Маданияти халқҳои Осиёи Миёна дар замони Муғул

Меъморӣ. Касбҳои амалӣ. Санъат

Вусъати фаъолияти бинокорӣ, ки дар миёнаҳои асри ХIII ва алалхусус, асри ХIV ба вуқӯъ пайваст, ба ҳолати муқаррарӣ даромадан ва, сипас, нисба-тан боло рафтани ҳаёти шаҳр ва умуман хоҷагии мамлакатро инъикос ме-намояд. Пули сохтмонро феодалони динӣ ва ашрофӣ, ҳатто намояндагони ҷудогонаи табақаи ҳукмрони муғулҳо мепардохтанд. Аммо бинокорон устоҳои маҳаллӣ буданд. Бинобар ин дар санъати меъмории ин давра анъанаҳои маҳаллӣ, ҳамчун таҷассуми комёбиҳои меъморони Осиёи Миёна ва устоҳои гуногуни санъати амалӣ тараққиёти минбаъда ва мантиқии худро пайдо намуд.

Аз ин давра миқдори хеле зиёди осори меъморӣ боқӣ мондааст, ки акса-ран аз мақбара иборат аст. Вале аз ин чунин барнамеояд, ки сохтмони асрҳои ХIII–ХIV фақат ба ҳамин навъи биноҳои мӯҳташам маҳдуд гардида-аст. Аз манбаъҳои хаттӣ маълум мешавад, ки мадраса ва кӯшкҳо низ бино меёфтаанд. Дар миёнаи асри ХIII ду мадрасаи калон дар Бухоро сохта шуд, подшоҳи муғул Кабакхон дар наздикии Насаф кӯшк (қаршӣ) бино кард. Дар Кӯҳна-Урганҷ (Хоразм) манораи бошукӯҳе (ҳозир қариб 62 м баландӣ дорад) маҳфуз мондааст, дигар ҳамин хел манора дар ибтидои асри ХХ фурӯ рехт. Ин ду манора қисми таркибии масҷиде буданд.

Қадимтарин иморати маҳфузмондаи ин давра мақбараи Сайфиддини Бохарзӣ мебошад. Сайфиддини Бохарзӣ аз шайхони хеле машҳур ва бонуфуз буда, ҳатто дар назди муғулҳо эътибори калон дошт.

Ӯ дар соли 1258 вафот кард. Авлоди вай бар сари мадфанаш мақбара ва хонақоҳ андохтанд. Соли 1333 ин хонақоҳро Ибни Батута зиёрат карда, онро ҳамчун «маъвои хеле бузург» тавсиф намуд. Мақбараи то замони мо расидаи шайх, ки дар наздикии Бухоро воқеъ гардидааст, хонақоҳ надорад. Вай дар асри ХIV умуман таҷдид ёфта, дар паҳлуи иморати қадимаи худи мақбара баъдтар зиёратхонае ҳам сохта шудааст. Қисми аз ҳама охир таъмирёфтаи мақбара сардарии пештоқдори вай аст. Ин ёдгории қадима ба таври оддӣ сохта шуда, дар айни замон хеле мӯҳташам мебошад. Гунбади хурдтари худи мақбара, гунбади калони зиёратхона ва сардарии баланди дорои ду манора-чаи пурнақшу нигор таассуроти бинандаро ба пойдорӣ ва ҳашамати ин бино афзунтар мегардонанд.

Мақбараҳои қаблазтемурии асри ХIV хеле бисёранд. Чанд мақбара дар маҷмӯи Шоҳизинда (зиёратхонаи назди мақбараи Қуссам ибни Аббос, мақбараи соли 1360, мақбараи Хоҷа Аҳмад ва ғ.), мақбараи Буёнқулихон дар Бухоро, мақбараҳои Наҷмиддин ва Турабекхоним дар Кӯҳна-Урганҷ, мақба-раи Муҳаммад Башоро дар Панҷакент, мақбараи ҳоло харобгардидаи Тубо-хон дар Ленинобод ва ғайра аз ҳамин қабиланд. Аксари мақбараҳо аз ҷиҳати тарҳу меъморӣ ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: гурӯҳи нисбатан сершумори онҳо, мақбараи якхонагии гунбаддор буда, гурӯҳи дигар, мақбараҳоеанд, ки мисли мақбараи Сайфиддини Бохарзӣ ду гунбад дошта, аз марқад ва зиёрат-хона иборатанд. Дар ин давра баъзе тарҳҳои нави сохтмони мақбара ба вуҷуд меоянд, ки бар боми гунбадшакл асос ёфта, бештар бино кардани мақба-раҳои дугунбада ва, ҳатто сегунбада дар назар дошта шудааст.

Ороишоти меъмории ин давра хеле муҷаллал ва гуногунранг буда, аз та-раққиёти минбаъдаи касбҳои амалӣ шаҳодат медиҳад. Дар нақшу нигори биноҳо гулкориҳои рӯи гил ва мино ба таври васеъ истифода бурда мешуд. Баъзан нақшҳои барҷастаи бар тахтаҳои гили пухта кандашударо бо луоби кабуд ё осмониранг андуда, дар мавридҳои дигар фақат катиба ва ё тасвири асосиро сир медоданд ва нақшҳои фаръии даруниро ба ранги гилтахтаҳои кандакоришуда мегузоштанд.

Дар ороиши биноҳо сафоли сирдори нақшин ба таври хеле фаровон ба кор бурда мешуд. Гоҳо зери мино ё рӯи миноро бо суратҳои заррин ё рангин зинат медоданд. Деворҳо бо хиштҳои сирдода, ки дар фосилаҳои баробар ба шакли амудӣ чида мешуданд, содда, вале нафис ороиш меёфтанд. Рӯи гаҷкоришудаи деворҳо гоҳо бо нақшбандии бисёр зебо пӯшида мешуд. Усули қадимаи ороиши бино тамоман аз байн нарафта буд. Чунончи, канда-кориҳои (беминои) асрҳои ХI–ХII дар амали меъмории асри ХIV низ ба назар мерасанд.

Дар нақшҳои рӯи гилтахта, сафоли сирдор ва нақшу нигори деворӣ диққати касро беш аз ҳама зебоӣ ва гуногунии мураккабтарин тасвироти на-ботӣ ва ҳандасӣ ба худ ҷалб менамоянд. Ҳунари ихтироъкоронаи мусавви-рон, ки ин ҳама намунаҳои олиро барои устоҳои сафолгар ва ё нақшбандҳо таҳия кардаанд, ниҳоят ҳайратангезанд.

Махсусан катибаҳои бо хатҳои гуногун сабтгардидаи ёдгориҳои бошукӯҳи меъмориро, ки аз маҳфуз мондани ҳунари хаттотӣ ба дараҷаи баланди пе-шинаи худ шаҳодат медиҳанд, бояд зикр намуд. Қайд кардан лозим аст, ки ҳунари хаттотӣ ва наққошӣ осори бисёр зебои худро на фақат дар соҳаи меъморӣ, балки дар дигар ёдгориҳои санъати дастии мардуми он замон низ боқӣ гузоштаанд.

Аз ин лиҳоз ду кӯзаи гилӣ, ки танаи нокшакли онҳо бо хатҳои нақшу ни-гори хеле хуби қолабӣ зинат ёфтааст, бисёр ҷолиб мебошад. Дар яке аз ин хатҳо навиштаҷоте ҳаст, ки дар он ном ва сана сабт гардидааст: «Амали усто Абдурраҳмон; соли ҳафтсаду бисту як» (соли 1321 милодӣ). Хати катиба, ки хеле зебост, дар ҳар ду кӯза як хел аст, аммо нақшу нигори онҳо аз ҳам фарқ мекунад.

Баъзе намунаҳои сафололоти сирдор, ки аз Хоразм ва Туркманистони ҷанубӣ ёфт шудаанд, дорои аҳамияти калони бадеӣ мебошанд . Аз нақшу нигори маъбадҳои буддоии Марв фиқраҳои зиёде бо тасвири харгӯш, аждаҳо ва ғ. маҳфуз мондаанд.

Илму адаби тоҷик дар асри ХIII – миёнаҳои асри ХIV

Аз тарафи ӯрдуҳои Чингизхон истило шудани Осиёи Миёна ба тараққиё-ти фан ва адабиёт зарбаи калоне расонид. Дар асри ХIII ва авоили асри ХIV адабиёт махсусан дар Осиёи Сағир, ҷануби Эрон ва Ҳиндустон, яъне дар он маҳалҳое, ки дар таҳти тасарруфи муғулҳо қарор нагирифта буданд, равнақ меёбад. Фақат дар охири асри ХIV ва ибтидои асри ХV марказҳои адабӣ азнав ба Мовароуннаҳр ва Хуросон мекӯчанд.

Дар асри ХIII бузургтарин симоҳои назми форс-тоҷик Ҷалолиддини Румӣ, Саъдии Шерозӣ ва Амир Хусрави Деҳлавӣ ба майдон меоянд.

Ҷалолиддини Румӣ (1207-1272) аслан аз қадимтарин маркази тамаддунии халқи тоҷик шаҳри Балх мебошад. Ӯ қабл аз тааррузи муғул, дар синни 14-солагӣ бо падари худ аз ватан ҳиҷрат намуда, ба Нишопур, Бағдод, Ҳиҷоз, Сурия ва Осиёи Сағир рафт ва дар Қуния (Осиёи Сағир) иқомат ихтиёр кард. Вай аввал бо роҳбарии падари худ дар Қуния, сипас, дар Ҳалаб ва Димишқ таҳсил намуда, маълумоти нисбат ба он замон мукаммале ба даст овард ва чанд гоҳ ба дарсгӯӣ машғул шуд. Вале дар соли 1224 ӯ бо таъсири мулоқоти яке аз дарвешон дарсдиҳӣ ва роҳбарии корҳои тариқати суфияро ба халифа-гони худ вогузор карда, худ гӯшанишин гардид.

Ҷалолиддини Румӣ аз бузургтарин олимон ва шоирони мутасаввиф аст. Асарҳои хеле машҳури ӯ яке девони ғазалиёт ва дигаре «Маснавии маънавӣ» мебошад, ки аз шаш ҷузъ – 26 ҳазор байт иборат буда, асосҳои фалсафаи та-саввуфиро дар бар гирифтааст. Вай бо ин асари худ навъи маснавии ирфо-ниро то ба охирин дараҷаи тараққиёти он пеш бурд. Эҷодиёти Румӣ хусусан аз он ҷиҳат ҷолиби таваҷҷӯҳ аст, ки шоир ба мақсади умумфаҳм гардидани асарҳои худ услуби соддаро ба кор бурда, шаклҳои назми халқии тоҷикро, чунончи, дар ғазал сурудҳои лирикӣ ва дар маснавӣ тамсилро истифода ме-намояд. .

Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ (тақрибан 1219-1292) дар Шероз ба таҳсили илм шурӯъ намуда, пас аз он ба Бағдод рафт ва дар мадрасаи «Низомия» давраи таҳсили худро ба охир расонид. Аз як тараф, шавқи ҷаҳонгардӣ ва, аз тарафи дигар, нооромиҳое, ки ҳангоми ҳуҷуми урдуи муғул дар ватани Саъдӣ рӯй дода буданд, ӯро ба мусофирати дуру дарози кишварҳои гуногуни Шарқ водор намуданд. Саъдӣ дар овони ин мусофиратҳо, ки 30-40 сол давом карданд, Ҳиҷоз, Бағдод ва Африқои шимолиро саёҳат намуд.

Ӯ дар соли 1256 ба Шероз баргашта, ба ҷамъ кардан ва тартиб додани асарҳои худ машғул гардид.

Эҷодиёти Саъдӣ ба таъсири назми қадимаи тоҷик ташаккул ёфта, бо он узван марбут гардидааст. Бинобар ин бо вуҷуди он ки Саъдӣ шоири Шероз буда, берун аз хиттаи Осиёи Миёна офаринандагӣ кардааст, вай инчунин ба таърихи назми тоҷик дохил мешавад.

Саъдӣ ғайр аз «Гулистон» ва «Бӯстон» бисёр шеър ҳам навиштааст, аз ҷумла, чанд силсилаи ғазалиёт ба қалами ӯ тааллуқ дорад, ки ба ин васила шоир дар таърихи инкишофи ин навъи назми классикии форсу тоҷик мақоми шоистае ишғол намудааст. Саъдӣ, дар баробари офаридани наму-наҳои мукаммали навъи ғазал, дар насри бадеӣ ҳам устодии худро нишон дод. Аз тарафи дигар вай усули панду насиҳатро дар адабиёт бештар ҷорӣ кард ва навъи асарҳои таълимиро хеле такмил намуд. Шоир дар асарҳои пандомезаш ақидаҳои инсониятпарваронаи худро акс кунонида, ғояҳои ва-тандӯстиро таблиғ кардааст.

Саъдӣ зулму тааддӣ ва ситамкориҳои давлатдоронро маҳкум намуда, ҳокимонро даъват мекард, ки ба мардуми оддӣ бо чашми эҳтиром ва қадр-шиносӣ назар кунанд. Ӯ ба кам қаноат карданро талқин менамуд ва молпа-растиву таҷаммулхоҳиро мазаммат мекард. Дар айни замон эҷодиёти ин шоири бузург аз маҳдудиятҳои таърихӣ ва синфӣ холӣ нест. Чунончи, ӯ за-рурати дар пеши зӯрмандон сари итоат фуруд оварданро қайд намуда, як навъи ба худ хоси мароми ба муқобили бадӣ сар набардоштанро таблиғ ва талқин мекунад.

Амир Хусрави Деҳлавӣ (1253-1325) дар яке аз шаҳрҳои шимоли Ҳиндустон таваллуд ёфтааст. Падари ӯ аслан аз шаҳри Кеш буда, дар вақти ҳуҷуми муғул аз Мовароуннаҳр ба Ҳиндустон фирор намудааст. Амир Хусрав пас аз хатми таҳсил шаҳри Деҳлиро иқоматгоҳи худ қарор дод ва дар дарбори сул-тон машғули фаъолияти эҷодӣ гардид.

Ӯ илова бар девони ашъоре, ки аз панҷ қисмат иборат аст, ба равияи фарзанди заковатманди халқи Озарбойҷон Низомӣ «Хамса» навишт. Амир Хусрав дар ин асари худ, агарчанде мавзӯи қадимаро нигоҳ дошт, лекин дар услуби достон ва тавсифи қаҳрамонҳо дигаргунӣ овард. Ӯ нисбат ба дигар шоирон дар бобати гирифтани мавзӯъҳои маҳаллӣ зиёдатар ҷасорат намуд. Аз асарҳои достонии ӯ «Қирон-ус-саъдайн» (дар бораи мулоқоти Саъд бо па-дари худ Буғрохон), «Мифтоҳ-ул-футӯҳ» (калиди фатҳҳо) ва «Нӯҳ сипеҳр» дар мавзӯъҳои маҳаллӣ навишта шудаанд. Ин тариқа асарҳои шоир илова бар қимати адабӣ дорои аҳамияти бузурги таърихӣ ҳам мебошанд.

Достони ишқӣ-афсонавии ӯ «Хизрхон ва Дувалронӣ», ки дар бораи шаҳзодаи ҳиндӣ ва маъшуқаи вай ҳикоят мекунад, хеле қобили таваҷҷӯҳ аст. Амир Хусрав бо забони маҳаллии рехта, ки баъдҳо асоси забони урдуро фа-роҳам овард, низ асар эҷод кардааст. Ӯ ба омӯзиш ва таҳқиқи фанҳои гуно-гун, илми шеър ва мусиқӣ ҳам машғул мешуд.

Нахустин маҷмӯаи ба мо расидаи назми тоҷик тазкираи «Лубоб-ул-албоб» мебошад, ки дар солҳои 1221-1222 таълиф ёфтааст. Муаллифи он Муҳаммад Авфӣ аслан аз Марв буда, дар Бухоро тарбият гирифта ва дар ҳамин ҷо таҳсил намудааст. Ӯ дар вақти ҳуҷуми муғулҳо ба Ҳиндустон фирор намуда, дар он ҷо ғайр аз тазкираи номбаршуда асари мансуре бо унвони «Ҷавоме-ул-ҳикоёт ва лавоме-ур-ривоёт» навишт, ки аз ҳикоятҳои ширин ва афсонаву қиссаҳои аҷиб фароҳам омадааст.

Дигар аз донишмандони илму адаб, ки дар дарбори Муҳаммади Хо-размшоҳ хидмат мекарданд, Муҳаммад ибни Қайси Розӣ мебошад. Вай низ ҳангоми тааррузи истилокорони муғул тарки ватан намуда, дар ноҳияи ҷанубии Эрони кунунӣ паноҳ бурд ва дар ин ҷо дар соли 1223 «Ал-мӯъҷам фи маойири ашъор-ул-Аҷам» ном асаре доир ба арӯз ва қофия таълиф кард, ки дар он роҷеъ ба шоирони гузашта ва муосири муаллиф маълумоти пур-баҳо дода, аз ашъори онон намунаҳо оварда шудаанд.

Дар асри ХIII таърихнависӣ хеле ривоҷ гирифт. Аз муҳимтарин асарҳои ин соҳа «Табақоти Носирӣ»-ро метавон ном бурд, ки дар соли 1260 аз тарафи Абӯумар Минхоҷиддини Ҷузҷонӣ ном шахсе аз аҳли Ғур таълиф ёфтааст.

Ин асар ғайр аз таърихи подшоҳони Ҳинд баъзе воқеаҳои давраи салта-нати Ғазнавиён, ҳукмронии муғулҳо ва махсусан табаддулоти муборизаи зидди исмоилияро муфассал баён мекунад ва донр ба таърихи давраи асри миёнаи Ғур беҳтарин сарчашмае ба шумои меравад.

Аз асарҳои таърихии он замон, ки дар бобати таҳқиқ ва омӯзиши давраи муғулҳо қимати бузурге доранд, алалхусус, асари дар Эрон навиштаи Алоуд-дин Атомалики Ҷувайнӣ (ваф. 1283) «Таърихи Ҷаҳонкушо» ва асари Фазлул-лоҳ Рашидаддин (дар соли 1318 кушта шудааст) «Ҷомеъ-ут-таворих»-ро ном бурдан мумкин аст. Ин асари охиринро В.В.Бартолд нахустин иқдоми ҷиддӣ дар бобати офаридани «Таърихи умумиҷаҳонӣ»-и асри миёна мешуморад.

 

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *