Муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар замони Шайбониён — Донишхона

Муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар замони Шайбониён

Моликият ва истифодаи замин

Дар асри ХVI замин аз рӯи ҳуқуқи моликият, мисли пештара, ба 5 кате-гория тақсим мешуд. Истилокориҳои Шайбониён дар ин ҷиҳат ягон дигаргу-нии ҷиддие ба миён наовард. Бо вуҷуди ин, баъзе ҳодисот ва тамоюлоти наве-ро бояд қайд намуд. Замини давлатӣ ҳамоно аз калонтарин категорияҳо маҳсуб меёфт ва он захираи асосӣ, вале на ягонаи мулки инъомӣ, яъне за-миндории шартии феодалиро ташкил мекард. Навигарӣ ин буд, ки акнун заминҳои давлатӣ ба таври табиӣ аз нав тақсим карда мешуданд. Дар асри ХVI соҳибони асосии заминҳои инъомии давлатӣ гурӯҳи нави синфи феода-лон: аъзои сершумори хонадони салтанатӣ ва табақаи болои бо Шайбониён омадаи тоифаҳои саҳронишини ӯзбек гардиданд.

Чунон ки хотирнишон гардид, давлати Шайбониён аз маҷмӯи мулкҳои хоса фароҳам омада буд. Асоси иқтисодии ин «мулкият» иборат аз он буд, ки мулкдор метавонист хироҷу андозҳои замини давлатии ба тариқи инъом соҳибшудаашро тамоман ё қисман (ҳар ду навъ ҳам маъмул буд) ба нафъи худ ҷамъоварӣ намояд. Мулкҳои калони инъомшударо дар асри ХVI низ «суюрғол» меномиданд.  Соҳибони чунин мулкҳо як қатор масуниятҳо до-штанд, аз ҷумла метавонистанд нисбат ба молиёти замини инъомги-рифтаашон комилан мувофиқи савобдиди худ ихтиёрдорӣ кунанд. Тадриҷан кор ба дараҷае расид, ки онҳо низ дар навбати худ як қисми замини давлатии мулкашонро ба зумраҳои нисбатан хурди аъёну ашроф, рӯҳониён ва намо-яндагони табақаи ҳарбӣ тақсим карда медоданд. Ба ин тариқа, силсилаи да-раҷаҳои инъоми замин ба вуҷуд омад, ки ин амри воқеӣ дар санадҳои рас-мии асри ХVI возеҳу равшан қайд гардидааст.

Ин қабил инъомҳои дараҷаи поинтарро, ки аз тарафи ҳукумати марказӣ ва ё соҳибони мулкҳои хоса дода мешуданд, низ бо истилоҳи «суюрғол» ифо-да мекарданд. Дар айни замон, истилоҳоти дигаре ҳам вуҷуд доштанд. Чунончи, инъомеро, ки барои хидматҳои ҳарбӣ дода мешуд, дар ин аср акса-ран «танҳо ва иқтоъ» (иқтаъ) меномиданд.

Дигар категорияи замин аз рӯи ҳуқуқи моликият – милки феодалӣ (яъне замине, ки қисми оидоти он ба фоидаи давлат ва қисми дигараш ба нафъи шахси ҷудогона – феодал истифода мешуд) ниҳоят калон буд. Дар ин ҷо се тамоюл ба назар мерасад. Аввал он ки аъзоёни хонадони Шайбониён ва та-бақаи болои тоифаҳои саҳронишини ӯзбек тамоми саъю кӯшиши худро ба-рои соҳиб шудан ба заминҳои милк сарф мекунанд. Қисми зиёди заминҳои милк бо роҳи мусодараи Темуриён, ашрофи темурӣ ва амалдорони фурсати ба тарафи Шайбониён гузаштанро наёфта ва ҳатто дар мавридҳои ҷудогона тавассути мусодараи рӯҳониён ба дасти истилогарон медаромад. Баъдтар, чунон ки аз санадҳои расмии асри ХVI бармеояд, аъзоёни хонадони салта-натӣ ва табақаи болонишини тоифаҳои ӯзбек ҳам дар деҳот ва ҳам дар шаҳр ба харидани милкҳо хеле вусъат доданд .

Тамоюли дувум, ки дар ин бобат ҳам санадҳои расмӣ шаҳодат медиҳанд, «таҷзия»-и заминҳои милк, аз рӯи даромади солиёна байни давлат ва феодал мутаносибан тақсим шудани он мебошад. Масалан, агар ҳиссаи давлат аз се ду қисми даромади замини милк ва ҳиссаи феодал аз се як ҳиссаи онро таш-кил намояд, он гоҳ пас аз тақсимот аз се ду қисми замини милк ба замини давлатӣ ва аз се як қисми он ба замини ҳурри холис (яъне мулки хусусӣ) таб-дил ёфт . Дар натиҷаи чунин тақсимот захираи заминҳои милк кам мешуд. Боз як манбаи коҳиши заминҳои милк дар он давра ба андозаи хеле зиёд ба-рои вақф бахшидани онҳост (аз ин хусус дар поин сухан хоҳад рафт).

Ва, ниҳоят, чунон ки аз санадҳои асри ХVI ва давраҳои минбаъда маълум мешавад, давлат заминҳои милкро беш аз пеш ҳамчун захирае барои подо-ши феодалӣ истифода менамуд. Дар ин маврид давлат ҳиссаи даромади худ-ро аз заминҳои милк инъом мекард . Ин навъ подошро аз «сафедкунӣ»-и замини милк, ки давлат милкдорро аз хироҷи даромади солиёна озод мекард ва он соҳиби тамоми даромади замин мегардид, бояд фарқ намуд. Давлат заминҳои милкро (мисли заминҳои давлатӣ) барои подош истифода намуда, ҳиссаи даромади худро аз ин заминҳо метавонист на ин ки ба милкдор, бал-ки ба шахси тамоман дигар инъом кунад. Дар ин ҳолат як қисми даромади солиёнаи заминро (дар асоси подош) шахси дигар соҳиб мешуд.

Вазни қиёсии заминҳои категорияи милки ҳурри холис дар асри ХVI он қадар калон набуд, вале торафт меафзуд. Санадҳои расмӣ дар ин давра ду роҳи афзудани миқдори ин қабил заминҳои комилан моликияти хусусӣ гар-дидаро нишон медиҳанд: яке, чунон ки дар боло қайд карда шуд, тақсимша-вии заминҳои милк дар байни давлат ва феодал, дигаре аз тарафи феодалон харида шудани заминҳои давлатӣ. Қобили таваҷҷӯҳ аст, ки хариди заминҳои давлатӣ ҳамчун табдил додани онҳо ба заминҳои милк ба тақсими мин-баъдаи дар боло баёнёфтаи ин заминҳо ба расмият дароварда мешуд.

Захираи заминҳои вақф дар асри ХVI ҳам аз ҳисоби заминҳои милк ва ҳам як андоза аз ҳисоби заминҳои милки ҳурри холис ғанитар гардид. Миқдори зиёди масҷиду мадрасаву хонақоҳҳои дар давоми асри ХVI сохта-шуда, ки ҳамаи онҳо ҳатман бо молу мулки вақф, беш аз ҳама, замин таъмин мегардиданд, ба ин иддао гувоҳӣ медиҳанд. Ғайр аз ин, аз асри ХVI вақфно-маҳои зиёде боқӣ мондаанд, ки ба ҷуз таъминоти аслӣ, барои сохтмонҳои хайрия аз тарафи шахсони ҷудогона нисор шудани ионаҳоро собит менамо-янд.

Давлат аз даромади заминҳои вақф гоҳо ҳиссаи худро мегирифт ва гоҳо не. Вале хоқонҳо аксар вақт заминҳои вақфро «сафед мекарданд». Аз ин ҷиҳат асри ХVI аз давраҳои пеш кам тафовут дошт. Аммо аҷобат дигар аст. Чунон ки маълум аст, аслан замини вақф тақсимнопазир ва, умуман, даст-норас дониста мешуд. Бо вуҷуди ин, дар баъзе вақфномаҳо падидаҳои та-швишу изтироб аз он ки феодалони калон ба даромад ва молу мулки вақф даст дароз карданӣ мешаванд, ба назар мерасад. Ба ин маънӣ хусусан вақф-номае, ки ба нафъи мадрасаи Шайбонихони Самарқанд навишта шудааст, равшан шаҳодат медиҳад. Масалан, дар байни шартҳои вақфгузор чунин таъкид ёфтааст «…(ин молу мулки вақфро) ба касе ба орият додан нашояд, ки аз он хавфи ғасби ин (молу мулки) ориятӣ ба миён меояд, минҷумла: ба си-тамкорон, касони хусуматпарвар ва тарсангез, султонҳо…»; «…ин молу мулки вақф ба ҳеҷ ваҷҳ ба иҷораи амалдорон ва одамоне, ки аз онҳо рӯёнидани ҳаққи орият душвор ва ё номумкин аст, дода нашавад» .

Замин ва молу мулки вақф одатан дар ихтиёри мутаваллӣ буда, ҳадяно-ма дар дасти яке аз авлодони шахси вақфгузор нигоҳ дошта мешуд. Вақф ба-рои рӯҳониён яке аз воситаҳои истисмори бераҳмонаи табақаҳои меҳнатка-ши аҳолии мамлакат ва муҳимтарин василаи сарватмандшавии онҳо маҳсуб меёфт.

Шайху эшонҳои ду тариқати сӯфияи хеле бонуфузи Осиёи Миёна– «куб-равия» ва «нақшбандия» аз бузургтарин ихтиёрдорони заминҳои вақф ва нигаҳдорандагони вақфномаҳо ба шумор мерафтанд. Шайхони дарвеш сар-вати бисёреро ба даст оварда буданд. Масалан, дороии хоҷагони Ҷӯйборӣ ҳадду ҳисоб надошт .

Муосири Абдуллохони II — Хоҷа Исломи Ҷӯйборӣ дорои галаву рамаҳои бешумори асп, гӯсфанд, уштур ва заминҳои кишти беканоре буд. Хоҷа Ис-лом ба сайёдӣ шуғл варзида, сагҳои зиёди шикорӣ нигоҳ медошт ва чандин мири шикор ба ӯ хидмат мекарданд. Зиёраткунандагон аксаран гилагузорӣ мекарданд, ки «пири муқаддас» аз одамон дида, бо мурғону сагони шикорӣ бештар сӯҳбат мекунад. 300 ғулом хидмати боргоҳи ӯро ба ҷо меовард ва ба-рои ҳисобу китоби иқтисодиёташ идораи махсусе вуҷуд дошт. Хоҷа Ислом ба тиҷорат ҳам машғул мешуд. Корвонҳои ӯ то ба Москва расида буданд. Ҳамаи ин ҳукмронони тоҷдору бетоҷ – ашрофу рӯҳонӣ, ҳама гуна шайхону муридо-нашон мардумро бераҳмона ғорат мекарданд.

Дар санадҳои расмӣ гоҳо боз як категорияи замин – қитъаи хурди зами-ни милк ёдоварӣ шудааст, ки соҳиби он худи корандаи замин будааст . Мо дар бораи миқдори чунин милкҳои деҳқонон маълумоти бевосита дар даст надорем. Вале мушоҳидаҳои ғайримустақим нишон медиҳанд, ки захираи ин қабил заминҳо дар асри ХVI ва давраҳои баъдина торафт кам мешуд. Деҳқонон замини худро ба феодалони давлатманд мефурӯхтанд. Албатта, ин бо майлу ихтиёри онон набуда, балки таҳти фишори феодалон ва ё дар натиҷаи ночории иқтисодӣ сурат мегирифт. Дар ин бобат, хусусан, роли су-дхӯрӣ ва гаравмонӣ калон буд.

Деҳқонони милкдор назар ба қисмати боқимондаи корандагони замин як дараҷа вазъияти имтиёзнок доштанд, зеро хироҷи аз даромади солиёна ба давлат мепардохтагии онҳо нисбат ба он чӣ, ки дигар деҳқонон ба давлат ва феодалон медоданд, камтар буд. Аммо ночизии қитъаи замин, зиёд шудани аъзои хонавода ва пеш омадани тангии маишат боис мегардид, ки деҳқонони милкдор ҳам аз қарздорӣ ба асорати феодалон ва судхӯрон гирифтор ша-ванд.

Аҳволи деҳқонони безамин – иҷоранишин ниҳоят дараҷа бад буд. Дар асри ХVI, мисли давраҳои гузашта, воҳиди асосии хоҷагон ҳамоно хоҷагии деҳқонӣ ба шумор мерафт. Заминҳои ҳама гуна категорияҳо ба тариқи иҷора ба деҳқонон дода мешуд. Вазъияти деҳқонони иҷоранишин яксон набуд. Аз санадҳои расмии асри ХVI маълум мегардад, ки аксар вақт иҷорадори за-минҳои вақфӣ ва давлатӣ феодалон буданд. Дар ин маврид деҳқонон дар за-минҳои иҷорагирифтаи феодалон кироянишинӣ мекарданд. Шартҳои киро-янишинӣ хеле гарон буд, зеро феодали иҷорадор аз деҳқони кироянишин ба андозаи дилхоҳи худ ҳақ меситонид . Аҳволи деҳқонони иҷоранишин ва ки-роянишин боз аз он сабаб ҳам бад мегардид, ки мӯҳлати иҷора кӯтоҳ буд. Масалан, дар вақфномаҳо бисёр вақт таъкид шудааст, ки замин набояд зиёда аз се сол ба иҷора гузошта шавад.

Дар Осиёи Миёнаи асри ХVI заминдории ҷамоавӣ (обшинагӣ) ва боқимондаҳои маҳками ҷамоа ҳанӯз давом мекард . Аҳволи деҳқони ҷамоа аз деҳқони иҷоранишин хеле кам тафовут дошт. Вале ӯро чунин як имтиёзе буд: ӯ метавонист аз ҳуқуқи як навъ «иҷораи доимӣ» истифода намояд ва «бемӯҳлат» ба кишти замин машғул шавад. Гумон набояд кард, ки деҳқоно-ни ҷамоа фақат дар заминҳои давлатӣ буданд. Замини ҷамоавӣ аз як молик ба молики дигар мегузашт, метавонист дохили милк ё тобеи вақф бошад, ам-мо дар ҳар сурат деҳқони ҷамоа ҳуқуқи нисбат ба «иҷораи доимӣ» до-штаашро аз даст намедод. Ва аз ҳама муҳимтар он аст, ки дар вақти хари-дуфурӯш замини ҷамоа тақсим намешуд. Дар амал ин на харидуфурӯши худи замин, балки ба даст овардани ҳуқуқи аз корандаи он ситонидани да-ромади солиёна буд. Чунин ҳодисаҳо ҳам сабт шудаанд, ки замини ҷамоавӣ ба чанд молик тааллуқ пайдо намуда, вале байни онҳо тақсим нагардидааст, онҳо фақат даромадро ба ҳам дидаанд.

Мо дар даст далеле надорем, ки дар бораи тағйир ёфтан ё наёфтани шак-ли истисмори асри гузашта дар аҳди Шайбониён қазоват кунем. Ба хубӣ ис-бот шудааст, ки ҳаҷми қонунӣ ва муайяни қисми асосии даромади солиёнаи замин дар асри ХVI, маъмулан, 30 фоизи ҳосили киштро ташкил мекард (гоҳо то 40 фоиз ҳам мерасид) ва ба шакли мол пардохта мешуд . Ғайр аз ин, бисёр молиёту андозҳои дигаре ҳам вуҷуд доштанд, ки гоҳ ба шакли пул ва гоҳ бо шакли мол ситонда мешуд. Ҳаҷми ин молиёту андозҳо яқинан маълум нест. Вай аксаран ба худсарии ҳокимияти марказӣ ва маъмурони маҳаллӣ алоқаманд буд. Даромад ва ҳаққи иҷора аз боғоту токзорҳо, таомулан, ба ша-кли пул гирифта мешуд. Мисли пештара ба тариқи кор карда додан адо намудани андози замин низ вуҷуд дошт.

Гувоҳи бешубҳа ва бегумони аҳволи табоҳи деҳқонон, чунон ки дар ман-баъҳои мухталиф зикр ёфтааст, замин ва ҷойҳои муқимии худро гузошта фирор кардани онҳост . Зоҳиран, чунин ҳодиса ба андозае зиёд рух додааст, ки ҳукумат маҷбур шудааст дар ин бобат тадбирҳои муассир, аз қабили ба замин банд кардани деҳқононро пешбинӣ намояд. Аз ин лиҳоз хусусан ҳуҷҷатҳои марбут ба Фарғона ҷолиби таваҷҷӯҳанд: дар онҳо аз хусуси ба ҷойҳои худ баргардонидани деҳқонони фирорӣ сухан меравад.

Дар шаҳрҳои Осиёи Миёна низ ҳамон категорияҳои моликияти замин, ки дар деҳот вуҷуд дошт, амал мекард. Чунон ки аз санадҳои расмии онвақта бармеояд, як ҳодисаи ҳам ба шаҳр ва ҳам ба деҳот хос беш аз пеш ба дасти аъзои хонадони салтанатӣ, аъёну ашроф ва рӯҳониёни олирутбаи феодалӣ ҷамъ шудани моликияти замин мебошад. Ҳам дар шаҳр ва ҳам дар деҳот ин ҳолат аз ҳисоби хонахароб шудани мулкдорони хурд ва ҳатто миёна ба вуқӯъ меомад. Баробари ин, дар шаҳрҳо ҳодисаи дигар – ба дасти феодалон даро-мадани дӯконҳои косибӣ, коргоҳҳои ҳунармандӣ ва манзилҳои иқоматӣ ба амал меомад. Пешаварон на фақат заминро, балки акнун ҷои кор ва ҳатто иқоматгоҳи худро ҳам ба иҷора мегирифтанд. Ин боиси афзудани нормаи истисмори қувваҳои кории шаҳр мегардид. Ғайр аз ин, дар шаҳр хироҷҳои маъмулӣ ҳам вуҷуд доштанд. Дар ин бобат Ҷенкинсон навиштааст: «Хони Бухоро даҳяки арзиши ҳама гуна молҳои фурӯшии ҳунармандон ва тоҷиро-нро меситонад, ки ин тамоми мардумро бенаво хоҳад кард» . Бори хироҷҳои шаҳр боз аз ан сабаб ҳам чандин мартаба вазнинтар мешуд, ки ҳокимон ғайр аз молиёту андозҳои расмӣ худсарона шаҳриёнро ба пардохтани андозҳои иловагӣ водор мекарданд, ҳамчунин аз андозҳои ғайримустақим низ исти-фода менамуданд .

Касбу ҳунар, тиҷорати дохилӣ ва муомилоти пулӣ

Дар адабиёти илмӣ доир ба вазъияти истеҳсолоти ҳунармандии Осиёи Миёнаи асри ХVI ду фикри ба ҳам мухолиф баён ёфтааст: баъзе муаллифон чунин мепиндоранд, ки касбу ҳунар пас аз истилои Шайбониён рӯ ба таназ-зул ниҳод, вале муаллифони дигар, баръакс, дар ин давра падидаҳои инки-шофи минбаъдаи онро мушоҳида мекунанд. Ба назари мо, ҳар ду фикр ҳам нодуруст аст.

Дар соҳаи истеҳсолоти ҳунармандӣ ва тиҷорати дохилии пулӣ дар даво-ми асри ХVI тағйирот ва пешрафти муайяне ба амал омад. Аммо ин ба ҷиҳатҳои техникии истеҳсолоти молӣ кам дахл дорад. Тахассусёбии касбу ҳунар дар ин аср ҳам, мисли асри ХV ҳамоно маҳдуд буд. Барои тавзеҳи ин тахассусёбӣ дар асри ХVI мо нисбат ба асри гузашта бештар материал дорем, зеро миқдори хеле зиёди ҳуҷҷатҳои расмӣ – санадҳои харидуфурӯш, вақф-номаҳо ва ғ. маҳфуз мондаанд, ки дар онҳо дӯкону устохона ва коргоҳҳои гу-ногуни ҳунармандӣ зикр шудаанд. Ҳар як намуди моли тайёр ва ҳатто ним-тайёр аз тарафи пешавари ҷудогона таҳия мегардид. Дар ин давра ҳосилно-кии меҳнат дар соҳаи касбу ҳунар ба ҳамон дараҷаи ҳаддалимкон баланди замони феодалӣ воқеъ гардида буд .

Дар сифати маҳсулот ҳам ягон тағйироти муҳим рӯй надод. Масалан, агар сифати баъзе навъҳои маснуоти кулолӣ ва ё касбҳои амалӣ бад шуда бошад, дар айни замон коғази самарқандӣ   ва бисёр маҳсулоти ҳунарман-дии Осиёи Миёна шӯҳрати пешинаи худро нигоҳ дошта, ба хориҷа содир мешуданд. Ба ҳамин тариқа, истеҳсолоти ҳунармандӣ ва сифати маҳсулоти он дар давоми асри ХVI аз нуқтаи назари савияи техникӣ ба ягон тағйироти ҷиддӣ дучор нашуда, аз ин ҷиҳат комилан ба ҳолати пешинаи худ боқӣ монд.

Бо вуҷуди ин, назар ба нимаи дувуми асри ХV баъзе тамоюлоти нав: як андоза камшавии ҳаҷми истеҳсолоти молӣ ва тиҷорати пулӣ (ҳам дар соҳаи чаканафурӯшӣ ва ҳам дар савдои калон) зоҳир мегардид. Ин тамоюлот якбо-ра падид наомада, фақат дар чоряки дувум ва миёнаҳои асри ХVI ба назар намоён шуд . Баъзе тадбироти ҳокимияти давлатӣ дар роҳи фароҳам овар-дани шароити мусоид барои тиҷорати пулӣ (ислоҳоти Шайбонихон, Кӯчкун-чихон ва Абдуллохони II дар назар дошта шудааст), албатта, инкишофи ин тамоюлотро бозмедоштанд, вале онро тамоман аз байн бурда наметавони-станд. Таҳқиқи сабабҳои тадриҷан, вале устуворона кам шудани истеҳсолоти молӣ ва тиҷорати пулӣ дар асри ХVI ва босуръати бештар дар асрҳои ХVII–ХVIII хеле қобили таваҷҷӯҳ аст. Муаррихон ин масъаларо ҳанӯз бояду шояд мавриди баррасӣ қарор надодаанд.

Дар сари баъзе сабабҳои ҷузъие, ки мебоист ба вазъи касбу ҳунар ва тиҷорати пулии асри ХVI таъсир мерасонид, таваққуф менамоем. Дар ин бобат тағйироти тиҷорати хориҷӣ нақши муайяне дорад. Чунон ки маълум аст, дар муддати чандин аср роҳи калони корвонгард аз Осиёи Миёна гуза-шта, шарқу ғарбро ба ҳам мепайваст, вале дар асри ХVI, пас аз кашфиётҳои бузурги географӣ, ин роҳ аҳамияти худро гум кард. Осиёи Миёна аз ҷараёни асосии ҳаракати молҳои тиҷоратӣ дар канор монд ва ин ҳолат ба истеҳсолоти молии дохилӣ таъсир карда, боиси камшавии ҳаҷми маснуоти як қатор соҳаҳои касбу ҳунар гардид, хусусан он соҳаҳое, ки моли худро ба тиҷорати байналхалқӣ мебароварданд ва ҳам хидмати корвонҳои ояндаву равандаро анҷом медоданд.

Албатта, робитаҳои тиҷоратии Осиёи Миёна бо Россия, ки дар асри ХVI ривоҷ ёфта буд, як дараҷа қусури ин зиёнҳоро мебаровард. Лекии анвои гу-ногуни молҳое, ки ба миқдори торафт афзоянда аз Осиёи Миёна ба Россия содир карда мешуд, манфиати фақат гурӯҳи муайяни корхонаҳои ҳунар-мандиро таъмин мекард.

Вазъияти хоҷагии пулӣ дар асри ХVI, таъсири сохти амлокии давлати Шайбониён ба пулбарорӣ ва муомилоти пулӣ аз нуктаҳои хеле муҳим ба шумор мераванд. Барои охири асри ХV ва даҳаи аввали асри ХVI истифодаи боздоштанашавандаи нишони пулӣ хос аст. Ҳокимони зуд-зуд ивазшавандаи шаҳру вилоятҳо саъй мекарданд, ки аз кори пулбарорӣ ба ҳар васила фоидаи бештаре ба даст оваранд. Дар ин давра, хусусан, дар сикказанӣ ва муомилоти пули мисӣ бетартибӣ ва худсариҳои зиёде рӯй дод, дар сурате ки маҳз ҳамин пул дар чаканафурӯшӣ истифода мешуд. Ҳам косибоне, ки на олоти зинатӣ, балки асбобҳои ба мардуми шаҳрнишин зарурӣ тайёр мекарданд ва ҳам ху-ди шаҳриёну деҳқононе, ки барои хариди молҳои лозима ба дӯкони онҳо меомаданд, ба чунин навъи савдо манфиатдор буданд. Барои савдои калон, ки, пеш аз ҳама, табақаҳои гуногуни синфи ҳукмрон аз он манфиат мебур-данд, низ ҳар гоҳ вазъияти номусоид ба вуҷуд меомад ва ин, дар навбати худ, ба таври ғайримустақим ба касбу ҳунар ҳам зарар мерасонид.

Ду ислоҳоти пулие, ки дар зарфи чоряки аввали асри ХVI гузаронида шуда, мақсади аслии онҳо омода сохтани шароити мусоид барои тиҷорати пулӣ буд, возеҳу равшан шаҳодат медиҳанд, ки фароҳам овардани чунин шароит, тавре ки мебоист, имконпазир нагардид. Хеле мавриди аҷобат аст, ки ислоҳоти дувум ба сабаби худсарии соҳибони мулк якбора гузаронида нашуд, барои аз байн бурдани бӯҳрон ва дар миқёси тамоми давлат мурат-таб сохтани муомилоти пулӣ бештар аз понздаҳ сол лозим омад.

Истиқлоли ҳукмронони мулкҳо дар давраҳои баъдина ба муомилоти ба-робари пулии умумидавлатӣ торафт монеаҳои нав ба нав ба вуҷуд меовард.

Пас аз ислоҳоти Кӯчкунчихон, ки соли 1525 ба анҷом расид, фоидаи аз зарбу гардиши пул бадасторандаи ҳокимони мулк боз ҳам афзунтар гардид. Тавассути ин ислоҳот қоидае расмият пайдо кард, ки мутобиқи он даромади мулкдорони калон аз сикказании, масалан, пули нуқра аз ду манбаъ ҳосил мешуд: яке – пардохти ба мизони муайян даромадаи соҳибони филиз, дигаре –оидоте, ки аз макру найрангҳои ошкорои табдили қурби нуқра ба даст ме-даромад. Маънии манбаи охирӣ аз ин иборат буд, ки пулҳои нуқраи ҳамваз-ну ҳаммаҳак ба ду гурӯҳ–сиккаи «кӯҳна» ва сиккаи «нав» ҷудо карда шуда, ба онҳо арзиши гуногун дода мешуд (чунончи, қобилияти хариди 10 тангаи «кӯҳна» баробари 9 тангаи «нав» буд). Ба истибдоди ҳокимияти давлатӣ такя карда, дар ҳар сари чанд вақт пулҳои «нав» худсарона «кӯҳна» эълон карда мешуданд, ки ба ин васила 10% даромади муфт ба хазинаи давлат медаро-мад ва соҳиби пул ҳам якбора 10% зиён мекашид. Ҷенкинсон, ки дар солҳои 1558–1559 ба Бухоро сафар карда буд, истифодаи беисти нишони пулӣ ва оқибати онро дар тиҷорат хеле боварибахш тавсиф намудааст: «Подшоҳ ҳар моҳ ва гоҳо дар як моҳ ду бор арзиши нуқраро баланд ё паст мекунад: вай аз ҳоли мардум парвое надорад, чунки барои аз ду ё се сол зиёдтар ҳукм рондан чашмаш намерасад, ӯро ё мекушанд ва ё меронанд. Ин ҳолат мамлакатро хароб ва тоҷиронро муфлис мегардонад».

Ба ин бояд ҳаминро ҳам илова кард, ки ҳокимони мулк баробари афзу-дани парокандагии феодалӣ беш аз пеш ба муомилоти пулии умумидавлатӣ мамониат мекарданд. Онҳо ҳар чӣ бештар даромад ба даст оварданӣ шуда, пеши роҳи дар қаламравашон гардиш кардани пули мулкҳои дигарро меба-станд.

Бесабаб нест, ки дар чоряки севуми асри ХVI Осиёи Миёна боз як бӯҳро-ни хеле сахти муомилоти пулиро аз сар гузаронид.

Севумин нуктаи муҳим вазъи умумии мамлакат ва таъсири бевоситаи он ба хоҷагист. Лашкаркашӣ ва тохтутозҳои сершумор ба Хуросон ҳокимони шайбонӣ ва то андозае аскарони онҳоро сарватманд намояд, тадорукот ва таҷҳизоти ин лашкаркашиҳо барои аҳолӣ бисёр гарон меафтод. Хусусан, ҷангҳои байнихудии феодалон, ки қариб ним аср муттасил давом намуд, аҳволи мардумро ниҳоятдараҷа табоҳ сохт: дар натиҷаи муҳорибаҳои байни султонҳои шайбонӣ, аз даст ба даст гузаштани шаҳру мулкҳо заминҳои кишт зери по, шаҳрҳо тороҷ ва хироҷу андозҳо зиёд мешуданд. Ба ҳамин тариқа, шароити ин замон ҳам ба равнақ ва ҳатто як дараҷа мӯътадил гардидани вазъи истеҳсолоти ҳунармандӣ ва тиҷорат кӯмаке нарасонид.

Дуруст аст, ки дар охирҳои аср, вақте ки Абдуллохони II ба ҷангҳои бай-нихудӣ хотима дода, барои беҳтар гардидани шароити тиҷорат як қатор тадбирҳо пешбинӣ кард, вазъият тағйир ёфт ва хоҷагии мамлакат каме ба ҳолати эътидол даромад. Аммо ин давраи на он қадар тӯлонии истиқрор ба-рои бартараф намудани тамоми оқибатҳои хасорате, ки дар давраи пешина ба касбу ҳунар ва тиҷорат ворид омада буд, кифоят накард. Ҷараёни инки-шофи минбаъда ба зудӣ ҳамаи он натиҷаҳои мусбатеро, ки дар аҳди Абдул-лохони II дар бобати ба дараҷаи маъмулӣ даровардани вазъияти умумии мамлакат ба даст омада буданд, ба боди фано дод.

Ба ҳамон хулосае, ки се чоряки асри ХVI давраи тадриҷан камшавии ҳаҷми истеҳсолоти ҳунармандӣ ва тиҷорати дохилист, амри воқеии маҳз дар ҳамин аср нисбатан бештар ба тараққӣ рӯ ниҳодани шаҳрҳо мухолифате надорад. Масалан, дар давоми асри ХVI масоҳати Бухоро афзуда, як қисми маҳалҳои атрофи он ба шаҳр дохил карда шуданд. Дар ин давра дар Бухоро бисёр иморатҳои нави мӯҳташам ба вуҷуд меоянд, аз ҷумла тоқҳои тиҷорат, корвонсаройҳо ва амсоли инҳо сохта мешаванд. Бухоро дар нимаи дувуми асри ХVI ба таври қатъӣ пойтахти давлати Шайбониён мегардад. Боз муҳим-тар аз ин, Бухоро маркази тиҷоратии Осиёи Миёна, маҳалли омадурафти аксари тоҷирони хориҷӣ ва гузаргоҳе барои молҳои хориҷӣ маҳсуб меёфт. Аз ин рӯ, ҳаҷми тиҷорати Бухоро хоси тамоми Осиёи Миёна намебошад ва ба-рои сухан рондан аз боби инкишофи беш аз пеши саноати ҳунармандӣ дар саросари Осиёи Миёна асосе намедиҳад.

Тиҷорати хориҷӣ. Муносибатҳои дипломатӣ

Устувор  гардидани  муносибатҳои  иқтисодӣ ва  дипломатӣ бо Россия омили тараққиёти таърихии Осиёи Миёна дар асри ХVI буд . Ин бештар аз ҳама дар нимаи дувуми аср, ки рафтуомади сафирони рус ба Осиёи Миёна ва алалхусус сафирони осиёмиёнагӣ ба давлати Москва ранги доимӣ гирифт, ба назар намоён гардид. Он вақтҳо сафирон ба корҳои тиҷорат ҳам машғул мешуданд: онҳо бо корвонҳои худ на фақат тӯҳфаҳои подшоҳӣ ва хонӣ, балки молҳои тиҷоратӣ низ мекашонданд. Аз тиҷорати подшоҳӣ ва хонӣ боҷ ги-рифта намешуд. Бинобар ин, султонҳои шайбонӣ ва ҳокимони мулкҳо кор-вонҳои пурбори худро бо камоли майл ба сӯи давлати Москва равон ме-сохтанд. Вале аз нуқтаи назари мустаҳкам кардани робитаҳои иқтисодӣ аҳамияти вусъат ва инкишофи ҳаҷми тиҷорати хусусӣ бештар буд. Ҳарчанд аз корвони тоҷирони ҷудогона, ки ба Аштархон рафтуомад мекарданд, боҷ гирифта мешуд, аммо ин боиси камшавии тиҷорат намегардид. Молҳои Осиёи Миёна барои Россия чунон зарурат пайдо карда, ба таомул даромада буданд, ки ҳатто дар терминология ва топонимикаи он осори худро гузо-штанд. Масалан, яке аз миқёсҳои маъмули вазн дар давлати Москва «ансири бухороӣ» номида мешуд. Дар давлати хонии Қазон тоҷирони осиёимиёнаги-ро «тезикҳо» (тоҷикон) меномиданд ва дар маркази шаҳри Қазон маҳалле буд, ки бо номи «мавзеи тезикҳо» шӯҳрат дошт.

Тиҷорат ба самти дигар – ба тарафи Сибир ҳам вусъат ёфт. Дар ин ҷо молҳои Осиёи Миёна лузумоти бештаре доштанд. Ба ин сабаб ҳукумати Москва дар асри ХVI аз тиҷорати ин сарзамин ягон хел боҷ намеситонд.

Дар давлати Москва аз молҳои тиҷоратии Осиёи Миёна талабот, махсу-сан, ба матоъҳои гуногуннавъи пахтагӣ ва абрешимӣ зиёд буд. Аз Москва ба Осиёи Миёна пӯсти хом, зарфҳои чӯбӣ, газворҳои пашмӣ ва бисёр маснуоти дигар оварда мешуданд. Баъзе аз ин молҳои русиро дар Бухоро савдогарони ҳинду ва эронӣ мехариданд.

Дар асри ХVI дар миёни давлати Шайбониён ва давлати Темуриёни Ҳинд муносибатҳои бисёр наздики тиҷоратию дипломатӣ ва иртиботи маданӣ вуҷуд дошт. Лекин муносибати тиҷоратӣ ба Эрони сафавӣ хеле коста гардид. Дар ин маврид, ғайр аз сабабҳон умумӣ (тағйири роҳҳои корвонгард), ни-зоъҳои мазҳабии байни Эрони шиа ва Осиёи Миёнаи суннӣ ҳам роли муа-йяне мебозид. Сабаби дигар ҳамоно муносибатҳои сиёсии байни Шайбониён ва Сафавиён буд, ки дар натиҷаи лашкаркашӣ ва тохтутозҳои пайдарпайи султонҳои шайбонӣ ба Хуросон (бо нияти тасарруфи шаҳрҳои пурсарвати Ҳирот, Машҳад, Исфароин ва ғ.) беш аз пеш тезутунд мегардид. Ҷенкинсон, ки солҳои 1558–1559 дар Бухоро зиста, махсусан ба масъалаҳои тиҷорат ма-роқ зоҳир кардааст, роҷеъ ба тиҷорати Осиёи Миёна бо Ҳиндустон ва Эрон чунин менависад: «Ҳиндуҳо матоъҳои сафеди нафисро, ки тоторҳо ба гирди сарашон мепечонанд, ҳамчунин дигар навъҳои газвори сафедро, ки дар вақти аз матои пахтагӣ дӯхтани либос истифода мешаванд, ба ин ҷо ворид мекунанд, вале онҳо на тилло, на нуқра, на ҷавоҳирот ва на адвияҷот намеоваранд. Ман пурсуҷӯ карда фаҳмидам, ки роҳи ин тиҷорат ба воситаи уқёнус будааст, чунки ҳамаи маҳалҳои истеҳсоли ин молҳо дар таҳти тасар-руфи португалиҳо воқеъ аст.

Ҳиндуҳо аз Бухоро шоҳиворӣ, пӯсти хом, ғулом ва асп мебаранд, лекин ба хариди пашмина ва моҳут он қадар майл надоранд. Ман ба тоҷирони он ки-шварҳо, ки аз дурдасттарин қисматҳои Ҳиндустон, ҳатто аз сарзамини Бан-гола ва каронаҳои дарёи Ганг меоянд, муовизаи матоъҳои пашмиро ба молҳои онҳо пешниҳод кардам, вале нахостанд молашонро ба чунин матоъ, мисли моҳут, иваз кунанд.

Эрониҳо ба ин ҷониб парча, ғози пахта, катон, шоҳии алвон, аспи зотӣ ва амсоли инро оварда, аз ин ҷо пӯсти хом ва дигар молҳои русӣ, ғуломони гу-ногуннажод харида мебаранд, аммо матоъ намехаранд, зеро худашон ин навъ молҳоро ба ин ҷо меоваранд» .

Манбаъҳои дигар рӯихати молҳои ба Ҳиндустон содиркунандаро (аз қабили себу нок, мавизу бодом, харбузаи хоразмӣ, мӯинаи русӣ ва мурғи шикорӣ) ва, бараъкс, аз Ҳиндустон ба Осиёи Миёна воридкунандаро (мисли парча, рангубор, чой, марворид) пурра месозанд . Боз як моли махсус – тан-гаҳои нуқраи шайбониро, ки дар асри ХVI аз Осиёи Миёна ба Ҳиндустон бурда мешуд, бояд хотирнишон кард. Аҷоиб, ки шоҳ Акбар (1556–1605) ба-рои гардиши пулҳои шайбонӣ дар дохили давлати худ иҷозат дода буд, аз ин рӯ номи Акбар ба шакли мӯҳри кӯчаке дар рӯи пул зарб зада мешуд  .

Муносибатҳои дипломатии байни Шайбониён ва Темуриёни Ҳинд низ бомуваффақият инкишоф меёфт. Шайбониён, ки Бобурро аз Осиёи Миёна тамоман ронда буданд, дере нагузашта пас аз қисмати зиёди Ҳиндустонро фатҳ карданаш саъю кӯшиш намуданд, муносибатҳои худро бо ӯ мӯътадил гардонанд. Дар солҳои охири ҳукмронии Кӯчкунчихон ба назди Бобур сафо-рати босалобате фиристода шуд. Сафирон на фақат аз тарафи сарсулола, яъне худи Кӯчкунчихон, балки аз тарафи баъзе султонҳои хонадони шайбонӣ ҳам буданд. Бобур сафиронро ба хубӣ пазироӣ намуд ва ҳангоми рухсат ба онҳо тӯҳфаҳои бисёре дод. Масалан, ба сафири Кӯчкунчихон 70 ҳазор пули нуқра, ханҷари қиматбаҳо ва кулоҳи зардӯзӣ инъом кард . Ин сафорат фақат маънии ба расмият шинохтанро надошт. Шайбониён, ки дар ин солҳо пай дар пай ба Хуросон ҳуҷум мекарданд, ба таъмини амнияти ақибгоҳи худ манфиатдор буданд.

Муносибатҳои дипломатӣ, хусусан, дар байни ду ҳукмрони барҷаста – султони шайбонӣ — «Абдуллохони II ва подшоҳи Ҳиндустон» — Акбар хеле муваффақиятомез буд. Онҳо ҳар гоҳ ба кишвари якдигар ҳайъати сафорат мефиристоданд, бо ҳам мукотиба доштанд ва ба якдигар тӯҳфаҳои гаронбаҳо мефиристоданд. Абдуллохони II ба сафорате, ки фавран баъди Бадахшонро забт кардани Шайбониён ва дар Афғонистон ғалабаҳои калон ба даст овар-дани қӯшуни Акбар фиристода буд, арзиши баланд медод. Ин сафорат мақсади дутарафа дошт: яке – гирифтани пеши роҳи ҳаракати минбаъдаи қӯшуни Ҳинд ва дигаре – ба Акбар фаҳмондани ин, ки Шайбониён даъвои мулки ӯро надоранд. Сафорати дар навбати худ фиристодаи Акбар бо ҳусни таваҷҷӯҳ ва иззату эҳтироми бузурге пазируфта шуд .

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *