Таърихи сиёсии Аморати Бухоро ва давлати Хонии Хӯқанд. Экспансияи Британия дар Осиёи Миёна — Донишхона

Таърихи сиёсии Аморати Бухоро ва давлати Хонии Хӯқанд. Экспансияи Британия дар Осиёи Миёна

Ҳуҷуми Нодиршоҳ ба Бухоро ва Хева

Дар миёнаҳои асри ХVIII Осиёи Миёна, ки дар натиҷаи ҷангҳои дохилӣ пароканда ва аз харобиҳои иқтисодӣ хеле заиф шуда буд, ба ҳуҷуми шоҳи Эрон Нодиршоҳи Афшор дучор гардид. Нодиршоҳ дар муҳорибаҳои Кавказ, Афғонистон ва Ҳиндустон зафар ёфта, дар соли 1740 аз роҳи Балх ва Чорҷӯй ба Мовароуннаҳр дохил шуд.

Чунон ки дар фасли гузашта хотирнишон гардид, дар Осиёи Миёна давлати ягона вуҷуд надошт. Дар сари давлати хонии Бухоро намояндаи су-лолаи Ҷониён — Абулфайзхон (1711–1747) меистод. Муаррихи бухорӣ — Мирзо Абдулазими Сомӣ менависад: «Абулфайзхон бошад ба лиҳози тиҳияти фи-росату заковату қобилият аз аспи айшу тараб поён намешуд, аз сӯҳбати пи-сарону духтарони маҳлиқо берун намеомад ва ба ҷуз ошомидани шароби нобу баҳра бардоштан аз зебописарону лаззат гирифтан аз ҳофизону маш-шоқон дигар ба ҳеҷ кор шуғл намеварзид. Ин буд, ки кори давлат рӯ ба инқи-роз ниҳод ва аҳкоми шариат аз доираи риоят маҳрум гардид. Ҳар кас тамаи сардорӣ дошту ҳар фард ғарази раҳбарӣ…».

Дар Самарқанд мулки мустақиле ба вуҷуд омада буд, ки бо Бухоро рақобат мекард.  Ҳокими Самарқанд аз бодиянишинон кӯмак хост ва онҳо дар давоми ҳафт сол (1723–1730) водии Зарафшонро ба харобазор табдил доданд. Қаҳтӣ ва гуруснагӣ сар шуда, сокинони Самарқанду Бухоро ба ҳар сӯ пароканда гардиданд.

Ба қавли Муҳаммадвафои Карминагӣ, бодиянишинҳо дар зарфи «ҳафт сол амволи хосу омро ба ғорат ва мардумро ба асорат бурда, саросари мамлакат ҳиҷоби тираи ҷабру тааддӣ густарониданд; бо ағному аҳшом ва маркабҳои худ мазрааву киштзор ва боғоту токзорҳои деҳқононро поймол намуданд. Заминҳои кишт ва чарогоҳҳои мамлакат дар зери суми чорпоёни сершумори (бодиянишинон) ба биёбон мубаддал шуданд. Ҳосили ғалла ниҳоятдараҷа коҳиш ёфт, қаҳтӣ ва гаронӣ аз ҳар ҷиҳат дар ҳадди интиҳои бе-раҳмӣ эҳсос мешуд; гуруснагӣ ва қашшоқӣ ҳукмфармоӣ мекард… Нон қурси моҳро мемонд: ҳарчанд ба назар менамуд, ба даст намеомад» . А.А.Семёнов ҳаққонӣ таъкид мекунад: «Ва ҳамин вайронии аз ҳад гузарои давлати охири-ни Аштархонӣ, ки аз бенизомӣ ва худсариҳои гурӯҳи ҳукмрон – амирони худком, тамаъкор ва фосиқ рух дода буд, дар давлати хонӣ чӣ андоза ба та-наззул расидани қувваҳои истеҳсолкунанда ва чӣ дараҷа қашшоқу хона-бардӯш гардидани аҳолиро ба таври возеҳ аён месозад».

Дар ин давра табақаи ашрофи қабилаи манғит имтиёзи бештаре пайдо мекунад, ки ин ҳолат эътирози шадиди аъёну ашрофи дигар тоифаҳои ӯзбе-кро ба амал меорад. Абулфайзхон дар ҳокимияти ҳарбию сиёсӣ ягон қудрате надошт. Ин вазъияти харҷумарҷи сиёсӣ ва харобии иқтисодӣ ба Нодиршоҳ, ки сиёсати маккорона ва ҳисобгаронаро пеш гирифта, дар роҳи қасду ни-ятҳои худ майлҳои ҷоҳталабонаи феодалони осиёимиёнагиро моҳирона ис-тифода мебурд, имкони ба муваффақият соҳиб шуданро муҳайё месохт.

Ба замми ин, лашкари ӯ хеле беҳтар мусаллаҳ ва муташаккил буд.

Писари Муҳаммадҳаким атолиқи мардуд – Муҳаммадраҳимбии ҷоҳта-лаб ба истиқболи Нодиршоҳ рафта, дар назди ӯ сари итоат фуруд овард. Ху-ди Муҳаммадҳаким, ки аз тарафи Абулфайзхон барои музокирот ба ҳузури Нодиршоҳ фиристода шуда буд, низ ба манфиати шоҳи Эрон амал кард. Пас аз бозгаштан бо амри Нодиршоҳ Муҳаммадҳаким ҳукмрони Бухоро ва баро-дари ӯ — Муҳаммаддониёлбӣ ҳокими Кармина таъин шуданд. Ба ин тариқа, Бухоро ба қаламрави Нодиршоҳ мубаддал гардид.

Дар худи ҳамон сол Нодиршоҳ муқовимати ғаюронаи Элбарсхонро дарҳам шикаста ва ӯро дар муҳориба ҳалок намуда, Хеваро низ забт кард ва ба сари ҳокимият қоиммақоми худро нишонд. Ӯ ҳам дар Бухоро ва ҳам дар Хева захираҳои озуқа, пул ва дигар чизҳои пурқиматро мусодира карда, ас-карони маҳаллиро ба қӯшуни худ ҳамроҳ намуд.

Пас аз вафоти Муҳаммадҳакимбии атолиқ писари ӯ — Муҳаммадраҳимбӣ қӯшуни пурқувват ва боинтизоме ташкил дода, исёни амирони мухолифро фурӯ нишонид ва дар дарбори Абулфайзхон мавқеи асосиро ишғол намуда, амалан ҳукмрони давлати хонӣ гардид.

Дар соли 1747 Нодиршоҳ ба дасти дарбориёни худ кушта шуда, давлати бузурги ташкилкардаи ӯ фавран рӯ ба завол ниҳод. Аҳмадхон, ки аслан аз хонадони хонии қабилаи абдолии афғон буда, яке аз сарлашкарони Нодир-шоҳ маҳсуб меёфт, дарҳол ба Қандаҳор рафта, сардорони қабилаҳои афғонро ба атрофи худ муттаҳид намуд ва худро подшоҳи Афғонистон эълон карда, асоси давлати кунунии афғонҳоро бино ниҳод.

Бисёр вилоятҳои тоҷикнишин, аз ҷумла вилояти Ҳирот ба ҳайъати давла-ти Аҳмадшоҳ дохил шуд. Дар солҳои 1750–1752 Аҳмадшоҳ аз Ҳирот қувваи зиёди ҳарбиро барои тобеъ намудани музофотҳои тоҷикинишин ва ӯзбекнишини соҳили ҷанубии дарёи Аму равона сохт. Ба феодалони афғон муяссар гардид, ки муваққатан ҳокимони баъзе вилояту музофотҳо, аз қаби-ли Балх, Андҳой, Маймана, Ахча, Шибирғон ва Қундузро ба худ мутеъ намо-янд. Дар Балх гарнизони афғонӣ гузошта, волие аз қавми афғон нишонда шуд (дар аксари вилоятҳо ба тариқи вассал моликони маҳаллӣ фармонравоӣ мекарданд). Баъдтар Бадахшон ҳам таҳти нуфузи сиёсии Афғонистон қарор гирифт. Ниҳоят, дар асри ХIХ қисми зиёди заминҳои дар соҳили чапи дарёи Аму воқеъгардидаи тоҷикон, ӯзбекҳо ва туркманҳо  ба  ҳайъати давлати Афғонистон дохил гардид . Дар натиҷа  миқдори бисёри тоҷикон аз ҳамқав-мони дар соҳили рости дарёи Аму сукунатдоштаи худ   ҷудо шуданд. Феода-лон деҳқонони тоҷикро аз заминҳояшон ронда, киштзорҳои ҳосилхезро ба даст дароварданд ва қарияҳои нимҳарбӣ барпо намуданд.

Дар солҳои 70-уми асри гузашта муаррихи афғон Муҳаммад Ҳаётхон дар асари машҳури худ «Ҳаёти Афғон» роҷеъ ба қисмати талхи деҳқонони тоҷик чунин навишта буд: «Кайҳост, ки онҳо аз ҳуқуқи заминдорӣ маҳрум гардида, ба деҳқони кироянишин ва ё муздури афғонҳо табдил ёфтаанд».

Оғози ҳукмронии Манғития

Соли 1747, аз кушта шудани Нодиршоҳ дере нагузашта, Муҳаммад-раҳимбӣ Абулфайзхонро бо ду писараш ба қатл расонид ва бо ҳимояти та-бақаи ашроф ва рӯҳонӣ ба тахти хонии Бухоро нишаста, дар соли 1753 ба силсилаи Манғития асос гузошт.

Ӯ барои пурқувват кардани ҳукумати хонӣ дар навбати аввал бар зидди ҳаракатҳои худсаронаи сардорони қабилаҳои бодиянишини ӯзбек мубориза бурд ва мухолифати феодалони маҳаллиро нисбат ба ҳокимияти марказӣ то дараҷае барҳам дод. Ба ҳар як вилояти тобеи худ ҳоким таъин кард. Аксар вақт гуфтушунидҳои дипломатие, ки дар ин бобат бо болонишинони аз то-беияти ҳукумати марказӣ сар кашидаи қабилаҳо ба амал меомаданд, натиҷае намебахшиданд. Ба ин сабаб вилояти Ҳисор бо зӯрӣ тобеъ карда шуд: Муҳаммадраҳимхон ба Ҳисор ду дафъа (солҳои 1756– 1757) лашкар ка-шид. Дар воқеоти он давра Қубодиён, ки он ҷо ҳокими пешина ҳукмронӣ ме-кард, ҳамчунин деҳаи Душанбе (қалъаи Душанбе ба муносибати воқеаҳои  ибтидои асри ХVIII низ ёд мешавад) роли муҳим бозиданд. Дар Ҳисор ис-теҳкомоти нав сохта, истеҳкомоти пешина дубора ба кор андохта шуданд. Чун Ҳисор ва вилоятҳои атрофи он барои давлати хонӣ аҳамияти калон до-штанд ва феодалони ин маҳалҳоро табиати саркаше буд, Муҳаммад-раҳимхон амаки худ — Дониёлбиро ҳокими Ҳисор ва вилоятҳои кӯҳистон таъин намуд. Самарқандро забт карда, ҳокимияти онро ба бародари худ супурд. Дар Шаҳрисабз, Тошканд ва дигар вилоятҳо низ одамони худро ба сари кор овард. Фақат Ӯротеппа, ки дар нимаи дувуми асри ХVIII ба ҳайъати он шаҳрҳои Хуҷанд, Ҷиззах, қалъаҳои Зомин, Ём  ва  ғ.  дохил мешуданд, ҳамчун мулки мустақил боқӣ монд.

Дар аҳди ҳукмронии Муҳаммадраҳимхон дар натиҷаи ҷангҳои пайдар-пай бисёр воҳаҳои зироатӣ ба майдони муҳориба мубаддал гардида, ба иқти-содиёти мамлакат зарарҳои зиёде расонида шуд.

Соли 1756 ӯ худро хон эълон намуд.

Баъд аз марги Муҳаммадраҳимхон дар соли 1758 амаки ӯ — Дониёлбӣ атолиқ (1758–1785) ҳукуматро ба дасти худ гирифт. Лекин вай лақаби хониро қабул накарда, исман Абулғозӣ ном набераи Абулфайзхонро ба тахт нишо-нид ва худаш маъмури вазифаи атолиқӣ гардид. Дониёлбӣ бештар ба қувваи ҳарбӣ такя мекард ва барои таъмини он чизеро дареғ намедошт. Ин буд, ки дар аҳди ӯ ҳамаи сарлашкарони ашрофии қабилаҳои манғит заминҳои зиё-деро ба тариқи танхоҳ соҳиб шуда, барои ҳар чӣ бисёртар фоида ситонидан аз ин заминҳо саъй мекарданд. Дониёлбӣ аз рӯҳониён ва шайхони дарвешӣ низ ҳимоят ва пуштибонӣ медид.

Чи навъе ки адиб ва олими маъруфи тоҷик дар асри ХIХ Аҳмад Махдуми Дониш қайд мекунад, дар аҳди Дониёлбӣ хеле андозҳои нав, монанди ами-нона, никоҳона, мӯҳрона, ҳаққи тарозу ва амсоли инҳо ҷорӣ карда шуд. Ҳамаи инҳо сабабгори боз ҳам бештар ба табоҳӣ рӯ овардани вазъи зиндагии табақаҳои меҳнаткаши аҳолӣ мегардиданд ва, ба қавли Аҳмади Дониш, «фуқаро ва раоёро маҷоли ҳаракат ва сукун набуда аз фарти зулму заҷр ва олуҳу солуқ, мисли аминона, вакилона, арзонии никоҳ ва қиматии никоҳона. Масалан, мӯҳри муаҷҷал даҳ дирам, никоҳонаи қозӣ даҳ динор, як ман ган-дум даҳ танга, ҳаққумизон понздаҳ танга ва ғайра.

Худкомии аъёну ашроф ва табоҳии ҳоли мазлумон, алалхусус, дар ибти-дои ҳукмронии Дониёлбӣ зиёдтар гардид. Аҳолии меҳнаткаш дар саросари мамлакат, аз ҷумла дар Бухоро, борҳо шӯриш намуд. Ҳукмрони куҳансол дигар аз ӯҳдаи ба сари итоат овардани вассалҳои саркаш ва фурӯ нишондани шӯру ошӯбҳои мардум баромада наметавонист.

Қувват гирифтани парокандагии феодалӣ, беш аз ҳама, дар тангшавии ҳудуди давлати хонӣ зоҳир мегардид.

Балх истиқлолият ба даст овард. Фарғона дар охирҳои асри ХVII нимму-стақил шуда, баъдтар дар ин ҷо хонии мустақили Хӯқанд ба вуҷуд омад, ки дар сари он намояндагони қабилаи ӯзбеки минг қарор гирифтанд. Ташакку-ли хонии Хӯқанд дар миёна ва нимаи дувуми асри ХVIII, дар замони ҳукмро-нии Эрдонабӣ ва Норбӯта ба анҷом мерасад. Давлати хонии Хева дар асри ХVIII давраи хеле сахти ҷангу ҷидолҳои байнихудиро аз сар мегузаронд, ба замми ин дар солҳои 60-ум саросари онро гуруснагӣ ва вабо фаро гирифт. Дар Хева қариб одам намонд. Андаке ба ифоқа омадани тартибу низоми ин хонӣ бо фаъолияти ҳукмрони он — Муҳаммадамин алоқаманд аст. Муҳамма-дамин аслан аз қабилаи ӯзбеки қунғрот буда, ба сулолаи Қунғротҳо, ки то со-ли 1920 давлати хониро идора кардаанд, асос гузоштааст.

Мулкҳои кӯҳистоние, ки дар сарзамини кунунии Тоҷикистон, аксаран  дар навоҳии Ҳисору Кӯлоб воқеъ гардида  буданд,  аз давраи салтанати   Ҷониён дар амал ҳамчун мулкҳои ниммустақил боқӣ монда, аз тарафи ҳокимони маҳаллӣ идора мешуданд. Мулки Ӯротеппа ҳам, ки саргаҳи За-рафшон – аз Панҷакент то Мастчоҳ ҳамоно дар ҳайъати он буд, истиқлоли-яти худро нигаҳ медошт.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *