Суғд дар асрҳои VI-VII

Тавсифоти умумӣ

Номи «Суғд» дар маъхазҳои гуногунзабон дар муддати мадид дучор ме-шавад.  Муҳаққиқи машҳур В. Томашек тахмине пеш ниҳод, ки калимаи «суғд» аз калимаи умумиэроние бармеояду маънояш «рахшидан», «дурах-шидан» ва «сӯхтан» аст.  Дар фарҳангҳои тоҷикию форсӣ калимаи мазкур тамоман дигар хел шарҳ дода мешавад: «шибарзамин, ё худ пастие, ки дар он ҷо об кӯл мешавад».  Дар забони ҳозираи тоҷик алҳол «суғд» гуфта ҷоеро мегӯянд, ки шибарзамину ботлоқ, ҷои киштбоби шодоб бошад, вале, аз афташ, ин тафсир сонитар пайдо шудааст.

Ҳудуди географии Суғд чӣ гуна буд? Ба ақидаи сайёҳи асри VII Сюан-сзан, Суғд кишварест байни дарёи Чу дар шимолу шарқ ва Дарвозаи Бойсун дар ҷанубу ғарб. Маълум, ки ин ҳудуд ҳудуди сиёсию географии Суғд не, бал-ки макони зиндагии суғдиён мебошад. Маъхазҳои арабу тоҷикзабони давраҳои сонӣ (асосан асрҳои Х–ХIII) идроки ҳамонзамонаи масъалаи маз-курро таҷассум намуда, ба ҳар ҳол, баъзе гапҳои қадимаро ҳам ба инобат ги-рифтаанд. Аз ин маъхазҳо мо воқиф мешавем, ки Суғд ба ду маъно: ба маънои танг ва ба маънои васеъ истифода мешуд. Суғд ба маънои васеъ та-моми водии Зарафшон (баъзан ноҳияҳои болотарини онро истисно мекар-данд) ва водии Қашқадарё мебошад. Дар айни ҳол, тасаввуре низ маъмул буд, ки Суғд танҳо ноҳияи Самарқанд мебошад. Муаррихони асрҳои миёна дар бораи «Суғди Самарқанд» бисёр сухан рондаанд. Инчунин «Суғди Бухо-ро» ном мафҳуме ҳам буд. Ёқут гуфтааст: «Гӯянд ду Суғд ҳаст – Суғди Са-марқанд ва Суғди Бухоро».  Водии Қашқадарё ҷузъи Суғд дониста мешуд ва зимнан, баъзе муаллифон, масалан, Яъқубӣ Кешро пойтахти Суғд гуфта-анд.  Ҳамаи ин маълумотро муҳаққиқон муфассал тадқиқ кардаанд.

Сюан-сзан ва Хой Чао дар бораи Суғд

Сюан-сзан ба Суғд соли 629 омад. Вай менависад, ки Самокиён ё Самос-зан (Самарқанд) – мулкест, ки аз шарқ ба ғарб тӯл кашидааст. Андозаи пой-тахти кишвар баробари Тирмиз будааст. Мулки Самокиён аз чор тараф бо монеаҳои табиӣ муҳофизат шудааст. Мардумаш хеле бисёр. Дар ин мулк аз дигар мамлакатҳои хориҷа молу сарвати ниҳоят пурқиматтарин бисёр ҷамъ шуда мемонад. Заминаш ҳосилхез асту ҳосили фаровон медиҳад. Долу да-рахт нағз месабзад (вай дарахтҳоро бешагӣ номидааст), гулу мева ниҳоят зиёд аст. Дар ин кишвар аспҳои хушзот ҳастанд. Мардуми ин кишвар нисбат ба мардуми кишварҳои дигар дар санъат ва ҳунар (мувофиқи тарҷумаи дигар – дар тиҷорат) пешқадам мебошанд. Иқлим нарму мӯътадил аст. Аҳолӣ  серғайрату пухтакору нотарсу далер мебошад. Ин кишвар дар мобайни ки-шварҳои «барбарӣ» ҷой гирифтааст. Тамоми халқҳои ҳамсоя дар хушахлоқӣ ва накӯкорӣ аз суғдиён ибрат мегиранд. Подшоҳ каси ҷасуру бебок аст ва ҳама ноҳияҳои атроф ба вай итоат доранд. Дар ихтиёри шоҳ лашкари сер-шумор, аз ҷумла, сарбозони савора ҳаст. Сарбозоне, ки сайёҳ онҳоро «чи-киа» номидааст, мақоми махсус доштанд. Онҳо ба дараҷае фидокор буданд, ки ҳатто бо шодӣ сӯи марг мерафтанд. Вақте онҳо ҳамла кунанд, ягон душ-ман истодагарӣ карда наметавонист.

Сипас, Сюан-сзан аз мулкҳои Мимокия ё Мимохэ (Моймурғ), Сзебудан (Кабудон), Сюйшуаннисзя (Кушония), Бухэ (Бухоро), Сзешуанна (Кеш) ва ғайра сухан меронад. Инчунин дар бораи андозаи онҳо маълумоте оварда, ба ҳамаи онҳо як хел тавсифи мухтасар дода мешавад: «Дар бобати урфу одат ва маҳсулот ба Самокиён (Самарқанд) шабоҳат дорад».

Хой Чао (соли 726) умуман «кишвари Ху»-ро тасвир намуда, ба ҳайъати он Ан (Бухоро), Сао (Иштихон), Ши (Кеш), Ши-ло — Ми (Моймурғ) ва Кан (Са-марқанд)-ро дохил кардааст. Гарчанде ҳар яки ин мулкҳо малике дошта бошанд ҳам, ҳамаи онҳо ба арабҳо тобеъ мебошанд. Ин мулкҳо калон не-станд ва дар ҳар яки онҳо дастаи хурди сарбозон ҳаст. Аз чорвои ин ҷо шутур, хачир, гӯсфанд ва аспро ном бурдан мумкин. Пахта мекоранд. Либоси мар-дум пахтагин аст, шалвор ва ҷомаҳои онҳо пашмин. Мардон саллаи сафед мебанданд ва ришу мӯйсари худро тоза метарошанд. Забони онҳо аз забони мардуми мамлакатҳои ҳамсоя фарқ дорад. Урфу одати онҳо бад аст – ҳар занеро, ҳатто модар ва хоҳари худро ҳам ба занӣ мегиранд. Дар Эрон ҳам, мард ҳақ дошт модарашро ба занӣ гирад. Дар шаш мулк дини зардуштиро мепарастанд, дини Буддо расм не, фақат дар Самарқанд як дайри буддоӣ ҳасту он як роҳиб дорад.

Таърихи сиёсӣ

Алҳол мадракоти кофӣ нест, ки таърихи сиёсии Суғд, алалхусус, таърихи сиёсии мулкҳои он тартиб дода шавад. Маъхазҳо фақат маълумотҳои берабти алоҳида-алоҳида медиҳанд.

Дар ибтидои асри VII, мувофиқи хабари солномаи таърихӣ дар Суғди Самарқанд (дар солнома номашро «Кан» гуфтаанд) оли маҳаллие ҳукм ме-ронд, ки ба ниёгони йуҷӣ нисбат дошт (ё худро ба йуҷиҳо мансуб эълон ме-кард). Чунин ақида ҳаст, ки баъди ҷулуси худ ин ол бе танаффус қариб, ки аз ибтидои эраи нав ҳукмронӣ кардааст. Унвони малик чжаоу буд.  Малики суғдиён дар ҳамон вақт дар «Алуди» ном шаҳри серодам зиндагӣ мекард Солнома навиштааст, ки «Кан давлати муқтадир аст».  Дар натиҷа, ҳатто хоқони Хоқонии ғарбии туркҳо Датои (солҳои ҳукмрониаш аз 575/76 то 603) лозим донистааст, ки бо малики Суғд Тайшепи (Э.Шаванн ва К.Ширатори номи ӯро чунин хондаанд) хешу ақрабо шавад ва духтарашро ба занӣ дода-аст.

Шоҳони Суғд ба авлоди Унаш нисбат доштанд (ин ном дар солномаҳои муаррихони Хитой зикр шудааст ва дар навиштаҷоти суғдиён низ во-мехӯрад).

Дар он давраҳо ба Кан, яъне ба Суғди Самарқанд, Ми (Моймурғ), Сао ва Хэ (Иштихон ва Кушония), Ани Сағир (ноҳияе дар сарҳадди шарқии воҳаи Бухоро), Нашебо (Насаф) барин ҳашт мулк тобеъ буданд.  Ба ҳамин тариқ, қариб тамоми мулкҳои водии Зарафшон (аз афти кор, фақат ғайр аз қисми ғарбии он) ва инчунин водии Қашқадарё (Насаф) дар зери тасарруфи мали-ки Суғди Самарқанд буд. Амалан маълум не, ки ин иттиҳод кай ба вуҷуд омад, чӣ хусусият дошт ва дараҷаи итоати мулкҳои алоҳида ба ҳукумати марказӣ чӣ гуна буд.

Дар қасри малики Суғди Самарқанд «кохи ниёгон ҳаст, ки моҳи шашум дар он ҷо назр медиҳанд. Дигар маликон ҷамъ омада, ба назрдиҳӣ ёрӣ мера-сонанд».  Ин хабарро далели ҳамин донистан мумкин, ки дар байни ма-ликҳои Суғд робитаи хешу таборие буд ва ҳамаи онҳо гӯё як аҷдоди умумие доштанд (ба ин маъхазҳо ҳам ишорат кардаанд). Албатта, дигар гуна тавзеҳро ҳам аз эътибор соқит кардан даркор не, яъне эҳтимол меравад, ки фармонбардорони оли ҳукмрони Самарқанд ӯҳдадор буданд, дар маросими назрдиҳӣ ширкат намоянд ва бо ҳамин ба малики худ содиқ буданашонро нишон диҳанд. Аз афти кор, имконпазир будани ҳар ду тавзеҳро дар назар доштан даркор.

Ба гумон аст, ки ҳайъат ва ҳудуди географии ин иттиҳод бетағйир монда бошад. Эҳтимол, дар ин ё он давраи мавҷудияти вай воҳаи Бухоро, ё худ қисми зиёди онро дар бар мегирифт. Инро аз чунин хабари Масъудӣ фаҳми-дан мумкин, ки девори атрофи воҳаи Бухороро дар қадим яке аз подшоҳони Суғд сохта будааст.

Дар кадом як давраи вуҷуди Суғд пойтахти он Кеш буд. Ба ин маъхазҳои давраҳои сонитар ҳам ишорат мекунанд, дар ин бора муаррихи асри IХ Яъқубӣ ҳам хабар медиҳад.  Тақвияти мулки Кеш дар чоряки якуми асри VII оғоз меёбад.  Малик Тичо (мабодо ин талаффузи аҷнабии ҳамон номи эронии Тиш набошад?) малики муқтадире ҳисоб мешуд. Вай ба кадом як давлати хориҷӣ ҳайъати сафорат фиристод; шаҳри Ки-шеро сохт, ки одатан худи ҳамон Кеш мегӯянд. Инчунин хабар ҳаст «Шашепи» ном дигар Малик низ соли 642 бо тӯҳфаю инъоми зиёд ҳайъати сафорат фиристода буд.  Дар маъхазҳои таърихӣ дар бораи вай дигар ягон маълумот нест. Вале ин малик танга мебаровардааст. Дар байни тангаҳое, ки дар Панҷакент ёфт шуд, тан-гаҳое ҳастанд, ки дар рӯи онҳо «ихшид Шашпир» навишта шудааст. Дар тан-гаҳо идеограммаи оромии «подшоҳ» ҳаст, ки дар тангаҳои суғдӣ унвони ҳокимони тамоми Суғд–ихшидҳоро ифода мекунанд. Дар натиҷаи муқоисаи ин маълумот маълум мешавад, ки аз ҳама аниқтарин шарҳу тавзеҳи он ҳамин, ки Шашпир ном малик подшоҳи тамоми Суғд буд.  Албатта, ин фақат яке аз роҳҳои таъвили масъала мебошад.

Вале ҳукмронии Кеш дар иттиҳоди Суғд тӯл накашид. Инак, мувофиқи хабари маъхазҳо, дере нагузашта, дар байни солҳои 656–660 малики нави Кеш Чжаоу Шиагйе (номро Бичурин чунин хондааст; Э.Шаванн мегӯяд, ки онро Cho-a-ho хондан даркор) мутеи подшоҳи Самарқанд шуд.  Дар омади гап, малики Суғди Самарқанд андаке пештар–дар байни солҳои 650–655 подшоҳи тамоми Суғд шуда буд. Аз афти кор, як фурсати муайян лозим шудааст, ки Кеш ҳукмронии Самарқандро эътироф кунад. Фақат тахмин кардан мумкин, ки дар муддати ин панҷ сол дар байни Самарқанду Кеш мубориза рафтааст ва дар натиҷа Шашпир сарнагун шудаасту ба ҷои вай ба тахти Кеш Шиагйе (Шеаҳо) баромадааст. Унвони ихшиди Суғд акнун насиби Оли Самарқанд шуд, ки аҷнабиён онҳоро Фухуман  мегӯянд. Як силсила тангаҳои суғдӣ ҳаст, ки хати онҳоро, ба ақидаи О.И.Смирнова, «ихшид Варҳуман» хондан даркор (ба ақидаи вай, Фухуман талаффузи аҷнабии номи шоҳи суғдиён Варҳуман ё худ аниқтараш Аварҳуман аст) . Номи ин подшоҳ дар катибаи калони суғдии Афросиёб ҳам зикр шудааст.

Дар баробари подшоҳони умуми Суғд маликҳои маҳаллӣ ҳам вуҷуд до-штанд. Малики Кеш, ки акнун тобеи Оли Самарқанд буд, «ихрид» ном унво-ни меросӣ дошт.

Дар маъхазҳои хитоӣ мулки Бухоро Ан, Нэуми, инчунин Бу-хо (Poғ-ho) номида мешуд ва унвони малики он чжаоу буд. Насаби маликҳои Бухоро ва Самарқанд як буд. Дар чоряки дувуми асри VII дар Бухоро Алинга (номи ӯро Бичурин чунин хондааст; Э.Шаванн таклиф мекунад, ки Ho-ling-kia хонда шавад) ном шахсе малик шуд. Маъхази хитоӣ хабар медиҳад, ки Оли Бухоро «аз насл ба насл бист пушт ҳукмронӣ мекунад»,  яъне чанд аср ҳукмронӣ кардааст.

Дар ноҳияи Бухоро тангаҳои скифатии (яъне фурӯхамидаи) мисин дар муомилот буд, ки дар рӯяш ба суғдӣ «шоҳ Асвар» навишта шуда буд. Муво-фиқи мадракоти палеографӣ ин тангаҳо ба асрҳои IV-V нисбат доштанашон мумкин. Номи шоҳ эронист ва маънояш «аспсавор» аст. Аз рӯи хати тангаҳо маликҳои Бухоро ду унвон доштаанд, ки маънои яке «шоҳ» ва маънои дига-раш «ҳоким» будааст.

Мулки Панҷакент мулки мустақили муҳим буд. Ба ҳайъати он ғайр аз ноҳияи худи Панҷакент (он замонҳо номаш Панҷ буд) дар ибтидои асри VIII атрофи болооби Зарафшон ҳам дохил мешуд. Дар ҳуҷҷатҳои суғдие, ки аз кӯҳи Муғ ёфта шуд, Моҳиён (ба маънои «Маҳтобӣ»), Паргор (яъне «Замини болои кӯҳ» — Фалғари ҳозира), Кштут (Кштути ҳозира), Мартушкат (Мастчоҳи ҳозира) ном бурда мешавад. Дар ин ноҳия бисёр деҳаҳо буд. Дар ин ҷо деҳаҳои Мадм ва Қум (алҳол бо ҳамин ном вуҷуд доранд), Заровадк (Зерободи ҳозира), Эскотар («Замини болоӣ», Искодари ҳозира), Хшиканд (Хушекати ҳозира), Варз («Баланд», Варзи Манори ҳозира), Курут (Курути ҳозира), Фатмив (Фатмеви ҳозира), Пахут (Похути ҳозира), Эртмаут (Фалмоути ҳози-ра), Шавкат («Шаҳри сиёҳ», Шватки ҳозира) зикр гардидаанд. Водии Яғноб ҳам ба мулки Панҷакент дохил мешуд. Аз афти кор, дигар ноҳияҳои Пэтаман  (Бутамони асри миёна), яъне дар ин маврид ноҳияҳои кӯҳҳои Ҳисор ва За-рафшон ҳам ба ҳайъати мулки Панҷакент дохил мешуданд ё ба он тобеъ бу-данд. Масалан, дар ҳуҷҷатҳои Муғ деҳаи ҳозираи Анзоб  ном бурда шудааст.

Тангаҳои сершумори Панҷакент — Панҷро муҳаққиқон батафсил тадқиқ мекунанд. Муқаррар шуд, ки дар Панҷакент — Панҷ оли маҳаллие ҳукмронӣ мекард (вале номи намояндагони оли мазкур ба ҷуз баъзе истисноҳо то ҳол муайян нашудааст). Дар айёми вазнинтарини вуҷуди Суғд — дар чоряки яку-ми асри VIII дар натиҷаи ҳамлаи арабҳо мақоми мулки Панҷакент хеле боло шуд зеро дар ибтидо вай ба толону тороҷи арабҳо гирифтор нашуда буд. Ҳокими Панҷакент — Диваштак, ки худ аз авлоди шоҳон набуд (дар ҳуҷҷати В-4 кӯҳи Муғ номи падари вай Едхшетака бе унвони «шоҳ» зикр шудааст), ба тахти Самарқанд ва ба унвони «шоҳи Суғду ҳокими Самарқанд Диваштак» иддао дошт ва, аз афти кор, муддате ба ин мартаба ҳам расида буд.

Дар баробари мулкҳои калон мулкҳои хурд ҳам бисёр буданду баъзеи онҳо танга ҳам мебароварданд. Дар «Самитан» ном деҳаи Суғд (дар ҷои Ку-шонияи қадим, яъне заминҳои деҳаҳои имрӯзаи Метан, Пойариқ, Чалак) маркази мулки хурде буд, ки ҳокими он аз номи худаш тангаи биринҷӣ сик-ка мезад.

Тақвияти баъзе мулкҳои алоҳидаи иттиҳоди Суғд аз маълумоти маъхазҳои таърихӣ, археологӣ ва нумизматӣ бармеояд. Ҳокимияти марка-зии шоҳи Суғд суст мешавад, танг мегардад. Дар бораи масоҳати иттиҳод аз чанд маъхаз маълумот гирифтан мумкин аст. Соли 712 арабҳо ба писари ихшиди Суғд — Гурак ваъда додаанд, ки ӯро «подшоҳи Самарқанду атрофу ноҳияҳои он, Кеш ва Насафу шаҳру қалъаҳои он» хоҳанд кард. Ба ҳайъати иттиҳоди Суғд инчунин Ми (Моймурғ) ва Сао (Кабудон ё Иштихон)  ва эҳтимол, баъзе дигар мулкҳо низ дохил мешуданд. Калонтарин мулки ит-тиҳоди Суғд — Бухоро истиқлол ёфт ва ба тахти он оли бухорхудотҳо  нишаст. Дар тангаҳои намояндагони оли мазкур унвони онҳо «Шоҳи Бухоро» зикр шудааст.

Вилоятҳои Суғд бо дигар вилоятҳои Осиёи Миёна робитаҳои дипломатӣ доштанд ва ба дигар вилоятҳо ҳайъати сафорат мефиристоданд ва аз дигар вилоятҳо ҳайъати сафорат қабул мекарданд. Дар сурати Афросиёб, бешубҳа, омадани яке аз чунин ҳайъатҳои сафорат ва маросими дар Самарқанд қабул шудани онҳо инъикос ёфтааст. Аз навиштаҷоти суғдии таги ин сурат порчаи зерин боқӣ мондааст: «Вақте шоҳ Вархуман (зодаи) Унаш назди вай (яъне сафир) омад ва (сафир) лаб кушод: «Манам дапирпати (сардори дабирон.- Б.Ғ.) Чағониён, номам Бӯкарзод. Аз шоҳи Чағониён Тӯронтош омадам, ба Самарқанд назди шоҳ барои изҳори ҳурмат ва инак, пеши шоҳ истодаам бо эҳтиром. Ва ту (шоҳо) нанмо шубҳае аз ман, на аз худоёни Самарқанд ва на аз катибҳои Самарқанд (шояд ба маънои китобҳои динӣ бошад.- Б.Ғ). Ман хуб воқифам ва нахоҳам расонд зиёне ба шоҳи (Самарқанд). Бодо, шоҳо, давлатат зиёда». Ва шоҳ Вархумон (зодаи) Унаш ӯро рухсат дод. Он (гоҳ) лаб кушод дапирпати Чоч…»

Ҳуҷҷатҳои архиви Муғ ривоят мекунанд, ки бо бисёр вилоятҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла, бо Чоч, Истаравшан, Фарғона ва ғ. муносибатҳои дипло-матӣ амал дошт. Бисёр маъхазҳо ҳикоят мекунанд, ки аз Суғд ба хориҷи Осиёи Миёна ҳайъати сафорат ва аз давлатҳои гуногун ба ин ҷо ҳайъати са-форат меомад.

Обёрӣ. Хоҷагии қишлоқ

Се канали асосии обёрӣ, ки заминҳои ҷануби Самарқандро шодоб ме-кард, дар асрҳои миёна аз Варағсар («Сари дарғот») ном маҳалле (ҳозир но-ми ин маҳал «Работи Хоҷа») сар мешуд. В.В.Бартолд қайд карда буд, ки аз тавзеҳу тафсири истилои араб маълум мешавад, ки ин канал пеш аз истилои арабҳо, яъне дар асрҳои VI-VII вуҷуд доштааст.  Дар худи ҳамин давраҳо ка-нале буд, ки Самарқандро аз об таъмин мекард.

Аз каналҳои калони тоисломӣ канали Норпайро ном бурдан даркор, ки он ноҳияи Кушонияро обёрӣ менамуд. Дар поёнтари Зарафшон, дар ҳудуди воҳаи Бухоро яке аз каналҳои дар асрҳои миёна калонтарин — канали Шопур-ком (баъдҳо Шофирком шуд) ном дошт ва зимнан ривояте ҳаст, ки онро Шо-пур ном кадом як шоҳзодаи сосонӣ сохтааст.  Ин канал заминҳои шимоли-тарини воҳаи Бухоро -ноҳияҳои мулки Варзонаро шодоб менамуд, ки ҳоки-мони он бо бухорхудотҳо рақобат доштанду зидди онҳо меҷангиданд. Инчу-нин боз якчанд каналҳои  калон мавҷуд буд.  Дар воҳаи Қашқадарё ҳам ша-бакаи мукаммали обёрӣ амал мекард.

Вилояти Самарқанд ба дараҷае ободу шодоб, ба дараҷае сердолу дарахти пуру фаровонҳосил буд, ки аввалин волиёни араб онро «равзат-ул-амир ал-мӯъминин», яъне «боғи халифа» номида буданд.

Зироат дар Суғд асосан обӣ буд, вале ин маъно надорад, ки зироати лалмӣ набуд, баръакс, заминҳои лалмӣ ҳам кор фармуда мешуд. Тавсифи умумии хоҷагии қишлоқ дар як солномаи ҳамон давраҳо чунин аст: «Иқли-маш нарм, барои кишти ҳамагуна ғалла мувофиқ. Мардум дар боғдорӣ ва обчакорӣ моҳир. Дарахт умуман месабзад. Асп, шутур, хар ҳаст».

Бозёфтҳое, ки ҳангоми ҳафриёти кӯҳи Муғ ба даст омад, дар бораи анвои зироат маълумоти хеле муфассал медиҳад. Аз ин ҷо дону донакҳои гуногун ва боқимондаҳои ниҳоли пахта ёфт шуд.  Ҳуҷҷатҳои Муғ шаҳодат медиҳанд, ки дар ноҳияи Зарафшони Боло зироати асосӣ ғалла ва ангур буд. Инчунин ҷав, арзан ва нахӯд ҳам мекиштанд.  Истилоҳи суғдии «ғалла» аз ҷиҳати этимо-логия ба маънои «бехта» алоқаманд аст.

Ғалларо дар осиёб мекашиданд. Хуҷҷати В-4-и кӯҳи Муғ шартномаест дар бобати аз тарафи Моҳиён ном шахсе иҷора гирифтани се осиёб «бо та-моми анҳору бинову сангҳои он»; ҳаққи иҷора бо орд дода мешуд.  Гарчанде дар бораи осиёбҳои он давра мо тасаввуроти мукаммал надорем, вале, ба ҳар ҳол, масалан, аз Афросиёб чанд санги калони осиёб ёфт шуд. Дар баробари осиёб дар рӯзгори мардум дастосҳои хурду калон бисёр истифода мешуд.

Дар ҳуҷҷатҳо супоришҳои зиёде ҳаст, ки ғалла, мева ва шароб дода ша-вад.

Токдорӣ яке аз соҳаҳои асосии хоҷагии қишлоқ буд.

Дар Панҷакент чархуште ёфт шуд. Чархушт чуқуриест, ки дар тагаш боз новачае дорад. Дар паҳлуи чуқурӣ боз як хандақча мекананд, ки он бо новае ба чуқурӣ пайваста аст. Девораҳои чуқурӣ ва хандақчаро бо гаҷ андова меку-нанд. Мумкин аст дар таги хандақча тахта ҳам мечиданд, баъд ба болои он янтоқи сабз меандохтанд ва ба болои янтоқ ангур рехта, онро фишор медо-данд. Оби ангур дар натиҷаи фишор аз байни янтоқ мегузашту ба воситаи новача ба чуқурӣ мерехт. Пас аз он ки оби ангур дар чуқурӣ таҳшин мегар-дид, онро гирифта, ба хумҳо меандохтанд. Баъзе чархуштҳои имрӯзаи халқии тоҷикӣ ҳам маҳз чунин сохт доранд.

Дар солномаҳои таърихӣ маълумот ҳаст, ки дар Суғди Самарқанд ша-роби ангур бисёр буд. Хабар дода мешавад, ки дар ҳавлиҳои боён захираҳои зиёди он солҳо нигоҳ дошта мешуд. Мадракоти археологӣ ва ҳуҷҷатҳои Муғ шаҳодат медиҳанд, ки ин хабарҳо муболиға нест. Дар яке аз ҳуҷҷатҳои Муғ чунин супориш ҳаст: «Ба фалонӣ аз он шароби ноб бояд дод, ки канизакҳо менӯшанд ва дар ин таъхир нашояд. Боқии шароб сар ба мӯҳр шавад ва бо ҳамин минвол маҳфуз монад». Ин гуна хабарҳо гӯё тасдиқи ривояти солно-маҳо мебошад. Ҳатто вазифаи «сарсоқӣ» вуҷуд дошт.

Дар баробари токзорҳо бисёр боғҳо ҳам буданд. Дар худи ҳамон ҳуҷҷатҳои Муғ унвони «боғбон» зикр шудааст. Меваҳо ниҳоят хушсифат бу-даанд. Масалан, аз Суғди Самарқанд шафтолуе меоварданд, ки аҷнабиёнро дар ҳайрат мегузоштааст, зеро «ҳар яки он мисли тухми мурғобӣ калон буду ранги онҳо тиллоӣ метофт ва онро «заршафтолу меномиданд».  Олуи сафеду зард ҳам барои фурӯш ба хориҷа мерафт.  Ҳамаи ин тавсиферо, ки Сю-ан-сзан ба хоҷагии қишлоқи Суғд дода буд, пурра тасдиқ мекунад.

Ба ақидаи аҷнабиёне, ки аспҳои хушзоти Самарқандро мехариданд, ин аспҳо ба аспҳои Фарғона монанд буданд.  Аз Самарқанд, Бухоро, Кеш ва Моймурғ дар солҳои 624, 724, 726, 727, 744, 750 ба Хитой барои фурӯш галаи аспҳои хушзоти суғдиро оварда буданд.  Диққати муаллифони хориҷиро ин-чунин гӯсфандони Самарқанд, ки «дунбаи бениҳоят калон»  доштанд, ҷалб карда буданд, маълум, ки ин ҳамон гӯсфандони машҳури думбакалон аст;

Дар ҳуҷҷатҳои Муғ гову гӯсфанду буз, аспу хару хачир зикр шудааст.  Дар баъзе ҷойҳои ҳамвор шутур ҳам истифода бурда мешуд.  Шубҳае нест, ки дар Суғд кирмакдорӣ ҳам равнақ ёфта буд. Дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ (ва ашёи аз дигар мамлакатҳо овардашуда) матоъҳои абрешимӣ, пахтагӣ ва пашмӣ бофта мешуд.

Ҳунармандӣ ва тиҷорат

Кӯҳҳои атрофи Суғд пур аз маъданиёт аст. Мувофиқи маъхазҳои хаттӣ, баъзеи онҳо истихроҷ карда мешуд. Масалан, маълумоти аниқ ҳаст, ки тилло ва навшодир истихроҷ мешуд.  Тилло на фақат истихроҷ мегардид, балки миқдори зиёди он аз Суғд, аз ҷумла, аз Кеш ва Моймурғ содир ҳам карда мешуд.

Аз Моймурғ инчунин хӯлаи металлие мекашондаанд, ки номи онро «ла-тун», яъне хӯлаи мису руҳ тарҷума кардаанд.  Инчунин намак ҳам истеҳсол карда мешуд. Намакро барои хӯрок ва барои таҳияи анҷоми зинату ороиш истифода мебурданд. Дар маъхазҳо махсусан намаки ранга қайд карда шудааст, ки аз Моймурғ ва Кеш меовардаанд.

Миқдори зиёди истихроҷи маъданиёт, пеш аз ҳама, тақозои эҳтиёҷоти дохилӣ ва фақат қисман талаботи содирот буд. Материалҳои археологӣ оид ба ашёи оҳанӣ хеле гуногун аст. Ин гуна материалҳо махсусан аз ҳафриёти Панҷакент фаровон ба даст омад. Яке аз устохонаҳои оҳангарӣ дар ин ҷо дар объекти севум  падид омад. Устохона аз ду бинои пайваст иборат аст. Дар яке аз ин биноҳо дар суфаи паст хуме чаппа шинонда шудааст, ки он вази-фаи кӯраро адо мекард. Ғайр аз ин дигар асбобу анҷом ҳам ёфт шуд. Ду най-чаи думила низ ба даст омад. Оҳангарони Суғд барои ҳосил шудани ҳарорати баланд ду дамро якбора кор мефармуданд, ки дар натиҷа дар дамидан та-наффус намешуд, яъне сикли дамиш анҷом пайдо мекард (дар омади гап, ҳалли ин муаммо дар асрҳои миёна дар назди инженерони Европаи ғарбӣ ҳам истода буд).

Дар дигар устохонаи оҳангарӣ (ки он ҳам аз ду қисм иборат аст) асосан ҷои кори оҳангар нағз боқӣ мондааст. Кӯра даҳана ва барои дам додан сӯрохе дорад. Андаруни кӯра як тӯда дажғол. Ба фарши устохона ҳам пораҳои оҳан ва дажғол бисёр рехтааст.

Инчунин белчаи кӯра, афзори оҳангарӣ ёфт шуд, ки аз сандон сар карда, то болғаву путку фонаву исканаҳои калонеро дарбар мегирад.

Маҳсулоти оҳангарон гуногун буд. Агар яроқу аслиҳаро ба назар наги-рем, анвои он хеле зиёд аст. Ин ҳам олоти меҳнат — белу табару дос ва ғ; ҳам масолеҳи бинокорию дуредгарӣ — мех, кашак, тиргак, ҳалқа ва ғ. буданд. Аз ашёи оҳанини рӯзгор кордҳои гуногуни оҳанӣ, сагаки оҳанию биринҷии тасмаҳо, пулакчақои гуногун, қайчӣ, калид, шамъдонҳои гуногуни биринҷию оҳанӣ, ҷиҳози зебу зинат ва ғайраро ном бурдан мумкин аст.

Бо оҳангарӣ истеҳсоли яроқу аслиҳа зич вобаста буд. Оҳангарон дар айни ҳол яроқсоз ҳам буданд, вале аз эҳтимол дур не, ки махсус устоёни яроқсоз ҳам вуҷуд доштанд.

Аслиҳаи ҳамлавари суғдиён аз аслиҳаи дурзану наздикзан иборат буд. Онҳо камонҳои оддию мураккаб, шофу шамшер, ханҷар, гурз, табарзин до-штанд. Воситаи муҳофизати бадан сипар, зиреҳ, ҷавшан ва худ ҳисоб мешуд. Хонандаро ба маълумоти интишоршудаи ҳафриёт ва асарҳои махсус  ҳаво-ла карда, фақат ҳаминро қайд менамоем: ёфт шудани худи яроқу аслиҳа (ма-салан, сипару тир аз кӯҳи Муғ, пайкону пулакчаи камон аз Панҷакент ва ғ., инчунин материалҳои зиёди иконографӣ), ахбори маъхазҳои хаттӣ далолат мекунанд, ки яроқсозӣ соҳаи асосии ҳунармандӣ буд. Ин миқдори азими яроқу аслиҳаро фақат шумораи азими устоҳои яроқсоз тайёр карда метаво-нистанд. Меҳнати онҳо вазнину пурмашаққат буд, вақти бисёр ва маҳорати баландро талаб мекард. Барои мисол камони мураккабро гирем. Мувофиқи мадракоти таърихию этнографӣ, барои тайёр кардани як дона ин гуна ка-мон аз як то ду сол вақт мерафт. Аз Панҷакент ёфт шудани пулакчаҳои усту-хонии танаи камон далолат мекунад, ки ин гуна камонҳо дар Панҷакент ҳам тайёр карда мешуданд. Аслиҳаи аъёну ашроф, масалан, шамшер ва ханҷарҳои онҳо, эҳтимол, хеле зебу ороиш доштанду асари мукаммали ба-ландсифати санъати ҳунармандӣ буданд. Дар асоси он нусхаҳои яроқу ас-лиҳа, ки дастраси мо гардидааст, метавон гуфт, ки яроқсозони Суғд усули таҳияи яроқу аслиҳаи шаклан бадеиро аз худ карда будаанд. Дастаи ханҷару шамшерҳо асари ҳақиқии санъат мешуданд, аз металлҳои қиматбаҳо таҳия гардида, бо усули хотамкорӣ ва пулакчабандӣ зинат меёфтанд, ба онҳо шак-ли сари аждаҳо ва ғ. дода мешуд. Баъзе сипарҳо ҳам ба ҳамин тариқ хеле зебу зинат дода мешуданд.

Афзалияти яроқу аслиҳаи суғдиён на фақат дар шакли зебову мукамма-ли зоҳирии он буд. Аз ин ҳам муҳимтараш ҳамин буд, ки яроқу аслиҳаи Суғд корагар буд. Шӯҳрати зиреҳу ҷавшани суғдиён дар шарқу ғарб хеле дур паҳн шуда буд. Соли 718 суғдиён чун тӯҳфа ба Хитой зиреҳ оварданд. Яроқсозони Хитой дар асоси ҳамин зиреҳи суғдиён зиреҳсозиро ёд гирифтанд ва дере нагузашта дар лашкари хитоиён чунин зиреҳҳо пайдо шуданд.

Суғди Самарқанд инчунин макони «ашёи бадеии»  баландсифат буд. Номи баъзеи он ашёро мо аз рӯи маъхазҳои хаттӣ медонем. Ин ашё чи-лимҳои қиматбаҳо, атрдонҳои хурди аҷоиб мебошанд. Аз Самарқанд, Мой-мурғ, Кеш ба дарбори подшоҳони аҷнабӣ чун инъом сангҳои қиматбаҳо ва ашёи аз сангҳои қиматбаҳо сохташуда мебурданд. Масалан, аз Самарқанд гулдоне оварда будаанд, ки аз карнелиан сохта шудааст.

Дар расмҳои рӯи девор бисёр ашёи заргарӣ: табақҳо, қадаҳҳо, ҷомҳо ва ғ. тасвир шудаанд. Баъзе ашёе, ки берун аз ҳудуди Осиёи Миёна ёфт шудаанд (масалан, табақи нуқрагине, ки дар деҳаи Кулагиш собиқ губернияи Перм ёфташуда, алҳол дар Эрмитажи давлатӣ маҳфуз аст), низ аз ҷумлаи асарҳои санъати заргарии суғдиён мебошад  ва дар ин табақ саҳнаи ҷанги тан ба тан тасвир шудааст. Дигар асари санъати заргарии суғдиён гуфта баъзан ҳамон табақеро мегӯянд, ки дар он саворе тасвир шудаасту ба тарафи шери ба вай ҳамлакарда тир мепаронад.  Вале ин даъво асоси кофӣ надорад, зеро хати он суғдӣ нест ва дар он равшан номи шахсе навишта шудааст, ки бо супори-ши вай ин табақро тайёр карда будаанд. Таҳлили лингвистӣ ба ақидае меова-рад, ки табақи мазкур, эҳтимол, дар Эрон, дар давраҳои баъди сосониён сохта шудааст.

Ба туфайли ҳафриёт бисёр ашёи заргарӣ: гӯшвораҳои тиллоии олиҷаноби ақиқсанги фирӯзачашми марвориднигин, ангуштаринҳои ниги-нашон аз сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо ва шаддаҳои мухталифи ран-гинкамони рахшону пурнур ёфт шуданд, ки мисли шабнами саҳарии рӯи барги гул партав меафканад.

Дар Суғд ҳунари бофандагӣ хеле ривоҷ ёфта буд. Ба ин бозёфтҳои архео-логӣ ва хабарҳои маъхазҳои хаттӣ далел аст. Дар Қалъаи Муғ қариб 150 намунаи матоъ ёфт шуд. Гарчанде ин матоъҳо хеле фит гаштааст ва танҳо пораҳои он боқӣ мондааст,  ба ҳар ҳол имкон медиҳанд, ки бофти онҳо муа-йян карда шавад. Мувофиқи ҳисобу китоби М.П.Винокурова, аз 135 намуд матои Қалъаи Муғ, ки ӯ тадқиқ кардааст, 90-тоаш пахтагин, 44-тоаш абре-шимӣ ва фақат 1-тоаш пашмин аст (И.Б.Бентович навиштааст, ки «дар байни матоъҳо матои пашмин ниҳоят кам мебошад»). Бофти тамоми матоъҳои пахтагин бофти оддии муқаррарии катонӣ аст. Худи ресмон суст ресида шудааст, тугуну гиреҳҳои зиёд дорад, ғафсиаш ҳам гуногун аст. Худи матоъ он қадар зич нест: дар як см. кв. аз 8–10 тору 10–12 пуд, то 10–14 тору 20–15 пуд ва зимнан намунаҳои дурушттарини он ба катони имрӯза монанд. Уму-ман аз рӯи ғафсии ресмон, навъи бофт ва зичии матоъ тамоми матоъҳои пахтагинро ба чор намуд тақсим кардан мумкин. Ягон намуди газвори пах-тагини гулдор ёфт нашуд.

Газворҳои соф абрешимӣ ҳам чор намуд доранд. Бофти аксари онҳо му-раккаби киперӣ (фарангӣ) ё репсӣ буда, баъзеи онҳо катонӣ ё худ муштараки катонию киперӣ мебошанд. Газворҳои абрешимӣ нисбат ба матоъҳои пахта-гин зичтар аст: дар як см. мураббаъ то 39-40 пуд ва 39-40 тор дорад. Умуман барои бофтани газворҳои абрешимӣ бофанда бояд усулҳои мураккаби бо-фандагиро азхуд мекард. Баъзе газворҳои абрешимии Қалъаи Муғ бо усули бофти матоъҳои пахтагин бофта шудаанд ва илова бар ин, намуди газворҳои муштараки пахтагину абрешимӣ, ки дар боло зикр намудем, ишорат меку-над, ки бофандаҳо тадриҷан аз усулҳои бофти матоъҳои пахтагин ба усулҳои бофти газворҳои абрешимӣ мегузаштанд. Ба воситаи ресмонҳои гуногунранг дар газвор гул мепартофтанд. Нақши газвор аз қатори маинчаҳо иборат буд, ки дар миёнҷояш гулбарге дорад (чунин газвори гулдор дар расми рӯи дево-ри Панҷакент ҳаст). Инчунин нақши кунгура ҳам дида мешавад, ки дар миёнҷои ҳар як теғаи кунгура холе ё тарҳи дилшакле ба назар мерасад; ғайр аз ин нақши гули чорбарга, нақши рамзии шохаву гулу барг, нақшҳои му-раккаби иборат аз қатори доираҳо ҳаст, ки дар дохили доира гулбарге каши-да шуда, атрофи онро шохаву баргу гул печонида гирифтааст ва ғайраву ва ҳоказо. Эҳтимол, баъзе намудҳои газворҳои абрешимӣ аз Хитой ҳам омада бошанд, вале қисми асосии он, бешубҳа, дар худи Суғд тайёр карда мешуд.

Пораи матои пашмин ранги сурх ва рахҳои борики кабудчаи фирӯза до-рад.

Албатта, барои бофти ин газворҳо дастгоҳҳои махсус мавҷуд буд. Яке аз қисмҳои дастгоҳи бофандагӣ — шонаи он аз Қалъаи Муғ ёфт шуд (як шонаи бутун ва чанд шикастапораҳои он).

Расмҳои рӯи девори Варахша (ва дар омади гап, Панҷакент), либоси боён нақшу гули ниҳоят мураккаби рангобаранг дорад — аз қатори оддии маин-чаҳою гулбаргҳо сар карда, то тарҳи ниҳоят печ дар печи доираҳо, андаруни онҳо расмҳои паррандаҳо ва гурозҳо кашида шудааст.  Дар расмҳои рӯиде-вории Панҷакенти қадим матоъҳое тасвир шудаанд, ки нақши онҳо аз су-ратҳои шерфил ва парранда иборат буда, гирдогирди онҳоро шаддаҳои марворид гирифтааст. Либоси ашхоси суратҳои Афросиёб ҳам аз газворҳои пурнақшу нигор дӯхта шудааст.

Дар музейҳои мамлакатҳои Европаи ғарбӣ намунаи шоҳиҳое ҳастанд, ки дар онҳо расми шерҳо, гӯсфандон ва гулбаргҳо ҳастанд. Алҳол ин шоҳиҳои рангпаридаи зардчаи тиратоб ё зарди паст ё кабуди сиёҳча мебошад. Маълум, ки ранги ин шоҳиҳо аввал хеле равшану гӯё буду бо мурури вақт, ғайр аз ранги кабуд, дигар ҳама рангҳо хира шудааст. Масалан, муқаррар гардид, ки замоне ранги ин шоҳиҳо сабзи баланд, симобӣ, гулобӣ, норинҷӣ ва сафеди тоза буд. Баъзе аз ин шоҳиҳо бутун аст ва андозаи ҳар як порчаи он 1,6х2,41 м буда, имкон медиҳад, ки андозаи дастгоҳҳои бофандагӣ ҳам муа-йян карда шавад. Ба ақидаи муҳаққиқон нақши комил иборат аз қатори до-ираҳое буд, ки бо изораи мавҷдор фаро гирифта шудааст.

Дар пушти газворе, ки дар шаҳри Юи (Белгия) маҳфуз мебошад, бо сиёҳӣ хате навиштаанд, ки В.В.Ҳеннинг онро чунин хондааст: «дарозиаш 61 ваҷаб занданичӣ». Мутахассиси номии газворҳои қадимӣ Д.Шепард ин гуна ма-тоъҳоро дар дигар музейҳо ҳам ёфта, хусусияти онҳоро муайян намуд. Вай нишон дод, ки ин газворҳо аз шоҳиҳои хитоӣ фарқи калон доранд ва ин намуд газворҳоро газворҳои суғдӣ номид. А.М.Беленитский ва И.Б.Бентович бо исботу далелҳои иловагӣ ин ақидаро тақвият доданд. Дар маъхазҳои хитоӣ ва дар маъхазҳое, ки воқеаҳои истилои арабҳоро тасвир менамоянд, дар бо-раи газворҳои абрешимӣ бисёр сухан меравад (яке аз намудҳои он шоҳиҳо «занданичӣ» ном дошт).

Мо дар болои дӯхти либосҳои мардонаву занона, дар бораи намудҳои он ва ғ. таваққуф намекунем. Фақат ҳаминро мегӯем, ки аз рӯи расмҳои рӯи де-вор ҳамаи онҳоро равшан муайян кардан мумкин аст.

«Суғдиён, — менависад И.Б.Бентович, — чармгариро нағз медонистанд». Мешии хушсифати олиҷаноб ба ҷои коғаз мерафт. «Масалан, ҳуҷҷати машҳури арабӣ (аз Қалъаи Муғ.- Б.Ғ.) маҳз дар чунин мешӣ навишта шуда-аст. Чарми зардчатоби тунук рӯкаши сипари чӯбин гардидааст. Пораҳои қуттичаи чӯбин ҳам бо чарми сиёҳи заррингул рӯкаш шудааст. Сарпӯши сабади чоркунҷа ҳам як қабат чарми ранга дорад. Мӯзае ҷолиби диққат аст. Дӯхти он айнан дӯхти ҳамон муккиҳоест, ки дар кӯҳистон тоҷикони имрӯза мепӯшанд.  Маълум, ки ғайр аз ашёи чармини дар ҳуҷҷатҳои Муғ зикр-шуда чармгарон афзори аспу ароба, тасма, ғилоф барин чизҳоро ҳам тайёр мекарданд. Дар ҳуҷҷатҳои хаттии Қалъаи Муғ «пӯсти гӯсфанд», «пӯсти бар-ра» ном бурда мешавад, агар гап аз чарм равад, онро боз ҳам тасниф карда, «пӯсти оҳу», «пӯсти гови қисир», «пӯсти ҷавона» гуфтаанд, пӯсти ранга ҳам зикр шудааст.

Мухтасар бошад ҳам, тамоми навъҳои ҳунармандиро тавсиф кардан аз имкон берун аст. Фақат ҳаминро қайд менамоем, ки ҳунарҳои устухонта-рошӣ, наҷҷорию дуредгарӣ, кулолӣ ва ғ. хеле тараққӣ карда буд.

Ривоҷи ҳунармандӣ, алалхусус, ривоҷи ҳунармандӣ дар шаҳр боиси равнақи ҳам савдои дохилӣ ва ҳам савдои хориҷӣ гардид. Якчанд маъхазҳо менависанд, ки суғдиён дар тиҷорат «маҳорат» доранд. Таълими бача аз панҷсолагӣ сар шуда, аввал савод меомӯхтанд, сипас, баъди ба синни муа-йяни балоғат расидан ба онҳо тиҷоратро ёд медоданд. Ҷавонон 20-сола шуда, барои тиҷорат ба мамлакатҳои хориҷа мерафтанд. Маъхазҳо хабар медиҳанд, ки «аксари мардум ба фоида рағбати зӯр дорад».

Савдои хориҷӣ бо роҳҳои бисёр ба мамлакатҳои шарқ ва ғарб, инчунин ба аҳолии даштҳои шимол бурда мешуд. Масалан, робитаҳои тиҷоратии Осиёи Миёна ва Византия хеле равнақу ривоҷ дошт. Як қисми ин тиҷорат ба воситаи Эрон ва қисми асосии он ба воситаи Кавкази шимолӣ анҷом дода мешуд. Ба Суғд аз Византия шоҳӣ меоварданд. Дар Суғд аз рӯи намунаҳои онҳо шоҳиҳои аҷоиб мебофтанду боз ба ғарб бурда мефурӯхтанд. Дар сағонаи Мошенная Балка (дар Кавкази шимолӣ) пораи шоҳии суғдӣ ёфт шуд, ки тақлидан ба шоҳиҳои Византия бофта шудааст, вале аз рӯи бисёр хусуси-ятҳояш маълум, ки шоҳии суғдӣ мебошад.

Аз «роҳи абрешимӣ»-и Кавкази шимолӣ на фақат шоҳиворӣ, балки би-сёр дигар молҳо кашонда мешуд. Дар ин бобат табақи византӣ, ки аз атрофи Кунгур ёфт шуд, ҷолиби диққат мебошад. Бешакку шубҳа, тасвироти онро торевтҳои византӣ кандаанд. Византӣ будани табақро ҳамин ҳам тасдиқ ме-кунад, ки дар он мӯҳри устои византӣ ҳаст. Ҳамоно табақ дар Византия дар чоряки дувуми асри VI сохта шудааст. Сарфи назар ба ҳамаи ин дар табақ бо хатти суғдии бухороӣ «подшоҳи Бухоро фалонӣ» канда шудааст. Мувофиқи таҳлили палеографӣ, хат ба охири асри VI ва аввали асри VII тааллуқ дорад. Пас маълум мешавад, ки маҳсули устоҳои византӣ баъди тайёр шудан дере нагузашта то ба Суғди Бухоро расидааст .

Бисёр молҳои суғдӣ — аз сангҳои қиматбаҳову ашёи он сар карда, то мато-ву газворҳои аҷоиб ба Осиёи Марказӣ ва ба Хитой бурда фурӯхта мешуд.

Хуллас, ҳаҷми савдои берунӣ хеле калон буд. Дар баробари он савдои до-хилӣ ҳам ривоҷ меёбад. Дар ин бора хеле бисёр сикка зада шудани тангаҳои мисин, алалхусус, тангаҳои биринҷӣ шаҳодат медиҳад.

Муомилоти пул дар асрҳои V–VII Суғд дуруст тадқиқ нашудааст. Бисёр тангаҳо, масалан, тангаҳои димнаи Варахша то ба ҳол нашр нагардидааст. Аз асри V сар карда, дар Осиёи Миёна тангаҳои нуқрагине бароварда мешуд, ки он тақлид ба тангаҳои сосонии Пирӯзи I (солҳои 459–484) буд. Дар водии За-рафшон чанд ганҷинаи ин тангаҳо ёфт шуд (дар ҳар як ганҷина садҳо дона танга буд). Ғайр аз ин тангаҳое буданд, ки тақлидан ба тангаҳои сосонии Ва-рахрани V (солҳои 420–438) бароварда мешуданд. Сонитар ин тангаҳо дар Суғди Бухоро воситаи асосии муомилот мешаванд. Ин тангаҳоро одамон «дирамҳои бухорхудотӣ» ё «тангаҳои бухорхудотӣ» меномиданд. Шарқши-носи рус П.И.Лерх  оид ба ин тангаҳо махсус асар навиштааст. Сипас, онҳоро бисёр нумизматҳо, аз ҷумла Д.Уокер  ва Р.Фрай  тадқиқ карданд. Забоншиносон ба кушодани рамзи хати рӯи тангаҳо машғул шуданд. Ба ақидаи Ҳеннинг, дар рӯи тангаҳо «Шоҳи Бухоро» навишта шудааст.  Ну-мизматҳо мувофиқи санаи сикка тангаҳоро ба гурӯҳҳо тасниф намуданд; дар бораи макони сикка зада шудани онҳо тахминҳо ҳаст, вале алҳол ягон қарори қатъӣ нест.

Масалан, дар Суғди Самарқанд дар муомилот тангаҳои маҳаллии би-ринҷӣ буданд, ки хати суғдӣ ва дар рӯи худ расми ду одамро доранд. Вале пули асосӣ ин тангаҳо не, балки тангаҳое буданд, ки дар миёна сӯрохи чорку-нҷае доранд ва аз чоряки дувуми асри VII сикка зада мешуданд. Чи қадар бисёр будани ин тангаҳоро ҳамин факт равшан мекунад, ки аз як худи ҳаф-риёти Панҷакент чандин ҳазор ин гуна танга ёфта шуд. Дар рӯи танга ду аломат ҳаст, ки гӯё «герб»-и подшоҳиро ташкил медиҳанд ва дар пушти танга номи подшоҳ ва унвони вай сабт шудааст. Аз рӯи гуногун будани вазну андо-заи ин тангаҳо, ки дар давраҳои гуногун ҳар хел мешуд, гуфтан мумкин, ки тангаҳои мазкур чанд қимат дошт.

Тангаи тилло, аз рӯи ахбори маъхазҳои хаттӣ, дар муомилот иштирок надошт, гарчанде дар катибаҳои суғдӣ «динор» ном истилоҳе дучор мешавад, ки ба маънои «тангаи тилло» омадаасту чун меъёри баҳои ин ё он чиз хизмат мекард.

Дар ҳуҷҷатҳои Қалъаи Муғ аксаран тангаҳои нуқрагин — дирҳамҳо зикр шудаанду танҳо як бор тангаи мисро ном бурдаанд.

Ин ҳолат ба таркиби тангаҳои аз Панҷакент ёфтшуда ҳеҷ мувофиқ намеояд, зеро дар Панҷакент аз ҳама бештар тангаҳои биринҷӣ ёфт шуда-анд. Аз афти кор, дар рӯзгори рӯзмарра ва харидуфурӯши бозор асосан тан-гаҳои биринҷиро кор мефармуданд, ки ин аз равнақи муомилоти пулӣ дало-лат мекунад; агар пули доду гирифту харидуфурӯш хеле калон бошад ва ё арзиши харидуфурӯшро дар ҳуҷҷат қайд карданӣ шаванд, дар ин сурат ар-зишро бо тангаҳои нуқра – дирҳамҳо ифода мекарданд.

Ба қудрати иқтисодии Суғд ҳамин чиз далолат мекунад, ки тангаҳои их-шидҳои Суғд дар ҷойҳои хеле дур аз Суғд ёфт шудаанд.

Мустамликадории Суғдиён

Мустамликадории суғдиён дар ин давра, аз як тараф, ба ҳаёти тиҷоратию иқтисодӣ ва, аз дигар тараф, ба протсессҳои умумии иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ вобаста буд, ки дар дохили худи ҷамъияти суғдиён ҷараён дошт.

Яке аз самтҳои мустамликадории суғдиён Ҳафтруд буд. Дар миёнаҳои асри VII Сюан-сзан Ҳафтрудро аллакай кишвари Су-ли, яъне Суғд номида-аст.  Наршахӣ вақте дар бораи шӯриши Абрӯй ҳикоят мекунад, баъзе воқеаҳоеро низ меорад, ки каму беш бо мустамликадории суғдиён алоқаманд мебошад. Дар асри ХI Маҳмуди Кошғарӣ дар бораи Суғд бисёр маълумоти гаронбаҳо овардааст. Вай мардуми ин ноҳияро «суғдак» номида, менависад, ки «мардуми сокини Баласоғун аз он Суғде омадаанд, ки байни Бухоро ва Самарқанд ҷой дорад, вале либосу кирдори онҳо туркӣ шудааст». Дар асрҳои Х–ХI дар топонимияи Ҳафтруд бисёр номҳо суғдӣ буд.

А.Н. Бернштам маълумоти маъхазҳои хаттӣ ва мадракоти археологиро муқоиса намуда, ақидае пеш ниҳод, ки Ҳафтрудро мустамлика кардани суғдиён ду марҳала дошт – марҳалаи аввал дар асрҳои III–V (ё IV) ва марҳалаи дувум аз асри VII ва зимнан марҳалаи дувум боз чанд давраҳо дошт, ки ба истилои арабҳо ва тохтутозҳои Сосониён алоқаманд мебошад. Вай ба пай-васти маданияти муҳоҷирони суғдӣ ва маданияти кӯчманчиён диққати калои додааст.  Дарвоқеъ, ҳафриёти минбаъдаи археологӣ нишон дод, ки дар во-дии Чу осори ҳаёти мутараққии муқимӣ аз асрҳои V–VI пайдо шудаанд.  Бешакку шубҳа, дар ин бобат хизмати суғдиён калон аст, зеро маҳз онҳо дар шаҳрҳо косибӣ ва тиҷорат мекарданду зоҳиран бо киштукор ҳам машғул бу-данд. Он кӯчманчиёне, ки ба ҳаёти муқимӣ мегузаштанд, низ дар шаҳрҳо маскан мегирифтанд.

Мисли давраҳои пешина мустамликаҳои Суғд дур аз ҳудуди худи Суғд ҳам мавҷуд буданд. Э.Г.Пуллейблэнк, ки ин масъаларо хуб тадқиқ кардааст, ба масъалаи мазкур чунин тавсиф медиҳад ва мо (қариб комилан) ба фикрҳои вай розӣ ҳастем: «Суғдиён, ки на фақат савдогарони абҷиру кордон, балки ҳунарманду косибони гулдаст низ буданду динҳои навро тарғиб ме-карданд, ҳам қад-қади роҳҳои тиҷоратии Осиёи Марказӣ, ҳам дар ноҳияҳои дурдасти Хитой ва ҳам дар байни кӯчманчиён дар дашту саҳроҳо саёҳат ме-карданду маскун мешуданд. Натиҷаи ин, масалан, ба туркҳо таъсири ма-данӣ расондани суғдиён, аллакай маълум шудааст». Сипас, муҳаққиқ нишон медиҳад, ки суғдиён нисбат ба ӯйғурҳо низ чунин ролро иҷро карда буданд. Баъди Осиёи Миёнаро ишғол кардани туркҳо муносибати байни онҳо ва суғдиён, ки пеш аз ин ҳам вуҷуд дошт , хеле наздиктар шуд. Дар зимни ин муносибат на фақат бо туркҳои ғарб мустаҳкам гардид. Дар боргоҳи хоқони туркони шарқ, дар Муғулистони ҳозира бисёр суғдиён зиндагонӣ мекарданд. Зиёда аз ин маълум шуд, ки суғдиён баъди заволи Оли Суй ба ноҳияи Ҳом ҳатто соҳиб ҳам шудаанд. Онҳо ба туркони шарқ итоат доштанду дар давраҳои сонитар ҳам дар ин ноҳия ҳукмронӣ мекарданд. Дар чоряки дувуми асри VII зери роҳбарии Кан Ян-тян ном самарқандӣ суғдиён мако-неро дар Лоб Нор обод карда нишастаанд ва дар ин ҷо, дар шаҳре, ки аҳли он кайҳо онро тарк карда будааст, маскун шудаанд ва дар ҳамин ҷо се деҳа ҳам сохтаанд.  Яке аз ин деҳаҳо «Токзор» (Путаочэн) ном доштааст ва дар он токи бисёре будааст.  Мувофиқи рӯйхати аҳолӣ, ки дар миёнаҳои асри VIII тартиб дода шуда буд, дар ноҳияи Дунхуан дар қарияҳои суғдиён са-марқандиҳо аз ҳама зиёдтар будаанд, баъди онҳо миқдори аҳли дигар шаҳрҳо ба тартиби зерин будааст – Бухоро, Тошканд, Сао (ду Сао буд –яке Кабудон ва дигаре Истаравшан), Тахористон, Кушония, Моймурғ ва Кеш.

Тоҷирон, ҳунарманду косибон, рӯҳониёну воизон, сарбозу лашкаркашон ва ғайраи Суғд дар таърихи Осиёи Марказӣ – аз Тибету Ладак (дар ин ҷо ка-тибаи суғдии Нӯшофарин ном самарқандие ёфт шуд, ки, ба қавли вай, азми Тибет доштааст) сар карда, то худи Муғулистон роли муҳим мебозиданд. Дар бобати Туркистони шарқӣ, гуфтан лозим, ки аз ин ҷо ҳам бисёр осори катиба ҳои суғдӣ ба даст омада, далолат намуд, ки суғдиён дар таърихи ин кишвар мақоми намоён доранд ва таъсири онҳо ба тамоми ҷанбаҳои маданияти ин сарзамин, алалхусус, ба санъати он ниҳоят калон аст.

Кашфи Қалъаи кӯҳи Муғ ва ҳафриёти

Панҷакенти қадим

Дар тадқиқи давраҳои аввали таърихи асримиёнагии Суғд кашфиёту тадқиқотҳои археологӣ чунон мақому аҳамиятеро соҳиб аст, ки зоҳиран ин гуна мақому аҳамияти онҳо дигар дар ҳеҷ куҷо ба назар намерасад. Мо борҳо ба ин гуна мадракоти археологӣ истинод кардем. Дар болои материалҳое, ки аз Қалъаи кӯҳи Муғ ва аз Панҷакенти қадим ба даст омадаанд, андак муфассал таваққуф мекунем.

Аҳли деҳаи Хайробод (дар ҳудуди райони Айнӣ) аз давраҳои қадим ҷоеро медонистанд, ки онро «Қалъаи Муғ» мегуфтанд ва ин ном дар адабиёти илмӣ ба шакли «Қалъаи кӯҳи Муғ» маъмул шуд. Дар ибтидои солҳои 30-юм аҳли деҳа ба ин ҷо бисёр омадурафт доштанд ва, инак, баҳори соли 1932 Ҷӯраалӣ ном подабон як сабад ва дар он як варақ коғази абрешимӣ ёфт, ки ба кадом як хати аҷоиби ғалатӣ ким-чиҳо навишта шуда буд. Хатро на маҳмадоноҳои деҳа ва на аҳли саводи Ӯротеппа хонда натавонистанд. Тирамоҳ ин хабар ба гӯши котиби райкомпартия Абдулҳамид Пӯлодӣ расид, ки ба таъриху мада-нияти қадим майлу рағбати зӯр дошт. Вай бо як дидан пай бурд, ки варақ варақи оддӣ не ва онро фавран ба Душанбе фиристод. Айнан дар ҳамон вақт, яъне соли 1932 бо таклифи КМ Партияи коммунистии Тоҷикистон ва ҳуку-мати республика, бо қарори Президиуми АФ СССР Базаи тоҷикистонии АФ СССР таъсис ёфта буд. Аввалин роҳбари он шарқшиноси оламшумул С.Ф. Олденбург таъин шуд. Мутахассисонн База муқаррар карданд, ки хат ба за-бони ӯйғурӣ ё суғдӣ навишта шудааст ва баҳори соли 1933 расми дастнави-сро ба эроншиноси номии советӣ А.А.Фрейман доданд. Вай муқаррар кард, ки хат ба забони суғдӣ ва бо ҳуруфоти суғдӣ навишта шудааст. Бозёфти по-дабон кашфиёти бузурги илмӣ гардид. Осори катибаи суғдиён хеле пеш ҳам маълум буд (онҳо аз Туркистони шарқӣ ёфт шуда буданд). Соли 1932 кати-баи суғдӣ маҳз дар хоки худи Суғд ёфт шуд – оре, хати суғдӣ аз худи Суғд ба-ромад – аз ин хабар дили кадом олим ба тапиш намеомад!

А.А. Фрейман ба Душанбе омад, бо нусхаи аслии хат шинос шуд, таъри-хи ёфта шудани онро ба тафсил пурсида гирифт ва инак, ақидае пайдо шуд, ки дар назари аввал гӯё хаёли хом менамояд — дар ҷои ёфтшудаи хат бояд боз дигар хатҳо ҳам бошад. Бо маслиҳати А.А. Фрейман ба Қалъаи Муғ як гурӯҳ ходимони базаи тоҷикистонии АФ СССР рафтанд. Аҳли республика бо иштиёқи тамом мунтазирии кашфиёти нав гардид. А. Пӯлодӣ дар чунин шароит тобистони соли 1933 ба кофтуков сар кард. Албатта, гуфтан даркор, ки вай археолог набуд ва эҳтимол, дар ин кор саҳву ғалат ҳам карда бошад, вале ҳар чи ҳам набошад, ба ғайрату ҷидду ҷаҳди вай қоил шудан даркор. Моҳи июл зиёда аз бист ҳуҷҷат ва чанд ашёи моддӣ ба даст омад. Совети Ко-миссарони Халқи РСС Тоҷикистон барои давом додани ҳафриёт қарори мах-сус қабул карда, маблағу воситаҳои лозимиро дод.

Тирамоҳи ҳамон сол ба сари ҳафриёт котиби илмии Базаи тоҷикистонии АФ СССР А.И.Василйев бо як гурӯҳ олимону мутахассисон омад. Ана ҳамон вақт ба кофтукови қалъа шурӯъ карданд; А.И.Василйев боз 21 дастхат ёфт. Бо қарори идораҳои роҳбарикунандаи Тоҷикистон моҳи октябр як экспедит-сияи калону мукаммал таъсис дода шуд, ки роҳбари он А.А.Фрейман буд. Ноябри соли 1933 А.И.Василйев дар ҳайъати ҳамин экспедитсия Қалъаи кӯҳи Муғро кофтуков кард. Сонитар (дар соли 1947) Л.Воронина кори А.И.Василйев сар кардаро анҷом дод.

Кӯҳе, ки дар болои он харобаи қалъа ҷой дорад, як ҳарсанги босалобати яклухти ҳаштодметраест, ки дар соҳили чапи дарёи Зарафшон, дар қарибии бо он ҳамроҳ шудани дарёчаи Қум воқеъ гардидааст. Се тарафи ин харсанг об ва тарафи чорумаш роҳи росту фарози мушкилгузар мебошад. Майдон-чаи болои кӯҳ замоне девори сангин доштааст ва қалъа ба ин сабаб қариб тамоман фатҳнопазир мешуд. Дар ин майдонча харобаи биное менамояд, ки замоне дуошёна будааст. Ҳангоми оғози ҳафриёт фақат харобаҳои ошёнаи якум менамуду бас. Иморат шаклан росткунҷаи нобаробаре буду паҳлуҳои он 18,5–19,5 м буд. Ошёнаи якум чунин биноҳо дошт: чор хонаи дарозу бо-рик, ки ба қадди иморат баробар буданд (бари ҳар як аз ин хонаҳо 1,9-2,25 м) ва дар ши-моли ин хонаҳо долони аз ин ҳам бориктари кӯндаланге буд, ки тамоми он чор хонаро ба ҳам мепайваст. Аз ин долон даре ба берун кушода мешуд. Таҳ-курсии деворҳо аз хишти пухта ва сардевориҳо аз хишти хом буд. Худи бино калон нест. Ягон зебу ороиш надорад ва як қалъаи муқаррарии дидбонӣ аст.

Дар рафти ҳафриёт маълум шуд, ки ҳуҷҷатҳо (шумораи онҳо аз 80 гу-зашт ва аз ҷумлаи онҳо 74-тоаш суғдӣ буд) дар баландии 50-70 м аз фарш, дар таги шикастапораҳои фурӯрафтаи шифт хобидаанд. А.И.Василйев ду-руст тахмин кард, ки бино аслан дуошёна буду ҳуҷҷатҳо дар ошёнаи дувум меистоданд. Дар рафти ҳафриёт на фақат ҳуҷҷат, балки бисёр ашёи мадани-яти моддӣ низ ба даст омад ва номгӯи онҳо ба 400 расид. Алалхусус, сафолот бисёр аст. Ашёи бофта — сабадҳои гуногун ҷолиби диққатанд. Ин сабадҳо ниҳоят бо ҳавсала бофта шудаанд ва тарзи бофти онҳо бо бофти тоҷикони Помир шабоҳат дорад.

Ашёи чӯбинро махсус қайд кардан даркор – карсону табақ, тугмаву са-гак, белу қошуқ барин чизҳо хеле бомаҳорат сохта шудаанд. Сандуқчаи чӯбине кирои зикр аст, ки бо чарми сиёҳи тунук рӯкаш гардидааст ва дар сарпӯши он ба шакли ситораҳои ҳаштгӯшаи сурх нақши аҷоибе ҳаст. Дигар ашёи нодир сипари чӯбин аст, ки низ рӯкаши чармин дорад ва дар рӯи он сурати рангоранги аспу савори мусаллаҳ кашида шудааст. Матоъҳое, ки аз он ҷо ёфт шудаанд, асосан пахтагӣ, абрешимӣ ва пашмӣ мебошанд. Алалху-сус, саргиракҳои тӯрӣ ҷолиби диққат аст, ки аз ресмони пахтагӣ бофта шуда-аст ва осори бағоят аҷоибу олисифатва беҳамтою бесобиқаи санъати тӯр-бофии Осиёи Миёна мебошад.  Аз ҷумлаи асбоби ҷангӣ ғайр аз сипаре, ки дар боло зикр кардем эҳтимол, ин сипари ҷангӣ не, балки сипари маросимӣ ҳам бошад), боз ғилофи чӯбини ханҷар, пайконҳои оҳанӣ, тирҳои найӣ, чӯбӣ ва чӯбунайиро номбар кардан даркор. Инчунин ашёи шишагин, шаш дона танга ва боқимондаҳои зироат ёфт шуд.

Тамоми ин бозёфти фаровон дар бораи хусусияти маданияти моддии суғдиён бори аввал маълумоти муфассал дод ва кашфиёти ҳуҷҷатҳои хаттӣ, ки бозёфти беамсоли даврон ҳисоб мешуд, дарак медод, ки баъди кушодани рамзи он роҷеъ ба таърих ва маданияти маънавӣ мадракоти гаронбаҳо ба даст хоҳад омад. Ба шарофати меҳнати пурмашаққату шадиди А.А.Фрейман кушодани рамзи дастхатҳои суғдӣ оғоз ёфт ва ин корро шогирдони вай М.Н.Боголюбов, В.А.Лившитс, О.И.Смирнова анҷом доданд, матнҳои араби-ро И.Ю.Крачковский ва В.А.Крачковская хонда, шарҳ доданд.

Тадқиқи ин материалҳо имкон дод, ки санаи бунёди Қалъаи Муғ ва давраи истеҳсоли ашёи он аниқ муайян карда шавад. Роҳнамо як ҳуҷҷати арабӣ шуд, ки дар матни он В.А.Крачковская ва И.Ю.Крачковский зуд номи «Дивасти»-ро хонданд (суғдиёнро «Диваштич», «Диваштак» мегуфтанд) ва ин ном дар маъхазҳои роҷеъ ба Осиёи Миёнаро истило кардани арабҳо зикр шудааст. И.Ю.Крачковский баъди 10 соли ин кашфиёт дар китобаш «Над арабскими рукописями» («Дар сари дастнависҳои арабӣ») тафсилоти воқе-аро хеле аниқу дақиқ ва бо обуранг тасвир кардааст. Дар хотима вай гуфта-аст: «Дар ҳақиқат, номи Диваштич мифтоҳи тамоми кор гардид – яъне на фақат хати арабиро фаҳмонда дод, балки барои тадқиқи ҳуҷҷатҳои суғдӣ за-минаи мустаҳкам фароҳам овард. Диваштак ҳокими суғдиён будаасту маҳз боқимондаҳои архиви вай дар Қалъаи Муғ ба дасти экспедитсия афтодааст. Номи дигар волии араб, ки Диваштич мактубро ба вай ирсол карда буд, ба осонӣ муайян шуд ва маҳз ҳамин ном имкон дод санаи мактуб аниқ карда шавад ва он соли садуми  ҳиҷрӣ, яъне тақрибан солҳои 718–719 будааст».

Аллакай феврали соли 1934 дар Ленинград, дар маҷлиси Академияи фанҳо, ки ба экспедитсияи Қалъаи Муғ бахшида шуда буд, натиҷаи он, аз ҷумла, аввалин кӯшиши кушодани рамзи дастнависҳои суғдӣ ва хондани ҳуҷҷатҳои арабӣ арз карда шуд. И.Ю.Крачковский хеле дуруст гуфтааст, ки: «…Ин тантана буд, тантанаи экспедитсия буд, ки илмро бо маълумоти бесо-биқа ғанӣ кард, ин тантанаи илм буд, ки қудрати худро равшан нишон дод ва дар пеши назари ҳама дониши моро ба зинаи баландтаре баровард.

Фақат ҳаминро илова кардан даркор, ки ба ин тантана ҳам як подабони оддӣ ва ҳам котиби райкомпартия ва ҳам роҳбарони идораҳои республикавӣ ва ҳам шарқшиносони оламшумули советӣ саҳми худро гузоштанд.

Ҳамаи ин диққати олимонро ба ҳавзаи болооби Зарафшон кашид. Дар он вақтҳо дар Тоҷикистон муассисаҳои археологӣ вуҷуд надоштанд, вале олимоне буданд, ки мехостанд гузаштаи республикаро тадқиқ намоянд. Яке аз ҳамин гуна одамони ташаббускор археологи кишваршинос В.Р.Чейлитко ном шахси кордони боғайрате буд. Вай солҳои 1934-1937 ҳавзаи болооби За-рафшонро тадқиқ карда, аз ҷумла, дар Панҷакенти қадим андак ҳафриёт гузаронд. Аз ахбори мухтасару беробитаи газетаҳо дар бораи ин ҳафриёт маълумоти муфассал гирифтан мумкин не, вале шубҳае нест, ки натиҷаи ин ҳафриёт хеле хуб буд. Вале тавсифи бозёфтҳо бисёр камбудиҳо дорад. Аммо дар айни ҳол бояд иқрор кард, ки В.Р.Чейлитко аҳамияти димнаи Панҷакен-ти қадимро дуруст муайян намуд ва ояндаи онро низ дуруст пешгӯӣ кард, ки ба туфайли тадқиқоти ин димна як шаҳри калони бутун падид меояд, ки пеш аз истилои арабҳо вуҷуд дошт ва ба ин шаҳр «таъсири асрҳои минбаъда нест, зеро баъди дар ибтидои асри VIII хароб шудан мардум дигар ба ин ҷо манзил накарданд. Ба туфайли ҳафриёт бисёр асарҳои санъат, тамғаҳо ва сафолот ёфт шуд.

Вале тадқиқи илмии Панҷакент фақат пас аз 10 сол оғоз ёфт. Соли 1946 «Экспедитсияи археологии суғдшиносии тоҷик» ном экспедитсияи калони илмӣ ташкил карда шуд. Дар кори экспедитсия се муассиса — Институти таърихи маданияти моддии АФ СССР, Филиали тоҷикистонии АФ СССР ва Эрмитажи давлатӣ ширкат доштанд. Аъзо — корреспонденти АФ СССР, за-бардасттарин шарқшинос ва археологи советӣ, шогирди В.В.Бартолд-А.Ю.Якубовский роҳбари экспедитсия таъин карда шуд. Вай соли 1946 бо як гурӯҳ олимон ба Панҷакент омад. А.Ю.Якубовский димнаро бодиққат тафтиш кард ва бо маълумоти В.Р.Чейлитко шинос шуда, ба хулосае омад, ки дар ин маҳал ҳафриёти калон ташкил намудан зарур аст. Вай ҳамин нуктаро дар назар дошт, ки «Панҷакенти қадим дар замони ислом вуҷуд надошт». А.Ю.Якубовский мехост маълумоте ҷамъ кунад, ки он имкон диҳад дар бораи шаҳрҳои то истилои араб вуҷуддошта ақидае баён карда шавад. Вай масъалаи тадқиқи Панҷакенти қадимро аз гӯшаву канору тангкӯчаҳои сарбастаи кишваршиносӣ берун бароварда, ба шоҳроҳи илми советӣ ҳидоят намуд. То вопасин дами худ (соли 1953) А.Ю.Якубовский роҳбари ҳафриёти Панҷакент буд. Баъди сари вай ба ҳафриёт М.М.Дяконов роҳбар шуд (вафоташ соли 1954), аз соли 1954 роҳбари ҳафриёт А.М.Беленитский мебо-шад.

Харобаҳои Панҷакенти қадим 60 км шарқтари Самарқанд, дар канори Панҷакенти имрӯза ҷой гирифтааст. «Дар ҳамин ҷо, дар соҳили баланди За-рафшон димна воқеъ аст. Пеш аз ҳафриёт ин ҷо заминҳои лалмӣ буду дар вусъати майдони лаби дарё тарҳи базӯр аёни девори қалъа ва бурҷҳои он ба назар мерасид. Агар кас ба болои яке аз ин харобаҳои бурҷҳо барояд, сатҳи худи димнаро медид, ки он майдоне буд пур аз теппаю дӯнгию дӯнгичаҳои гуногунсохту гуногуншакл. Ин майдони худи шаҳр буд, ки сонитар ба он ис-тилоҳи шаҳристонро нисбат доданд. Вусъати шаҳристон 19 га ва масофаи гирдогирдаш 1750 м аст. Девори шаҳристон фақат дар шимол ва шарқ рост аст, дар ҷануб ва ғарб бошад, ба пастию баландии маҳал мувофиқ шуда, каҷу килебу пастубаланд мебошад. Дар тарафи ғарбии шаҳристон бошишгоҳи ҳоким – арк ҷой дорад, ки замоне бо деворҳои қалъа як истеҳкоми томро ташкил медод. Арк дар болои теппаи 30-метра воқеъ буда, аз шаҳристон бо сое ҷудо аст. Дар тарафи шарқӣ ва ҷанубу шарқии шаҳристон ҳавлиҳои наздишаҳрӣ ҷой дошт, ки он гӯё ибтидои работҳои шаҳрҳои давраи мута-раққии асрҳои миёна буд. Дар ҷануби шаҳристон чанд теппачаҳо ҳаст, баъди ҳафриёт маълум шуд, ки онҳо новусҳои зардуштӣ будаанд. Пас, қабристон ҳам дар ҳамин ҷо будааст.

Шаҳристон кӯчаҳои бисёр дорад. Бари кӯчаҳои шаҳр 3–5 м буда, онҳо гоҳ мутавозӣ мераванд ва гоҳ ба ҳам пайваста мешаванд. Дар ду тарафи кӯча маҳаллаҳои сершумор, дӯкону устохонаҳои бисёр ҷой дошт. Масалан, дар яке аз кӯчаҳое, ки шартан № 3 номида шуду ба тӯли 100м муфассал тадқиқ гар-дид, дар як тарафаш маҳаллаҳои ХIII ва VI ва дар тарафи дигараш маҳал-лаҳои III, ХХ, VII ва ХVI ёфт шуд, ки ҳар яке аз даҳҳо ҳавлиҳо ва зиёда аз 100 бино иборат аст.

Масалан, маҳаллаи истиқоматие, ки шартан «объекти III» ном гирифт, дар гӯшаи шимолу шарқии шаҳр ҷой дорад ва росткунҷаи тақрибан дурусте мебошад, ки аз шимол ба ҷануб тӯл кашида, андозааш 190х35 м аст. Тарафи ғарбии маҳалла дар тӯли 100 м ба шакли девори яклухт аст, ки панҷ дарвоза ва як айвон дорад, вале ҳамин ки ба ҷануб тоб хӯрд, шаклаш дигар мешавад. Тарафи шарқии маҳалла хеле бисёр дарвозаву айвон дорад. Ба ақидаи О.Г.Болшаков, тамоми маҳалла аз ҳашт ҳавлӣ иборат буда, дар ҳар як ҳавлӣ 10–15 иморат ҳаст.

Ҳавлӣ аз бинои болохонадор иборат мебошад, ки аз хонаи поён ба хонаи боло бо роҳи моил ба баландӣ баромадан (пандус) мумкин аст. Маркази ҳавлӣ толори калони чоркунҷа мебошад. Девори ғафсу баланди бедарвоза як ҳавлиро аз дигар ҳавлӣ ҷудо кардааст.

Сохти объекти VI–ХIII назар ба объекти III он қадар ботартиб нест. Би-ноҳои ин ҳавлӣ ба девори қалъа пайваст буда, дар гардишҳои он ҷойҳои холӣ мондааст, ки мисли рӯйдаричаҳо мебошад. Б.Я.Ставиский дар ин ҷо бисёр ҳавлиҳоро муайян намудааст, ки ошёнаи якуми онҳо аз чор то даҳ хона до-ранд. Дар якчанд аз ин ҳавлиҳо толори калони ташрифот ҳаст, ки ба он доло-ни шервонисақф мебарад, ғайр аз ин чанд хонаҳои иловагӣ дорад ва барои ба ошёнаи дувум баромадан баромадгоҳи моили зинамонанд сохта шудааст. Ҳамаи ин ҳавлиҳо ба ҳавлии объекти III монандӣ дорад.

В.Л.Воронина муайян кардааст, ки иморати ҳар як ҳавлӣ ба ду тақсим ме-шавад: ба хонаи ташрифот ва хонаи истиқоматӣ. Ҳавлиҳои бойтар дарво-за-хонае доштанд, ки ба намуди айвон сохта шуда буд. Хонаҳои поён одатан шервонисақф ва шифти онҳо хеле баланд буд (то 5 м) ва таг-таги девор барои хуфтухоб суфаҳо сохта шуда буд. Хонаҳои поён андак ториктару салқинтар ва хонаҳои боло равшантару сабуктар сохта мешуду, эҳтимол, хонаҳои тобис-тонӣ буданд ва ба он ба воситаи баромадгоҳи моил ё бо зина ба баландӣ ба-ромадан мумкин буд. Чӣ тавре дар боло ҳам қайд кардем, маркази ин ҳавлиҳо толори калони чоркунҷае мебошад (андозаи онҳо ба ҳисоби миёна 50-80 м2). Гирдогирди даруни толор суфа дошт ва суфаи рӯбарӯи дари даро-мад баланду барҷаста буд. Шифти толор аз чӯби муқаррарӣ буда, ба чор су-тун такя мекард ва дар миёнҷо равзан дошт. Саросари деворҳои толорро пур аз нақшу нигор ва танаи сутунҳоро кандакорӣ мекарданд. Ҳайкалҳои чӯбин ҳам дар ин толорҳо меистоданд.

Ҳар як ин гуна ҳавлӣ бошишгоҳи ашрофе мебошад, ки барои истиқомати худи соҳиби ҳавлӣ ва аҳли хонаводаи вай хонаҳои зиёде дошт, барои хизмат-горону анбору ошхонаву ва ғ. низ хонаҳо буданд (баъзан онҳоро аз хонаҳои асосӣ ҷудо месохтанд) ва инчунин толори ташрифот буд, ки он вазифаи меҳ-монхонаи ҳавлии бойи асрҳои ХIХ ва аввали ХХ-уми тоҷикро иҷро мекард.

Дар қатори ин гуна ҳавлиҳои калон дар маҳаллаҳо ҳавлиҳое буданд, ки толори ташрифот надоштанд; хеле хоксорона ва ҳатто фақирона буданд ва, зоҳиран, дар ин ҳавлиҳо шаҳриёни қаторӣ зиндагӣ мекарданд.

Яке аз ҳавлиҳои объекти VI сохти махсус дорад. Дар ин ҳавлӣ чор толори ташрифот ҳаст, аз ҷумла, толори росткунҷаи ташрифот, ки андозааш 12,7Х7,9м мебошад. Дар ин толор 100 қол ёфт шуд, дар байни расмҳои рӯи девор лавҳи нардбозӣ ҳам кашида шудааст. В.Л.Воронина мегӯяд, ки ин то-лор «толори махсуси бозӣ буд», вале ин гапи ӯро исбот кардан мумкин набошад ҳам, ба ҳар ҳол ҷои шубҳа нест, ки ин ҳавлӣ ҳавлии ҷамоатӣ буд.

Сохти ҳавлиҳо бетағйир намемонд. Онҳоро васеъ мекарданд, борҳо аз нав месохтанд.

Дар солҳои охир муайян шуд, ки хонаҳои алоҳида-алоҳидаи (баъзан иборат аз ду қисми) сари кӯчаҳо, ки бевосита ба кӯча дар доштанд, чӣ гуна хонаҳо будаанд. Дар ҷои тадқиқшудаи чоркӯча зиёда аз чил адад ин гуна хо-наҳо баромад. Дар баъзе ин гуна хонаҳо кӯра, пораҳои пахшшудаи оҳани гудохта, дошҳои пури дажғол ва дигар осори касби ҳунармандӣ падид омад. Дар ҳамин хонаҳо нисбат ба дигар навъ хонаҳо танга бисёр ёфт шуд. АМ.Беленитский мегӯяд, ки ин хонаҳо устохона ё дӯкон мебошанд ва ё ҳам устохонаву ҳам дӯкон мебошанд ва ин иддаои ӯро беасос гуфтан мумкин нест.

Як силсила ин гуна хонаҳо пайваста ба як ҳавлии хеле бой сохта шуда, дар пеш майдончае дорад, ки ба кӯча мебарояд ва шумораи он хонаҳо ба 11 ме-расад. Пеши тамоми ин 11 хона як айвон дошт. Бозорҷойҳо дар қади кӯчаҳои шаҳр воқеъ буданд. Чунончи, дар давраи мутараққии асрҳои миёна чунин буд, дар он давраҳо низ бозор ҳам ҷои истеҳсол буду ҳам ҷои хариду фурӯш.

Ба қавли А.М.Беленитский, «ҳафриёти солҳои охир тасаввуроти пешина-ро роҷеъ ба тартиби кӯчаҳои шаҳр ба куллӣ дигар кард. Маълум шуд, ки кӯчаҳои шаҳр кӯчаҳои росту батартибе мебошанду хонаҳоро ба маҳаллаҳои муайян тақсим мекунанд. Бешак, майдонҳо низ буданду андозаҳои гуногун доштанд.

Дар қисми шимолии димна пастхамии калоне ҳаст, ки замоне майдон буд. Дар ғарби ин майдон ду теппаи калоне ҳаст, ки замоне ду иморати ҷамоатии ба ҳам пайваста буд ва, одатан, алҳол онҳоро маъбад мегӯянд – маъбади ҷанубӣ (№ 1) ва маъбади шимолӣ (№ 2). Маъбадҳо ҳам аз ду қисм иборат – худи бинои маъбад ва ҳавлии маъбад, ки чанд иморатҳои истиқо-матӣ ва хоҷагиро дар бар мегирифт. Гуфтан даркор, ки маъбади № 2 дар мобайни ҳавлӣ ҷойгир шудаасту чор тарафи онро хонаҳои гуногун печонида гирифтаанд (тӯли ҳавлӣ аз шарқ ба ғарб 75–80 м ва аз шимол ба ҷануб 60м). Маъбади № 1 бошад, дар як кунҷи ҳавлӣ истодаасту фақат як тарафаш рӯ ба ҳавлӣ мебошад. Маъбад дар болои таҳкурсии баланд сохта шуда, нисбат ба ҳавлӣ болотар аст. Кас, ҳамин ки ба ҳавлӣ даромад, рост рӯбарӯи дарвоза дар пеши маъбад роҳрави болопӯшидаи ду тарафаш кушодаеро медид, ки бо-маш бар шаш сутун устувор буд (тӯли ин роҳрав қариб 21м аст).

Дар охири ин роҳрав айвони чорсутунаи чоркунҷае рӯ ба ҳавлӣ, яъне рӯ ба шарқ сохта шуда буд (андозаи ин айвон дар як маъбад 7,58Х8,1 м ва дар маъбади дигар 8,1Х10,3 м). Аз ин айвон ба ибодатгоҳе даромадан мумкин, ки андак дарунтар воқеъ асту тарҳаш чоркунҷа мебошад. Аз ду тараф ва дар қафои маъбад роҳрави болопӯшидаи сутундори ду тарафаш кушодае воқеъ буд, ки бо ҳамин гуна роҳрави пеши маъбад пайваст мешуд. Девори толорҳои марказӣ чорсутундор ва девори айвонҳо пур аз расму сурат мебошанд ва, аз афти кор, замоне дар ин ҷо ҳайкалҳои гилӣ ҳам будаанд. Дарвозахонаи маъбади № 2 бо нақши гилӣ зинат дода шуда буд. А.М.Белинитский исбот кард, ки як қисми ин нақшу нигор аҳамияти маросимӣ дошт ва инчунин таърихи ин иморатҳоро муайян намуд.

Ин иморатҳо алҳол хароб шуда бошанд ҳам, ҳоло ҳам салобати онҳо ка-сро зер мекунад. Меъмор нияти муайяне доштааст ва бо маҳорати тамом ин нияти худро ба амал баровардааст. Аз роҳрави қаторсутуни болопӯшидаи ду тарафаш кушодаи майдон бинои марказии маъбад хеле бошукӯҳ менамояд. «Маъбад дар болои таҳкурсии баланд, болотар аз ҳама ва дар миёнҷои ҳавлӣ ҷо дошт ва баромадгоҳи моили зинамонанди васею бошавкати худ қатори сутунҳои мавзуну нозуки худ ва толорҳои музайяну муқарнасии худро бо ғурури тамом ҷилва медод. Аҷаб намуде дошт қатори назаррабои сутунҳои он, нақши назокатомезу пурлатофати сутуну муҷассамаҳои он ва саҳаргоҳон, вақте анвори заррини офтоб ба даруни айвонҳо фурӯ мерехт, нақшу нигори он ба тобиши рангинкамон партав меафканд».

Ҳамаи ин ҳафриёт қабати болоии шаҳристонро ошкор намуд, ки ба асрҳои VII-VIII нисбат дорад.

Ин давра давраи авҷи тараққиёти шаҳр буд ва онро истилои арабҳо қатъ намуд. Дар баъзе ҷойҳои шаҳр осори сӯхтори азиме менамояд, ки, эҳтимол, соли 722 пеш аз милод ва ё худ андак сонитар (то солҳои 738/39) ба вуқӯъ омадааст.

Тақрибан солҳои 738-740 шаҳр боз барқарор мегардад. Вале баъдтар дар солҳои 70-уми асри VIII, эҳтимол, ба муносибати шӯриши Муқаннаъ арабҳо Панҷакентро боз хароб карданд ва ин дафъа зиндагӣ дар шаҳристону работ дигар эҳё наёфт.

Дар баъзе қитъаҳои шаҳр шабакаҳои поёнтар ҳам тадқиқ карда шуд ва маълум гардид, ки ҳам арк ва ҳам шаҳристони деворпеч, ҳанӯз дар асри V ва ибтидои асри VI пайдо шуда будааст. Маҳз дар ҳамин давра шаҳр тараққӣ мекарду ташаккул меёфт.

«…Панҷакент шаҳри ҳақиқӣ буд. Тамоми вусъати он пур аз иморатҳои ду ва сеошёна буд, ки онҳо маҳаллаҳои калонро ташкил медоданд ва ба ҳам-дигар зич ҷой гирифта буданд. Вақти ҳафриёт дар ду тарафи кӯчаҳои танг дӯконҳои сершумори савдогарону косибон ёфт шуд, ки ба масофаи калон тӯл кашидаанд. Алҳол зиёда аз сад иморатҳои серхонаи панҷакентиҳои қадим кашф гардидаанд. Қариб сеяки ин иморатҳо, яъне на фақат хонаи аъёну аш-роф, балки қариб ҳамаи хонаҳои шаҳриёни доро толорҳои бошукӯҳе доранд, ки бо нақшунигори муҷассамаҳо зиннат ёфтанд. Ба туфайли ҳафриёт маълум шуд, ки дар Панҷакенти қадим санъати монументалӣ ниҳоят маъмул будааст, ҳол он ки ин ақида ба гӯшаи хаёли касе намеомад. На фақат маъбадҳо, на фақат қасри шоҳ, балки даҳҳо хонаҳои аҳолии оддии шаҳр он қадар осори рассомию ҳайкалтарошӣ доштаанд, ки ҳар яки онҳоро музеи санъат гӯем ҳам, хато намешавад».

Дар айни вақт бо ҳафриёти дигар қисмҳои шаҳр А.И.Тереножкин ба кофтукови арк сар кард. Солҳои охир дар ин қитъаи ҳафриёт археологи ҷавон А.Исҳоқов бомуваффақият кор мекунад.

Онҳо муқаррар карданд, ки арк иборат аз бурҷи марказӣ, ки ба майдон-чаи пеши арк пайваста мебошад ва, инчунин чанд иморати поёнӣ дорад, ки рӯ ба шаҳристон сохта шудаанд. Маҳз дар ҳамин ҷо якчанд иморатҳои кало-ни ташрифотӣ, аз ҷумла, толорҳои бузург ёфт шуданд, ки суфаҳои бисёр до-ранд. Миёнҷои иморат толори азимест, ки (10х12,5) нишемангоҳи чуқуре до-рад. Инчунин шикастапораҳои чӯбии таҳкурсии тахт ҳам ёфт шуд. Девори тамоми хонаҳо пур аз расму суратҳои олиҷаноб мебошад, вале онҳо аз сӯхтор сахт зарар дидаанд. Аз эҳтимол дур нест, ки ин харобаҳои қасри Диваштич бошад.

Қитъаи наздишаҳрӣ 20–25 га вусъат дорад. Ин ҷо саросар иморат нест, балки ҷо-ҷо ҳавлиҳо алоҳида ба назар мерасад. Солҳои 1951–1953 нӯҳ ҳавлӣ ёфт шуд, ки пеш аз ҳафриёт фақат теппаҳои холӣ буданд. Яке аз ин теппаҳо, ки  алоҳида меистод, 2,5 м баландӣ ва 22Х16 м вусъат дошт.

Дар натиҷаи ҳафриёт тарзи сохти ҳавлиҳо ҳам ошкор шуд. Иморати ҳавлӣ ғайр аз даҳлез боз се хонаи дигар, долон ва баромадгоҳи зинамонанд дорад. Тамоми биноҳо нисбатан дуруст боқӣ мондаанд. Дар хонаи аз ҳама дарунтар чархуште ёфт шуд, ки он далели ҳамин аст, ки аҳли ин ҳавлӣ машғули шаробпазӣ буд. Дар дигар хонаҳо аҳли хонаводаи соҳиби ҳавлӣ зиндагӣ мекарданд. Яке аз биноҳо, эҳтимол, оғилхона буд.

Баъзан чанд метр дуртар аз хонаҳо новусҳо, яъне сағонаҳо низ ёфт шуда-анд, ки бошандагони қитъаи атрофи шаҳр мурдаҳои худро дар он ҷо мегӯро-ниданд.

Гӯристони шаҳр аз девори ҷанубии шаҳристон тақрибан ним километр дуртар воқеъ буд. Ҳозир дар ин ҷо 70 хоктеппаро дидан мумкин (пештар дар ин ҷо камаш 2–3 баробар бештар хоктеппа будааст). Сеяки онҳо кофта шу-данд ва маълум гардид, ки ин хоктеппаҳо ҳамон новусҳое буданд, ки ба он ҷо устухондонҳоро мегузоштаанд. Ин новусҳо ҳуҷраи равоқдореанд, ки баъди устухони мурдаро ба он гузоштан дари онро лойбанд мекарданд. Вусъати ин ҳуҷраҳо одатан 4-5м2 буда, баъзан то ба 10м2 мерасид. Дар таги девори ҳуҷра суфачаҳо бардошта, ба болои он устухондонҳоро мемонданд.

Дар рафти ҳафриёт дар бораи бинокорӣ, санъати меъморӣ ва дигар намудҳои косибии ҳунармандӣ материали зиёде ба даст омад.

Самарқанд, Варахша ва дигар бошишгоҳҳои шаҳрӣ

Маркази Суғд шаҳри Самарқанд буд. Шаҳр дар димнаи Афросиёб ҷой дошт.  Вусъати димна 219га аст. Дар Афросиёб Н.И. Веселовский, В.В. Бар-толд, В.Л.Вяткин ҳафриёт гузаронидаанд. Ҳафриёте, ки А.И. Тереножкин дар Афросиёб гузаронд, асоси он донишҳои ҳозиразамоне гардидаанд, ки роҷеъ ба Афросиёб вуҷуд доранд. Тадқиқоти муфассали археологҳои ӯзбек, ки бо роҳбарии марҳум В.А.Шишкин ва Я.Г.Ғуломов дар Афросиёб гузаронда шуд, боиси кашфиётҳои калон гардид. Вале бисёр масъалаҳои таърихи асрҳои VI–VIII Самарқанд алҳол равшан нест.

Ба ақидаи А.И.Тереножкин, ин давра давраи тараққиёти Самарқанд буд.  Дар қисми шимолии шаҳр арк ва дар қисми ҷанубии он шаҳристон ҷой дошт. Дар ин давра ҷануби шаҳр, ки хеле калон шуда рафта буд, ду қатор девор дошт (тӯли деворҳои атрофи шаҳристон қариб 2км буд), дар шимол шаҳр бо ҷариҳои соҳили дарёи Сиёб маҳдуд мешуд. Ҳар ду қатори девори шаҳр дар масофаи 8-10 м дур аз ҳамдигар мутавозӣ тӯл мекашид ва девори дарунӣ нисбат ба девори берунӣ хеле мустаҳкамтар буду бурҷҳои он ҳам шоҳмотвор ҷой-гир буданд. Ин девори дуқатора (онро девори дувум ҳам мегӯянд) ба қисми муҳофизатшавандаи шаҳр, инчунин ҳамон маҳаллаҳои атрофи шаҳрро низ дохил мекард, ки дар асрҳои IV–V сохта шуда буданд. Вале дар асрҳои VI– VII, баъди он ки девори дуқатора сохта шуд, шаҳр боз вусъат ёфта, аз ҳудуди деворҳо берун рафт ва қад-қади канали асосӣ ба тара-фи ҷануб паҳн шуд.

Инак, Самарқанд дар асрҳои VI-VII хеле мустаҳкам шуда буд. Бе исботи иловагӣ ҳам равшан, ки ду қатор девор шаҳрро нисбатан дастнорас мекард. Дарвозаи ҷанубии шаҳр дар ҷое сохта шуда буд, ки он бо ду девор, ба шакли нимдоира ба ҳам пайваст мешуд ва агар душман аз дарвоза ба дарун дарояд, ба як роҳрави сарбастае меафтоду аз чор тараф тирборон карда мешуд. Дарвозаи шарқӣ аз ин ҳам мустаҳкамтар буд — дар ду тарафи ин дарвоза ду бурҷи баланд меистоду аз дарун боз як девор буд, ки гузаргоҳи пинҳонӣ дошт.

Солҳои 1965–1968 ва дар солҳои минбаъда, тахминан дар мобайни дим-наи Афросиёб комплекси азими меъморӣ – қасри ҳоким кашф гардид. Аз ин ҷо зиёда аз сӣ хона ёфт шуд. Майдони умумии ҳафриёт аз 1 га зиёд аст. Яке аз толорҳои асосии кашфшуда толори шаҳнишини 1 мебошад. Ин толори ка-лони чоркунҷаест, ки андозааш 11х11 м буда, даромадгоҳаш аз тарафи шарқ аст. Шифти толор ба сутунҳо такя мекунад. Қад-қади таги девор суфаи васеъ тӯл кашида, рӯбарӯи даромад суфа хеле пеш мебарояд ва дар он ҷо тахт меистодааст. Деворҳои худи толор, долонҳои беруни он ва деворҳои дигар хо-наҳои ҳамшафати он саросар аз расму сурат пур мебошанд. Аз толори ди-гар, ки тарҳаш мисли толори асосӣ бошад ҳам, нисбат ба он андак хурдтар аст, асбоби ашёи чӯбини кандакорӣ ва ҳайкалчаҳои чубини нимсӯхтаи раққосаҳо ёфт шуд.

Яке аз калонтарин марказҳои Суғди Бухоро димнаи Варахша буд. Онро солҳои 1938-1939 ва 1949-1954 В.А.Шишкин тадқиқ кард. Қисми асосии дим-наи Варахша теппаест, ки шаклан тақрибан секунҷа мебошад. Вусъати он 9 га ва баландиаш тақрибан 10м аст. Баландии харобаҳои арк бошад, аз 9,5м зиёд нест (аслан баландии он 30м будааст). Ин иморати калоне буд, ки (андо-заи тарафҳояш 31м) таҳкурсии яклухти похсагӣ дошт. Дар ғарбтари арк қасри бухорхудотҳо воқеъ буд. Ин қаср иморату бинои зиёди хурду калон дошту ҳамаи онҳо ба саломхонаи бузурге мепайваст, ки дар тарафи ғарбии қаср воқеъ буд. Толорҳои ташрифот қатор-қатор ҷой доштанд. Баъзеи онҳо хеле калон буд. Деворҳои қаср пур аз нақшунигори аҷоиб ва расму суратҳои пурмазмун буд. Рӯбарӯи қаср, аз афти кор, маъбаде сохта будаанд, ҳавлиҳои шаҳриён дар қисмҳои шимолӣ, шарқӣ ва ғарбии Варахша ҷой дошт.

Аз дигар шаҳрҳои воҳаи Бухоро Пайкандро ном бурдан мумкин, ки ву-съати он ба 20га мерасид. Ин шаҳр ҳам қалъа ва арк дошт.

Кофирқалъа   ва табақаҳои болоии Тали Барзу  ҳам ба димнаҳои ноҳияи Самарқанд нисбат доранд.

Ба шарофати ҳафриёти чандинсолаи Б.Я.Ставиский дар саргаҳи За-рафшон ҳам бисёр бошишгоҳҳо ва қалъаҳо кашф ва тадқиқ гардиданд. Маса-лан, 12км дуртар аз Қалъаи Муғ дар канори деҳаи Мадм Б.Я.Ставиский ва Ю.Ёқубов Гардони Ҳисор ном димнаеро тадқиқ карданд ва он қасри кало-нест, ки дар болои теппае ҷой гирифтааст. Қаср дар сӯхторе нобуд шуда бу-дааст. Худи қаср биноҳои бисёр, аз ҷумла, саломхона ва намозгоҳ доштааст. Аз ин ҷо намунаҳои аҷоиби чӯбҳои кандакорӣ ба даст омад. Дар водии Моғиён ҳам бисёр асарҳои қадима тадқиқ шудаанд. Умуман, дар саргаҳи За-рафшон зиёда аз 50 осори давраҳои аввали асрҳои миёна ёфт шудааст.

Ва ниҳоят, бинобар тадқиқоти С.К.Кабанов, дар Суғди ҷанубӣ дар ноҳияи Қашқадарё ҳам дар аввалҳои асрҳои миёна бисёр шаҳрҳои калон воқеъ буда-анд.

Бинокорӣ

Дар бобҳои пешина мо камубеш бисёр масъалаҳои бинокориро аз назар гузарондем. Дар аввалҳои асрҳои миёна дар Суғд ва, умуман, дар тамоми Осиёи Миёна масолеҳи асосии деворзанӣ похса ва хиштҳои калони хом буд (андозаи онҳо аксаран 50-52х 25-26х10-12 см). Хишти пухта хеле кам истифо-да мешуд (асосан барои фарши хона ва ғ. истифода мебурданд). Барои такяи болору забарравҳо асосан сутунҳои чӯбинро кор мефармуданд. Чӯб дар бомпӯшӣ ҳам масолеҳи асосӣ буд.

Деворҳоро ба дараҷае ғафс мекарданд, ки ҳоҷат ба таҳкурсӣ ҳам наме-монд. Фақат дар якчанд ҷой таҳкурсӣ ёфт шудааст. Масалан, дар Варахша дар таги сутунҳо аз хишти хому пухта пойсутуни чуқуре сохтаанд (чуқуриаш қариб то 2м), маъбади Панҷакент ҳам таҳкурсӣ дошт. Фарши хонаҳо асосан гиландова буда, баъзан онҳоро аз хишти хом ва ҳатто аз хишти пухта ҳам ме-карданд (масалан, дар Панҷакент ва Варахша). Дар кӯҳистон фарши хонаро аз санг месохтанд.

Чор навъи девор маъмул буд — похсагӣ, хиштӣ, похсагии хиштӣ ва хиштии похсагин. Ғафсии деворҳо ба ҳисоби миёна 1 -1,6 м буд. Хонаҳо бо даҳлезу долонҳое пайваст мешуданд, ки болои онҳо бо чанд усул пӯшида мешуд. Тоқҳоро аз хишти хом мебардоштанд. Дарҳоро аз тахта месохтанд, баъзан дарҳоро дуқабата ҳам мекарданд ва сохти ин дарҳо ба муддати мадид бетағйир мондааст ва онҳоро, ҳатто ҳозир ҳам, дар баъзе иморатҳои торево-лютсионии тоҷикон дидан мумкин аст — яъне ҳамон дари ду забонакдор, ки забонакҳои он дар хонаҳои тагдарию болодарӣ ҷой гирифта, тоб мехӯранд. Агар хона тангу борик буда, бари бомаш аз 3м зиёд набошад, болои онро бо хишти хом бо усули шервонии моилтоқӣ мепӯшиданд, ки ин усули бомпӯшӣ ҳанӯз дар Шарқи Қадим истифода мешуд. Болои хонаҳои нисбатан хурди чоркунҷаро гунбазпӯшӣ мекарданд. Масалан, дар Афросиёб хонаи бомаш гунбазие ёфт шуд, ки 4,3х4,3м вусъат дорад. Хонаҳои калонтар боми муқар-рарии сутундор доштанд. Масалан, толорҳои чоркунҷаи Панҷакент дар миёнҷо, андак дуртар аз ҳамдигар, чор сутун доранд, ки дар шифт бо чо-рчӯбае пайваст шудаанд ва як нӯги болорҳо дар ҳамин чорчӯба ва нӯги дига-ри онҳо ба забаррави девор устувор карда мешуд. Мобайни чорчӯба холӣ мемонду мӯривор бардошта мешуд ва вазифаи равзанро иҷро мекард (ма-салан, дар Помир ва водии Қаротегин баъзеи хонаҳо ҳозир ҳам бо чунин тарз сохта мешавад).

Чӯбу тахтаҳои нимсӯхтаи зиёд, ки аз ин биноҳо ёфт шуд, далолат меку-над, ки дар хонаҳо кату тахтакатҳои  тахтагӣ будааст. Дигар навъҳои ҷиҳози хона аз рӯи расми деворҳо аён аст.

Санъати тасвирӣ

Осори санъати тасвирӣ аз Панҷакенти қадим, Варахша ва Самарқанд падид омад.

Дар Панҷакент дар 60 хона расми рӯи девор ёфт шуд. Ин шумораи зиёд нишон медиҳад, ки одати ороиши деворҳои хона дар байни суғдиён то чи ан-доза маъмул будааст, ҳол он ки то ба рӯзҳои мо аз он санъати бузурги ороиш фақат резаҳое омада расидаанд.

Доир ба санъати тасвирии Панҷакенти қадим бори аввал А.Ю.Якубовский, М.М.Дяконов, А.М.Беленитский мақолаҳо чоп кардаанд. А.Ю.Якубовский ҷиҳатҳои аҳамияти умумитаърихии тасвирҳо, М.М.Дяконов хусусиятҳои услубии тасвирҳо ва А.М.Белинитский мазмуну мундариҷаи тасвирҳоро таъ-вил додаанд. Тасвирҳое, ки дар солҳои охир ба даст омадаанд, бо эҳтимоми А.А. Беленитский интишор шудаанд (вале, мутаассифона, фақат қисми ками онҳо).

Аксари толорҳои ташрифот деворҳое доранд, ки вусъати онҳо то ба 100м2 ва ҳатто беш аз ин аст ва чанд қатор расмҳои болоӣ ҳам доранд. Сюжети расмҳо хеле гуногун аст. Беш аз ҳама тасвири кадом як достони қадимае ба назар мерасад. Масалан, дар толори 41-уми объекти VI қариб 40м2 сурат ёфт шуд ва дар омади гап, тамоми сурат аз поён то сари девор нағз боқӣ монда-аст. Тамоми вусъати девор бо изораҳои уфуқӣ ба чанд табақа тақсим карда шудааст. Дар яке аз пораҳои девор чор табақа ҳаст, ки табақаи аз поён дувумаш нисбатан кам осеб дидааст. Дар заминаи кабудранги девор як ман-зараи томе инъикос шудааст, ки аз деворе ба деворе гузашта, ба масофаи 15м тӯл мекашад ва қариб нисфи вусъати тамоми деворҳои толорро фаро ги-рифтааст. А.М.Беленитский сурати мазкурро чунин ба қалам додааст: «Ман-зара аз ҳашт лавҳа ва ё худ саҳна иборат буда, қаҳрамони асосии онҳо ҳамон як паҳлавони самандсавор аст. Дар саҳнаи аввал паҳлавони самандсавор дар сари як даста саворони зиреҳпӯш истодааст, ки, аз афти кор, дар азми сафар мебошанд. Дар лавҳаи дувум паҳлавони самандсавор каманд ба душмани худ меандозад, ки вай ҳам савор аст. Дар лавҳаи севум паҳлавони аспсавор бо аждаҳо ҷанг карда истодааст. Дар лавҳаи дигар боз худи ҳамон паҳлавон тасвир шудааст, ки пешопеши дастаи сарбозон меравад ва зимнан мурдаи аждаҳо дар таги пои саворон хобидааст. Дар лавҳаи панҷум паҳлавон бо душмане муҳориба дорад, ки он ҳам савор асту дар гирду атрофаш дигар ҳамсафонаш бо тӯдаи девон задухӯрд мекунанд. Ниҳоят, дар лавҳаи охирин паҳлавони аспсавор бо дигар сарбози аспсавор муҳориба дорад». Аждаҳое, ки дар лавҳаҳои севум ва чорум тасвир шудааст, танаи дарози морпечи ҳалқа-ҳалқа дорад, ки охираш ба шакли бадани аз миён болои зан кашида шудааст ва сараш сари модашерро ба ёд меоварад. Эҳтимол, аждаҳо бол ҳам доштааст, вале инаш равшан не. Аз ҷароҳатҳои танаи аждаҳо шӯълаи оташ фаввора мезанад. Танаи девҳо ба танаи одам монанд, сари онҳо ҳам мисли сари одамӣ, вале андомашон ниҳоят бадҳайбат, мисли буз, барзагов шох до-ранд ва пойҳояшон мисли пойҳои буз. Ду дев савораи аробаҳои ҷангӣ задухӯрд мекунанд.

Ба А.Беленитский муяссар шудааст, ки манзараҳои ин суратро ба як до-стони конкрети эпикӣ, яъне достони Рустам бо ҳамдигар марбут созад. Дар «Шоҳнома» дар байни корнамоиҳои Рустам ҷанги Рустам бо аждаҳо, ги-рифтор шудани Авлод ба дасти Рустам, ҷанги Рустам ва Аржангдев, куштани Рустам Деви Сапедро инъкос шудааст.245а

А.М.Беленитский, инчунин он манзараҳои корзорро, ки дар он замон ширкат доранд, низ суратҳои эпикӣ мешуморад. Дар қадим занони Осиёи Миёна дар муҳорибаҳо, дар ҳақиқат, иштирок мекарданд ва ривояти корно-маҳои аҷоиби Таҳминаву Заррина барин занони шуҷоъ дар асарҳои муар-рихони пешина зикр гардидааст. Корномаи ин гуна занон асоси достону ри-воятҳои шарқиэронӣ шудаанд ва минбаъд дар дигар осори санъат низ тасвир ёфтаанд. Шаммае аз ин ривоятҳо дар «Шоҳнома» низ ба назар мера-сад.

Бисёр суратҳо дар мавзӯи дин ва маросимоти динӣ ҳастанд. Яке аз онҳо лавҳаи сӯги навҷавони марҳумест, ки, ба ақидаи А.Ю.Якубовский, қаҳрамони афсонавии Осиёи Миёна — Сиёвуш мебошад (дар омади гап, дар ин бора ди-гар фикрҳо ҳам ҳастанд). Инчунин сурати олиҳаи чордастаро низ ном бурдан лозим, ки А.М.Беленитский ва баъди вай бисёр дигар муҳаққиқон онро сура-ти Нана (Нанайя) мегӯянд. Ҷолиби диққат аст, ки дар тангаҳои маликҳои Панҷакенти қадим номи ин олиҳа ба назар мерасад ва ин далолат мекунад, ки оли ҳукмрони Панҷакент ба ин олиҳа ибодат доштааст. Парастиши ҷисмҳои осмонӣ ҳам, дар суратҳои рӯидевории Панҷакент акс ёфтааст.

Бисёр суратҳои рӯидевории Панҷакенти қадим мавзӯъҳои гуногуни фолклорӣ ва масалҳо оид ба ҳайвонотро инъикос менамоянд. Дар ин бора А.М.Беленитский гуфтааст: «Ба ин лавҳае мисол шуда метавонад, ки дар он қаҳрамони афсона духтареро, ки бо ҷодуи касе андаруни танаи дарахт банд шуда будааст, озод мекунад. Ин гап ба пайдоиши мундариҷаи дигар суратҳо низ дахл дорад, ки он то алҳол аз рӯи афсонаи машҳури «мурғи бахт» маъмул аст ва он зимнан дастраси фолклори тамоми олам гардидааст. Сура-ти начандон калоне ҷолиби диққат мебошад, ки дар он харгӯше тасвир ёфта-аст ва ин харгӯш бо гапфурӯшиҳои дилфиреб шерро маҷбур мекунад, ки худро сарозер ба гирдоб партояд ва бо ҳамин тадбир тамоми ҳайвонот аз зулми шер раҳо мешаванд. Ин сурати хушобуранг тасвири басо дақиқи ҳикоятест, ки дар маҷмӯи афсонаҳои ҳиндӣ «Панчатантра» оварда шуда-аст».246а

Рассоме, ки суратҳои рӯи деворро кашидааст, аз ҳаёти гирду атрофи худ низ бисёр сюжету мундариҷаҳоро гирифтааст. Манзараи ҷангу муҳорибаҳо чунон печдарпечу боварибахшу пуртаъсир мебошанд, ки бинандаро дар ҳайрат мегузоранд. Лавҳаҳои базму зиёфат низ бисёр ба назар мерасад. Ин-чунин дигар падидаҳои зиндагӣ, масалан, тасвири нардбозӣ, гӯштингирӣ барин лавҳаҳо низ дучор мешаванд, илова ба ҳамаи ин бисёр нақшунигори меъморӣ низ ҳастанд, ки танҳо вазифаи зинати иморатҳоро иҷро мекунад.

Муҳаққиқон дар рафти тадқиқи суратҳои рӯидевории Панҷакенти қадим муқаррар карданд, ки ин суратҳо ба чанд услуб ва дар вақтҳои гуногун анҷом дода шудаанд.

Вале таносуби мукаммали бенуқси ҳайратангези ин суратҳо баръало аён аст ва аксари онҳо бо латофату заковату назокати худ касро моту мабҳут ме-кунанд. Хусусан, касро расми духтараки уднавоз мафтун мекунад — қиёфаи пурандеша, чашмони хумор ва ангуштони нозуки вай, ки рӯи торҳо ҷавлон мезананд, дар ҳақиқат, таъсири фавқулоддае доранд. Ё худ боз як расмро ги-рем: ду савора — яке мард, дигаре зан. Ҳар ду паҳлу ба паҳлу ба рӯи якдигар нигоҳкунон рафта истодаанд, — мо намедонем, ки онҳо куҷо рафта истодаанд, чиҳо гуфта истодаанд, вале ин ду нафар, ба назари мо, гӯё зиндаанд, замони онҳо ба қаъри асрҳо фурӯ рафта бошад ҳам, онҳо ба чашми мо гарм мена-моянд ва таҷассуми олами томи образҳои бадеӣ мебошанд.

Суратҳои рӯидевории Варахша ҳам басо диққатталаб ва пурмаъно ме-бошанд. Дар толори сурхи қасри Варахша дар болои суфаҳо лавҳае ба назар мерасад ва он бо як мазмуну мундариҷа бандубаст шудааст — дар лавҳа фил-савороне тасвир ёфтаанд, ки аз ҳамдигар ба фосилаи баробар ҷой гирифта-анд. Махлуқоти гуногуни бадҳайбат (баъзеи онҳо зоҳиран шерони сурхранг мебошанд) ва ё мурғони сафедболи фӯлодминқори шерчангол аз чор тараф ба филҳо ҳамла мекунанд. Суратҳои толори шарқӣ тамоман дигар аст. Дар яке аз деворҳо як гурӯҳ ҷанговарони савор менамоянд. Дар маркази дигари сурат расми бузурги шоҳе тасвир шудааст, ки дар болои тахт нишастааст ва пояҳои тахтро суратҳои шутурҳои болдор зинат медиҳанд. Дар чапу рости тахт суратҳои зиёд, расми ҷои қурбонӣ кашида шудааст. Боқимондаҳои су-ратҳои рӯидеворӣ дар дигар хонаҳои қаср низ ёфт шуд.

Чӣ тавре дар боло зикр карда будем, дар Афросиёб ҳам хонаи калоне ошкор гардид, ки суратҳои олиҷаноб дорад. Дар яке аз деворҳо сурати равоқе ҳаст, ки дар болои он мардону занони бисёре нишастаанд. Дигар толори ташрифот (вусъаташ 11х11 м) яке аз хонаҳои марказии қаср мебошад. Дар девори шарқии ин хона сурате ёфт шуд, ки мазмунан ба об алоқа дорад – мавҷҳои кабуд кашида шудаанду рӯ-рӯи он одамону паррандагону моҳиён шино мекунанд. Дар девори ҷанубӣ қофилае тасвир шудааст, ки ба тарафи қаср меравад ва дар саҳни қаср низ мардуми бисёре истодаанд. Худи қофила асари мукаммали санъати тасвирӣ мебошад ва дар он одамоне акс ёфтаанд, ки савори фил, уштур ва аспҳо пеш мераванд. Аз ҳама пеш фили сафед ме-равад ва дар тахти равони болои фил кадом як бойзане нишастааст, ки эҳти-мол, шоҳ духтар ё малика бошад. Дар сағрии фил, дар пушти тахти равон канизаки шоҳдухтар тасвир ёфтааст. Аз паси фил се зани аспсавор менамо-янд. Дар дасти яке аз онҳо чунин ибораи мухтасар ба забони суғдӣ сабт шудааст: «Ақрабои малика». Аз паси онҳо ду марди мусаллаҳи шутурсавор мераванд, ки дар даст чӯбдасти салтанат доранд, боз чор паррандаи сафед инъикос шудааст, ки онҳоро ду марди даҳонбаста гирифта мераванд ва ниҳоят боз як саворе ба назар мерасад, ки нисбат ба дигарон ду баробар ка-лонтар кашида шудааст. Шояд, ки ин маросими арӯсбиёрони сафир бошад (духтари филсавор арӯсу марди аз ҳама калон кашидашуда сардори сафо-рат). Дар девори дигар лавҳаи қабули сафирон тасвир шудааст ва сафирон намояндагони қавму тоифаҳои гуногун мебошанд.  Дар бари ҷомаи яке аз сафирон матни суғдие ҳаст, ки аз сафорати Чағониён буданаш хабар медиҳад. Ин суратҳои Афросиёб маҳсули ранҷи дасти рассомону наққошони пойтахт буда, асарҳои мукаммалу олидараҷаи санъат мебошанд. Онҳо ниҳо-ят зебову назаррабо кашида шуда, асосан рангҳои баланду равшану гуногун-тобиш ба кор рафтааст (порае аз ин суратҳо дар лифофаи муқоваи китоб оварда шудааст).

Расмҳои рӯидевории Суғд на фақат чун осори давраи худ аҳамият до-ранд. Мо дар боло гуфта будем, ки онҳо боз чӣ гуна аҳамият доранд — аслаш-ро гирем, ин суратҳо энсиклопедияи ҳаёт ва афкори суғдиён мебошанд, гар-чанде тамоми ҷабҳаҳои ҳаётро фаро нагиранд ҳам, энсиклопедияи ҳақиқӣ мебо-шанд. Албатта, бояд дар назар дошт, ки забони ин энсиклопедия об-разҳои бадеӣ мебошад ва тавзеҳи ягонаву баҳснопазири ин забон кори осон нест.

Аз ёфт шудани аввалин суратҳои рӯидевории Панҷакент дере нагузашта М.М.Дяконов ақидае изҳор намуд, ки аҳамияти ин расмҳо аз доираи мада-нияти Суғд ва, умуман, Осиёи Миёна берун меравад. Вай дуруст тахмин кард, ки акнун дар санъати Туркистони шарқӣ «ҷараёни осиёимиёнагӣ»-ро ошкор кардан мумкин аст (баъзе осорҳои маданияти Туркистони шарқиро дар охир-ҳои асри ХIХ ва аввалҳои ХХ экспедитсияҳои археологҳои рус, немис, фран-савӣ, англис ва япон ёфта буданд) ва барои муайян кардани замони пайдоиши баъзе гурӯҳҳои алоҳидаи онҳо имкон пайдо мешавад, ҳол он ки то ба ҳол замони пайдоиши онҳо асосан тахминӣ ва умумӣ муқаррар карда мешуд.

Худи М.М.Дяконов ба чанд унсурҳои суғдию осиёимиёнагии санъати Туркистони шарқӣ ишорат кард. Тадқиқоти олими Италия М.Буссали низ ҷолиби диққат ва боварибахш аст, ки вай масъалаи ба санъати Туркистони шарқӣ (зиёда аз ин, ба санъати тамоми Осиёи Марказӣ) таъсир расондани санъати Осиёи Миёнаро хеле аниқ таҳқиқ намудааст.  Вале бояд эътироф кард, ки олимон фақат ба остонаи ин мавзеи аҷибу наҷиб қадам ниҳодаанд ва арсаи меҳнат дар ин ҷо канор надорад.

Ҳайкалтарошӣ.

Санъати мусиқӣ ва рақсӣ

Дар санъати Суғд дар баробари рассомӣ ҳайкалтарошӣ ҳам мақоми муҳим дошт. Масолеҳи ҳайкалсозӣ гил, гаҷ ва чӯб буд.

Дар Панҷакент ҳайкали азими гилӣ ёфт шуд. Ин ҳайкал замоне айвони маъбадро оро медодааст. Дар ин айвон изорае ёфт шуд, ки қариб 8 м дарозӣ дошт. Мазмуни нақши ин изора тасвири фантастикии манзараи дарё мебо-шад. Заминаи нақш хатҳои шикастаи барҷаҳида аст, ки мавҷи дарёро ифода менамояд ва дар болои ҳамин хатҳои мавҷӣ, бо усули муқарнаси барҷаҳида ҳайвону моҳиҳои аҷоиб ва махлуқоти одамсимо тасвир ёфтаанд. Дар яке аз деворҳо дар мобайн махлуқи одамсимое нақш ёфтааст, ки аз об баромада истодааст. Тамоми моҳиён ва махлуқоти ғароиб ба тарафи ҳамин махлуқи одамсимо шино мекунанд. Дар нақши изораи девори севум дар мобайн махлуқи одамбашарае ҳаст, ки аз ду думи ба ҳам печида иборат мебошад. Дар ҳамин ҷо чанд аждаҳо менамояд, ки даҳони худро калон кушода истода-анд. Чунин ақидаи А.М.Беленитский қобили қабул, ки ин нақши муқарнас ва ҷонварони он таҷассуми олами об, аниқтараш, таҷассуми Зарафшон мебо-шад, онро юнониён «Политимет» (яъне «Пурэъзоз») ва суғдиён «Номиқ» (яъне «номдор») меномиданд.

Дар Панҷакент инчунин ҳайкалҳои хушнамои чӯбӣ ҳам вуҷуд доштанд. Ин ҳайкали раққосаҳо мебошад, ки ба андозаи 3/4 қисми танаи одамӣ сохта шудаанд. Раққосаҳо аз миён боло луч буда, дар айни ҳаракатҳои мураккаб-тарини рақс тасвир ёфтаанд. Онҳо дасти чапро ба миён монда, пои ростро қат карда, аз болои пои чап, ки рост аст, ба тарафи чап дароз карда истода-анд. Шаддаву халхолҳои зиёд ва шалвори аҷоибдӯхти маҳину нозук ба қомати расову болои раққоса боз як ҳусни барзиёде мебахшад.

Ҳайкалҳои раққосаҳои Панҷакент муҷассамаи он мӯъҷизакороне  ме-бошад, ки аҷнабиён онҳоро «гирдбоди гашти духтар» меномиданд. Раққосаҳои Чоч, Қумод, Кеш, Маймурғ, алалхусус, раққосаҳои Самарқанд ниҳоят машҳур буданд. Пироҳани ҳарири шерозаҳояш зардӯзии гулобӣ, шалворҳои беқасаби нилранг ва кафшҳои қирмизии кемухтӣ ба қомати ра-сову дилбари онҳо чунон қоиму шинам меафтад, ки бинанда аз ҳусни онҳо дар ҳайрат мемонад. Рақси онҳо баъзан дар болои тӯб иҷро мешуд ва чунон бо суръату тезу шӯх буд, ки бинанда мафтун мегардид. Вақте рақс ба авҷи худ мерасид, раққоса пироҳани худро кашида мепартофту аз миён боло луч мешуд ва ин таъсири рақсро ниҳоят зӯр мекард. Ҳаракати раққоса чунон тез буд, ки шоир пиндоштааст боз андаке суръат гирад, раққоса мисли пораи абре ба осмон мепараду ба офтоб мерасад.

Раққосаҳои Панҷакент шояд дар ҳамин гуна авҷи рақс таҷассум ёфтаанд.

Мардуми Суғд ва ноҳияҳои атрофи он на фақат дар маданияти рақс, балки дар санъати мусиқӣ ҳам шӯҳрат доштанд. Номи даҳҳо асбобҳои му-сиқӣ то ба мо расидаанд, ки дар Бухоро маъмул будааст. Бисёр навою оҳангу мақомҳои гӯшнавоз эҷод гардидаанд. Баъзеи онҳоро яккахону якканавозон ва баъзеи онҳоро дастаи навозандагону ҳофизон иҷро мекарданд. Бухоро ин-чунин бо артистони худ машҳур буд. Театри лӯхтакҳо асри VII маҳз аз Осиёи Миёна ба Хитой гузаштааст.

Вале бармегардем боз ба сари чӯбҳои кандакории Панҷакент — нақшҳои ислимию гирдобӣ арақаи иморатҳоро зиннат медод, сутуну болорҳо низ кандакорӣ карда мешуд.

Аксар нақшҳои кандакории чӯб басо печдарпечу мураккаб буду одамон дар чорчӯба ва ё даруни нимдоира гирифта мешуд, масалан, дар дохили чо-рчӯба ё нимдоира тарҳи одами дар тахт нишаста ва ё сардори савори аробаи ҷангӣ ва ғ. тасвир карда мешуд. Дар ин нақшҳо анъанаи санъати кушониён баръало ба назар мерасад.

Дар қасри Варахша бисёр деворҳои бо гаҷ андовашуда ҳастанд, ки бо нақшҳои мураккаб фаро гирифта шуданд. Аввал девор бо қабати тунуки (аз 1,5 то 20см) гаҷ андова шуда, баъди хушк шудан дар он гул мебароварданд. Мазмуни нақш гуногун буд. Баъзан ин нақши оддии арча, баъзан қатори секунҷаву чоркунҷаҳои оддӣ ва ғ. буд, ки ба ҳам печида, намудеро пайдо ме-карданд. Чоркунҷаҳои гуландарун, ситорагулҳо, таркибу печопечи нақшҳои наботию геометрӣ ҳама мутаносиб ба ҳам таркиб ёфта, андаруни доираҳо муттаҳид карда мешуданд. Нақши наботӣ, алалхусус, баргу навдаи ток бисёр дучор мешавад. Дар лавҳаҳое, ки аз афти кор, манзараи табиатро инъикос менамоянд, дарахтони танаашон ниҳоят ғафси ду-семетра ба назар мера-санд, ки баргу шохаҳои онҳо ниҳоят равшану дакиқу боҳавсала кашида шудаанд ва ҳатто гурми шохаҳо нағз намоён аст. Дар ин лавҳаҳо, инчунин ҳавзҳо ҳам ҳастанд, ки дар он моҳиён шино мекунанд. Дар заминаи ана ҳамин гуна манзараҳо лавҳаҳои зиёди зиндагӣ тасвир ёфтаанд, ки дар он ҳайвону инсон ва дарандагону парандагон ширкат доранд. Инчунин манза-раҳои сайди гӯрхар, гуроз ва оҳу низ тасвир шудааст. Андозаи расми саворон қариб ба андозаи ҳақиқии савор баробар буд. Баъзе аспҳо болдор кашида шудаанд. Махлуқоти афсонавӣ ҳам хеле бисёр, алалхусус сурати зане, ки ба сурати парранда кашида шудааст, ҷолиби диққат мебошад, дар омади гап, гуфтан лозим, ки образи ин гуна занони парандасимо дар ашёи давраҳои сонии ҳунармандони Осиёи Миёна бисёр вомехӯрад ва ҳатто онро дар айёми мо дидан мумкин (то ба қарибӣ ин хели нақшро дар носкадуҳои Самарқанд ҳаккокӣ мекарданд).

Санъати гуногунмазмуну гуногунмундариҷаи кандакорӣ, басо наву тоза ва зарифу латиф будани он ба андозае хосияти умумӣ доранд ва ҷузъиёти он батафсил тасвир карда нашудааст, ки ин ҳолат хусусияти монументалӣ до-штани тамоми он санъатро хеле равшан таъкид кардааст.

Хати суғдӣ ва адабиёти он

Чи тавре дар боло гуфта гузаштем, хати суғдӣ аз хати оромӣ бармеояд. Дар он даврае, ки алҳол мавриди назар аст, хати суғдӣ хати курсив буд. Ода-тан дар амалия 18-19 ҳарфи алифбо ба кор мерафт ва баъзе калимаҳо бо идеограмма ифода карда мешуд. Соли 1965 дар арки Панҷакент археолог А.Исҳоқов бори нахуст дар таърих алифбои суғдиро ёфт. Дар танаи хуме ҳарфҳо ва машқи хат сабт шуда буд. Алифбо 28 ҳарф дорад, ки он тамоми ҳарфҳои алифбои оромӣ аст ва ҳатто он ҳарфҳое низ ҳастанд, ки амалан ис-тифода намешуданд. Ана акнун маълум шуд, ки чаро Сюан-сзан «аз бист андаке зиёд»  гуфтаасту 18-19 ҳарф нагуфтааст, ки он амалан ба кор мерафт — вай ин маълумотро аз ягон суғдии босавод гирифта будааст ва ин суғдӣ ба вай шумораи аслӣ» яъне гуфтан мумкин, шумораи назариявии ҳарфҳоро хабар додааст, ки ҳар як одами саводноки он давра медонист. Хати суғдӣ дар ноҳияҳои гуногуни Осиёи Миёна ҳар хел буд, масалан, хати суғдии Са-марқанд фарқ дошт.

Осори хати суғдӣ, пеш аз ҳама, дар Туркистони шарқӣ ёфт шуд. Ин осор бо ҳуруфоти суриёнӣ, монӣ ва боз ба ҳуруфоти навъи севуме навишта шуда-анд, ки он айнан мисли ҳуруфоти уйғурӣ набошад ҳам, ба он андак шабоҳат дорад. Ҳамаи ин матнҳо бо як забон иншо шудаанд. Дар баъзе матнҳо исти-лоҳи тақвим ҳаст ва он бо истилоҳи тақвим, ки Берунӣ дар «Осор-ул-боқия»-и худ суғдӣ номидааст, айният дорад. Ҳамаи ин имкон дод муқаррар шавад, ки забони матнҳои мазкур забони суғдӣ ва он ҳуруфоти навъи севум ҳуруфоти аслии суғдӣ мебошад.

Материалҳои забони яғнобӣ имкон дод, ки ин матнҳо хонда шавад.

Аввалин маълумот дар бораи забони яғнобӣ баъди ба Яғноб сафар кар-дани шарқшиноси рус А.Л.Кун ва ҳамроҳи вай Мулло Абдураҳмон ном мар-ди тоҷик ба даст омад. Минбаъд дар бораи ин забон Ш.Акимбетов, Е.Ф. Кол, Н.Г.Маллитский, К.Г.Залеман ва дигарон маълумот ҷамъ карданд. Аз ҷумлаи олимони советӣ, ки дар худи Яғноб забони яғнобиро тадқиқ кардаанд, М.С. Андреев ва Е.М. Пешерева, С.И. Климчитский ва Л.А. Хетагуров, М.Н. Бого-любов ва А.Л.Хромовро номбар кардан мумкин аст. Ба Яғноб забоншиносо-ни хориҷа — Р. Гото ва Г.Юнкер ҳам омада рафтаанд. Инчунин номи эронши-носи немис В.Гейгер ва олими Франсия Э.Бенвенистро бояд зикр кард. Сохти грамматикаи забони яғнобӣ тадқиқ карда шуд. Маълум гардид, ки ин забон забони шарқиэронӣ буда, дар асоси яке аз лаҳҷаҳои забони суғдӣ инкишоф ёфтааст.

Аксари фонди луғавии он ба лексикаи суғдӣ тааллуқ дорад. Дар ноҳияи дурдасту мушкилгузари водии Яғноб боқӣ мондани ин забони нави суғдӣ дар тадқиқи осори хати суғдӣ мадади бебаҳое расонд.

Дар боло мо дар бораи алифбое сухан рондем, ки дар Панҷакент ёфт шуда буд. Ин бозёфт дар айни ҳол далолат кард, ки барои саводомӯзон машқҳои махсуси хат вуҷуд дошт. Ин гуна машқҳои хати суғдӣ дар Марв низ ёфт шуданд. Дар арки Марв Л.А.Марушенко сафолпораҳои пури матни арабӣ ва машқҳои хати забони миёнаи форсӣ (паҳлавӣ) ва суғдиро ёфт.

Аз афти кор, ин боқимондаи дабиристон, яъне мактаби хаттотони асри VIII аст, ки дар он ҷо талабаҳо хати арабӣ ва хати суғдиро меомӯхтанд, ки ҳанӯз дар муносибатҳои байналхалқии он давраҳо мақоми калон дошт.

Ҳуҷҷатҳои Қалъаи Муғ далолат менамоянд, ки дар Суғд хаттотони касбии баландихтисос буданд ва аксар ҳуҷҷатҳо бо хатти ниҳоят зебо ва хоно навишта шудаанд. Аксар вақт дар поёни ҳуҷҷатҳо чунин таъбир ба назар мерасад: «Бо супориши фалонӣ фалонӣ навишт». Масалан, номи Аспанаки Девгон ном хаттот то ба мо расидааст. Яке аз беҳтарин хаттотони Суғд дар ибтидои асри VIII Рамтиш ном касе буд, ки падараш Вғашфарн ном дошта-аст ва он никоҳхати зеборо маҳз ҳамон Рамтиш навишта будааст.

Ба туфайли ҳуҷҷатҳои Қалъаи Муғ мукотибаи расмии суғдиён, ҳуҷҷатҳои юридикӣ, мактубҳои муқаррарӣ, мукотибаи хоҷагӣ ва ғ. дастраси мо шуданд.

Сюан-сзан қайд кардааст, ки дар Суғд «як навъ адабиёт ҳаст» (ин таъбирро дигар хел хондан ҳам мумкин: «як навъ солномаҳои таърихӣ ҳаст» ё худ онҳо китобҳо ва солномаҳои таърихӣ доранд»).

Дар ҳақиқат, суғдиён соҳиби адабиёти бойи динӣ ва дунявӣ буданд. Ма-салан, китобҳои суғдии буддоӣ бо хати аслии суғдӣ навишта шудаанд. Аз ҷумлаи ин адабиёт тарҷумаи суғдии «Вессон тараҷатакӣ» аз ҳама муҳимтар аст. Дар ин китоб дар баробари матни суғдии ин ҷатакӣ матнҳои он ба забо-ни палӣ, тибетӣ ва хитоӣ низ ҳастанд ва ин ба яке аз беҳтарин донандагони забони суғдӣ Э.Бенвенист имкон дод, ки матни суғдии ин асари буддоиро пурра хонда барояд. Матни суғдӣ 1513 сатр аст (фақат чанд саҳифаи аввал ва чанд сатри охираш нест).

Мазмуни ҷатакӣ чунин аст: «Баъди интизории тӯлонӣ подшоҳ писаре меёбаду номашро Судошан мемонанд. Баъди балоғат (Судошанро ба духта-ри зебое хонадор мекунанд ва онҳо соҳиби 2 фарзанд мешаванд. Барои кадом як гуноҳе подшоҳ шоҳзодаро ба кӯҳи дурдасти пурдаҳшате бадарға мекунад, ки он макони даррандагон ва ҷинҳои одамхӯр буд. Занаш ду фарзандашро гирифта ва ба нею нестони шавҳараш нигоҳ накарда, ҳамроҳи вай ба сафар мебарояд. Шоҳзода, ки дар ҳиммату саховат ном бароварда буд ва маҳз ба-рои ҳамин ҳам ба сараш кулфати бисёр меомад), тамоми чизу чораашро ба дигарон тақсим карда медиҳад.

Ниҳоят, онҳо ба як биёбони касногузари пурбими фалокатбор рафта ме-расанд. Худои таоло ба онҳо раҳмаш меояду қасри пурҳаловате барои онҳо ато мекунад. Шоҳзода ва зану фарзандонаш каме дар қаср дам мегиранду шоҳзода боз азми сафар мекунад, то ин ки гуфтаи падарашро аниқ ба ҷо оварад. Дар охир онҳо ба он кӯҳи мудҳиш омада мерасанд ва шоҳзода аз шо-ху алаф козае сохта, дар он ҷо маскун мешавад. Саховати Судошан ба ҷое ме-расад, ки вақте роҳгузаре фарзандони ӯро талаб мекунад, фарзандонашро ба вай мебахшад ва ниҳоят Худои таоло ба мардум чӣ андоза сидқ доштани Су-дошанро донистанӣ шуда, ба пеши вай пирамардеро мефиристонад ва ин пирамард аз Судошан талаб мекунад, ки зани зебояшро ба вай бахшад. Су-дошан занашро ба пирамард мебахшад, вале пирамард мегӯяд, ки дертар омада гирифта мебарад ва худаш ғайб мезанад. Раҳгузаре, ки фарзандони Судошанро гирифта буд, ба пойтахти падари Судошан расида меояд ва подшоҳ писарони Судошанро харида мегирад. Онҳо азобу кулфати падари худро ба бобояшон ҳикоя мекунанд. Баъди илтиҷои зиёд Судошан ба назди падари худ бармегардад ва падараш ӯро ба ҷои худ ба тахт мешинонад. Поё-ни ҷатакӣ хитобаи худи Буддо буда, дар он гуфта мешавад, ки шоҳзода Су-дошан худи Буддо асту ӯ дар яке аз давраҳои таносухи худ дар чунин шакл вуҷуд дошт».

Маълум, ки сикли ҷатакӣ яке аз муҳимтарин фаслҳои адабиёти ҳиндии буддоӣ мебошад. Инчунин асарҳои буддоие низ буданд, ки аз мавзӯи илми илоҳиёт баҳс мекарданд. Е.Э.Бертелс навишта буд: «Гуфтан лозим, ки қимати бадеии матнҳои мазкури суғдӣ баланд нест. Вале инро ҳам фаромӯш кардан лозим не, ки онҳо тарҷума мебошанд. Аз ҳама муҳимаш ҳамин, ки ин матнҳо ба зиммаи мутарҷимони суғд вазифаи бениҳоят мураккабтар гузошта буд ва дар айни ҳол, ин матнҳо ба мутарҷимон мадад мерасонданд, ки забони худро такмил диҳанд ва ба дараҷаи забони бою мукаммали адабиёти Ҳиндустони қадим – ба дараҷаи забони санскрит баланд бардоранд».

Бояд қайд кард, ки тарҷумаи суғдӣ тарҷумаи таҳтуллафзӣ набуд ва баъзе ҷойҳои он аз асл дур мерафт. Тарҷумон ба тарҷумаи худ нуктаҳое илова кар-дааст, ки дар матни аслӣ нест, вале аз ҷаҳонбинӣ ва тарзи ҳаёти суғдиёни он-замона бармеомад.

Ба қавли Наршахӣ, дар Бухоро як силсила ривоятҳое маъмул будаанд, ки аз корномаҳои Сиёвуш ном шоҳи афсонавӣ нақл мекардаанд. Ин ривоятҳо манзум будаанд ва онҳо дар майдону кӯчаҳои шаҳрҳо суруда мешудаанд. Ҳамон достоне, ки аз марги Сиёвуш ҳикоя мекард, номи махсус дошт ва онро «Сӯги муғон» меномиданд. Аз афти кор, Сиёвушро суғдиёни Самарқанд ва инчунин дар дигар ноҳияҳои Осиёи Миёна мепарастидаанд.

Дигар фасли достон — достони Рустам ва аспи вай Рахш, ки ба суғдӣ иншо шудааст, танҳо дар намуди ду пораи ҷудогона дастрас гардидааст. Дар по-раҳо ҳикоят мешавад, ки Рустам девҳоро таъқиб кард, бисёрии онҳоро кушт ва як қисми девҳо ҷон ба саломат бурда, андаруни қалъае пинҳон шуданд. Рустам аз кайфи зафар завқ бурда, дар марғзоре ба истироҳат рафт, зину лаҷоми Рахшро кушода, ба чаро сар дод ва худаш ҳам либоси ҷангиашро кашида монду ба хоб рафт. Дар мобайн девҳо ба худ омада, аз қалъа барома-данду аз пайи Рустам афтоданд, ки илоҷе ёфта ӯро нобуд кунанд. Баъди ин лашкари девҳо тасвир шудааст, ки савори аробаю филу аспу дарандаву га-зандаву хазанда бо даҳшату ваҳшату мағалу ғавғои мудҳиш ба роҳ мебароянд ва баъзе девҳо мисли каргасу калхот бол мезананду сарозер парвоз мекунанд. «Аз қиёми девҳо пардаи осмон дариду барфу борон, тагаргу жола ва раъду барқ бар замин фурӯ рехт, девҳо наъракашон замину замонро ба ларза меоварданд ва аз худ дуду оташ медамиданд». Рустами Дастон бошад, беха-бар аз ин ҳама ғарқи хоб. Аммо ҷони Рустамро Рахш халос карда, ӯро аз хоби ғафлат хезонд. Рустам пӯсти шерро ба худ ҷавшан сохта, ба ҷанг омода шуд. Вақте ки девҳо наздик омаданд, Рустам вонамуд сохт, ки сахт тарсидаасту фирор хоҳад кард. Девҳо аз паси вай афтоданду Рустам ҳам каме онҳоро пеш оварда, ногаҳон пас гашту мисли шери жаён ба девон дарафтод.

Охири достон боқӣ намондааст. Ниҳоят, ривояти суғдии масалҳои «Ка-лила ва Димна», аз ҷумла, ҳикояти тоҷир ва суфтагар ҷолиби диққат мебо-шад. Ғайр аз ин дигар асарҳои адабии суғдӣ низ бисёранд.

Ақоиди мазҳабӣ

Дар бораи ақоиди мазҳабии аҳли Суғд дар маъхазҳои гуногуни суғдӣ, хи-тоӣ, арабӣ ва тоҷикию форсӣ маълумот ба назар мерасад. Вале муқоисаи ин маълумотҳо кори ниҳоят душвор аст, ба ин сабаб дар бораи тартиби диндо-рии суғдиён дар адабиёт то ба ҳол ягон асари мукаммале таълиф нашудааст. Ба маъхазҳо муроҷиат мекунем.

Дар Суғд «арвоҳи Дэсиро мепарастанд ва аз дарёи ғарб (яъне баҳри Кас-пий– Б.Ғ.) сар карда, то саросари мамолики Шарқ ба он эътиқод доранд. Зоҳиран, ин бутест заррин, ки миёнаш 15 фут аст ва ба ҳамин мувофиқ қад дорад. Ҳар рӯз ба ин бут панҷ уштур, даҳ асп ва сад гӯсфандро курбон меку-нанд. Шумораи қурбониовардагон баъзан ба 1000 мерасад…» . Дар тарҷумаи ҳоли Сюан-сзан гуфта мешавад, ки дар Самарқанд «малик ва мар-дум ба Буддо имон надоранд ва оташ мепарастанд».  Инчунин ривоят ҳаст, ки ба «арвоҳи бадкирдори олам»  ва ба «худованди осмон» низ эътиқод вуҷуд дошт. Ба қавли Хой Чао, дар Суғд дар нимаи аввали асри VIII «эътиқоди арвоҳи осмон маъмул буд».  Дар боргоҳи ҳокими Суғд, инчунин «маъбади ниёгон»  низ вуҷуд дошт.

Дар китоби олими бузурги асри ХI Осиёи Миёна — Берунӣ «Осор-ул-бақия» бо номи «Гуфтор андар идҳои тақвими суғдиён» боби махсусе ҳаст.

Дар асари олими бузурги асри ХI Осиёи Миёна — Абӯрайҳони Берунӣ «Осор-ул-бақия» фасле ҳаст, ки дар он ҷашни моҳҳои суғдиҳо тавсиф ёфтааст. Рӯзи бисту ҳаштуми моҳи аввал «зардуштиёни Бухороро идест, ки «Ромиши оғом» меноманд. Ва дар он ид дар оташкадае, ки наздики қаряи Ромиш аст, ҷамъ мешаванд. Ва ин оғомҳо назди онон азизтарини идҳост. Ва дар ҳар деҳе, ки бошанд, назди раиси худ барои хӯрдану ошомидан ҷамъ мешаванд. Ва ин ид барои эшон дар чандин навбат аст». Ин иди Соли нав аст, ки бо тасаввуро-ти роҷеъ ба табиати миранда ва азнав зиндашаванда алоқа дорад. Дар яке аз моҳҳои суғдиён расми рӯзадорӣ низ мавҷуд аст. Онҳо «дар ин рӯз таому ша-робро тарк мекунанд ва аз он чӣ бо оташ пухта шавад, парҳез менамоянд. Ва хамиру меваю набот мехӯранд». Рӯзи дувуми моҳи дигар онҳо «дар оташка-даҳо ҷамъ мешаванд ва чизеро, ки аз орди арзан ва равғану шакар пухтаанд, дар он ҷо мехӯранд». Ва ниҳоят расме ҳаст, ки соле як бор «аҳли Суғд бар мурдагони пешини худ гиря мекунанду бар онҳо навҳа мезананд ва рӯйҳои худро мехарошанду барои мурдагон таому шароб мебаранд». Ҳамчунин расм дар байни Хоразмиён ва форсҳо низ мавҷуд буд. Аз ривоятҳое, ки дар бораи ин халқҳо карда мешаванд, баъзе ҷиҳатҳои тозае аён мегардад, аз ҷум-ла ин аст, ки онҳо «дар рӯзҳои фарвардгон барои арвоҳи мурдагон дар гӯри-стонҳо ғизо мегузоранд».

Хуллас, аз гуфтаҳои Берунӣ чунин бармеояд, ки парастиши мурдагон низ маъмул буд. Ин нуктаро мо дар ҳикояти Наршахӣ низ мебинем, ки ба Сиёвуш бахшида шудааст — дар Бухоро дар субҳидами Соли Нав ҳар як аҳли шаҳр ба арвоҳи Сиёвуш хурусеро қурбон мекард. Муҳаққиқон ҳикояи Нар-шахӣ ва он маълумотеро, ки Вэй-сзе дар бораи Самарқанд додааст, муқоиса карданд. Ва моҳияти он маросим маълум шуд ва гап дар ҳамин будааст, ки мардум имони комил доштаанд, ки он ҷавони муқаддас моҳи ҳафтум мур-дааст ва устухонаш гум шудааст. Вақте ки ҳамин моҳ мерасид, диндорон ли-боси сиёҳ пӯшида, пои луч мебароянд ва мушт ба сина кӯфта навҳа мека-шанд. Онҳо дашт ба дашт такопӯ мекунанд, то ки турбати ҷавони муқадда-сро ба даст оранд. Ин маросим рӯзи ҳафтум ба охир мерасид.

Вале парастиши Сиёвуш на фақат танҳо парастиши мурдагон буд, дар ин ақида нуктаҳои динҳои қадимтаре инъикос ёфтаанд, ки ба худои набот имон дошт ва он мемурду боз зинда мешуд.

Мо дар боло новусҳои Панҷакентро зикр карда будем. Новусҳо аз Ко-фирқалъаи наздикии Самарқанд ҳам ёфт шудааст. Дар худи Самарқанд би-сёр оссуарийҳо ба даст омаданд. Аз деҳаи Бия-Наймани наздикии Кат-тақӯрғон бисёр оссуарийҳо ёфт шуд, ки нақши муқарнасии латифу нозуки хушнамуде доранд.

Аввалин оссуарий вақти кофтани таҳкурсии иморат соли 1971 дар Тош-канд падид омад. Ҳангоми соли 1886 дар Афросиёб ҳафриёт кардани Н.И. Веселовский боз як оссуарии пурнақш ёфт шуд, ки олим онро «тобути сафо-лии давраи тоислом» мешумурд. Соли 1900 худи ҳамин олим истилоҳи «ос-суарий»-ро ҷорӣ кард (аз калимаи лотинии ossғaқiғm, ки маънояш устухон-дон мебошад), ки он дар илм маъмул гардид. Бо тадқиқи оссуарий ва маро-сими дафн дар оссуарий пеш аз инқилоб Н.И. Веселовский, В.В. Бартолд, К.А. Инострантсев барин олимон ва баъди инқилоб А.Я. Борисов, Ю.А.Рапопорт, Б.Я. Ставиский барин олимон машғул буданд.

Ба туфайли тадқиқоти ин олимон маросими дар оссуарий дафн кардани суғдиёнро чунин таъвил кардан мумкин аст. Дар «Авесто» ва дар дигар асарҳои давраҳои сонии зардуштия гуфта мешавад, ки ҷасади зардуштиро ба ҷое бояд бурд, ки он дахма ном дорад ва дар ин дахма «доимӣ» сагҳо ва паррандаҳое ҳастанд, ки гӯшти мурдаро хӯрда, устухонашро тоза мекунанд» (масалан, дар ин бора дар «Видевдат» ҳам сухан меравад). Чи тавре маълум аст, ин одат қариб бе ҳеҷ гуна тағйирот дар байни габрҳои Ҳиндустон боқӣ мондааст, ки онҳо дар асрҳои миёна аз Осиёи Миёна ба он ҷо кӯчида рафта буданд ва ҳоло ҳам ба зардуштия имон доранд. Баъди ин устухонҳоро ҷамъ карда, ба ҷои махсусе бурда мемонданд ва номи ин ҷоро устуодон (ё астодан) мегуфтанд. Дар маъхазҳои арабӣ, ки истилои арабро ба қалам медиҳанд, он иншооте, ки дар боло зикр кардему онҳо ба арабҳо дар Осиёи Миёна дучор меомаданд, новус номида шудаанд.

Маъхазҳои хаттӣ бевосита шаҳодат медиҳанд, ки дар Суғд чунин маро-сим маъмул буд ва ин ҷиҳати масъала хеле муҳим аст ва инро муҳаққиқони пешазинқилобӣ ҳам қайд кардаанд. Сафири Хитой Вэй-сзе, ки дар ибтидои асри VII ба Суғд омада буд, чунин навиштааст: «Берун аз шаҳр дар ҷои алоҳида қариб дусад хонавода истиқомат доранд, ки махсус машғули дафн мебошанд, онҳо дар ҷои хилват ҳавлии махсус сохтаанд, ки дар он ҷо сагҳои махсусро парвариш мекунанд, агар ягон кас мурад, мурдаи ӯро ба миёнҷои ҳамин ҳавлӣ бурда мемонанд ва сагҳо гӯшти мурдаро хӯрда, устухонашро тоза мекунанд, пас аз ин устухонҳои мурдаро ҷамъ карда, дар зарфи махсус андохта мемонанд ва онро гӯр намекунанд».  Аз рӯи гуфтаҳои Табарӣ ва Наршахӣ маълум мешавад, ки баъзан устухони мурдаро одамони махсус тоза мекардаанд. Ба қавли К.А.Инострансев, маросими муқаррарӣ набуд ва он фақат дар мавридҳои махсус ба ҷо оварда мешуд.  Вале устухонҳое, ки дар новусҳои Панҷакент ёфт шуданд, дар худ осори дандон надоранд ва ҳатто пайванди сутунмӯҳра безарар мондааст — ҳол он ки агар гӯшти устухонро сагҳо мехӯрданд, осори дандон ҳатман боқӣ мемонд. Дар ҳар як дахмаи Панҷакент – ба ҳисоби миёна устухони даҳ мурдаро мегузоштаанд. Дар дах-маҳо ғайр аз оссуарийҳо, инчунин зарфҳои сафолӣ, тангаҳои мисӣ ва асбоби зинату ороиш ҳам монда мешуд.

Дар боло дар бораи маросими сӯгвории суғдиён андак маълумот оварда будем. Дар ҳуҷҷати В-8 Қалъаи Муғ (ки шартномаи фурӯши замин аст) гуфта мешавад, ки харидорон ва авлоди онҳо ҳақ доранд, дар ин замин мурда гузо-ранд ва сӯгворӣ кунанд.  Маросими сугвории ҳангоми дафн дар «Шоҳнома» ҳам тасвир шудааст.  Ин маросим, инчунин дар санъати тасвирии суғдиён низ инъикос гардидааст. Аслан ин маросим ба қонуну қоидаҳои зардуштия хилоф мебошад, зеро зардуштия дар болои мурда гиряву нола карданро қатъиян манъ намудааст. Вале дар Осиёи Миёна ва, аз афти кор, дар Эрон ҳам ақидаҳои қадимии халқӣ нисбат ба манъи динӣ зӯртар буданд.  Дар давраҳои баъдина зидди ин маросим ислом ҳам дурудароз муборизаи ша-дид бурд, вале дар ҳама ҷо — ҳам дар Байнаннаҳрайн, ҳам дар Эрон ва ҳам дар Осиёи Миёна маҷбур шуд, ки ақиб нишинад. Ин ё он шакли маросими маз-кур то ба қарибиҳо вуҷуд дошт. Дар болои мурда гиряву нола карда ва ҳатто «самоъ рафтан» (ки як навъи рақси маросими дафн аст) дар байни тоҷикон дар рӯзҳои мо ҳам маъмул мебошад.

Дар маъхазҳо «оташкада» ва «буткада» зикр шудааст. А.М.Беленитский роҷеъ ба он тамоми маълумотро ҷамъ кард ва ба тафсил таҳлил намуд. Ғайр аз маъхазҳои номбурда, инчунин «Шоҳнома»-ро низ далел овардан мумкин аст, ки дар он «оташкадаҳои» Бухоро ва Пайканд қайд шудаанд. «Шаҳри-стонҳои Эрон» ном асари географии паҳлавии асри IХ хабар медиҳад, ки дар Самарқанд писари Сиёвуш оташкадае бино карда, ба он ҷо матни «Авесто»-ро, ки дар лавҳаҳои тилло (ё зарандуд) навишта шуда буд, гузошт ва баъд он-ро Сакандар (Искандари Мақдунӣ) хароб кард ва ниҳоят, Тури Фрастак (Аф-росиёб) «хонаи худоёнро ба лонаи девон табдил дод». Мувофиқи ривояти маъхазҳои хитоӣ, дар Кушония маъбаде будааст, ки дар деворҳои он сурати шоҳони қадимии халқҳои гуногуни ҳамсоя кашида шудаанд. Малики Кушо-ния ҳар рӯз дар ин маъбад ибодат мекардааст. Наршахӣ ҳам аз «оташка-даҳо»-и Ромитану Бухоро дарак медиҳад ва сухан на дар бораи асари афсо-навӣ, балки дар бораи асари конкретӣ-таърихӣ меравад. Дар Самарқанд дар айёми истилои арабҳо «буткадаву оташкадаҳо» будаанд ва дар бораи деҳаи Тавовис низ чунин хабар ҳаст (Табарӣ, Балозурӣ). Маъхазҳо бисёр тафсилоти ин бутҳоро тасвир кардаанд ва ин бутҳо чӯбини зарандуд, нуқрагин ва тил-лоӣ будаанд. Вақте ки бутҳои бутхонаи калони Самарқанд сӯхта шуд, аз хоки-стари онҳо 50 ҳазор мисқол тилло баромад. Яке аз бутҳои симини Самарқанд баъди об карда шудан 24 ҳазор мисқол нуқра шуд. Наршахӣ аз Пайканд су-хан ронда менависад, ки арабҳо дар буткадаи он буте ёфтаанд, ки аз нуқра буда, 4 ҳазор дирам вазн доштааст, вале мувофиқи ривояти дигар, ин бут тиллоӣ буду 50 ҳазор мисқол вазн дошт. Парастиши ин бут дар Самарқанду Бухоро баъди ғалабаи ислом ҳам хеле давом кард. Буткадаҳо ниҳоят бой бу-данд, тиллову нуқраи бешумор, ҷавоҳироти бисёр доштанд, масалан, гавҳарҳое доштанд, ки ба андозаи тухми мурғ меомад.

А.М.Беленитский ҳамаи ин хабару ривоятро ба тафсил тадқиқ намуда, ба хулосае омад, ки «буткадаҳо» ҷудо аз «оташкадаҳо» вуҷуд доштанд.  Ба фикри мо, А.М.Беленитский ин ақидаи худро пурра исбот накардааст, гар-чанде аз як ҷиҳат даъвои вай ҷон дорад. Дигар ақидаи асосии А.М.Беле-нитский ҳамин аст, ки дар Осиёи Миёна рӯҳониёни оташкадаҳо, ки онҳоро зардуштӣ меномад, зидди бутпарастӣ мубориза мебурданд ва дар ин мубо-риза зардуштиён дастболо буданд. Вале, ба фикри мо, ин даъво асоси казоӣ надорад. А.М.Беленитский ба ақидаҳои худ ҳамон қоидаву қонунҳои зардуш-тияро асос кардааст, ки дар Эрони сосонӣ маъмул буд. Вале зардуштияи Осиёи Миёна ба зардуштияи Эрон айнан монанд нест. Бинобар ин дар ҳалли ин масъала бисёр эҳтиёт шудан даркор. Ҳанӯз В.В.Бартолд тахмин карда буд, ки ақоид ва русуми зардуштиёни Осиёи Миёна «аз ақоиди пайравони аслии Зардушт хеле фарқ мекунанд». А.Ю.Якубовский навишта буд: «Асоси ҳам зардуштияи Эрон ва ҳам дини суғдиёну бохтарҳову хоразмиён ким-чӣ хел эътиқоду ақоиду русуми ягона буд ва он эътиқод, аз як тараф, тасаввуроти дуалистонаро дар бораи муборизаи олами некӣ ва бадӣ, аз тарафи дигар, парастиши оташро дарбар мегирифт. Дар Эрон зардуштия ба дини давлатӣ табдил ёфт ва соҳиби ақоиди мустаҳкаму аниқ гардид ва ташкилоти мурак-каби пешвою роҳбарони он ба миён омад, ки ба корҳои давлатӣ, алалхусус, дар ҷабҳаи идеология таъсири зӯр доштанд. Дар Осиёи Миёна тақдири зар-душтия дигар хел шуд – яъне ақоиди аниқу мустаҳкам ба вуҷуд наовард, ба дини давлатӣ табдил наёфт, зеро худи он давлати ягона набуд ва пешвои роҳбарони он ҳам ба як ташкилоти тавонои мустаҳкам муттаҳид шуда ната-вонистанд. Зардуштия бо динҳои маҳаллӣ омехта шуд, ки онҳо, аз афти кор, ба парастиши оташ хеле мувофиқат доштанд.  Барои ифодаи дини суғдие, ки ба он давраҳо нисбат дошт, ҳатто истилоҳи махсус «маздоия» пешниҳод карда шуд.  Эроншиноси машҳури имрӯза В.Б.Ҳеннинг ҳам «ба бутпа-растии аслии Суғд таъсир расондани таълимоти Зардуштро» имконпазир донистааст.

Гарчанде ҳанӯз В.В.Бартолд хусусияти динҳои маҳаллии тоисломиро мавриди тадқиқ қарор дода бошад ҳам, то ба ҳол дар ин бора қарори ягона вуҷуд надорад ва бисёр масъалаҳо ё торик мебошанд ё роҷеъ ба онҳо ду ақидаи ба ҳам мутлақо хилоф ҳастанд. Масалан, ду муҳаққиқи мӯътамад — А.М.Беленитский ва А.Ю.Якубовский дар масъалаи муайян намудани муно-сибати байниҳамдигарии динҳои маҳаллӣ ва зардуштия ақидаҳои ба ҳам та-моман зид доранд. Муҳаққиқони таърихи маданият ва археологҳо матери-алҳои лингвистиро бояду шояд истифода намебаранд, дар навбати худ, за-боншиносон материалҳои археологӣ ва иконографиро дуруст кор намефар-моянд ва тадқиқи онҳо низ душворию мушкилоти зиёде дорад, ки алҳол пур-ра муайян карда нашудааст.

Барои тафҳими ҷаҳонбинии суғдиён, аз ҷумла, барои тафҳими дини онҳо, суратҳои рӯи девор маъхази хеле муҳим, вале дар айни ҳол, маъхази бениҳоят мушкилу мураккаб мебошанд. Дар Панҷакент суратҳо мувофиқи як тартиби муайян ҷой гирифтаанд, Масалан, дар толори чоркунҷа рост – рӯбарӯи дари даромад, аксар вақт андаруни токчаҳо «…муҷассамаи калони худоро ҷой медоданду баъзан дар паҳлӯи он дигар шахсони муқаддасро низ мегузоштанд. Дар пеши сурати худо иштирокчиёни ибодат–суғдиёни рост ё базонуистода тасвир карда мешуданд. Агар худо дар пешгоҳи токча кашида шуда бошад, расми одамон дар деворҳои паҳлӯи токча ҳам тасвир шуданаш мумкин буд. Дар ду тарафи қисми марказии расм тасмавор чанд қабат ман-зараи муҳорибаҳову зиёфатҳо ва аксар вақт достонҳои мукаммали пурмаъно тасвир мегардиданд ва бари ҳар як қабати ин расмҳо қариб 1м буд». Дар қисми аз ҳама поёни расм дар лавҳаҳои чоркунҷа суратҳои афсонавӣ ё маишӣ кашида мешуданд.  Аз худи ҳамин тартиби ҷойгиршавии расм маълум, ки дар ҷаҳонбинии суғдиён ақидаҳои динӣ ва дунёвии онҳо чӣ гуна ба ҳам омезиш ёфта буданд.

Дини маҳалли Суғд соҳиби анъанаҳои мукаммали тасвироти динӣ буд. Ба ҷумлаи худоҳо — худои ҷирмҳои осмонӣ, худои ҳодисаҳои табиат дохил шуда, инчунин парастиши баъзе габрҳо низ вуҷуд дошт. Аз байни расмҳои худоҳо расмҳои зеринро номбар карда мумкин – олиҳаи чордаста, худои урён, ки баданаш кабуд буда, дар миён лӯнгии пустипалангӣ дорад, олиҳае, ки дар тахт нишастаасту дар паҳлӯяш шерҳои болдор тасвир шудааст, худои сесараю шашдастае, ки соскан дошта истодааст ва ғайраву ва ҳоказо. Дар тасвири баъ-зе аз ин худоҳо аломатҳои суратҳои ҳиндӣ (шивагӣ) баръало ба назар мерасад. Ба ақидаи А.И. Беленитский ва Б.И. Маршак, суғдиён дар муддати дароз со-ҳиби хати муайян ва анъанаи тасвироти динӣ набуданд. Дар натиҷа ба туфайли рақобати дини буддоия ва монавия, ки чунин анъа-наро соҳиб буданд, габрҳо анъанаи тасвироти динии ҳиндуро андак дигар сохта, барои эҳтиёҷи худ мувофиқ намуданд. Ин ақида, ба назари мо, ба ҳақиқат хеле наздик аст.

Ҷолиби диққат аст, ки дар Панҷакент дар хонаҳои гуногун худоҳои гуно-гун тасвир ёфтаанд ва ба ақидаи муҳаққиқони номбурда, ин кор далели ҳамин мебошад, ки ҳар як хона соҳиби худои «худаш» буд. Камбағалон бошанд, имкон надоштанд, ки дар кулбаҳои худ расми худоро кашанд, бино-бар ин ҳар як камбағал як бутчаи сафолӣ мехариду ба ҳамон ибодат мекард.

Дар ҳар як хонаи бой меҳробе буд, ки дар он шабонарӯз оташи муқаддас дармегирифт ва ин шаҳодат медиҳад, ки дар системаи онзамонаи динӣ па-растиши оташ аҳамияти калон дошт.

Тадқиқотҳои солҳои охири забоншиносон хеле маълумоти муфид дод. Дар никоҳхати Қалъаи Муғ қасаме зикр мешавад, ки ба номи Баг ва Митра ном худоҳо дода шудааст. Баг ин худи ҳамон худо аст, ки ҳанӯз дар «Ригведа» дар қатори Митра дучор мешавад ва худоест, ки мартабааш андак поёнтар аст. Ба ақидаи В. Б. Ҳеннинг, дар никоҳхати Қалъаи Муғ Баг баробари Митра ва ҳатто аз Митра ҳам андак болотар меистад. Митра бошад, мисли Багчун худое тасвир шудааст, ки мутасаддии муоҳида мебошад.   Ношири никоҳхат — В.А.Лившитс ба ин даъво зид баромад ва ба ин кор асос ҳам дошт. Муқоиса-ву таҳлили ҳамаи матнҳои Қалъаи Муғ (ва дигар ҳуҷҷатҳои суғдӣ) В. А. Лив-шитсро ба чунин хулосае водор кард, ки ин номи худои асосӣ, яъне номи Аҳуро Маздо мебошад, вале суғдиён одатан номи пурраи ин худоро (хωқmzt’βγ «Баг Ахура Маздо») ба забон намеоварданд ва ба қалам намедо-данд (ба ҳар ҳол навишти он ниҳоят кам вомехӯрад).

Аз ҷумлаи худоёни олимартабаи суғдиён Зарвонаро зикр кардан даркор, ки он ба худои олии ҳиндуҳо Браҳма айният дорад ва дар матнҳои тарҷу-мавии суғдию буддоӣ ба сифати «аъзам» ва «шоҳи худоён» дучор мешавад. Ғайр аз ин Вэрэтрагна (Wsyn– Вашэгн), Нанайя, Хварэнаҳ (дар шакли ргп – Фарн), Тиштрийа (tys Тиш – ситораи Шаб – Оҳанг) ва дигар худоҳо низ маъ-мул буданд. Ба ин силсилаи худоёни накӯкор худои бадсигол — Аҳриман муқо-бил меистад, ки ба суғдӣ ба тарзи махсус Шимну (Smnғ) талаффуз карда мешуд ва дар атрофи худ девҳои (ǒyw) бисёр дошт. Мо дар байни суғдиён би-сёр мафҳуму тасаввуротеро мебинем, ки хеле пештар дар «Авесто» зикр шудаанд.

Масалан, маъбад вағн (βγn) ном дорад. Муаррихони асрҳои Х–ХIII (ва ди-гар маъхазҳои давраҳои сонитар) бисёр деҳаҳои Суғдро ном бурдаанд, ки дар таркиби номи онҳо калимаи фағн («бағн», «вағн») ҳаст ва он, бешубҳа, аз ка-лимаи «вағн» бармеояд (ва инро бори аввал В. Б. Ҳеннинг муқаррар кард). Чунинанд деҳаҳои Миёнбағн (дар Вобканд), Вануфағ (н)-и қарибии Тавовис (дар атрофи Бухоро), Устувағн ва Хурбағн (дар Ғиждувон), Рустовағн ва Кара-свағн (дар атрофи Самарқанд), Хушуфағн (дар қарибии Каттақӯрғон ё Са-марқанд ё худ, эҳтимол, ду деҳа буд), Кукшибағн (дар қарибии Ургут) ва ғ. Ақидае ҳаст, ки маънои «хушуфағн» «шаш маъбад» мебошад. Хуллас, дар топонимикаи Суғд бисёр номҳое боқӣ мондаанд, ки асли онҳо калимаҳои суғдӣ буда, маънои «маъбад»-ро доранд. Вале агар мо ҳам мисли баъзе муа-ррихони имрӯза гумон кунем, ки мавқеи он ҷойҳое, ки номи онҳо дар тарки-би худ калимаи суғдии «маъбад»-ро доранд ва ин ҷойҳо дар хоки Суғд ҷойгир шудани маъбадҳои зардуштиро айнан нишон медиҳанд, ба хатои дағал роҳ хоҳем дод. Дар воқеъ, қонунияти пайдоиши номҳои мураккаб хеле амиқ ва печ дар печ аст. Худи ҳамин гапро дар бораи он номҳои мураккаби маҳалҳо гуфтан мумкин, ки дар таркиби худ Ву, яъне «олиҳа», «худо»-и суғдӣ доранд.

Номи пешвои маъбад, сардори маъбад вағнпат буд; ин истилоҳ дар «Мактубҳои қадимии суғдӣ» ҳам вомехӯрад. Ин ном дар ҳуҷҷатҳои Қалъаи Муғ ҳам ҳаст. Курчи ном вағнпат (ҳуҷҷати I) дар иҷрои супориши муҳими дипломатӣ иштирок кардааст. Ғайр аз ин дар дигар як ҳуҷҷати Қалъаи Муғ (А-5) муғпат зикр шуда» аст, ки маънояш пешвои муғон аст.

Дар қатори дини маҳаллӣ, ки онро ҳозир баъзан дини маздоия ҳам ме-номанд, дар Суғд дигар динҳо ҳам паҳн шуда буд. Дар ин давра буддоия обрӯи казоӣ надошт ва онро дигар динҳо танг карда буданд. Буддоия пайра-вони бисёр ҳам надошт, вале сарфи назар аз ин, аҳамияти буддоия ва дигар динҳои ҳиндуён дар ҳаёти Суғд паст набуд. Мувофиқи баъзе ривоятҳо, насро-ния хеле паҳн шуда будааст. Дар ибтидои асри VI дар Самарқанд епископи насронии равияи несторӣ менишаст, дар асри VIII бошад, ҷои ӯро митропо-лит гирифт.  Дигар дин, ки онро монавия меномиданд, низ хеле реша да-вонда буд.

Дар ҳаёти Суғди тоисломӣ чи мақом доштани монавияро А.М.Беле-нитский муфассал тадқиқ кардааст. Қарибиҳои солҳои 600 дар байни мона-виён тафриқа афтод, дар Осиёи Миёна мазҳаби диноварии монавиён барқарор гардид, ки маркази он дар Самарқанд буд. Ба ақидаи А.М.Беленитский, агар тахмин кунем, ки расмҳои рӯидевории Панҷакент расмҳои монавӣ мебошанд, ба ҳамин шарт мазмуни онҳоро тафсир кардан мумкин аст.  Ва ин тафсир кори хеле душвор мебошад.

Кирои таъкид аст, ки ҳатто ҳамин материали на он қадар муфассал чӣ қадар мураккаб будани масъалаи ҳаёти Суғди асрҳои VI–VIII-ро равшан ни-шон медиҳад. Дар Суғд вуҷуд доштани динҳои гуногун боиси пайдо шудани системаҳои динии муттаҳида (синкретӣ) гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *