Осиёи Миёна дар асрҳои II-I пеш аз милод — Донишхона

Осиёи Миёна дар асрҳои II-I пеш аз милод

Бохтар ва Суғд

Аз тарафи йуҷиҳо истило шудани Бохтар боиси минбаъд пароканда ва ғайримутамарказ шудани он гардид. Вақтҳои аввал дар ҳар як шаҳр ва маҳалҳои атрофи он ҳоким менишаст. Ин тарзи идора аз замонҳои давлати Юнону Бохтар монда буд. Маъхазҳои хитоӣ хабар медиҳанд, ки дар ихтиёри ҳокими йуҷиҳо панҷ вилоят вуҷуд дошт. Баъди ба Даҳя – Бохтар кӯчидан «хо-наводаи йуҷиҳо ба панҷ хонаводаи ҳокимон тақсим шуд» . Ин матн далолат мекунад, ки тақсимоти территориявии йуҷиҳо ба принсипи авлоду қабилавӣ асос ёфтааст ва ин принсип дар байни кӯчманчиёне, ки баъдҳо ҳам ба Осиёи Миёна омадаанд, бисёр дучор мешавад.

Волиёни ин вилоятҳо унвоне доштанд, хитоиҳо онро бо калимаи «хи-хэу» (талаффузи қадимияш ŋhӯap-goh) ифода кардаанд. Қариб шакке нест, ки ин худи ҳамон унвон мебошад, ки баъдҳо дар тангаҳои Кушониён ба намуди уаvуgа ба назар мерасад ва сипас, ба туркҳо ба шакли «ябғу» гузаштааст. Ба ақидаи Г.Бейли, баромади унвони мазкур форсӣ ва маънояш бояд «сардор» бошад.

Тартиби реалии воқеаҳое, ки дар асрҳои II–I пеш аз милод ҷараён ёфта-анд, амалан маълум нестанд. Ягона маълумоте, ки мо дорем, аз тадқиқи ма-териалҳои нумизматӣ ва археологӣ ба даст омадаанд.

Эҳтимол, баъди заволи давлати Юнону Бохтар ҳам, дар сарзамини Бо-хтар обола ном пули майдае дар муомилот буд, ки рӯяш расми подшоҳи Юнону Бохтар — Евкратидро дошт. Тангаҳое, ки дар ҷануби Тоҷикистон ёфт шудаанд, далолат мекунанд, ки ин тангаҳо дар замони йуҷиҳо ҳам, яъне дар охири асрҳои II-I пеш аз милод бароварда мешуданд. Зотан ин тангаҳо айнан ба намуди тангаҳои худи Евкратид сикка зада мешуданду фақат навиштаҷоти онро андак дигар мекарданд. Тахмин меравад, ки аз ин хел тан-гаҳо чанд намуд бароварда шудааст (онҳо аз Ҳисор ва Қубодиён ёфт шуда-анд) .

Дигар тангаҳо низ хеле муҳиманд, ки ба намуди тангаҳои яке аз охирин подшоҳони Юнону Бохтар Гелиокл бароварда шудаанд. Баъзе аз ин тангаҳо ба тангаҳои Гелиокл қариб айнан монанд аст, дар баъзе дигари онҳо сурати асп ҳаст, ки дар тангаҳои Гелиокл набуд. Тангаҳои сурати аспдор тангаҳои давраи сонӣ мебошанд ва, аз афти кор, аз ягон дигаргуниҳои сиёсӣ ва шояд аз кӯшишҳои марказонии ҳокимият дар асри I пеш аз милод далолат мена-моянд. Ин тангаҳо дар водиҳои Сурхандарёву Ҳисор  ва дар райони Фархори Тоҷикистон ёфт шудаанд.

Дар Суғд ҳам ба тақлиди тангаҳои Юнону Бохтар сикка мезаданд. Вале чун намуна тетрадирҳамҳои Евтидем истифода мешуд. Як қисми ин тангаҳо ба нусхаи қадимии аслӣ монанданд. Эҳтимол, дар нимаи дувуми муддати мавҷудияти давлати Юнону Бохтар сикка зада мешуданд (ва дар муомила буданд), яъне дар ҳамон даврае, ки Суғд, мумкин аст, аз зери ҳокимияти Юнону Бохтар аллакай озод шуда буд. Дигар навъ тангаҳо, ки аз нусхаи аслӣ хеле фарқ доранд, эҳтимол, баъди суқути Юнону Бохтар сикка зада мешу-данд. Ин тангаҳо, аз афти кор, ба воҳаи Бухоро тааллуқ доранд.

Ғайр аз ин дар Суғд (ва қисман дар Бохтар) дигар тангаҳо ҳам дар муо-милот буданд. Тангаҳое, ки дар паси он сурати камонгар сабт шудааст, ҷоли-би диққат мебошанд; бо хатти юнонӣ номи шоҳи Селевкиён Антиох навишта шудаасту вале дар рӯи танга расми Антиох не, балки расми волии маҳаллӣ нақш ёфтааст. Ин гуна тангаҳо аз Тали Барзуи қарибии Самарқанд ва аз Панҷакент ёфт шудаанд.

Тангаҳое, ки дар онҳо номи Гиркод сабт шудааст, хеле бисёранд ва хати онҳо қисман юнонӣ ва қисман суғдӣ мебошанд. Р.Гиршман таклиф мекунад, ки навиштаҷоти юнонии баъзе тангаҳо ин тавр хонда шавад: «ҳТангаи] Гир-код ҳписари] Ардетри сакараук». Дар сурати суғдӣ будани навиштаҷот номи мазкурро Артадр (ё Аратадр) ва сакараукро «сакараг» хондааст.  Дар асоси ин тавр хондани навиштаҷоти тангаҳо Р.Гиршман иддао мекунад, ки Суғдро маҳз сакараукҳо ишғол кардаанд ва дар он маскан гирифтаанд ва зотан, аз ҳисоби сарвати ин вилояти бой иқтидори онҳо хеле афзудааст. Вале худи ин тавр хондани навиштаҷоти тангаҳо боиси шак аст.

Дар поёноби Кофарниҳон (водии Бешкент) ва дар маҳалли Бобошоб (дар соҳили чапи Аму, дар байни истгоҳи Тошработ ва Муқрӣ) сағонаҳои калони кӯчманчиён кашф шудаанд. Онҳо андак дуртар аз воҳаҳои муқиминишини зи-роаткор, дар маҳалҳои нимбиёбон, вале дар қарибии чоҳу чашмаҳо воқеъ гар-дидаанд. Сағонаҳо берун аз ҳудуди заминҳои обӣ воқеъ гаштаанд. Ба ҳамин тариқ, мавқеи онҳо нисбат ба тамоми воҳаҳо гӯё як навъ мавқеи ҳукм-рониро дорад. Аз дигар тараф, сағонаҳо дар мобайни убургоҳҳои Аму ҷой гирифтаанд. Ҳамаи ин чунин нуктаро тақвият медиҳад, ки дар замони ба ноҳияҳои шимолии Бохтар кӯчидани одамон, шумораи зиёди мардум ба тарзи ҳаёти нимкӯчманчигӣ гузашта буданд.

Аз сағонаҳое, ки дар водии Кофарниҳон тадқиқ шуданд, материали фа-ровон– аслиҳа (пайкон, ханҷар ва ғ.), асбоби зинат (аз ҷумла, тиллоӣ), сафолот ва ғ.  ба даст омаданд. Аксари ин ашё, бешак, аз аҳолии маҳаллии муқимӣ гирифта шудааст, масалан, асбобҳои сафолии хоси бохтариҳо ва ғ. Ин дало-лат мекунад, ки ба туфайли таъсири мадании аҳолии маҳаллӣ бисёр унсурҳои маданияти Бохтар дар маишати кӯчманчиёни истисморгар бо суръату вусъат ҷорӣ гардид. Ҳафриёт маълум кард, ки навомадаҳо мувофиқи намуди антропологии худ ба сокинони ноҳияҳои шимолии Осиёи Миёна – ба сакоиҳо ва усуниҳои Ҳафтруду Назди Арал хеле қаробат доранд ва зимнан таъсири антропологии муғулсимоҳо ҳам возеҳ ба назар мерасад.  Вале эҳти-мол дорад, ки ин ёдгории бегонагон не, балки ёдгории аҳолии кӯчманчии Бо-хтар бошад (фарзияи Б.А.Литвинский).

Сағонаҳои кӯчманчиёни навомада дар Суғд ҳам тадқиқ шудаанд. Маса-лан, сағонаҳои Қӯймазор ва Лавандак аз ҳамин қабиланд . Аҳамияти таъри-хию мадании ин сағонаҳо ба аҳамияти сағонаҳои Бохтар қариб баробар аст. Дар ин ҷо, яъне дар Суғд ҳам навомадаҳо аз маданияти аҳолии маҳаллии муқимӣ баҳравар шудаанд.

Давлати қадимии Фарғона – Даван

Дар маъхазҳои хитоии асрҳои II–I пеш аз милод Даван ном як кишвари васеи пурсарвати серодам тасвир шудааст. Аксарияти куллии муҳаққиқон – ҳам русҳо ва ҳам хориҷиён Даванро дар Фарғона ҷой медиҳанд. Муаммо дар ҳамин, ки баромади калимаи «Даван»-ро, ки ба калимаи «Фарғона» ҳеҷ мо-нандӣ надорад, чӣ хел шарҳ додан мумкин бошад. Умуман, калимаи «Да-ван» то асри III пеш аз милод дучор меояд. Баъд номҳои «Бохан» ва «Полона» ба назар мерасанд ва зимнан ишорат меравад, ки ин ном муродифи «Да-ван»-и қадим аст. Шубҳае нест, ки Полона транскрипсияи хитоии калимаи Фарғона мебошад . Дар бобати Даван бошад, чи тавре дар боло ҳам қайд кардем, чунин ақида пешниҳод шудааст, ки хитоиҳо зери номи Даван ки-швареро дар назар доштанд, ки номи он бо номи тахорҳо (Тахwақ) алоқаманд аст.

Мувофиқи маълумоте, ки дар охири асри II пеш аз милод аз Хитой даст-рас шудааст, аҳолии Фарғона 300 ҳазор нафар будааст. Вале дар он вақт рӯй-хатгирии аҳолӣ набуд ва инчунин усулҳои тақрибан муайянкунии шумораи аҳолӣ низ вуҷуд надошт. Ба ин сабаб рақами мазкур маҳсули хаёли сайёҳ аст, на хабари аниқу дақиқ. Дар Даван бисёр шаҳру деҳаҳои калон будааст (сар-чашмаҳо 70 номгӯйро додаанд). Шаҳри асосии Даван — Арши будааст.

Ривоят мекунанд, ки «мардум чашмони чӯкида ва риши ғуллӣ доранд, дар тиҷорат моҳиранд… Занонро ҳурмат мекунанд. Зан чизе гӯяд, шавҳар ҳақ надорад, онро иҷро накунад» .

Даван чун мамлакате тасвир шудааст, ки хоҷагии қишлоқи мутараққӣ дорад. Дар ин ҷо токзорҳои калон будааст. Шаробе мекашидаанд, ки даҳҳо сол нигоҳ медоштаанд. Юнучқа мекиштаанд (номашро алафи «му-су» гуфтаанд).

Хусусан, аспҳои Фарғона машҳур будаанд. Масалан, дар байни онҳо арғумоқҳое будаанд, ки ҳар як ашрофзодаи мамлакатҳои ҳамсоя орзу ме-кард, соҳиби чунин аспе шавад. Хитоиҳо, алалхусус, дар орзуи он аспҳои Фарғона буданд, ки «хун метаровиданд». Онҳо ин аспҳоро аспҳои илоҳӣ ме-номиданд ва итминон доштанд, ки савори ин гуна асп ба «абадистон» раси-дан мумкин аст. Хусусан, императори оли ханҳо Ву-ди, ки шабурӯз илоҷи ҷовид шуданро меҷуст, мудом орзу мекард, ки соҳиби чунин аспҳои хунтаро-виш шавад. Ин аспҳои Фарғона дар Хитой, ҳатто мавриди парастиш шуданд. Кор ба дараҷае расид, ки шоирон дар ҳаққи ин аспҳо қасидаҳо гуфтанд. Ле-кин ин аспҳо ба қасида не, балки ба муолиҷа мӯҳтоҷ буданд, хун таровидани ин аспҳо, ки ба назари хитоиҳо қудрати илоҳӣ менамуд, аслан аз газидани кирму кана хуншор шудани пӯст буд.

Императорҳои Хитой мекӯшиданд, ки Даванро тасхир намоянд. Халқи Даван ба муқобили истилогарон дар муддати солҳо ҷанги вазнини хунин бурд. Соли 104 пеш аз милод ба Даван 60 ҳазор лашкари савора фиристода шуда, илова бар он ба мадади онҳо, чӣ тавре сарчашмаи хитоӣ менависад, «даҳҳо ҳазор ҷанговарони ҷавони хитоӣ» дода шуд. Ин лашкари сершумор шикаст хӯрда, ба мақсад нарасид ва боқимондаи ночизи он қафо гашт. Баъди ин ба Даван бори дувум ҳуҷум карданд, ки дар он лашкари шастҳазорӣ ва даҳҳо ҳазор мададгорон ширкат доштанд. Фарғонагиҳо зери роҳбарии шоҳи худ Муғия зидди истилогарон фидокорона ҷангиданд. Гарчанде дар ин муҳориба бисёр фарғонагиҳо ҳалок шуданд ва худи Муғия бо роҳи хиёнат кушта шуд, истилогарон Даванро гирифта натавониста, маҷбур гардиданд, ки ақиб раванд. Барои таъмини идомаи сиёсате, ки Муғия мебурд, баъди вай додарашро ба тахт шинонданд.

Ба ҳамин тариқ, халқи Фарғона бо мадади дигар халқҳои ҳамсояи Осиёи Миёна истилои оли Ханҳоро рафъ кард ва истиқлоли худро нигоҳ дошт.

Халқҳо ва ноҳияҳои шимолӣ

Яке аз халқҳое, ки дар мушкилӣ дастгири фарғонагиҳо шуд, канғуйҳо бу-данд (талаффузи қадимиаш khan-kiah). Дар сарчашмаҳо Канғуй муфассал тасвир шудааст. Аз як тараф Канғуй бо Даван, яъне Фарғона, ҳамсарҳад буд ва зоҳиран, ин сарҳад аз ҷанубу шарқ мегузашт. Дар ҷануб ҳудуди Канғуй бо мулки йуҷиҳо мепайваст. Дар шимолу ғарб сарзамини Канғуй то Ян-сай, яъне то хоки қабилаҳои сармату олони Назди Арал тӯл мекашид ва ин қаби-лаҳо тобеи Канғуй буданд.

Худи канғуйҳо киҳо буданд? Маркази сарзамини беканори онҳо дар куҷо буд? Ақидаи С.П.Толстов, ки мувофиқи он Канғуй ва Хоразм як чизанд, дар илми таърихшиносӣ хеле маъмул буд ва муддати дароз баҳснопазир дониста мешуд.  Вале тадқиқи муфассали сарчашмаҳо ва натиҷаи тадқиқотҳои нав-тарин нишон доданд, ки бисёр фактҳо муқобили ин ақида мебошанд.

Чарогоҳи канғуйҳо, эҳтимол дар лаби Сир воқеъ буда, қароргоҳи ҳокимо-ни онҳо дар қарибиҳои Тошканд ҷой дошт. Ба ҳамин тариқ, маркази Канғуй дар маҷрои миёнаи Сир буд. Аз ин ҷо маълум, ки чаро канғуйҳо ба мадади фарғонагиҳо омада, зидди хитоиҳо ҷангиданд. Хоразм бошад, дар як гӯшаи дурдасти сарзамине воқеъ буд, ки ба Канғуй итоат мекард.

Нисбати этникии канғуйҳо мавриди баҳси олимон қарор гирифтааст. Ақидае ҳаст, ки онҳо турк мебошанд. Баъзеҳо исбот мекунанд, ки канғуйҳо аз мардумони тахоризабонанд. Вале дурусташ ҳамин, ки онҳо аз мардумони эронизабон буда, авлоду ворисони сакоиҳои Сир мебошанд.

Сарчашмаҳо канғуйҳоро «аҳли кӯчӣ» номидаанд. Инчунин ривоят мера-вад, ки мувофиқи урфу одат Канғуй «айнан бо Янсай як аст». Вале дар Янсай «мардум андаруни чордевори кулӯхӣ зиндагӣ мекунанд». Дар ҳақиқат, дар территорияи Қанғуй манзилгоҳҳо хеле бисёр буданд».

Аз рӯи маъхазҳои хаттӣ маълум мешавад, ки Канғуй иттиҳоди тавонои давлатӣ буд. Дар айни авҷи тараққиёти худ дар асри I пеш аз милод 120 ҳаз. лашкар дошт. Канғуй сиёсати мустақилонаи хориҷиро пеш мебурд ва ба ҳамсояҳои худ дар муборизаи онҳо зидди истилогарони аҷнабӣ мадад мера-сонд. Дар замони осоишта ҳам Канғуй ба намояндагони оли Ханҳо равшан нишон медод, ки оли Ханҳоро заррае писанд намекунад ва онҳо маъюсона хабар мекашиданд, ки «Канғуй… сарбаланд ва саркаш аст».

Таърихи минбаъдаи Канғуй равшан нест. Ҳанӯз дар соли 270 пеш аз ми-лод вай ба мамлакатҳои хориҷи Осиёи Миёна ҳайъатҳои сафорат мефири-стондааст. Баъдтар Канғуй тамоман аз қувват монда, ба ҳайъати давлати Ҳайтолиён дохил мешавад.

Тадқиқоти археологии маҷрои миёнаи Сир нишон дод, ки дар ин ҷо сағонаву бошишгоҳҳо бисёранд. Аввалин бошишгоҳе, ки тадқиқ шуд (аз та-рафи Г.В.Григорйев), бошишгоҳи Қавунчии назди Янгийӯл буд. Дар паҳлуи ин бошишгоҳ сағонаи Ҷуно воқеъ гардидааст. Археологҳо маданияти маҷрои миёнаи дарёи Сирро, ки дар асрҳои охири пеш аз милод ва асрҳои аввали милод вуҷуд дошт, маданияти Қавунчию Ҷуно меноманд. Доираи ин мада-ният баъдҳо вусъат ёфта, то ба кӯҳҳои Қаромазор ва Самарқанд расид. Ана ҳамин маданият маҳз маданияти Канғуй мебошад. Мувофиқи пайдоиши худ ин маданият, бешак, маданияти маҳаллӣ аст. Аз рӯи мадракҳои бостонши-носӣ маълум шуд, ки дар байни бутҳои канғуйҳо Фарн ном буте низ будааст, ки ба қатори бутҳои дини зардуштӣ медарояд. Ин бут ҳофиз ва ҳомии ҳам ҳокимон ва ҳам парастори рӯзгору оилаву саломатӣ мебошад. Баъзан ин бут ба намуди гӯсфанд муҷассам карда мешуд. Маҳз ба ҳамин сабаб аҳли Канғуй дастаи зарфҳои худро ба шакли ягон ҳайвон – дар ин сурат, ба шакли гӯсфанд месохтанд (боқимондаҳои ин тасаввурот дар байни тоҷикон дар рӯзҳои мо ҳам ба назар мерасанд) .

Усун (талаффузи қадимиаш *O-swən) иттиҳоди калони қабилаҳоест дар шимолу шарқи Осиёи Миёна ва Туркистони шарқӣ. Мувофиқи ривояте усунҳои аввал дар Муғулистон сокин шуда, баъд ба ғарб кӯчидаанд. Ҳокими усунҳо Кунмо ном дошт (кун-бағ «сардори қабилаҳо»). Ривоят ҳаст, ки усунҳо дар Муғулистон зиндагӣ мекардаанд ва кунмо Нан-доу-мии ҳокими онҳо бу-дааст. Баъдтар ба усунҳо йуҷиҳо ҳамла карданду Нан-доу-ми кушта шуд ва усунҳо ба хоки хуннҳо кӯчиданд, ки шояд хуннҳо онҳоро тарафгирӣ кунанд (мувофиқи як варианти дигар хуннҳо худашон сардори усунҳоро куштаанд). Аз Кунмои кушташуда як писарчаи навзод мондааст. Боре парастори ин пи-сарчаи навзод «кӯдакро парпеч карда, мобайни алафҳо монду худаш рафт, ки қути лоямуте пайдо кунад. Гашта омада дид, ки модагурге ба кӯдак сина медиҳад ва зоғе пораи гӯшт дар минқор болои онҳо чарх мезанад. Парастор пиндошт, ки ин кӯдак бут аст ва ӯро бо эҳтиёт бардошта, ба назди хуннҳо бурд. Ба шанюйи хуннҳо ин писарак писанд омад ва ӯро ба тарбият гирифт. Вақте кунмо ба балоғат расид, шанюй раияи падарашро ба ихтиёри вай дод ва сардори лашкар таъин кард. «Кунмо қувват гирифта, дар охири охирон ба йуҷиҳо, ки ба ғарб кӯчида буданд, ҳуҷум кард ва қасоси падарашро гирифта, онҳоро торумор намуд» .

«Усунҳо на ба зироат машғуланд ва на ба боғдорӣ, балки бо чорвои худ ба куҷое, ки алаф бисёру об бошад, кӯчманчигӣ мекунанд» – мегӯяд сарчашма. Дар асри I пеш аз милод хитоиҳо тахмин кардаанд, ки шумораи усунҳо аз 600 ҳазор беш аст. Ин кишвар яке аз зӯртарин кишварҳои Осиёи Миёна буду Хитой дар назди он тамаллуқ мекард. Мақоми намояндагони ашроф баланд буд. Ба сарватмандии онҳо ҳамин як маълумот далолат мекунад, ки ҳар яки онҳо чорвои бешумор, аз як худи асп 4-5 ҳазор сар доштанд. Писарони бо-лиғи кунмо ҳар яке соҳиби мулки худ буд ва кунмо ҳақ надошт, ки корҳои давлатиро танҳо худаш ҳал кунад.

Кунмои нав аз тарафи «оқсаққолон» ба тахт бардошта мешуд .

Охирин маълумот дар бораи усунҳо дар ҳисоботи Дун-Дин ном сафире ҷой дорад, ки соли 435 ба пойтахти усунҳо «Шаҳри Водии сурх» омада буда-аст, дар ҳамон вақт аварҳо усунҳоро сахт ба танг меовардаанд, баъдҳо усунҳо, умуман, истиқлолияти сиёсии худро аз даст додаанд .

Дар Тяншон ва дар Ҳафтруд бисёр сағонаҳои усунҳо кашф шудаанд . Материале, ки аз ин кашфиёт ба даст омад, имкон дод таърих ва маданияти усунҳо аниқтар ва равшантар карда шавад. Фақат ҳаминро бояд қайд кард: сарчашмаҳои хаттӣ хабар медиҳанд, ки усунҳо аз шарқ омадаанд, вале ин хабарро бечунучаро қабул кардан лозим не. Аз афти кор, ба Осиёи Миёна қабилаҳои нисбатан камшумор кӯчида омадаанд. Қисми асосии иттиҳоди қабилаҳое, ки дар таърих бо номи «усунҳо» маъмул аст, ин худи ҳамон аҳо-лии маҳаллии сакоӣ мебошанд, ки баъдҳо трансформатсия шудаанд.

Маълум, ки усунҳо на фақат чорводорӣ мекарданд. Онҳо ҳунармандӣ ва зироатро ҳам медонистанд. Гуфтан мумкин, ки усунҳо ҳам, мисли сакоиҳо дар мавзеъҳои калони Туркистони шарқӣ маскун буданд.

Порт. Ғалабаи Порт бар Рим

Иқтидори Порт дар аҳди Меҳрдоди II ниҳоят афзуд. Баъд аз сари вай (со-ли 88/7 пеш аз милод) кори Порт аввал омад накард. Дар ҳамин вақт Рим дар шарқ сиёсати ниҳоят таҷовузкорона мебурд. Ҳар ду тараф дарёи Фуротро хатти сарҳадди ду мамлакат муқаррар карданд. Вале амалиёти таҷовузкоро-наи римиҳо ногузир портҳоро низ ба ҷангу ҷидол мекашид, алалхусус, ки портҳо ҳам феълу хӯи тез доштанд. Аввалин задухӯрдҳо соли 65 пеш аз милод шуд ва римиҳо ғалабаи комил ба даст оварданд.

Соли 54 пеш аз милод Рим ба юриши калони зидди Порт тайёрӣ дидан гирифт. Ба лашкари римиҳо Красс ном лашкаркаши машҳур сарварӣ ме-кард, вале Красс ҷои муҳорибаҳоро мутлақо намедонист ва бо тактикаи портҳо шинос набуд. Қисми асосии лашкари портҳо бо сардории шоҳ Ороди II ба Арманистон дохил шуданд ва умед доштанд, ки лашкари Красс ба ин ҷо меояд. Вале Красс ба водӣ баромада, ба тарафи Байнаннаҳрайн раҳсипор шуд ва зимнан ба ҳисоб нагирифт, ки лашкари савораи портҳо маҳз дар водӣ хавфи зиёд дорад. Лашкари римиҳо аз Фурот гузашт ва лашкари портҳо қас-дан ақибнишиниро вонамуд карда, бо фиреб душманро аз паси худ ба ма-софаи роҳи се-чоррӯза ба як маҳалли дурдасти хилват овард. Сарлашкари портҳо Сурона ба муҳориба нағз тайёрӣ дид. Ғайр аз дастаҳои муқаррарии аскарони савора вай ҳазор катафрактарий, яъне саворагони зиреҳпӯш дошт. Вай пешакӣ тири бешумореро захира кард.

9 майи соли 53 пеш аз милод дар қарибии шаҳри Карра портҳо ба лаш-кари римиҳо дарафтоданд. Пеш аз муҳориба садои мудҳиши нақораҳои ҷан-гии портҳо ба осмон печид. «Бо ин наъра ба дили римиҳо воҳима андохта,– менависад Плутарх (Марк Красс, 24),– портҳо ба якборагӣ чодар аз китф партофтанд ва дар пеши назари римиҳо чун алангаи оташ ҷилвагар шуданд – хӯду зиреҳи онҳо аз фӯлоди Мароға буду дар офтоб рахшида, чашмҳоро мебурд, аспони онҳо ҳам зиреҳи мисӣ ва оҳанӣ доштанд. Худи Сурона пеш баромад, ки марде буд қавиҳайкал ва хушсурат. Портҳо тез сафи сирак ка-шида, аз дур қариб нишон нагирифта (римиҳо чунон зич меистоданд, ки кас хоҳад ҳам тираш хато намерафт), римиҳоро тирборон карданд ва камонҳои калони зеҳсахти худро бо тамоми қувват қат карда, тирҳои ҷоншикор раҳо менамуданду зарбаҳои сахти кироӣ мезаданд. Дар чунин шароит ҳоли ри-миҳо табоҳ шуд…»

Красс инро дида беҳтарин қисмҳои лашкари худро бо сардории писараш ба ҷанг даровард. Портҳо нохост қафо гурехтанд. Вақте ки дастаи римиҳо портҳоро таъқибкунон хеле дур рафтанд, портҳо якбора, худи римиҳоро иҳо-та карданду ҳамаро аз дами теғ гузаронданд.

Лашкари римиён дар торикии шаб роҳи гурезро пеш гирифт, вале халос шуда натавонист. Дар ниҳояти кор аксари сарбозони римӣ кушта шуда, боқимондаашон асир афтиданд. Красс низ ҳалок шуд. Сари ӯро аз тан ҷудо карда, чун ғанимати ҷангӣ ба Ороди II оварда доданд .

Мувофиқи хабари баъзе маъхазҳо, римиёни асирро дар ноҳияи Марв маскун карданд. Дар ин ҷо легионерҳои Рим хонаву бачадор шуданд ва дар лашкари портҳо хизмат мекарданд (Горатсий, «Одаҳо», III, 5, 5). Як қисми онҳо, аз афти кор, ба тарафи шимолу шарқ рафта, дар Ҳафтруд сокин шу-данд . Дар яке аз ҳуҷҷатҳои Нисо гуфта мешавад, ки аз сардорони тагма ша-роб қабул карда шуд ва зимнан номи он сардорон портӣ аст. «Тагма» бошад, калимаи юнонист, ки дар аҳди Рим маънои «легион»-ро дошт.

И.М.Дяконов ва В.А.Лившитс тахмин мекунанд, ки дар ҳуҷҷати Нисо шаробе қайд шудааст, ки аз легионерҳои сокини Порти шарқӣ омадааст . Ин тахмин ҷолиби диққат аст, вале онро баҳснопазир гуфтан мумкин не, зе-ро, эҳтимол, ин истилоҳот дар рафти робитаи порту римиҳо ба забони портӣ дохил шуда бошад (шояд ин калима бевосита аз забони юнонӣ гирифта шуда бошад, ки он маънои «саф», «дастаи лашкар»-ро дошт).

Дар аҳди подшоҳ Покор соли 40 пеш аз милод портҳо, ҳатто Сурия ва Фаластинро тасхир намуданд. Осиёи Сағир ба онҳо мутеъ шуд. Рости гап, Рим дере нагузашта ин ҷойҳоро боз кашида гирифт. Вале муҳимаш ин не – муҳимаш ҳамин, ки дар асри I пеш аз милод Порт душмани тавонои Рим буд ва лашкари портҳо борҳо лашкари римиёнро торумор кард.

Осиёи Миёна дар асрҳои II-I пеш аз милод: 73 комментария

  • в
    Permalink

    Hey I am so happy I found your weblog, I really found you by error, while I was searching on Google for something else, Regardless
    I am here now and would just like to say thanks a lot for a tremendous post and
    a all round exciting blog (I also love the theme/design), I don’t
    have time to read through it all at the moment but I have saved it and also added in your RSS feeds, so when I have time I will be back to read a great deal more, Please do
    keep up the excellent b.

    Ответ
  • в
    Permalink

    great submit, very informative. I’m wondering why the opposite specialists of this sector don’t realize this.

    You should continue your writing. I am confident,
    you’ve a great readers’ base already!

    Ответ
  • в
    Permalink

    Sweet blog! I found it while searching on Yahoo News.
    Do you have any tips on how to get listed in Yahoo News?
    I’ve been trying for a while but I never seem to get
    there! Thank you

    Ответ
  • в
    Permalink

    Fantastic goods from you, man. I have understand your stuff previous to
    and you are just too great. I actually like what you
    have acquired here, really like what you’re stating and the way in which
    you say it. You make it entertaining and you still care for to keep it sensible.
    I cant wait to read much more from you. This is really a tremendous web site.

    Ответ
  • в
    Permalink

    It’s in reality a nice and helpful piece of info.
    I am satisfied that you shared this helpful information with us.

    Please keep us informed like this. Thanks
    for sharing.

    Ответ
  • в
    Permalink

    I don’t know whether it’s just me or if perhaps everybody else experiencing issues with your blog.
    It appears as though some of the written text on your posts are
    running off the screen. Can somebody else please provide feedback
    and let me know if this is happening to them as well?
    This could be a problem with my web browser because I’ve had
    this happen previously. Thanks

    Ответ
  • в
    Permalink

    This is a topic that’s near to my heart…
    Cheers! Exactly where are your contact details though?

    Ответ
  • в
    Permalink

    I am really loving the theme/design of your
    blog. Do you ever run into any internet browser compatibility problems?
    A couple of my blog readers have complained about my blog not working correctly in Explorer but looks great in Firefox.

    Do you have any advice to help fix this issue?

    Ответ
  • в
    Permalink

    Right here is the right web site for anybody who hopes to understand
    this topic. You realize a whole lot its almost tough to argue with you (not that I actually will need to…HaHa).
    You certainly put a fresh spin on a subject which has been written about for a long
    time. Wonderful stuff, just excellent!

    Ответ
  • в
    Permalink

    Thanks on your marvelous posting! I genuinely enjoyed reading it, you could be a
    great author. I will be sure to bookmark your blog and definitely will come back
    from now on. I want to encourage yourself to continue your great work, have
    a nice evening!

    Ответ
  • в
    Permalink

    hello there and thank you for your info – I have definitely picked up anything new from right here.

    I did however expertise some technical issues using this website, as I experienced to reload the site a lot of times previous to I could get it to
    load correctly. I had been wondering if your hosting is OK?
    Not that I am complaining, but slow loading instances times will sometimes affect your placement in google and can damage
    your high quality score if ads and marketing with Adwords.
    Well I’m adding this RSS to my email and can look out for much
    more of your respective interesting content. Make sure you update this again soon.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Please let me know if you’re looking for a article author for your weblog.
    You have some really great articles and I believe I
    would be a good asset. If you ever want to take some of the load off, I’d
    absolutely love to write some content for your blog in exchange
    for a link back to mine. Please shoot me an e-mail if
    interested. Regards!

    Ответ
  • в
    Permalink

    I think this is among the most vital information for me.
    And i am glad reading your article. But want to remark on some general
    things, The website style is great, the articles is really nice : D.
    Good job, cheers

    Ответ
  • в
    Permalink

    I’m truly enjoying the design and layout of your site. It’s a very easy on the eyes which makes
    it much more enjoyable for me to come here and visit more often.
    Did you hire out a developer to create your theme? Superb
    work!

    Ответ
  • в
    Permalink

    Fantastic blog! Do you have any recommendations for aspiring writers?
    I’m planning to start my own site soon but I’m a little lost on everything.
    Would you recommend starting with a free platform like WordPress
    or go for a paid option? There are so many choices out there that I’m totally overwhelmed ..

    Any suggestions? Thank you!

    Ответ
  • в
    Permalink

    Hey I know this is off topic but I was wondering if you knew of any widgets I could add to my blog that automatically tweet my newest
    twitter updates. I’ve been looking for a plug-in like this for quite some time and was hoping maybe you would have some experience with something like this.
    Please let me know if you run into anything.
    I truly enjoy reading your blog and I look forward to your new
    updates.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Greetings! I know this is somewhat off topic but I was wondering if you knew where I could locate a captcha plugin for my
    comment form? I’m using the same blog platform as yours and I’m having difficulty finding one?
    Thanks a lot!

    Ответ
  • в
    Permalink

    It’s genuinely very complicated in this busy life to listen news on Television, therefore I
    just use the web for that purpose, and take the hottest information.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Wonderful article! This is the kind of info that should be shared around the web.

    Shame on Google for now not positioning this publish upper!
    Come on over and seek advice from my web site . Thanks =)

    Ответ
  • в
    Permalink

    I visit daily a few web pages and information sites to
    read content, except this webpage offers feature based posts.

    Ответ
  • в
    Permalink

    It’s actually a cool and helpful piece of information.
    I’m happy that you simply shared this helpful info with us.
    Please keep us informed like this. Thank you for sharing.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Today, while I was at work, my cousin stole my apple ipad and tested to see if it can survive a twenty five foot
    drop, just so she can be a youtube sensation. My apple ipad is now broken and she has 83 views.
    I know this is entirely off topic but I had
    to share it with someone!

    Ответ
  • в
    Permalink

    After looking at a number of the articles on your site, I honestly like
    your technique of writing a blog. I saved it to my bookmark
    site list and will be checking back in the near future.

    Please check out my website as well and
    tell me how you feel.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Thanks a lot for sharing this with all folks you actually realize
    what you are speaking approximately! Bookmarked. Kindly additionally discuss with my website =).
    We may have a link exchange agreement among us

    Ответ
  • в
    Permalink

    Heya this is kind of of off topic but I was
    wondering if blogs use WYSIWYG editors or if you have to manually code with HTML.
    I’m starting a blog soon but have no coding know-how so I wanted to get guidance from someone with experience.
    Any help would be enormously appreciated!

    Ответ
  • в
    Permalink

    Aw, this was an exceptionally good post. Finding the time and actual effort to create a very good article… but what can I say… I put things off a
    whole lot and never seem to get anything done.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Excellent blog here! Also your website loads up fast!

    What host are you using? Can I get your affiliate link to your host?
    I wish my website loaded up as quickly as yours lol

    Ответ
  • в
    Permalink

    I like the valuable information you supply in your articles.
    I’ll bookmark your weblog and test once more right here regularly.
    I’m relatively certain I’ll be told a lot of new stuff right here!
    Good luck for the following!

    Ответ
  • в
    Permalink

    I every time used to read article in news
    papers but now as I am a user of internet thus from now I am using net for
    articles, thanks to web.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Excellent weblog here! Also your web site loads up fast!
    What host are you the use of? Can I am getting your affiliate hyperlink for your host?
    I wish my web site loaded up as quickly as yours lol

    Ответ
  • в
    Permalink

    Wow, incredible blog layout! How long have you ever been running a blog for?
    you made running a blog look easy. The entire glance of your site is magnificent, let alone the content!

    Ответ
  • в
    Permalink

    Wow, amazing blog layout! How long have you been blogging for?
    you made blogging look easy. The overall look of your site is great, let alone the content!

    Ответ
  • в
    Permalink

    I read this piece of writing completely on the topic of the difference of latest and previous technologies, it’s
    amazing article.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Great post. I was checking constantly this blog and I’m impressed!
    Extremely helpful information specially the last part :
    ) I care for such info much. I was seeking this certain info for
    a long time. Thank you and best of luck.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Hey fantastic blog! Does running a blog such as this
    take a massive amount work? I have very little knowledge of programming however I was hoping to start
    my own blog soon. Anyhow, if you have any suggestions or tips for new blog owners
    please share. I understand this is off subject however I simply
    had to ask. Many thanks!

    Ответ
  • в
    Permalink

    Heya i am for the primary time here. I found this board and I to find It really helpful & it helped me
    out much. I am hoping to provide one thing again and help others like
    you helped me.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Hi there! I just wanted to ask if you ever have any
    problems with hackers? My last blog (wordpress) was hacked and I ended up losing several weeks of hard work due to no backup.
    Do you have any methods to stop hackers?

    Ответ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *