Таърихи сиёсии давлати Темуриён. Ҷунбишҳои халқӣ

Темур ва аввалин қадамҳои ӯ дар роҳи ба даст овардани ҳокимият

Хонҳои муғул батадриҷ дини исломро қабул карда, ба атрофи худ намо-яндагони уламо ва тоҷиронро ҷамъ намуда, сиёсати марказият додани ҳокимияти ҳомиро пеш гирифтанд. Чунин рафтори онҳо норизогии пешвоё-ни қабилаҳои муғул ва туркро ба вуҷуд меовард. Ин буд, ки дар нимаи аввали қарни ХIV дар улуси Чағатой, яъне Мовароуннаҳр муборизаи байни хонҳо ва аъёни қабилаҳои аксар турк ва туркшуда ниҳоятдараҷа шиддат гирифт. Дар натиҷаи ин мубориза пешвоёни қабила хеле нуфуз пайдо намуда, вале ҳоки-мияти хонӣ бисёр заиф гардид.

Дар нимаи асри ХIV дар саҳнаи сиёсати Мовароуннаҳр писари беки қабилаи барлос — Темур зуҳур менамояд. Темур аввалҳо «дар хидмати хонҳои гуногун ҳамчун сардори кондотйерҳо сар мебардорад»  ва, сипас, ташкилку-нандаи давлати бузурге мегардад.

Темур соли 1336 дар деҳаи Хоҷаилғор, ки дар қарибии шаҳри Кеш воқеъ гардидааст, таваллуд ёфт. Ин деҳа дар масофаи 13 км аз Шаҳрисабз ҳоло ҳам вуҷуд дорад. Падари ӯ — Тарағай аз аъёни қабилаи барлос буд. Барлосҳо ҳанӯз дар аввалҳои асри ХIV дар водии Қашқадарё маскан намуда, дар баробари ба сар бурдани ҳаёти бодиянишинӣ ба зиндагонии муқимӣ мегузаштанд ва ҳамчун дигар муғулҳои сокини Мовароуннаҳр забон ва урфу одати аслии худро гум карда, бо туркҳои ин сарзамин омезиш ёфта буданд.

Темур аз соли 1360 сар карда, муддати даҳ сол гоҳ ба тарафи як феодали ҳукмрон ва гоҳ ба тарафи ҳокими дигар гузашта, меҷангид ва дар айни замон барлосҳоро ба атрофи худ муттаҳид менамуд.

Дар соли 1361 хони Муғулистон — Туғлуқ Темур Самарқанд ва шаҳри Кешро ишғол кард. Темур дар ин вақт ба тарафи истилокорон гузашта, хид-мати Туғлуқ Темурро қабул намуд ва бо кӯмаки ӯ ҳокими Кеш гардид. Аммо Темур дар хидмати хони Муғулистон бисёр давом накард. Вай бо ҳокими Балх амир Ҳусайн, ки бо Туғлуқ Темур муносибати душманона дошт, созиш карда, ба ҳомии аввалаи худ хиёнат намуд.

Амир Ҳусайн ва Темур ба муқобили Туғлуқ Темур сар бардоштанд, вале дар ҷанг шикаст хӯрда, маҷбур гардиданд, ки Осиёи Миёнаро гузошта, ба Систон гурезанд. Темур дар Систон ҳангоми яке аз моҷароҳои ҳарбии худ аз даст ва пои росташ захмдор гардида, то охири умр ланг шуд. Баъд аз ин вай-ро бо унвони «Темури Ланг» низ ёд карданд.

Дар соли 1364 амир Ҳусайн ва Темур муваффақ шуданд, ки Мовароун-наҳрро аз таҳти тасарруфи хони Муғулистон берун оварда, ҳукмронии худро дар он ҷо барқарор намоянд. Халқ ҳар ду амирро, хусусан Ҳусайнро, ки ба золимӣ ном бароварда буд, бад медид. Ҳусайн ҳангоми шунидани арзу хоҳиши мардуми Самарқанд дар даст шашпари оҳаниро дошта меистод. Аксар вақт ӯ ба ҷои ҷавоб ба додхоҳ дарафтода, ӯро бераҳмона бо шашпар мезад.

Дере нагузашта, писар ва вориси Туғлуқ Темур Илёсхоҷа ба мақсади ду-бора ғасб кардани Мовароуннаҳр бар зидди Ҳусайн ва Темур лашкар кашид.

Дар соли 1365 амир Ҳусайн ва Темур аскар ҷамъ намуда, дар соҳили да-рёи Чирчиқ ба қувваҳои ҳарбии душман рӯ ба рӯ шуданд. Муҳорибае, ки дар ин ҷо рӯй дод, бо номи «ҷанги гилӣ» машҳур аст, зеро дар вақти задухӯрд чунон борони сел меборид, ки аспҳо дар гилу лой лағжида меафтоданд. Дар ин муҳориба Темур ва Ҳусайн комилан торумор гардиданд. Онҳо Самарқанд ва Шаҳрисабзро ба ҳоли худ гузошта, худҳоро ба он тарафи дарёи Аму ги-рифтанд ва ба сӯи Балх фирор намуданд. Қӯшуни хони муғул Илёсхоҷа рост ба шаҳри Самарқанд равон шуд. Аҳолии шаҳр ҳама саросема гардида, чӣ кор кардани худро намедонистанд, чунки қувваи ҳарбии Самарқанд низ бо ҳамроҳии амир Ҳусайн ва Темур гурехта буд.

Ҷунбиши сарбадорон

Дар ҳамин гуна як вақти навмедӣ ва лаҳзаи мураккаб мардуми заҳмат-каш ташаббуси мудофиаи шаҳрро ба дасти худ гирифтанд.  Ҳангоме ки аҳо-лии Самарқанд ба масҷиди ҷомеъ омаданд, Мавлонозода ном яке аз шогир-дони мадраса ба минбар баромада, дар ҳоле ки атрофи ӯро гурӯҳе бо шам-шерҳои бараҳна иҳота карда буданд, чунин арз кард: «Фавҷи беҳисоби лаш-кари муғул, ки барои ғорат намудани мол ва ашёи мардум ба ин мамлакат фурӯ рехтааст, ба шаҳр наздик мешаванд. Ҳукуматдори мо, ки бо унвони боҷу хироҷ аз ҳар як сар нуфус маблағи зиёдеро ситонида, мувофиқи майли худ харҷ менамуд, дар баробари падидор шудани душмани мо, мусулмоно-нро партофта, аз кофирон гурехт ва ҷони худро халос кард. Акнун мардуми Самарқанд ба ивази ҷони худ ҳар андозае хунбаҳо диҳанд ҳам, аз душман раҳоӣ намеёбанд. Ҳоло кист, ки мехоҳад вазифаи мудофиа намудани аҳолии шаҳрро қабул карда, дар ҳузури бузургон ва мардуми авом ин масъулиятро ба ӯҳда бигирад? Мо дар пеши чунин шахс сари таъзим фуруд оварда, ба иҷро намудани вазифаҳои худ машғул хоҳем шуд».

Аъён ва ашрофи Самарқанд дар ҷавоби даъвати Мавлонозода хомӯш монданд. Он гоҳ Мавлонозода бо ризогии ҳамаи ҳозирон вазифаи сардории мудофиаи шаҳрро ба ӯҳдаи худ гирифт. Дар худи ҳамин ҷо 10 ҳазор нафар ҷавонони мусаллаҳ баҳри ҳифзи ватан пеши ӯ савганд ёд карданд. Дар таш-кили мудофиаи шаҳр ғайр аз Мавлонозода боз ду нафари дигар – Мавлоно Хурдаки Бухороӣ ва Абӯбакр Калавии Наддоф низ роҳбарӣ намуданд.

Се шабу се рӯз пешвои шӯришгарон — Мавлонозода дам нагирифта кор кард: мудофиаро ташкил кардан ва ба ин мақсад қувваҳоро ҷо ба ҷо гузошта, шаҳрро ба қалъаи мустаҳкам табдил додан лозим буд. Дар ин кор қадре ҳам таъхир кардан мумкин набуд, зеро душман торафт ба шаҳр наздик меомад.

Мудофиаи шаҳр хеле моҳирона ташкил карда шуд. Дар наздикии дарво-заҳои шаҳр дидбонҳо гузоштанд. Шаҳрро ба қитъаҳо тақсим карданд ва ғайр аз даромадгоҳи калон – кӯчаи ом дигар ҳамаи дарвозаҳоро бастанд. Дар ду тарафи ин кӯча сангарҳои мустаҳкам сохта, одамони бо камон ва туфанг му-саллаҳро гузоштанд. Дар охири кӯчаи ом худи Мавлонозода бо садҳо тиран-дозони хуб қарор гирифт. Ба аҳолии шаҳр амр дода шуд, ки хоб накунанд ва дар қитъаи таъиншудаи худ ҳушёрона машғули иҷрои вазифа бошанд.

Хони муғул, ки аз фирор кардани амир Ҳусайн ва Темур воқиф буд, бо-варӣ дошт, ки шаҳр тамоман бемудофиа мондааст. Бинобар ин дастаҳои пешҷанги ӯ ба Самарқанд расида, бе ҳеҷ як эҳтиёткорӣ ба воситаи хиёбони асосӣ ба даруни шаҳр равон шуданд. Ҳангоме ки онҳо ба ҷои каминги-рифтаи дастаи Мавлонозода расиданд, ба мудофиакунандагони шаҳр ишо-раи ҳуҷум дода шуд. Дастаҳои мудофеин аз се тараф ба аскарони муғул ҳамла намуданд. Мудофиакунандагони шаҳр аз паси сангарҳо истода, муғулҳоро ба зери борони санг гирифтанд. Онҳо на фақат бо даст, балки бо фалахмон низ душманро сангборон мекарданд. Муғулҳо аз кушта ва захмӣ талафоти калон дода, маҷбур шуданд ақиб нишинанд.

Рӯзи дигар қӯшуни муғул дубора ба Самарқанд ҳуҷум овард. Ҳарчанд муғулҳо усулҳои тактикаи ҳарбии бодиянишинии худро (чунончи, бардурӯғ ақиб гурехта, ногаҳон ҳамла намуданро) ба кор бурда бошанд ҳам, вале муваффақият ба даст оварда натавонистанд. Он гоҳ муғулҳо барои муҳоси-раи давомдор дар атрофи шаҳр мавқеъ гирифтанд. Лекин ин тадбири онҳо низ натиҷае набахшид. Пас аз чанд вақт дар урдугоҳи бодиянишинони муғул марази тоуни асп пайдо шуд ва, чӣ навъе ки яке аз муаррихони он давра хо-тирнишон кардааст, «муғулҳо дандонҳои худро ҳарисона ба ҳам фишурда» маҷбур шуданд, ки аз муҳосира даст кашанд ва фақат ба ғорати атрофи шаҳр қаноат намуда, пас гарданд.

Дар Самарқанд муборизаи фақирон бар зидди тавонгарон ба амал ома-да, оммаи заҳматкаш аз судхӯрони  манфур ва дигар золимони худ ниқор гирифтанд. Ин ҳаракати аҳолии Самарқанд дар адабиёти таърихӣ ҳамчун «ҷунбиши сарбадорон» шӯҳрат ёфтааст. Ифодаи «сарбадор» қадре пештар (дар солҳои 1336-1337) ба муносибати шӯрише, ки дар Сабзавор ном маҳалли Хуросон ба муқобили хонҳои муғул ва заминдорони калони маҳаллӣ сар зада буд, пайдо шудааст. Ин истилоҳ аз чунин шиори шӯришиён бархостааст, ки гуфтаанд: «Назар ба он ки аз тарс ҳалок шавем, беҳтар аст, сари худро ба дор бинем». «Сарбадор» калимаи мураккаб аст, ки аз ду калима («сар» ва «дор»)  бо илова кардани пешоянди («ба») таркиб ёфтааст.

Муаррихони феодалии давраи Темур ба калимаи «сарбадор» маънии «дорбоб»-ро додаанд ва роҳбарони ҳаракати соли 1365-уми Самарқандро ҳамчун исёнӣ, яъне мухолифони ҳукумати «қонунӣ»-и мавҷуда тасвир наму-да, онҳоро ба ҳамин унвон ёд кардаанд. Чунон ки муаллифи «Равзат-ус-сафо» Мирхонд мегӯяд: «Гурӯҳе аз онҳо (аҳолии Самарқанд.– Б.Ғ.), ки зӯру тавоно ва ошӯбгару ҷинояткори гузаро буданд, ҷуръати гузаштан аз ҳадди муҷоз намуданд, ҳокимиятро гирифтанд ва ба ситам шурӯъ карданд». Ӯ қадре поинтар аз ин навиштаҳои худ илова мекунад: «Сарбадорон муртака-би ҳар гуна рафтори қабеҳ гардиданд».

Мирхонд роҷеъ ба он ки «рафтори қабеҳ»-и сарбадорони Самарқанд дар чӣ зоҳир гардидааст, чизе намегӯяд ва фақат бо ҳусни назар қайд мекунад, ки Ҳусайн ва Темур «ром кардан ва бо сари итоат овардани ононро (сарбадоро-нро. — Б.Ғ.) амри хайр донистанд».

Муаррих Хондамир, ки бародарзода ва давомдиҳандаи кори Мирхонд мебошад, агарчанде хидмати сарбадоронро дар бобати дафъ кардани ҳуҷуми муғулҳо ба эътироф намудан маҷбур шудааст, вале мисли Мирхонд ба онҳо баҳои бӯҳтономез медиҳад: «Пас аз он ки сарбадорони Самарқанд ин кори хеле муҳимро (дафъи ҳуҷуми муғулро.– Б.Ғ.) бомуваффақият анҷом до-данд, ба роҳи шарора ва фитна даромада, дасти ғорат ба моли раият за-данд».

Муаррихи дигар Шарафиддин Алии Яздӣ дар бораи сарбадорони Са-марқанд чунин менависад: «Ба сари як гурӯҳ мардум боди ғурур ва ифтихор вазид: онҳо ба берун аз ҳадди худ қадам гузоштан ҷасорат намуда, дастони хунрези ситамовари худро ба ҳар тараф дароз карданд». Муаллиф ин баҳои ба сарбадорон додаи худро бо шеъре тақвият менамояд, ки мазмунаш ин аст: «Эй борхудоё, магузор, ки гадо шахси мӯътабар гардад».

Сарбадорон манфиатҳои пешаварон ва табақаҳои поини аҳолии шаҳрро ҳимоя мекарданд. Бинобар, ин тамоми иқдомоти онҳо мухолифи ман-фиатҳои аъён ва ашрофи Самарқанд буданд.

Вақте ки хабари аз муҳосираи Самарқанд даст кашида, ақибнишинӣ кардани муғулҳо ба гӯши Темур расид, ӯ фавран ба пеши амир Ҳусайн қосид фиристода, ҳақиқати воқеаро ба вай хабар дод. Амир Ҳусайн ва Темур ба зу-дӣ ҳамдигарро мулоқот намуда, дар ин бора маслиҳат карданд ва қарор до-данд, ки дар ишғоли Самарқанд шитоб накунанд. Зеро онҳо, зоҳиран, аз ду-чор шудан ба муқовимати сахти мудофиакунандагони шаҳр метарсиданд. Ин буд, ки онҳо ба муборизаи ошкорои зидди аҳолии Самарқанд ҷуръат накарда, тасмим гирифтанд, ки ононро бо макру ҳила ба даст дароранд.

Онҳо барои ба ғафлат гузоштани мудофиакунандагони Самарқанд ба унвони роҳбари мудофиаи шаҳр нома навишта, изҳор намуданд, ки идораи шаҳрро ба ӯ вогузор кардаанд ва ҳеҷ яке аз сокинони он ҷазо дода нахоҳанд шуд. Онҳо ин ваъдаҳояшонро бо қасамҳо тасдиқ намуда, номаро бо либосҳои фохира ва тӯҳфаҳо фиристоданд ва инчунин бо ҳамроҳии элчиҳои хушзабон намояндагони махсуси худро равона карданд, ки ба шаҳр дохил шуда, барои забт намудани Самарқанд замина ҳозир кунанд ва дар ин амр аз гуногунии ҳайъати сарбадорҳо истифода баранд.

Қувват гирифтани фаъолияти ҷосусони амир Ҳусайн ва Темур, ки гурӯҳҳои дудилаи аҳолии шаҳрро ба тарафи худ мекашиданд, инчунин но-устуворона кор бурдани қисмати давлатманди сарбадорон ва омодаи созиш будани ашхоси бонуфузи онҳо дар байни аҳли ин ҷунбиш ихтилоф ба вуҷуд овард.

Дар аввали баҳори соли 1366 амир Ҳусайн ва Темур бо лашкари худ ба Самарқанд расида, пас аз қарор гирифтан дар он ҷо ба сарбадорон мактуб навиштанд ва гуфтанд: «Мо ба шумо боварии куллӣ дорем ва бо шумо беҳтар аз дигар ҳукмронон рафтор хоҳем кард». Роҳбарони сарбадорон ба ин суха-нони маккорона бовар карда, ба лашкаргоҳи амир Ҳусайн равон шуданд ва ҳамин ки ба он ҷо расиданд, ҳама дастгир гардида, кушта шуданд. Аз ин миён фақат Мавлонозода бо хоҳиши Темур халосӣ ёфт. Ба ҳамин тариқ, ҷунбиши сарбадорони Самарқанд бераҳмона фурӯ нишонда шуда, амир Ҳусайн ва Темур дубора ҳукмрони ин шаҳр гардиданд.

Ҷунбиши солҳои 1365-1366, зоҳиран, на фақат Самарқанд, балки деҳаҳои атрофро низ фаро гирифта будааст. Лекин манбаъҳои таърихӣ дар ин бора хеле кам маълумот додаанд. Аз муаррихони он замон фақат Хондамир дар ин хусус баъзе мадракҳоро овардааст. «Баъд аз он ки амир Ҳусайн Са-марқандро ишғол намуд,– мегӯяд ӯ,– дигар вилоятҳо низ худсарӣ ва итоатно-пазириро тарк карданд».

Маълумоти манбаъҳои хаттӣ роҷеъ ба ин ҷунбиш, ки дар таълифоти таърихнигорони феодалӣ оварда шудаанд, хеле ноқис ва ниҳоят бадғаразона мебошанд. Дар бораи программаи иҷтимоӣ ва сиёсати роҳбарони шӯриш ба ҷуз чанд ишорае дигар ягон мадрак мавҷуд нест. Ин аст, ки мо аз аксари ҳамон тадбироте, ки онҳо дар вақти шӯриш ба амал оварда буданд, чизе на-медонем.

Одатан дар асарҳои умумии илми таърих ва, ҳатто дар тадқиқоти махсу-си оид ба масъалаи мавриди баҳс ҷунбиши сарбадорони Самарқанд ҳамчун аксуламали аҳолии шаҳр нисбат ба хавфи ҳуҷуми муғулҳо тавсиф ёфтааст. Агар, дар воқеъ, ҳамин тавр бошад, пас гумоне ба миён меояд, ки ҳамагӣ дар чанд рӯз бар зидди душмани сершумор ва хеле кордида ин тариқа мудофиаи мустаҳкамеро ташкил карда тавонистани шаҳриён амри маҳол аст. Бинобар ин, аз эҳтимол дур нест, ки дар арафаи ҳуҷуми муғулҳо ва шояд хеле пештар аз ин воқеа дар шаҳр ташкилоти пуриқтидори сарбадорон ва қувваҳои бо шиору мақсадҳои сарбадорӣ баромадкунанда мавҷуд бошад.

Чӣ навъе ки маълум аст, дар ғарби Хуросон солҳои 1337-1381 тақрибан дар зарфи ним аср давлати сарбадорон мавҷудияти худро нигоҳ дошт, солҳои 1350-1392 дар Мозандарон ва аз соли 1370 дар Гелон давлати сайидҳо ба вуҷуд омад. Ҷунбиши сарбадорони Самарқанд (1365-11366) ва Карминаро (1373) на ин ки дар ҷудоӣ, балки дар қаринаи ҳамаи ин ҳаракатҳо бояд дид, ки баъзе ғояҳои муайяни онҳо, албатта, ба шакли махфӣ, дар миёна ва чоря-ки севуми асри ХIV ба Осиёи Миёна низ нуфуз кардаанд.

Давлати сарбадорон ҳам мисли дигар давлатҳои ҳамсоя бар принсипи салтанатӣ қарор гирифта буд. Аммо асоси иҷтимоии он ба куллӣ фарқ ме-кард. Ҳокимияти давлатҳои сарбадорӣ дар дасти феодалони хурд буда, мавҷудияти ин давлатҳо фақат ба пуштибонии деҳқонону пешаварон воба-стагӣ дошт. Қувваҳои ҳарбиро сарбозони аз байни заминдорони камбизоат ва деҳқонони озод даъватшуда ташкил медоданд. Феодалон ва дастаҳои ҷан-гии онҳо ба ин кор ҷалб карда намешуданд. На фақат қӯшун, балки идораи он низ демократӣ гардид. Ҳарчанд дар сари давлат ашрофи сарбадорӣ меистод, аммо намуди зоҳирии он тамоман дигар буд. Ҳокимон ҳам либоси оддӣ мепӯшиданд, тақсими баробари ғаниматҳои ҳарбӣ ҷорӣ гардида, барои ҳамаи ояндагон ғизохӯрии умумӣ барпо карда мешуд. Соле як бор хонаи ҳоким «барои ғорат»-и мардум вогузор мегардид. Ҳамаи инҳо натиҷаи ба тамоюли баробарии қаноти радикали сарбадорон мутобиқшавии аъёну аш-роф буда, дар зери фишори оммаи халқ ба  амал меомаданд.

Чунон ки И.П.Петрушевский дуруст қайд мекунад, «давлати сарбадорӣ демократияи деҳқонӣ набуд, вай давлати заминдорони хурд буд, ки танҳо ба туфайли гузаштҳои муҳим ба деҳқонон мавҷудияти худро нигаҳ дошта мета-вонист». Ин гузаштҳо фақат ҷиҳатҳои зоҳириро дарбар намегирифт. Гуфтан кофист, ки тамоми андоз ва маҷбуриятҳои ғайришаръӣ умуман бекор карда шуданд. Заминҳои феодалони калон мавриди мусодира қарор гирифтанд ва маҳз қисми зиёди ҳамин заминҳо ба ихтиёри табақаи ашрофи сарбадорон гузаштанд. Зоҳиран, вазъияти аҳолии шаҳр низ қадре беҳтар гардид. Дар натиҷаи тадбирҳои бо фишори оммаи халқ амалишуда аҳолии меҳнаткаши шаҳр барои худ шароити нисбатан мусоиди зистро муҳайё гардонид. Вило-ятҳое, ки ба таркиби давлати сарбадорони Хуросон дохил мешуданд, ҳам шаҳрҳо ва ҳам қишлоқҳо, ҳақиқатан ҳам чун гул шукуфон гардиданд.

Ҳатто аз чунин як тавсифи мухтасари сарбадорони Хуросон, нақшаҳо ва сиёсати онҳо то чӣ андоза барои мардуми Мовароуннаҳр қувваи ҷазбкунанда доштани ин ҷунбиш равшан мешавад. Аз афташ, ҷунбиши сарбадорон дар Самарқанд решаҳои амиқи худро дошт. Бинобар ин, Темур бо наҷот додани Мавлонозода эҳсоси аслан барояш бегонаи «инсондӯстӣ»-ро зоҳир намуда, ҳамчун сиёсатмадори маккор ва дурандеш кӯшиш кард, ки ҳусни таваҷҷӯҳи аҳолии шаҳрро нисбат ба худ ба вуҷуд оварад. Аммо ин кӯшиши ӯ бароре пайдо накард, дар оянда ҳам оммаи халқ муттасил бар зидди ӯ сар мебар-доштанд.

Дар бораи анъанаҳои пурқуввати ҷунбиши сарбадорони Самарқанд чу-нин далел ҳам гувоҳӣ медиҳад, ки пас аз барқарор гардидани ҳокимияти Те-мур низ ҳар бор, ки ӯ дуртар сафар кунад, аҳолии Самарқанд шӯриш мебар-доштанд. Дар давоми ҳаждаҳ сол (1370-1388) аз ин қабил шӯру ошӯб нӯҳ мартаба сар зада,  самарқандиҳо бо вуҷуди он ҳама рафторҳои бераҳмонаи Темур, мардонавор барои озодии худ мубориза мебурданд.

Ба сари ҳокимияти Мовароуннаҳр омадани

Темур ва футуҳоти минбаъдаи ӯ

Пас аз забт шудани Самарқанд муносибати байни амир Ҳусайн ва Те-мур вайрон гардид. Темур дар вақти ҳукмронии амир Ҳусайн ҳокими Шаҳрисабз ва Қаршӣ буда, ба муқобили муттафиқи собиқи худ ба таври махфӣ кор мебурд. Муборизаи махфиёнаи Темур то дараҷае расид, ки соли 1370 бо таҳрики ӯ дар Самарқанд табаддулоте ба амал омада, амир Ҳусайн кушта шуд ва Темур амири тамоми Мовароуннаҳр гардид.

Азбаски Темур аз авлоди Чингизхон набуд, пас аз ба Мовароуннаҳр соҳиб шудани худ ҳам унвони хониро қабул накард. Ӯ худро амир эълон намуда, ба он лақаби «Курагонӣ» (яъне «домод»)-ро ҳамроҳ кард, зеро вай зани амир Ҳусайни мақтулро, ки духтари Қазанхони Чингизӣ буд, ба занӣ гирифт. Темур мамлакатро бо кӯмаки хонҳои козиб Суюрғотмиш (1370-1388) ва писари ӯ, Султон Маҳмудхон (1388-1402) идора мекард.  Вай аз қабилаҳои ба худ наздики чағатой, хусусан аз барлосҳо гвардияи боэътимоде ташкил дод. Ба барлосҳо ва умуман ба тоифаҳои чағатоӣ ҳар гуна имтиёзҳо бахшид. Қувваҳои ҳарбие, ки аз ин тоифаҳо ташкил мешуданд, ба такягоҳи асосии ҳокимияти Темур табдил меёфтанд.

Сафири испонӣ — Гонзалес де Клавихо, ки дар соли 1404 ба пойтахти давлати темурӣ — шаҳри Самарқанд омада буд, дар дафтари хотироти худ чунин навиштааст: «Чағатоиҳо аз подшоҳ имтиёзҳои махсусеро соҳиб шуда-анд: онҳо метавонанд ба ҳар куҷое, ки ҳоҳанд, бо рама ва галаи худ сафар ку-нанд, аз чарогоҳ ва заминҳои зироатӣ истифода намоянд. Онҳо зимистон ва тобистон дар ҳар маҳалле, ки мақбулашон ояд, зиндагонӣ мекунанд, онон озоданд ва ба подшоҳ андоз намедиҳанд, чунки дар вақтҳои лашкаркашӣ бо даъвати ӯ хизмати аскариро баҷо меоранд.

Темур шӯриши оммаи халқ ва, аз ҷумла, ҷунбиши хеле бузурги сарбадо-рони Самарқандро дарҳам шикаста, сипас, ба муборизаи зидди феодалони маҳаллие, ки майли мустақилшавӣ доштанд, шурӯъ намуд. Гурӯҳи бонуфузи аҳолии шаҳр – тоҷирон ва пешаварони сарватманд, ки дар заиф шудани иқтидори мулкдорони бузург ва барҳам хӯрдани ҷангу низоъҳои дохилӣ зи-нафъ буданд, аз фаъолияти Темур дар амри марказият додани давлат пуш-тибонӣ мекарданд. Темур ба рӯҳониён бисёр имтиёзҳои иқтисодӣ дода, онҳоро низ ба тарафи худ кашид. Вай ба воситаи ташкил намудани лашкар-кашиҳои ғоратгарона ба кишварҳои ҳамсоя ва ба вуҷуд овардани имконияти ба осонӣ соҳиби сарват шудан иштиҳои мулкдорони хурди феодалиро, ки аз қудрати ӯ пуштибонӣ мекарданд, бармеангехт.

Темур ба кишваркушоии 35-солаи худ қадам ниҳода, ҳокимияти худро, қабл аз ҳама, дар поинҳои ҷараёни дарёи Сир мустаҳкам намуд, ки дар он вақт дар ин ҷо ҳукумати хонии Оқ Ӯрда мавҷуд буд. Ӯ ба ихтилофи дохилису-лолавии Оқ Ӯрда мудохила карда, Тӯхтамишхонро, ки яке аз муддаиёни тоҷу тахт буд, ҳимоя намуд. Тӯхтамишхон баъдҳо бо кӯмаки Темур ҳукумати Ол-тин Ӯрдаро низ ба даст даровард.

Дар соли 1372 амир Темур нахустин дафъа Хоразмро забт намуд. Пас аз ин ӯ панҷ мартаба ба муқобили шӯриши хоразмиён лашкар кашид ва охи-рин бор дар соли 1388 бар онҳо ҳамла овард. Дар вақти ин ҳуҷуми охир пой-тахти Хоразм — шаҳри Урганҷ, ки яке аз марказҳои тиҷорати байни Аврупои шарқӣ ва Осиёи Миёна буд, бо фармони амир Темур бо замин яксон карда шуд. Сокинони шаҳрро ба Самарқанд кӯчонида, дар вайронаи шаҳри собиқ ҷав коштанд. Фақат дар соли 1391 Темур ба дубора барқарор кардани Урганҷ рухсат дод.

Аз соли 1388 амир Темур ба муборизаи шадид ва давомнок бар зидди Тӯхтамишхон сар кард. Вай дар соли 1392 ба хоки Қафқоз ҳуҷум оварда, Ар-манистон ва Гурҷистонро ғорат ва мутеъ намуд. Дар соли 1395 ба қувваҳои ҳарбии Тӯхтамишхон шикаст дода, бақияи лашкари ӯро таъқибкунон ба хоки давлати рус дохил гардид ва то Елтс расид. Дере нагузашта Темур пой-тахти Олтин Ӯрда  — шаҳри Саройро, ки дар соҳили дарёи Волга воқеъ шуда буд, забт ва хароб намуда, бо ҳамин ба давлати хонии Олтин Ӯрда зарбаи қатъӣ ворид овард.

Ҳамаи ин, ба қавли А.Ю.Якубовский, ба Олтин Ӯрда «зарбаи ҳалокато-вар» расонид. Пояи давлате, ки ба сари Руси қадим ин қадар бадбахтиҳо оварда буд, дарҳам шикаст. Олтин Ӯрда пас аз соли 1395 яқинан рӯ ба таназ-зул ниҳод. Торумор гардидани Мамай соли 1380 дар корзори Куликово зарбаи нахуст ва ҳалкунандае буд, ки ба Олтин Ӯрда расонида шуд; шикасти назди Терек дар соли 1395 ва хоку туроб гардидани Сарой зарбаи дувум гар-дид. Темур бо Олтин Ӯрда баҳри манфиатҳои Осиёи Миёна мубориза бурда, бо князҳои Москва, ки дар бораи онҳо тасаввуроти равшане надошт, алоқа барқарор накарда буд, вале ӯ объективона на фақат барои Осиёи Миёна, бал-ки барои Русия низ кори муфиде кард»  (ҳарчанд ки дар ҳамон соли 1395 якчанд шаҳрҳои ҷануби Русияро ғорат намуд).

Темур дар баробари мубориза бурдан бо Олтин Ӯрда амалиёти ҳарбиро ба муқобили Эрон вусъат дода, он ҷоро низ ба ҳайъати давлати императории худ дохил намуд. Вай инчунин ба Ҳиндустон се мартаба ҳуҷум оварда, дар соли 1398 шаҳри Деҳлиро ишғол кард ва ганҷинаҳои зиёди онро ба ғорат бурда, дар соли 1399 ба Самарқанд баргашт. Соли дигар Темур дар хоки Су-рия қувваҳои султони Мисрро торумор намуд ва соли 1402 дар муҳорибаи Анқара ба қӯшуни султон Боязид шикасти мӯҳлик ворид овард. Темур дар соли 1404 ба пойтахти худ — шаҳри Самарқанд бозгашт намуда, дар фикри истилои мамлакати Чин афтод ва  бо ғайрати тамом тадорукоти ҳарбӣ дида, дар соли 1405 лашкари худро ба тарафи шарқ ҳаракат дод. Лекин ӯ ба мақсади худ нарасида, дар роҳ (дар Утрор) ногаҳон вафот кард.

Дар натиҷаи ин ҳама лашкаркашӣ ва футуҳоти пуршумор амир Темур муваффақ шуд, ки давлати императории бузурге таъсис намояд. Давлати ӯ на фақат Мовароуннаҳр, Хоразм, мамлакатҳои соҳили баҳри Хазар (Каспий) ва хоки Афғонистони кунунӣ, балки Эрон, як қисми Ҳиндустон, Ироқ, навоҳии ҷанубии Қафқоз ва як қатор кишварҳои Осиёи ғарбиро дар бар мегирифт.

Тамоми лашкаркашиҳои Темур ошкоро характери ғоратгарона до-штанд. Масалан, вақте ки ӯ бо Тӯхтамишхон ҷанг мекард, ободиҳои лаби да-рёи Волгаро чунон тороҷ ва хароб намуд, ки дар он ҷо қаҳтӣ ва гуруснагӣ рӯй дод. Маҳалҳои ободи шимоли Ҳиндустон низ ваҳшиёна ба харобазор табдил дода шуданд. Ӯрдуҳои яғмогари Темур аз ин сарзамин сарвати беандоза ба даст дароварда, пас аз рафтани худ фақат шаҳру деҳаҳои хароб, вабо ва гу-руснагиро дар Ҳиндустон боқӣ гузоштанд. Темур Арманистони пуродамро, чӣ навъе ки як шоҳид менависад, «бо қаҳтӣ, бо дами теғ, бо асорат, бо азобу уқубати гӯшношунида ва муомилаи ғайриинсонии худ ба биёбон табдил дод».

Темур дар вақти лашкаркашиҳои истилогарона аз дигар ваҳшигариҳои мудҳиш низ худдорӣ намекард. Ӯ дар соли 1387 ҳангоми забт намудани шаҳри Исфаҳон ба  аскарони худ фармон дод, ки 70 ҳазор нафар аҳолии бе-гуноҳро сар бурида, аз сари онҳо «калламанора» созанд. Дар соли 1398 дар Ҳиндустон бо амри ӯ 100 ҳазор нафар асирон ба қатл расонида шуданд. Вай дар соли 1401 дар Димишқ аскарони худро фармуд, ки ҳар кадоми онҳо як сари буридаи одамӣ оваранд. Сипас, аз ин сарҳо калламанора сохтанд. Дар худи ҳамон сол Темур шӯриши Бағдодро фурӯ нишонда, рӯзи иди қурбон ба аскаронаш амр кард, ки 90 ҳазор касро кушта, аз сари онҳо 120 калламанора созанд. Сарбозони Темур ба иҷрои ин фармон камар баста, дар қатори мар-дон занон ва кӯдакони маъсум ва инчунин асирони аз Сурия овардаи худро ваҳшиёна сар буриданд. Шарафиддин Алии Яздӣ пас аз марги Темур дар «Зафарнома»-и худ навиштааст, ки дар дохили давлати васеи императории Темур ин тариқа «калламанораҳо» хеле зиёд буданд. Темур як шаҳри Осиёи Сағирро ишғол карда, фармон дод, ки ҳамаи кӯдаконро ба замин партофта, аз болои онҳо аспу ароба гузаронанд. Ин як навъ манзараи мудҳиши гӯшт-кӯбиро мемонд,– навиштааст яке аз шоҳидони онзамона.

Воқеаҳои фоҷиавии Сабзавор (дар Хуросон) аз лиҳози бераҳмӣ аз ин ҳама ваҳшигариҳои Темур камтар набуданд. Мардуми Сабзавор бар зидди ҳукмронии хунхоронаи Темур шӯриш бардоштанд. Амир Темур дар соли 1383 ин шӯришро хобонида, аҳолии он ҷоро ба ҷазоҳои сахттар аз марг дучор кард: бо амри ӯ одамони зиндаро дар байни хиштпораҳо гузошта ва аз болои онҳо оҳак ва гил рехта, деворҳои баланд сохтанд. Чунин ҳодиса низ рӯй медод, ки аскарони Темур душманони асирафтодаро зинда ба зинда гӯр мекар-даид. Ҳатто рӯзе бо амри Темур якбора 4 ҳазор кас бо ин азоби фаҷеъ нест карда шуданд. «…Сиёсати Темур, – навишта буд К.Маркс,– аз он иборат буд, ки ҳазорҳо занону бачагон, мардону ҷавононро азобу шиканҷа диҳад, қир кунад ва ба ин тариқа, дар ҳама ҷо воҳима андозад…».

Бо ҳамин роҳ Темур кӯшиш мекард, ки аҳолии ба ғорат ва истисмори бе-раҳмона дучоркардаашро дар итоати  худ нигоҳ дорад.

Манбаъҳои таърихӣ ба Темур чунин ҳикматеро нисбат додаанд: «Та-моми қитъаи маскуни олам сазовори он нест, ки бештар аз як подшоҳ дошта бошад».  Дар ҳақиқат ҳам, Темур дар баробари тороҷ ва истисмор намудани аҳолии кишварҳои забтшуда саъй мекард, ки ҳокимияти худро дар тамоми олам барқарор намояд. Вай аз нав ташкил кардани давлати императории азпоафтодаи муғулро мақсади асосии худ қарор дода буд. Аз ин рӯ, Темурро метавон муттаҳидкунандаи давлати азҳампошидаи Чингизхон номид. Вале бояд хотирнишон кард, ки Темур ба анҷоми ин кор муваффақ нагардид. Ӯ дар мамлакатҳои таҳти тасарруфаш ҳатто усули идораи як қадар муттаҳид-шаклеро ҳам ташкил карда натавонист.

Темур бо ӯрдуҳои ғоратгари худ марказҳои маданиро хароб намуда, дар айни замон барои ободии вилоятҳои Осиёи Миёна, ки асоси иқтидори давла-ти ӯро ташкил медоданд, кӯшиш кард. Бо амри ӯ дар ин маҳалҳо корҳои обёрӣ ва роҳсозӣ хеле вусъат дода шуд. Темур аз Байнаннаҳрайн, Осиёи Сағир, Эрон ва Ҳиндустон гурӯҳ-гурӯҳ устодон, аҳли илм ва санъатро асир намуда, ба Мовароуннаҳр меовард. Иддаи зиёде аз одамони пешавару ҳу-нарманд, ходимони илм ва санъат хусусан ба пойтахти давлати темурӣ — шаҳри Самарқанд ҷамъ карда шуданд. Ин буд, ки шаҳри Самарқанд дар ин давра ниҳоятдараҷа сабзид.

Амир Темур манфиатҳои табақаи болоии феодалони ба тиҷорат алоқаманд ва бозургононро дар назар дошта, дар бобати ба бузургтарин маркази тиҷоратӣ табдил ёфтани Самарқанд низ тадбирҳои лозимаро пешбинӣ намуд. Гонзалес де Клавихо дар ин бора чунин менависад: «Азбас-ки дар он ҷо (дар Самарқанд.– Б.Ғ.) барои ба тартиб фурӯхтани ҳамаи чиз ҷои калоне мавҷуд набуд, подшоҳ фармон дод аз байни шаҳр кӯчае гузаро-нанд, ки дар ду тарафи он барои фурӯхтани молҳо дуккон ва хаймаҳо бошанд».

Ин кор бо усули хоси кордории Темур анҷом пазируфт. Бо фармони маъмурони ӯ ҳавлӣ ва дигар биноҳое, ки аз ҷои онҳо бояд роҳ мегузашт, аз байн бурда шуданд ва соҳибони ин биноҳо барои дур будан аз ногувориҳо ба ҳар сӯ гурехта рафтанд. «Кӯчаи хеле калон сохта шуд,– менависад Клавихо,– ки дар ду тарафи он дӯконҳо сохта, хайма ва хиргоҳ зада буданд… рӯи кӯча ҳамчун тим пӯшида шуда, аз ҳар куҷои он барои равшаноӣ панҷараҳо гузо-шта буданд. Баробари тамом шудани кори сохтмони хаймаҳо фавран тоҷирон дар он ҷой гирифта, ба фурӯхтани ҳар гуна молу ашё шурӯъ наму-данд».

Темур мехост роҳҳои тиҷоратӣ дубора ба воситаи Мовароуннаҳр барқарор гарданд. Аз ин сабаб вай барои вайрон кардани тиҷорати байни Аврупо ва шарқ, ки аз роҳи Олтин Ӯрда сурат мегирифт, кӯшиш намуд ва бо ҳамин ният шаҳрҳои Сарой ва Урганҷро ба харобазор мубаддал гардонид, то ин ду шаҳр аҳамияти тиҷоратии худро гум кунанд.

Пас аз он ки Темур Эронро тасхир намуд, то як андоза ба дубора барқарор кардани роҳи тиҷорати ҷаҳонӣ дар Мовароуннаҳр муваффақ гар-дид.  Акнун бозаргонон аз Эрон ба Султония омада ва аз он ҷо ба воситаи Ҳирот ва Балх ба Самарқанд ва, сипас, ба воситаи Тароз ба Муғулистон ме-рафтанд.

Муборизаи сулолавии Темуриён

Пас аз марги Темур давлати бузурги императории ташкилкардаи ӯ аз по афтода, Мовароуннаҳр ба саҳнаи муборизаҳои хунини сулолавӣ табдил ёфт. Темур ҳанӯз дар вақти ҳаёти худ давлатро дар байни фарзандонаш — Ҷаҳон-гир, Умаршайх, Мироншоҳ, Шоҳрух ва набераҳояш — Муҳаммадсултон, Пир-муҳаммад, Иброҳим ва Улуғбек тақсим намуда буд.

Ҳанӯз аз фавти Темур якчанд рӯз нагузашта буд, ки ҳар кадом аз Тему-риён худро мустақил эълон карданд. Набераи Темур, ҳокими Тошканд- Ха-лилсултон (писари Мироншоҳ) лашкар ҷамъ намуда, пештар аз писари Ҷаҳонгир – Пирмуҳаммад, ки ӯро Темур ҷонишини худ таъин карда буд, омада ба пойтахти давлати темурӣ — шаҳри Самарқанд соҳиб шуд. Агарчи Пирмуҳаммад борҳо барои барқарор кардани ҳуқуқи худ кӯшиш намуд, ва-ле муваффақият ба даст оварда натавонист ва ниҳоят дар соли 1406 ба қатл расид.

Ба Темуриён лозим омад, бо намояндогони сулолаҳои собиқ ҳам, ки Те-мур аз ҳукмронӣ маҳрум карда буд, мубориза баранд. Дар ғарб ва шимоли ғарбии Эрон намояндагони сулолаи туркмании Қарақуюнлу, дар Туркистон амир Худодод ва шайх Нуриддин исён намуданд. Ҳангоме ки дар соҳили да-рёи Аму байни Халилсултон ва Пирмуҳаммад ҷанг мерафт, Худодод қӯшуни муғул ва қалмиқро муттаҳид намуда, ба Мовароуннаҳр ҳуҷум овард. Ӯ Са-марқандро забт карда, хатто дар вақти муҳориба Халилсултонро асир ги-рифт.

Темуриён ба вазъияти хеле хавфоваре дучор гардиданд. Писари Темур — Шоҳрух, ки ҳокими Ҳирот буда, исман вориси падари худ ҳисоб мешуд, фавран лашкар ҷамъ намуда, роҳи Мовароуннаҳрро пеш гирифт. Шоҳрух қӯшуни Худододро торумор карда, худи ӯро бо дасти ҷосусе ба қатл расонид ва Халилсултонро озод кард. Лекин вай Халилсултонро дигар аз ҳуқуқи вори-си салтанат маҳрум сохта, ӯро ҳокими Рай таъин намуд ва идора кардани Самарқанд ва, умуман, Мовароуннаҳрро дар соли 1409 ба писари пон-здаҳсолаи худ — Улуғбек супорида, худ ба тарафи Эрон лашкар кашид. Ӯ тадриҷан авлоди се писари бузурги Темур – фарзандони Ҷаҳонгир, Умар-шайх ва Мироншоҳро аз ҳокимият дур карда, писари худ Иброҳимсултонро дар соли 1414 ҳукмрони Шероз ва писари дигари худ — Суюрғотмишро дар соли 1418 ҳокими Кобул, Ғазнин ва Қандаҳор таъин намуд.

Дар зарфи ин муддат намояндагони сулолаи туркмани Қарақуюнлу ба иқтидори маълум соҳиб гардида, на фақат хоки қабл аз футуҳоти Темур до-штаашонро дубора ба даст дароварданд, балки ҳудуди қаламрави худро хеле вусъат доданд. Шоҳрух ба муқобили Қарақуюнлу се дафъа лашкар кашид, аммо ба ғалабаи қатъӣ муваффақ нагардида, ба сулҳ розӣ шуд ва идора кар-дани Озарбойҷонро дар соли 1436 ба Ҷаҳоншоҳ ном яке аз намояндагони ин сулола вогузор намуд.

Дар замони ҳукмронии Шоҳрух (1405-1447) давлати Темур, бо вуҷуди хе-ле гум кардани хоки худ, ҳанӯз то як андоза иқтидори пешинаашро нигоҳ медошт. Зимнан, бояд хотирнишон кард, ки аз сарзамини таҳти тасарруфи Шоҳрух амалан ду давлат: яке давлати худи Шоҳрух бо марказаш Ҳирот ва дигаре давлати Улуғбек бо марказаш Самарқанд ба вуҷуд омад.

Ҳукмронии Улуғбек

Вақте ки Шоҳрух писари понздаҳсолаи худ — Улуғбекро ҳукмрони Са-марқанд таъин кард, зимоми ҳокимият амалан дар дасти сипаҳсолори номдор, ҳамразми Темур амир Шоҳмалик буд. Аз вақти ба тахт нишастани Улуғбек дере нагузашта, 20 апрели соли 1410 дигар сипаҳсолори темурӣ, ҳокими Туркистон бо қӯшуни сершуморе ба Самарқанд ҳамла овард. Улуғбек маҷбур гардид, ки ҳамроҳи васии худ фирор намояд. Шоҳрух ба маҳзи воқиф шудан аз ин ҳодиса фавран бо лашкари зиёде роҳи Самарқанд-ро пеш гирифт. Дар муҳориба феодали исёнкор сахт шикаст хӯрда, базӯр ҷон ба саломат бурд, вале пас аз ду сол оқибат кушта шуд.

Ҳокимияти Шоҳрух дар Осиёи Миёна комилан барқарор гардид.

Улуғбек аз тобеият ба васӣ хеле дилгир шуда, ҳар гоҳ ба падари худ арз мекард, ки ӯро аз васотат раҳо намояд. Чун вазъи сиёсӣ ҳам пас хондани Шоҳмаликро талаб мекард (ӯ дар байни ашрофзодагони Осиёи Миёна душ-мани бисёр пайдо карда буд), Шоҳрух хоҳиши писарашро ба ҷо овард. Ҳамин тариқа, аз соли 1411 Улуғбеки ҳафдаҳсола на ин ки исман, балки амалан ҳукмрони Мовароуннаҳр гардид.

Дар ин маврид ҳам ҳокимияти олӣ ҳамоно дар дасти Шоҳрух буд. Улуғбек соле чанд бор барои саҷда ба Ҳирот мерафт, доир ба муҳимтарин масоил ҳамеша маслиҳати падарро мегирифт, аз кардаҳояш ба ӯ ҳисобот медод ва ғ. Бо вуҷуди ин, ҳамзамононаш Улуғбекро ҳокими мутеъ ҳисоб намекарданд. Ӯ тақрибан дар ҳар бобат амалан соҳибихтиёр буд, вале корро ба ҷое намерасонд, ки боиси бадгумонии падар ва халалдор шудани муноси-бати байни онҳо гардад.

Улуғбек дар соли 1414 ба муқобили ҳокими Фарғона — шаҳзода Аҳмад амалиёти муваффақиятноки ҳарбӣ гузаронида, қаламрави ӯро ба мулки худ ҳамроҳ намуд ва пас аз чанде Қошғарро ҳам ба тасарруф даровард. Улуғбек-ро, махсусан, ӯзбекони қувватгирифта ва Муғулистон ба ташвиш меандохтанд. Аввалҳо ӯ ба гузоштани гумоштаҳои худ дар сари ин давлатҳои кӯчнишин муваффақ гардид, вале баъдтар онҳо торафт аз итоати ӯ барома-дан гирифтанд.

Соли 1425 Улуғбек дар ноҳияи Иссиқкӯл ва наҳри Или амирони муғули-стониро шикаст дода, ғаниматҳои зиёде ба даст даровард. Санги яшме, ки ба мақбараи Темур истифода шудааст, аз ҷумлаи ҳамин ғаниматҳост.  Боз як ёдгории ин воқеа навиштаҷоти дараи Ҷелонӯтӣ (дар роҳи байни Ҷиззах ва Самарқанд) мебошад, ки дар он Улуғбек аз юриши худ ва «аз он мардум сиҳат ва саломат ба ин ҷониб баргаштанашро» хабар додааст.

Аммо пас аз ду сол лашкари Улуғбек аз ӯзбекони бодиянишин сахт ши-каст хӯрд, ки ба ин, беш аз ҳама, фориғболӣ ва белаёқатии худи Улуғбек ва сардорони лашкари ӯ боис гардида буд. Ғолибон мамлакатро тамоман ғорат карданд. Шоҳрух бо қӯшуни сершумор ба кӯмаки писараш шитофт. Гу-наҳкорони дар ҷанг шикастхӯрда бо калтак ҷазо дода шуданд. Улуғбек аз ҳокимият дур карда шуд. Вале падараш аз рӯи илтифот ҳокимиятро боз ба ӯ пас гардонд.

Баъди ин воқеа Улуғбек дигар ба юришҳои ҳарбӣ сардорӣ накард ва он дастаҳое, ки ӯ ба муқобили бодиянишинҳо равона менамуд, одатан ба ягон муваффақияте ноил намегардиданд. Ӯзбекони бодиянишин на фақат қисма-ти муҳими Хоразмро ишғол карданд, балки чандин бор ба Мовароуннаҳр ва музофотҳои шимолии Эрон ҳамла оварданд. Умуман, пирӯзиҳои ҷангӣ ба Улуғбек насиб нагардид.

Аз муҳимтарин тадбироти Улуғбек дар дохили давлат ислоҳоти пулии со-ли 1428 буд. Ин ислоҳот дар бобати ба низом даровардани муомилоти пулӣ ва тиҷорат, ки ба андозае манфиатҳои аҳолии меҳнатиро низ ифода мекард, роли мусбат бозид (доир ба ин ислоҳот поинтар батафсил сухан хоҳад рафт). Зоҳиран, дар аҳди Улуғбек андози замин назар ба давраи пас аз ӯ, яъне ни-маи дувуми асри ХV ҳаҷман камтар ситонда мешуд. Аз ҳамин ҷост, ки Давлатшоҳ гуфтааст: «Улуғбек дар замони подшоҳии падари худ — Са-марқанд ва Мовароуннаҳр мустақилона ҳукумат кард ва дар умури идора ва адлия русуми шоистаеро риоят намуд».

Улуғбек аз Шоҳрух, ки мусулмони мутаассибе буда, вазифаи асосии худ-ро фақат дар дақиқона ва айнан риоя намудани тамоми аҳкоми шариат ва ба ин амр маҷбур кардани табааҳои худ медонист, аз бисёр ҷиҳатҳо фарқ ме-кард. Дар шаҳри Ҳирот – пойтахти давлати темурии аҳди Шоҳрух қоидаҳои сахт ва зӯҳду тақвои намунавӣ ҳукмфармо буд.

Дар айни замон дар Ҳироти онвақта адабиёти бадеӣ ва санъати тасвирӣ хеле равнақ пайдо намуд. Писари Шоҳрух шаҳзода Бойсунқар китобхонаи бузурге сохта, бисёр хаттотони номӣ, котибҳо, саҳҳофон, мусаввирон ва ҳатто мутахассисони соҳаи адабиётро ба ин ҷо ҷамъ овард. Ӯ дар баробари китоба-ти матнҳои қадима ва нодир корҳои матншиносиро ҳам ба роҳ гузошт. Таҳияи матни ҷомеи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, ки дар ин китобхона бо амри Бойсунқар анҷом ёфта буд, намунаи чунин иқдоми муҳимест. Ғайр аз ин, ба матни мазкур муқаддимаи мукаммале низ навишта шуд. Ин нусхаи «Шоҳнома» то замони мо расидааст ва дар китобхонаи Теҳрон маҳфуз аст.

Аммо муҳити Самарқанд тамоман дигар буд. Дар ин ҷо ҳатто шайхулис-лом базмҳое меорост, ки занҳои раққоса ширкат меварзиданд. Рӯзе яке аз пайравони мутаассиби шариат аз ӯ пурсид: «Шайхулисломи беислом, кадо-мин тариқати дин якҷо нишастан ва бо ҳам нӯшидани марду занро раво ме-донад?»

Саргарми илмҳои дунявӣ гардидани Улуғбек зиддияти байни ӯ ва аҳли таассубро боз ҳам тезутундтар намуд.

Аввалин мураббии Улуғбек дар овони кӯдакиаш қиссагӯ, шоир ва до-нишманди маъруф шайх Орифи Озарӣ буд. Баъдтар ӯ устодони дигар низ пайдо кард, ки аз байни онҳо, махсусан Қозизодаи Румӣ ва Ғиёсиддин шӯҳрати зиёде доштанд. Қозизодаи Румиро «Афлотуни замон» меномиданд. Улуғбек аз адабиёт вуқуфи комил дошт, забонҳои туркӣ, тоҷикӣ ва арабиро ба хубӣ медонист ва худ ба туркиву тоҷикӣ шеър ҳам мегуфт, илми мусиқиро омӯхта, дар ин соҳа панҷ рисола таълиф намудааст, ҳамчунин нисбат ба ил-ми тиб майлу рағбати зиёде аз худ зоҳир кардааст. Ӯ дар баҳсу мунозираҳои илмӣ иштирок намуда, ҳозиронро бо зеҳни хориқулодда ва дониши амиқи худ дар ҳайрат мегузошт. Бо вуҷуди он ки ӯ қариб дар ҳамаи соҳаҳои илму фан маълумоти мукаммалеро соҳиб гардида буд, беш аз ҳама, риёзиёт ва, алалхусус, илми нуҷумро дӯст медошт ва аксари вақти худро ба ин роҳ сарф менамуд. Ӯ тавонист дар андак муддат маъруфтарин мунаҷҷимон ва риёзи-донони он замонро ба Самарқанд ҷамъ карда, расадхонаи бо асбобҳои му-каммал таҷҳизонидашударо ба вуҷуд оварад. Самараи асосии кори ин раса-дхона, ки худи Улуғбек бевосита ширкат намудааст, ҷадвали нави нуҷумӣ мебошад ва он муқаддимаи муфассали назариявист, ки барои ин ҷадвал навишта шудааст.

Бо фармоиши Улуғбек дар Самарқанд, Бухоро, Кеш ва Ғиждувон бисёр биноҳои бузургу мӯҳташам сохта шудаанд, ки мадрасаи машҳури регистони Самарқанд аз ҷумлаи ҳамин биноҳост.

Қатли Улуғбек. Низоъҳои феодалӣ

Улуғбек пас аз вафоти Шоҳрух (1447) муддате чанд шаҳри пойтахтии Ҳиротро ҷои истиқомати худ қарор дод. Вале дар ҳамин вақт ӯзбекони боди-янишин ба Самарқанд ҳуҷум карда, шаҳрро ба муҳосира гирифтанд. Бино-бар ин, Улуғбек маҷбур шуд ба Мовароуннаҳр бозгардад. Дар роҳ ба да-стаҳои душман дучор омада, аз қувваи аскарӣ талафоти зиёде дод. Ин боиси паст шудани эътибори ӯ гардид. Аҳолӣ, аз он ки ҳокимияти марказӣ иқтидо-ри гирифтани пеши ҳуҷум ва ғоратгариҳои душманро надорад, изҳори но-ризогӣ мекард. Аз ин норизогии мардум истифода бурда, писари худи Улуғбек — Абдулатиф бо таҳрик ва ташвиқи рӯҳониёни иртиҷоӣ исён бар-дошт. Дар муҳориба Улуғбек тамоман шикаст хӯрда, аз тахти салтанат фуро-варда шуд. Ниҳоят, дар охири моҳи октябри соли 1449 Улуғбек на бо розигӣ, балки бо фармони Абдулатиф ба қатл расид.

Абдулатиф дер боз орзуи соҳибӣ кардани тоҷу тахтро дар дил мепарва-рид. Рӯҳониёни мутаассиби ислом ва шайхони тариқати дарвешӣ, ки Улуғбе-кро бад медиданд, ин майлу иштиёқи салтанатхоҳии вайро боз ҳам афзунтар мегардониданд. Бо ҳамин қасд Абдулатиф падарашро кушт ва барои та-моман эмин будан аз даъвои тахти салтанат бародарашро ҳам нобуд сохт. Лекин аз байн шаш моҳ нагузашта, худи ӯ ҳам аз тарафи сӯиқасдкунандаго-ни ҳарбӣ ба қатл расид. Пас аз ин муборизаи байни Темуриён бо қувваи нав шиддат ёфт. Аз низоъҳои байнихудии ин хонадон тоифаҳои бодиянишин, ки мавқеи онҳо дар ҳаёти сиёсии мамлакат торафт бештар мегардид, истифода бурданд. Аз аҳли хонадони темурӣ ба Абӯсаид муяссар гардид, ки бо кӯмаки қувваҳои муттаҳидаи тоифаи бодиянишини ӯзбек бо сардории Абулхайрхон ҳокимияти авлоди Мироншоҳро дар Мовароуннаҳр дубора барқарор кунад.

Дар давраи ҳукмронии султон Абӯсаид (1451-1469) ҳаёти илмӣ ва адабӣ рӯ ба таназзул ниҳода, ба ивази он таассуби динӣ ривоҷ гирифт, нуфузи рӯҳониёни иртиҷоъпараст ва пайравони дарвешия беш аз пеш афзуд. На фақат Самарқанду Бухоро, балки тамоми Мовароуннаҳр аҳамияти худро ҳамчун мамлакати пешқадами шарқ аз даст дод.

Мавқеи дарвешияи иртиҷоӣ ба дараҷае баланд гардид, ки давлати Тему-риён қариб тамоман дар зери итоати шайхи тариқати дарвешӣ, феодали хеле калон Хоҷа Аҳрор қарор гирифт. Метавон гуфт, ки ҳукмронии чилсолаи Улуғбек ба ҳукмронии чилсолаи Хоҷа Аҳрор – яке аз тиратарин симоҳои таърихи халқҳои Осиёи Миёна иваз гардид.

Дар миёнаи асри ХV барои соҳиб шудан ба ҳокимияти олӣ дар Хуросон муборизаи шадид мерафт. Абӯсаид муваффақ гардид, ки тахти Ҳиротро ба даст дароварда, сарзамини паҳновареро аз Тиёншон то Бағдод ва аз дашти Қирғиз то дарёи Ҳинд ба зери ҳокимияти худ дароварад. Аммо ин иттиҳод аслан фақат дар зоҳир буд, зеро ба муқобили ҷудоихоҳии феодалони калон, ки амалан соҳибони комилҳуқуқи ноҳия ва вилоятҳои тамом ба шумор ме-рафтанд, мубориза кардан имкон надошт.

Муаррихи он замон Абдурраззоқи Самарқандӣ дар бораи то чӣ андоза қувват пайдо кардани майлҳои ҷудоиталабии онвақтаи феодалӣ, хусусан дар Хуросон, ба тариқи зайл нақл менамояд: «Аҷибтар аз ҳама ин ки ҳар як қалъаи дар он ҷониб воқеъшуда мулки ягон саркардае ҳисоб меёфт».

Мовароуннаҳр аз соли 1469 ба дасти фарзандони султон Абӯсаид гузашт ва Хуросон ба ихтиёри авлоди Умаршайх қарор гирифт. Бузургтарин намо-яндаи ин хонадон Султон Ҳусайн ибни Мансур ибни Бойқаро буд, ки дар Ҳирот ҳокимияти қавии худро барқарор намуда, муддати чил сол салтанат ронд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *