Оғози ба Русия ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна

Инкишофи минбаъдаи робитаҳои тиҷоратию сиёсии Россия бо давлатҳои Осиёи Миёна

Чунон ки дар боло қайд карда шуд, ҳукумати подшоҳии рус саъй менамуд, ки бо роҳи иқтисодӣ ва дипломатӣ мавқеи худро дар Осиёи Миёна мустаҳкам карда, нуфузи ҳукмфармои худро дар Бухоро, Хева ва Хӯқанд пойдор гардонад. Дар охири солҳои чилум ва ибтидои солҳои панҷоҳуми асри ХIХ кӯшишҳои Британия дар роҳи вусъат додани тиҷорат ва дасисаҳои сиёсии он Петербургро ба ташвиш андохта, дар вай хавфи ҷиддии аз даст рафтани бозори осиёи миёнагии молҳои рус ва дар ҳудуди ҷанубии Россия устувор гардидани мавқеи ҳарифони хатарнокро ба вуҷуд овард. Аз ин рӯ, ҳукумати подшоҳӣ барои инкишофи минбаъдаи муносибатҳо бо давлатҳои хонии Осиён Миёна ҳаракат намуда, дар айни замон ба мақсади барқарор кардани ҳукм¬ронии худ дар он сарзамин иқдомоти ҳарбӣ низ ба амал овард.

Дар соли 1847 қӯшуни ҳукумати подшоҳӣ ба соҳилҳои баҳри Арал расид. Дар ин ҷо бо унвони Раим истеҳкоме бино карда шуд, ки баъдҳо номи Қалъачаи Аралро ба худ гирифт. Ин истеҳком ва дигар қалъаҳои соҳили баҳри Арал барои он сохта шуда буданд, ки ҳаракати бемонеаи корвонҳои тиҷоратӣ ба дарунтари Осиёи Миёна таъмин гардад. Дар худи ҳамин вақт дастаи дигаре, ки аз ҷониби Сибир ба Осиёи Миёна ҳаракат мекард, ба Ҳафт¬руд расид. Ба ин тариқа, қувваҳои ҳарбии ҳукумати подшоҳӣ аэ ду тараф – аз Оренбург ва Омск ба заминҳои яйлоқии аз қазоқҳо ва қирғизҳо кашидагирифтаи давлати хонии Хӯқанд наздик шуданд.

Ишғоли қалъаи Оқмачити Хӯқанд (истеҳкоми Перовский, Қизил Ӯрдаи ҳозира), ки соли 1853 пас аз муҳосира ва ҳамлаи дастаи  ҷанговарони  рус  таҳти   фармондеҳии  генерал-губернатори Оренбург В.А.Перовский ба вуқӯъ пайваст, дар роҳи ҳаракати минбаъдаи қӯшунҳои ҳукумати подшоҳӣ марҳалаи муҳимме гардид. Ҳамон сол аввалин роҳи обии Россия ба Осиёи Миёна кушода шуд ва киштиҳои рус ба шино кардан аз баҳри Арал ба самти саргаҳи дарёҳои Сир ва Аму шурӯъ намуданд. Пас аз ин қад-қади  соҳилҳои  дарёи  Сир   як  қатор  нуқтаҳои  муқовимат сохта, хатти истеҳкомоти Сирдарё ба вуҷуд оварда шуд. Дар тарафи шарқии Осиёи Миёна хатти истеҳкомоти Сибир ба он мутобиқат менамуд. Аҳолии маҳаллӣ қазоқҳо ва қарақалпоқҳо, ки дучори зулму тааддии давлатҳои Хӯқанд ва Хева гардида буданд, ба қӯшунҳои ҳукумати подшоҳии рус фаъолона кӯмак мерасониданд.

Петербург дар баробари ба  амал овардани иқдомоти ҳарбӣ саъю кӯшишҳои худро дар бобати ба василаҳои дипломатӣ «кушодани» роҳи васеи ба Хева ва Бухоро дохил шудани молҳои рус низ идома медод. Баъди тамом шудани ҷанги Қрим, ки як муддат диққати доираҳои ҳукмрони империяи Россияро аз Осиёи Миёна дур карда буд, соли 1858  ба аморати Бухоро ва хонии Хева бо сардории полковник Н.П.Игнатев намояндагии дипломатӣ фиристода шуд. Гуфтушуниди ин намояндагӣ дар давлати хонии Хева ягон натиҷае надод. Аммо дар аморати Бухоро ба Игнатев муяссар шуд, ки баъзе муваффақиятҳо ба даст оварад. Амир Насрулло, ки бо хони Хӯқанд ҷанг мекард, бо умеди пуштибонӣ дидан аз давлати Рус ҳайъати сафоратро ба хушӣ пазируфт ва барои савдогарони рус имтиёзҳои муайяне ваъда дод. Лекин  амалӣ  намудани  мувофиқати ҳосилшуда  ниҳоят дараҷа душвор гардид. Худи Игнатев ҳам фаҳмид, ки ҳукуматҳои хонӣ (қабл аз ҳама, ҳукумати Хева) ба мушоҳидаҳои пешина аҳамияте намедиҳанд: дар Хева ҳатто матни қарордодеро, ки дар натиҷаи ба давлати хонӣ ташриф овардани П. Никифоров ва Г. Данилевский баста шуда буд, ёфта натавонистанд…

Империяи Россия ба хулосае омад, ки барои расидан ба мақсадҳои сиёсӣ ва иқтисодии худ дар Осиёи Миёна бояд қувваҳои мусаллаҳро ба кор андохт. Ин ният аз он сабаб ҳам қувват мегирифт, ки пас аз ҷанги Қрим нисбат ба давлатҳои тараққикардаи аврупоӣ заифтар будани Россияи подшоҳӣ аён гардид ва Осиёи Миёна ҳамчун бозори каму беш замонатдори молҳои саноатии рус дар пеши назари доираҳои ҳукмрон ва соҳибкорони мамлакат аҳамияти махсусе пайдо намуд. Ваҷҳи охирӣ бо тараққиёти сареи муносибатҳои капиталистӣ дар Россияи нимаи дувуми асри ХIХ, хусусан пас аз бекор кардани ҳуқуқи крепостноӣ хеле сахт алоқаманд буд. Корхонаҳои нави саноатӣ ба вуҷуд меомаданд. Муҳимтарин соҳаи саноат – бофандагӣ, ки бо таъмини пахта вобаста буд, бо суръати тамом вусъат меёфт. Тараққиёти иқтисодӣ ба даст овардани бозорҳои нави фурӯши мол, манбаъҳои нави маводи хом ва василаҳои нави алоқаро талаб мекард.

Илова бар ин, амалиёти фаъолонаи давлати Рус дар Осиёи Миёна на фақат хавфи аз тарафи Англия истило шудани ин сарзаминро бартараф мекард, балки, баръакс, Россияро ба ҳудуди мулкҳои шарқии Британия наздиктар менамуд. Ба ҳамин восита Петербург қусури шикасти ҷанги Қримро гирифтанӣ ва мавқеи худро дар Европа мустаҳкам карданӣ буд. Аз ин рӯ, сар даровардан ба дарунтари Осиёи Миёна бо мақсад ва манфиатҳои ҳам помешикон ва ҳам доираҳои буржуазии империяи Россия мувофиқат мекард.

Мо дар баробари таъкид намудани омезиши сабабҳои иқтисодӣ ва сиёсие, ки Петербург дар муайян кардани нақшаи фаъолияти худ нисбат ба давлатҳои Осиёи Миёна онҳоро ба асос мегирифт, мавқеи дараҷаи аввал доштани омилҳои иқтисодиро бояд дар назар дошта бошем . В.И.Ленин дар мақолаи «Боз доир ба масъалаи назарияи реализатсия» маҳз дар давраи баъди ислоҳот бештар авҷ гирифтани мустамликакунии кишварҳои канориро бесабаб хотирнишон накардааст. Ӯ менависад: «Ҷануб ва ҷануби шарқи қисмати Россияи Европоӣ, Кавказ, Осиёи Миёна, Сибир як навъ мустамликаҳои капитализми рус мебошанд ва на фақат ба қад, балки ба бар ба андозаи бузург тараққӣ ёфтани капитализми русро ҳам таъмин мекунанд» .

Бинобар ин бесабаб нест, ки масъалаи дар Осиёи Миёна устувор гардидани мавқеи империяи Россия таваҷҷӯҳи аз ҳад зиёди доираҳои тиҷоратию саноатиро ба худ кашида, дар ташкилот ва органҳои матбуоти онҳо мавқеи муҳокимаи пурҷӯшу хурӯше гардидааст.

Ишғолгариҳои мустамликавӣ фақат ба ҳукумати мутлақаи подшоҳӣ, помешикҳо, дворянинҳое, ки дар хизмати гражданӣ ва ҳарбӣ мансабҳои калонро соҳибанд, ба як тӯдача капиталистон, фабрикантҳо  ва   пудратчиҳо  фоиданок   аст .

Дар солҳои шастуми асри ХIХ, ба сабаби он ки дар натиҷаи сар задани ҷангҳои дохилӣ дар шимол ва ҷануби Америка ба Европа кашондани пахтаи америкоӣ қатъ гардида, бӯҳрони саноати бофандагии Европа ва Россия ба амал омад, истилои Осиёи Миёна ҳамчун манбаи маводи хоми пахта аҳамияти махсус касб намуд. Масалан, то соли 1861 як пуд пахтаи Бухоро дар ярмаркаи Нижегород 4-5 сӯм арзиш дошта бошад, нархи он дар соли 1862 ба 7 сӯму 50 тин ва дар соли 1864 ба 23-24 сӯм расид.

Ҳуҷуми қӯшунҳои подшоҳӣ ба Осиёи Миёна

Дар соли 1864 ҳуҷуми қатъии кӯшунҳои подшоҳӣ ба Осиёи Миёна сар шуд. Дар моҳи сентябри соли 1864 Чимкент забт гардид. Сипас қӯшуни подшоҳӣ ба тарафи Тошканд ҳаракат кард. Дар охири моҳи апрели соли 1865 баъд аз тӯппаррониҳои шиддатнок қӯшуни подшоҳӣ ба ишғол намудани қалъаи Ниёзбек муваффақ гардид. Ин қалъа дар соҳили дарёи Чирчиқ бино ёфта, барои мудофиаи Тошканд роли калоне мебозид, илова бар ин, саргаҳи оби дохили шаҳр низ дар наздикии ҳамин қалъа воқеъ шуда буд. Дар натиҷаи ҳамлаи сахт ва ҷангҳои шадиди кӯчагӣ 15 июни соли 1865 яке аз калонтарин шаҳрҳои Осиёи Миёна суқут кард. Вале расман ба Россия ҳамроҳ кардани Тошканд бо мулоҳизаҳои дипломатӣ то тирамоҳи соли 1866 мавқуф гузошта шуд.

Ҷангҳои дохилии хонияи Хӯқанд ва ҳамчунин муносибатҳои душманонаи байни Хӯқанду Бухоро ба амалиёти муваффақиятомези қӯшунҳои подшоҳӣ шароити мусоид фароҳам оварданд. Дар баробари рақобати Бухорову Хӯқанд, ки аксар вақт боиси сар задани задухӯрдҳои мусаллаҳонаи байни онҳо мегардид, аморати Бухоро ва хонияи Хева низ дар давоми ин солҳо бо ҳам муборизаҳои тундутезе мебурданд. Ин ҳама ҷангу низоъҳои байнихудии давлатҳо ба вазъи сиёсӣ ва иқтисодиёти   онҳо   таъсири   ҳалокатбор   мерасониданд.

Дар миёнаҳои соли 1865 амир Музаффар ба водии Фарғона лашкар кашид. Қӯшуни Хӯқанд, ки дар муҳорибаҳои шадид ва тӯлонӣ бо дастаҳои ҳукумати подшоҳӣ хеле заиф гардида буд, ба ҳуҷуми лашкари Бухоро муқовамат карда натавонист. Ин буд, ки амир Музаффар Хӯқандро нисбатан ба осонӣ забт намуда, ҳукмрони собиқи Хӯқанд-Худоёрхони ҳарис ва золими аз тарафи халқи шӯришгар рондашударо дубора ба тахти хонӣ нишонд.

Амир Музаффар аз ин барори кор рӯҳбаланд гардида, ба Тошканд ҳайъати сафорат фиристод ва  аз ҳукуматдорони рус талаб кард, ки фавран шаҳрро тарк намоянд. Дар фосилаҳои музокироти дипломатӣ ҳар гоҳ задухӯрди қӯшуни   подшоҳӣ   ва   сарбозони амир низ ба амал меомад. Губернатори ҳарбии Туркистон М.Г.Черняев дар моҳҳои январу феврали соли 1866 қалъаи Ҷиззахро фатҳ карданӣ шуда, чанд дафъа ба он ҳамла овард, вале ба мақсад расида натавонист. Ин амалиёти бесамар ва «ташаббуси» беҳуда фақат чунин натиҷае дод, ки М.Г.Черняев аз вазифа дур карда шуда, ба ҷои ӯ Д.И.Романовский таъин гардид. 8  маи  соли  1866 губернатори ҳарбии  нав дар  муҳорибаи Эрҷар, дар роҳи Ҷиззах ва Хуҷанд қӯшуни амирро торумор намуд. Қайд кардан ҷолиб аст, ки Д.И.Романовский пас аз шикасти қӯшуни Бухоро ба сӯи ин давлат ҳаракат накарда, ишғоли Хуҷанд (24 маи соли 1866), қалъаи Нов ва истеҳкоми Ӯротеппаро (12 октябри соли 1866) афзалтар донист. Ин қарор, зоҳиран аз он сабаб қабул карда шуд, ки ин маҳалҳо аҳамияти калони стратегии ҳарбӣ дошта, дар саргаҳи роҳи водии Фарғона воқеъ гардида буданд. Хуҷанд, Ӯротеппа ва Нов аввалин шаҳрҳои асосан тоҷикнишин мебошанд, ки ба ҳайъати Россия дохил шудаанд.

Д.И.Романовский ба ин васила паҳлуи чапи худро мустаҳкам намуда, тамоми қувваҳои худро ба муқобили душмани асосӣ–амир Музаффар равона сохт. Амири Бухоро бошад, ба ҷанги зидди қӯшунҳои муназзами империяи Россия омодагии дурусте надошт. Адиби маорифпарвари тоҷик Аҳмади Дониш( 1828–1897) тадорукоти муҳорибаи Ҷиззахро чунин ба қалам овардааст: «…аскаре зиёда аз ҳадду ҳаср бад-ин насақ ҷамъ шуда, баъзе ба шавқ, баъзе ба карҳ аз ҳар табақа мардум ба нияти ғазо мерафтанд, баъзе даҳрӯза, баъзе якмоҳа. Ҷаноби амир низ чун ин ҷамъиятро мулоҳаза намуд, ба худ ҷазм кард, ки ба ҳамин юруш то Фетербурх – пойтахти импротур фатҳ хоҳад шуд; чу медид, ки тӯлу арзи қӯшун қариб ба ду фарсах меравад ва намедонист, ки:

 

Пароканда лашкар наёяд ба кор,

Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор.

 

Ба сатват ва шукӯҳи тамом ба ҳар ним фарсах роҳ нузул карда, ду шабу ду рӯз иқомат намуда, овози кӯсу ной ва нафир ба курраи асир расонида, Фаридун ва Афросиёбро аз ҷумлаи ҳавошии   ҳашам   мешумурд.

Дар муддати ду моҳ камобеш ба лаби дарёи Сир рафта, дар соҳате мусаммо ба Сассиқкӯл нузул фармуд. Ғозиёни муаскари ҳумоюн пеш аз он ки ба манзил фуруд оянд, аз ғазва пушаймон гашта, дар тараддуди гурез ва махлас афтоданд; чи асбоби нуқсонотро дар арзи роҳ ба сомон расонида, корашон ба талабу суол   оид   гардида   буд» .

Тасвири минбаъдаи ин воқеа боз ҳам рангинтар аст: «Ва аз ҷое, ки амир нузул фармуда, саропардаи иҷлол афрошта дошт, то маъракаи қитол ним фарсах камобеш буд, ки овози нақораи аскария мерасид. Амир дар сояи шомиёна ба лаъби шатранҷ машғул буд, ҷамоае аз қавволон қавлу ғазал мегуфтанд, худи амир усули нақораро ба фахзи худ нигоҳ дошта. Онан фа онан (дам ба дам) пешхидматонро мефармуд, ки ба амири тӯбхона Салимбӣ ва амири аскар Шералӣ-иноқ таъин кунанд, ки хазинаи Русия ба  дасти нӯкария афтода талаф нашавад ва бисёр мардуми Русияро нокушта зинда оранд, ки дар зумраи сарбозони мо истода хидмат кунанд ва низомро ҷорӣ доранд.

Ва дар ҳошияи лашкар Яҳёхоҷаи туркмон, ки мансаби охундӣ дошт, бо ҳама сафоҳат фашши аммома аз ақиби сар андохта, сафҳаи басити ариз ба даст бардошта, фазоили ҷиҳод ба ҳалқ талқин мекард, ки «ҷиҳод кунед, пойдор истед!» Ба ҳамон юруш Русия омада тӯпҳоро соҳибӣ кард ва ду-се сочма тӯбча ба сӯи ғозиён ҳадя фиристод. Ҳама мунтазири фирор буданд. Якбора фирор бар қарор ихтиёр карданд. Аввал касе, ки бигрехт ва аммома аз сару сафҳа аз даст бияндохт, Яҳёхоҷаи охунд буд.

Он гоҳ хабар оварданд ба ҷаноби амир, ки лашкар бевафоӣ карданд ва пушт доданд. Амир низ саросема ба болои асби қантарӣ ва зини холӣ нишаста, фурсат наёфт, ки аммома ба сар кунад ё ҷома бипӯшад – ҳамчунон аз сари шатранҷ бархоста болои зин барнишаст ва  асб  меронд» .

18-октябри соли 1866 қӯшуни подшоҳӣ пас аз муҳосараи чандинвақта қалъаи Ҷиззахро тасарруф кард ва мавқеи худро дар хоки аморати Бухоро устувор гардонида, ба дувумин шаҳри бузурги  он –Самарқанди  бостонӣ таҳдид  намуд.

Таъсиси генерал-губернатории Туркистон

ва пешравии минбаъдаи қӯшунҳои подшоҳӣ

Ҳукумати подшоҳӣ барои идора кардани қисмати ишғолшудаи Осиёи Миёна дар соли 1867 бо фаро гирифтани вилоятҳои Сирдарё ва Ҳафтруд генерал-губернатории Туркистонро таъсис намуд. Дар сари он генерал-адютанти подшоҳӣ К.П.Кауфман қарор гирифт. Ӯ ба ин вазифа бо «ярлиқи заррини» Александри II таъин шуда, соҳиби ваколати номаҳдуде буд. Вай ҳақ дошт, ки бо давлатҳои ҳамсоя музокироти дипломатӣ барпо намояд, ҷанг   эълон   кунад,   сулҳ   бандад   ва   монанди   инҳо.

Кауфман ва ҳамкорони ӯ ба ташкили системаи идораи кишвари Туркистон шурӯъ намуда, дар он муассисаҳои гражданӣ ба вуҷуд оварданд ва дар айни замон, нақшаҳои ба дарунтари Осиёи  Миёна   лашкар   кашиданро   низ   муҳайё  сохтанд.

Дар аввали соли 1868 ҳукмрони Хӯқанд-Худоёрхон бо ҳукумати подшоҳӣ муоҳидаи сулҳ баста, ба империяи Россия тобеъ гардидани худро эътироф кард. Ба тоҷирони рус иҷозат дода шуд, ки дар саросари давлати хонии Хӯқанд озодона хариду фурӯш кунанд. Онҳо барои кушодани корвонсаройҳои махсус ва нигаҳ доштани гумоштаҳои худ дар ҳамаи шаҳрҳои хония ҳуқуқ пайдо намуданд.

Дар худи ҳамон соли 1868, пас аз тобеъ кардани Хӯқанд аскарони рус таҳти фармондеҳии генерал Кауфман дубора ба тарафи Бухоро, ки дар садади танг карда баровардани ҳарифи нави худ аз заминҳои ишғолӣ буд, ҳаракат карданд.

Вале аз муҳорибаи назди Ҷиззах тақдири яке аз калонтарин ва   қадимтарин   шаҳрҳои   Осиёи   Миёна –Самарқанд  ҳам   ҳал шуд.

Чанде пештар аз ин воқеа ҳокими Самарқанд – дастнишондаи амири Бухоро аҳолии шаҳрро ба муносибати шӯриши халқ, ки бар зидди зулму шиканҷаҳои феодалӣ сар зада буд, ба маҳрумият ва мусибатҳо дучор гардонид. Бинобар ин аҳолӣ ба сарбозони амири Бухоро ёрӣ расондан нахост. Аскарони ҳукумати подшоҳӣ сарбозони амирро торумор намуда, 2 маи соли 1868 ба Самарқанд   дохил   шуданд.

Аз по афтодани Самарқанд дар байни сарбозон ва табақаи ашрофияи Бухоро парешонӣ ба амал овард. Умаро ва сипоҳиёни вилоятҳо ба мулкҳои худ фирор карданд. Кауфман роҳи пойтахти аморат – шаҳри Бухороро пеш гирифт ва охирин шаҳри калони дар сари роҳи пойтахт воқеъгардида – Каттақӯрғонро ишғол кард. Амир Музаффар охирин қувваи худро ҷамъ намуда, дар   Зирабулоқ   истеҳком   гирифт.

Дар моҳи июни соли 1868 аскарони ҳукумати подшоҳӣ дубора ба сарбозони амири Бухоро зарбаи қатъӣ расониданд. Амир Музаффар пас аз мағлубияти назди Зирабулоқ имконияти муқобилатро тамоман аз даст дода, аз тахти салтанат фуруд омадан хост. Вале баъдтар, аз ин нияти худ баргашта, бо таклифи сулҳхоҳона ба назди генерал Кауфман элчӣ фиристод. Ва худаш ба Бухоро   рафта,   дар   интизори   ҷавоб   нишаст.

Ба ҳамин тариқ, дар зарфи солҳои 1864–1868 ду давлати Осиёи Миёна – хонияи Хӯқанд ва аморати Бухоро ба мағлубият дучор гардиданд. Аммо ҳукумати подшоҳӣ корро то ба ҳамроҳ кардани хоки ин ду давлат ба империяи Россия бурда нарасонид. Ҳам хонияи Хӯқанд ва ҳам аморати Бухоро дар зоҳир ҳамчун давлати мустақил боқӣ монданд. Ин кор чи бо мулоҳизаи дипломатӣ ва чи бо мулоҳизаи дохилии сиёсӣ карда шуда буд. Ҳукумати подшоҳӣ, аз як тараф, аз мудохилаи Англия ва, аз тарафи дигар, аз ҳуҷуми ҳокимони вилоятҳои ҷудогонаи  Осиёи  Миёна  хавф  дошт.

Генерал-губернатор Кауфман таклифи амир Музаффарро доир ба сулҳ қабул намуд ва 23 июни соли 1868 муоҳида имзо карда шуд. Мувофиқи ин муоҳида, як қисми аморати Бухоро, ки аскарони ҳукумати подшоҳӣ ишғол карда буданд, ба Россия гузашт. Бухоро аз ҳуқуқи бо ихтиёри худ муносибат кардан бо давлатҳои хориҷӣ маҳрум гардид. Амир Музаффар ба пардохтани 500 ҳазор сӯм барои хароҷоти ҳарбии Россия ризоият дод. Ҳамин тариқа, амири Бухоро ба вассали фармонбардори ҳукумати подшоҳӣ мубаддал гардид. Ҳукумати подшоҳӣ ба ҳуқуқи аз хоки аморат гузаронидани хатти телеграф, ташкили почта, киштиронӣ дар дарёи Аму соҳиб шуд, амир бошад, таъмини сохтмони бандарҳо ва посбонӣ кардани онҳоро ба ӯҳда гирифт. Ба соҳибкорони давлати Рус имкон дода шуд, дар ҳудуди аморат молу мулки ғайримутаҳаррика ба даст дароваранд; фуқарои Бухоро низ дар навбати худ ҳамин гуна ҳуқуқро нисбат ба Россия соҳиб шуданд. Ба савдогарони рус барои озодона тиҷорат кардан дар ҳудуди аморат иҷозат дода шуд, илова бар ин, муқаррар гардид, ки аз моли онҳо на бояд бештар аз 2,5% боҷ ситонда шавад.

Тадриҷан ноҳияҳои саргаҳи Зарафшон, ки аслан тоҷикнишин мебошанд, ба таҳти назорати империяи Россия дохил шуданд. Дар моҳи августи соли 1868 ба ҳайъати музофоти Зарафшони кишвари Туркистон шаҳри Панҷакент низ ҳамроҳ гардид. Баҳори соли 1870 сардори музофоти Зарафшон генерал Абрамов ба мулкҳои ниммустақили кӯҳистонии Моғиён, Фон, Киштут, Фалғар, Мастчоҳ, Яғноб ва ғайра юриш намуд, ки дар таърих бо номи «Экспедитсияи Искандаркӯл» (апрел-июли с. 1870) сабт гардидааст.

Аз тарафи муқобили дастаи генерал Абрамов, ки моҳи апрели соли 1870 аз Самарқанд баромада буд, дастае таҳти фармондиҳии Деннет аз Ӯротеппа ҳаракат мекард. Мақсади ин юриш аз назар гузаронидани Искандаркӯли саргаҳи Зарафшон буд. Абрамов дар маълумоти ба Кауфман фиристодааш таъкид мекард, ки саросари ин маҳал аз ангиштсанг ва беша фаровон аст.

Барои тадқиқи захираҳои табиии саргаҳи Зарафшон ба ҳайъати экспедитсияи Искандаркӯл олими табиатшинос А.Ф.Федченко, геолог Д.К.Мишенков, нақшабардор (баъдтар арбоби намоёни ҳарбию сиёсӣ) Л.Н.Соболев ва донишмандони дигар низ дохил гардида буданд. Ба ин восита доираҳои илмӣ ва тиҷоративу саноатии Россия тавонистанд бо сарватҳои табиии ин кишвари душворгузари кӯҳистонӣ ошно бишаванд.

Дар натиҷаи ин юриш маҳалҳои пониҳодаи дастаҳои ҳарбии подшоҳӣ ба номи «Туманҳои кӯҳистонӣ» ба музофоти Зарафшон ҳамроҳ   карда   шуданд.

Муборизаи Англия ва Россия барои доираи нуфуз.

Вусъати мулкҳои Россия дар Осиёи Миёна

Пешравии қӯшунҳои Россияи подшоҳӣ дар Осиёи Миёна нақшаҳои империяи Британияро вайрон намуд. Дар соли 1869 Англия роҷеъ ба таъсиси давлати «буфер», яъне бетараф дар байни минтақаҳои таҳти тасарруфи Англия ва Россия дар Осиёи Миёна масъала ба миён гузошт. Ба ақидаи мустамликадорони англис, чунин давлат мебоист Афғонистон гардад, ки ба он ҳамроҳ кардани мулки Бадахшон низ дар назар дошта мешуд. Дарёи Аму бояд сарҳади байни доираҳои нуфузи Англия ва Россия мегардид.

Вале вақте ки доир ба ин масъала гуфтугузори тарафайн ба амал омад, асли мақсади ҳукумати Англия нисбат ба Афғонистон ошкор шуд. Маълум гардид, ки вай дар воқеъ Афғонистонро ба минтақаи таҳти васояти худ табдил додан мехостааст.

Дар аввали соли 1873 доираҳои ҳукмрони кишвари салтанатии Англия ва Россияи подшоҳӣ аз ҳисоби манфиатҳои мардуми Осиёи Миёна хомӯшона чунин мувофиқате ҳосил карданд, ки тибқи он мебоист дар Хева протекторати Россия ва дар Афғонистон  протекторати  Англия  барқарор   мегардид.

Пас аз он ки дар миёни давлатҳои Британия ва Россия дар бобати тақсими доираи нуфуз созиш ба амал омад, ҳуҷуми қӯшуни подшоҳӣ ба Хева шурӯъ шуд. Ташаббускор ва ташкилкунандаи фаъоли юриши нави ишғолгарона К.П.Кауфман буд, ки дар амалиёти худ аз ҳукумати подшоҳӣ комилан тарафдорӣ медид. Зарурати «ҷазо додани» давлати хонӣ барои аҳдшиканиҳое, ки аз вақти куштори ҳайъати сафорати Бекович-Черкасский дар соли 1717 зоҳир мегардид, барои ҳамла ба корвони тоҷирони рус, барои «муносибати беэҳтиромона» нисбат ба намояндагони генерал-губернатори Туркистон  ва  амсоли инҳо ҳамчун  баҳонаи  ин юриш ба қалам дода шуданд. Аммо асли мақсади ин юриш ҳамон саъю кӯшиши доираҳои ҳукмрони империяи Россия дар роҳи васеъ кардани бозори фурӯш ва ба даст даровардани манбаъҳои нави маводи хом буд.

Дар охири моҳи маи соли 1873 қӯшунҳои Туркистон ва Оренбург ба қалъаи шаҳри асосии давлати хонии Хева расиданд. Хони Хева-Муҳаммад Раҳими 11 кайҳо аз он ҷо фирор карда, ба дашти туркман, ба яйлоқи Хазовот рафта буд. Муқобилони Муҳаммад Раҳим бародари ӯ-Атоҷонтӯраро, ки ба сӯиқасди зидди хон гунаҳкор карда, ба зиндон партофта шуда буд, хон   эълон  намуданд.

Лекин К.П.Кауфман бо Атоҷон сарукор доштанро нахост ва аз паси хони фирорӣ қосид фиристода, ба боргоҳи худ баргаштани ӯро талаб кард. 2 июни соли 1873 Муҳаммад Раҳими II ба пойтахти  давлат бозгашт ва асири  ифтихорӣ  гардид. Кауфман шартҳои муоҳидаи сулҳ ва муносибат бо давлати хониро пеш мениҳод ва умарои Хева сари итоат хам карда, ба ҳамаи он шартҳо розӣ мешуданд.  12  августи соли  1873  муоҳидаи  байни Россия ва Хева, ки аз 18 модда иборат буд, ба имзо расид. Дар моддаи аввал таъкид мешуд, ки хон итоати императори Россияро қабул карда, бидуни иҷозати ҳукуматдорони подшоҳӣ бо ягон давлати ҳамсоя муоҳида намебандад ва  ё ҷанг эълон намекунад. Заминҳои соҳили рости дарёи Аму аз Хева гирифта, як қисми он ба ивази кӯмакҳои дар давраи ҷанги Хева ба қӯшунҳои рус расондаи амир ба Бухоро дода шуд. Дар соҳили рост ҳамчунин шӯъбаи Амударё бо маркази Петро-Александровск (ҳоло ш. Тӯрткӯл) ташкил гардид, ки ба ҳайъати вилояти Сирдарё  дохил   мешуд.

Моддаҳои  дигари муоҳида ба тоҷирон ва соҳибкорони рус барои фаъолияташон дар давлат имтиёзҳои васеъ медоданд. Мувофиқи ҳамин муоҳида хон вазифадор шуд, ки хариду фурӯши одам ва ғуломдориро барҳам медиҳад ва инчунин барои хароҷоти ҳарбӣ  маблағи 2 миллион  сӯм «ҷарима»  мепардозад .

Аз охири соли 1873 то аввали соли 1874 вазъият дар давлати хонии Хӯқанд   хеле тундутез гардид. Ҳокимони  феодалии Хӯқанд қариб ҳамаи заминҳои берун аз водии Фарғона доштаашонро аз даст дода, қусури даромади барбодрафтаро аз ҳисоби ҳар чи бештар истисмор кардани  аҳолии Фарғона  баровардан хостанд. Илова бар ин, маъмурон ва амалдорони бисёре, ки аз ҷойҳои сердаромади худ дар водии Чу ва ҷараёнгоҳи миёнаи дарёи Сир, дар Хуҷанд, Ӯротеппа ва дигар маҳалҳо маҳрум гардида буданд, ба ин ҷо фурӯ рехтанд. Харҷи ин аъёну ашрофи феодалӣ низ ба ӯҳдаи аҳолии меҳнаткаш афтода, боиси афзоиши хироҷ ва   молиёт   гардид.

Ҳукуматдорони подшоҳӣ дар Петербург ва Тошканд аз ҳукмрони давлати хонии Хӯқанд ҳамеша изҳори хурсандӣ ва қаноатмандӣ мекарданд. Ин аст, ки Худоёрхонро ба ивази нармию хушмаҳзарӣ ва гузаштҳояш нисбат ба талабҳои империяи Россия борҳо бо  нишону  унвонҳои  ифтихорӣ  ва  ташаккурномаҳои  «аълоҳазрат» сарфароз гардонида буданд. Онҳо норизоятӣ ва эътирозҳои оммавии аҳолии давлати хонии Хӯқанд, тоҷикон, ӯзбекон ва   қирғизҳои  Фарғонаро  нодида  меангоштанд. Ҳол  он  ки  ба  идораи генерал-губернатори Туркистон дар бораи вазъияти ноороми давлати хонӣ хабарҳои зиёде мерасиданд. Дар яке аз ин хабарҳо, ки ба моҳи маи соли 1874 тааллуқ дорад, аз ҷумла чунин гуфта шудааст: «Ҳозир вазъияти давлати хонии Хӯқанд пурташвиш аст. Аҳолӣ аз хон ниҳоятдараҷа норозӣ мебошад. Хон агар корвонсарое бино карданӣ шавад, ё дар ягон маҳал зироат кардан хоҳад ва ё ба хаёлаш сохтани боғе расад,–  ҳамеша дар амалӣ намудани тамоми ин гуна қасду ниятҳояш аҳолӣ ва сарбозонро маҷбуран кор мефармояд, аммо як тин ҳам музд намедиҳад» .

Дар санадҳои дигар аз мавриди таҳқир қарор гирифтани одамони меҳнаткаш, ваҳшонияти политсия, андозу хироҷҳои зиёде, ки ҳатто «барои хори дар биёбон рӯида, дарахтони аз кӯҳ оваранда, барои най, барои золуи аз кӯл ҷамъкунанда ва ғайра» меситониданд, сухан ронда мешуд . Баъзе ҳуҷҷатҳо дар худ хулосаҳои хеле сареҳу равшан низ доштанд. Масалан, дар «Мадракҳои навтарин роҷеъ ба давлати хонии Хӯқанд» чунин изҳор гардида буд, ки тамоми дастгоҳи идории кунунӣ бо андак такон мисли дарахти кӯҳнаи пӯсида омодаи афтодан аст» .

Ба Кауфман лозим омад, ки ба вазъияти пурташвиш ва шӯромези водии Фарғона мудохала намояд, Вале ӯ «ба таври худ»мудохала намуд ва бо ҳамин ҳам нисбат ба мардуми меҳнаткаш таваҷҷӯҳ надоштани худро боз якбори дигар нишон дод. Генерал – губернатори Туркистон фақат хост, ки хони мустабидро аз хавфи сар задани ошӯби халқ «падарвор» огоҳ созад. Ба ин маънӣ 8 июли соли 1874 ба Худоёрхон номае навишт: «Беҳтарин касон зидди шумо амал мекунанд, мардум ҳам дар изтироб аст… Агар шумо тариқи раиятдории худро тағйир надиҳед, он гоҳ ман бароятон анҷоми нохушеро пешгӯӣ мекунам» .

Хони Хӯқанд ин номаи генерал – губернаторро комилан мувофиқи тарзи тафаккури худ таъбир намуда, оташи ҷабру ситамро дар саросари мамлакат боз ҳам фурӯзонтар гардонид. Вале оромии ба ин васила таъминшуда дер напоид. Баҳори соли 1875 шӯри ошӯбҳои халқ дубора бо қувваи нав сар зада, аз марзҳои ғарбии мамлакат, аз наздикии Хуҷанд то водии Олой ва маҳалҳои назди кӯҳистони Помир-тамоми қаламрави давлати хониро фаро гирифт. Ба замми ин  вазъияти умумии сиёсии давра аз даври пешин тафовут дошт. Агар дар нимаи солҳои 70 – ум асосан шӯришҳои халқии зиддифеодалӣ ба амал меомада бошанд, тахминан аз соли 1875 ба муборизаи зидди Худоёрхон  як гурӯҳ намояндагони аъёни олимақоми дарбор низ ҳамроҳ шуданд. Абдураҳмони Офтобачӣ, бародари Худоёр, ҳокими Марғелон Султон Муродбек, Мулло  Исо-авлиё ва дигар феодалони калон аз тарси ин, ки онҳо ҳам ба ғазаби ҳалқ гирифтор нашаванд, ошкоран ба муқобили хон сар бардоштанд. Писари Худоёрхон-Насриддин ҳам ба сафи мухолифи падари худ дохил гардид. Намояндагони синфи ҳоким ба ҳаракати зиддифеодалӣ ҳамроҳ шуда, тамоми саъю кӯшиши худро ба он равона сохтанд, ки равияи иҷтимоии муборизаи халқро суст намоянд ва онро аз роҳи синфӣ бароварда, ба роҳи мазҳабию миллатчигӣ дароваранд. Бинобар ин, вақте ки Худоёр аз тахт афтод (ва ба хоки генерал-губернатории Туркистон фирор карда, ба ҳимояи найзаҳои подшоҳӣ паноҳ бурд), онҳо ӯро на ба зулму ситам ва қатлу ғорати мардум, балки ба мутеи давлати Россия гардиданаш гунаҳкор донистанд. Онҳо «ба муқобили кофирон ҷиҳод» эълон намуда, барқарор сохтани ҳудуди пешинаи хонияи Хӯқандро талаб карданд ва Насриддинро хон бардоштанд. Дастаҳои ҷудогонаи шӯришгарон бо таҳрики доираҳои миллатчии феодалону рӯҳониёни мутаассиб ба стансияҳои почта ва деҳаҳо ҳуҷум мекарданд ва дар роҳҳо даст ба ғоратгарӣ мезаданд

Кауфман  хабари  ба  тахт   нишастани  Насриддинро  шунида изҳори ризоият намуд, ки ҳукумати ӯро ба расмият хоҳад шинохт, фақат ба шарте ки хон қарордоду муоҳадаҳои байни Россияву Хӯқандро риоят кунад ва  ба табааҳои руси  аз ҳамлаву ғоратгариҳо зарардида товон бидиҳад. Насриддин ба рӯҳониёну феодалони калон такя намуда, ба  ин талаби генерал-губернатор эътино накард ва танҳо пас аз он ки дастаҳои Хӯқанд 22 августи соли 1875 дар муҳорибаи назди қалъаи Маҳрам шикаст хӯрданд, ба номаи Кауфман ҷавоб гардонида, ҳамаи пешниҳодҳои ӯро қабул кард. Вале акнун он талабҳои пешина ба назари генерали подшоҳӣ кам менамуданд.

22 сентябри соли 1875 ба давлати хонӣ қарордоди нав пешниҳод карда шуд. Мувофиқи шартҳои ин қарордод Хӯқанд аз ҳуқуқи бо ягон давлате (ғайри Россия) бевосита муносибат пайдо намудан маҳрум гардида, маблағи зиёде ҷарима ва товони ҷанг медод. Мулки бекии Намангонро аз давлати хонии Хӯқанд ҷудо намуда, ҳамчун шӯъбае ба ҳайъати кишвари Туркистон ҳамроҳ карда шуд. Мисли ҳарвақта корсозону тоҷирони рус ба ҳама гуна   имтиёзот   соҳиб   гардиданд.

Бо вуҷуди ин, вазъият тезутунд ва пурташвиш буд. Феодалону рӯҳониёни иртиҷоъпараст ҳамоно мардумро ба «ҷиҳод» даъват мекарданд. Ба ҷои Насриддин ба тахти хонӣ Пӯлодбек нишонда шуд. Дар навоҳии Андиҷон ва Намангон байни сарбозони Хӯқанд ва аскарони подшоҳӣ задухӯрдҳои шадид ба амал омаданд. Ҳукумати подшоҳӣ амалан аз фоидаҳои иқтисодӣ ва сиёсие, ки дар давлати хонӣ ба даст оварда буд, маҳрум гардид, зеро дар он шароит иҷрои қарордод ҳеҷ имкон надошт.

Кауфман аз тарси он, ки шӯру ошӯбҳо метавонанд тамоми Туркистонро фаро бигиранд, ба водии Фарғона қувваҳои иловагӣ фиристод. Ниҳоят манбаъҳои шӯришу исён пахш карда шуданд. Генерал-губернатори Туркистон бо пуштибонии Вазорати ҳарбӣ мамониати вазорати корҳои хориҷиро, ки аз аксуламали Англия андеша мекард, бартараф намуда, ба комилан аз байн бурдани истиқлолияти давлати хонии Хӯқанд муваффақ гардид. Мувофиқи фармони подшоҳ аз 19 феврали соли 1876 хоки давлати хонӣ бо номи вилояти Фарғона ба ҳайъати кишвари Туркистон   дохил   карда   шуд.

Дар айни замон, дар ҷануби шарқии Осиёи Миёна амалиёти ҷангии аморати Бухоро давом мекард. Ин дафъа маҳалли ҷамъомад ва такягоҳи қӯшуни Бухоро Қаршӣ ва Шаҳрисабз гардид. Амир Музаффар дар навоҳии ин шаҳрҳо қувваи зиёдеро ҷамъ намуда, дар охири соли 1866– аввали соли 1867 ба Бойсун ва Деҳнав ҳуҷум кард. Дар муқобили ӯ дастаҳои ихтиёрии мулкҳои маҳаллии ниммустақил бо сардории беки Ҳисор қарор гирифта буданд.

Тӯпхонаи ҳар ду тараф ҳам хеле заиф буд. Ҳисориҳо ҳамагӣ 4 тӯп (2 тӯпи чӯянӣ ва ду тӯпи мисӣ) доштанд, дар онҳо аслиҳаи оташфишони ҳозиразамон ба миқдори кофӣ набуд. Бинобар ин, дастаҳо аксар вақт ба ҷанги тан ба тан мегузаштанд. Қӯшуни Бухоро дар натиҷаи  ҳарбу зарби сахт (хусусан дар мавзеи Амоқсой) ҳисориҳоро ақиб нишонда, дар қалъаи Деҳнав ба муҳосира гирифт ва сипас шабохун зада, қалъаро ишғол намуд. Сарбозони амир ба қатли оми даҳшатангезе шурӯъ карда, ҳар каси  ба дасташон афтодаро нобуд сохтанд.

Ба чанде аз ҳисориҳо ва иттифоқчиёни онҳо муяссар гардид, ки ба тарафҳои Қаротегин, Дарвоз ва Кӯлоб гурехта, ҷон ба саломат баранд. Аз он ҷумла беки Ҳисор Абдулкарим-додхоҳ ба Кӯлоб паноҳ бурд. Аммо беки он ҷо Сарахони сиёсатмадори маккор ӯро ҳамроҳи чанд нафар муттафиқонаш дастгир намуда, ба амир Музаффар дод. Сарахон ният дошт ба ин васила таваҷҷӯҳи ҳукмрони Бухороро ба худ ҷалб намояд ва ҳукумати бекии Кӯлобро дар даст нигаҳ дорад.

Вале ҳаракати сарбозони амир ба самти шарқ ҳамоно давом мекард. Он гоҳ Сарахон, ки мулкҳои зиёде дар поёноби дарёҳои Кофарниҳон ва Вахш ба ҳар андоза таҳти ҳокимият ва нуфузи ӯ қарор гирифта буданд, барои дар атрофи худ муттаҳид кардани ашрофи феодалии қабилаҳои ин ноҳия ва бо қувваи онҳо гирифтани пеши роҳи сарбозони амир саъй намуд. Беки нави Деҳнав-Улуғбек ба кӯмаки ӯ шитофт ва онҳо якҷоя дар аввали соли 1869 аҳолии маҳаллиро барои муқовамат намудан дар муқобили бухороиҳо даъват карданд. Азбаски Сарахон шиори дар байни мардум машҳури муборизаи зидди андозҳои ҷорикардаи амирро ваъз мекард, ба зери байроқи ӯ боз фавҷи сершумори ихтиёриён   ҷамъ  омад.

Амири Бухоро ва муқаррабони ӯ ба набардҳои нав дақиқона ва бо тамоми қувва тайёрӣ медиданд. Аз ҷумла бо сардории Яъқуббек қушбегӣ қӯшуни махсус ташкил дода шуд. Яъқуббек дастаҳои амалан ноозмуда ва силоҳи дуруст надоштаи Шерободро, ки ба он Остонақулбӣ сардорӣ мекард, ақиб партофта, аз Сурхондарё гузашт ва тамоми сарзамини Ҳисорро ба харобазор табдил дода, сипас роҳи Балҷувон ва Кӯлобро пеш гирифт. Ҳар як ҳамлаи сарбозони Бухоро бо ғорати шаҳру деҳот ва қатли оми мардуми бегуноҳ тамом мешуд. Дар як худи Ҳисор панҷ ҳазор кас ба қатл расид  .

Ҳарчанд ки сарбозони амир касеро амон надода, ҳатто аҳолии шаҳру қишлоқҳои муқобилатнакардаро ҳам несту нобуд мекарданд, боз аз мулкҳои истилошуда бо номи «амонпулӣ» хироҷ ҳам меситонданд. Маблағи аз ҳад зиёде, ки бо роҳи ин гуна ғоратгариҳои рӯирост ҷамъ омада буд, барои афзудани сарвати саркардаҳои феодалии Бухоро сарф гардид ва қисми асосии он ба амир   фиристода   шуд.

Ба мақсади комилан аз байн бурдани истиқлолияти бақияи мулкҳои ин ноҳия амир Музаффар фармуд, ки ҳокими Ҳисор Абдулкаримро бо тамоми хонаводааш нобуд созанд. Сарахон аз кушта шудан тарсида, ба воситаи дарёи Аму ба хоки Афғонистон гузашт (аз рӯи баъзе маълумотҳо, ӯ баъдҳо волии Қандаҳор шуд ва аз рӯи маълумотҳои дигар ба Ҳиндустон рафта, дар он  ҷо   иқомат  ихтиёр   намуд).

Сарони қабила ва ашрофи феодалии мулкҳои забткардаи Бухоро бо одамоне, ки нисбат ба  амир садоқат доштанд, иваз карда шуданд. Яъқуббек қушбегӣ ҳокими тамоми ин вилоят таъин гардида, мулкҳои Ҳисор ва Кӯлоб таҳти қаламрави ӯ қарор гирифт. Ба Яъқуббек дар ҳокимият ихтиёроти тақрибан номаҳдуд дода шуд. Саидниёзи киикчӣ-беки Балҷувон ва Наҷмуддинхоҷа-беки  Кӯлоб таъин  гардиданд. Ин ҳукмронони нав ба мақсади  хушхизматӣ намудан дар назди амир, корро аз ривоҷи зулму ситам ва  ситонидани андозу хироҷҳои хонахаробкунанда сар карда, камтарин норизоятӣ ва эътирози мардумро бераҳмона фурӯ менишонданд. Аҳволи оммаи меҳнаткаш боз ҳам табоҳтар гардид ва аз ин рӯ ба қатлу кушторҳои ваҳшиёна нигоҳ накарда, норизоятӣ дар деҳоту шаҳрҳо беш аз пеш қувват мегирифт ва гоҳе ба ошӯбҳои зидди истисмори феодалӣ табдил меёфт.

Дар айни ҳол аморати Бухоро амалиёти истилокоронаи худро дар ҷануби шарқии Осиёи Миёна идома медод. Акнун навбати зарба задан ба Дарвозу Қаротегин расида буд. Ин мулкҳо он вақт таҳти нуфузи давлати хонии Хӯқанд воқеъ гардида буданд. Раҳимшо аз задухӯрдҳои дохилӣ истифода бурда, ҳокимияти Қаротегинро ба даст гирифт ва бо нияти устувор гардонидани мавқеи худ бо амир чоплусӣ карда, ҳар гоҳ тобеияти худро ба аморати Бухоро эътироф менамуд  .

Ин ҳолат боиси ба вуҷуд омадани боз як ихтилофи байни Бухорову Хӯқанд гардид. Ҳарчанд ҳукмрони онвақтаи Хӯқанд Худоёрхонро амири Бухоро Музаффархон ба тахт нишонда буд, муносибати ин ду давлати Осиёи Миёна беш аз пеш тезутунд шуда, ошкоро ранги душманона мегирифт. Дар сарҳади Қаротегин задухӯрдҳои сахт ба амал омада, дар онҳо қувваҳои аскарии аморати Бухоро ва давлати хонии Хӯқанд иштирок намуданд.

Бо вуҷуди ин, вазъият акнун назар ба даҳ-понздаҳ сол пеш аз ин як андоза дигар гардида буд. Пештар ҷангҳои байни Бухорову Хӯқанд солҳои дароз қатъ намешуд. Аммо ҳоло, дар солҳои шастум ва ибтидои ҳафтодуми асри ХIХ дар Осиёи Миёна Россияи подшоҳӣ соҳибихтиёр гардида, Бухорову Хӯқанд ба вассали ӯ табдил ёфта буданд. Ҳар як ҷангу ҷидоли байни аморат ва давлати хонӣ ба эътибори империяи Россия зарар мерасонид. Илова бар ин, доираҳои ҳукмрони Петербург ва Тошканд, ки Туркистонро тамоман ба таҳти тасарруфи худ дароварда буданд, ба инкишофи робитаҳои тиҷоративу иқтисодии байни вилояту ноҳияҳо ва мулкҳову давлатҳои хонии ин сарзамин аз рӯи манфиатдории худ таваҷҷӯҳ зоҳир менамуданд. Ба ин ваҷҳ вақте ки дар аввали соли 1870 дар Қаротегин миёни сарбозони Бухорову Хӯқанд задухӯрд ба амал омад, генерал-губернатори Туркистон Кауфман маҷбур шуд ба амир Музаффар муроҷиат намояд ва ӯро огоҳ кунад, ки аз ҷанги зидди давлати хонии Хӯқанд даст кашад.

Вазъият як муддат ба оромӣ рӯ овард. Ҳокими Қаротегин-Саид Муҳаммадиншо ҳаракат мекард, ки истиқлолияти мулки худро таъмин намояд, вале ин майли ӯ мавриди писанди маъмурияти  Туркистон  қарор   нагирифт.

Ҳукумати подшоҳӣ ба мақсади мустаҳкам кардани мавқеи худ дар маҳалҳои роҳи Помир ва аз ҷиҳати маънавию сиёсӣ таъсир расонидан ба ҳокими Қаротегин ба водии Олой экспедитсия фиристод. Дар охири июл ва августи соли 1876 генерал Скобелев, ки нахустин губернатори ҳарбии Фарғона таъин шуда буд, дар сари як дастаи калон, ки ба ҳайъати он, ғайр аз ҳарбиён, донишмандони ҷуғрофия, табиатшиносӣ ва нуҷум (Л.Ф.Костенко, В.Ф.Ошанин, А.Р.Бонедорф ва дигарҳо) дохил мешуданд, ба самти кӯҳдоманҳои Помир раҳсипор гардид. Ин экспедитсия мебоист таъкид мекард, ки ҳукумати подшоҳӣ акнун идомадиҳандаи ҳаққи хонии Хӯқанд ба ноҳияҳои кӯҳистони-Помир мебошад. Ғайр аз ин, вай ба ҳокими ниммустақили мулки феодалии Қаротегин Саид Муҳаммадиншо бояд хотирнишон менамуд, ки қаламрави ӯ барои аскарони империяи Россия комилан дастрас аст. Дере нагузашта Саид Муҳаммадиншо барои «гарданкашиаш» аз ҳокимият маҳрум гардид ва ба ҷои ӯ Раҳимшо, ки то он вақт дар Бухоро мезист ва ҳукумати подшоҳӣ ба садоқаташ бовар дошт, гузошта шуд. Дар нимаи дувуми солҳои ҳафтодум амири Бухоро Қаротегинро тамоман ба қатори мулкҳои худ дохил намуд. Сипас чунин қисмат ба сари Дарвоз ҳам омад. Агар мулкҳои душворраси ғарби кӯҳистони Помир, аз қабили Рӯшон, Шуғнон ва Вахон сарфи назар карда шавад, Дарвоз охирин мулки ниммустақили соҳили рости Панҷ ба шумор мерафт. Соли 1676 амир барои тобеъ намудани ин мулк бо сардории беҳтарин лашкаркаши худ-Худойназар-додхо қӯшун фиристод. Бухориҳо бо тазйиқи сиёсӣ ва макру фиреб тавонистанд шоҳи Дарвоз Сироҷиддинхонро барои мулоқот бо амир ба Шаҳрисабз оваронанд, ки ӯ дар он ҷо фавран ба асорат афтод.

Вале ин хиёнат иродаи мардуми Дарвозро шикаста натавонист. Онҳо ба муқобили истилокорон мардонавор ҷангида, аввал як дастаи начандон калони бухориҳо, баъд кӯшуни якунимҳазораро, ки бо тӯп мусаллаҳ буда, бо сардории Худойназар-додхо ба сӯи онҳо ҳаракат мекард, торумор намуданд. Дар ин ҷанг Худойназар-додхо ва чанде аз саркардаҳои ӯ ярадор шуданд. Қисмати зиёди аскарони ба ин самт фиристодаи амир нобуд   гардиданд.

Муқовимати қаҳрамононаи мардуми ватанпарвари Дарвоз ҳамаи ноҳияҳои аз тарафи аморати Бухоро истилошудаи ҷануби шарқии Осиёи Миёнаро ба ҷунбиш овард. Амир Музаффар бо мақсади пешгирӣ намудани шӯришҳои умумӣ фавран ибтидои соли 1878 ба ин маҳалҳо қувваи зиёди аскарӣ фиристод (аз рӯи баъзе маълумотҳо, амир ҳатто нияти шахсан ба он сардорӣ кардан дошта будааст). Ин қувваи аскарӣ дар навоҳии Кӯлоб, Балҷувон ва Қаротегин ҷой гирифта, як дастаи сершумор ба қалъаи Ғарм низ гузошта шуд, то ки бо расидани баҳорон ва аз барф тоза шудани ағбаҳо ба Дарвоз ҳамла намояд.

Худойназар-додхо аз рӯи ин нақша амал намуда, мудофиакунандагони Дарвозро ба ақибнишинӣ маҷбур сохт ва қалъаи хеле мустаҳками Кафтархонаро ба муҳосира гирифт. Бухориҳо дар ҷангҳои сахт талафоти зиёде дода, ниҳоят Кафтархонаро ишғол карданд ва пас аз он ба қарияи асосии Дарвоз-Қалъаихумб ва ноҳияи Панҷ равона шуда, он ҷойҳоро ҳам забт намуданд.

Вале муборизаи асоратнописандонаи мардуми ин диёр бо ҳамин қатъ нагардид. Ба сарлашкарон ва сарбозони амир барои фурӯ нишондани муқовимати сокинони баъзе маҳалҳои Дарвоз боз ба харҷ додани ҷаҳду кӯшишҳои пур аз заҳмату ранҷ лозим омад. Махсусан аҳолии водии Ванҷ ба муқобили истилогарон бебокона ҷанг мекарданд. Бисёрии онҳо дар қалъаи дастнораси Рошорв ба камин нишаста, ба душман зарбаҳои сахт мерасониданд. Фақат пас аз он ки озуқа ва муҳиммоти қалъанишинон ба охир расид ва ҳамчунин саркардаҳои феодалии ба амир фӯрӯхташуда ба таслим қарор доданд, Рошорв дарвозаи худро ба бухороиҳо боз кард. Аксари дарвозиёни мудофиакунандаи қалъа ба таслим сар нафуроварда, бо роҳҳои махфӣ ба соҳили чапи Панҷ, ба Афғонистон гузаштанд. Сарбозони амир Музаффар  ҳам бо нияти дастгир кардани онҳо ба он сӯи дарё гузашта, дар канораҳои ҷанубии он мавзеъ гирифтанд. Ба ин сабаб он маҳалҳое, ки сарбозони амир дар он сӯи дарё қарор гирифта буданд, «Дарвози паси Панҷ»  номида шуданд.

Ҳукумати амирӣ муқовимати дарвозиҳоро комилан бартараф намуда, заминҳои онҳоро ба қаламрави худ даровард ва Раҳмон-қулибекро ҳоким таъин кард. Табиати озодихоҳӣ ва истиқлолталабии аҳолии маҳаллиро ба эътибор гирифта, доиман дар ихтиёри ҳоким дастаи сершумори сарбозон, ки нафароти онҳо ба 1300-1500   мерасид,  гузошта   мешуд.

Ин сарзамини ишғолкардаи аморат, ки акнун номи «Бухорои Шарқӣ»-ро гирифт, дар давоми ҷангҳои истилокорона чунон зарар ва хасоратҳо дид, ки то ғалабаи Револютсияи Кабири Сотсилистии Октябр ба худ омада натавонист. Дар бораи ин харобиҳо аз гувоҳии капитани штаби генералӣ Стеткевич мумкин аст як андоза тасаввурот ҳосил намуд. Ӯ навиштааст:  «Ба  қавли сокинони ин маҳалҳо, тақрибан чил сол қабл аз ин водии Ширкент аз Дарбанд то Регар ва кӯҳистони Қаратоғ ҳама боғу чаманзор буд, аммо дар вақти ҷангҳои дохилӣ, ки бо тобеъ шудани Регар ба амири Бухоро анҷом ёфтанд, ба вайроназор мубаддал гардид ва дигар рӯи беҳбудиро нахоҳад дид… Фақат ба боғҳои атрофи бозор (дар Регар-Б.Ғ.) даромада дидем, ки ғайр аз харобазор чизе нест ва шаҳр як деҳачаи бозорист, деворҳои гилии нимвайрона масоҳати васеи чоргӯшаеро иҳота карда, даромадгоҳи он, ки аз дарвозаи бурҷнок аст, ба ботлоқ табдил ёфтааст» .

Чунин манзараи ҳузнангезро дар бисёр шаҳру деҳаҳои ин вилоят дидан мумкин буд. Он шаҳру деҳаҳое ҳам, ки ҳангоми ҳуҷуми сарбозони амир солим монда буданд, баъдҳо аз усули фалокатбори идораи ҳукумати феодалии Бухоро ба таназзул рӯ оварда, ҳамроҳи сокинонашон қурбони ҳамлаҳои харобкоронаи ҳокимони ҳарису виҷдонфурӯш ва тороҷгариҳои амлокдорону ҷамъкунандагони   хироҷ   гардиданд.

Чаро сокинони озодипарасти маҳалҳои кӯҳсору водиҳои Тоҷикистон дар мубориза бо қувваҳои аскарии нисбатан заифи амир шикаст хӯрданд? Сабаби аввал ин аст, ки онҳо аз ҷиҳати омодагӣ ба муқовимат, ваҳдат ва таҷҳизоти моддӣ ҳанӯз ба дараҷаи лозима қувват пайдо накарда буданд. Сабаби дигар ин аст, ки феодалони болонишини маҳаллӣ, мисли одати ҳамешагии худ, барои нигоҳ доштани мавқеъҳои имтиёзнокашон дар айни сахтии мубориза ба тарафи истилокорон гузашта, ба кори умум  хиёнат мекарданд. Ғаразҳои синфии онҳо назар  ба эҳсосоти миллию ватандӯстиашон қавитар буд. Ҳукуматдорони амир аз ин заъфи онҳо истифода бурда, бо фитнаву дасиса ва бо подошу ваъдаҳо ҳар гуна шоҳону ҳокимон, хонҳову бекҳо ва феодалони хурду калонро ба тарафи худ моил месохтанд. Ҳамчунин тарафдорӣ ва дастгирие, ки аморати Бухоро аз империяи Россия медид, дар барори истилокориҳои он аз аҳамият холӣ набуд.

Ҳуҷуми қӯшунҳои подшоҳӣ ба Туркманистон

Нимаи дувуми солҳои 70-ум ва ибтидои солҳои 80-уми асри ХIХ давраест, ки доираҳои ҳукмрони Россия амалиёти худро дар қисмати ғарбии Осиёи Миёна, яъне дар Туркманистон вусъат медиҳанд. Дар ин иқдом на фақат табақаҳои ҳокими помешикҳову дворянҳо, балки буржуазияи босуръат тараққикунанда низ, ки барои ба воситаи баҳри Каспӣ роҳ ёфтан ба заминҳои нав ишғолшуда, яъне кушодани роҳи дар он замон хеле мусоид ва судманд ҳаракат мекард, манфиатдории худро зоҳир менамуд. Ғайр аз ин, ноҳияи паси Каспӣ маҳалли дасисаҳои ҳарифи империяи Россия–  Англия ба шумор мерафт. Офитсерон ва ҷосусони сиёсии англис бо ҳар роҳ ба Туркманистон сар дароварда, бо одамони соҳибнуфуз робита барқарор мекарданд ва барои устувор намудани мавқеъҳои ҳарбӣ ва сиёсии империяи Британия дар ин маҳалҳо замина муҳайё месохтанд.

Дар моҳи марти соли 1874 ҳукумати Петербург «Низомномаи муваққатии идораи ҳарбии кишвари Моварои Каспӣ»-ро тасдиқ намуд. Мувофиқи ин низомнома, шӯъбаи Моварои Каспӣ (Закаспия) таъсис ёфта, маркази он Красноводск гардид ва шӯъбаи мазкур ба ихтиёри волии Кавказ дода шуд. Масоҳати он аз соҳилҳои шарқии баҳри Каспӣ то дарёи Атрек дар ҷануб ва давлати хонии Хева дар шарқ муқаррар гардида буд.  Садорати шӯъба торафт бештар ба Туркманистон ва вилояти ба он ҳамсояи Эрон роҳ ёфтани намояндагони англис – В. Марч, В. Бейкер, Нэпир, Клейтон, Гилл, Ч. Мак-Грегор ва дигаронро ба назар дошта, бонги хатар зад ва дар назди доираҳои олии ҳукумат роҷеъ ба пешбинӣ кардани чораҳои лозима масъала гузошт.

Ҳукумати подшоҳӣ пас аз муҳокимаи дуру дароз қарор кард, ки қӯшунҳои худро ба воҳаи Аҳалтегин ҳаракат диҳад. Дар аввали моҳи маи соли 1877 Қизиларват ишғол карда шуд. Вале худи  ҳамон сол  сардори  шӯъбаи  Моварои   Каспӣ   генерал-майор Н.Ломакин ба сабаби дурӣ аз қароргоҳи асосӣ –шаҳри Красноводск амр кард, ки он ҷоро тарк кунанд. Тирамоҳи соли 1878 русҳо дар Атрек истеҳкоми Чатро бино карданд ва ба он такя карда, дар моҳи августи соли 1879 генерал Н. Ломакин дубора Қизиларватро забт намуд ва ба сӯи иқоматгоҳи асосии тегинҳо – Кӯктеппа равон шуд. Дар наздикии ин шаҳр қалъаи мустаҳками Данглитеппа бино ёфта буд. Ба генерал Н. Ломакин муяссар гардид, ки деҳаҳои Бомӣ, Биюрма ва Арчманро ишғол кунад, лекин дар қарибиҳои Кӯктеппа ба муқовимати сахти ватандӯстони туркман дучор омад. Ӯ дар ҷангҳои шадиди 28–29 августи соли 1879 шикаст хӯрда, ба ақибнишинӣ маҷбур шуд.

Ин мағлубияти қӯшунҳои подшоҳӣ, ки дар тамоми ҷангҳои Осиёи Миёна аз ҳама ҷиддитарин ба шумор мерафт, дар Петербург ва Тифлис норизоятии сахт ба миён овард. Вазъияти Моварои Каспӣ муддати дароз дар машваратҳои Шӯъбаи махсуси Вазорати ҳарбӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифт. Ба вазифаи фармондеҳи қӯшунҳои дар он сӯи Каспӣ будаи ҳукумати подшоҳӣ М.Д.Скобелев, ки дар ҷанги солҳои 1877–1878 воқеъгардидаи русҳову туркҳо ном бароварда буд, таъин карда шуд. Ӯ барои забт намудани Кӯктеппа бо ҷидду ҷаҳди тамом тайёрӣ дид. 12 январи соли 1881 пас аз ҷанги сахти серӯза қалъаи Данглитеппа ба таслим маҷбур гардид ва қӯшунҳои подшоҳӣ Кӯктеппаро ишғол намуда, пас аз як ҳафтаи дигар, 18 январи соли 1881 ба калонтарин маҳалли иқомати тегинҳо – Ашқобод дохил шуданд. Дар моҳи маи ҳамон сол шӯъбаи ҳарбии Моварои Каспӣ ба вилояти Моварои Каспӣ табдил дода шуд.

Мағлубияти қавитарин тоифаи туркман – тегинҳо ба дигар тоифаҳои ин сарзамин таъсири ҷиддӣ расонид. Дар натиҷаи гуфтушунидҳои тӯлонӣ ва хеле мушкили байни амалдорони ҳукумати подшоҳӣ ва сардорони қабилаҳои туркмани вақил, сичмаз, бек ва боҳӣ 1 январи соли 1884 дар воҳаи Марв паи маслиҳат ҷамъомади куҳансолони ин қабилаҳо барпо гардид, ки дар он тақрибан ҳазор кас иштирок намуд. Маслиҳат дар сари ихтиёран ба Россия ҳамроҳ шудан қарор гирифт. Намояндагони аҳолии воҳаи ҳамсояи Иолатан низ хулосаи ин маслиҳатро пазируфтанд. Моҳи марти соли 1884 аҳолии ин ноҳияҳо ба ҳайъати империяи Россия дохил шуданд.

Ин тариқа сурат гирифтани воқеа мувофиқи табъи Британияи Кабир набуд. Ба ин сабаб вай вазъиятро мураккаб карданӣ шуда, бо баҳонаи муайян кардани сарҳади Афғонистон саъй намуд, ки дар миёни русҳо ва афғонҳо ихтилоф ба вуҷуд оварад. Ин то андозае ба вай муяссар гардид. Ҳукумати Афғонистон ба воҳаи туркманнишини Пандин даъво намуда, бо раҳнамоии «мураббиён» ва «мушовирон»-и англис ба минтақаи мавриди баҳс қӯшун даровард. Дар моҳи марти соли  1885 аскарони рус таҳти фармондеҳии сардори вилояти Моварои Каспӣ А.В.Комаров қӯшуни афғонро аз ин минтақа зада дур карданд.

Мавриди таваҷҷӯҳ аст, ки В.И.Ленин ин ҳодисаро на ҳамчун ихтилофи байни русҳову афғонҳо, балки ҳамчун шиддати рақобати империяи Британия ва Россия баррасӣ намудааст.

Чунон ки мегӯяд: «… Россия аз барои тақсим кардани ғаниматҳои Осиёи Миёна бо Англия қариб ба ҷанг даромада буд» .

Ҳар чи ҳам бошад, дар ҷараёни музокироти соли 1887 анҷомёфтаи байни ин ду давлат марзҳои шимоли ғарбии Афғонистон ва ҳамчунин ҳудуди мулкҳои дар ин қисмати Осиёи Миёна воқеъгардидаи ҳукумати подшоҳӣ муайян карда шуданд.

«Масъалаи Помир» ва ҳалли он

Охирин муаммои рақобати байни Англия ва Россия дар асри ХIХ, ки дар ваҳлаи аввал бояд ҳал мешуд, «масъалаи Помир» буд.

Кӯҳистони бузурги Помир ба ду қисмати асосӣ ҷудо мешуд: яке Помири Ғарбӣ, ки мулкҳои тоҷикнишини Вахон, Шуғнон ва Рӯшонро дар бар мегирифт ва дигаре Помири Шарқӣ, ки тоифаҳои кӯчии қирғиз сукунат доштанд.

Ҳарчанд пас аз таъсиси вилояти Фарғона (1876) диққати асосии ҳукумати подшоҳӣ ба кори Туркманистон равона гардида буд, ба ҳар ҳол аз ноҳияи Помир ҳам сарфи назар кардан намехост, ҳам экспедитсияи Скобелев ба водии Олой ва ҳам таваҷҷӯҳи махсуси маҳофили давлатӣ ва илмии Россия ба ин сарзамин ин иддаоро собит менамоянд.

Вале муваққатан аз иқдоми амалии мустаҳкам кардани мавқеи худ дар Помир даст кашидани ҳукумати Петербург оқибатҳои ғайричашмдошт овард. Амири Афғонистон-Абдурраҳмонхон бо таҳрики империяи Британия, ки пас аз ҷанги солҳои 1878– 1880 бо Афғонистон «ҳомии» сиёсати хориҷии ин давлат гардида буд, дар соли 1883 ба мулкҳои Помири Ғарбӣ лашкар кашида, Вахон, Шуғнон ва Рӯшонро ишғол кард ва дар ин ҷойҳо низоми бераҳмонаи қатли омро ҷорӣ намуд.

Дар айни ҳамин вақт ва боз ҳам бо таҳрики англисҳо Хитои синӣ қӯшуни сарҳаддии худро ба сӯи Помири Шарқӣ ҳаракат дод. Ҳукумати подшоҳии Россия ба муқобили ин рафтори давлатҳои ҳамсоя, ки дар ибтидои солҳои 80-ум ба вуқӯъ меомад, ба таври қатъӣ эътироз баён намуд, лекин ба ҷудо кардани қуввае аз қӯшунҳои бе ин ҳам камшумори дар Осиёи Миёна, хусусан дар Туркманистон амалкунандаи худ, имкон надошт. Эътирозҳои дипломатӣ бошанд ҳеҷ натиҷае набахшиданд.

Дар ин байн, вазъият дар Помири Ғарбӣ торафт ошуфта мешуд. Аҳолии тоҷик бар зидди ғосибон сар бардошта дар сурате ки ҳокимони маҳаллӣ-Шоалимардон (дар Вахон) ва Юсуфалихон  (дар Шуғнон)   аз тарафи Абдурраҳмонхон маъзул гардида буданд,  бо қатъияти тамом ба дастаҳои афғон муқовимат мекарданд. Қисми зиёди вахониҳо диёри худро тарк карда, ба Туркистони Шарқӣ кӯчиданӣ шуданд. Тирамоҳи соли 1883 дар Шуғнон шӯриш ба амал омад. Иштирокчиёни он чанде аз хироҷситонандагони афғонро, ки ваҳшигарию бераҳмиро ба авҷ расонида буданд,   қатл карда, худ ба тарафи Рӯшон фирор намуданд.

Аз мулкҳои Помири Ғарбӣ ба Туркистон чанд ҳайъати намояндагии тоҷикон омада, ба ҳукуматдорони рус ҳуҷҷатҳои имзокардаи аҳолии ин маҳалҳоро супурданд, ки дар онҳо ба тобеияти Россия қабул кардани Вахон ва Шуғнону Рӯшон хоҳиш карда  мешуд (Ин қабил ҳуҷҷатҳо дар захираҳои архиви генерал-губернатории Туркистон кам нестанд). Аммо ҳукумати подшоҳӣ ба сабаби он, ки дар ин вақт муносибатҳои Англия ва Россия хеле тезутунд гардида буданд, ба ҷуз баъзе чораҳои дипломатӣ, ягон иқдоми  ҷиддие дар ин бобат зоҳир нанамуд.

Шӯриши тоҷикони Шуғнон амири Афғонистонро маҷбур кард, ки баъзе тадбирҳоро ба кор барад. Ӯ ба назди шӯричиён қосид фиристода «сулҳи ифтихорӣ» пешниҳод кард ва барои ҷорӣ намуди худмухторӣ замонат дод. Аз ҷумла, ба вазифаи ҳокими Шуғнон яке аз намояндагони «хонадони ҳукмронони маҳаллӣ Муҳаммад Акбаршоро таъин намуд. Дар ҳамон шароит тоҷикон ғайр аз қабули ин шартҳо илоҷи дигар надоштанд. Ғосибон ҳамоно бедодгарӣ мекарданд. Ин буд, ки боз ба Фарғона, сипас ба Тошканд ва Петербург номаҳои пур аз шикояти тоҷикони Помир фурӯ рехтанд. Дар ин номаҳо мардуми ситамдида аз зулму таддии ғосибон шикваҳо карда, арз менамуд, ки онҳо «ҳамаро ба ниҳояти қашшоқӣ ва хонавайронӣ мерасонанд: одамони бегуноҳро мекушанд, занонро мерабоянд, духтаронро таҷовуз мекунанд, молу амволро зӯран мегиранд, андозҳои муфлискунанда меситонанд, бачагонро ба ғуломӣ мебаранд, ки дигар барнамегарданд ва ё фақат духтарони бадномшуда ба назди волидайни хонахароб гардидаашон пас меоянд» .

Мудохилаи мусаллаҳонаи  Афғонистону Хитой ба Помир тақрибан 10 сол (1883-1893) давом намуд. Дар зарфи тамоми ин солҳо тоҷикон дар роҳи ҳифзи истиқлолият ва ҳайсияти миллии худ бо   қатъият   мубориза  мебурданд.

Дар охири солҳои 80-ум ва ибтидои солҳои 90-ум амалиёти ҷосусони англис дар Помир ва маҳалҳои ҳамсояи он хеле вусъат ёфт. Онҳо ҳам якнафарӣ ва ҳам чун дастаи ҳарбӣ ба ин ноҳияҳо сар дароварда, кӯталҳоро месанҷиданд ва роҳ мекушоданд.

Соли 1891 Англия вилояти кӯҳистонии дар наздикии Помир воқеъгардидаи Комчутро, ки ба он мулкҳои Хунза ва Наҳор дохил мешуданд, забт намуд.  Акнун нияти вай дар бобати комилан ба тасарруфи империяи Британия даровардани Помир ба зуҳур меомад. Ин ба ҳамон авзое, ки дар натиҷаи кӯшишҳои Лондон барои таҳти нуфуз ва ҳукмронии худ қарор додани Туркманистон дар ғарби Осиёи Миёна рух дода буд, шабоҳат дошт. Аммо чун истилокорони Афғонистону Хитой бо таҳрики Англия барвақт заминҳои тоҷику қирғизнишини Помирро ишғол карда буданд, дар ин ҷо вазъият нисбатан мураккабтар гардид.

Ҳукумати подшоҳӣ чунин вазъиятро ба эътибор гирифта, дар аввали солҳои 90-ум  ба  амалиёти ҷиддитар  шурӯъ намуд. Дар моҳи июли соли 1891 дастаи на он қадар калони (120 нафараи) казакҳо ва аскарон бо сардории полковник М. Ионов ба сафари иктишофии Помир фиристода шуд. Ионов роҳи худро аз кӯтали Қизиларт сар карда, ба соҳилҳои Рангкӯл ва Қарақӯл сайр намуд ва то кӯтали Баик расид. Ӯ дар ҳама ҷо ба мардум эълон мекард, ки ин маҳалҳо дар тобеияти Россия мебошанд, Генерал-губернатори Туркистон А.  Б.  Вревский барои таъкид намудани аҳамияти сиёсии «юриши Ионов» бо теъдоди зиёди мулозимонаш ба водиҳои  Фарғона ва Олой сафар  кард.  Экспедитсияи Ионов масъалаи Помирро такон дод. Акнун англисҳо бо нотаҳои эътирозӣ муроҷиат намуда, ба Петербург фишори дипломатӣ оварданӣ шуданд. Ҳукумати подшоҳӣ ин эътирозҳоро рад кард. Арбобони давлати Рус дар моҳи апрели соли 1892 барои машварати махсус ҷамъ омаданд, ки комилан ба «масъалаи Помир» бахшида шуда буд. Дар ин машварат қарор карда шуд, ки ба Помир боз қӯшун фиристода, онро доимӣ нигоҳ доштан ва ба ин васила ҳаққи қазовати империяи Россияро ба ин вилоят комилан устувор намудан лозим аст. Дар моҳи июни соли 1892, вақте ки гузаргоҳҳои пурбарфи кӯҳӣ кушода шуданд, полковник Ионов боз бо ҳамон роҳи шинос, вале ин бор бо қувваи зиёде ба сӯи Помир ҳаракат кард. Дар канори дарёи Оқсу дидбонгоҳи Помир   (шаҳраки ҳозираи Мурғоб) сохта шуд ва дар мавзеи Шоҷон 250 нафар казакҳову аскарон барои гузаронидани зимистон қарор гирифтанд.

Дар назди Англия ба таври қатъӣ масъала гузошта шуд, ки қӯшунҳо ва идороти низомии афғон аз мулкҳои тоҷикони Помири  Ғарбӣ бароварда шаванд. Чун дар байни Россия ва империяи Британия муоҳидаи солҳои 1869–1873 вуҷуд дошт, ки дар асоси он ҷараёнгоҳи боло ва миёнаи дарёи Аму сарҳади доираҳои нуфузи русу англис дар Осиёи Миёна гардида буд, Лондон бо чунин баҳонае, ки мулки аморати Бухоро Дарвоз дар ду канори дарё воқеъ шудааст, боз ҳалли масъаларо таъхир додан хост.

Дар охир дипломатҳои англис маҷбур шуданд, ки шикасти худро дар баҳси Помир эътироф намоянд. Дар соли 1893 котиби оид ба корҳои хориҷии идораи мустамликадории Англия ва Ҳиндустон Мортимер Дюранд бо ташрифи сиёсӣ ба Кобул омад. Ӯ ноилоҷ ба Абдурраҳмонхон пешниҳод кард, ки аз даъвои Шуғнон, Рӯшон ва Вахон даст кашад. Амири Афғонистон норизояти зиёде накарда, ин пешниҳодро қабул намуд. Зеро мулкҳои хароб ва қашшоқи кӯҳистони дурдаст барояш он қадар аҳамият надоштанд.

Бар тибқи шартномаи Англияву Россия қисми шарқии водии Вахон, ки дар байни мулкҳои Россия ва Ҳиндустон вазифаи минтақаи бетарафро адо мекард, дар қаламрави Афғонистон монд. Илова бар ин, заминҳои дар каронаи чапи дарёи Панҷ воқеъгардидаи Дарвози Бухоро низ ба ихтиёри Афғонистон гузашт. Вале аз канораҳои рости дарё, аз мулкҳои Вахон, Шуғнон ва Рӯшон қӯшунҳои афғон бароварда шуданд.

Шартномаи мазкур пас аз мукотибаи иловагии дипломатӣ ба муовизаи нотаҳои байни сафири рус дар Лондон ва вазири корҳои хориҷии Британия 27 феврали (11 марти) соли 1894 ба расмият даромад. Баҳори соли 1895 комиссияи мухталифи англису рус сарҳади охирин қитъаи сарзамини Осиёи Миёнаро ба таври аниқ муайян намуд.

Дар моҳи январи соли 1896 Николаи II хатти сарҳади империяи Россияро дар Помир тасдиқ кард. Осиёи Миёна комилан ба ҳайъати Россия дохил гардид. Қисмати муҳимми хоки онро кишвари Туркистон (генерал-губернатории Туркистон)  ташкил мекард, ки пеш аз ин ҳам тобеи империяи Россия буд. Дар баробари ин мулкҳои як андоза масоҳатан камгардидаи аморати Бухоро ва хонияи Хева, ки амалан дар тобеияти вассалии Петербург воқеъ гардида буданд, мавҷудияти худро нигаҳ медоштанд.

Ҳукумати подшоҳӣ дар Осиёи Миёна  ба манфиат ва эҳтиёҷоти аҳолии маҳаллӣ эътино накарда, ҳудудҳои идораи худро муқаррар намуд. Принсипи этнографии ҷо додани халқҳои ҷудогона ба назар гирифта нашуд. Масалан, туркманҳо дар вилояти Моварои Каспии кишвари Туркистон, инчунин дар аморати Бухоро ва хонии Хева мезистанд, ӯзбекҳо дар хоки Туркистон, Бухоро ва Хева зиндагӣ мекарданд. Тоҷикон ҳам аз ин қисмат гурез наёфтанд, шимоли Тоҷикистон  (Хуҷанд, Ӯротеппа, туманҳои кӯҳистони кишвари Зарафшон ва ғ.)  ба ҳайъати генерал-губернатории Туркистон дохил шуда, оммаи асосии тоҷикон, ки дар қисмати ҷануби шарқи Осиёи Миёна сукунат доштанд, таҳти истибдоди аморати Бухоро қарор гирифтанд. Ҳукумати Петербург амирро ба хидматгори содиқи худ табдил дода, бисёр мулкҳои тоҷиконро, ки пештар ниммустақил буданд ва ё, аз қабили Қаротегин ва Дарвоз, ба қаламрави хони Хӯқанд дохил мешуданд, ба ихтиёри ӯ вогузошт.

Ғайр аз ин, ҳукумати подшоҳӣ коре кард, ки дар назари авввал номаҳфум менамуд. Вай мулкҳои Рӯшон, Шурғон ва Вахони Помири Ғарбиро, сарфи назар аз эътироз ва норозигии сахти аҳолии маҳаллӣ, таҳти қазовати амири Бухоро қарор дод. Бо ҳамин, ҳукумати подшоҳӣ гӯё мехост «қусури» заминҳои аздастрафтаи амир, яъне Дарвози паси Панҷро, ки ба Афғонистон дода шуда буд, бароварад.

Дар асл ҳукумати подшоҳӣ аз чизе маҳрум намегардид. Зеро назорати умумии ин ноҳия ҳамоно дар зимаи афсари ҳукумати  подшоҳӣ –сардори дастаи низомии Помир  монда  буд. Ба замми ин, ҳукумати подшоҳӣ аз ин кори худ ба дарёфти фоидаҳои бештари сиёсӣ умед мебаст. Ва дар воқеъ ба ин васила вай аз таънаву маломатҳои ҳарифони британӣ, ки аз вусъати мулкҳои он дар Осиёи Миёна гумонбар буданд, ба андозае худро халос намуд. Ин давом ва инкишофи ҳамон амалиёте ба шумор мерафт, ки борҳо аз санҷиш гузашта буд. Вале чунин сиёсат барои халқҳои    Осиёи    Миёна    фақат    бадбахтиҳои    иловагӣ    оварду бас.

Дар таъини ҳудуди маъмурӣ риоя нашудани принсипҳои этнографӣ, ки оқибати ин қабил амалиёти мустамликадорӣ маҳсуб меёфт, ба инкишофи худшиносии миллии халқҳои Осиёи Миёна ва ҳамчун миллат ташаккул ёфтани онҳо монеъ гардид. Ин ба майлу хоҳиши сатрапҳои подшоҳӣ комилан мувофиқат мекард. Чунин рафтори зиддихалқӣ ва иртиҷоӣ нисбат ба манфиат ва эҳтиёҷоти аҳолии маҳаллӣ фақат дар натиҷаи ғалабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр дар Россия, револютсияи сотсиалистӣ дар Туркистон ва револютсияҳои халқӣ дар Бухоро ва Хева  аэ байн бурда шуд. Партияи Коммунистӣ ва Ҳукумати Советӣ дар ҳалли  масъалаи  миллӣ  сиёсати  лениниро  амалӣ  намуда,  соли 1924 мувофиқи омоли халқҳои Осиёи Миёна тақсимоти миллии давлатиро дар ин сарзамин анҷом доданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *