Маданияти моддӣ ва маънавӣ дар асри ХVI

Бинокорӣ ва меъморӣ

Дар асри ХVI бинокорӣ хеле авҷ гирифт. Хусусан, сохтмони биноҳои маъмурӣ, хоҷагӣ ва маданию маишӣ вусъати зиёде пайдо намуд, ки ин яке аз ҷиҳатҳои хоси ин давра ба шумор меравад. Дар бисёр шаҳрҳо ва роҳҳои корвонгард кӯпрукҳо, сардобаҳо, корвонсаройҳо, ҳаммомҳо ва тиҷоратхонаҳои боҳашамат сохта шуданд. Дигар иморатҳои мӯҳташам, аз қабили мадраса, масҷид, мақбара ва хонақоҳ низ ба вуҷуд омаданд. Агар ба ин ҳама он биноҳои сершумореро, ки дар он вақт сохта шуда, вале то замони мо нарасидаанду фақат дар вақфномаҳо ва дигар манбаъҳо зикр гардидаанд, илова кунем, он гоҳ доир ба вусъати фаъолияти бинокорӣ дар ин аср тасаввуроти пурра ҳосил мешавад.

Биноҳои нав аз ҳама бештар дар Бухоро ва атрофи он сохта шуданд.  Бемуболиға гуфтан мумкин аст, ки симои Бухорои охири асри миёнаро маҳз иморатҳои дар асри ХVI сохташуда муайян мекунанд. Дар ҳамин давра девори нави шаҳр, ки масоҳати он вақт хеле вусъатёфтаи онро иҳота менамуд, ба вуҷуд омад. Дар охирҳои асри ХVI Абдуллохони II барои хотири шайхони бонуфуз аа давлатманди ҷӯйборӣ тамоми амлоки бузурги ононро ба ҳудуди шаҳр дохил намуд.

Аз ин рӯ, муҳимтарин хусусиятҳои санъати меъмории асри ХVI  бештар дар иморатҳои Бухоро таҷассум ёфтаанд. Агар синтези тамоюлҳои анъанавӣ ва навин хоси сохтмони масҷиду мадрасаҳо бошад, дар биноҳои ҷамъиятӣ мавқеи асосиро тамоюли нав ишғол менамояд.

Дар бинокориҳои асри ХVI аз ҷиҳати нақшакашӣ ва тарҳрезӣ ҷустуҷӯҳои ҷолибе ба назар мерасанд. Хусусан, гунбаз ва қуббаҳо хеле зебо ва мутаносиб сохта шуда, бо ҳаҷм ва таъйиноти бино мувофиқати комил пайдо кардаанд. Дар рехтани тарҳи иморат хеле дур шудан аз қолабҳои анъанавӣ мушоҳида мешавад. Аз он аср чанд нақшаи ҳақиқии иморатҳои гуногун ба даст расид, ки, зоҳиран, ба лоиҳаи намунавӣ монанд аст . Дар байни онҳо лоиҳаи хонақоҳ ҳам ҳаст. Баъзе биноҳои хонақоҳи дар асри ХVI сохташуда аз ин лоиҳаи намунавӣ фақат дар ҷузъиёти тарҳи худ фарқ мекард. Вале як иморати хонақои охири асри ХVI дар Файзобод аз ҷиҳати ҳаҷм ва тарҳаш тамоман нав мебошад: дар ду тарафи пешрӯи иморат айвонҳои дарози қуббадор сохта шудаанд, ки дар шароити иқлими гарми Осиёи Миёна вазифаи гирифтани пеши бодҳои тафсонро адо мекарданд.

Мисоли дигар – мадрасаи асри ХVI. Нақшаи мадраса хеле пештар ба вуҷуд омада, расмият пайдо карда буд ва баъзе мадрасаҳои асри ХVI асосан ҳамонро фақат такрор мекарданд. Тарҳи мадрасаҳои дигар аз лоиҳаи анъанавӣ тафовути ҷиддӣ дошт ва бештар ба ҷиҳатҳои амалӣ асос ёфта буд: меъморон имкони зиёд кардани миқдори ҳуҷраҳо ва ба вуҷуд овардани манзилҳои ёрирасонро ҷустуҷӯ мекарданд. Аз ин нуқтаи «назар мадрасаи Мири Араб ва, алалхусус, мадрасаи Абдуллохон дар Бухоро ҷолиби диққат мебошанд. Тарҳи мадрасаи Абдуллохон хеле мавриди таваҷҷӯҳ аст. Андаруни мадраса ҳавлии росткунҷаи муқаррарист, ки атрофи онро дар ду табақа ҳуҷраҳо иҳота кардаанд. Дар миёнаҷои чор тарафи он чор айвон сохта шудаанд, ки ба назар муқаррарӣ манамоянд. Аммо дар амал дутои онҳо ба комплексҳои ҷудогонаи манзилҳои иловагӣ пайвастаанд ва вурудгоҳ доранд. Яке аз ин комплексҳо ҳавличаи дарунист, ки ҳашт гӯша дошта, болояш бо гунбаз пӯшида шудааст ва атрофашро ҳуҷраҳо иҳота кардаанд. Миқдори умумии ҳуҷраҳои мадрасаи Абдуллохони II аз нақшаи муқаррарӣ хеле зиёд аст.

Такомули тадриҷии ороиш ва нақшу нигори пештоқҳо ва рӯи деворҳои асосии биноҳо низ бисёр ҷолиби таваҷҷӯҳ мебошад. Дар санъати меъмории нимаи аввали асри ХVI анъанаҳои аҳди темурӣ ҳоло идома дошта, марҳилаҳои нави тараққиёти худро ба сар мебурданд. Хотамкории рангубаранги қимат ва пурзаҳмат хеле васеъ ба кор бурда мешуд, хиштҳои кошинкорӣ, мисли асри ХV, бо нақшҳои зебо ва рангҳои мутаносиби кабуду сафеду нилобӣ ҳамоно асоси ороишоти биноҳо ба шумор мерафтанд, сафолтахтаҳои сирдори поини деворҳо бо нақшбандиҳои нафиси заррин зеб дода мешуданд, нақшҳои барҷастаи зарандуду нилобии бо усули кундал дар ниҳояти нафосат ва зебоӣ кашидашуда ҳар бинандаро моту мабҳут месохт.

Чунин тариқи ороишотро мо дар ёдгориҳои Бухоро, аз қабили Масҷиди Калон, Мадрасаи Мири Араб, Масҷиди Баланд ва Масҷиди Ҳоҷӣ Зайниддин, дар мақбараи Сиюнҷихони Тошканд, Мадрасаи Абдулатиф Султон (Кӯкгунбаз) дар Ӯротеппа ва ғ. низ дида метавонем. Махсусан, Масҷиди Баланд ва Масҷиди Ҳоҷӣ Зайниддин бо нақшу нигорҳои ниҳоят зебо ва муҷаллали худ касро ба ҳайрат меоваранд. Масалан, тамоми деворҳои Масҷиди Баланд бо тасвироти рангубаранг ороста гардидаанд: дар ин ҷо сафолтахтаҳои минокории бо нақшҳон заррин зинатёфта, хотамкориҳои нафиси шаклҳои мураккаб ва нақшбандиҳои кундалро метавон дид.

Дар нимаи дувуми асри ХVI ҳусни зоҳирии иморатҳои бошукӯҳ тағйир меёбад. Акнун василаҳои нисбатан арзонбаҳо ва камзаҳмати ороиш ба кор бурда мешаванд. Аммо аз ин чунин барнамеояд, ки дар ҷиҳати бадеии ҳунари меъморӣ таназзул рух дода бошад. Ҳунармандони гулдаст тавассути арзонтарин воситаҳо шоҳкориҳои ҳайратангезе ба вуҷуд меоварданд. Аз ҷумлаи ин шоҳкориҳо гунбазҳое мебошанд, ки фақат дар натиҷаи ба шакли коҷ чидани хишт ба худ сурати зебое гирифта, дар назари бинанда мисли як ситораи сеқираи мушаъша намудор мешаванд. Аксар вақт ороиши гунбазҳо тавассути сохтани гӯшаҳои яклухти гаҷӣ ва бо хиштҳои муқаррарии сайқалӣ пур кардани байни онҳо таъмин мегардид. Моддаи асосии зебу зинати дохили биноҳоро гаҷи сафед ва ранга ташкил мекард. Усули истифода аз он гуногун буд. Баъзан гаҷро ба девор ду бор мемолиданд (дафъаи аввал гаҷи ранга, дафъаи дувум гаҷи сафед), сипас дар рӯи гаҷи сафед ҳар навъ нақшҳо мекашиданд. Дар мавридҳои дигар ба девор аввал гаҷи сафед молида, онро бо тасвирҳо оро медоданд ва пас аз он гаҷи рангаро ба шакли нақшҳои кандакорӣ «рӯйкаш» мекарданд. Беҳтарин намунаҳои чунин ороишоти арзонбаҳо, вале бисёр зеборо метавон дар хонақоҳи Файзободи назди Бухоро ва Баҳоуддин мушоҳида намуд.

Дар Осиёи Миёнаи асри ХVI ҳам биноҳои ҷудогонаи бошукӯҳ ва ҳам мӯҳташами ҷомеъ сохта мешуданд, ки баъзе аз онҳо, аз қабили Масҷиди Калон ва мадрасаи Мири Араб аз калонтарин ансамблҳои меъмории Осиёи Миёна ба шумор мерафтанд. Дар чор тарафи ҳавлии калони росткунҷаи дарунии Масҷиди Калон айвонҳои дароз сохта, болои онро бо сесад гунбаз пӯшидаанд, ки онҳо бар сутунҳои мураббаъ устуворанд. Даромадгоҳи асосии масҷид дар тарафи кӯча воқеъ гардида, худи иморати он дар пешгаҳи ҳавлӣ ҷой гирифтааст ва бомашро гунбази нилобие, ки бар устувонаи баланд қарор гирифтааст, зеб медиҳад. Мадрасаи Мири Араб, ки рӯ ба рӯи Масҷиди Калон воқеъ аст, нисбатан хурдтар мебошад. Вале байни мадрасаву масҷид аз ҷиҳати тарҳу сохт таносуби комил хеле моҳирона ба даст оварда шудааст: мадраса рӯи суфаи баланд бино ёфта, тарафи пеши он бо бурҷҳои калони кунҷӣ «ҷасимтар» гардидааст.

Ансамбли меъмории Чорбакр, ки дар наздикии Бухоро воқеъ аст, боз ҳам бузургтар мебошад. Маркази композитсионии онро се иморати боҳашамати дар як суфа гузошташуда – хонақо, масҷид ва айвони пайвасткунандаи онҳо, ки аз ду тарафи он дар ду табақа ҳуҷраҳо сохта шудаанд, ташкил менамояд. Дар ин маҷмӯи иморат ҳавличаҳое низ ҳастанд ки дар онҳо дахмаҳои хонаводагӣ бо теъдоди зиёди сангҳои рӯи қабр воқеъ гардидаанд.

Водии Ҳисор низ аз ёдгориҳои меъморӣ бой аст. Ҳисор дар асрҳои ХV–ХVI ба авҷи равнақи худ расида буд. Дар ин давра ҳудуди он вусъат пайдо карда, ҷануби Тоҷикистон, ҷануби Ӯзбекистон, вилоятҳои шимолии Афғонистон (Балх, Шибирғон, Қундуз), инчунин Бадахшонро дар бар мегирифт. Иморатҳои Қалъаи Ҳисор, аз қабили Мадрасаи Кӯҳна, Мазори Махдуми Аъзам ва ғ. шоҳиди санъати баланди меъмории Ҳисори онвақта мебошад .

Сохтмони биноҳои ҷамъиятӣ аз иморатҳои масҷиду мадрасаҳо фарқ мекард. Дар чорроҳи баъзе хиёбонҳо бинои чорсу бардошта, ба тӯли хиёбон тоқҳо ва корвонсаройҳо месохтанд. Маҷмӯи ин бинокориҳо боиси ба худ шакли муайян гирифтани майдонҳо, кӯчаҳо ва чорроҳҳо мегардид. Калонтарини ин қабил ансамблҳои меъморӣ дар ду маҳалли Бухоро ба вуҷуд омада буд: яке дар Регистон (ҳоло аз он асаре боқӣ намондааст) ва дигаре дар чорроҳи ду кӯчаи пешинаи шаҳристони қадими Бухоро, ки ба самти шимол то беруни марзи шаҳристон давом мекард (аз он ҳоло се чорсу ва тоқи Абдуллохон маҳфуз мондааст).

Барои ҳар чи пурратар тасаввур намудани санъати асри ХVI чунин навъҳои касбу ҳунари амалӣ, мисли кандакории рӯи санг ва чӯбро низ бояд зикр кард. Дар ин соҳа комёбии устодони асри ХVI хеле назаррас аст. Сангҳои сершумори рӯи қабр дар маҷмӯи иморати номбурдаи Чорбакр аз намунаҳои барҷастаи ҳунари кандакории он давр маҳсуб мегардад. Ин сангҳо бо катиба ва нақшунигор ороиш ёфта, гӯшаҳои онҳо ба шакли сутунча дароварда шудааст. Баъзе сангҳои рӯи қабр ба худ шакли хурди мақбараи қуббадорро гирифтаанд. Беҳтарин намунаҳои кандакории рӯи чӯб ҳаккокии сақфи Масҷиди Баланд, дари чанде аз мадрасаҳо ва ғ. мебошад.

Дар асри ХVI ороиши бадеии китобҳои дастнавис ба дараҷаи баланд расида буд.  Китобхонаҳое, ки дар дарбори баъзе султонҳо мавҷуд буданд, дар айни ҳол вазифаи коргоҳи китобат ва ороиши дастнависҳоро адо мекарданд. Дар Осиёи Миёнаи он замон бисёр миниётурсозон ва хушнависони забардаст ҳаёт ба сар мебурданд, ки чанде аз онҳо ба ин сӯ аз Ҳирот омада буданд. Миқдори зиёди дастнависҳое, ки дар асри ХVI хушнависони маҳаллӣ китобат кардаанд ва миниётурсозони он давр зинат додаанд, ба замони мо расидаанд. Дар байни ин хушнависону миниётурсозон касоне ҳам буданд, ки бо истеъдод ва қареҳаи олии худ шӯҳрати ҷаҳонӣ ёфта, аз мумтозони замон ба шумор мерафтанд.

Баъзе муҳаққиқон ба чунин хулосае омадаанд, ки миниётури Осиёи Миёна дар асри ХVI дорои мактаби мустақили худ гардидааст. Пеш аз ҳама, Г.А.Пугаченкова ин иддаоро муфассалтар (ҳарчанд ки фикру ақидаҳои вай ҷиҳатҳои баҳсталаб низ доранд) баён намуда, зимнан тараққиёти ин мактаби осиёимиёнагии миниётурро ба чанд марҳила тақсим кардааст. Марҳилаи аввал (то солҳои 40-уми асри ХVI) –давраи ҳамзистии ду равия. Як гурӯҳи миниётурсозон ба анъанаи Беҳзод пайравӣ мекарданд. Гурӯҳи дигар равияи андаке дигарро пеш гирифта, зарофатро камтар ва мухтасариро бештар меписандиданд ва офаридаҳои онҳо бештар ҷанбаи этнографӣ дошт. Хусусиятҳои ин равияро беҳтар аз ҳама миниётурҳои «Фатҳнома» метавонанд тавсиф намоянд. Асар ба васфи корномаҳои Шайбонихон бахшида шуда, китобати он дар ибтидои асри ХVI ба вуқӯъ пайвастааст. Миниётурҳо бо мазмуни ҳар фасл ва воқеаҳои муайяни таърихӣ мувофиқат доранд, дар онҳо симои як қатор шахсони таърихӣ, аз ҷумла худи Шайбонихон ҳам тасвир ёфтааст. Тамоми ҷузъиёти зист, либос ва ҷиҳозот комилан воқеӣ акс гардидаанд. Дар онҳо омезиши маданияти муқимӣ ва саҳроӣ возеҳу равшан ба назар мерасад. Тасвироти дигар асарҳои таърих низ ба ҳамин минволанд. Мавриди аҷобат аст, ки дар «Таърихи Абулхайр», ки дар асри ХVI таълиф ёфтааст, агарчи баёни воқеаҳо фақат то аҳди Абулхайрхон давом мекунад, аммо миниётурҳо «модернизатсия» шудаанд: либосҳо, ҷиҳат ва ҷузъиёти зист, сарфи назар аз замони вуқӯи ҳодисот, ба асри ХVI мансубанд.

Дар ин давра протсесси эҷоди бадеӣ асосан иборат аз ҳамин буд, ки минётураҳои Ҳирот ниҳоят муфассал омӯхта ва аз он нусхабардорӣ карда мешуд. Ҳатто чунин ҳодисаҳое маълум, ки рассомони Осиёи Миёна аз расмҳои давраҳои пешинаи Ҳирот баъзе манзараҳо ва баъзе композитсияҳои томро айнан кӯчонда мегирифтанд. Яке аз чунин композитсияҳои том, ки хеле маъмул буд, лавҳаҳое мебошанд, ки бо номи манзараҳои тахти подшоҳӣ машҳур гардидаанд. Дар айни ҳол, дар дигар шаҳрҳои Осиёи Миёна анъанаҳои маҳаллии расмкашӣ вуҷуд дошт (маркази ин анъанаҳо, масалан дар Самарқанд ва Тошканд буд). Дар расмҳои ин ҷойҳо таъсири мактаби Ҳирот қариб ҳис карда намешавад. Рассомон беш аз ҳама «ба тасвири ҳақиқии воқеаҳо ва юришҳои ҳарбии конкрет»   мароқ доштанд.

Дар марҳилаи дувум, аз миёнаҳои аср сар карда, дар офаридаҳои беҳтарин миниётурсозон як навъ омезиши ин ду сабк ба амал меояд. Тасвирҳои онҳо хеле нафис, дақиқ ва зебоянд, вале, баробари ин, дар онҳо таҳлили психологӣ, мазмуни иҷтимоӣ ва мавзӯоти жанрӣ торафт мавқеи бештар ишғол менамояд. Дар ин маврид ба тасвири симо низ аҳамият дода мешавад. Яке аз барҷастатарин намунаҳои осори ин марҳила дастнависи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ мебошад, ки тасвироти он ба килки устоди машҳури миниётур — Муҳаммадмуроди Самарқандӣ тааллуқ дорад. Саҳнаҳои муҳориба дар тасвири ӯ хеле зинда, пур аз ҳаракат ва ниҳоят ҳаяҷонангез баромадаанд. Ӯ ба мавзӯъҳои иҷтимоӣ ҳам рӯ овардааст. Аз ин ҷиҳат миниётурае, ки дар он шӯриши Коваи оҳангар тасвир ёфтааст, ҷолиби диққат мебошад.

Ин давра (солҳои 40–70-уми асри ХVI) яке аз пурсамартарин давраҳои санъати миёнитуранигорӣ буд. Гарчанде дар санъати рассомии пойтахт– шаҳри Бухоро андак таъсири мактаби Ҳирот ҳис карда шавад ҳам, рафти умумии инкишофи санъати миниётуранигорӣ далолат мекунад, ки он дар ҷустуҷӯи роҳу усулҳои ба худаш хоси ривоҷу равнақ буд. Яке аз намоёнтарин рассомони ин давраи ташаккули мактаби нави миниётуранигорӣ Маҳмуди Музаҳҳиб буд. Ин рассом дар асоси талаботи мактаби Ҳирот эҷод кунад ҳам, дар айни ҳол, дар осораш ҳамон тағйироту дигаргуние ба назар мерасад, ки худи вай ба ин санъат дохил карда буд ва ё таъсири анъанаҳои нави маҳаллӣ ба шумор мерафт.

Эҷодиёти Усто Абдулло ном рассоми забардаст ба инкишофи санъати рассомии Бухоро хеле таъсир расонд. Нақшу тарҳу суроби расмҳои ин рассом ниҳоят нафису зариф ва мавзуну муносиб буда, тобишҳои ранг бо маҳорати ҳайратангез кор фармуда шудаанд ва дар сохтани композитсия ҳам ин рассом ниҳоят забардаст будааст. Миниётураҳое, ки то ба рӯзҳои мо расидаанд, далолат мекунанд, ки Абдулло пайравони бешуморе дошту онҳо ба устоди худ тақлид мекарданд ва аз вай нусха мебардоштанд.

Эҷодиёти Муҳаммад Чеҳраи Маҳосин ва дигар мусаввирони забардаст низ дар ҳамин давра ҷараён ёфта, ба пояҳои баланди инкишофи худ расидааст.

Хусусияти ба назар намоёни асри ХVI дар офариниши портрет иборат аз ин аст, ки миниётурсозон дигар аз тасвири шартии подшоҳ даст мекашанд: портретҳои офаридаи онҳо подшоҳонро идеализатсия намекунанд, дар онҳо кӯшиши на фақат дар ҳадди имкони миниётур ба таври воқеӣ нишон додани қиёфаи шахс, балки ҳамчунин аён сохтани кайфияти рӯҳии он эҳсос мешавад. Зоҳиран, Ҷалолиддин Юсуф, ки ӯро Зайниддини Восифӣ борҳо ёд кардааст, дар офаридани портрет шӯҳрати зиёде касб карда буд. Ӯ карикатураҳои хуб ҳам эҷод мекард.

Бояд таъкид намуд, ки ҳангоми мусаввар кардани осори назму насри классикӣ ҳатто дар ҳалли мавзӯъҳои «доими»-и ба сурати қолаб даромада ҳам, ҳунармандони забардаст ҳаргиз аз офаридаҳои пешиниён нусхабардорӣ намекарданд, балки дар ин маврид ҳам ба эҷоди худ рӯҳи тоза дохил менамуданд.

Адабиёти бадеӣ ва таърихнигории тоҷик дар асри ХVI

Чи навъе ки дар боло қайд карда шуд, адабиёт ва фан, ки дар замони   ҳукмронии Улуғбек хеле пеш рафта буд, ба зудӣ пас аз марги ӯ дар натиҷаи таъсири иртиҷопарастонаи рӯҳониёни ислом ва дарвешон ба ҳаёти ҷамъиятӣ, рӯ ба таназзул ниҳод. Ин ақибравӣ, махсусан, дар аҳди султон Абӯсаид хеле тақвият пайдо намуд. Он вазъияти сиёсӣ, ки аз аввалҳои асри ХVI дар ин мамлакат фароҳам омад, ба ҳаёти адабӣ ва фаннӣ зарбаи боз ҳам сахттаре расонид. Роли рӯҳониёни иртиҷоии ислом ниҳоятдараҷа пурқувват гардида, беш аз пеш ба тараққиёти афкори илмӣ монеъ мешуд. Дар натиҷаи ин Ҳирот аз аввалҳои асри ХVI ҳамчун як маркази мадании халқҳои Осиёи Миёна аҳамияти худро аз даст дод. Намояндагони илму фан, адабиёт ва санъат ба ҳар тарафи мамлакат пароканда гардиданд.

Агарчанде дар нимаи дувуми асри ХVI шаҳри Бухоро ҳамчун маркази маданӣ сар бардошта, сол аз сол шумораи мадрасаҳо зиёд гардид, лекин дар ин мадрасаҳо асосан илмҳои динӣ омӯхта мешуданд. Бо вуҷуди ин адабиёт ва илму фанни дунявӣ низ дар ин давра то як дараҷа ривоҷ ёфт. Хоҷа Ҳасани Нисорӣ ном муаллифи тазкираи назми Бухоро, ки дар нимаи дувуми асри ХVI тартиб ёфтааст, 250 нафар ходимони илму адаби давраи ҳукмронии Убайдуллохон ва писари ӯро ном мебарад. Аксари ходимони зикркардаи Нисорӣ дар адабиёт ва санъат осори намоёне аз худ боқӣ нагузошта бошанд ҳам, ин рақам аз хеле равнақ ёфтани афкори адабиву илмии он замон шаҳодат медиҳад. Барои тараққиёти минбаъдаи илму фан ва адабиёт зҷодиёти фақат иддаи каме аз онон аҳамият пайдо кардааст. Аз байни адибони он давра, махсусан, фаъолияти Восифиро баяд хотирнишон намуд.

Зайниддини Восифӣ дар соли 1485 таваллуд ёфтааст. Ӯ то соли 1512 дар Ҳирот зиста, пас аз суқути салтанати Темуриён ба хидмати Шайбониён мегузарад ва то солҳои 30-юми асри ХVI дар Бухоро, Самарқанд, Тошканд ва дигар шаҳрҳои Осиёи Миёна умр ба сар мебарад. Восифӣ ба ғайр аз ашъор асари хеле ҷолиби таваҷҷӯҳи саргузаштие бо унвони «Бадоеъ-ул-вақоеъ» дорад. Ӯ дар ёддоштҳои худ симои шаҳрҳои онзамонаро ба таври барҷаста тасвир намуда, русуми адабии Ҳиротро дар давраи Навоӣ ва ҳаёти шоирони дарбори аҳди Шайбониёнро нишон медиҳад. Восифӣ ҳамчун нависандаи зарофатписанд ва мушоҳидакор дар шакли нафиси ҳаҷв бисёр нуқсонҳои усули идораи давлати хониро ифшо менамояд.

Шоир ва муаррихи номӣ Камолиддини Биноӣ (соли таваллуд 1453, соли қатл 1512) ҳамзамони Восифист.  Ӯ дар Ҳирот аз оилаи устои ҳунарманди бинокор ба дунё омада, дар овони ҷавонӣ чанд солро дар Шероз, пас дар — Табрез дар дарбори султон Яъқуб ба сар бурдааст. Соли 1491 ба зодгоҳаш шаҳри Ҳирот баргашта, аммо ба сабаби фитнаву дасисаҳои аҳли дарбор, ки аз бухлу ҳасад нисбат ба ӯ – шоири боистеъдоди аз табақаи «паст» баромада сар мезад, дере нагузашта дар соли 1495 ба Самарқанд ҳиҷрат намуд. Ӯ дар он ҷо шоҳиди ҷангу низоъҳои байни ворисони салтанатталаби Темуриён ва Шайбониён гардид. Баъди Самарқандро забт кардани Муҳаммад Шайбонихон ба хидмати дарбори ӯ дохил шуд ва ҳамроҳи лашкари шайбонӣ дар соли 1507 ба Ҳирот бозгашт намуд. Пас аз фавти Шайбонихон (с. 1510) ва Ҳиротро тасарруф кардани Сафавиён ӯ ба Қаршӣ рафт ва баъди ду сол дар он ҷо ҳангоми қатли оми мардуми бегуноҳ, ки лашкари сафавӣ ба роҳ андохта буд, кушта шуд.

Биноӣ шоири забардаст ва мутриби моҳире буд. Ба қалами ӯ чанд рисола ва намунаҳои насри бадеӣ низ тааллуқ доранд. Яке аз офаридаҳои барҷастаи ӯ маснавии «Беҳрӯзу Баҳром» аст, ки дар он фикрҳои тарбиявию ахлоқӣ ва ақидаҳои иҷтимоию ҷамъиятии шоир баён ёфтаанд. Муаллиф заъфу сустиҳои инсонро мавриди мазаммат қарор дода, нуқсонҳо ва носозгориҳои муҳити феодалӣ, ахлоқи вайрони аҳли ҷоҳу сарват ва рӯҳониёни мутаассибро ба зери тозиёна мегирад ва хулқу атвори писандидаи одамиро сутуда, зарурати касби илму донишро боисрор таъкид менамояд. Бо вуҷуди он ки шеъри ахлоқӣ дар назми форсу тоҷик собиқаи хеле ғанӣ дошт, Биноӣ дар маснавии худ бисёр фикру ғояҳои навро ифода карда, тавонист ба ин жанри анъанавӣ хусусиятҳои тоза бахшад.

Ғазалиёти Биноӣ асосан ба равияи ғазалсароии асри ХV офарида шудаанд, вале дар ин маврид ҳам ӯ ба шеър лаҳзаҳои тарҷумаиҳолӣ ва унсурҳои танқиди ҳукмдоронро дохил намуда, дар пеши назар ҳамчун шоири навпардоз намоён мегардад.

Аз асарҳои таърихии Биноӣ, қабл, аз ҳама «Шайбонинома» ва нусхаи такмилёфтаи он «Футуҳоти хонӣ»-ро, ки дар байни солҳои 1504–1510 таълиф ёфтааст, бояд зикр кард. Ин асарҳо, ки асосан ба наср навишта шуда, фиқраҳои шеърӣ ҳам доранд, тасвири воқеаҳои зиндагӣ ва саргузашти Шайбонихонро дар бар мегиранд. Фарқи ин ду асар аз дигар асарҳои таърихии он замон ин аст, ки дар онҳо руҷӯъҳои пандуахлоқӣ мавҷуданд. Зоҳиран, чунин ба назар мерасад, ки муаллиф соддадилона хостааст бо ин восита ба табақаи ҳукмрони замони худ таъсир намуда, то ҳадди имкон пеши зулму тааддӣ ва худсариҳои ононро бигирад.

Биноӣ намояндаи типии табақаи миёнаи шаҳриён буд ва аз ҳамин мавқеъ нуқсонҳои маҳофили ҳукмрони замонашро танқид мекард. Ӯ давомдиҳандаи боистеъдоди беҳтарин анъана ва суннатҳои адабиёти классикии форсу тоҷик дониста мешавад, ки дар асарҳояш вазъи таърихии Осиёи Миёнаи асри ХV ва ибтидои асри ХVI ба таври возеҳу равшан инъикос ёфтааст.

Як вақтҳо дар баъзе асарҳо аз рӯи ишораи муаррихон роҷеъ ба кудурати гоҳ-гоҳ нисбат ба Навоӣ доштаи Биноӣ иштибоҳан чунин ақидае дучор меомад, ки гӯё Биноӣ муқобили тараққиёти адабиёт ва забони ӯзбекӣ бошад. Аммо, дар ҳақиқати ҳол, Биноӣ ба шеърҳои ӯзбекӣ ва тоҷикии Навоӣ баҳои баланд медод, пас аз фавти Навоӣ дар таълифоташ ӯро ба некӣ ёд мекард ва ҳатто худаш ҳам ба ӯзбекӣ шеър мегуфт. Дар он замон аслан «ягон ҳаракати зидди забони ӯзбекӣ» вуҷуд надошт. Ҳаёт ва эҷодиёти Биноӣ, баръакс, шоҳиди муносибатҳои хеле наздики дӯстона дар байни арбобони маданияти ду халқи бародар мебошад.

Дигар аз шоирони соҳибқареҳаи он давр Бадриддини Ҳилолист.  Ӯ низ монанди Биноӣ ба доираи мадании Ҳирот мансубият дорад. Ҳилолӣ тахминан соли 1470 дар Астаробод таваллуд ёфта, соли 1491 ба мақсади давом додани таҳсил ба Ҳирот меравад ва то охири умр дар он ҷо зиндагӣ ба сар мебарад. Соли 1529 ӯ дар натиҷаи ҳаҷвияи ба Убайдуллохон навиштааш ба шиагароӣ айбдор гардида, бо фармони ҳукмрони вақт ба қатл мерасад. Дар эҷодиёти Ҳилолӣ мавқеи асосиро ғазал ишғол менамояд. Ғазалиёти дилрабо ва шӯрангези ин шоири ширинкалом то имрӯз дар саросари Тоҷикистон вирди забони мардуманд. Забони фасеҳ, санъати нафис ва оҳанги дилнишин ба ғазалҳои ӯ ҳусни махсусе бахшидаанд. Ғайр аз девони ғазалиёт ба қалами вай боз се достон – «Лайлӣ ва Маҷнун», «Сифот-ул-ошиқин» ва «Шоҳу дарвеш» тааллуқ дорад.

Эҷодиёти шоирони нимаи аввали асри ХVI то ҳол ба дараҷаи кофӣ омӯхта нашудааст. Шубҳае нест, ки дар назми ин давра, назар ба асри ХV, ҷиҳатҳои шаклпарастӣ, суханороиҳои каммазмун ва рангомезиҳои аз ҳад афзун қувват гирифта, таназзули маҳорат мушоҳида мешавад, ки ин ҳолат самараи таъсири шароити таърихист.

Дар нимаи дувуми асри ХVI, пас аз он ки Абдуллохони II ҳокимияти мутамаркази худро ба вуҷуд овард, ҳаёти адабӣ дубора эҳё гардид. Дар ин давра аз доираи ҳунармандон як зумра шоирони барҷаста дар арсаи адабиёт зуҳур намуданд, ки аз байни онҳо, пеш аз ҳама, Абдурраҳмони Мушфиқиро (1538–1588) бояд ном бурд. Ба ривояте, Мушфиқӣ дар Бухоро аз хонаводаи ҳунарманде ба дунё омада, замоне дар Самарқанд низ иқомат кардааст. Вай дар шоирӣ шӯҳрат ёфта, барои мақоми дуруст пайдо кардан дар дарбори султон Саид кӯшишҳо намуд, вале ба ин комёб нашуд. Сипас роҳи Деҳлиро пеш гирифта, ба хидмати дарбори шоҳ Акбар дохил гардид, ки ду қасидаи ӯ ба васфи ин ҳукмрони Ҳинд бахшида шудаанд. Мушфиқӣ соли 1567 ба Бухоро баргашта, ба дарбори Абдуллохон кашида шуд ва ба дараҷаи «маликушшуаро» расид.

Мушфиқӣ бо вуҷуди манзилати дар дарбор доштааш ва маҳорати баландаш дар қасидасароӣ (ӯро охирин шоири бузурги мадеҳасарои Осиёи Миёна мешуморанд) ҳамчун суханвари аз байни мардум баромада аз рӯи завқу тамоюли худ, пеш аз ҳама, шоири лирик ва ҳаҷвгӯ буд, хусусан, ғазалҳои ошиқона ва рубоиёти хуби ӯ шӯҳрати зиёде пайдо кардаанд. Аммо қасидаҳои дабдабанокаш қариб фаромӯш шудаанд. Дуруст аст, ки дар яке аз қасидаҳои худ ба огоҳ кардани подшоҳ аз аҳволи бади деҳқонон ҷуръат намудааст.

Девони ҳаҷвиёти Мушфиқӣ, ки дар онҳо одамони мухталиф, беш аз ҳама шоирон, мавриди истеҳзо қарор гирифтаанд, дар байни мардум хеле машҳур аст. Мушфиқӣ дар фолклори тоҷик тимсоли ширинкореро ба худ гирифта, қаҳрамони дилписанди латифаҳо гардидааст. Ин латифаҳо аввал дар байни ҳунармандон паҳн шуда, сипас тадриҷан шӯҳрати умумӣ пайдо мекарданд. Мушфиқӣ дар ҳаҷвия ва латифаҳои халқӣ чун марди шаккок ва «халалдоркунандаи оромиҳо» тасвир мешавад.

Ин аст намунае аз шеъри ҳаҷвии ӯ, ки дар тақсими мерос навишта ва дар ин нобаробарҳуқуқии занон ифшо гардидааст:

 

Ҳамшира, харҷи мотами бобо аз они ту,

Сабр аз ману тараддуди ғавғо аз они ту.

Анбори пур зи ғаллаи бобо аз они ман,

Он коҳҳои монда ба саҳро аз они ту.

Танбӯри пур зи хотами бобо аз они ман,

В-он нағмаҳои тарна-таранно аз они ту.

В-он ҷои хоби мондаи бобо аз они ман,

Тасбеҳи пора-пораи бобо аз они ту.

Дастор, ҷома, фӯтаи бобо аз они ман,

Бетоқативу нолаи шабҳо аз они ту.

Кафгиру дегу дегчаи бобо аз они ман,

Дастгиру дегхонаи бобо аз они ту.

Ҳамёни пур зи тангаи бобо аз они ман,

Занги фулуси мондаи бобо аз они ту.

Ҷумла гилему қолини бобо аз они ман,

В-он нақшҳои мондаи бӯрё аз они ту.

Аз рӯи ҳавлӣ то ба лаби бом аз они ман,

Аз пушти бом то ба Сурайё аз они ту.

 

Дар асри ХVI таърихнигорӣ ҳам ба тараққиёти худ давом намуд. Чунин асарҳои барҷастаи таърихӣ, аз қабили «Ҳабиб-ус-сияр фӣ ахбори афрод-ил-башар»-и Хондамир, ки воқеаҳои таърихи умумӣ ва тарҷумаи ҳоли одамони машҳурро баён карда, шарҳи ҳодисаҳоро то охирин муборизаи Шайбонихон ва шоҳ Исмоил (с. 1510) расонидааст; «Меҳмонномаи Бухоро»-и Фазлуллоҳи Рӯзбеҳон, «Абдуллонома»-и Ҳофизи Таниш ба вуҷуд омаданд, ки барои омӯхтани таърихи Осиёи Миёнаи асри ХVI аз муҳимтарин сарчашмаҳо ҳисоб мешаванд. Ҳофизи Таниш шоири соҳибдевон ҳам буд, вале девони ӯ мутаассифона, то замони мо нарасидааст.

 

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *