Маданияти моддӣ ва маънавӣ дар асри ХVIII — Донишхона

Маданияти моддӣ ва маънавӣ дар асри ХVIII

Нооромиҳои замона ва ҷангҳои феодалӣ, зулму ситами бераҳмона ва ха-робиҳои мамлакат тараққиёти маданиятро бозмедоштанд. Албатта, даҳои офаринандагии халқҳои Осиёи Миёна поён намеёфт, вале он дар даврае, ки ҷамъият ба вазъияти таназзули иқтисодӣ ва то ҳадди охир фишор овардану инкор кардани шахсияти инсон афтода, тамоми ҷанбаҳои зиндагиро та-ассуби динӣ фаро гирифта буд, комилан ба зуҳур омада ҳам наметавонист.

Бинокорӣ ва меъморӣ

Дараҷаи тараққиёти санъати меъмории Осиёи Миёна алалхусус дар бо-бати сохтмони биноҳои бошукӯҳ дар давраи мавриди тадқиқ назар ба асри гузашта хеле поин рафт. «Дар нимаи асри ХVIII бинокориҳои азими Бухоро аз ҳаракат бозмонд, гӯё ки мавҷудияти худро қатъ карда бошад: дар шаҳри валангор биное сохта намешуд. Ҳатто дар лаҳзаҳое, ки аз охирҳои  аср  кори  сохтмон дубора ба роҳ даромад, тараққиёти он ҳамоно дар савияи нисбатан паст ҷараён меёфт» . Баъзе офаридаҳои меъмории барҷаста, аз қабили би-нои мадрасаи халифа Ниёзқул, ки бештар бо номи Чорманор машҳур аст ва силсилаи иморати халифа Худойдод, бо вуҷуди камхарҷии сохтмон ва сод-дагии сабки меъморӣ, аз он ки сохт ва намуди онҳо бо манзараи табиати маҳалли воқеъгаштаи худ мувофиқати комил пайдо кардааст, диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб менамоянд.

Дар Самарқанд якчанд биноҳои калон сохта ва ё сохтмони нимкора-мондаи иморатҳои кӯҳна анҷом дода шуданд. Масалан, дар миёна ва нимаи дувуми асри ХIХ дар таҳкурсии кӯҳна бинои масҷиди ҳазрати Хизр сохта, сипас борҳо таъмир ва такмил карда шуд (ин бино намуди ҳозираи худро дар натиҷаи азнавсозии соли 1915 пайдо кардааст). Биноҳое, ки аз охири асри ХVIII то миёнаҳои асри ХIХ дар Хева ва баъзе дигар шаҳрҳои хонии Хева бо вусъати тамом сохта шудаанд, аз ҷиҳати меъморию таърихӣ гуногунранг ва ҷолибтаранд. Дар ин ҷо қасрҳо, корвонсаройҳо, дарвозаҳои шаҳр, мад-расаву масҷидҳо, мақбара ва манораҳо ба вуҷуд омада буданд. Чунончи, қабулгоҳи соли 1855 дар рӯи ҳавлии Кӯҳнаарк (Хева) сохташуда айвоне дорад, ки бо зарофати сутунҳояш аз тамоми айвонҳои Осиёи Миёна зеботар мебо-шад. Қасри дуошёнаи Тошҳавлӣ (1832–1841) яксаду шасту се хона, се ҳавлии калон ва панҷ ҳавлии хурдро дарбар мегирад. Ин иморати хеле калон ва му-раккаб бо як маҳорати фавқулодда тартиб ва танзим ёфтааст.

Дар хонии Хӯқанд низ бинокорӣ вусъати зиёде пайдо карда буд. Дар шаҳрҳои гуногуни ин мамлакат бисёр иморатҳои мӯҳташам: қасрҳо, корвон-саройҳо, ҳаммомҳо, қалъаву манораҳо, инчунин масҷиду мадраса ва мақба-раҳо сохта шудаанд.

Соли 1841 яке аз сайёҳони рус навишта буд: «Қасри хони ҳозира бинои дуошёнаи хиштӣ ва хеле зебоест, ки дар маркази шаҳр воқеъ гардида, атро-фаш бо боғҳову иморатҳои ба он тааллуқдошта ва деворҳои баланди гилӣ иҳота гардидааст». Дар нимаи дувуми асри ХIХ қасри нави «ба таври худ хушнамуд»  (таъбири А.П.Федченко)   сохта  мешавад, ки  корҳои  асосии сохтмони он дар солҳои 1870-1871 анҷом ёфтааст. Тарҳи ин қаср мисли архи-тектоникаи рӯи он ҷолиб нест. Рӯи иморат бо кошинҳои гуногунранг зинат ёфта, дар ороиши он кандакории гаҷӣ истифода шудааст. Бо вуҷуди орои-шоти зиёде иморати қаср шакли муназзам ва мӯҳташам надорад. Дар ин ҷо устодони сафолсози Андиҷон, Чуст, Конибодом, Намангон, Ўротеппа, Риштон хуб маҳорат нишон додаанд. Мақбараи Модарихон ва Дахмаи Шоҳон (Хӯқанд) тақлидкорона сохта шудаанд, рӯйкаши ин биноҳо аз ҳад зи-ёд рангоранг буда, дар онҳо таносуб риоя нашудааст. Масҷиди Хонақоҳ дар Марғелон ва масҷиди Чинорлики 1 дар Хӯқанд бо айвонҳои пурнақшуниго-ри худ хеле назаррабо мебошанд. Мақбараи Хоҷамини Қабрии Намангон (нимаи дувуми асри ХVIII) дар санъати меъмории асрҳои ХVIII–Х1Х-и на фақат Хӯқанд, балки тамоми Осиёи Миёна мақоми хосае дорад. Вай, сарфи назар аз баъзе ҷиҳатҳои илтиқотӣ, асосан анъанаи меъмории классикии давраи асри миёнаи Фарғонаро давом медиҳад. Шаклҳои дақиқи меъморӣ ва ороишоти муҷаллал ин обидаро аз тамоми бинокориҳои онвақта фарқ меку-нонад.

Дар ҳамин давра дар Хуҷанд, Ўротеппа, Ҳисор, Панҷакент ва дигар шаҳрҳо низ иморатҳои зиёд сохта шуданд. Масалан, масҷиди Чорбоғи Хуҷанд бо айвони баланд ва нақшунигори зебои сақфи даромадгоҳи худ аз ҳамин қабил ёдгориҳои меъморӣ ба шумор меравад. Вале дар байни бештар аз дусад масҷид ва бисту панҷ мадрасаи Хуҷанд фақат чандтои онҳо аз ҷиҳати меъморӣ мавриди таваҷҷӯҳ мебошанд. Аз ёдгориҳои меъмории Ўро-теппа бинои мадрасаи Рустамбек, ки мутаассифона то замони мо боқӣ намондааст, қобили қайд аст. Намои кошинкории он бо суратҳои дар пештоқи иморат кашидашудаи ҳайвоноти асп ё палангмонанди ба муқобили якдигар ҳаракаткунанда зеби махсусе пайдо карда буд. Бинои мадраса дуо-шёна буда, 49 ҳуҷра дошт, дар ду гӯшаи рӯи он ду манор мавҷуд буд. Аз сохтмонҳои калони онвақтаи Ўротеппа мадрасаи Намозгоҳ, айвони тиллоко-рии пойгаҳи қароргоҳи ҳоким дар болои Муғтеппа, ҳаммом ва корвонсарой-ро, ки аз хишти пухта бино ёфта буданд, метавон зикр кард.

Дар ҳамин давра иморатҳои Регистони Ҳисор, Мадрасаи Нав, мадрасаи Миролим-додхоҳи Панҷакент сохта шудаанд. Тадқиқи ҳамаи ин ёдгориҳои меъморӣ ба чунин хулосае меорад, ки дар сохтмонҳои бошукӯҳи онвақта са-вияи техникӣ ва меъморию бадеӣ хеле паст гардида будааст.

Аммо дар бинокориҳои оммавӣ манзара тамоман дигар аст. Дар ин ҷо на қатъи анъана ва на таназзул мушоҳида намешавад. Баръакс, маҳз дар ин давра навъҳои маҳаллии манзилҳои Осиёи Миёна комилан ташаккул меёбад. Зимнан дар тарҳ, ороиш ва масоҳат ду навъи бино–манзили одамони давлатманд ва манзили одамони бенаво аз ҳам тафовути ҷиддӣ пайдо меку-нанд. Чор тарафи манзилгоҳ бо деворҳои баланд иҳота карда мешуд. Ба тақозои иқлим дар ҳар манзилгоҳ саҳни ҳавлӣ аҳамияти калоне дошт, зеро сокинони он аксари рӯзҳои солро дар зери сояи дарахтон ва гирди ҳавзи рӯи ҳавлӣ мегузаронданд. Ҳавлӣ аз ду қисмат иборат буд: ҳавлии дарун ва ҳавлии берун. Дар ҳавлии дарун хонаҳои зист, саисхона ва ғ. ҷой мегирифтанд. Гоҳо ҳавлии махсуси хоҷагӣ ва қитъаи боғ ҳам ҷудо карда мешуд. Ҳамчунин дарвозахона бо дари кандакоришуда низ ба қисми таркибии манзилгоҳ до-хил мегардид. Аксаран дар пеши хонаҳо айвон месохтанд. Биноҳо на фақат якошёна, балки дуошёна ва гоҳо сеошёна ҳам буданд.

Дар бинокориҳои деҳот ҳавлӣ ва қитъаи боғ бо деворҳои баланди гилӣ иҳота гардида, работ ва ё қӯрғон аксар вақт зеварбандӣ карда мешуд. Беҳта-рин намунаҳои чунин манзилҳо дар Самарқанд боқӣ мондаанд  . Хонаву айвонҳо чунон сохта мешуданд, ки касро дар тобистон аз гармо ва дар зими-стон аз сармо муҳофизат мекарданд. Хонаи зист ғайр аз дари асосӣ дарича ва тобадон ҳам дошт, ки барои равшаноӣ ва тоза кардани ҳавои хона хизмат мекард. Дар даруни хона барои хӯрокпазӣ оташдону мӯрӣ ва барои гарм шудан дар фасли зимистон сандалӣ мавҷуд буд.

Барои ороиши қисмати дохилии сохтмон тамоми навъҳои ҳунари ама-лии мардум, аз қабили кандакории чӯб, гаҷкорӣ, нақшу нигор ва ғ. истифода бурда мешуд, ки он бо ҷиҳози хона ҳамоҳангии том пайдо мекард. Аммо ин ҳама ба манзили одамони доро мутааллиқ буд. Масалан, шахси давлатманди Хуҷанд Камол Ҷалилов ва Ҳайдар ном бои Ўротеппа ҳамин гуна ҳавлӣ до-штанд. Мардикороне, ки барои онҳо хизмат мекарданд, дар кулбаҳои ҳақир, баъзан дар заминкану таҳхонаҳо мезистанд. Дар сурате ки он ҳама биноҳои мӯҳташам ва он ҳама осори ҳунари амалӣ, ки дар боло зикр гардид, бо ранҷи дасти онҳо ва бародарони ҳамқисматашон ба вуҷуд омадаанд. Дар шеъре, ки ба як бинокори гулдасти Фарғона бахшида шудааст, гуфта мешавад, ки ӯ ҳам тарҳандоз, ҳам меъмор, ҳам наҷҷор, ҳам наққош буд. Этнографҳо ва мутахас-сисони таърихи меъморӣ, алалхусус А.К.Писарчик, В.Л.Воронина, Л.И.Ремпел ва П.Ш.Зоҳидов мактаби меъмории Хоразм, Бухоро ва Фарғона-ро бо тамоми навъҳои маҳаллиаш, инчунин манзилҳои аз онҳо тамоман фарқкунандаи тоҷикони кӯҳистонро мавриди тадқиқи ҳамаҷониба ва хеле дақиқ қарор додаанд  .

Заргарон ва мисгарон низ осори бисёр нафиси ҳунарӣ офаридаанд. Асарҳои шоистаи таҳсини кандакорону ҳаккокон, бофандагону дӯзандагон, кулолон ва соири ҳунармандони забардаст аз он башорат медиҳанд, ки санъат ва ҳунари халқ дар ин давра ҳам мавҷудияти худро давом дода, ко-мёбиҳои муҳимро ноил гардидааст. Тафриқаи моливу иҷтимоӣ, чунон ки дар боби манзил мушоҳида гардид, ба маданияти моддӣ низ нақши хеле равша-ни худро гузоштааст.

Ҳаёти илмӣ ва адабӣ

Дар шароите, ки мамлакат аз ҷиҳати иқтисодӣ хеле ақиб монда, нуфуз ва эътибори рӯҳониёни иртиҷоии ислом беҳад пурқувват мегардид, дар бораи тараққиёти бомуваффақияти ҳаёти илмӣ ҷои ҳарф задан ҳам набуд. Дар ин давра на фақат ягон қадар асарҳои муҳим ба вуҷуд наомаданд, балки омӯхтани дастовардҳои илмии замонҳои гузашта низ қариб тамоман ба да-раҷаи нестӣ расид.

Хусусан замони ҳукмронии амир Шоҳмурод ва ворисони ӯ дар ин бобат тиратарин давраҳост. Дар ин вақт фақат омӯхтани илми фиқҳ, тафсири «ки-тобҳои муқаддас» ва шарҳи китобҳои дарсии динии асри миёна хеле ривоҷ ёфт. Ба ин сабаб муддати таҳсили мадраса ниҳоят дароз шуда, боиси аз до-нишҳои замон маҳрум мондани ҳатто боистеъдодтарин фарзандони халқ гардид.

Омӯхтани адабиёти бадеӣ, илмӣ баён, хаттотӣ, риёзиёт, ҳайъат дар прог-раммаи мадрасаҳо аслан ба назар гирифта намешуд. Хостгорон метавони-станд бо ин соҳаҳо ба тариқӣ худомӯзӣ машғул шаванд.

Забони тоҷикӣ дар ин давра ҳамоно аҳамияти аввалияи худро дар даст-гоҳи давлатӣ нигоҳ дошта, монанди собиқ ҳам дар риштаи адабиёт ва ҳам дар корҳои идоравӣ мавқеи асосиро ишғол мекард. Дар мактабҳо таълиму тадрис бо ин забон ба амал меомад. . Вале дар мадрасаҳо қариб тамоми дарсҳо ба забони арабӣ гузашта, забони тоҷикӣ фақат барои шарҳ ва тарҷумаи баъзе дарсҳо хидмат менамуд.

Мо сарчашмаҳои хаттии оид ба адабиёти асри ХУШ-ро дар даст надорем. Мувофиқи девонҳои ҷудогонаи то замони мо расидаи шоирони он давр, адабиёти Мовароуннаҳр дар аҳди зикршуда ба таназзули сахт рӯ ниҳода буд. Дар охири асри ХVIII – ибтидои асри ХIХ алалхусус, дар Хӯқанд ҳаёти адабӣ дубора ба ҷӯшу хурӯш медарояд. Шоирони зуллисонайн (амир Умархон, Макнуна, Гулханӣ ва дигарон) ба вуҷуд меоянд, ки асарҳояшонро ба за-бонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ иншо мекарданд. Оҳангҳои иҷтимоӣ дар шеърҳои онвақта хеле заиф гардида, таъсири тасаввуфи ғайрифаъол қувват мегирад. Дар миёнаи асри ХVIII ҷараёни тозае ба зуҳур меояд, ки дар таърихи адабиё-ти тоҷик бо номи бедилизм машҳур аст. Намояндагони ин ҷараён дар Осиёи Миёна беш аз ҳама ба тасаввуфи Бедил тақлид намуда, ба мароми умумии фалсафӣ ва иҷтимоии ӯ вуқуфи комил пайдо намекарданд.

Шоир ва файласуф Мирзо Абдулқодири Бедил (1644–1721) яке аз охирин намояндагони барҷастаи адабиёти тоҷикзабони асримиёнагии Ҳиндустон ба шумор меравад. Ў дар сарзамини Ҳинд ба дунё омада ва умр ба сар бурда-аст. Бедил дар асарҳои худ бар асоси назарияи ваҳдати вуҷуд баъзе фикрҳои бидъатомезро, ки бар хилофи дини ислом буданд, ифода карда ва бар зидди нифоқ ва адовати мазҳабии байни ҳиндуён ва мусулмонон сар бардоштааст. Ў ақидаҳои худро баъзан ошкоро ва гоҳо дар зери таъбирҳои тасаввуфӣ баён намудааст. Асарҳои Бедил бо сабки махсус навишта шудаанд. Ғояҳои ин шо-ир ва мутафаккири бузург назар ба дигар ҷойҳо бештар дар Осиёи Миёна, дар байни тоҷикон ва ӯзбекон тарафдорони худро пайдо намуд. Лекин, му-таассифона, қисми зиёди пайравони Бедил асосан услуби мураккаби бадеии ӯро дар шакл тақлид карда, ба мазмунҳои фалсафӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии ме-роси адабии вай аҳамият надодаанд. Шояд ба сабаби ақиб мондани ҳаёти мадании Бухоро ва дар ин маҳал хеле қувват гирифтани таъсири таассуби динӣ бошад, ки аксаран ҷиҳатҳои тасаввуфии шеърҳои Бедил диққати пайравони ӯро ба худ кашидаанд. Ин ҳолатро ҳам дар байни шоирони тоҷикзабони дарбори Умархон (дар Хӯқанд) ва ҳам дар эҷодиёти дигар шои-роне, ки дар Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд ва соири шаҳрҳо нашъунамо ёфта-анд, метавон мушоҳида кард  .

Бо вуҷуди ин, ҷараёни бедилизм ғайр аз муқаллидони кӯҳнапараст намояндагони пешқадами худро низ соҳиб буд. Дар байни пайравони Бедил одамоне ҳам буданд, ки баъдҳо, дар асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ эҷодиёти худро то андозае ба ҳаёти иҷтимоии халқ наздиктар намуда, ғояҳои нисбат ба он замон мутараққиро таблиғ мекарданд. Нақибхони Туғрал, Асирии Хуҷандӣ ва Ҷавҳарии Истаравшанӣ аз зумраи чунин шоирон маҳсуб ме-ёфтанд.

Умуман, равияи демократӣ ба назми ин давра низ роҳ пайдо менамуд. Чунончи, Мирзо Муҳаммадсодиқи Муншӣ, ки дар эҷодиёти ӯ оҳангҳои озод-фикрӣ ва танқиди зулму истибдоди ҳукмронон эҳсос мешавад, намояндаи ҳамин равия мебошад. Тамоюли танқиди сохти мавҷударо дар эҷодиёти баъзе шоирони дигари Бухороӣ аз қабили Ирсии Ҳисорӣ, Хиҷлати Бухороӣ, Раҳими Самарқандӣ ва ғайра низ метавон мушоҳида намуд. Дар доираи адабии Хӯқанд мисли Гулханӣ, Муҷрим, Кошиф, Маъдан, Ҳозиқ ва Махмур шоироне буданд, ки бо мароми эҷодиашон аз дигар муосирони худ тафовут доштанд. Шоира Дилшод, ки монанди бисёр адибони он замон асарҳояшро ба ду забон – тоҷикӣ ва ӯзбекӣ офаридааст, нисбат ба ҷабру ситам ва бедод-гариҳои ҳокимони феодалӣ ва мулозимони онҳо ҳисси нафрат ва эътироз баён менамояд.

Дар ин давра асарҳои оид ба таърих асосан шакли воқеанигориро ба худ гирифта буданд. Лекин дар ҳар сурат як идда сарчашмаҳои таърихӣ ҳам ба вуҷуд омаданд, ки дар масъалаи омӯхтани ҳаёти асрҳои ХVIII–ХIХ арзиши зиёде доранд. Яке аз ин гуна сарчашмаҳо асари Муҳаммадвафои Карминагӣ «Тӯҳфаи хонӣ» ё худ «Таърихи Раҳимхонӣ» аст. Ин китоб воқеаҳои дар байни солҳои 1721–1767 рӯйдодаро дар бар мегирад. Дигар аз асарҳои муҳими ин давра китоби Муҳаммад Яъқуб «Гулшану-л-мулук» мебошад, ки дар солҳои сивуми асри ХIХ навишта шуда, замони ҳукмронии манғитҳоро то аҳди амир Насрулло тавсиф медиҳад. Таърихи хонҳои Хӯқанд дар «Мунтахабу-т-таворих» ном асари Муҳаммад Ҳакимхон, ки воқеаҳои аз замони ҳукмронии Норбӯта (тақрибан с. 1770) то айёми салтанати Муҳаммадалихонро нақл ме-намояд, шарҳу баён ёфтааст. Асари Мулло Аттор «Ҷаҳоннамо», ки соли 1810 таълиф ёфта буд, асосан ба муносибати байни аморати Бухоро ва давлати хонии Хӯқанд бахшида шудааст. Илова бар ин, доир ба таърихи давлати хо-нии Хӯқанд асарҳои дигар, аз қабили «Таърихи Шоҳрухӣ»-и Мулло Ниёз Муҳаммад ва «Таърихи муҳоҷирон»-и Дилшод низ таълиф ёфтаанд. Доир ба таърихи аморати Бухоро ғайр аз асари Аҳмад Махдуми Дониш «Таърихчаи Бухоро» ҳамчунин таърихи Мулло Ҳамулӣ (охири асри ХVIII нимаи аввали асри ХIХ) қобили қайд мебошад.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *