Ёдгориҳои хаттии марбут ба Суғд, Хоразм ва Порт дар замонҳои қадим ва ибтидои асрҳои миёна дар сарзамини Осиёи Миёна мустаъмал будани онро шаҳодат медиҳанд. Тақвими форсии миёна ва тақвими аз он баромадаи форсии нав дар заминаи ҳамин тақвим ба вуҷуд омадааст (номи моҳҳои тақвими шамсии имрӯзаи Эрон аз номи худоёни «Хурд-Авесто» гирифта шудааст). Номи моҳҳои ин тақвими қадима дар ёдгориҳои хаттии баъзе ди-гар кишварҳои Осиёи Наздик, аз ҷумла, дар Арманистон низ дучор меояд .

Он вақтҳо дар байни қавму тоифаҳои Осиёи Миёна достоне, ки дар «Аве-сто» ҳам инъикос ёфта буд, ривоҷ дошт. Тавассути ривояти Ктесий порчае аз қиссаи маликаи Заррина ва Стриангеи мидӣ маҳфуз мондааст. Дар он нақл карда мешавад, ки Заррина пас аз фавти шавҳараш подшоҳи сакоӣ ба Мар-мар ном ҳокими вилояти портҳо хонадор мешавад. Подшоҳи мулки Форс ба муқобили Мармар лашкар мекашад. Дар вақти муҳориба «Стриангей ном марди мидӣ як зани сакоиро аз асп фурӯ меандозад – занҳои сакоӣ воқеан ҳам савораи хуб буда, мардонавор меҷанганд. Ӯ ба маҳзи дидани ин зани соҳибҷамол ва мисли гул шукуфон вайро зараре нарасонида, сар медиҳад». Пас аз чанд вақт худи Стриангей ба дасти шавҳари вай асир меафтад. Дар дили Стриангей нисбат ба ин зани соҳибҷамол оташи ишқ шӯълавар мегар-дад ва зоҳиран чунин эҳсос дар дили зан ҳам пайдо мешавад. Вале шавҳари вай Стриангейро куштанист ва ҳеҷ як зорию таваллои зан ӯро аз ин қасд боздошта наметавонад. Он гоҳ Заррина асиронро раҳо карда, бо кӯмаки онҳо шавҳарашро мекушад ва бо Стриангей «унсият меварзад» (Ктесий, фиқраҳои 7 (26), 8а (27) ва ғ.).

Ба ақидаи як қатор олимон, ин асаре аз достони сакоист, аммо баъзеҳо чунин тахмин доранд, ки он намунае аз офаридаҳои мидӣ аст. Ба назари мо, ақидаи аввалӣ саҳеҳтар менамояд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *