Хоҷагӣ ва муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ — Донишхона

Хоҷагӣ ва муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ

Иқтаъ ва заминдории шартӣ дар асрҳои ХI–ХII

Дар асрҳои ХI–ХII иқтаъ ва иқтаъдорӣ, яъне ба тариқи хизматона инъом карда шудани заминҳои кишт хеле ривоҷ ёфт, вале ин усул барои давлатҳои Ғазнавиён, Қарохониён, Салҷуқиён ва Хоразмшоҳиён якранг ва яксон набуд. Ҳангоми аз нуқтаи назари муайяни таърихӣ таҳқиқ намудани мавқеи иқтаъ дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии ҳар яке аз ин чор давлат инро ҳам бояд дар назар дошт, ки ҳукмронон ва арбобони давлатии дурбин ва оқибатандеши онвақта ба таназзули иқтисодӣ ва сиёсии ҳокимияти марказӣ оварда расони-дани ривоҷи иқтаъро ба  хубӣ  мефаҳмиданд. Дар ин бобат ҳикояти Олтун-тош қоиммақоми Хоразми аҳди Маҳмуди Ғазнавӣ ҷолиби диққат аст. Хи-роҷи Хоразм аз маоше, ки Олтунтош ҳамчун қоиммақом мегирифт, ду ба-робар кам буд. Олтунтош ба вазири султон Маҳмуд чунин пешниҳод намуд: ӯ хироҷи Хоразмро ба фоидаи худ нигоҳ медорад ва бақияи ҳаққи худро аз хазинаи султон мегирад. Вазир пешниҳоди Олтунтошро нафақат рад кард, балки гапҳои талх ҳам зад: «Бигузор, ба амир Олтунтош маълум бод, ки вай Маҳмуд наметавонад буд. Ҳеҷ гоҳ хироҷе, ки ӯ барои он масъул аст, ба ӯ дода нахоҳад шуд. Хироҷро бистон ва ба хазинаи султон таҳвил бидеҳ, пас мавоҷиб биталаб… Чӣ хавфи бузургест барои ғуломе, ки дар садади ширкат ба ҳукм-ронии подшоҳи худ бияфтад».  Ҳуқуқи ба фоидаи худ ҷамъ кардани хироҷро соҳиб шудан аввалин шакли иқтаъдорӣ буд. Иқтаъ на ин ки барои «ғулом», балки барои подшоҳ «хавфи бузурге» дошт. Бинобар ин ҳукумат, агар қувваи кофӣ ва имкони иқтисодии бидуни инъоми замин адо кардани хидматона мавҷуд бошад, ҳамеша кӯшиш мекард, ки ба ивази хидмат пули нақд би-диҳад.

Мувофиқи шаҳодати Низомулмулк, Сомониён ва Ғазнавиён «…иқтаъ намедоданд, балки ба ҳар яке дар як сол чор бор аз хазина ба тариқи нақдина маош медоданд. Ва онҳо ҳамеша аз  ин қонеъ ва хушнуд буданд. Омилҳо хи-роҷ ҷамъ карда, ба хазина месупурданд ва аз хазина бад-ин тариқ боре дар се моҳ маош мегирифтанд».  Низомулмулк дар ин ҷо фақат роҷеъ ба қӯшун сухан меронад. Ин гуфтаҳои Низомулмулкро бо баъзе қайду шартҳо асосан дуруст эътироф кардан мумкин аст. Дар аҳди Сомониён иқтаъ хеле ривоҷ дошта бошад ҳам, бо сабабҳои маълум онро фақат аҳли сулола ва ё дарбори-ёни олимартаба соҳиб мегардиданд, ба қӯшун бошад, маош дода мешуд. Ду-руст аст, ки дар аҳди Ғазнавиён қӯшун ҳам аввалҳо иқтаъ мегирифт, вале Са-буктегин (977–997) инро манъ карда, ба қӯшун аз ҳисоби хазина маоши мун-тазам таъин намуд. Ин ҳолат баъдҳо, дар аҳди хукмронии ду-се насли вори-сони ӯ низ давом кард.  Бо вуҷуди ин, дар аҳди Ғазнавиён ҳодисаҳои ҷудого-наи инъоми мулкҳои калон воқеъ мегардид, лекин ин навъи подош дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии онон, чи навъе ки дар замони Сомониён буд, мавқеи ба назар намоён надошт.

Ба ин тариқа, дар аҳди Ғазнавиён бахшишҳои феодалӣ, ҳатто дар айни авҷи нашъати ин салтанат камтар аз аҳди ҳукмронии Сомониён буд; ҳукума-ти марказӣ аз тақсими иқтаъ худдорӣ карданро мақсади асосӣ қарор дода, дар роҳи иҷрои ин маром ба имконоти иқтисодии худ такя мекард.

Аммо вазъият дар аҳди Салҷуқиён тамоман дигар буд. Ҳарчанд мисли Низомулмулк шахсони пешқадами замон оқибатҳои зиёновари васеъ ҷорӣ намудани иқтаъ ва иқтаъдориро хеле хуб фаҳмида, барои пешгирӣ кардани он чораҳо меандешиданд, ин усул торафт бештар ривоҷ меёфт. Ҳукмронони салҷуқӣ ба аъёну ашроф ва соҳибмансабон инъомҳои бузург ва ба қувваҳои аскарӣ бахшишҳои зиёде ато мекарданд.

Иқтаи сарбозон сар то сари мамлакатро фаро гирифта буд. Иқтаъдор ҳақ дошт, ки як қисми даромади замини киштро ба фоидаи худ истифода намояд. Вале дар амал вай ба васеътар шудани ҳуқуқи худ саъй мекард. Ни-зомулмулк чандин мартаба бо ҳар баҳона изҳор менамояд, ки муқтаъ (иқтаъдор) набояд аз доираи ҳуқуқе, ки ба ӯ дода шудааст, берун барояд ва ҳокимияти марказиро лозим аст, ки аз болои он назорат кунад: «Иқтаъдо-рон, ки иқтае доранд, бояд бидонанд, ки эшонро бар раоё ҷуз он фармон нест, ки моли ҳақ, ки ба эшон супорида шудааст, аз онҳо биситонанд ба ваҷҳе некӯ ва чун онро ситониданд, раоё ба тан, мол, фарзандон, асбоби худ ва ғайра аз онҳо эмин бимонанд».

Аҳволи барзгарон дар заминҳои иқтаъшуда як хел набошад ҳам, вале умуман вазнин буд. Барзгарон бо ихтиёри худ аз як ҷо ба ҷои дигар рафта наметавонистанд. Баъзе сарчашмаҳо дар бораи меҳнати маҷбурии онон маълумот медиҳанд. Районҳои тамом, ки ҳоло дар ҷануби Туркманистон воқеанд, дар вақташ ба тариқи иқтаъ ба шахсони ҷудогона инъом гардида буданд.  Масъалаи иқтаъ ва иқтаъдорӣ дар давлати Қарохониён на он қадар равшан аст. В.В.Бартолд ва А.Ю.Якубовский чунин ҳисоб мекарданд, ки дар давлати Қарохониён усули амлокдорӣ боло гирифта, иқтаъ ба дараҷае паҳн шуда буд, ки онро метавон шакли ҳукмрони заминдории онвақта донист.  Ин ду муҳаққиқи маъруф аз рӯи қиёси давлати салҷуқӣ чунин натиҷа баро-варда буданд.

О.Г.Болшаков  ба равияи умумии тараққиёти муносибатҳои феодалии Шарқи Наздик ва Миёна комилан мутобиқ будани ин хулосаро тасдиқ наму-да, дар айни замон дурустии чунин тарзи муҳокимаро, ки ба як шабоҳат асос ёфта, худ ба худ имкони тафовутро аз байн мебарад, ба зери шубҳа гирифта-аст. Ӯ доир ба усули амлокдорӣ дар давлати Қарохониён ин тариқа му-лоҳизаро пеш меронад: аз рӯи далелҳои Е.А.Давидович, ҳатто дар айёми нашъунамои давлати сомонӣ ғайр аз мулкҳои вассалӣ, аз қабили Хоразм, Чағониён ва Хатлон, мулкҳои калони инъомшуда низ мавҷуд буданд. Дар даҳсолаҳои аввали ҳукмронии Қарохониён Мовароуннаҳр ба бисёр мулк ва мулкчаҳо тақсим шуда буд. Вале пас аз таъсиси давлати мустақил дар ин ҷо тақрибан ҳамон вазъияте, ки дар аҳди Сомониён вуҷуд дошт, дубора ҳукм-фармо гардид. Пас ҳеҷ як асосе нест, ки усули амлокдории давлати Қарохо-ниён ва давлати Сомониёнро (ҳарчанд бо баъзе тафриқаҳо бошад ҳам) бо ҳам муқобил гузорем.

Умуман, дурустии ин тарзи таҳқиқ ва натиҷаҳои онро эътироф накардан мумкин нест. Бо вуҷуди ин, баъзе тасҳеҳ ва илова кардан лозим меояд. Агар бахшишу инъомҳоеро, ки ба ивази хизмат дода мешуданд, аз рӯи аломати иҷтимоӣ ба ду гурӯҳ: «хӯронидани» қӯшун ва бахшишҳои калон ба аъзоёни сулола ва амалдорон ҷудо намоем, барои муҳокима рондан доир ба бахши-ши гурӯҳи аввал дар аҳди Қарохониён ҳоло, дар ҳақиқат ҳам, далелҳои кон-крети таърихӣ вуҷуд надоранд. Он чӣ оид ба гурӯҳи дувум бошад, аз сик-каҳои қарохонӣ баъзе маълумот ба даст овардан мумкин аст. Дар ибтидои асри ХI давлати Қарохониён воқеан ҳам ба бисёр мулкҳои калону хурд тақсим шуда, муносибатҳои тобеият ва силсилаи маротиби серзинаи фео-далӣ хеле равшан ба зуҳур омада буд. На фақат аҳли сулола, балки дигар намояндагони табақаи ҳукмрон низ ба мавқеи вассали мулкдорони калон расида буданд. Баъдтар зикри соҳибони вассал дар сиккаҳо торафт камтар мешавад, вале тамоман аз байн намеравад. Дар замони асосгузори ҳақиқии давлати хоқонии Қарохониёни ғарбӣ, ки марказаш Самарқанд буд, Иброҳим Тамғочхон ҳам дар чанде аз сиккаҳо ному унвони соҳибони мулкҳои хурд–вассалони ӯ зикр ёфтаанд.  Ҳатто дар нимаи дувуми асри ХII, вақте ки давла-ти Қарохониёни Осиёи Миёна ба дасти хонадони фарғонӣ қарор мегирад, на танҳо сардорони сулола, ки дар Самарқанд менишастанд ва на танҳо сардо-рони мулки Фарғона, ки дар Ӯзганд сукунат доштанд,  балки гоҳо соҳибони мулкҳои хурд, масалан, дар Марғиён ва Бинокат ҳам, ба ихтиёри худ пули сикка мебароварданд.

Таассуроте ба вуҷуд меояд, ки авҷ гирифтани тамоили марказиятдиҳӣ пас аз таъсиси давлати мустақили қарохонии пойтахташ Самарқанд усули амлокдориро, ки дар ибтидои асри ХI муқаррар гардида буд, аз миён набар-дошта, фақат ҳуқуқи соҳибони мулкро маҳдуд гардонид ва, аз афташ, миқдо-ри ин қабил мулкҳоро кам намуд. Ин аст, ки соҳибони мулкҳои хурд аз ҳамин вақт сар карда фақат аҳёнан номи худро дар сикка сабт мекарданд. Ғайр аз ин, агар Сомониён ба муқобили кӯшишҳои ба мулки меросӣ табдил додани мулкҳои инъомӣ мубориза бурда ва гоҳо муваффиқият ба даст овар-да бошанд, дар аҳди Қарохониён, чунон ки аз сиккаҳо маълум мешавад, ба мерос гузоштани чунин мулкҳо як ҳодисаи маъмул мегардад. Ҳақ ба ҷониби О.Г.Болшаков аст, ки барои сухан рондан дар бобати муқобилгузории давлатҳои Сомониён ва Қарохониён ҳоло ягон далел ва асосе мавҷуд нест. Ле-кин доир ба инкишофи «пешравандаи» минбаъдаи иқтаъ ва усули амлок, бо чунин як таъкид, ки ин ҳам як ҷараёни муттасили бомайлон набуд, метавон сухан ронд.

Баёни вазъияти давлати Хоразмшоҳиён басе осонтар аст. Дар асари ёдо-варишудаи котиби шахсии Хоразмшоҳ — Текиш (1172– 1200) Муҳаммади Бағдодӣ якчанд ҳуҷҷати марбут ба вилояти Насо мавҷуд аст. Он вақтҳо дар ҳаёти сиёсии канорҳои ҷануби давлати Хоразмшоҳиён феодалҳои ғуз мавқеи калон доштанд. Текиш ба яке аз феодалони номдори ғуз — Туғоншоҳ ноҳияи калонеро дар ин вилоят ба тариқи иқтаъ инъом намуд. Аз ярлиқ маълум мешавад, ки ба Туғоншоҳ ҳуқуқи комили масуният дода шудааст. Рӯҳониён, қозиҳо, уламо, давлатмандон, «ҳукамо», «саркардаҳо», заминдорон ва дигар табақаи одамон ба ӯ итоат мекарданд. Шиҳна – ҳокимони деҳ ва музофот, мутасаррифон – маъмурони молияву хироҷ (дар дастгоҳи ҳукумати марказ ва маҳалҳо), инчунин идоракунандаи обёрӣ ва омилон – ғундорандагони хи-роҷ — ҳама дар зери итоати соҳиби иқтаъ буданд. Дар ярлиқ ба иқтаъдор чу-нин дастури амал зикр ёфта буд: «Бигузор, ӯ ҷазояшро диҳад, то ки му-ставфии хироҷ ва мутасаррифон ба зевари инсоф ва эътимод ороста гарданд, то ки онҳо аз фасод ва фориғболӣ орӣ бошанд, то ки ҳатман ва ҳаққан (мано-феи аҳолиро) ҳимоя кунанд, то ба ҷуз молиёти муайян ва хироҷи маълум ди-гар андозе (ягон молиёти наве) аз барзгарон наситонанд, то (ба сари онҳо) ягон маҷбурияти берун аз одат наниҳанд ва (он чӣ таъин мешавад) ҳамчун навии ошкоро номақбулест, ки на Холиқ розӣ асту на халқ».

Дар ин панди бообуранг ҳамчунин зарурати ҳифзи номуси зан, молу мулк ва ҳаёти аҳолӣ, таъмини бехатарии хонаву ҷой ва ғайра таъкид шудааст. Аз ин ҳама чунин бармеояд, ки соҳибони ваколатдори иқтаъ, дар воқеъ, ҳам-чун ситампешагону ғоратгарони ошкор буда, чунон ки дар санад гуфта ме-шавад, «мусулмонро маҷбур ба фирор менамуданд».

Қисмати аз иқтаи Туғоншоҳ берунмондаи вилояти Насо ба мулки худи Хоразмшоҳ Текиш дохил мешуд. Текиш онро ба воситаи қоиммақом идора мекард. Ба ин қоиммақом мавоҷиб таъин гардида, илова бар ин, баъзе маҳалҳо ба тариқи иқтаъ инъом шуда буд. Дар ярлиқи ба қоиммақом тақдимшуда хотирнишон мегардид, ки ӯ дар заминҳои иқтаи худ метавонад барояш хироҷ ғундорад, ба ӯ «калиди ҳаллу фасл ва банду баст, амри иҷро ва манъ» дода шудааст, «Бигзор, ӯ ба ноибони худ бигӯяд, ки онҳо дар вақти та-лабидани молиёти замин ба дӯши барзгарон андози (аз ҳадди) қарор берун ва вазнин бор накунанд, дар ҳоле ки онҳо иқтидори таҳаммули мушкилоти ҳисобу китоб ва ихтилоли (онро) надоранд…» Аз барзгарон ва шаҳрнишинон талаб мекарданд, ки нодории худро баҳона наоварда, тамоми андозу хи-роҷро бисупоранд, касони саркашидаро ҷазоҳои сахт нигарон буд.

Ҳамин тариқа, аз ин санадҳои воқеӣ манзараи мудҳиши зулму  ҷабри оммаи халқ дар пеши назар намоён мегардад.

Моликияти замин ва деҳқонон

Яке аз протсессҳои хоси иҷтимоии давраи мавриди таҳқиқ тағйир ёфтани ҳайъати заминдорони калон ва, ҳатто миёна мебошад. То истилои араб соҳибони асосии замин деҳқонон буданд. Вале пас аз истилои араб деҳқонон ба муфлисӣ рӯ ниҳоданд. Дар навбати аввал, албатта, деҳқонони камбизоат ва миёнаҳол, ки дар натиҷаи андозҳои аз ҳад зиёд ва сӯиистифодаи амалдо-рон хонахароб мешуданд, ба ин ҳолат афтоданд. Баъзе моликони хурд ба мо-ликони калон ихтиёран супурдани заминҳои худро афзалтар медонистанд. Истилогарон ва аъёну ашрофи наздики онҳо ин гуна заминҳоро бо майли тамом мехариданд. Деҳқонон аз зулму фишор маҷбур мешуданд, ки замини меросиашонро ҳам фурӯшанд. Мусодира ва зӯран ғасб кардани мулки деҳқонон низ воқеъ мегардид.

Ин протсесс дар замони Сомониён ҳам давом намуд: аҳли сулола, амал-дорон ва саркардаҳои соҳибмансаб ва сарватманд заминҳои мулкиро ме-хариданд. Ривоҷ ёфтани бахшишҳои феодалӣ дар асрҳои IХ–Х, аз як тараф, сарвати касони бахшишгирифтаро афзунтар намояд, аз тарафи дигар, ба онҳо барои хариди заминҳои меросии деҳқонон имкониятҳои фаровон муҳайё месохт, зеро бахшишҳои онвақта ниҳоятдараҷа калон буда, баробари он мансаби қоиммақом – ҳокими шаҳр, ноҳия ва вилоят низ дода мешуд. Ин буд, ки дар асри ХI моликияти хусусӣ нисбат ба замин фақат бо деҳқонон маҳдуд нагардида, дигар доираҳои болонишини ҷамъиятро низ фаро меги-рифт.

Бо вуҷуди ин, дар асри ХI деҳқонон ҳанӯз табақаи пуриқтидореро ташкил менамуданд. Деҳқонони калон ноҳия ва вилоятҳои тамомро соҳибӣ мекар-данд. Баъзе аз ин қабил деҳқонон бо хоҳиши тамом ба тарафи истилогарони Қарохонӣ гузаштанд  ва дар вақтҳои аввал на фақат мулк, балки то андозае мавқеи сиёсии худро ҳам нигоҳ доштанд. Номи онҳо бо унвони «деҳқон», ҳат-то дар сиккаҳои мисӣ (зарбаи солҳои 997, 998, 1004/05 ва 1008/09 дар Илак) ба сифати вассали хони Қарохониён ёд шудааст.  Чунин таассурот ҳосил меша-вад, ки дар аҳди Қарохониён дар охири асри Х – ибтидои асри ХI деҳқонони Илак, ҳатто ба мавқеъҳои баландтар соҳиб шуда, бештар мустақилият ба даст оварданд ва эътибори онҳо, аз он ки дар асри Х дар замони Сомониён буд, баландтар гардид.

То ибтидои асри ХI мавқеи ашрофи қадимаи заминдор – ҳокимони ви-лоятҳои гуногуни сарҳадӣ устувор буд. Масалан, дар замони Сомониён, чунонки зикр ёфт, баъзе мулкҳо ба тӯҳфаву пешкашҳои аксаран рамзӣ маҳдуд шуда, хироҷ намедоданд. Дар он ҷо замин моликияти феодалони маҳаллӣ ба шумор мерафт. Султон Маҳмуди Ғазнавӣ барои тасарруфи ин вилоятҳо кӯшишҳои зиёде ба харҷ дод. Ў Гарҷистонро ишғол карда, кӯшкҳои ашрофи маҳаллиро ба замин яксон намуд. Вай кишвари Ғурро низ ба ҳамин минвол ба худ тобеъ кард.  Вилоятҳои назди дарёи Аму яке аз паси дигаре ба тобеияти султон Маҳмуд дохил шуданд. Фақат Чағониён то солҳои 1038/39 соҳибихтиёрии сиёсии худро нигоҳ дошт. Дар он ҷо, ба қавли Байҳақӣ, моли-кони меросӣ ҳукмронӣ мекарданд, дар сиккаҳои онҳо Ғазнавиён тамоман, ҳатто ба сифати султон ҳам ёд нашудаанд.

Дар вилоятҳои истилошуда системаи хироҷ ҷорӣ карда шуд, ки барои мулкдорони маҳаллӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ хеле номусоид буд ва ин боиси тадриҷан хонахаробшавии заминдорони хурд ва камбизоат мегардид. Дар ин маҳалҳо, зоҳиран, ҳамон протсесс, ки дар вилоятҳои марказӣ пештар сар шуда, то асри ХI қувват пайдо карда буд, «бо каме таъхир» такрор меёфт.

Дар давоми асрҳои ХI–ХII дар давлатҳои Қарохониён, Ғазнавиён ва Салҷуқиён протсесси аз тарафи аҳли ин сулолаҳо, ашрофу асилзодаҳо ва саркардаҳои ҳарбӣ харида гирифтани заминҳои мулкӣ бо суръати тамом давом намуд. Дар сарчашмаҳо мулкдорони ниҳоят калоне, ки аз байни аъёну ашрофи нав баромада буданд, зикр шудаанд. Онҳо ба имтиёзҳои зиёде соҳиб гардида, аксар вақт аз заминҳои худ андоз намедоданд.

Ҳамин тариқа, заминҳои мулкии деҳқонони баъзе вилоятҳо бо роҳҳои гу-ногун ба дасти сулолаҳои нав ва феодалони нав мегузашт. Дар ин вилоятҳо деҳқонон дар арафаи истилои муғул дигар ҳамчун табақаи асосии заминдо-рон мавҷудияти худро қатъ карданд. Вале аз рӯи кашфиёти А.Мухторов дар кӯҳистони тоҷик – Мастчоҳу Фалғар, ҳамчун соҳиби деҳу замин то асри ХVI деҳқонон бақия монданд.

Диққатро боз ба чунин як зуҳуроти инкишофи иқтисодиёти феодалӣ, аз қабили хариду фурӯши замин, мулки хусусӣ ҷалб кардан лозим аст. Пайдо шудани нархи замин, мавриди савдо қарор гирифтани заминҳои мулкӣ, бе-шубҳа, натиҷаи аз тарафи арабҳо, сипас, Қарохониён ва Салҷуқиён истило шудани Осиёи Миёна ва Хуросон, таъсиси давлатҳои нав, тағйири ҳайъати табақаи болои феодалӣ ва дигар ҳодисаҳое мебошанд, ки мо аз назар гузаро-нидем. Маҳз хариду фурӯши заминҳои мулкӣ сабабгори асосии ҳамчун та-бақаи мустақил ва асосии мулкдор аз байн рафтани қисми деҳқонон ва ба вуҷуд омадани ҳайъати нави мулкдорон гардид ва ин табаддулотро тезонид.

Шаҳрҳои Осиёи Миёна дар асрҳои ХI–ХII

Тараққиёти босуръати шаҳрҳо, истеҳсолоти молӣ ва тиҷорати пулӣ аз муҳимтарин аломатҳои давраест, ки мо ба таҳқиқи он пардохтаем.

Шаҳрҳои Осиёи Миёна калонтар ва аҳолии онҳо зиёдтар мегардид. Маса-лан, маркази ҳаёти шаҳри Самарқанд ҳаволии он ба ҳисоб мерафт, ки дар он ҷо маҳалҳои сершумори тоҷирону пешаварон воқеъ гардида буданд. Аъёну ашроф, рӯҳониён, савдогарони доро ва дигар табақаҳои давлатманд низ дар ҳамин ҷо маскан доштанд.

Истеҳкомоти Бухоро низ аз нав сохта, масоҳати шаҳр васеътар карда шуд. Бисёр иморатҳои нави мӯҳташам бино ёфтанд.  Тирмизи асрҳои ХI–ХII нисбат ба замони Сомониён хеле доман паҳн кард. Дар асри ХI истеҳкомоти шаҳр қавитар гардида, қалъаи он бо хишти пухта рӯкаш карда шуд. «Қасри ҳокимони Тирмиз» ҳам дар ҳамин аср қомат афрохт. Қисмати тиҷоратию пешаварии шаҳр, ки он ҷо дар атрофи бозорҳо коргоҳҳои зиёди косибон ба вуҷуд меомаданд, аҳамияти махсус дошт.  Яке аз калонтарин шаҳрҳои Тоҷикистони ҷанубӣ пойтахти Хатлон — Ҳулбук буд. Фақат қисмати марказии он масоҳати қариб 70 гектарро фаро мегирифт. Дар ин ҷо қалъае вуҷуд дошт, ки дар вақти ҳафриёт аз он бақияи қасри пурзебу зинати ҳокимони Хатлон ёфт шуд. Дар шаҳр коргоҳҳои гуногуни косибӣ, аз қабили кулолӣ, фулузӣ ва ғ. вуҷуд доштанд.

Тараққии босуръати шаҳр бештар дар ҳамин давра ба вуқӯъ пайваст: дар ҷойҳое, ки пештар партовхонаи шаҳр ва ё замини кишт маҳсуб меёфтанд, биноҳои иқоматӣ ба вуҷуд омаданд . Аз рӯи мушоҳидаҳои археологию топо-графӣ дар асрҳои ХI–ХII шаҳрҳои ҳам хурд ва ҳам калони Туркманистони ҷанубӣ: Марв, Дандонақон, Омул, Замм, Сарахс, Майхона, Абевард, Нисо, Язир, Деҳистон ва ғайра хеле равнақ меёбанд .

Дар воҳаи Чу маҳз дар давоми асрҳои Х–ХII баъзе деҳаҳо ба марказҳои калони шаҳрӣ мубаддал мегарданд . Ҳатто ноҳияҳои кӯҳистон (масалан, ноҳияи воқеъ дар воҳаи Оби Нов, шохаи дарёи Панҷ ё худ ноҳияи Исфара) торафт бештар ба муомилоти молию пулӣ кашида мешаванд.

Тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда ва тадриҷан аз хоҷагии қишлоқ ҷудо шудани касбу ҳунар сабабгори асосии равнақи босуръат ва дар баъзе мавридҳо хеле пуравҷи ҳаёти шаҳрҳо мегарданд. Омили дигари равнақёбии шаҳрҳо қувват гирифтани тобеияти деҳқонон нисбат ба феодалон мебошад, ки боиси ба шаҳр фирор кардани оммаи деҳқонон гардида буд (ин дар баъзе шаклҳои маданияти моддии шаҳр нақши худро гузоштааст) . Ҳамин тариқа, назарияи К.Маркс ва Ф.Энгелсро дар бобати аҳамияти фирори деҳқонон дар таъсиси шаҳрҳои асримиёнагии Европа  нисбат ба шаҳрҳои асримиёнагии Осиёи Миёна низ татбиқ кардан мумкин аст.

Касбу ҳунар дар асрҳои ХI–ХII

Маркази асосии касбу ҳунар ва тиҷорат шаҳр буд. Касбу ҳунари шаҳрии онвақта аксаран ба тавассути маълумот ва мадракҳои бостоншиносӣ омӯхта шудааст. Бостоншиносон, беш аз ҳама, доир ба тавлиди маснуоти кулолӣ ва шишагӣ маълумот ба даст овардаанд.

Барои асрҳои ХI–ХII, қабл аз ҳама, ба дараҷаи хеле зиёд афзудани ҳаҷми истеҳсоли маснуоти кулолӣ ва дар айни замон ба худ шаклҳои қолибӣ ги-рифтани онҳо характернок аст. Дар истеҳсоли зарфҳои «сари дастархон» мавқеи калонро косаву табақҳои бесир, вале пурнақшу нигор ишғол менаму-данд, ки ин ҳам ҷиҳати хоси пешаи кулолии онвақта мебошад. Зарфҳои сир-додашуда ҳам дар асрҳои ХI–ХII ба таври васеъ паҳн гардида буданд, онҳоро дар чунин гӯшаҳои дурдасти кӯҳистони Осиёи Миёна, ки дар асрҳои IХ–Х аз ин қабил зарфҳо асаре набуд ва ё хеле камёб буд, дучор омадан мумкин аст. Дигар тағйиротҳое ҳам, ки олоти кулолии асрҳои ХI–ХII ва ибтидои асри ХIII-ро аз давраҳои пешина фарқ мекунонанд, ба амал омаданд.

Истеҳсолоти кулолии асрҳои ХI–ХII ҳам аз нуқтаи назари техника ва тех-нология, ҳам аз нуқтаи назари шаклу ороиш хеле хуб омӯхта шудааст,  зеро бостоншиносон зарфҳои мансуб ба ин давраро дар харобаҳои тамоми шаҳристонҳои асримиёнагӣ ба миқдори зиёде пайдо намудаанд. Дар як қа-тор маҳалҳо осори истеҳсолот мушоҳида гардида, кӯраҳои сафолпазӣ, қо-либҳои нақшпартоӣ ва асбобҳои махсуси кӯра (овеза ва ҷойгоҳи зарф; сепоя барои аз ҳам ҷудо кардани зарфҳо ва ғайра) ёфта шудаанд.

Зарфҳои сирдодашуда дар истеҳсолот мавқеи асосӣ доштанд. Бештар сири сиёҳчаранги шаффоф ва мисли пештара хиратоб ба кор бурда мешуд. Аз байни сирҳои ғайришаффоф хусусан сири фирӯзафоми хушсифат ва зебо, ки дар вақтҳои охир пайдо шуда буд, беш аз пеш мавриди истифода қарор мегирифт.

Дар баробари шаклҳои кӯҳнаи зарфҳои сирдор шаклҳои нави такмилёф-та низ ба вуҷуд меомаданд. Чунончи, агар дар асрҳои IХ–Х чароғҳо равғандо-ни мудаввар ва нӯги кӯтоҳ дошта бошанд, дар асрҳои ХI–ХII бо баробари ин шакл чароғҳое пайдо мешаванд, ки равғандони онҳо рахдор, нӯгашон таро-шида ва дарозтар аст.

Дар вақти минокорӣ зарфҳо мисли пештара бо хатҳои ҳандасӣ, нақшҳои наботӣ, тасвири мавҷудоти зинда (хусусан парандагон) ороиш меёбанд. За-минаи нақшу нигори зарфҳо аксаран соф ва беранг буда, рангҳои норинҷӣ ва сиёҳ низ васеъ кор фармуда мешаванд. Ранги тасвирот хеле гуногун: сиёҳ ва сафед, қаҳвагӣ ва сурх, сабз ва зард, кабуд ва нилуфарӣ аст. Дар ороиши зарфҳо тамоми комёбиҳои замони гузашта истифода шуда, дар айни замон онҳо тағйир ва такмил ҳам ёфтаанд.

Навиштаҷоти аз ҳад зиёди хайриятхоҳона ва пандомез аз байн рафта, ҷои онро навиштаҷоти мухтасар мегирад, ки ҳатто аз як калима иборат буда, ин калима чандин бор такроран сабт мегардад; нақшҳои катибавие ба вуҷуд меоянд, ки аз шаклҳои зебои ҳуруфӣ фароҳам омада, ягон маъниро ифода намекунанд ва хонда ҳам намешаванд. Дар тасвири мавҷудоти зинда низ аломатҳои рамзӣ ба назар мерасанд. Масалан, тасвири мурғон, ки аз қадим дар ороиши зарфҳо истифода мешаванд, хеле сатҳӣ мебошад, аксар вақт, ҳатто сурати мурғ пурра оварда нашуда, фақат қаноти он такрор ба такрор тасвир мегардад.

Нақшҳои ҳандасӣ ва наботӣ низ гуногун мебошанд. Ду тариқаи ин нақшҳо дида мешавад: яке нақшест, ки фақат як қисми рӯи зарфро фаро ги-рифта, дар заминаи фарох паҳн мегардад ва одатан заминаш сабз ё зардранг мешавад; дигаре нақшест, ки тамоми рӯи зарфро пӯшида, дар заминаш ягон ҷои холӣ намегузорад. Бисёр нақшу нигорҳои тоза ва рангуборҳои нав пайдо мешаванд. Масалан, нақшҳое, ки бо хатҳои нафиси сафед, сиёҳ ва норинҷӣ дар заминаи қаҳваранг кашида шудаанд, ниҳоятдараҷа назаррабоянд.

Дар асрҳои ХI–ХII сафолоти кошинӣ тайёр карда мешуд. Сафоли он сафед ва ё андаке пуштиранг, мӯрт (зудшикан) ва ковок буд. Ба рӯи он луоби кабудча ва ё нилобӣ медавониданд. Дар девораҳои тунуки он сӯрохчаҳои гир-да, секунҷа ё худ чоркунҷа мекушоданд, ки пас аз сир додан ҳамчун нақшҳои зебо диққатро ба худ ҷалб мекард.

Зарфҳои сафолии тунуки бесир ва пурнақшу нигори асрҳои ХI–ХII хеле ҳунармандона сохта шудаанд. Аксари ин зарфҳо аз кӯзаҳои даҳантанги гуно-гуншаклу гуногунҳаҷм иборатанд, ки танаи онҳо гоҳ гирд ё мурӯдшакл ва гоҳ мисли фулуз печухамдор мебошанд. Барои нақшу нигори кӯза аз воситаҳои техникӣ низ истифода бурдаанд. Чунончи, қисмҳои боло ва поини кӯза ва баъзан даҳани онро ҳам дар даруни қолибҳои нақшин сохта, сипас, ҳамаи ин қисмҳоро ба ҳам васл мекарданд. Ҳамчунин ба воситаи қолибҳои махсус дар рӯи зарфҳои тайёр ҳар гуна сурат ва нақшҳо мепартофтанд. Дар ороиши олоти сафолӣ боз дигар воситаҳо низ ба кор бурда мешуданд.

Нақшҳои ҳандасӣ ва наботӣ, катиба, тасвири ҳайвон, мурғ, моҳӣ, одам ва ҳар гуна махлуқоти хаёлӣ зарфҳои зарифи зеварии онвақтаро зебу оро дода-анд. Тасвироти рӯи ин зарфҳо ба таври гуногун тартиб ёфтаанд. Яке аз услубҳои маъмул хатҳои тасмашаклест, ки дар дохили яке катиба, дигаре нақшҳои мураккаби наботӣ ва севумӣ сурати ҳайвон ҷой гирифтааст. Офто-баи мисии катибадори бо нақшҳои паранда ва ҳайвонҳои болдори афсонавӣ ороишёфта маҳсули кори устоҳои асрҳои ХI–ХII мебошад. То ҳол дар ҳудуди Иттифоқи Советӣ даҳ адади он пайдо шудааст, ки шаштоаш аз музофоти Ўротеппа мебошад. Қимати зарфҳои мисӣ ва биринҷӣ на танҳо дар ороиши онҳо ва санъати кори устоҳост, инчунин дар он аст, ки дар рӯи баъзеи онҳо номи устоҳо сабт гардидаанд .

Тимсоли дурахшони тараққии касбу ҳунар дар асрҳои ХI–ХII маснуоти шишагист . Дар ин давра махсусан шишаи тиреза хеле маъмул ва му-стаъмал буд. Дар бисёр маҳалҳо, аз ҷумла, дар харобаҳои шаҳристони қади-маи Марв, як қатор мавзеъҳои Хоразм ва Фарғона, дар шаҳристони асри-миёнагии Тароз ва ғайра осори ин навъ шишаолот дарёфт гардидааст. Ши-шаҳои онвақта аксаран беранг буда, қабл аз ҳама, ба мақсадҳои амалӣ дар тиреза истифода мешуданд. Гоҳо шишаҳои ҳамвори рангин низ дучор мео-янд, ки яқинан барои ороиш ба кор мерафтанд. Дар ин бобат қасри ҳокимо-ни Тирмиз ҷолиби диққат аст. Дар панҷараҳои ин қаср пораҳои зарфи ши-шагии рангин чида шудаанд, ки равшаниро камтар гузаронанд ҳам, бо нақшҳои рангубаранги худ биноро зеб медиҳанд.

Чунон ки аз мушоҳидаҳои бостоншиносон бармеояд, дар асрҳои Х–ХII тавлиди шишаолот нисбат ба давраҳои гузашта хеле афзуда, маснуоти ши-шагӣ ба зиндагонии мардум бештар ворид гардид. Осори устохонаҳои ши-шасозии мансуб ба ин давра дар харобаи бисёр шаҳристонҳои асримиёнагӣ ёфт шудааст. Вале намудҳои худи шишаолоти асрҳои ХI–ХII дар тамоми маҳалҳои Осиёи Миёна пайдо гардидаанд.

Истеҳсолоти зарфсозӣ мисли пештара мавқеи асосӣ дошт. Дар сохтани зарфҳои шишагӣ баробари шишаҳои беранг ва ё андаке зардчаранг шиша-ҳои рангин: сабз, кабуд, нилобӣ ва қаҳвагӣ ҳам ба кор бурда мешуданд. Анвои зарфҳо низ назар ба замони пешин зиёдатар гардид. Дар истеҳсолоти зарфсозӣ ҳам, мисли кулолӣ, шояд хусусияти ҳар маҳал нақши худро гузо-шта бошад, аммо дар ин бобат ҳоло ба яқин чизе гуфтан душвор аст. Лекин як тамоюл ба таври равшан ба назар мерасад: баъзе шакл ва навъҳои зарфҳои шишагӣ, аз қабили косаву табақ, ҷому қадаҳ, кӯзаву сабӯ ва шиша-чаҳои атриёту адвиёт миқдоран зиёд буда, дар ҳама ҷо вомехӯранд. Аксари зарфҳо бе нақшу нигор аст, вале зарфҳои зеварӣ ҳам кам нестанд. Зарфҳоро ба василаи дар лӯлаҳои махсус дам кардан ва ба қолибҳои нақшин рехтани шиша ороиш медоданд. Дар ороиши зарфҳо ҳамчунин воситаҳои мураккаб-тари техникӣ, масалан, кандакорӣ низ истифода мешуд. Хусусан зарфҳои шишагии нақшдори Ҳулбук (Тоҷикистони ҷанубӣ) ва Қува (Фарғона) хеле ҳунармандона сохта шудаанд. Медалйонҳои шишагии тирмизӣ, ки дар онҳо сурати парандагон, ҳайвонот ва савораҳо кашида шуда, катибаҳои хати кӯфӣ сабт гардидаанд, низ ҷолиби диққат мебошанд.

Маснуоти шишагӣ ба заруратҳои гуногун кор фармуда мешуданд. Қисмати бештари онҳоро зарфҳои таом, дору ва атриёт, асбоби рӯзгор (давот, тувак ва ғ.), олоти мухталифи зинатӣ (хусусан шадда), шишаи тиреза ва ам-соли инҳо ташкил мекарданд. Эҳтимол, зарфҳои кимиёгарӣ ҳам бисёр бошанд, вале мутаассифона, аксаран санаи онҳо зикр нашудааст.

Умумӣ ва ҳамаҷоӣ будани истеҳсоли зарфҳои шишагӣ ва, ҳатто шиша-ҳои тиреза, гуногунии анвои зарфҳо ва дар айни замон якрангии шаклҳои аксари онҳо, истифодаи тарзҳои самарабахш ва дар баробари он камзаҳмат ва арзонтари зеварбандӣ–ин ҳама далели он аст, ки шишасозони асрҳои ХI–ХII назар ба асрҳои IХ–Х ба доираи васеътари харидорон хизмат мекардаанд.

Дар касбу ҳунари аҳли шаҳр мавқеи намоёнро истеҳсоли олоти фулузӣ ишғол менамуд. Масалан, «маҳаллаи оҳангарон» дар Тирмиз беш аз 5 гектар масоҳат дошт. Дар баробари сохтани асбобҳои рӯзгор, олоти истеҳсолот ва аслиҳаҷот миқдори зиёди маснуоти нафиси ҳунарӣ–дегча, қаламдон, чароғ ва ғайра, ки бо катибаҳо ва тасвироти гуногун ороиш ёфтаанд, низ тайёр кар-да мешуданд. Чунончи, қаламдони мисии дар Осиёи Миёна ёфтшуда аз ҳамин қабил маснуот ба шумор меравад, ки бо нуқра хотамкорӣ шуда, рӯи онро катиба, нақшу нигор ба сурати мурғон зинат медиҳанд. Дар яке аз ка-тибаҳо 12 апрели соли 1148 аз тарафи усто Умар ибни Фазл сохта шудани он зикр гардидааст.  Дар Бухоро дегчаи хеле зебои биринҷии бо мису нуқра хо-тамкоришуда, ки моҳи декабри соли 1163 бо дасти устои мусаввир Масъуд ибни Аҳмад ва устои кандакор Муҳаммад ибни Абдулвоҳиди Ҳиротӣ сохта шудааст, пайдо гардид. Дар рӯи ин дегча подшоҳи тахтнишин, бозӣ, шикор, рақс ва саҳнаҳои дигар тасвир  ёфтааст.  Дар Лағмон (водии Вахш) ганҷинаи маснуоти хеле хуби биринҷӣ, ки мансуб ба ҳамон асрҳост, кашф карда шуд.

Дар ин давра истихроҷи маъдан давом намуда, конҳои сершумор дар айни истифода буданд.

Муомилоти пул

Тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда, беш аз пеш ҷудо шудани касбу ҳунар аз хоҷагии қишлоқ, инкишофи минбаъдаи истеҳсолоти молӣ, алоқаи наздик бо қабилаҳои бодиянишин боиси ривоҷи доду гирифт дар дохили давлатҳои Осиёи Миёна ва бо кишварҳои ҳамҷавор гардид. Дар ин хусус чи мадракҳои бостоншиносӣ (хусусан, дар қисмати Хитой ва Эрон) ва чи ман-баъҳои хаттӣ гувоҳӣ медиҳанд.

Мадракҳои фаровони сиккашиносӣ аз мавҷудияти мубодилаи пулӣ да-лолат мекунанд. Аз асри ХI то ибтидои асри ХIII дар сарзамини Осиёи Миёна сиккаҳои зарби давлатчаҳои гуногун (вобаста ба дохил шудани онҳо ба ҳайъати ноҳия ва вилоятҳои ҷудогонаи Осиёи Миёна) роиҷ буданд. Сиккаҳои ғазнавӣ ва салҷуқӣ одатан дар ноҳияҳои ҷанубии Осиёи Миёна: аввалӣ дар Тоҷикистон, дувумӣ дар Туркманистони ҷанубӣ бештар дучор меоянд. Акса-ран дар ҳудуди Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистони шимолӣ сиккаҳои қарохонӣ вомехӯранд. Сиккаҳои хоразмшоҳии Муҳаммад ибни Текишро дар саросари Осиёи Миёна пайдо кардан мумкин аст.

Муомилоти пулии онвақтаро  метавон бо ду хусусияти асосии он тавсиф намуд: яке ин аст, ки аҳамияти пули тилло дар ин давра нисбат ба замони гузашта хеле меафзояд. Дуруст аст, ки ин пулро мисли пештара бо баркаш қабул мекунанд. Вале роли он ҳамчун воситаи муомилот афзунтар мегардад. Пули тилло дар аксари шаҳрҳои Осиёи Миёна бароварда мешавад ва он ба бозор роҳ меёбад, ки пеш ин тавр набуд. Дигар хусусияти сиккаҳои онвақтаи Осиёи Миёна бо ҳодисае, ки «бӯҳрони пули нуқра» ном гирифтааст, алоқаманд мебошад. Аз асри ХI дар давлатҳои шарқ иёри пули нуқра ба по-ин рӯ мениҳад ва дар баъзе мавридҳо вазни он кам мешавад. Дирҳамҳои ка-миёр дигар ба Аврупои шарқӣ бароварда намешаванд. Ҳудуди гардиши онҳо танг шуда, ҳамчун пули камарзиш фақат дар дохили давлате, ки онҳоро баровардааст, гардиш мекунанд.

Ҷараёни таназзули пули нуқра дар ҳар давлат ба таври гуногун сурат мегирифт. Масалан, дар давлати Ғазнавиён ин ҳолат нисбатан сусттар ба амал меомад. Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ва писари ӯ — Масъуд аз Ҳиндустон чунон сарвате ба ғорат бурда буданд, ки чанд муддат қурби пули нуқраро нигоҳ дошта тавонист.

Дар сиккаи онҳо 70–76% нуқраи холис мавҷуд буда, дирҳамҳои пуриёре, ки 95% нуқра доштанд, ҳанӯз роиҷ буданд. Аммо дар худи ҳамин вақт дирҳамҳои қарохонии зарби навоҳии ҷануби Осиёи Миёна ҳамагӣ дорои қа-риб 20% нуқра буданд.

Дар Фарғонаи миёнаҳои асри ХI, ки таҳти нуфузи Қарохониёни шарқӣ воқеъ гардида буд, дирҳамҳои тамоман бенуқра бароварда мешуданд. Ин қабил дирҳамҳо аз омезиши мис ва сурб сохта шуда, ҳатто аз муомилоти ададӣ маҳрум буданд. Дуруст аст, ки баъдтар сардори давлати Қарохониёни ғарбӣ — Иброҳими Тамғоҷхон Фарғонаро забт намуда, пулҳое баровард, ки дар таркиби худ ба ҳисоби миёна 20% нуқра доштанд. Вале ин ҳам дер давом накард. Дар асри ХII Қарохониён дирҳамҳои мисии бо варақаҳои тунуки нуқра рӯкашшударо бароварданд. Илова бар ин, дар Осиёи Миёна дирҳамҳои мисии аз давраи гузашта меросмонда низ мавҷудияти худро дар муомила давом медоданд. Ҳамаи ин сиккаҳо дар доираи гардиши пули нуқра амал намуда, зоҳиран дар тиҷорат пули нуқраи ҳақиқиро иваз мекар-данд. Бинобар ии қувваи харид ва нархи муқаррарии онҳо аз арзишашон болотар буд.

Баъзе муҳаққиқон қадре пештар аз ин ба Аврупо гузаштани нуқра ва кам-ёб шудани ин фулузи гаронбаҳоро сабабгори бӯҳрони пули нуқра дони-стаанд. Ин, албатта, омили хеле муҳим аст, вале ба сари худ боиси шикасти пул шуда наметавонад. Дар дигар давраҳо ҳам, дар сурати мавҷуд будани чунин захираи нуқра сиккаҳои пуриёр мебароварданд, фақат муносибати онҳо бо тилло ва қурби онҳо тағйир меёфт. Дар ин маврид маҳз тараққиёти пуравҷи шаҳрҳо, истеҳсолоти молӣ ва тиҷорати пулӣ чунон миқдори пул, яъне воситаи муомилотро талаб намуд, ки онро ба василаи зарби сиккаҳои комилиёр қонеъ кардан аз имкон берун буд. Талаботи афзудаи бозор, аз як тараф, ҳаракати тиллоро зиёдтар намояд, аз тарафи дигар, ба баровардани пулҳои камиёр водор мекард. Ба ҳар васила бештар пул баровардан лозим буд.

Аз ин тавсифи хоҷагии пулии асрҳои ХI–ХII ва ибтидои асри ХIII муноси-батҳои хеле боравнақи молию пулии онвақта равшан мегардад. Агар дар ин маврид ба муносибатҳои молию пулӣ кашида шудани гӯшаҳои дурдаст, аз он ҷумла, навоҳии кӯҳистон ба назар гирифта шавад, дар таърихи инкишофи муносибатҳои молию пулии Осиёи Миёнаи асримиёнагӣ то чи андоза мавқеи хоса доштани давраи таҳқиқ кардаистодаи мо аён мегардад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *