Сиёсати мустамликадории Ҳукумати подшоҳӣ — Донишхона

Сиёсати мустамликадории Ҳукумати подшоҳӣ

Ду марҳалаи сиёсати иқтисодии ҳукумати мутлақа дар Осиёи Миёна. Роҳ ёфтани муносибатҳои капиталистӣ

Сиёсати дар Осиёи Миёна ҷорикардаи ҳукумати мутлақаи подшоҳиро ба ду марҳала ҷудо кардан мумкин аст: марҳалаи якум аз аввали футуҳот то солҳои 90-ум ва марҳалаи дувум аз замони барқарор гардидани давраи империалистии капитализм, яъне аз охири солҳои 90-ум то соли 1917.

Дар марҳалаи аввал сармояи давлати соҳибмустамлика ба истеҳсолоти Осиёи Миёна ҳанӯз фаъолона дахолат намекард ва аксаран бо миёнаравии савдогарони маҳаллӣ ба хариду фурӯши маҳсулот маҳдуд гардида буд. Воридоти сармоя ба Осиёи Миёна нисбатан кам буда, дар содироти моли хом ҳоло ягон навъи маҳсулот (чунон ки баъдтар пахта ва пӯсти қарокӯлӣ гардид) мавқеи намоён пайдо накарда буд.

Марҳалаи дувум бо дахолати фаъолонаи сармоядорони давлати соҳибмустамлика ба ҷараёни истеҳсолоти Осиёи Миёна, бо тараққиёти соҳаҳои махсуси хоҷагии қишлоқ, ворид шудани сармоя ва афзудани роли банкҳо тавсиф меёбад. Кашида шудани хатти роҳи оҳан мавқеи сармояи Россияро дар Осиёи Миёна ва аз он ҷумла дар аморати Бухоро мустаҳкам гардонид.

Бо вуҷуди моҳиятан тафовут доштани як марҳала аз марҳалаи дигар бояд қайд кард, ки аз қадамҳои аввали бо қасди мустамликакунӣ ба Осиёи Миёна роҳ ёфтани ҳукумати подшоҳӣ сиёсати он барои ба эҳтиёҷоти саноати тараққикардаистодаи Россия мувофиқ гардонидани иқтисодиёти ин кишвар нигаронида шуда буд. Осиёи Миёна мебоист ба манбаи моли хоми аграрии давлати соҳибмустамлика табдил меёфт.

Пас аз ба Россия ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна дар ин ноҳия муносибатҳои капиталистӣ рӯ ба инкишоф ниҳода бошанд ҳам, на ин ки боиси тавлиди саноати вазнин нагардиданд, балки ҳатто саноати бофандагӣ барин соҳаҳои нави саноат ба вуҷуд наомаданд. Иттиҳоди соҳибкорони саноати бофандагии Россияи подшоҳӣ бо тамоми ҷидду ҷаҳд намемонд, ки дар ноҳияҳои пахтакор саноати бофандагӣ пайдо шавад. Баъзе кӯшишҳои кушодани муассисаҳои бофандагӣ, ки аз тарафи баъзе соҳибкорони маҳаллӣ карда шуд, дучори муқобилати сахти соҳибони корхонаҳои бофандагии Петербург, Иваново-Вознесенск, Москва, Кострома, Орехово-Зуево ва ғ. гардид. Дар дигар соҳаҳои саноат ҳам аҳвол чунин буд.

Пас аз ба Россия ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна саноатдорони рус дар ин ҷо ба ташкили плантатсияҳои пахта сар карданд. Ба мисли плантатсияи «Хутори Андреев», ки дар Фарғона ташкил шуда буд, дар вилоятҳои Тошканд ва Самарқанд низ плантатсияҳо ба вуҷуд омаданд.

Бо вуҷуди ин, дар ҳамон шароите, ки дар парвариши пахта техникаи хеле ақибмонда ба кор бурда мешуд, соҳибони саноат ба ташкил намудани хоҷагиҳои плантатсионии фаровонҳосилу фоиданок муваффақ гардида наметавонистанд. Мардикорони рӯзбайъ, ки дар плантатсияҳо кор карда, музди ночизе мегирифтанд, бар акси деҳқонони чоряккор ба афзоиши ҳосилнокии меҳнат ҳавасманд набуданд.

Пас аз он ки кори ташкили плантатсия барор накард, соҳибони саноат роҳи истифода намудани пахтаҷаллобони маҳаллиро пеш гирифтанд. Ба ин тариқа, дар соҳаи пахтакорӣ амалан ҳамон муносибати кӯҳнаи нимфеодалӣ нигоҳ дошта шуд.

Дар солҳои 70-80-ум ба ҷои навъҳои ҷойдории пахта навъҳои нави нисбатан сермаҳсул ҷорӣ гардид. Ҳукумати подшоҳӣ барои ёрӣ расонидан ба тараққиёти босуръати пахтакорӣ дар Осиёи Миёна ба пахтае, ки аз Америка мекашониданд, боҷи калон андохт. Ин тадбир барои боз ҳам бойтар шудани ҷаллобони маҳаллӣ, ки аз боло рафтани нархи пахта фоидаи зиёде ба даст меоварданд, боис гардид.

Осиёи Миёна барои саноати Россия ва, қабл аз ҳама, барои саноати бофандагии он манбаи моли хом ва бозори фурӯш гардид. Косибон ва ҳунармандони майдаи маҳаллӣ ба молҳои саноатие, ки аз Россия кашонда мешуданд, рақобат карда натавониста, шикаст мехӯрданд.

Дар солҳои 70-ум нақшаи сохтмони роҳи оҳан, ки Осиёи Миёнаро бо Россия бояд мепайваст, аҳамияти махсус пайдо намуд. Муҳокимаи ин масъала боиси ҳангомаю майлу рағбати ҳасудомези пурғарази соҳибкорон шуд, зеро маълум аст, ки дар шароити капитализм кашидани роҳи оҳан барои дарёфти пулу фоидаи зиёд имкони фаровон муҳайё менамояд. Дар масъалаи самти роҳи оҳани Туркистон лоиҳаҳои бисёр пешниҳод мешуд; масалан, Барранд ном инженери фаронсавӣ, ки замоне бо муаллифи лоиҳаи канали Сувайс – Ф.Лессепс ҳамкорӣ мекард ва худи Ф.Лессепс ҳам таклиф карданд, ки байни Лиссабон ва Калкатта роҳи оҳани трансконтинентие сохтан даркор, ки аз мобайни Осиёи Миёна гузашта меравад. Дар шароити бӯҳрони доимии молиявӣ ҳукумати подшоҳӣ ба сохтмони ин гуна иншоотҳои калон қудрат надошт. Кашидани аввалин хатти ҳозиразамони роҳи оҳан ин тақозои амалияи муқаррарии ҳукумати подшоҳӣ – тақозои футуҳоти Туркманистон буд. Ин роҳ аз соҳили баҳри Каспӣ, аз Красноводск сар шуда, дар навбати аввал мебоист барои эҳтиёҷи қӯшунҳои ба Аҳлтегин ҳуҷумкунандаи М.Д.Скобелев хизмат мекард.

Дар соли 1885 роҳи оҳан то Ашқобод, дар соли 1888 то Самарқанд ва дар соли 1898 то Тошканд кашида шуд. В.И.Ленин аҳамияти ин роҳи оҳанро дар тақдири Туркистон махсус таъкид намуда, навишта буд: «Роҳи он тарафи Каспий барои капитал Осиёи Миёнаро «кашф» кардан гирифт».

Аммо барои таъмини эҳтиёҷи ин кишвари беканор як хатти роҳи оҳан кам буд. Ба замми ин, роҳи оҳани мазкур ин кишварро бо ноҳияҳои марказии Россия бевосита намепайваст – борро ҳатман аз поезд ба киштӣ ва ё аз киштӣ ба поезд ҳамл кардан лозим меомад, ки ин корро ниҳоят душвор мекард. Ғайр аз ин, аз поезд ба киштӣ, аз киштӣ ба поезд баромаданду фаромадани мусофирон ҳам ноқулай буд. Ба ин сабаб дар ибтидои асри ХХ сохтмони хатти нави роҳи оҳан сар шуд. Ин роҳ бояд шаҳри асосии кишвари Туркистон – Тошкандро бо Оренбург мепайваст. Сохтмони ин роҳ босуръат пеш мерафт ва инак соли 1905 хатти мовароикаспигии роҳи оҳани кишвар бо хатти роҳи оҳани Оренбург пайваста шуд. Табиист, ки табақаи дворяну помешикҳо ва буржуазии империяи Россия барои истисмори бештари сарватҳои табиӣ ва аҳли меҳнати Осиёи Миёна имкони фаровонтаре ба даст оварданд. Ба ноҳияҳои пахтакори водии Фарғона – шаҳрҳои Хӯқанду Андиҷону Марғелон расондани роҳи оҳан кори басо муҳим буд. Роҳ аз саросари шимоли Тоҷикистон гузашта рафт ва бо ҳамин маҳсулоти деҳқонон ва косибони тоҷик ба тамоми бозорҳои генерал-губернатории Туркистон ва ба дигар ҷойҳои Россия роҳ ёфт. Ба туфайли ин дар шимоли Тоҷикистон муносибатҳои капиталистӣ ба андозае инкишоф пайдо намуд.

Сохтмони роҳи оҳани моварои Каспӣ ва баъдтар роҳи оҳани Оренбург имкон доданд, ки дар зарфи якчанд даҳсола мубодилаи мол байни Россия ва Осиёи Миёна бештар аз 10 маротиба зиёд карда шавад. Вале молҳои русӣ на дар тамоми бекиҳои Бухоро фаровон буданд, ки сабаби ин мушкилии кашондани мол, суст будани муносибатҳои молию пулӣ ва баъзе дигар омилҳо буданд. Молҳои русӣ аз ҳама бештар дар бозорҳои водиҳои Тоҷикистон ба фурӯш мерафтанд, аммо ҷои асосии фурӯши молҳои русӣ худи Бухоро буд, ки дар ин ҷо савдогарони бой ва худи амир аз саноатчиёну савдогарони рус харидҳои калон мекарданд.

Дар он ҷойҳои кишвар, ки рафтуомадаш душвор буд, ҳаннотии молҳои русӣ басо авҷ гирифт. Кӯҳистониён бо рағбати тамом молҳои арзони фабрикиро мехариданд. Тоҷирони абҷир, ки молҳои русиро меоварданд, бо нархи беҳад баланд онҳоро пул мекарданд. Азбаски кӯҳистониён пул надоштанд, савдогарон инро дастак карда, барои як сарбанди оддии фабрикӣ аз деҳқони бечора 4 пуд гандум ва 1 гӯсфандашро кашида мегирифтанд. Шамъ, гӯгирд, собун, карасин, яъне он чизҳое, ки мардум пештар қариб истеъмол намекард, нағз ба фурӯш мерафт. Одамони бекҳо ва худи бекҳо ҳам аз ҳаннотиву савдогарӣ рӯ намегардонданд. Масалан, беки Қаротегин ба Фарғона як рама гӯсфанд оварда фурӯхту ба пули он бисёр молҳои русӣ харида, баъд онҳоро дар Қаротегин ба пули калон фурӯхта буд.

Аз солҳои 70-уми асри ХIХ сар карда ҳукумати подшоҳӣ ба нияти ба вуҷуд овардани такягоҳи миллӣ ба миқёси васеъ дар Осиёи Миёна муҳоҷирони русро ҷойгир намуд. Ҳукумати подшоҳӣ дар хусуси пешрафти хоҷагии қишлоқи Осиёи Миёна хеле кам ғамхорӣ мекард. Ҳамчунон ки вай барои сохтмони системаи обёрӣ дар воҳаҳои асосии пахтакорӣ ҳеҷ як чорае намедид, хоҷагии муҳоҷиронро низ аз эътибор соқит намуда буд. Муҳоҷирон дар ҳама ҷо маҷбур мешуданд, ки аз системаи кӯҳнаи каналҳои обёрикунанда истифода баранд.

Аҳволи муҳоҷирони рус дар вилояти Самарқанд махсусан бад буд. Дар ин бора муосирон чунин навиштаанд: «Дар мобайни дашти шӯрхоки сӯзон деҳе сохтаанд… Чанд кулбаи амонатӣ, ки телбакорона бардоштаанд, дар гирду атроф на дарахте, на сабзае…, фақат дашти ҳомуну дашти ҳомун…» Муҳоҷирон гурӯҳ-гурӯҳ ба сафи бекорон дохил шуда, дар ҷустуҷӯи ризқу рӯзӣ ба феодалони маҳаллӣ ва кулакҳои рус муздурӣ ва мардикорӣ мекарданд. Меҳнаткашони тоҷик, ки қисми бештари аҳолии вилояти Самарқандро ташкил медоданд, ҳанӯз дар ҳамон вактҳо боварӣ ҳосил карда буданд, ки коргарон ва деҳқонони камбағали рус, ки ҳамроҳи онҳо кор мекунанд, мисли меҳнаткашони маҳаллӣ аз ҷабру зулми ҳукумати подшоҳӣ дар азобанд. Ҳукумати помешикию буржуазии подшоҳӣ аз муҳоҷирони рус барои худ такягоҳи миллию синфие сохтанӣ буд, вале беихтиёр мусоидат кард, ки барои тавлид ва ривоҷи иттифоқи синфию миллии меҳнаткашони Осиёи Миёна бо деҳқонони камбағали рус, бо батракҳои рус, бо коргарони роҳи оҳану заводҳои пахтаву равған шароит фароҳам ояд.

Ҳукумати подшоҳӣ дар гӯшаву канорҳои империяи худ тартиботи асорати патриархалию феодалӣ, дар воқеъ ҷорӣ будани ғуломдорӣ ва бесаводию нодонии мардумро қасдан барқарор медошт. Бисёр заминҳои ҳосилхез ба ихтиёри қисми дорои муҳоҷирон дода шуда, аҳолии маҳаллӣ ба заминҳои камҳосили баду вайрон ронда шуданд. Маълум, ки ин кор алангаи низои миллиро боло мекард. Ҳукумати подшоҳӣ ба ривоҷи мадании мардуми Туркистон мутлақо аҳамият намедод ва ночизтарин падидаҳои афкори инқилобиро бераҳмона нест мекард.

Дар кишвари Туркистон таъсис намудани системаи маъмурии ба истилоҳ «Идораи ҳарбии халқӣ» ба мақсадҳои мустамликадории ҳукумати подшоҳӣ хизмат мекард. Кишвари Туркистон ба панҷ вилоят – Сирдарё, Фарғона, Самарқанд, Ҳафтруд (Семиречйе) ва Моварои Каспӣ (Закаспий) тақсим мешуд. Ҳар як вилоятро, ба истиснои Закаспий, ки дар он ҷо сардори вилоят менишаст, губернатори ҳарбӣ идора мекард. Вилоят ба уездҳо ва уезд ба приставиҳо ва вулусҳо ҷудо мешуд. Маъмурони вулусҳо аз аҳолии маҳаллӣ таъин мегардиданд. Тадриҷан дар қатори феодалҳои кӯҳна одамони аз табақаҳои давлатманди аҳолӣ, аз он ҷумла ононе, ки ба табақаи ашрофи феодалии маҳаллӣ мансубияте надоштанд, низ «бо роҳи интихоб» ба вазифаҳои маъмурӣ ҷалб карда шуданд. Аммо намояндагони халқи меҳнатӣ ҳатто вазифаи оқсаққоли қишлоқ ва ё вулусро орзу ҳам карда наметавонистанд. Оммаи халқ дар худи интихобот ҳам амалан иштирок надошт.

Дар бораи «интихоботе», ки дар ибтидои асри ХIХ воқеъ гардида буд, шоҳидон чунин нақл мекунанд: барои интихоби оқсаққоли вулуси Қистакӯз (уезди Хуҷанд) аз тамоми деҳоти атроф бойҳо, муллоҳо, «элликбошиҳо»  ва арбобон ба қишлоқи Қистақӯз ҷамъ омаданд. Ба вазифаи оқсаққоли вулус ду нафар муддаии давлатманд — Мирзо Баҳодурхон ва Муллобойро пешбарӣ карда буданд. Муллобой барои ришваи «интихобкунандагон» 2 ҳазор сӯм, ҳарифи ӯ бошад, ба ин мақсад 3 ҳазор сӯм пул ҷудо кард. Дар натиҷа Мирзо Баҳодурхон ба вазифаи оқсаққолӣ «интихоб» гардид.

Як гурӯҳ бойҳое, ки Муллобойро тарафдорӣ мекарданд, аз ин интихобот норозӣ шуданд. Онҳо маблағи зиёде ҷамъ намуда, дастнишондаи худро ба назди губернатори ҳарбии Самарқанд фиристоданд. Муллобой баробари расидан ба Самарқанд ба зани губернатор чанд ҳазор сӯм пул ва тӯҳфаҳои қиматбаҳо пешкаш намуд. Рӯзи дигар ӯро губернатор қабул карда гуфт: «Аз ҳамин рӯз эътиборан ту оқсаққоли вулус хоҳӣ буд». Ҳанӯз Муллобой ба Қистакӯз барнагашта, фармони губернатор дар бораи ба вазифаи оқсаққоли вулус тасдиқ гардидани ӯ расид.

Дар дигар ноҳияҳои генерал-губернатории Туркистон низ айни ҳамин ҳолат рӯй медод. Синфҳои истисморкунанда бо савобдиди худ одамонашонро ба вазифаҳои «интихобӣ» таъин мекарданд ва аз кор мегирифтанд.

Оқсаққолон, ҳамин ки ба сари кор омаданд, одатан худсарӣ ва бедодгарӣ мекарданд. Зулму ситам ва порахӯрии маъмурони маҳаллӣ ниҳоятдараҷа ривоҷ гирифта буд. Кори маҳкамаҳо мисли пештара дар асоси шариат пеш бурда мешуд.

Ҳукуматдорони кишвари Туркистон дар баробари ба тарафи худ кашидани табақаи давлатманди аҳолии маҳаллӣ, ки ба хизмати ҳукумати подшоҳӣ гузашта буд, барои заиф гардонидани мавқеи иқтисодии ашрофи кӯҳнаи феодалӣ низ чораҳо пешбинӣ намуданд. Аз шахсоне, ки заминҳои вақфро истифода мебурданд ва аз соҳибони мулки хусусие, ки аз тарафи давлат бахшиш шуда буд, манзур кардани ҳуҷҷати собиткунандаи ҳуқуқи ба ин заминҳо доштаи онҳо, аз қабили вақфномаи тасдиқкардаи хон талаб карда шуд. Ин гуна ҳуҷҷатҳо хеле кам маҳфуз монда буданд. Бинобар ин миқдори зиёди заминҳои вақф ва мулкҳои хусусӣ давлатӣ карда шуданд. Заминҳои боқимондаи вақф аз ҳар гуна имтиёз ва бартариҳои молиётӣ маҳрум гардиданд. Ба ҳамин тариқа, ба манфиатҳои як қисми рӯҳониён ва ашрофи феодалӣ зарбаи ҷиддӣ расонида шуд.

Вале аҳволи деҳқонони меҳнаткаш аз ин ҳама чораҳо андаке ҳам ба беҳбудӣ рӯ наовард. Заминдорони калон мисли пештара барои истисмори деҳқонони бенаво, ки дар заминҳояшон чоряккорӣ мекарданд, имконият доштанд.

Тафтиши соли 1909 дар кишвари Туркистон гузаронидаи сенатор Пален муқаррар кард, ки аз ҷумла дар вилоятҳои Самарқанд ва Фарғона (яъне дар ҳамон вилоятҳое, ки бештари аҳолиро тоҷикон ташкил мекарданд) ҳуқуқи мулки хусусӣ дар камтар аз садяки тамоми заминҳои кишт ҷорист. Мулкдорони хурде, ки дар як порча замин аз рӯи қоидаи нав дар асоси заминдории ҷамоатии хонаводагӣ кор мекарданд, маишати худро ҳеҷ таъмин карда наметавонистанд. Онҳо ба дасти судхӯрҳо афтода, хонахароб мешуданд, дар сурати адо накардани қарз ва ё надодани андоз аз заминашон маҳрум гардида, ба сафи чоряккорон ва батракҳо дохил мешуданд. Дар баробари ин аз тарафи ҳукумати подшоҳӣ ҷорӣ карда шудани усули ҳимоякунии якдигар дар адои андозҳо ба маҳфуз мондани муносибатҳои феодалӣ ва ба асорати судхӯрҳо, феодалон ва маъмурон гирифтор шудани деҳқонони камбағал боз ҳам бештар мусоидат намуд.

Ҳукумати подшоҳӣ дар соҳаи хоҷагии об, ки дар зироати Осиёи Миёна роли хеле муҳим мебозид, низ комилан тарафдори феодалон ва бойҳои калон буд. Онҳо тамоми манбаъҳои обро ба даст гирифта, аз байни худ миробҳо таъин мекарданд ва ба ин васила дар қишлоқ хӯҷаини мутлақ гардида буданд.

Кори нимафеодалӣ ва нимағуломии иҷоравӣ беш аз пеш оммаҳои васеи деҳқонони муфлисро, ки дар замини бойҳои калон чоряккорӣ ва панҷяккорӣ мекарданд, фаро мегирифт.

Аҳволи ононе, ки дар корхонаҳои хурди фабрикмонанд кор мекарданд, беҳ аз ин набуд. Ин корхонаҳо асбобу ҷиҳозоти ночиз доштанду шароити кори онҳо касро ба даҳшат меовард. Кор то 12-16 соат тӯл кашида, рӯзе ҳамагӣ 40–60 тин музд дода мешуд. Дар заводҳои пахта оддитарин воситаҳои муҳофизати саломатӣ, ҳатто ҳавотозакунакҳои оддӣ набуданд, бисёр коргарон дучори дарди сил мешуданд. Манзили коргарон низ ниҳоят бад буд. Соҳибони корхонаҳо ба коргарон озуқаи пӯсидаву гандида медоданду аз музди ночизи онҳо пули зиёде меситонданд ва хуллас фоидаи калон ба даст меоварданд.

Аҳволи косибон

Дар солҳои аввали баъди ба Россия ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна косибӣ ба андозае ривоҷ ёфт. Сабаб ҳамин буд, ки дар Осиёи Миёна шумораи аскару афсарони армияи подшоҳӣ хеле афзуд, барои таъмини онҳо бошад, ҳама чизро аз Россия меоварданд, ки ин ҳам гарон меафтиду ҳам барои кашондани ин қадар чиз нақлиёт намерасид. Барои илоҷи кор ҳукумати подшоҳӣ қарор дод, ки бигзор сарбозону афсарон баъзе чизҳои лозимаро аз косибони маҳаллӣ харанд, ана ин буд, ки косибӣ ба андозае ҷон гирифт.  Дар солҳои минбаъда дар сохти саноати косибӣ дигаргуниҳое ба вуҷуд омаданд, яъне баъзе хусусиятҳои муносибатҳои капиталистӣ ба он нуфуз карданд. Истеҳсолот беш аз пеш ба худ сурати истеҳсолоти молро мегирифт. Ин падидаро дар марказҳои калони косибӣ, дар шаҳрҳо, масалан, дар Бухоро равшан дидан мумкин буд. Дар Бухоро қариб 100 соҳаи косибӣ вуҷуд дошт.  Дар Хуҷанд, Ӯротеппа, Панҷакент, Конибодом, Ҳисор, Кӯлоб ва баъзе дигар шаҳрҳо косибӣ умуман хеле равнақ дошт.

Косибӣ дар ҳар як маҳалли кишвар вобаста ба манбаъ ва сифати моли хом, вобаста ба он ки аз марказ дур аст ё наздик, вобаста ба он ки чӣ гуна роҳҳо дорад –соҳиби хусусияти хос мегардид. Дар маҳалҳои баландкӯҳи Бухорои шарқӣ касбҳои хонагӣ маъмултар буд, ки дар ин шакли косибӣ муомилоти байни усто ва истеъмолгар, яъне байни молфурӯшу молгир фақат ба тавассути натура анҷом меёбад. Баъзе ноҳияҳо дар истеҳсоли ин ё он мол тахассус ҳам ёфта буданд.

Косибони Ҳисор асосан намаду моҳут мемолиданд, шолу арғамчин мебофтанд, пӯстак тайёр мекарданд. Ноҳияҳои ғарбии ин маҳал дар алочабофӣ, корсонтарошӣ, сабадбофӣ, хӯрҷиндӯзӣ, ҷуроббофӣ ном бароварда буд. Шофу шамшеру кордҳои кордгарони Қаротоғ шӯҳрати баланд дошт.

Дар Душанбею водии Кофарниҳон чармгарӣ ривоҷ ёфта буд.

Дар Хуҷанд касби бофандагӣ басо маъмул буд ва беҳуда нест, ки дар ин ҷо гузар-гузар карбосбофон, шустагарон, абрбандҳо, шоҳибофон, пиллакашон ва ғ. буданд. Соли 1906 дар шаҳр 230 дӯкони шоҳибофӣ, чархресӣ, ҳаллоҷӣ ва ғ. вуҷуд доштанд. Дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Ӯротеппа гузарҳои махсуси кордгарон, дегрезон, кулолон, заргарон ва ғ. буданд.

Дар бекии Кӯлоб низ бофандагӣ яке аз касбҳои муҳим ба шумор мерафт ва дар ин касб занҳо низ бисёр ширкат доштанд. Занҳо дар хона пахтаро ҳаллоҷӣ мекарданд, мересиданд ва дар дастгоҳҳои бофандагӣ карбос мебофтанд, ки он ҳам барои эҳтиёҷи рӯзгор ва ҳам барои фурӯш мерафт. Аз калобаи кӯлобӣ мардуми Дарвоз низ карбос мебофтанд. Суфи кӯлобӣ ва ҷомаҳои карбосии кӯлобӣ хеле хушсифат буданд ва дар Бухоро ҳам тақдир мешуданд. Аз ашёи хоми маҳаллӣ барои қанору хӯрҷин карбос мебофтанд, моҳуту намад, шолу ҷуроб тайёр мекарданд. Ҳамаи ин корро асосан занон анҷом медоданд. Қолину гилемҳои хушсурати қиматбаҳо бо супориши бойҳо махсус дар ҳавлии онҳо тайёр карда мешуданд.

Дар Бухоро низ бисёр гузарҳои чармгарон буд (Чармгарони Боло, Чармгарони Поён), ки дар ин ҷо чармҳои аълосифати хомак, кемухтӣ, саноҷу далвҳо, машкҳо истеҳсол мешуд. Мӯзадӯзию маҳсидӯзию кафшдӯзию лаҷомсозӣ низ дар ҳамин гузарҳо маъмул буд. Косибони бойи Чармгарони Поён аз чорвофурӯшон пӯсти зиёде харида, онро чарм карда мефурӯхтанд.

Дар Мӯъминобод ҳам чармгарону мӯзадӯзону лаҷомсозон бисёр буданд. Шоҳибофию пиллакашӣ ҳам дар инҷо хеле равнақ дошт.

Деҳқонони Кӯлоб ҳам кирмакдорӣ карда, пиллаи худро дар бозорҳо мефурӯхтанд. Дар шаҳр аз он пиллаҳо ришта кашида ва онро ранг дода, боз ба бозорҳои Кӯлоб бурда мефурӯхтанд.

Дар охири асри ХIХ Кӯлоб маркази муҳимми касбу тиҷорат шуд. Дар бисёр дӯконҳо аз ашёи зироат маҳсулот тайёр мекарданд. Равғани кунҷид ва зағири Кӯлоб эҳтиёҷи ноҳияро таъмин мекард. Ордкашӣ ҳам хеле ривоҷ ёфта буд. Аслиҳасозон милтиқу шамшер, кордгарон кордҳо месохтанд. Маҳсули кори мисгарон тамоми талаботи мардуми ин маҳалро таъмин карда, дар ҷойҳои дигар ҳам ба фурӯш мерафт.

Касбу косибӣ дар Ҳисор ҳам басо маъмул буд. Ғайр аз карбосу яроқу аслиҳаву маснуоти чармгарӣ дар ин ҷо ҳам алоча мебофтанд, ки шӯҳрати зиёде дошт ва баъзе намудҳои он хеле қимат ҳам меистоданд. Масалан, баҳои ду тӯби як навъи он 20 сӯм буд.

Оҳангарони маҳаллӣ ба дараҷаи баланд тахассус доштанд. Онҳо наъл, каланд, дос, табар, тири чархи осиё ва ғайра месохтанд.

Кулолони Ҳисор (хусусан занони моҳири кӯҳистон, ки бо кулолӣ шуғл доштанд) дар амал асбобу абзори оддиро кор фармоянд ҳам, бо зарфҳои сафолӣ тамоми ноҳияи Ҳисор ва ноҳияҳои ҳамсояро таъмин мекарданд.

Аз охири асри ХIХ сар карда дар байни шаҳрҳои ин ноҳия аз ҷиҳати ривоҷи тиҷорату саноат тадриҷан Душанбе ба мадди аввал баромад. Шояд яке аз сабабҳои ин ҳамин ҳам бошад, ки беки Ҳисор онро бошишгоҳи тобис-тонии худ қарор дода буд.

Аз ҷумлаи аҳолии Душанбе бисёр бофандагон, оҳангарон, зингарон ва чармгарони моҳир буданд.

Баробари обод шудани роҳҳои тиҷорату савдо моли косибони тоҷик беш аз пеш дар бозорҳои хориҷи Бухорои шарқӣ ба фурӯш мерафтанд.

Истеҳсолоти серсоҳаи косибони Бухорои шарқӣ бо маснуоти бадошту назаррабои устоёну чеварони гулдасти худ шӯҳрати азим ёфта буд. Дар маснуоти онон ҳамон анъанаҳое инъикос меёфтанд, ки таърихи бисёрҳазорсола доштанд. Ба ин маъно истеҳсолоти косибон аҳамияти махсус дорад. Вале ҳамчун сирф истеҳсолот бисёр нуқсу иллатҳо дошт ва ҳатто барои ҳамон даврае, ки мавриди тадқиқ қарор дорад, кӯҳна шуда буд.

Истеҳсолоти давраи феодализм, ки дар чорчӯбаи рисолаҳову ҷамъиятҳои косибон маҳдуд буд, дар ҳамон шакли кӯҳнаи анъанавии худ монда, дар муддати мадид ҳеҷ дигар нашуда буд.

Корхонаҳои косибон ягон ҷиҳози техникӣ надоштанд ва кор асосан дастӣ анҷом дода мешуд. Тайёр кардани маснуот меҳнати зиёдеро талаб мекард, дараҷаи маҳсули меҳнат нисбат ба фабрикаҳо хеле паст буд, барои ҳамин ҳам арзиши аслии моли косибон нисбат ба моли фабрика хеле болотар меистод. Ба замми ин ҳукуматдорони феодалӣ ба косибон хироҷу андози бешумор меандохтанд, ки ин ҳам арзиши моли онҳоро баланд мебардошт.

Баробари аз маркази Россия омадани молҳо вазъияти косибон якбора табоҳ шуд. Дар марҳалаи аввал соҳибкорони рус– соҳибони фабрика, завод, савдогарони калон – талаботи бозорҳои Осиёи Миёнаро ба тафсил омӯхтанд ва анвои моли худро маҳз ба ҳамин талабот муносибу мувофиқ намуданд. Дере нагузашта аз Россия ба бозорҳои Осиёи Миёна читҳои гулдор, чойнику пиёлаву косаву табақҳои чинӣ, маснуоти мисин, сӯзан, собун, карасин, чарчинворӣ барин молҳои фабрикӣ омадан гирифтанд, ки нархи онҳо аз нархи моли косибони маҳаллӣ хеле пасттар буданд, зеро дар фабрика тайёр карда мешуданд. Дар аввалҳои соли 1910 молҳои русӣ тамоми бозорҳои Осиёи Миёнаро зер карда гирифтанду аксари молҳои косибони маҳаллиро танг карда бароварданд.

Пеш аз ҳама, касби бофандагӣ сахт шикаст ёфт. Шоҳидон навиштаанд, ки чити алвони русӣ,  матоъҳои катонию лифию ҷуттии русӣ махсусан нағз ба фурӯш мерафтанд. Маснуоти бофандагӣ 2/3 ҳиссаи воридоти молҳои русӣ буд. Яке аз шоҳидони он давра навиштааст: «Бо имони комил метавон иддао кард, ки аз нисф бештари шоҳиворӣ ва ҳатто либосҳои дӯхта — ҷомаву куртаи занона ва катон, ки дар бозори Бухоро ба фурӯш мераванд, моли масковӣ аст».  Бозори маснуоти оҳанӣ – сим, мех, ғулбаҳои оҳанӣ хеле тез шуд. Асбобҳои чинию мисин ҳам нағз ба фурӯш мерафтанд. Милтиқҳои русӣ ва дигар яроқу аслиҳаи русӣ хеле эътибор пайдо кард. Бозори сӯзангарони таҳҷоӣ касод шуд. Харидорон собуни қимат ва бадсифати ҷойдориро монда, собунҳои арзону хушбӯйи русиро мехариданд. Бисёр косибон маҷбуран тарки касб карданд. Дар кишвар бекорию бенавоӣ зиёд мешуд. Вале дар айни ҳол, ба корхонаҳои саноатии Бухоро унсурҳои капиталистӣ бо зӯр ва шиддати тамом сар медароварданд.

Сиёсати мустамликадории Ҳукумати подшоҳӣ: 108 комментариев

  • в
    Permalink

    I have been exploring for a little for any high
    quality articles or weblog posts in this kind of area . Exploring in Yahoo I eventually stumbled upon this site.

    Studying this information So i am glad to show that I’ve a very excellent uncanny feeling I discovered just what I
    needed. I most certainly will make certain to don?t omit this website
    and give it a look on a continuing basis.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Good day! I simply wish to offer you a big thumbs
    up for the great info you’ve got right here
    on this post. I am returning to your site for more soon.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Thanks for one’s marvelous posting! I truly enjoyed reading it, you may be a
    great author.I will make certain to bookmark your blog and
    may come back from now on. I want to encourage yourself to continue your great writing, have a nice evening!

    Ответ
  • в
    Permalink

    Appreciating the persistence you put into your website and in depth information you
    offer. It’s great to come across a blog every once in a while
    that isn’t the same out of date rehashed material.
    Fantastic read! I’ve bookmarked your site and I’m adding your
    RSS feeds to my Google account.

    Ответ
  • в
    Permalink

    I am really loving the theme/design of your blog. Do you ever run into
    any browser compatibility issues? A small number of my blog visitors have complained about my site not
    working correctly in Explorer but looks great in Chrome. Do you have any solutions to help fix this issue?

    Ответ
  • в
    Permalink

    Magnificent goods from you, man. I have take note your
    stuff prior to and you’re just extremely fantastic.

    I really like what you have bought right here, certainly like what you are stating and the way during which you assert it.
    You are making it enjoyable and you continue to take care of to stay it sensible.
    I can’t wait to learn far more from you. That is actually a wonderful website.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Generally I do not learn article on blogs, however I wish
    to say that this write-up very compelled me to try and do so!
    Your writing style has been surprised me. Thanks, very great post.

    Ответ
  • в
    Permalink

    I was suggested this blog by my cousin. I am not sure whether this post is written by
    him as nobody else know such detailed about my problem.
    You are wonderful! Thanks!

    Ответ
  • в
    Permalink

    For hottest news you have to pay a visit world-wide-web and on the web I found this web site as a
    most excellent web site for latest updates.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Excellent weblog right here! Also your website quite a
    bit up fast! What web host are you the use of? Can I get your associate link on your host?

    I desire my web site loaded up as fast as yours lol

    Ответ
  • в
    Permalink

    Hey There. I discovered your weblog the usage of msn. This is a really well written article.
    I will make sure to bookmark it and return to learn more of your helpful info.
    Thanks for the post. I will certainly return.

    Ответ
  • в
    Permalink

    I every time spent my half an hour to read this weblog’s articles
    every day along with a mug of coffee.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Hey! Someone in my Facebook group shared this website with us
    so I came to look it over. I’m definitely loving the information. I’m
    bookmarking and will be tweeting this to my followers!
    Great blog and great design and style.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Greetings from Carolina! I’m bored to tears at work so I
    decided to browse your blog on my iphone during lunch
    break. I enjoy the info you present here and can’t wait to take
    a look when I get home. I’m shocked at how quick your blog loaded on my mobile ..
    I’m not even using WIFI, just 3G .. Anyhow, awesome blog!

    Ответ
  • в
    Permalink

    Hi this is kinda of off topic but I was wanting to know if blogs use WYSIWYG editors or if you
    have to manually code with HTML. I’m starting a blog soon but have
    no coding knowledge so I wanted to get advice from someone with experience.
    Any help would be greatly appreciated!

    Ответ
  • в
    Permalink

    It’s actually very difficult in this full of activity life to listen news on Television, therefore I
    only use web for that purpose, and obtain the newest news.

    Ответ
  • в
    Permalink

    I visited many web sites except the audio quality for audio songs
    current at this web site is actually marvelous.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Fantastic site. Lots of useful information here. I am sending it to some buddies ans also sharing in delicious.

    And certainly, thanks on your effort!

    Ответ
  • в
    Permalink

    My brother recommended I might like this website.
    He was totally right. This post truly made my day. You can not believe just how
    so much time I had spent for this info! Thank you!

    Ответ
  • в
    Permalink

    Today, I went to the beachfront with my kids.
    I found a sea shell and gave it to my 4 year old daughter and said «You can hear the ocean if you put this to your ear.» She placed the shell to her ear and screamed.

    There was a hermit crab inside and it pinched her
    ear. She never wants to go back! LoL I know this is completely off topic
    but I had to tell someone!

    Ответ
  • в
    Permalink

    Fantastic beat ! I would like to apprentice at the
    same time as you amend your web site, how could i subscribe for a blog web site?
    The account aided me a acceptable deal. I had been a little bit familiar of this your broadcast offered vivid clear idea

    Ответ
  • в
    Permalink

    Hi there this is kind of of off topic but I was
    wanting to know if blogs use WYSIWYG editors or if
    you have to manually code with HTML. I’m starting a blog soon but have no coding skills so
    I wanted to get advice from someone with experience.
    Any help would be enormously appreciated!

    Ответ
  • в
    Permalink

    I am sure this article has touched all the internet viewers,
    its really really pleasant paragraph on building up new webpage.

    Ответ
  • в
    Permalink

    When I originally commented I clicked the «Notify me when new comments are added» checkbox and now each time
    a comment is added I get four e-mails with the same comment.

    Is there any way you can remove people from that service?
    Cheers!

    Ответ
  • в
    Permalink

    Howdy would you mind letting me know which web host you’re working with?
    I’ve loaded your blog in 3 completely different web browsers and I must say this blog loads a lot
    quicker then most. Can you suggest a good web hosting provider at a
    reasonable price? Thanks, I appreciate it!

    Ответ
  • в
    Permalink

    Hmm it looks like your site ate my first comment (it was extremely long) so
    I guess I’ll just sum it up what I had written and say, I’m thoroughly enjoying your blog.
    I too am an aspiring blog blogger but I’m still new to the whole thing.
    Do you have any tips for newbie blog writers? I’d really appreciate it.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Magnificent beat ! I would like to apprentice while you amend your site, how could i subscribe for a blog web site?

    The account aided me a acceptable deal. I had been a little bit acquainted of this your broadcast provided bright clear concept

    Ответ
  • в
    Permalink

    Hi, i feel that i saw you visited my web site thus i came to return the prefer?.I’m trying
    to find things to enhance my website!I assume its ok to use some of your ideas!!

    Ответ
  • в
    Permalink

    Wow that was unusual. I just wrote an really
    long comment but after I clicked submit my comment didn’t
    show up. Grrrr… well I’m not writing all that over again. Anyhow, just wanted to say superb blog!

    Ответ
  • в
    Permalink

    When I initially commented I clicked the «Notify me when new comments are added» checkbox and now each time a comment is added I
    get three emails with the same comment. Is there any way
    you can remove me from that service? Appreciate
    it!

    Ответ
  • в
    Permalink

    This is my first time pay a visit at here and i am truly impressed to
    read all at alone place.

    Ответ
  • в
    Permalink

    I am really pleased to glance at this weblog posts which consists of plenty of
    valuable information, thanks for providing these data.

    Ответ
  • в
    Permalink

    I am no longer certain the place you’re getting your information, however great topic.
    I needs to spend a while learning more or working out more.
    Thanks for fantastic information I used to be on the lookout for this information for my mission.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Magnificent goods from you, man. I have understand your stuff previous to and
    you’re just extremely excellent. I actually like what you have acquired here, really like what you’re stating and the way in which you say
    it. You make it enjoyable and you still care for to keep
    it sensible. I can’t wait to read far more from you. This is actually a terrific
    website.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Hello There. I discovered your weblog the use of msn. This is an extremely well written article.

    I’ll make sure to bookmark it and return to learn more of your useful info.
    Thanks for the post. I’ll certainly return.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Whats up are using WordPress for your blog platform? I’m
    new to the blog world but I’m trying to get started and create my own.
    Do you need any html coding knowledge to make your own blog?
    Any help would be greatly appreciated!

    Ответ
  • в
    Permalink

    I know this web site provides quality based posts and
    extra information, is there any other website which provides such information in quality?

    Ответ
  • в
    Permalink

    Greetings! Very useful advice in this particular post!
    It is the little changes which will make the largest changes.
    Thanks a lot for sharing!

    Ответ
  • в
    Permalink

    Thanks for finally writing about >Сиёсати мустамликадории Ҳукумати подшоҳӣ — Донишхона <Loved it!

    Ответ
  • в
    Permalink

    Do you have a spam problem on this blog; I also am a blogger, and I was
    wondering your situation; many of us have developed some
    nice procedures and we are looking to trade strategies with other folks,
    why not shoot me an e-mail if interested.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Hey there! This post couldn’t be written any better! Reading through this post reminds me of my previous room mate! He always kept talking about this. I will forward this page to him. Fairly certain he will have a good read. Thank you for sharing!

    Ответ
  • в
    Permalink

    Hi there I am so happy I found your blog, I really found you by accident, while I was researching on Bing
    for something else, Anyways I am here now and would just like to say cheers for
    a remarkable post and a all round thrilling blog (I also love the theme/design),
    I don’t have time to go through it all at the minute but I have saved it and also included your RSS
    feeds, so when I have time I will be back to read a great deal more, Please do keep
    up the fantastic work.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Your style is so unique in comparison to other people
    I have read stuff from. Thank you for posting when you’ve
    got the opportunity, Guess I will just bookmark this
    site.

    Ответ
  • в
    Permalink

    A fascinating discussion is definitely worth comment.
    I do think that you ought to publish more on this subject, it might not
    be a taboo matter but generally folks don’t discuss such issues.

    To the next! All the best!!

    Ответ
  • в
    Permalink

    If you would like to obtain a great deal from this paragraph then you have to apply such methods to your won blog.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Nice post. I learn something totally new and challenging on blogs I stumbleupon everyday.
    It’s always useful to read articles from other authors and use
    something from other sites.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Thanks to my father who stated to me on the topic of
    this website, this weblog is genuinely amazing.

    Ответ
  • в
    Permalink

    It’s really a cool and helpful piece of info.
    I’m glad that you simply shared this helpful info with us. Please keep us
    informed like this. Thanks for sharing.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Way cool! Some very valid points! I appreciate you writing this write-up
    plus the rest of the website is extremely good.

    Ответ
  • в
    Permalink

    This is my first time pay a visit at here and i am in fact impressed to read everthing at alone
    place.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Nice post. I learn something new and challenging on sites I
    stumbleupon on a daily basis. It will always be interesting to read through content from other
    authors and use a little something from their sites.

    Ответ
  • в
    Permalink

    It is the best time to make some plans for the future
    and it’s time to be happy. I have read this post
    and if I could I desire to suggest you few interesting things or
    advice. Perhaps you could write next articles referring to this article.
    I desire to read more things about it!

    Ответ
  • в
    Permalink

    Hey! I just wanted to ask if you ever have any problems with hackers?
    My last blog (wordpress) was hacked and I ended up losing many months of
    hard work due to no back up. Do you have any solutions to stop hackers?

    Ответ
  • в
    Permalink

    Thanks for another informative blog. The place else may I am getting that kind of info written in such a perfect manner?
    I have a challenge that I am just now running on, and
    I’ve been at the look out for such information.

    Ответ
  • в
    Permalink

    You made some good points there. I looked on the internet for more info about the issue and
    found most individuals will go along with your views on this site.

    Ответ
  • в
    Permalink

    I quite like reading through a post that can make people
    think. Also, thank you for permitting me to comment!

    Ответ
  • в
    Permalink

    Yesterday, while I was at work, my sister stole my iphone and tested to see if it can survive a thirty foot drop,
    just so she can be a youtube sensation. My apple ipad is now destroyed and she
    has 83 views. I know this is entirely off topic but I had to share
    it with someone!

    Ответ
  • в
    Permalink

    When someone writes an paragraph he/she keeps the thought of a user in his/her mind that how a user can know it.

    So that’s why this post is perfect. Thanks!

    Ответ
  • в
    Permalink

    This is very interesting, You’re a very skilled blogger.
    I have joined your rss feed and look forward to seeking more of
    your great post. Also, I have shared your
    site in my social networks!

    Ответ
  • в
    Permalink

    hey there and thank you for your info – I’ve
    certainly picked up something new from right here. I did however
    expertise several technical issues using this web site, as I experienced to reload the web site lots of times previous to I could get it to load correctly.
    I had been wondering if your web host is OK?
    Not that I’m complaining, but sluggish loading instances
    times will often affect your placement in google and could damage your
    quality score if ads and marketing with Adwords.
    Well I am adding this RSS to my email and could look out
    for a lot more of your respective fascinating content.
    Make sure you update this again very soon.

    Ответ
  • в
    Permalink

    you’re in reality a just right webmaster. The
    website loading speed is amazing. It sort of feels
    that you are doing any distinctive trick. Moreover, The contents are masterpiece.

    you’ve done a excellent task on this matter!

    Ответ
  • в
    Permalink

    We stumbled over here coming from a different website and thought I may
    as well check things out. I like what I see so
    i am just following you. Look forward to checking out your web page yet
    again.

    Ответ
  • в
    Permalink

    An outstanding share! I’ve just forwarded this onto a co-worker
    who has been conducting a little homework on this. And he in fact ordered me breakfast due to the fact that I discovered
    it for him… lol. So allow me to reword this…. Thanks for the meal!!

    But yeah, thanx for spending some time to talk about this issue here on your internet site.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Hello there, just became aware of your blog through Google, and found that it’s
    really informative. I am going to watch out for brussels.
    I’ll appreciate if you continue this in future. A lot of people will be benefited from your writing.
    Cheers!

    Ответ
  • в
    Permalink

    It’s an remarkable piece of writing in favor of all the web people; they will get benefit from it I am
    sure. natalielise pof

    Ответ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *