Таърихи сиёсии давлати Сосониён

Давлати Сосониён

Дар ибтидои асри III милодӣ дар натиҷаи ҷангҳои дурударози пуртаҳлу-каи зидди римиҳо ва низову хархашаҳои дохилӣ давлати Порт завол ёфт. Зиддияти синфии байни ашрофу ғуломдор ва аҳли ҷамоату ғуломон якбора тезутунд шуда рафт; дар дасти ашроф бисёр заминҳои киштбоб  ҷамъ омад.

Барои барпо намудани идораи давлат чунон мубориза авҷ гирифт, ки он тавонист, ҳам истеҳсолкунандагони бевоситаро дар итоат нигоҳ дорад ва ҳам ба афзудани иқтидору сарвати ашроф мусоидат намояд: ашрофони Форс бо коҳинони зардуштия ҳамдастӣ карда, дар ин мубориза мақоми намоёнро соҳиб шуданд.

Дар аввали соли 220 милодӣ ҳукмрони вилояти Истахр (дар Форс) Арда-шери I Бобакони Сосонӣ  ҳокими тамоми Форс гардид. Соли 224 Ардашери I лашкари охирин намояндаи Оли Ашкониён Ардавони 1-ро торумор намуда, ҳокимиятро ба даст гирифт ва давлате таъсис дод, ки дар тамоми сарзамини Эрон вусъат дошт.

Ба ҷои портҳо омадани Сосониёнро табдили муқаррарии подшоҳон гуфтан ғалат аст. Оли Портҳо, ки «дар задухӯрдҳои зидди Рим суст гашта, дар банди зиддиятҳои мураккаби иҷтимоӣ монда, дар байни Ғарби ғуломдорӣ ва Шарқи ҷамоатию авлодӣ мекалавид, ба инкишофи муносибатҳои нави ҷамъиятӣ таҳрик дода натавонист. Ин корро давлати Сосониён кард» .

Давлати Сосониён зиёда аз 400 сол (224 ё 226–651) вуҷуд дошт. Дар аҳди Сосониён чунин ҷиҳатҳо ҷолиби диққат аст. Якум, тақрибан аз асри IV ми-лодӣ дар давлати Сосониён муносибатҳои феодалӣ босуръат инкишоф ме-ёбад. Дувум, бар хилофи қувваҳои марказгурези волию ҳокимони алоҳидаи баъзе ноҳияҳо мақоми ҳокимияти марказӣ дар Эрон баланд мешавад, бино-бар ҳамин Ф.Энгелс давлати Сосониёнро «подшоҳии… батартиб» номида буд . Севум, таъсири коҳинони зардуштия ниҳоят баланд мешавад, дини зар-душтӣ ба дараҷаи дини давлатӣ мерасад ва ба Ардашери I чунин ҳикматро нисбат медиҳанд: «Тахт пояи меҳроб асту меҳроб пояи тахт».

Дар аҳди писар ва вориси Ардашер шоҳ Шопури I (солҳои 242–272) Со-сониён лашкари римиҳоро торумор карданд, дар як муҳориба як императо-ри Рим кушта шуду дар муҳорибаи дигар боз як императори Рим асир афтод. Давлати Сосониён дар аҳди Шопури II (солҳои 309-379) хеле қувват ги-рифта, дар шарқу ғарб дар чандин муҳорибаҳо ғолиб омад ва шаҳрҳо таъсис намуд. Шоҳ Яздигурди I (солҳои 399-420) кӯшид, ки ба насрониён такя карда, ҳуқуқи ашроф ва коҳинони зардуштиро маҳдуд намояд; бояд гуфт ки дар давлати Сосониён насрониён бисёр буданд.

Тартиботи бераҳмонаи давлати Сосониён боиси эътирози сахти халқҳо, аз ҷумла, боиси эътирози сахти халқҳои ноҳияҳои тасхиргаштаи Осиёи Миё-на ва Моварои Кавказ шуд. Шӯриши ин ноҳияҳо, таҷовузи кӯчманчиён давлати Сосониёнро ба ларза меовард ва шоҳу шоҳзодагони сосонӣ ба асирӣ меафтиданд ё гарави кӯчманчиёни Осиёи Миёна мешуданд ва яке аз ин гуна шоҳон Пирӯз (солҳои 459–484) аст. Дар Эрон неҳзати иҷтимоӣ низ ҷой дошт, ки яке аз онҳо неҳзати маздакия мебошад ва дар айни он дар зери зарбаҳои тавонои халқ қариб буд, ки давлати Сосониён вожгун шавад.

Давлати Сосониён дар аҳди Хусрави I Анӯшервон (солҳои 531–579) ба авҷи иқтидори худ расид. Хусрави I ҷангу ҷидоли бисёре карда, ҳатто Ямани Арабистонро тасхир намуд ва аз ғайри ин чанд ислоҳоти ҳарбӣ гузаронд, ки онҳо муносибатҳои навбунёди феодалиро мустаҳкам карданд ва ба инки-шофи минбаъдаи он мусоидат намуданд. Ислоҳоти соҳаи андоз, ҳарбӣ ва маъмурии Хусрави I аҳамияти калон дошт. Ин ислоҳот ғайр аз ин ҳокимияти марказиро ҳам тақвият дод.

Шоҳони сосонӣ кӯшиданд, ки воҳаҳои Осиёи Миёнаро ба давлати худ ҳамроҳ кунанд ва ин кӯшиши онҳо барабас нарафт. Дар миёнаҳои асри V онҳо ноҳияҳои Осиёи Миёнаро аз даст медиҳанд ва ин ҷойҳо ба дасти кӯч-манчиён мегузарад. Вале андаке сонитар ноҳияҳои Туркманистони ҷанубӣ боз ба тасарруфи Сосониён медарояд. Давлати Сосониён дар миёнаи асри VII милод аз зарбаи арабҳо суқут ёфт.

Кидориён

Мадраки асосӣ роҷеъ ба Кидориён дар ахбори маъхазҳои зерин ҳастанд. Дар солномаи Бэй-ши ривоят мешавад, ки ҳокими йуҷиҳо аз ҳамлаи жожҳо хавф бурда, дарбори худро ба шаҳри Боло кӯчонд. «Пас аз ин подшоҳи дило-вари йуҷиҳо Сидоло аз кӯҳҳои баланд убур карду ба шимоли Ҳиндустон ҳамлавар шуд ва шимолтар аз Гантоло панҷ давлатро зери даст овард». Баъди ин солнома воқеаҳои соли 424-ро нақл мекунад. Аз дигар ривояти Бэй-ши маълум мешавад, ки Сидоло ба ноҳияҳои йуҷиҳои сағир ҳам ҳукмфармо будааст, вале сонӣ «хуннҳо ӯро пеш кардаанд ва ӯ ба ғарб рафтаасту» ҳуку-матро ба дасти писараш додааст.

Чанд навъ тангаҳо ҳастанд, ки дар рӯи онҳо ба браҳмӣ «Кидара Кушона ша» навишта шудааст. Ҳуруфоти танга далолат мекунад, ки он дар ким-кадом ноҳияи ҷануб, дар паси Ҳиндукуш бароварда шудааст ва мувофиқи маълумоти нумизматӣ ба давраи солҳои 390–430 нисбат дорад. А.Бивар ин тангаҳоро таҳлил намуда, ба хулосае омад, ки ин гуна тангаҳоро паси ҳам ка-маш ду ҳоким сикка мезаданд.  К.Еноки исбот мекунад, ки Кидориён тақри-бан дар солҳои 412–437 Тахористон ва Қандаҳорро тасарруф карда буданд.

Дар маъхазҳои ғарб (Приски Понӣ) гуфта мешавад, ки «гуннҳое, ки онҳоро кидориён меноманд», солҳои 456 ва дар солҳои минбаъда зидди Эро-ни сосонӣ мубориза бурдаанд. Дар зери санаи соли 456 Приски Понӣ (19) хабар медиҳад, ки шоҳи «портӣ» (яъне сосонӣ) зидди гунну кидориён меҷан-гид. Худи ҳамон маъхаз зери санаи соли 464 менависад, ки ҳукумати Сосо-ниён чунин иддаое дошт: «Римиён (Византия–Б.Ғ.) ӯҳдадор шуданд, ки агар форсҳо зидди гунну кидориён ном тоифае ба ҷанг дароянд, ёрии пулӣ хоҳанд расонд, зеро агар дасти форсҳо боло шавад, барои римиён суд ҳамин мешуд, ки гуннҳоро (кидориёнро) рухсат намешуд ба сарзамини Рим дароянд» (Приски Понӣ, 25).

Маълум, ки Сидолои маъхазҳои Хитой (талаффузи қадимиаш (kiwo-tâ-lâ)  ва Кидораи рӯи тангаҳо худи ҳамон як ном аст. Ба ҳар ҳол, дар бораи дигар ҷиҳатҳои масъала алҳол бо итминон ягон гапи муайян зада намешавад. Агар ба маъхази Хитой бовар кунем, мо ҳам гуфта метавонем, ки кидориён хеши кушониён ва ҳатто як ҷузъи кушониён буданд, вале ин иддаоро дигар маъхазҳо тасдиқ намекунанд. Масъалаи муносибати кидориёни ба Ҳинду-стон рафта ва он кидориёне, ки ба қавли Приск, зидди Сосониён ҷангидаанд, мутлақо норавшан аст. Чанд фарзияи зарифона пешниҳод шудааст, муво-фиқи яке аз ин фарзияҳо кидориёну хиёниён қариб як тоифаанд ва азбаски хиёниён ба ном тобеи шоҳи кидориён буданд, бинобар ин онҳоро ҳам «кидо-риён»  меномиданд. Маълумоте ҳаст, ки Кидориён ҳанӯз соли 477 аз Гандҳара ба Хитой ҳайъати сафорат фиристодаанд.

Хиёниён

Соли 346/47 шоҳи Сосониён Шопури II дар сарҳади шарқии давлати худ меистод, зеро ба он ҷо, ба қавли Аммиан Марселлин (16, 9, 4), «хиёниёну ав-санҳо», ки худ «еусан» мегуфтаанд, ҳуҷум карданӣ будаанд. И. Маркварт  ақидае пеш ниҳод, ки дар калимаи «еусан» як ҳарф ғалат рафта ва онро «ку-сан» яъне кушон хондан даркор. Агар ин гуна ислоҳро эътироф кунем (бисёр муҳаққиқон инро раво мешуморанд), пас хиёниён бо кушониён (бо кидориён ҳам?) ҳамгун ва ҳатто якҷоя мешаванд. Баъди ин (17, 5, 1) Аммиан Марселлин нақл мекунад, ки ба Шопур муяссар шудааст бо халқҳои дурдаст–«хиёниён ва гелонҳо» муоҳада бандад.

Соли 359 дар асоси муоҳада хиёниён дар ҳайъати лашкари Шопури II дар қарибии шаҳри Сурия–Умеда ба ҷанг медароянд. Сардори лашкари хи-ёниён Грумбат ном «марде будааст тоза ба тахт нишаста ва синнаш аз миёна боло нарафта, вале чеҳра пур аз чину ожанг гашта ва дар сиёсат заковати ко-мил дошта ва аз зафарҳои бешумор шӯҳрат ёфта. Ҳамроҳи вай писараш низ будааст ҷавоне барно, вале дар коргоҳ ҳалок гашта» (Аммиан Марселлин, 18, 6, 20, 19, 1, 7–11).

Дар охири солҳои 60-ум ва миёнаи солҳои 70-ум Шопури II ду бор ба са-ри «кушониён», ки пойтахти онҳо дар Балх будааст, лашкар кашидааст. Таф-силоти ин муҳорибаҳоро муаррихи арман Фавст Бузанд ба қалам додааст. Бори аввал «шоҳи кушониён» Шопури II шахсан худаш дар сари лашкар бу-дааст, вале ин ба форсҳо мадад накардааст. «Лашкари кушониён лашкари форсҳоро торумор кард, бисёр форсҳоро аз дами теғ гузаронд»,– менависад муаррихи арман. Бори дувум Шопури II ба нияти ниқор лашкар кашид, вале ин дафъа ҳам  ҳоли форсҳо табоҳ шуд.

Маълум, ки дар ин маврид дар зери номи «кушониён» ким-чи хел дигар як тоифа – кидориён, хиёниён ё худ, эҳтимол, ҳар дуи онҳо дар назар дошта шудааст.

Дар катибаи Самадрагупта, ки дар сутуни Оллоҳобод нақш ёфтааст, ав-вал «дайвапутра-шахи-шаханушахи-шака-марунда» зикр гардида, баъд арзи аҳолии Сарандеб барои ҷазираҳо забт шудааст ва дар аризаи худ мардуми ин ҷазираҳо ба Самадрагупта изҳори итоат намуда, ба вай занҳо ва духтаро-нро пешкаш мекунанд ва аз вай ярлиқе металабанд, ки аз рӯи он ба шарти эътироф намудани ҳукмронии Самадрагупта мамлакати худро худашон идора карда тавонанд. Муҳаққиқони ин катиба унвонеро, ки дар боло дар нохунак оварда шуд, ҳар хел тавзеҳ медиҳанду ҳар як олим (мувофиқи са-лоҳдиди худаш) онро ба ҷузъҳо тақсим мекунад. Дар байни ин тавзеҳот тавзеҳи олими ҳинд Будҳа Пракаш ба назар дурусттар менамояд. Ба ақидаи вай тамоми ибораи «дайвапура-шахи-шаханушахи» як истилоҳи том буда, кадом як аз подшоҳони барҷастаи миёнаи асрҳои IV-уми Кушониёнро дар назар дорад (санаи катиба ҳам ба санаи ин давра мувофиқ аст).

Ба фикри дигар муаррих А. С. Алтекар, дар катибаи Оллоҳобод Кидара  зикр шудааст ва ин фикр ҳам ҷолиби диққат мебошад. Дар ин маврид дар байни ахбори Фавст Бузанд роҷеъ ба «шоҳи кабири Кушониён»  ва унвони катибаи ҳиндӣ, ки дар он аз «шоҳаншоҳи» улвӣ сухан меравад, иртиботе пайдо мешавад. Вале ба доираи маъхазҳо дохил кардани ин катиба ҳам та-моми авзоъро қобили идрок карда наметавонад, масалан, маълум не, ки му-носибати байни кирдориён ва хиёниён чӣ гуна буд.

Вале шояд маъхазҳои хитоиро ба инобат гирифтан даркор бошад? То вақтҳои охир ақидае вуҷуд дошт, ки онҳо дар бораи хиёниён маълумот на-медиҳанд. Алҳол олими японӣ К. Еноки исбот мекунад, ки ахбори маъхазҳои хитоӣ роҷеъ ба Судэро тасхир кардани «хуннҳо» ва чунин ривоят, ки онҳо «ҳокими Судэро кушта, заминҳои вайро забт намуданд» (ва зимнан ҳоким Хунн насли чорумин пас аз он воқеаҳо будааст), ба Суғд нисбат дорад ва дар ин ҷо зери номи «хуннҳо» аслан хиёниён маҳфуз мебошанд.  Вале тамоми он чизе, ки аз ин ахбор гирифтан мумкин аст, танҳо зикри ҳамин воқеа, ки Суғдро дар ким-кадом давра хиёниён забт карда будаанд ва таҳлили санаҳо (ахбор ба соли 437 дахл дорад) нишон медиҳад, ки онҳо, эҳтимол, Суғдро қабл аз пайдо шудани худ дар ҷануби Осиёи Миёна забт кардаанд, яъне аз Суғд гузашта рафтаанд.

Бояд қайд кард, ки дар маъхазҳо хиёниёну кидориён байни худ омехта мешаванду вале байни маълумотҳо дар бораи хиёниён ва ҳайтолиён ҳад гу-зоштан аз ин ҳам мушкилтар аст. Ин гап ба воқеаҳои нимаи аввал ва миёнаи асри V нисбат дорад. Муаррихони араб Табарӣ ва Диноварӣ хабар медиҳанд, ки ба тахти Сосониён Варахрони V Баҳроми Гӯр (солҳои 420–437) нишасту дере нагузашта ба Хуросон ҳоқони «туркон» дарафтод ва мамлакатро ба ғорат бурд. Баҳроми Гӯр вонамуд, ки ба Озарбойҷон меравад, вале худаш бо эҳтиёти тамом пинҳонӣ ба «туркҳо» наздик омад, ки онҳо дар қарибии Марв хайма зада, бепарвоёна дам мегирифтанд. Инак, сарбозони Баҳроми Гӯр наъраи мудҳише кашиданду «туркҳо» рӯ ба гурез ниҳоданд. Баҳроми Гӯр хоқони «турк»-ҳоро кушт, зани ӯро ба даст овард ва лашкари ӯро то худи Амударё таъқиб намуд ва дар назди Омул аз дарё убур карду ба «туркҳо» наздик шуда буд, ки онҳо арзи итоат намуданд ва илтимос карданд, ки байни онҳо ва худаш сарҳаде муқаррар кунад ва онҳо аз ин сарҳад нахоҳанд гузашт. Баҳром маҳаллеро, ки ба хоки «туркҳо» хеле амиқ мерафт, интихоб намуд. Фармуд, ки дар он ҷо бурҷе бардоранд ва ин ҷоро сарҳад таъин кард» – ме-нависад Диноварӣ.

Табарӣ менависад, ки дар байни туркҳо ва ноҳияҳое, ки бо «кишвари туркҳо» ҳамсарҳад буд, сарҳад муқаррар карда шуд. Вай муфассал номбар мекунад, ки Баҳроми Гӯр чӣ ғанимате ба даст оварда буд. Вале муҳимаш ҳамин ки вай волии Хуросонро таъин мекунад ва мегӯяд, ки қароргоҳи вай дар Балх буд . Пас сарфи назар ба ғалаба вазъияти сарҳади шарқӣ назорати доимиро тақозо дошт. Шояд гуфтаи Фирдавсӣ роҷеъ ба он ки пас аз шикасти «туркҳо» ашрофи Чағониёну Хатлону Балху Бухоро маҷбур буд ба Эрон хи-роҷ диҳад, ба ҳамин воқеа алоқа дошта бошад.

Дар бораи кадом «туркҳо» сухан мерафта бошад? Шакке нест, ки худи ин ном анахронизм аст. И.Маркварт ба ду ҷиҳат диққат дод – аввалан, дар як достони паҳлавӣ («Ёдгори Зарирон») аз разми шоҳи Эрон Виштосп ва шоҳи хиёниён Арҷосп сухан меравад ва зимнан корзор дар даштҳои ноҳияи Марв будааст. Баъди ғалаба Виштосп ба Балх бармегардад. Ҳамаи ин тафсилоти муҳорибаҳои Баҳроми Гӯрро ба ёд меоварад. Дувум, валиаҳди Хуросон ба унвони «марзбони кушон» (яъне «сарҳадбони кушон») соҳиб мешавад.  И.Маркварт дар асоси ҳамин ба хулосае меояд, ки Баҳроми Гӯр, дар ҳақиқат, ба хиёниён ҷангида буд ва ин хулосаи вай боварибахш аст.

Чаро унвони валиаҳди Балх «марзбони кушон» буд? Ин ду сабаб дошта-наш мумкин. Якум, ба қавли Табарӣ, Баҳроми I Гӯр як қисми хоки Ҳиндус-тонро, ки дар он маҳалҳо мулки Кушониён вуҷуд дошт, ба мамлакати худ ҳамроҳ карданӣ буд ва инак, унвони мазкур гӯё як навъ намоиши сиёсӣ ҳам буд. Дигар сабаб ҳамин: дар Эрон гумон доштанд (ё медонистанд), ки байни хиёниёни навомада ва Кушониёни аз қадим маълум ким-чӣ хел алоқае ҳаст. Сабаби дувумро ҳамин як далел ҳам тақвият медиҳад. Дар аҳди Яздгурди II (солҳои 438–457) зидди кӯчманчиёни шимол ҷанг идома дошт. Иштирокчӣ ва ҳамасри ин ҷанг муаррихи арман Егише Вардапет хабар медиҳад, ки шоҳи Сосониён «ногаҳон ба кишвари хиёниён тохт, ки онҳоро Кушониён ҳам мегӯянд ва ду сол ҳарб зад, вале натавонист онҳоро ба итоат дарорад» . Хуллас, ду маъхазе, ки бо ҳам мутлақо вобаста нестанд, хиёниёнро бо кушониён алоқаманд кардаанд. Ин исботи ақидаест, ки хиёниёнро аз кушониён ҷудо кардан нашояд.

Яздгурди II ҳатто маҷбур шудааст, ки қароргоҳи худро ба шимол кӯчо-над. Авзои пуртаҳлука дар ин ҷо зиёда аз даҳ сол тӯл кашид. Худи ҳамон му-аррихи арман Егише Вардапет менависад, ки соли 450 «Яздгурд лашкари бешумор гирд оварда, раҳсипор шуд ва ба кишвари ҳайтолиён расид. Шоҳи кушониён инро дида, ҷуръати ҳарб наёфт ва рӯ ба гӯшаҳои дастнораси биё-бон фирор кард». Баъди ин Яздгурди II сарзамини Кушониёнро ба ғорат бурд, бисёр шаҳрҳо, асирон ва сарватро ғанимат гирифт. К.В.Тревер дар асо-си ибораи «кишвари Ҳайтолиён»-и ин матн хулосае мебарорад, ки ҳайтолиён дар ин давра «аз афти кор, ҳанӯз бар кушониён ҳукмфармо набуданд» . Ва-ле мо ба ин фикри К. В. Тревер розӣ не, баръакс, ба фикри мо, матни мазкур далели он аст, ки ҳайтолиён бар хиёниён ҳукмфармо шудаанд ва тамоми хоки («кишвари») онҳо аз они ҳайтолиён ҳисоб мешуд, вале онҳо ҳанӯз дар ҷангҳои зидди Эрон иштирок намекарданд.

Ҳайтолиён

Инак, дар ахбори муаррихи арман, ки ба соли 450 нисбат дорад, «ки-швари ҳайтолиён» номбар шудааст. Егише Вардапет хабар медиҳад, ки солҳои 453–454 Яздгурди II боз ба шоҳи Кушониён дарафтоданӣ шуд, вале шоҳи Кушониён ин нияти ӯро пешакӣ фаҳмиду ба форсҳо зарбаи мудҳише зад ва бисёр ҷойҳои Эронро ба хок яксон намуду ба ғорат бурд .

Е.Е.Неразик дар асоси таҳлили матн чунин ақидаи ба фикри мо ҳам қобили қабулро изҳор намуд, ки юриши Яздгурди II нисбат ба юришҳои пештараи вай ба ноҳияҳои шарқтар нигаронида шуда буд, эҳтимол, муҳори-ба на бо хиёниён, балки акнун бо ҳайтолиён рӯй дода бошад.  Гуфтан мум-кин, ки ин аввалин задухӯрди ҳарбии Эрони сосонӣ бо ҳайтолиён буд ва сосо-ниён аз ҳамин задухӯрдҳо бояд фаҳмида бошанд, ки душмани нав – душма-ни ниҳоят пурзӯри тавоно пеш омада истодааст. Вале ҳамаи ин ҳоло аввали кор буд.

Иттиҳодияи нав дар солҳои 50-уми асри V ба дараҷае қувват гирифт, ки ба дигар мамлакатҳо ҳайъатҳои сафорат мефиристодагӣ шуд; соли 456 ба Хитой ҳайъати сафорати ҳайтолиён меояд . Агар ба ин дараҷа тез қувват ги-рифтани иттиҳодияи ҳайтолиёнро дар назар дошта бошем, равшан мешавад, ки «гунну кидориён» дар охири солҳои 50- 60-уми асри V беҳуда ба ҳайтолиён тазъйиқ наоварда будаанд.

Дар аҳди Пирӯз (солҳои 459–484) муборизаи зидди ҳайтолиён ба авҷи худ расид. Аз хабари муаррихони араб маълум мешавад, ки Пирӯз бо дастгирии аҳолии «Тахористон ва атрофи он» ҷулус кардааст. Вай «иқтидори ҳайтолиё-нро афзуд ва ба мукофоти мадади онҳо ваъда дод, ки ба сарҳади онҳо дахл нахоҳад кард». Вале Табарӣ ривоят мекунад, ки «сипас, Пирӯз ба сари тоифае лашкар кашид, ки Тахористонро соҳиб буданд ва худро ҳайтолӣ ме-хонданд». Пирӯз бо лашкари худ то ба таги ҳамон бурҷе расид, ки Баҳроми Гӯр сохта буд. Баъди ин Табарӣ як ривояти афсонамонандеро меоварад, ки Пирӯз чӣ илоҷе ёфта, ваъдахилоф набудани худро нишон доданӣ шудааст (гап аз он ваъдае меравад, ки Пирӯз ба шоҳи ҳайтолиён Хушнавоз дода буд ва мувофиқи он бояд аз сарҳадди ҳайтолиён намегузашт: Маълум, ки сарҳади ҳайтолиён ҳамон бурҷ буд ва инак, «Пирӯз ба таги он бурҷ расиду фармуд, ки 50 фил ва 300 паҳлавонро бар он илҳоқ созанд ва филону паҳлавонон бурҷро пеш мекашиданду Пирӯз аз паси он меомад ва бо ҳамин илоҷ ваъда-еро, ки ба Хушнавоз дода буд, гӯё вайрон намекард». Дар ин муҳорибаи зид-ди ҳайтолиён Пирӯз ва бисёре аз лашкари вай ба хандақҳое, ки махсус дар сари роҳ канда шуда, рӯи онҳоро номаълум пӯшонда, ноаён карда буданд, афтиданду кушта шуданд. Ҳайтолиён тамоми Хуросонро тасхир намуданд . Диноварӣ менависад, ки номи шоҳи «туркҳо» яъне ҳайтолиён Хушнавоз буд. Вай ҳам мисли Табарӣ менависад, ки хандақҳои чуқур канда, рӯи онҳоро ноаён пӯшида монда буданд. Худи подшоҳ ва бисёр аскарони вай ба ин хандақ афтиданд ва ба қавли муаррих, «ба адам рафтанд». Вақте Пирӯз ба ин хандақ афтида банд мешавад, ӯро бо санг зада мекушанд ва тамоми қарор-гоҳи вай, духтараш, мӯбади пираш, занҳояш ва сарваташ ба дасти ҳайтолиён меафтад . Дар бораи ин хандақи рӯпӯши пуроб дар маъхази византӣ ҳам маълумоте ҳаст (Прокопий Кесарский, I, 4).

Ин воқеа на фақат дар сарчашмаҳои арабӣ, балки инчунин дар сарчаш-маҳои суриёнӣ, византӣ ва арманӣ ҳам тасвир шудаанд. Баъзе ҷиҳатҳои масъаларо хотирнишон мекунем. Пирӯз зидди ҳайтолиён се бор ҷангидааст. Ҷанги якум бо ҳамин анҷом ёфт, ки вай асир афтоду вале шоҳи Византия пу-ли бисёре дода, ҷони вайро харида, аз асорат озод кард. Пас аз муддате боз ҷангро сар мекунаду боз асир меафтад. Аз афти кор, маҳз дар вақти бори дувум асир шуданаш ваъда додааст, ки дигар аз сарҳади ҳайтолиён нахоҳад гузашт ва ба замми ин бояд товони ниҳоят калон – 30 хачир танга медод. Пирӯз дар асорат истода фармуд, ки товонро ба ҳайтолиён биёваранд, аммо хазинаи дар ҷангҳо холишуда ин миқдор пул надошту фақат як қисми онро дод. Вале Пирӯз писарашро ба гарав монда, ба ҳар ҳол, аз асорат раҳо ёфт. Агар ба хабари Приски Понӣ бовар кунем (1,27), Пируз ҳайтолиёнро фиреб додааст ва ин ба ҷанги севум баҳона шудааст. Гап дар ин, ки Пирӯз ба «гун-нҳо» таклиф кардааст, ки муоҳидаи сулҳ банданд ва чун гарави софу покии нияти худ ба подшоҳи «гуннҳо» духтареро ба занӣ додаасту гуфтааст, ки ин духтар ба вай хоҳар мешавад. Духтар ба дарбори шоҳи «гуннҳо» меояду қал-лобии Пирӯзро фош мекунад ва мегӯяд, ки вай хоҳари Пирӯз не, балки кани-зи вай аст. Шоҳи «гуннҳо» Кунҳо аз ин найранги Пирӯз бениҳоят музтар шуда, ба нияти қасос аз Пирӯз илтимос мекунад, ки ба ихтиёри вай муалли-мони илми ҳарб фирис-тонад, зеро вай лашкари калон дораду аммо сар-лашкарони пуртаҷриба надорад. Вақте ин муаллимон ба ихтиёри подшоҳи ҳайтолиён омаданд (Пирӯз 300 эронии наҷибро фиристода буд), ҳайтолиён як қисми онҳоро гӯшу биниву забон бурида, сар доданду боқимондаро куштанд.  Инак, боз ҷанг сар шуд, ки ин ҷанги севум буд ва дар ин ҷанг Пирӯз бешарафона ҳалок шуд .

Ин шикасти мудҳиш аҳолии Эронро ба воҳима андохт. Ба қавли сар-чашмае дар Эрон, «ҳатто дар айёми амонӣ касе набуд, ки ҷасурона ва нотар-сона ба ҳайтолӣ нигарад ва агар номи ҳайтолиро шунавад, ҳатто ба ларза меомад».

Зиёда аз ин, як форси наҷиб ба шароите, ки дар Эрон баъди Пирӯзро то-румор кардани ҳайтолиён ба вуҷуд омада буд, чунин баҳо додааст: «Пирӯз меҳани ин қадар аъзаму ин қадар мустақили моро чунон бандаи ҳайтолиён сохт, ки то мулки ориён (Эрон –Б.Ғ.) вуҷуд дорад, аз ин бандагии пурғусса раҳоӣ намеёбад»

Дар «Баҳман-Яшт», ки ба забони форсии давраҳои миёна таълиф шуда-аст, порчае ба назар мерасад, ки зотан бо воқеаҳои солҳои 80-уми асри IV иртибот дорад. Г. Бейли ин фиқраро ба тариқи зайл овардааст: «Бад-ин мин-вол, ин тоифа, ки худ зодаи Ғазаб ҳастанд, садҳо, ҳазорон ва ҳазорон ҳазор мардумро тӯъмаи теғ сохтанд. Ин девҳои фатиламӯй ялаву алами бешумори худро бардошта, ҳамла оварданд. Онҳо Эрони маро поймол карданд, ки он маҳсули дастранҷи Ҳурмуз аст, онҳо саросар ҳуҷум карданд, онҳо, ки турко-ну хиёниёни сурхи адӯ ҳастанд ва алами онҳо сарозер аст».

Эрони сосонӣ, ки борҳо ба таги пои вай императорҳои мағрури Рим сар мондаанд, дар охирҳои асри V фақат аз номи кӯчманчиёни бадҳайбати Осиёи Миёна ҳайтолиён ба ларза меомаду ба онҳо боҷ медод .

Мо хотирнишон карда будем, ки (дар байни солҳои 467–470 ва 480) ҳайтолиён Суғдро ишғол карданд. Баъди ин онҳо ба тасхири мулкҳои Турки-стони шарқӣ шурӯъ намуданд. Онҳо соли 479 ноҳияи Турфон, солҳои 490–497 Урумчӣ, байни солҳои 497 ва 509 Қарошараро  забт карданд. Аз қувват ва нуфузи ҳайтолиён дар Туркистони шарқӣ чунин воқеа шаҳодат медиҳад. Соли 522 волии яке аз мавзеъҳои ноҳияи Хара-Хото, ки аслан худаш аз жожҳо будааст, зидди хитоиҳо исён мекунаду баъд ба назди ҳайтолиён гурехта меояд ва аз онҳо барои рафъи душманони худ мадад мепурсад.

Агар ба назар гирем, ки Хутану Кошғар ҳам ба ҳайъати давлати Ҳайто-лиён даромадаанд (эҳтимол, дар охири асри V), пас гуфтан мумкин, ки дар ибтидои асри VI ҳайтолиён ба тамоми Туркистони шарқӣ соҳибӣ мекарданд.

Солномаҳои хитоӣ номгӯи мулкҳоеро додаанд, ки ба ҳайъати давлати Ҳайтолиён дохил шуданд. Муқоисаи ин ахбор бо сарчашмаҳои давраҳои со-нитари арабу форс имкон медиҳад, ба хулосае оем, ки давлати Ҳайтолиён қисми асосии Осиёи Миёнаро дар бар мегирифт ва зоҳиран (инро ҳанӯз И. Маркварт ҳам қайд карда буд) қисми муҳимтарини мулки онҳо Тахористон буд. Ғайр аз ин, ҳайтолиён дар ҷануб ҳам чанд ҷойҳоро забт карданд. Маса-лан, онҳо дар нимаи дувуми асри V Қандаҳор  ва андаке баъдтар баъзе мавзеъҳои шимоли Ҳиндустонро тасхир намуданд.

Афсӯс, ки таърихи осиёимиёнагии Ҳайтолиён чӣ қадар мавҳуму пар-дапӯш аст. Дар маъхазҳои ҳиндӣ ҳайтолиёнро «хуно» (hūna) гуфтаанд. Мувофиқи мадраке охирин волии аъзами оли гуптҳо Скандагупта (санаи аҳдаш тақрибан солҳои 435–467 , мувофиқи маъхази дигар аз солҳои 455–456 тахминан то соли 470 ) маҷбур шудааст, ки аз онҳо худро дифоъ кунад ва тавонистааст онҳоро мағлуб созад.  Гумон меравад, ки ин аввалин тохту-тозҳои ҳайтолиён буд ва онҳо то ин дам аллакай Қандаҳорро дар итоати худ доштанд.

Барои тавзеҳи давраҳои минбаъда дар дасти мо мадракоти сарчашмаҳои гуногун, аз ҷумла, солномаву навиштаҷоти ҳиндӣ, ривояти сайёҳони Хитой ва дигар мамлакатҳо ҳаст, ки маълумоти онҳо аксаран ба якдигар хилоф мебо-шад, ба ин сабаб тафсири онҳо низ чандин тобиш дораду ҳар олиме ақидаи худро роҷеъ ба онҳо ба тарзи худ баён кардааст. Дар солҳои охирини асри V ва даҳсолаи аввали асри VI дар сари хуноёни ҳинд Тарумана ном шоҳе меис-тод, ки дар яке аз катибаҳои ҳиндӣ дар ҳаққи вай гуфта шудааст: «Номдор Тарумана, подшоҳи беандоза машҳури олам». Валиаҳди ӯ писараш Миҳи-рақул шуд, ки дар бораи вай хеле баъдтар Сюан-сзан навишта буд, ки вай ба тамоми Ҳиндустон ҳукмронӣ мекард ва «бе истисно тамоми музофотҳои ҳамсояро ба худ тобеъ намуд». Аз афти кор, дар аҳди Миҳирақул мулки Ҳайтолиён дар шимоли Ҳиндустон, ҳақиқатан, ҳаддалимкон васеъ буд. Вале бисёр иқдомоти вай, алалхусус, буддоиёнро таъқиб кардани вай тамоми аҳо-лии Ҳиндустонро бар зидди вай хезонд. Миҳирақул дар ҷанги зидди волии гуптҳо Яшодҳарман шикаст хӯрд ва сонитар дар Кашмир ҳокимиятро ба даст гирифт.

Дар миёнаҳои асри VI қисми асосии шимоли Ҳиндустон аз ҳукми «хуно» – ҳайтолиён раҳоӣ ёфт. Сабаби ин (дар ин бобат ақидаи олими ҳинд Р. Маҷумдар мутлақо дуруст аст) на шикастҳое мебошанд, ки сарварони «хуно-ён»-и ҳинд ба онҳо дучор омаданд, балки дар ибтидои солҳои 60-уми асри VI ҳалокатбор торумор шудани ҳайтолиёни Осиёи Миёна мебошад . Дар натиҷаи ин қадар зарбаи мудҳиш хӯрдани ҳайтолиёни Осиёи Миёна Ҳайто-лиёни ҳинд аз ақибгоҳе, ки дар Осиёи Миёна доштанд, маҳрум шуданд ва дигар на қувваи нав гирифта тавонистанду на имдоди тоза ва маҳз ба туфай-ли ҳамин ба суқут расиданд, ки ин боз як мисоли робитаи зичи байниҳам-дигарии таърихи Ҳиндустон ва Осиёи Миёна мебошад. Гарчанде дар Ҳинду-стон ҷамоатҳои ҳайтолиён ва ҳатто вилоятҳои ҳайтолиён боз хеле вақт вуҷуд доштанд, вале акнун «хуно» – Ҳайтолиён дар таърихи Ҳиндустон дигар мақоми намоёнро соҳиб набуданд.

Дар баёни таърихи сиёсӣ материали нумизматӣ дидаву дониста амалан истифода бурда нашуд. Асари чорҷилдаи Р.Гёбл «Ҳуҷҷатҳо оид ба таърихи хуноёни эронӣ дар Бохтару Ҳиндустон»  муфассалтарин тадқиқотест дар бораи тангаҳои кидориёну ҳайтолиён. Ин асар, ки таҳкурсии мукаммали ҳуҷҷатӣ дорад, ба тадқиқи илмии нумизматикаи ҳайтолиён асос мегузорад. Р. Гёбл тамоми он материали беандоза фаровонро ба 297 эмиссия, яъне сик-каи тангаҳо тақсим кардааст. Вай инчунин тартиби таснифи тангаҳоро ҳам тағйир додааст. Бисёр хатҳои рӯи тангаҳо ба тарзи нав хонда шудаанд, хуло-саҳои ниҳоят пурмасъулу муҳими таърихӣ изҳор гардидаанд. Мо меҳнати пурмашаққату дурударози муфиди ин олимро ба қадри лозима тақдир намуда, дар айни ҳол бояд гӯем, ки муҳимтарин асарҳои таърихӣ-нумизматии олимони советӣ аз доираи назари вай берун мондааст ва мо алҳол аз истифодаи хулосаҳои умумитаърихии вай худдорӣ менамоем, зеро асоси ин хулосаҳо ғолибан тарзи нави хондани хатти рӯи танга мебошад, ки бисёр ҷиҳатҳои он баҳснок буда, ба тафтиши лингвистони эроншинос эҳтиёҷ дорад. Мутаассифона, пас аз нашри асари Р. Гёбл (ва инчунин асари қабл аз ин чопшудаи Р. Гиршман ва диг.) ҳам масъалаи ҳамчун мадраки мукаммали таърихӣ истифода бурдани тангаҳои ҳайтолиён ҳал нашуда монд; ҳалли ин масъала кори оянда аст.

Хуллас, Ҳайтолиён давлати ниҳоят калоне ба вуҷуд оварданд, ки андозаи он аз андозаи давлати Кушониён ҳам калонтар буду вале чӣ қадар калон бошад, ҳамон қадар сусту ноустувор буд. Аммо сарфи назар ба ин ҳайтолиён дар таърихи Осиёи Миёна ва бисёр мамлакатҳои Шарқ роли муҳим бози-данд. Маҳз онҳо тавонистанд дар Шарқ на фақат пеши роҳи урдуи Сосониё-ни Эронро гиранд, балки ба шоҳони кушонӣ зарбаи ҳалокатбор зананд. Парчами дастаҳои ҳайтолиён дар дашту саҳрои Эрон ҷавлон мезад, ба шоҳони ҳайтолиён вобаста буд, ки ин ё он одам дар Эрон шаҳаншоҳ мешавад ё не ва дар вақташ бурда супурдани боҷ яке аз вазифаҳои муҳими бисёр ҳукуматҳои Эрон буд.

Халқҳои Моварои Кавказ, ки дар зери асорати Сосониён буданд, низ қо-мат афрохтанду зидди зулми Сосониён алангаи муборизаро боло хезонданд.

Дар солҳои 483–484 дар Иберия, Арманистон ва Албанияи Кавказ шӯълаи шӯриш ба осмон мепечад. Шӯришгарон аз ҳайтолиён шикаст хӯр-дани Пирӯз ва суст шудани иқтидори Сосониёнро истифода бурданд.  Ана ҳамин тавр, муборизаи халқҳои мазлуми Моварои Кавказ бо равнақи халқи Осиёи Миёна– ҳайтолиён ба ҳам печида рафт. Ниҳоят, ҳайтолиён дар этноге-нези Ҳиндустон, Афғонистон ва, алалхусус, Осиёи Миёна роли муҳим бози-данд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *