Сохти дохилӣ, иқтисодӣ ва маданияти Осиёи Миёна дар асрҳои III-II пеш аз милод — Донишхона

Сохти дохилӣ, иқтисодӣ ва маданияти Осиёи Миёна дар асрҳои III-II пеш аз милод

Давлати Юнону Бохтар

Ниҳоят кам будани маъхазҳои таърихӣ имкон намедиҳад, ки сохти давлатӣ ва ҷамъиятии Юнону Бохтар муфассал тавсиф карда шавад. Дар аҳди ҳокимони тавонотар давлат ба андозае соҳиби марказият буд ва дар ин бобат, аз афти кор, асосан ба тарзи давлати Селевкиён тақлид карда мешуд. Плутарх дар ҳаққи Селевк чунин латифа меорад, ки гӯё вай гуфта бошад: «Агар аксари мардум медонистанд, ки фақат барои навиштану хондани мактубҳои давлатӣ чӣ қадар машаққат кашидан даркор, тоҷҳо дар кӯчаҳо афтида мехобиданду касе ба онҳо нигоҳ ҳам намекард». Донандаи давраи эллинизм, муаррихи советӣ А.Б.Ранович менависад: «Мувофиқи маълумоте, ки аз катибаҳо ба даст омад, ҳукумати Селевкиён мукотибаи зиёде карда, амру фармонҳои гуногун тартиб дода, оид ба ҳалли муноқишаи байни шаҳрҳо қозиву ҳакамҳоро таъйин мекардааст, бошишгоҳҳои нав барпо ме-намудааст, бо дигар давлатҳо мукотибаи дипломатиро ҷорӣ намуда, байни шаҳрҳои худи мамлакат, бо шаҳрҳои Юнон, бо маъбадҳо ва дигар ма-зорҷойҳои умумиюнонӣ робитаи зич доштааст».

Эҳтимол, идораи давлатии Юнону Бохтар мисли идораи давлатии Селев-киён мукаммал, муфассал ва мутамарказ набуд. Дар сари давлат подшоҳ меистод. Баъзан подшоҳ бо писараш баробар ҳукмронӣ мекард. Давлат ба сатрапиҳо тақсим шуда буд.

Аз «Милинда-Панха»  аён шуд, ки дар салтанати Менандр, яъне дар ноҳияи ҳиндустонии Юнону Бохтар подшоҳ шаш ақрабо доштааст: сарлаш-кар, сарвазир, сарқозӣ, сардори хазина, чатрбардор ва шофбардор. Ғайр аз ин, «соҳиби деҳ» низ зикр мешавад («Милинда-Панха», IV, 1, 36). К. В. Тревер дуруст қайд мекунад, ки таҳлили ҳамаи ин истилоҳот ва муқоисаи маълумо-ти «Милинда-Панха» бо маълумоти дигар сарчашмаҳо метавонанд ба як ан-дозаи муайян сохти иҷтимоии давлати Менандрро равшан намояд. Вале дар бораи Бохтар ва дигар ноҳияҳои ҳамҷавор маъхазҳо ин гуна маълумот на-медиҳанд» .

Лашкар низ мақоми намоён дошт, ки аз ҷумлаи ҳам юнониён ва ҳам аҳолии маҳаллӣ, аз ҷумла бохтариён, ҷамъ карда мешуд. Бохтариён лашкар-ро асосан бо қисмҳои савора таъмин мекарданд. Подшоҳ, аз афти кор, гвар-дияи шахсӣ низ дошт. Филҳои ҷангӣ қувваи зарбазани лашкарро афзун ме-карданд.

Дар бораи ташкили лашкари Юнону Бохтар баъзе маълумотҳо ба даст омаданд. Дар лашкар қисмҳои савора ва пиёдагард қисмҳои асосӣ буданд. Осори санъат ва сарчашмаҳои хаттӣ, ки дастраси мо шудаанд, шаҳодат медиҳанд, ки дар лашкари Бохтар филҳои ҷангӣ буданду дар болои онҳо ҷан-говарони мусаллаҳ менишастанд. Аз афти кор, филҳои ҷангиро дар айни авҷи муҳориба ба кор меандохтанд.

Юстин (ХLI, 4, 5) Диодотро «ҳокими ҳазор шаҳри Бохтар» номида буд. Страбон (ХV, 1,3) мегӯяд, ки ба Евкратид 1000 шаҳр тобеъ буд. Ин муалли-фон, зоҳиран, на хоки худи Бохтар, балки тамоми территорияи давлати Юно-ну Бохтарро, аз ҷумла Ҳиндустони шимолиро низ дар назар доштанд ва дар зимни ин, рақами «1000» дар ин маврид на ба маънои аслии худ, балки чун муболиға омадааст. Дар айни ҳол, бояд дар назар дошт, ки ин муболиға асос ҳам дорад, яъне дар он давра дар Бохтар шаҳрҳо дар равнақу ривоҷ буданд.

Шаҳрҳои  бохтариён, инчунин суғдиёнро аз рӯи пайдоиш ба се гурӯҳ тақсим кардан мумкин. Ба гурӯҳи якум шаҳрҳое медароянд, ки пеш аз Ҳахо-манишиҳо ва дар аҳди онҳо ба вуҷуд омадаанд. Ба ин қабил шаҳрҳо, аз ҷумла шаҳри Бохтар (Бактра)– пойтахт ва калонтарин шаҳри Бохтар мансуб аст, ки дар поёноби дарёи Кофарниҳон воқеъ буд (алҳол димнаи Қалъаи Мир); шаҳри дигар пойтахти Суғд – Мароканд ва ғ. Гурӯҳи дувуми шаҳрҳо дар за-мони истилои юнону мақдунӣ ё дар аҳди Селевкиён пайдо шуданд. Ба гурӯҳи севум шаҳрҳое мансубанд, ки дар давраи давлати Юнону Бохтар сохта шуда-анд. Дар байни шаҳрҳои гурӯҳи дувум ва севум шаҳрҳое буданд, ки Исканда-ри Мақдунӣ (мас. Искандарияи Ақсо) ё дигар волиёни Юнон (мас. дар Бохтар шаҳри Евкратидея) барпо карда буданд ва инчунин шаҳрҳое, ки бе дахолати ҳукумати подшоҳӣ худашон ба вуҷуд омадаанд.

Дар бораи сохти дохилии ҳаёти шаҳрҳои Бохтар ва Суғд мо маълумоти казоӣ надорем. Вале кашфиётҳои минбаъдаи эпиграфӣ шояд далолат намо-янд, ки баъзе хусусиятҳои шаҳрҳои Порту Селевкиён, масалан, баъзе ша-клҳои худидоракунии шаҳрҳо, дар ин маврид ҳам ҷой дошт.

Дар «Милинда-Панха» шаҳри калоне тасвир шудааст, ки дар давраи Юнону Бохтар ё худ баъдтар вуҷуд доштааст.

Дар он ҷо маълумоте ҳаст, ки дар асоси он гуфтан мумкин дар он давра косибӣ хеле ривоҷ ёфта буд. Масалан, дар шаҳре, ки дар «Милинда-Панха» зикр шудааст, оҳангарон, заргарон, мисгарон, кулолон, чармгарон, хай-мадӯзон, шонатарошон, бофандаҳо, наддофон, сабадбофон, камонгарон, сангтарошон, заршӯён, ошпазҳо, ҳаммомчиҳо, қассобҳо, майфурӯшон, гул-фурӯшон ва ғ. ва ҳ. буданд. «Милинда-Панха» қайд мекунад, ки дар байни сокинони шаҳр фурӯшандагони моҳут ва ҳар навъ озуқа низ бисёр буданд . Ҳамаи ин маълумот ба мо имкон медиҳад иддао намоем, ки ҳам касбу ҳунар ва ҳам савдо асосан дар дасти аҳолии маҳаллӣ будааст.

Пойтахти Бохтар такягоҳи подшоҳони Юнону Бохтар буд. Барои ҳамла ба дигар мамлакатҳои ҳамсоя, алалхусус ба Ҳиндустон, онҳо дар ҳамин шаҳр қувва ҷамъ мекарданд.

Ҷои шаҳри Бактра маълум аст: шаҳр тақрибан бист километр дуртар аз шаҳри ҳозираи Афғонистон — Мазори Шариф воқеъ буд. Вале дар он ҷое, ки Бактра воқеъ буд, ба андак танаффус бошад ҳам зиндагӣ дар тамоми мудда-ти асрҳои миёна давом мекард ва дар ин ҷо яке аз калонтарин шаҳрҳои он-вақта–Балх вуҷуд дошт. Ба ин сабаб болои табақаҳои пештараро табақоти давраи сонӣ панаҳ кардаанд, ки ҳафриёти археологиро бениҳоят душвор ме-кунад. Маркази он Бактра, ки дар замони Юнону Бохтар вуҷуд дошт, димнаи ҳозиразамони Болоҳисор мебошад, ки тарҳи он доираи дарозрӯя буда, ву-съаташ 120 га аст. Муҳаққиқони Франсия Д. Шлюмберже ва М.Берра чи хел будани сохти деворҳои қалъаи Бактраро муқаррар карда тавонистанд. Ғаф-сии он деворҳо ҳайратангез аст. Гуфтан мумкин, ки ғафсии пояи ин деворҳо то ба 31 м мерасидааст. Деворҳо чанд қатор тиркашҳои пайконшакл до-штанд. Ба ақидаи муҳаққиқон, аз эҳтимол берун нест, ки маҳз ҳамин деворҳо ба муҳофизони Бактра имкон доданд муҳосираи лашкари сершумори Ан-тиохи III-ро рафъ намоянд. Аз афти кор, дар давраи Юнону Бохтар ҳудуди Бактра бо ҳамин як Болоҳисор маҳдуд набуд .

Солҳои 1964–1965 археологҳои Франсия ба ҳафриёти димнаи Ойхонум шурӯъ намуданд. Ойхонум дар хоки Афғонистон, дар лаби Панҷ айнан дар ҳамон ҷое, ки Кӯкчадарё ба он мерезад, воқеъ гардидааст. Тарҳи ин димнаи калон секунҷа буда, асоси дукилометраи он лаб-лаби Панҷ тӯл мекашад. Як паҳлӯи секунҷа (1,5 км) Кӯкчадарё аст. Қисми шимолу ғарбии димна, ки дар лаби Панҷ аст, андаке пасттар ва қисми ҷанубу шарқии он қадре баландтар мебошад. Ҳафриёти Ойхонум натиҷаҳои муҳим дод. Аз ин ҷо пораҳои ин-шооти азиме ёфт шуд, ки хусусияти асосии он истифода шудани усули тарҳбандӣ ва қисмҳои бинокории эллинӣ мебошад. Биноҳо аз санг ва хишти хому пухта сохта шудаанд. Дар иморат сутуну болорҳои сангӣ дар болои де-ворҳои хомхишт ҷой дода шудаанд. Қисмҳои сангии иморат аз рӯи усули ко-ринф сохта шуда, ба меъёри эллинӣ айнан мувофиқат дорад. Аз ин ҷо ҳайкалҳои эллинӣ, сафолот, зевар, инчунин қабристони юнонӣ ва сангҳои рӯи қабрҳои юнонӣ ва ғ. ёфт шудаанд.

Тамоми ин бозёфтҳо, аз ҷумла тангаҳо, далолат мекунанд, ки Ойхонум шаҳри асрҳои III–II пеш аз милоди Юнону Бохтар асту дар он унсурҳои ма-данияти юнону эллинӣ ва инчунии унсури хоси юнонии аҳолии маҳаллӣ афзалият дошт.  Мо ҳоло номи ин шаҳрро, ки яке аз калонтарин шаҳрҳои юнонӣ буд, намедонем – шояд ин шаҳр ҳам яке аз ҳамон Искандарияҳо ва Антиохияҳо бошад, мумкин Евкратидея ҳамин шаҳр бошад. Вале ҳаминаш аниқ, ки ин шаҳр дар давраи селевкиёну юнону бохтариён, бешак, вуҷуд дошт ва яке аз марказҳои муҳими давлати Юнону Бохтар буд.

Ҷолиби диққат аст, ки дар рӯбарӯи Ойхонум дар ин соҳили Панҷ дар ҳудуди райони Фархор археологҳо дигар осори муҳими давраи охири аҳди Юнону Бохтар – Саксонохурро кашф намуда тадқиқ карданд. Саксонохур аз маркази райони ҳозираи Фархор 7 км шимолтар воқеъ аст. Вусъати умумии димна 5 га. Дар рафти ҳафриёт дар ин ҷо маҳаллаи косибон, хумдонҳои ку-лолӣ ва инчунин иншооте ёфт шуд, ки қаср ва маъбадро дар бар гирифтааст. Маркази ин иншоот ҳавлии калони (27,7х27,7 м) чоркунҷаест, ки аз се тараф долон дорад. Дар як тарафи ҳавлӣ айвони барҳавои чорсутун будааст. Дар пешгаҳи айвон даре будааст, ки ба долон кушода мешудааст. Дар ду тарафи айвон ду ҳуҷра будааст. Аққол набошад ҳам, ба ҳар ҳол, қариб рост рӯбарӯи айвон толори калони чоркунҷае будааст, ки шифти онро ду сутун бардошта меистодааст. Дар шафати толор боз як иморати чоргӯшаи дарозрӯяе буда-аст, ки он ҷо қурбонӣ мекардаанд. Толор ва ин қурбонҷо гирдогирд долон доштаанд, ки бо долони гирди ҳавлӣ пайваст мешудаанд.

Ба қадди долони ғарбии ҳавлӣ ҳашт биное будааст, ки ба се гурӯҳи алоҳида тақсим шудаанд, хусусан гурӯҳи шимолии биноҳо ҷолиби диққат аст, ки дар мобайни онҳо як хонаи калони чоркунҷаи сутундор будааст. Маҳз аз ҳамин хона бисёр чизҳои қиматбаҳо, аз ҷумла себаргаи тиллоӣ ёфт шуд.

Девори биноҳо ниҳоят ғафс аст, хонаҳои дарозрӯя ба бомҳои чоркунҷа ё росткунҷаи сутундор пӯшида шудаанд. Остонаи бисёр хонаҳои боҳашамат аз тахтасангҳои чортарош сохта шудааст. Айвон бо чандин сутунҳои сангӣ му-зайян будааст, ки пояҳои пурнақшу нигору мураккабсохти онҳо дар рӯи таҳкурсиҳои дуқабата, сангин меистоданд. Хусусан, бошаҳои сутунҳо, ки бо усули коринф сохта шуда будаанд, намуди ғароиб доштаанд.

Аз афти кор, толори дусутунаи паси айвон ва бинои шафати он, ки меҳроби оташ он ҷо меистодааст, маркази ибодат буда, он ҳашт бинои дигар, ки ба се гурӯҳ тақсим шудаанд, толори қабул ва ибодатгоҳи қаср будааст.

Санаи иморати ин иншоот асрҳои III–II пеш аз милод .

Дар территорияи Тоҷикистон дар замони Юнону Бохтар бисёр шаҳрҳои дигар низ будаанд. Масалан, яке аз онҳо димнаи Кайқубодшоҳ мебошад, ки дар қарибии посёлкаи ҳозиразамони Носири Хусрав воқеъ гардидааст. Тарҳи он росткунҷа (285х325 м) буда, деворҳои ғафс ва бурҷҳои чоркунҷа доштааст. Девор аз похса ва хишти хом сохта шуда, кунгурадор будааст. Аз худи шаҳр чанд биноҳои чоркунҷаву росткунҷаи сафедандова ёфт шудаанд. Кайқубод-шоҳ арк надоштааст.

Андаке дуртар аз ин димна боз як димнаи дигаре ҳаст, ки дар худи по-сёлкаи Носири Хусрав дар ҷои димнаи Қалъаи Мир воқеъ гардидааст. Аз ин ҷо ҳам устохонаи мисгарӣ ва бисёр ашёи рӯзгору тангаҳо ёфт шуданд.

Дар байни осори археологии Тоҷикистони ҷанубӣ Кӯҳнақалъаи қарибии Ворошиловобод мақоми махсус дорад. Ин димна аз Кайқубодшоҳ хурдтар буда, аз ду қисм иборат: қисми асосӣ, ки росткунҷа аст ва қисми дигар, ки шакли муайяне надошта, дар шафати он воқеъ аст. Ин димна дар ҷои аз ҷиҳати стратегӣ хеле қулай – дар лаби ҷарии канори Вахш истодааст. Дохили қалъа саросар иморат будааст, ки он аз биноҳои дарозрӯяи ба ҳам пайваста иборат буда, хонаҳои гуногуни калону хурди росткунҷа ва чоркунҷа дошта-аст.

Аз ҳафриёт маълум шуд, ки сохтмони Кӯҳнақалъа ба охир нарасида бу-дааст. Шояд сабаб ҳамин бошад, ки он дар поёни вуҷуди давлати Юнону Бо-хтар сохта мешуду ҳамлаи кӯчманчиён сохтмони онро қатъ кардааст.

Кӯҳнақалъа ҳам мисли Кайқубодшоҳ имкон медиҳад, ки санъати қалъасозии Бохтари Қадим аниқ карда шавад. Бурҷҳои росткунҷае, ки ба ҳамдигар зич сохта мешуданд, иншооти муқтадири ҳарбӣ буданд. Нимасу-тунҳои махсус (пилястрҳо), ҳам девори бурҷҳо ва ҳам девори худи қалъаро мустаҳкамтар мекарданд. Қатори тиркашҳои бурҷ ва девори қалъа ҳам тир-кашҳои ҳақиқӣ ва ҳам тиркашҳои қалбакӣ дошт. Даромадгоҳи қалъа бо ин-шооти махсуси пеши дарвоза ва ё худ ба бурҷи баланд мустаҳкам карда мешуд.

Маълум, ки Самарқанду Суғд аз истилои юнону мақдуниҳо хеле зарар кашид. Вале сарфи назар аз ин дар ноҳия зиндагӣ боз ба роҳ даромаду мин-баъд ҷон гирифт. Масалан, санъати кулолӣ хеле пеш рафт. Умуман, касбу косибӣ дар ин давра хеле равнақ ёфт. Ба бозорҳо дар қатори маҳсули косибо-ни маҳаллӣ маҳсули эллинҳои косиб ҳам дароварда мешуд. Аз ҳисоби якдигар бойшавии маданият ба амал меомад, ки ин ба баланд шудани да-раҷа ва сифати санъати маҳаллии косибӣ мусоидат намуд ва санъати маҳал-лии косибӣ, дар навбати худ, ба касбу косибии тамоми шарқи эллинӣ таъсир расонд. Ин протсесс, масалан, аз кулолӣ ва бинокорӣ аён аст.

Дар хоҷагии қишлоқ ҳам хеле комёбиҳо ба даст омад. Муаллифони атиқа аз шароити хеле қулайи обу ҳавои Бохтар бисёр ривоят кардаанд. Дар ин ҷо ғалладона мекоштаанд (зотан донаи зироати ин ҷо хеле калон-калон будааст), аз ҷумла, дар ин ҷо шолӣ нағз мешудааст, боғу токзорҳо будаанд, чорводорӣ равнақ доштааст. Шакке нест, ки ҳам дар Бохтар ва ҳам дар Суғд шабакаи калони каналҳои обёрӣ вуҷуд дошт.

Дар фавқ ҳангоми тавсифи таърихи афкори сиёсӣ мо борҳо ба тангаҳо истинод кардем. Алҳол мукаммалтарин ва бонизомтарин маълумотнома роҷеъ ба тангаҳои давраи Юнону Бохтар «Корпуси тангаҳои ҳиндуюнонӣ» мебошад, ки олими Ҳиндустон А.Н.Лоҳурӣ  тартиб додааст, вале гуфтан даркор, ки дар маълумотномаи мазкур материали музейҳои советӣ ва асарҳои дар ин бобат чопшудаи советӣ истифода нашудааст. Подшоҳони Юнону Бохтар аз тилло, нуқра, мис сикка мезаданд, ғайр аз ин сиккаҳое бу-данд, ки аз хӯлаи мису никел зада мешуданд. То ба замони мо бисёр тангаҳои нуқраи Юнону Бохтар омада расидаанд.

Дар рӯи тангаҳо одатан сурати шоҳ ва дар қафои он сурати ягон худо (Аполлон, Артемида, Афина, Деметра, Диоскура, Геката, Гелиос, Геракл, Зевс, Ника, Посейдон) нақш мешуд. А.Н.Лоҳурӣ менависад, ки ин худоҳои юнонӣ, «баъзан бо қиёфае тасвир меёфтанд, ки ба тавъамони шарқии онҳо хос буд».

Дар аввалин тангаҳои Юнону Бохтар катиба фақат аз унвон ва номи шоҳ иборат буд. Евкратид аввалин касе буд, ки дар тангаҳо сифати  («ка-бир»)-ро сабт намуд. Антимох бошад, худро  («худо») номид. Дар аҳди Евкратид дар тангаҳо бори нахуст катибаи дузабона пайдо шуданд. Сурату хатҳои юнонӣ, ки одатан, дар қафои танга сабт мегардид, ба рӯи танга гуза-ронда шуда, дар қафои он бо хатти кхарошти тарҷумаи таҳтуллафзии пра-критии онро сабт мекардагӣ шуданд. Зимнан, гуфтан лозим, ки катибаҳо ҳеҷ вақт ба ҳамдигар мувофиқат надоштанд. Дар тангаҳои мисии давраҳои со-нии ду волиёни ҳиндуюнонӣ дигар хат – хати браҳмӣ  истифода мешуд.

Масъалаи миқёси вазни тангаҳои Юнону Бохтар мувофиқи ҳамон миқё-си вазн аст, ки дар Юнон маъмул буда, атиқӣ ном дошт ва аз рӯи он воҳиди вазни тилло ба 132 гран, яъне ба 8,2 г баробар буд. Масалан, чунинанд вазни тангаҳои тиллоии Диодоти I ва II, Евтидеми I ва Евкратид, ки статер ном до-штанд. Вале тангаҳои Юнону Бохтар на ҳама вақт ба миқёси вазни атиқӣ мувофиқат мекарданд ва дигар миқёсҳои вазнӣ низ кор фармуда мешуд. Пайдоиши ин миқёсҳо ва самараи иқтисодии истифодаи онҳо мавриди мубоҳиса мебошад.

Зиёд будани тангаҳои Юнону Бохтар далели раднопазири ривоҷи муо-милоти мол аст. Мувофиқи маълумоти бозёфтҳои навтарини археологӣ тиҷорати байналхалқӣ, алалхусус тиҷорат бо олами эллинӣ хеле дар авҷ бу-дааст. Дар айни ҳол, тангаҳо дар савдои дохилӣ ҳам истифода мешуданд. Ба ин маъхазҳои хаттӣ ҳам шаҳодат медиҳанд. Сайёҳони аҷнабӣ навиштаанд, ки «бохтариён дар савдо ҳамто надоранд». Дар Бактра бозори калон будааст.

Маълумот дар бораи маданияти маънавӣ ниҳоят ноқис аст. Вале ҳамин маълумоти ноқис ҳам далолат мекунад, ки Юнону Бохтар яке аз марказҳои мадании ҷаҳони онзамона буд. Дар сарзамини Бохтар маданияти мута-раққии ба худ хоси маҳаллӣ вуҷуд дошт, ки он аз қаъри асрҳо ибтидо меги-рифт. Равобити тамаддуни Бохтар бо маданияти бойи Ҳиндустон, бо мада-нияти юнониён ва бо маданияти шарқи эллинӣ самараи бузург дошт.

Санъати Юнону Бохтар ба авҷи тараққиёт расида буд. Беҳтарин до-нандаи ин санъат К.В.Тревер дар бораи тангаҳои шоҳони Юнону Бохтар навишта буд: «Дар тангаҳои Юнону Бохтар сурати шоҳон бо маҳорати ба-ланд сабт шудаанд. Мӯҳри онро санъаткорони забардасте кандаанд, ки дар акси ҳаҷман хурдакак чунон расми реалистона офаридаанд, ки на фақат ху-сусияти қиёфаи шахсро инъикос менамояд, балки бо воситаи ин ё он ҷузъиё-ти хурд феълу атвори ин ё он шахсро аён месозад». Ба қавли К.В.Тревер, дар шаҳрҳои Бохтар асарҳои ҳайкалтароши машҳури Юнон Лисипп, ки муалли-фи ҳайкалҳои маъмули Искандари Мақдунӣ мебошад, бояд вуҷуд дошта бошанд. Эҷодиёти ин санъаткор хеле реалистона аст. Санъати ҳайкалтароши асри III пеш аз милоди эллинҳо дар зери таъсири Лисипп ва пайравони ӯ такмил меёфт ва ин нуктаро ба Бохтар ҳам нисбат додан мумкин аст. Ба ҳар ҳол, дар Ойхонум аллакай ҳайкалҳои эллинӣ ёфт шудаанд. Дар масъалаи расми тангаҳо бошад, мегӯяд К.В.Тревер гапашро давом дода, «эҳтимол, дар байни мӯҳрканҳо юнониён ҳам буданд, вале агар инро ба назар гирем, ки тангаҳои Юнону Бохтар нисбат ба тангаҳои онзамонаи юнонӣ сурати касро равшантару возеҳтар акс намуда, ҳам фикру андеша, ҳам шафқату меҳру-бонӣ ва ҳам қуввату матонатро ифодаву инъикос карда метавонанд, мумкин аст мӯҳрро устои маҳаллӣ – юнонӣ ё бохтарие канда бошад, ки беҳтарин анъанаҳои Лисиппро аз худ намудааст».

Мо инчунин аз осори аҷоиби торевтикаи Бохтар воқиф ҳастем. Девори биноҳо бо нақшу нигор, бо муқарнасу мунаббаткориҳои сангӣ, фулузӣ ва ғ. зинат дода мешуданд.

Чи тавре дар боло қайд кардем, дар ин давра Бохтар бо олами эллинӣ ва бо Ҳиндустон равобити пурсамари маданӣ дошт, ки ин дар ақоиди динӣ низ зоҳир гардидааст. Маҳз дар ҳамин давра дар Осиёи Миёна дини буддоӣ паҳн шуд.

Вале ин чунин маъно надорад, ки зардуштия мавқеи худро аз даст дода бошад. Ба маркази Бохтар — шаҳри Бактра, ки дар он ҷо зардуштия хеле маъмул буд, аз ҳар гӯшаву канор зиёратчиёни сершумор ҷамъ меомаданд. Дар ин ҷо маъбади асосии оташпарастон — маъбади олиҳа Ардвисура Анаҳито мавҷуд буд. Дар ин маъбад ҳайкали Анаҳито меистод, ки дар сар тоҷи тилло ва дар бар либосе дошт, ки аз пӯсти 30 сагобӣ дӯхта буданд. Дар шаҳр маъбади дигари худоҳо низ буд. Аз афти кор, маъбади Саксонохур ҳам маъбади зардуштиён буд.

Бешубҳа, дар Бохтар маъбадҳои юнонӣ ҳам вуҷуд доштанд, зеро дар байни аҳолӣ юнониён бисёр ва худи ҳокимони давлатии Юнону Бохтар юнонӣ буданд. Далели ин иддао сурати худоҳои юнонист, ки дар қафои тан-гаҳо сабт мешуд (номи онҳоро андак болотар зикр кардем). Маъбаду ибодат-хонаҳои юнонӣ дар Ойхонум ҳам ёфт шуданд.

Инак, дар Юнону Бохтар динҳои гуногун вуҷуд доштанд, аз «Милинда-Панха» (1, 3) медонем, ки дар Шакала ном шаҳри Ҳиндустон намояндагони ҳама гуна динҳоро эҳтиром мекарданд. Дар ин ҷо воизи ҳама гуна дин «ни-дои таҳсину табрик мешунидааст». Эҳтимол, дар Бохтар ҳам вазъият чунин буд. Дар айни ҳол, шакке нест, ки аксари аҳолии маҳаллӣ – бохтариҳо мисли пештара ба зардуштия эътиқод доштанд. Мумкин аст юнониён ҳам ба таъсири он дучор мешуданд.

Давлати Порт

Агар бо санаҳои ин фасл маҳдуд нашавем ва материалҳои давраи сони-тарро ба назар гирем, маълумот дар бораи сохти дохилии давлати Порт нис-бат ба Юнону Бохтар бештар аст. Баъзе маълумотҳои муаллифони атиқа дастраси мо гардидаанд, ёдгориҳои эпиграфӣ бисёр маълумот медиҳанд ва ғ. Дар яке аз калонтарин марказҳои давлати Порт — Нисо (қарибии Ашхобод) архиви калони ҳуҷҷатҳои хаттӣ ёфт шуд, ки он аҳамияти махсус дорад.

Дар давлати Порт ҳокимияти подшоҳро ду шӯро – шӯрои ашроф ва шӯрои коҳинон ба андозае маҳдуд мекарданд. Ба шӯрои ашроф ғайр аз намояндагони сулолаи ашконӣ, аз афти кор, намояндагони боз шаш хонаво-даи ашроф дохил мешуданд. Подшоҳро аз байни хонадони ҳукмрони ҳамин ду шӯро интихоб карда, васияти подшоҳи марҳумро ҳам ба эътибор меги-рифтанд.

Ба ҳайъати Порт дигар давлатчаҳои тобеъ (масалан, Гиркония ва Саки-стон), ки волии онҳо баъзан ба номи худ сикка мезад (масалан, Алам ва Пер-сида), инчунин сатрапияҳо, ки нисбатан хурд буданд, бо сардории сатрап (ҳшаҳрап ё наҳводор) дохил мешуданд. Сатрапияҳо ба гипархияҳо ва гипар-хияҳо ба статмаҳо тақсим мешуданд. Марзбонҳо аз сатрапҳо болотар меисто-данд, зеро ба онҳо якчанд сатрапияҳо тобеъ буданд .

Ба туфайли тадқиқ ва кушодани рамзи архиви Насои кӯҳна И.М.Дяконов ва В.А.Лившитс барои муайян намудани тартиби маъмурияти маҳаллие, ки дар Порти шимолу шарқӣ амал мекард, материали пурқимат ба даст овар-данд. Дар маҳалҳо идораҳои сершабакаи маъмурӣ вуҷуд доштааст. Воҳиди хурдтарини маъмурӣ — диз, яъне деҳаи ҳисорӣ будааст, ки ба он дизпат сар-дорӣ мекард. Дизпат ба сатрап тобеъ буд. Солҳои 20-уми асри II пеш аз ми-лод дар ин ноҳия Кофизод ном шахсе сатрап будааст. Номи сардори дастаи лашкари саворагон ҳам ба мо маълум – ӯро Тиридот меномидаанд, боз номи чанд «хазинадорон» ва «аспакӣ Сосон» то ба мо омада расидаанд.

Дар ғун кардани хироҷу андоз ва андӯхтани маҳсулот як гурӯҳ амалдо-рон машғул будаанд. Масалан, барои кашондани шароб ба анбори подшоҳ, ки мадустон ном дошт, амалдороне мутасаддӣ буданд, ки унвонҳои зерин доштанд: «шаробкаш», «мӯҳрдор», «котиб», «муҳосиб», «дастархончӣ». «Муғҳо» низ табақаи боимтиёз буданд ва Спосак ном муғ номбар шудааст, ки унвони атуршпат («омири оташ») доштааст . Вазифаи амалдорони маҳаллӣ, пеш аз ҳама, ҳамин буд, ки аз мардум ҳар чӣ бештар хироҷу андоз ситонанд ва ӯро мутеъ нигоҳ доранд.

Ҳуҷҷатҳои архиви Насо далолат мекунанд, ки дар заминҳои ҳосилхези ҷануби Туркманистон «мулкҳое» вуҷуд доштаанд, ки аз «токзор» иборат бу-даанд. Моликияти замин чанд намуд дошт ва вобаста ба ҳар як намуди мо-ликияти замин барои подшоҳ андоз мегирифтанд. Андози махсус, ки (қисман ба намуди мол ва қисман ба пули нақд) барои хомӯш нашудани оташи муқаддас ситонда мешуд, гуё як навъ ушри динӣ буд.

Дар марказ, дар қалъаи Меҳрдодкирд (алҳол димнаи Насои кӯҳна) ан-борҳои бузурги шаробнигоҳдории шоҳ воқеъ буд. Ба ин ҷо шароб оварда, ба хумҳои калон мерехтанд ва ба ҳуҷҷати дахл менавиштанд. Барои навиштани ҳуҷҷат тани хумҳо истифода мешуд. Дар як пораи он гапҳои лозимаро навишта мемонданд (масалан, «турш шудагӣ», «ба хуми дигар рехта шудагӣ» ва ғ.) Дар ин ҳуҷҷатҳо миқдори шароб, номи токзору номи мулк, ному унвони шаробкаш, санаи овардани шароб, навъи шароб ва ғ. нишон дода мешуд. Ин гуна ҳуҷҷатҳои муфассал дар давоми 70 сол тартиб дода мешуд. Ғайр аз ин ҳисоботи умумӣ, рӯйхатҳо ва барои шаробгирӣ талабно-маҳо ёфт шудаанд.

То ба қарибӣ фақат шаҳрҳои Порти ғарбӣ, санъати шаҳрсозӣ ва мадани-яти он омӯхта шуда буд. Аз ҳуҷҷатҳои бадастомада маълум буд, ки шаҳрҳо, ба ҳар ҳол шаҳрҳои калон, органҳои худидоракунӣ доштанд, ба шаҳр як ноҳияи хоҷагии қишлоқ вобаста буд ва баъзе шаҳрҳо аз номи худ ҳатто сикка мезаданд.

Ба шарофати ҳафриёти археологҳои советӣ бори нахуст шаҳру деҳаҳои Порти шимолу шарқӣ ҳам маълум шуданд. Масалан, дар ду димнаи ҳам-шафати Насо, ки дар деҳаи Боғир (қарибии Ашхобод) воқеъ аст, чандин сол ҳафриёт канда шуд. Димнаи Насои кӯҳна қуруқи подшоҳ будааст. Насои нав бошад, боқимондаи шаҳри Порт.

Қалъаи Насои кӯҳна қасрҳои подшоҳ (аз ҷумла, иморатҳои хоҷагӣ) ибо-датгоҳҳо, бинои сарбозон ва манзили ашрофонро дар бар мегирад. Тарҳи қалъа панҷгӯша буда, дар атрофаш девори мустаҳкаме дошт, ки ғафсии пояи он ба 9 м мерасид. Дар гӯшаи ҷанубӣ гулдастаи азиме буд, ки вусъати болои он 35х35 м буд. Худи ҳамин гулдаста истеҳкоми мукаммал – яке аз қисмҳои асосии мудофиаи қалъа буд. Девору бурҷҳо аз похса ва хишти хом мебошанд. Тахмин мекунанд, ки ба қалъа фақат бо як роҳрави дарози моил (пандус), ки тактаки девори қалъа тӯл мекашид, даромадан мумкин буд.

Дар миёнҷои қалъа толори ниҳоят бузурги чоркунҷае буд, ки 400 метри мураббаъ вусъат дошт. Дар мобайни толор чор сутуни хиштӣ меистод, ки танаи ҳар яки онҳо гӯё аз чор нимасутун таркиб ёфта буд. Дар гирду атрофи девори толор қатори нимасутунҳо менамуд. Қабати дувуми девори толор низ нимасутунҳо дошту дар мобайни ҳар як ду нимасутун дар тоқчаҳо ҳайкалҳои калони (аз қади одам болотар) гилӣ меистоданд. Қабати дувуми девор бо ран-ги сурхи баланд андова карда шуда, нақшу нигори бисёр дорад ва зарҳалкорӣ карда шудааст. Фарши толор гаҷӣ, сақфаш тахтагин, дар мобайн равзан дорад, ки ягона манбаи равшанӣ мебошад. Ҳар касе, ки ба ин толор медаромад, сутунҳои босалобат гӯё ба фалак саркашида, муҷассамаҳои назаррабои ба дил ҳаросандозанда, шавкату шукӯҳи нақшунигору рангубо-ри онро дида, моту мабҳут мешуд. Дар байни меъморон ва археологҳо мубоҳиса меравад, ки ин толор чӣ буд. Баъзеҳо мегӯянд, ки ин толори азим қабулгоҳи подшоҳони Порт мебошад, дигар гурӯҳ мутахассисон тарафдори чунин ақидаи ба ҳақиқат наздиктаре мебошанд, ки толори мазкур маъбади азими оташ аст, ки ба ёдбуди аҷдодони худогашта сохта шудааст, яъне як навъ осори меъмории динӣ мебошад.

Дар Меҳрдодкирд ғайр аз ин ибодатгоҳ дигар иморатҳо, аз ҷумла, анбори калони шароб, ки зиёда аз ним миллион литр шароб мебурд ва хазинаи подшоҳ ёфт шуд, ки он як бинои калони сарбастаест (60х60). Дар яке аз хо-наҳо бисёр ашёи оҷӣ, асосан ритонҳо – ҷомҳои шохшакл ёфт шуданд. Лаби ритонҳо изорае дорад, ки дар он бо усули мунаббат лавҳаҳои Дионисий, ху-доҳо ва ғ. тасвир ёфтаанд. Поёнтари изораи аксари ритонҳо ба шакли муҷассамае сохта шудаанд. Инчунин ҳайкалҳои гилӣ (аз ҷумла, ҳайкалҳои гилии зарандуд), биринҷӣ, мармарӣ ва нуқра ёфт шуданд–масалан, ҳайкал-чаи нуқрагини зарандуди олиҳаи Порт, ҳайкалчаи нуқрагини Эрот ном бут, ки дастпонаҳои тиллоӣ дорад ва ғ. Осори портии Насо, ки ба қавли Г.А.Кошеленко, «таркиботи узвии ду «мабдаъ» – мабдаи маҳаллӣ, мабдаи бисёрасраи анъанаҳои мадании халқҳои эронинажоди Шарқи Наздику Осиёи Миёна ва мабдаи эллинӣ мебошад».

Дар байни бозёфтҳои Насои кӯҳна ҳуҷҷатҳои сершумори Порт, ки дар боло ном бурдем, мақоми махсус дорад. Ин ҳуҷҷатҳо асосан санадҳои андозу хироҷ буда, дар остраконҳо, яъне дар порчаҳои сафолӣ сабт шудаанд.

Дар димнаи дигар – дар Насои нав боқимондаҳои маъбад ва сағонаҳо ёфт шуданд.

Архиви Насо имкон дод, ки на фақат тартиботи маъмурию андозгирӣ, балки инчунин маданияти маънавии шимолу шарқи Порт амиқтар дарк карда шавад. Худи ҳуҷҷатҳо бо хати оромӣ навишта шудаанд. Бояд хотир-нишон намуд, ки хати оромӣ ҳанӯз дар девони ҳахоманишиҳо кор фармуда мешуд. М.М.Дяконов, И.М.Дяконов ва В.А.Лившитс рамзи ин хатро кушода истода, дар ибтидои кор диданд, ки як қисми калимаҳо оромию қисми дигар портӣ мебошанду зимнан худи ҳамон як мафҳум гоҳ бо калимаҳои оромӣ ва гоҳ бо портӣ шарҳ дода шудаанд. Синтаксиси ҳуҷҷатҳо на оромӣ, балки портӣ – калимаҳои портӣ мувофиқи қоидаҳои грамматикаи забони оромӣ не, балки мувофиқи қоидаҳои грамматикаи забони портӣ навишта шудаанд. Ҳамаи ин муҳаққиқонро ба ақидае водор сохт, ки дар он давра калимаҳои оромӣ фақат як навъ мифтоҳи махсус (гетерограмма) буданд, яъне ба оромӣ навишта шуда бошанд ҳам, ба оромӣ хонда намешуданд ва котиб маҷмӯи ин ё он ҳуруфотро дида, ин ё он калимаи портиро ба забон меоварду бас. Аз худ намудани чунин хат кори осон набуд. Пеш аз он ки талабаҳо ба ҳуҷҷатнависӣ ҳуқуқ пайдо кунанд, бояд дурудароз машқ мекарданд. Хатҳои машқ низ ёфт шудаанд, ки дар порчаҳои сафолӣ навишта шудаанд (дигар масолеҳи хат-нависӣ – чарм чизи арзоне набуд, ки барои хатмашқкунӣ истифода шавад).

Дар давлати Порт динҳои ниҳоят гуногун вуҷуд доштанд. Ғайр аз динҳои маҳаллӣ парастиши худои офтоб — Митра ва асосгузори сулола — Аршак дар ин ҷо мазҳабҳои юнонӣ, зардуштия, яҳудия ва баъдтар насрония мавҷуд бу-данд. Дини зардуштия мақоми асосӣ дошт.

Дар ҳуҷҷатҳои Насо 200 ном зикр шудааст, ки ҳар яки он аз они зардуш-тии мутаассиб буданаш мумкин, бисёр номҳо соф зардуштӣ. Тақвим ҳам зардуштӣ буд.

Дар боло Спосак ном муғеро ном бурда будем, ки унвони «омири оташ» доштааст, инчунин бисёр дигар муғҳои қаторӣ зикр шудаанд. Дар ҳуҷҷатҳо бисёр маъбадҳои беном, инчунин маъбадҳои Фраат ва Нанайя сабт гардида-анд. Эҳтимол меравад, ки хоҷагиҳои маъбадӣ низ буданд. Синкретизми дини Порт инчунин аз ҳамин ҳам зоҳир аст, ки ба зумраи худоёни Порт бисёр ху-доёни аҷнабӣ дохил карда шудаанд.

Масалан, Нанайя худои қадимии Моҳ дар Байнаннаҳрайн буда, ҳанӯз аз давраҳои Шумер маълум аст. Баъд он ба Ошур роҳ ёфт, сипас ба Эрон, Ар-манистон, Сурия, Миср ва ҳатто ба Юнон гузашт. Дар ғарб бо баъзе худоён, масалан, бо олиҳа Артемидаи юнониён як шуда рафт. Нанайя (Анаҳито) баъдтар дар зумраи худоёни Кушон ва Суғд ба назар мерасад. Номи ин худо баъдҳо ба забони шуғнонӣ гузашт ва ҳоло ҳам дар ин забон «модар»-ро «нана» мегӯянд.

Ба муносибати ҳуҷҷатҳои Насо масъалаи тақвими Порт пеш омад. Оғози тақвим солест, ки ба соли 247 пеш аз милод рост меояд. Дар ҳуҷҷатҳои Насо санаҳои мувофиқи тақвими зардуштӣ (ё худ ҷавонавестоӣ) дарҷ гардидаанд. Чи тавре ки маълум аст, тақвим дар Эрон аз нимаи дувуми асри V пеш аз милод ҷорӣ шуда, ба тимсоли тақвими шамсии мисрӣ тартиб ёфтааст. Сол аз 365 рӯз, 12 моҳ (ҳар яке 30 рӯзӣ) иборат буда, ба он боз панҷ рӯз илова мешуд. Номи рӯзу моҳҳои ин тақвим талаффузи портии номи худоёни зардуштӣ мебошад .

Солноманависони асримиёнагии Эрон тамоми давраи бисёрасраи давлати Портро аз эътибор соқит сохта, онро ноҳақ чун давраи ҳокимияти мустабидаи пурҷаҳолат ба қалам додаанд.

Вале ёди ин давра дар хотири халқ ба шакли аҷиб маҳфуз мондааст – ка-лимаи «паҳлавон» исми ом шуда, ибораи «ривояти паҳлавӣ», «суруди замо-ни паҳлавӣ» маънои достону ривояти қадимаро гирифтааст. Номи адабиёти форсизабони асрҳои III–VII ҳам адабиёти паҳлавӣ шудааст.

Таърихи давлати Порт, ки ҳамагӣ 500 сол тӯл дорад, дар нимаи дувуми мавҷудияти худ асосан дар хоки Эрон ва Байнаннаҳрайн ҷараён гирифта, аз доираи таърихи аҷдоди халқҳои Осиёи Миёна қисман берун мемонад.

Дигар ноҳияҳои Осиёи Миёна

Яке аз муҳимтарин ноҳияҳои зироатии Осиёи Миёна – Фарғона муво-фиқи маълумоти маъхазҳои охири асри II пеш аз милод дар давраи пешина ва дар давраи Юнону Бохтар соҳиби иқтисодиёти мутараққие буд. Рости гап, мо фақат дар асоси маълумоти охири асри II пеш аз милод чунин иддао кар-да метавонем, зеро осори асри III–II пеш аз милод алҳол аз хоки Фарғона ёфт нашудааст.

Масъалаи дар ҳайъати давлати Юнону Бохтар будан ё набудани Фарғона ҳам масъалаи баҳснок аст. Дар асоси фақат як қайди Страбон (ХI, 11, 1) бисёр муҳаққиқон иддао доранд, ки Фарғона як қисми давлати Юнону Бохтар буд. Вале ин иддао далели мӯътабар надорад .

Дар Фарғона тангаҳои Евтидем, Деметрий ва сиккаи тақлидии Гелиокл ёфт шудаанд. Вале мумкин аст ин тангаҳо ва ҳам тангаи юнону бохтарӣ, ки дар Насои Порт ёфт шудааст, дар натиҷаи муомилоти савдо ба он ҷойҳо афтода бошад.

Хоразм, ки аз истилои аҷнабиён камтар аз ҳама зарар дида буд, дар асри II пеш аз милод давлати соҳибихтиёри тавоно ҳисоб мешуд. Маъхазҳои хаттӣ дар ин бора маълумоте надодаанд, вале ин иддаоро осоре, ки экспедитсияи Хоразм кашф кардааст, бешак, ба исбот мерасонад. Баъзе аз ин кашфиётро аз назар мегузаронем.

Ҷонбосқалъа росткунҷаи баробарпаҳлуест, ки дар атрофаш ду қабат де-вори мустаҳкам дорад. Даромадгоҳи қалъа, ки ба мудофиаи он махсус аҳамият медоданд, ба шакли долони морпечи панҷгардиша сохта шуда, ба замми ин деворҳои  он тиркашҳои иловагӣ дошт. Азбаски девори қалъа бурҷ надошт, тиркашҳои гӯшаҳои девор бодбезаквор ҷойгир шуда, ғайр аз ин тоқчаҳои нимдоирае низ буданд, ки ҳар яке се тиркаш дошта, имкон медо-данд, ки таги девори қалъа тирборон карда шавад. Тиркашҳо ниҳоят чуқур буда, ғайр аз ин нова ҳам доранд, то ки тир кушодан осонтар шавад. Ана ҳамин новаҳо деворро чунин вонамуд мекунанд, ки гӯё сатҳи он саросар нимсутун дошта бошад.

Шумораи калони тиркашҳо касро ба ақидае меорад, ки ба мудофиаи қалъа тамоми аҳолии он сафарбар карда мешуд. Тамоми сохти қалъабандӣ аз нақшаи ягонае далолат мекунад, ки мақсади он мудофиаи воҳа аз ҳуҷуми кӯчманчиён буд.

Ба ду тақсим будани шаҳр ҷолиби диққат аст. Кӯчаи калоне, ки шаҳрро ба ду тақсим мекунад, бо «Оташкада» – маркази парастиши оташи ҷовид интиҳо меёбад, ки он рӯбарӯи дарвозаи қалъа ҷой гирифтааст. Дар ҳар ду тарафи кӯча иморатҳои бузург сохта шудаанд, ки аз хонаҳои сершумори ан-дозаашон қариб якхела иборат аст .

Яке аз иншоотҳои ҷолиби диққати Хоразм Қӯйқирилганқалъа мебошад. Бар хилофи қалъаҳои муқаррарии чоркунҷа ё росткунҷа Қӯйқирилганқалъа манори алоҳидаест, ки ғафсии он 42 м буда, бо девори тарҳаш доирашакли бурҷдор иҳота шудааст (қутри ҳалқаи берунии девор 87,5 м). Манори мар-казӣ дуошёна буда, ду бор аз нав сохта шудааст. Дохили қалъа бо мурури замон пур аз иморат шуда будааст.

Дар натиҷаи ҳафриёт ашёи гуногун, аз ҷумла, хумҳои бисёр ёфт шуданд. Дар рӯи зарфҳои пачақ (баклаг) нақши мунаббатшудаи баландсанъати гри-фонҳо, аспакиҳо, занон ва ғ. тасвир шудааст. Ҳайкалчаҳои сершумори сафо-лию гаҷӣ бутҳои хоразмиро таҷассум менамоянд, инчунин суратҳои тасвири рӯзгор ҳам ба назар мерасанд. Баъзе ҳайкалчаҳо ниҳоят реалистона мебо-шанд. Чанд катиба ҳам ёфт шуд, ки ба асрҳои III–II пеш аз милод тааллуқ дошта, бо хати оромӣ навишта шудааст. Дар яке аз он номе зикр шудааст, ки асосаш «аспа» мебошад ва мазмунан савораро ифода мекунад.

Дар Қӯйқирилганқалъа пораҳои даҳҳо устадонҳо (оссуарийҳо) ва бисёр ниқобҳои мотамӣ ба даст омаданд. Дар гирду атрофи қалъа ҳам бисёр уста-донҳо ёфт шудаанд. Онҳо қуттии чоркунҷаи гилӣ мебошанд ва дар сарпӯши худ ҳайкали одамиро доранд (баъзан андозаи ин ҳайкал баробари қади одам аст) .

Ба қавли муҳаққиқони Қӯйқирилганқалъа, «бинои марказӣ гӯё сағонае буда, аниқтараш, бо қоидаи мурдасӯзӣ алоқа дошт. Ин «бинои мурдагон» якҷоя бо ҷасади ягон ашроф ё ҳоким ё худ подшоҳи Хоразм сӯзонда шудааст. Хокистари ҷасад ва шояд хокистари онҳоеро, ки ба дунёи охират мушоият мекарданд, аз хонаи сӯхта бардошта, ба устадон андохта мондаанд. Баъд та-моми ин иморат маъбади калоне шуда, дар айни ҳол ба маркази парастиши ҷирмҳои осмонӣ ва мушоҳидаи астрономӣ табдил ёфт».

Ин нукта хеле аҷиб ва баҳсталаб аст, вале шубҳае нест, ки Қӯйқи-рилганқалъа осори барҷастаи маданияти Осиёи Миёна мебошад.

Қабилаҳои кӯчманчӣ ва ниммуқимӣ дар минтақаи васеи дашт, дома-накӯҳҳо ва марғзорҳои кӯҳистон сокин буданд. Дар ноҳияҳои назди Арал ва байни дарёҳои Аму ва Сир ин қабилаҳо дар зери таъсири маданияти Хоразм монданд. Ва маҳз дар ин ҷо ба ҳаёти муқимӣ гузаштанд, ашрофи кӯчманчи-ён мулкҳои истеҳкомӣ доштанд. Қабилаҳои кӯчманчии сакоиҳо дар ноҳияҳои соҳили рости Сир, ки дар ҷараёни мобайни он воқеъ буданд, дар даштҳои ҷануби Қазоқистон, шимоли Қирғизистон, дар канораҳои водии Фарғона, қисман дар ноҳияҳои дохилии Фарғона ва дар Помири шарқӣ маскун мешу-данд. Онҳо бо ноҳияҳои аслии муқиминишин робитаҳои мустаҳками иқти-содӣ, сиёсӣ ва маданӣ доштанд, дар айни ҳол, онҳо як қисми он баҳри бека-нори қабилаҳои кӯчманчӣ буданд, ки аз Муғулистон то даштҳои ҷануби Рус мавҷ мезад.

Мо фақат тарҳи умумии таърихи асрҳои III–II пеш аз милоди Осиёи Миёнаро медонем ва он акнун як шакли муайян гирифта буд. Гап на танҳо дар он аст, ки ҳодисаҳои он давра чун лавҳаҳои ҷудо-ҷудо ва гусистаи як ки-нои азбайнрафта дар пеши назари мо ҷилвагар мешаванду зимнан иртибо-ти сабабии воқеаҳо, чун қоида, комилан номаълум аст. Таърихи сиёсии Юно-ну Бохтар то ба ҳол барои мо торик ва мавҳум мебошад. Пеш бисёр кӯшиш карда мешуд, ки номҳои аз тангаҳо маълуми ҳокимони Юнону Бохтар «ба навъҳо» тақсим карда шавад. Шарқшиноси рус В.В.Григорйев расо 100 сол пеш ин кӯшишҳоро танқид карда, бо алам навишта буд, ки «бо ин найранг-бозиҳо илми таърих як қадам ҳам пеш намеравад» . Дар ин сад соли охир шумораи тангаҳои ёфтшудаи Юнону Бохтарӣ хеле афзуд. Шарҳу тавзеҳоти нави таърихи Юнону Бохтар пайдо шуд, ки нисбат ба шарҳу тавзеҳоти сик-кашиносони нимаи аввали асри ХIХ хеле ҷасурона буд. Вале ин ҷасорат, ала-лхусус ҷасорати В.В.Тарн, ба ягон факти аниқ муқарраршуда асос наёфтааст, балки асоси ин ҷасорат ҳамин, ки В.В.Тарн бе ҳеҷ далел байни ашхоси таърихӣ робитаву риштаҳои хешу ақрабоӣ кашида, аз рӯи расми тангаҳо онҳоро ба ҳам наздик мекунад ва маъхазҳоро бениҳоят озодона тавсиф ме-намояд. Ғояти субъективизми В.Тарн боиси он гардид, ки вай манзараи аз ҳақиқат дури таърихи Юнону Бохтарро ба вуҷуд овард. Мо ҳаргиз ният надо-рем, ки аҳамияти асари ин муаррихи барҷастаи англисро паст кунем. Ин асар аз мушоҳида ва материалҳои пурқимат моломол аст.

Мо фақат ҳаминро гуфтанӣ, ки ҳадде ҳасту аз он ҳад гузаштани таърих-шинос мумкин нест, зеро агар вай аз ин ҳад гузарад, на ин ки таърихшинос, балки қиссапардоз мешавад. В.В.Тарн маҳз ба ҳамин аҳвол афтодааст.

Дар айни ҳол ба туфайли кашфиёти археологҳо ва нумизматҳо тавсифи иқтисодӣ ва мадании Юнону Бохтар як шакли ба таври лозима конкрет ва муайяне гирифтааст.

Боз дар як масъала таваққуф кардан лозим меояд. Дар адабиёти ғарб рол ва аҳамияти маданияти эллину юнонӣ дар инкишофи Осиёи Миёна беҳад болобардор карда мешавад. Баъзе олимон иддао мекунанд, ки кулли инки-шофи иҷтимоию иқтисодии Осиёи Миёна дар давраи баъди истилои юнону мақдунӣ фақат натиҷаи таъсири юнониён аст ва шаҳрҳо, аз ҷумла, ис-теҳкомҳо фақат баъди омадани юнониён сохта шудаанд ва ғ. ва ҳоказо.

Дар асарҳои олимони советӣ, аз ҷумла, дар асари муаллифи ин сатрҳо, ки пеш чоп шудаанд, ин ақида сахт танқид шудааст. Сабабгории узвии прот-сессҳои дохилии иҷтимоию иқтисодӣ – ин аст он қувваи асосие, ки инкишофи ҷамъияти Осиёи Миёнаро муайян мекард. Кашфиётҳои археологӣ дар айни ҳол муқаррар намуданд, ки бохтариҳо, хоразмиҳо, суғдиён ва дигар халқҳои Осиёи Миёна маданияти ба худ хос доштанд.

Вале баъзеҳо ақидаҳои беасоси буржуазиро ҳаққонӣ танқид карда исто-да, ба ифрот роҳ медиҳанду аҳамият ва самараи робитаи иҷтимоию иқти-содӣ ва мадании байни олами юнону эллинӣ ва Осиёи Миёнаро дуруст акс наменамоянд, дар Осиёи Миёна мавҷуд будани бошишгоҳҳои калони юно-ниро рад мекунанд.

Юнониён ба Осиёи Миёна ҳамчун истилогар омаданд, вале баъдҳо юно-ниён на танҳо дар ҳайъати дастаҳои ҳарбӣ монданд. Дар байни юнониёне, ки дар Осиёи Миёна, Афғонистон ва шимоли Ҳиндустон зиндагӣ мекарданд, косибу савдогар, артисту ҳайкалтарош, духтуру машшоқ ва ғ. мавҷуд буданд. Ба муносибати робитаи зич бо олами эллинӣ инкишофи сохти ғуломдорӣ як такони зӯре гирифт. Шаҳрҳо аз таъсири шаҳру бошишгоҳҳои юнониён, ки дар Осиёи Миёна барпо шуда буданд, берун монда наметавонистанд.

Таъсири юнониён ба маданияти маҳаллӣ, ҳам маданияти маънавию ҳам моддӣ, аз ин ҳам зӯртар буд. Фақат як мисол меорем: хати юнонӣ баъди ис-тилои Искандари Мақдунӣ дар муддати ҳазор сол дар Бохтар навъи асосии хат буд. Дар санъати меъморӣ, ҳайкалтарошӣ, заргарӣ ва ғ. таъсири тара-файни маданияти эллинӣ ва маҳаллӣ ба назар мерасид. Самараи ин таъси-ри мута-қобила дар асрҳои минбаъда ҳам равнақу ривоҷ ёфтанд. Вале бар хилофи даъ-вои бисёр муҳаққиқони ғарб, дар ин ваҳдат маданияти Осиёи Миёна аъзои ко-милҳуқуқ ва ҳатто аъзои асосии пешбаранда буд. Забони юнониён, ки дар қатори аҳолии маҳаллӣ зиндагӣ мекарданд, батадриҷ бо забони мардуми таҳ-ҷоии мамлакат омехта мешуд. Маданияти онҳо низ соҳиби хусусияти синкретӣ мегардид. Муовизаи байналхалқии мол, кӯчи мардум дар натиҷаи савдо, ҷанг, муҳоҷират ва ғ. боиси он гардид, ки беҳта-рин комёбиҳои маданияти маънавӣ ва моддии Осиёи Миёна дар ғарб васеъ интишор ёфт. Бинобар ҳамин маданияти эллинӣ зодаи  бисёр  халқҳо:  эл-линҳо,  мардуми  Шарқи Наздику Миёна, халқҳои Осиёи Миёна ва Ҳиндустон мебошад.

Боз як масъала: В.В.Тарн мегӯяд, ки Юнону Бохтар қисми олами эллинӣ, яке аз давлатҳои эллинӣ мебошад . А.К.Нарайн ин ақидаро танқид карда, тамоми таърихи Юнону Бохтарро таърихи «ҳинду юнонӣ» меномаду мегӯяд: «Таърихи Юнону Бохтар як қисми таърихи Ҳиндустон аст, на давлатҳои эл-линӣ. Эллинҳо омаданд, диданд, вале Ҳиндустон онҳоро тасхир намуд» .

Ҳар ду ақида ҳам аз ҳақиқат дур аст. Албатта, таърихи Юнону Бохтарро берун аз доираи таърихи Селевкиён омӯхтан мумкин нест. Албатта, набояд шубҳа кард, ки нимаи дувуми таърихи Юнону Бохтар бо Ҳиндустон иртибот дорад. Вале сарчашмаи таърихи давлати Юнону Бохтар дар Осиёи Миёна аст, он дар ҳамин ҷо пайдо шуд, дар ҳамин ҷо (дар Афғонистон ҳам) қувват гирифт. Маҳз ширкати унсурҳои бохтарию эллинӣ он қувваеро ба миён оварданд, ки Ҳиндустонро тасхир намуд. Пас, Юнону Бохтар, пеш аз ҳама, Осиёи Миёна ва Афғонистон аст, инчунин Ҳиндустон ва олами эллинӣ.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *