Сохти иҷтимоию иқтисодӣ дар асрҳои V–VIII — Донишхона

Сохти иҷтимоию иқтисодӣ дар асрҳои V–VIII

ТАШАККУЛИ МУНОСИБАТҲОИ ФЕОДАЛӢ

Маъхазҳои хаттӣ дар бораи сохти иҷтимоию иқтисодии давраҳои аввали асримиёнагии Осиёи Миёна он қадар маълумоти воқеӣ намедиҳанд, ки сохти иҷтимоию иқтисодии асрҳои V–VIII Осиёи Миёнаро, алалхусус, рафти инки-шофи онро муфассал тадқиқ кардан мумкин бошад. То ба қарибиҳо муар-рихон маҷбур буданд, ки танҳо ба маълумоти ниҳоят кам, ба маълумоти, бе муболиға, ночизи маъхазҳои арабию форсии давраҳои сонитар қаноат ку-нанд.

Ҳатто дар ҷилди II-юми муфассалу макаммали «Таърихи халқи тоҷик» (М., 1964), ки ба ин масъала бахшида шудааст, дар қисми маъхазҳои хаттӣ фақат таъвили маълумотҳои маъхазҳои арабию форсӣ ба назар мерасад.

Мо дар ин боб муфассал таваққуф намекунем, балки ба он маълумоте рӯ меоварем, ки ба ҳамон давраҳо тааллуқ дошта, дар ҳуҷҷатҳои суғдии Қалъаи Муғ ва дигар ҳуҷҷатҳои суғдизабон, аз ҷумла, дар ҳуҷҷатҳои хоразмӣ зикр гардидаанд.

Дар яке аз ҳуҷҷатҳои Қалъаи Муғ, ки дар бораи воқеаҳои Кӯча нақл ме-кунад, тамоми ҷамъият, яъне халқ (n’β, n’βw) аз се табақа — ашроф («ztk’қ), тоҷирон (γw’ kқy) ва «коркунон» (k’қyk’қ), яъне зироаткорон ва косибон иборат аст. Ғайр аз ин чанд тоифаи ғуломон мавҷуд буд. И.Гершевич ва В.А.Лившитс дар асоси таҳлили истилоҳоти ҳуҷҷатҳои Қалъаи Муғ тахмин мекунанд, ки дар Суғди асри VII ва ибтидои асри VIII чанд тоифа ғуломон ва бандагон вуҷуд доштанд – масалан, ғуломони муқаррарӣ (βntk ё σyh), ғуло-мони гаравӣ (nр’k), асирони ғуломшуда (wn”k’) ва ниҳоят, «ба васигӣ дода-шудагон» (γγpσ) буданд. Зимнан соҳибхона ҳақ дошт узви хонаводаи худро ба ғуломӣ диҳад.  Дар катибаҳои рӯи оссуарийҳои Тӯққалъа (Хоразм) исти-лоҳи ҳунаник (ғулом) ба назар мерасад.  Дар маъхазҳои арабии давраи ис-тилои Осиёи Миёна рӯирост ишорат ҳаст, ки дар Суғди ибтидои асри VIII ғуломон бисёр буданд.

Вале ба ҳар ҳол на ғуломон, балки тоифаҳои гуногуни коркунони шаҳру деҳот қувваи асосии истеҳсолкунанда буданд. Деҳқононе, ки барои иҷрои ко-ре сафарбар карда мешуданд, дар ҳуҷҷатҳо mқtγmkt («мардум») номида шудаанд. Ғайр аз ин ‘қkқ’kt номи тоифае ба назар мерасад, ки бо исботи за-боншиносон маънои «маҷбуран коркунанда»-ро дорад. Инчунин mқ’z ном тоифае низ вуҷуд дошт ва он коркунонеро дар бар мегирифт, ки барои музде кор мекарданд.  Хокпошон ба ду тоифа – ба тоифаи кштичкорон (kšt ckқ’k ва кашоварзон (kšwқzy mқty, ks wқz’k) тақсим мешуданд ва ба ақидаи И.Гершевич онҳо «зироаткор» буданд (онҳоро вай faқmӯқ ва Plғghman гуфта-аст). Деҳқонони зироаткор кадивар ном доштанд. Ҷамоати деҳот (шояд агнатӣ бошанд?) мақоми муҳимро соҳиб буд ва дар ҳуҷҷатҳо бо унвони n’β зикр шудаанд (ин истилоҳот, инчунин ба маънои «мардум» ва «кишвар» ҳам меояд).

Деҳқонон ба ҷумлаи синфи ҳукмрон озодҳо дохил мешуданд.  Дар иб-тидои асрҳои миёна (ва қисман дар давраҳои мутараққии асрҳои миёна) деҳқон заминдори калоне буд, ки ба як вилояти калон (масалан, ба Бухоро ё Чоч барин вилоятҳо), ба як ноҳия ё худ ба як маҳаллае ҳукмронӣ мекард. Дар маъхазҳо онҳо «деҳқонони акбар» ё худ танҳо «деҳқон» номида шудаанд. До-ираи ҳукми ин қабил деҳқонон, алалхусус барои ҳамин ҳам хеле васеъ буд, ки онҳо дар ихтиёри худ дастаҳои сершумори ҳарбӣ доштанд ва аъзои ин да-стаҳоро чақирҳо (ё шақирҳо) меномиданд. Сюан-сзан дар бораи Самарқанд сухан ронда менависад: «Лашкари онҳо тавоно аст ва аскари он аз чжэ-гэ (чақирҳо) иборат мебошад. Феъли чжэ-гэ ниҳоят тезутунд ва худи онҳо нотар-су ҷасуранд.

Ба ақидаи онҳо, реҳлат ба он дунё бозгашт ба хонаи худ аст. Агар ҳамла кунанд, чизе садди роҳи онҳо шуда наметавонад». Дигар маъхаз Ан (яъне Бухоро)-ро тасвир карда, менависад, ки чжэ-гэ «мардуми ғаюру ҷасур» ме-бошанд» .

Дар маъхазҳои арабию форсӣ ҳам чақирҳо бисёр номбар шудаанд. Ҳамаи ин мадракотро ҷамъбаст намуда,  ба хулосае омадан мумкин, ки ҳокимон ва деҳқонон дастаҳои сершумори ҳарбӣ доштанд, онҳо аз ҷумлаи тоифаҳои озоди мардум ташкил мешуданд ва онҳоро чақир меномиданд. Чақирҳо ҳарбиёни касбӣ буданд ва маҳз онҳо маркази лашкар ҳисоб мешу-данд. Шумори чақирҳои баъзе ҳокимон аз ҳазорҳо беш буд.

Ҳам аз ҳуҷҷатҳои Қалъаи Муғ ва ҳам аз маъхазҳои арабӣ чунин бармео-яд, ки дар байни синфи ҳукмрон дараҷоти мураккаби тобеият вуҷуд дошт. Баландтарин нуқтаи ин дараҷот ихшид буд. Ҳанӯз дар «Мактубҳои қадимии суғдӣ» (ибтидои асри IV) ихшиди деҳаи Тамархуш зикр шудааст, ки деҳа дар водии Исфара ҷой дорад ва дар асрҳои IХ-Х ҳам маълум буд. Дар ҳуҷҷатҳои Қалъаи Муғ истилоҳи «ихшид» бо идеограммаи MLK’ (яъне «малик») ифода ёфтааст. Муаррихони арабу форсизабони асрҳои миёна ин истилоҳро ҳам-чун «шоҳи шоҳон» маънидод мекарданд ва ба ин асос ҳам доштанд, маънои аслии он дар ибтидои асрҳои миёна дар Осиёи Миёна ба истилоҳи «ҳокими олӣ» мусовӣ буд.

Мувофиқи маълумоти Наршахӣ, мо воқиф шудем, ки деҳқонҳо либоси махсус ва камари заррин доштанд (ва ин маълумоти Наршахиро матери-алҳои иконографии на фақат Суғд, балки Тахористон ҳам пурра тасдиқ ме-намоянд). Наршахӣ ривоят мекунад, ки маликаи Бухоро дар арафаи истилои арабҳо дар тахт менишаст (аниқтараш аз номи писараш подшоҳӣ мекард), одатан ҳар рӯз аз арки Бухоро баромада, болои тахт менишасту машғули ҳалли масъалаҳои давлатӣ мешуд, фармону супоришҳо медод, аз ҷумла му-кофоту муҷозот низ дар ӯҳдаи вай буд. Ҳар рӯз дусад деҳқонони навҷавон ба саломи вай меомаданд ва ба ду тараф қатор шуда, то ғуруби офтоб меисто-данду баъд ба деҳаҳои худ бармегаштанд.

Рӯзи дигар ба ҷои онҳо боз дусад деҳқони дигар ҳозир мешуданд. Ҳамаи ин маросим ба сифати хизмат буд ва зимнан ба ҳар гурӯҳ соле чор бор навбат мерасид.

Ба туфайли ҳуҷҷатҳои Қалъаи Муғ мо дар бораи тартиби маъмурии Суғд тасаввуре ҳосил мекунем.

Ба ҳайъати маъмурияти марказии мулкҳои калони Осиёи Миёна тудун ном яке аз мансабҳои олитарин, ки, эҳтимол, сардори маъмурияти гражданӣ буд ва инчунин тархон дохил мешуд. Боз як мансаби олӣ n’ ztγқyw, n’ ztγқ’ yw («наздикон», «ёрдамчӣ») буд. Мақоми δp’ yқpt — дапирпат (яъне «сарко-тиб», «сардори дабирон») низ хеле баланд буд. Коргузори хоҷагии дарбор – фрамандор ба дахлу харҷи маҳсулоти зироат, маснуоти косибон ва масолеҳи ҷанг мутасаддӣ буд, вай фармон мебаровард, ки фалон чиз фалон қадар ба фалон кас дода шавад, молу ашёро ба рӯихат мегирифт ва харҷи онро қайд мекард. Мақоми вай низ ниҳоят баланд буд, дар ихтиёри худ коркунони би-сёре дошт (аниқтараш вакилони махсус дошт), ӯро мисли худи малик иззату ҳурмат мекарданд ва ба вай «соҳиб, малик, пуштибони аъзам, фрамандар» гӯён муроҷиат мекарданд. Ғайр аз ин мансабҳо соҳибони мансаби «мири соқӣ», «мири шифо», «мири охур» ва «мири чорбоғ» вазифаҳои махсусро иҷро мекарданд. Инчунин мансаби ҷаллод ҳам буд (ҳуҷҷати А-5). Дар ҳуҷҷати В-4 бо истилоҳи ‘wқnyk’m амалдоре зикр шудааст, ки аз афти кор, ким-чӣ хел вазифаи политсияро баҷо меовард. Инчунин амлокдорон ҳам бу-данд. Идораи лашкар низ вазифаи муҳим дониста мешуд. Дар ҳуҷҷатҳои Қалъаи Муғ «сарлашкар» (š’ykn) зикр гардидааст.

Дар баробари маъмурияти марказӣ маъмурияти маҳаллӣ ҳам вуҷуд дошт. Маъмурияти маҳаллӣ сардорони деҳа ва заминҳои атрофи он (ба ис-тилоҳ онҳоро «деҳхудо» гуфтаанд), «арбобони деҳа», «арспона» ва «соҳиб»-ро дар бар мегирифт.

Вазифаи асосии тамоми ин системаи маъмурӣ аз аҳли меҳнат кашида гирифтани хироҷу андозу закот буд. Ин «идораи иҷбор» мисли соати равғанхӯрда бекамукост амал мекард. Тамоми дахлу харҷу нақлу ҳамли мо-лиёт хеле аниқу дақиқ ба ҳисоб гирифта шуда, дар ҳуҷҷатҳои сершумори дахлу харҷ қайд мегардид, аз тамоми ҳуҷҷатҳо нусха гирифта мешуд (аксар вақт ду нусха бардошта мешуд), зери он имзо гузошта, ба ҳар яки он мӯҳр мемонданд.

Муассисаҳое низ буданд, ки вазифаи идоракуниро ба ҷо меоварданд. Маъхазҳо хабар медиҳанд, ки «намуди ҷазоро мувофиқи низомномае муқаррар мекунанд, ки дар маъбад нигоҳ дошта мешавад».

Дар никоҳхате, ки аз Қалъаи Муғ ба даст омад, навишта шудааст, ки он дар «маҳкама» анҷом ёфтааст ва номи «сардори» маҳкама низ зикр шуда-аст, ки, эҳтимол, шахси рӯҳонӣ буд.

Синфҳои мазлум бениҳоят қашшоқу бенаво ва аъёну ашроф ба дараҷаи гӯшношунид бой буданд. Мисоли равшани ин даъво сарвати бухорхудотест, ки дар ҳикояи Наршахӣ оварда шудааст. Ин бухорхудот, ки баъди неҳзати Абрӯй ба ватанаш баргаштааст, соҳиби он қадар молу мулк будааст, ки ҳисо-би онро касе намедонистааст.

Дар ин бора боз як мисол овардан мумкин — Моҳиён ном суғдӣ аз Ди-ваштич «се осиёбу анҳори он, бинову сангҳои онро» ба иҷора гирифтааст. Иҷорагир ба ҷои ҳаққи иҷора соле бояд 460 кафча, яъне зиёда аз 3,5 тонна орд медод.

Мадракоти археологӣ (ки як қисми онҳо дар бобҳои пешина зикр гар-диданд) дар бораи тақсимоти амиқи иҷтимоӣ ва молумулкӣ равшан шаҳодат медиҳанд. Мо мебинем, ки дар шаҳр дар паҳлуи кулбаҳои фақиронаи бена-воён иморатҳои бошукӯҳу пурдабдабаи аъёну ашроф ва қасрҳои ҳангомадо-ри ҳокимон сохта мешуданд.

Ҳаёти серупур, сарвати бекарони бойҳо дар ёдгориҳои санъат ҳам инъикос шудааст. Дар расму суратҳо тасвир шудааст, ки аъёну ашроф чӣ гуна кайфу сафо мекунанду дар болои кату кӯрпачаҳои мулоим якпаҳлу ёзи-да, зиёфат мехӯранд ва агар базм ба дилашон занад, аз ҷой мехезанду ба ҳамдигар дар гӯштину шамшерзанӣ мусобиқа мекунанд. Ва дар ин расму суратҳо дар қафо, ноаёну назарногир хизматгорони сарупобараҳнаи зору ҳақир тасвир карда шудаанд.

Тадқиқи воҳаи Бургутқалъаи Хоразм, ки С.П.Толстов ва ҳамкоронаш Е.Е.Неразик, Б.В.Андрианов  анҷом додаанд, барои тавсифи ҳаёти деҳоти он давраҳо материали пурқимати фаровон дод.

Ба туфайли шароити мусоиди маҳаллӣ ёдгориҳои воҳаи Бургутқалъа то ба рӯзҳои мо дар ҳолати хуб омада расидаанд ва зимнан на ёдгориҳои ало-ҳида хуб боқӣ мондаанд, балки тамоми системаи истиқоматӣ ва иншооти об-ёрӣ кам вайрон шудаанд. Воҳа ба шакли тасмаи дарози камбар дар ду тара-фи канали асосӣ тӯл кашидааст (дарозиаш қариб 40км, бараш тақрибан 4-5км).

Дар ҳар 200-300м якто ҳавлии истеҳкомдор ҷой дорад, ки дар воҳаи Бур-гутқалъа дар аввалҳои асрҳои миёна намуди асосии манзилгоҳи деҳот ба шумор мерафт. Дар ин гуна ҳавлиҳо хонаҳои мустаҳкаму калони деворҳоя-шон ғафс сохта мешуд, ки онҳо баъзан гирдогирди ҳавлиро фаро меги-рифтанд. Ғайр аз ин қалъаҳои мустаҳкам низ буданд. Тамоми манзилгоҳҳо ба 8-13 гурӯҳ тақсим мешуданд ва зимнан дар ҳар гурӯҳ як қалъае буд, ки ба тамоми дигар манзилҳои гурӯҳи худ ҳукмронӣ мекард. Андозаи ҳавлиҳо ниҳоят гуногун буд ва фақат 1/3 қисми онҳоро калон гуфтан мумкин буд, ди-гар ҳавлиҳои боқимонда вусъати казоӣ надоштанд. Дар баъзе маҳалҳо муқаррар карда шуд, ки дар ҳар гурӯҳ андозаи майдони кишт ҳар хел мебо-шад ва ин ҳолат бевосита набошад ҳам, далолат мекунад, ки дар ҷамоати деҳот тақсимоти молумулкӣ (ва иҷтимоӣ) вуҷуд дошт. Ҷолиби диққат аст, ки бисёр қалъаҳо маҳз дар ҳамин давра сохта шудаанд. Дар атрофи Бур-гутқалъа, ки калонтарин қалъа ҳисоб мешуд, ҳатто шаҳрчае ба вуҷуд омад, ки яке аз марказҳои косибони воҳа буд.

Тамаркузи ҳавлиҳо ба гурӯҳҳои алоҳида, махсусан дар маркази воҳа бо-суръат ҷараён дошт. Дар асрҳои VII-VIII қалъаҳо ва дар атрофу наздикии онҳо ҳавлиҳо пайдо шуданд ва марказҳои пештараи воҳа рӯ ба таназзул ниҳоданд.

С.П.Толстов фикре изҳор намуд, ки топографияи воҳаи Бургутқалъа та-шаккули муносибатҳои феодалиро инъикос мекунад. Ин ақидаҳоро тадқиқотҳои минбаъдаи археологии Е.Е.Неразик тасдиқ ва аниқ намуданд. Аз афти кор, дар территорияи воҳа якчанд ҷамоатҳои калони деҳот вуҷуд дошт, ки 7-8 ҳазор касро дар бар мегирифт.

Дар ҳавлиҳо гурӯҳҳои агнатие зиндагӣ мекарданд, ки шумораи онҳо гу-ногун буд ва ин гурӯҳҳо оилаҳои калоне мебошанд, ки молумулки умумӣ до-штанд ва ҳам дар ҳаёти ҷамъиятӣ коллективи ягонаро ташкил медоданд ва ғайр аз ин оилаҳои калон, инчунин оилаҳои хурд ҳам буданд, ки аз афти кор, мақоми намоён надоштанд.

Бинобар баъзе мадракот дар дигар маҳалҳои Осиёи Миёна ҳам вазъият чунин буд. Қалъаҳо, ки қароргоҳи деҳқонон ба ҳисоб мерафтанд, дар сари иншоотҳои обёрӣ сохта мешуданд ва ин кор ба деҳқон имкон медод, ки ба тақсими об соҳибӣ кунад — дар шароити Осиёи Миёна бошад, соҳиби об будан ҳамин маъноро дошт, ки ихтиёри ҳаёту мамоти аҳли деҳот дар дасти касе буд, ки ба тақсими об соҳибӣ мекард.

Дар адабиёти таърихии мо дар солҳои 40-50-ум чунин ақидаи С.П.Толстов маъмул буд, ки дар аввалҳои асрҳои миёна ҳаёти шаҳр таназзул дошт. Вале алҳол ин ақида ба маълумоту мадракоти навтарин тамоман хи-лоф аст. Ҳатто он маълумоти мунтахабу мухтасаре, ки дар ин китоб оварда шуд, шаҳодат медиҳад, ки шаҳрҳо ва ҳаёт дар онҳо хеле равнақу ривоҷ до-штанд. Шаҳрҳо маркази косибию тиҷорат, маркази маданияти баланд бу-данд (вақти ҳафриёти Панҷакент ин нукта хеле равшан падид омад). Ба деҳоти он давраҳо сохтмони қалъаҳое хос буданд, ки баъзан дар наздикии шаҳрҳо бунёд карда мешуданд. Дар ин қалъаҳо, шаҳристонҳо, аркҳо аъёну ашрофон — бойҳое зиндагӣ мекарданд, ки дар маъхазҳои хаттӣ зикр гардида-анд. Сохти шаҳр ва бисёр будани қалъаҳо, хусусияти санъат ва анъанаҳои «тарзи зиндагии баҳодурона», дар ихтиёри аъёну ашрофи калон мавҷуд бу-дани дастаҳои ҳарбӣ, парокандагии сиёсӣ ва аломатҳои васаллитет далолат менамоянд, ки дар ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии он давраҳо дигаргуниҳои ниҳоят амиқ ба амал меомаданд. Ҷои форматсияи ғуломдориро дигар фор-матсия – форматсияи феодалӣ мегирифт.

Дар асрҳои V-VIII бисёр хусусиятҳои феодализм ҳанӯз дар шакли ибти-доӣ, дар шакли хоми номуайян зоҳир мегардиданд, дар бораи аксари он ху-сусиятҳо дар дасти мо маълумоти бевосита ҳам нест, вале сарфи назар аз ҳамаи ин моҳияти масъала возеҳу равшан аст, яъне дар асрҳои V-VIII ноҳияҳои аҳолиашон муқимии Осиёи Миёна ба роҳи тараққиёти феодалӣ қадам ниҳода буданд.

Дар шароити таърихии он давра пайдоиши ҷамъияти феодалӣ воқеаи муҳими прогрессивӣ буд. Дар Осиёи Миёна (ҳамчунин дар дигар мамлакатҳо ҳам) пайдо шудани феодализм фақат ба туфайли хеле пеш рафтани қувваҳои истеҳсолкунанда имконпазир гардид, ки тараққиёти қувваҳои истеҳсолку-нанда дигар ба доираи форматсияи ғуломдорӣ мувофиқат намекард. Фор-матсияи феодалие, ки дар Осиёи Миёна ба вуҷуд омад, боиси он гардид, ки дар ҳаёти ҷамъиятӣ бисёр дигаргуниҳои муҳим ба амал пайваст. Аллакай дар давраҳои аввали феодализми Осиёи Миёна сарчашмаҳои муҳими пешрафти таърихӣ — шаҳрҳои феодалӣ пайдо шуда, рӯ ба тараққӣ ниҳоданд, гарчанде мақоми деҳот ҳоло ҳам хеле баланд буд.

Ҳамаи ин тараққиёт дар шароити муборизаи шадиди синфӣ ва шӯришҳои мазлумон ба амал меомад (масалан, неҳзати Абрӯйро ба хотир оваред). Ф.Энгелс дар бораи давлат навишта буд: «Мақсади асосии ин ташки-лот ҳамеша иборат аз он буд, ки бо ёрии қувваи мусаллаҳ ба аксарияти заҳматкашон зулми иқтисодӣ кардани ақаллияти хеле боимтиёзро таъмин намояд».  Ин тавсифи аниқу дақиқ ба Осиёи Миёнаи ибтидои асрҳои миёна ҳам пурра дахл дорад.

Сохти иҷтимоию иқтисодӣ дар асрҳои V–VIII: 519 комментариев

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *