Маданият ва дин дар давраи Кушониён — Донишхона

Маданият ва дин дар давраи Кушониён

Осори хаттӣ

Дар давраи Кушониён дар соҳаи маданияти маънавии халқҳои Осиёи Миёна дигаргуниҳои ҷиддӣ рӯй доданд. Ин давраи пури ҳодисаҳои ниҳоят мураккабу аксаран мухталиф, давраи ба ҳам омехтани тамоилу ҳодисаҳои гуногун буд .

Ҳанӯз дар асрҳои IV-II пеш аз милод дар Осиёи Миёна дар асоси хати оромӣ хатҳои маҳаллӣ ба вуҷуд меоянд.

Қадимтарин осори хаттии суғдӣ катибаи рӯи тангаҳои ибтидои эраи мо аст. Пас аз ин «Мактубҳои қадимии суғдӣ» меоянд. Дар ин мактуб аломатҳо алоҳидаву хоно навишта шудаанд, бо ҳамдигар пайваст намебошанд. Ин намуди хат аз асли худ, яъне аз хати оромӣ фарқи калон надорад. Дар айни ҳол, ба ақидаи В.А.Лившитс, ин мактубҳо далолат мекунанд, ки аллакай дар ҳамон замонҳо «нормаҳои асосии забони хаттии суғдӣ ташаккул ёфтаанд ва ҳеч набошад, то асри Х пойдор монданд».

В.Б.Ҳеннинг исбот кардааст, ки «Мактубҳои қадимии суғдӣ» ба солҳои 312–313-уми милодӣ мансуб буда, нафақат ҳуҷҷати муҳими таърихӣ, балки намунаи насри мукотибот мебошад . Дар ин мактубҳо корубори одамони он давра бо як самимияти ошкоро тасвир ёфтааст. Ҳамлаи хуннҳо, айёми пуризтироби маҳаллаҳои суғдиён, тарсу ваҳм, қаҳру ғазаб ва ишқу муҳаббат – тамоми эҳсосоти одамӣ дар ин мактубҳо бе рангубори бадеӣ хеле ҳаққонӣ инъикос шудааст.

Мактуби Меванча (маънои ин ном «палангча» ё «гурбача» буд) ном суғдидухтаре, ки ба модараш ба Самарқанд фиристода будааст, пур аз дарду аламу ҳасрат мебошад. Нанидод ном васии Меванча ӯро бар хилофи хоҳишаш ба занӣ гирифтанӣ шудааст ва инак, Меванча менависад: «Беҳта-раш ба саг ё хук мерасаму ба Нанидод не» (тарҷумаи В.А.Лившитс). Муддате гузашту Меванча боз ба модараш мактуб менависад. Меванча нафақат ба Нанидод расидааст, балки дар бораи шавҳараш бо ишқу муҳаббат ва ҳурма-ту эҳтиром гап мезанад. Рости гап, ин гуна анҷоми кор дар адабиёти ҷаҳон борҳо тасвир шудааст!

Дар Сурхкӯтал (ҷанубтари Қундуз) чанд навиштаҷоте ёфт шуд, ки бо намуди кушонии алифбои юнонӣ иҷро шудааст. Забони катиба шарқиэронӣ будааст, ки пештар амалан маълум набуд. Ин ҷиҳат кушодани рамзи кати-баро, ки бо ин кор А.Марик, Э.Бенвенист, В.Ҳеннинг, И.Гершевич, Я.Ҳарматта, Ҷ.Ҳумбах ва дигарон машғул буданд, хеле душвор гардонд. Яке аз катибаҳо аз 25 сатр иборат аст. То ба ҳол як тарҷумаи мукаммали он нест, зиёда аз ин, муҳаққиқон дар шарҳи муҳимтарин нуктаҳои матн ҳамфикр нестанд, масалан, то ба ҳол як ақида нест, ки дар матн кӣ меъмори маъбад аст ё худ тахминан киро меъмори маъбад гуфтан мумкин аст. Яке аз тарҷумаҳои эҳтимолии он матнро В.А.Лившитс пешниҳод кардааст: «Ин маъбад ҳки ном дорад] Канишкаи Музаффар эъзози ҷаноби подшоҳ аст Ка-нишкаро. Инак, баъди итмоми ҳиморати] маъбад андаруни он ҳмаъбад] зарфҳои об буданд, ки хушкиданд ва маъбад бе об монд. Ва аз тамуз хушкӣ омад ва худоҳо аз хонаи ҳмаъбади] худ гирифта шуданд – ҳам суратҳо ҳху-доҳо] ва ҳам ҳайкалҳо ҳхудоҳо]. Ва маъбад хилват шуд, то даме ки соли 31-уми ҳукмронӣ, моҳи найсон ба маъбад волӣ Ноқанзоқ омад, ки буд маҳбуби под-шоҳ, дӯсти наздики подшоҳ, некфарҷом ҳ«писари худо»], некуғайрат ҳ?], накӯкор, накӯҳиммат ва накӯхислат нисбат ба ҳама  махлуқот. Ва ӯ маъбадро девор кашид, чоҳ канд, об баровард, бо санг ҳчоҳро] рӯкаш кард, то бошанда-гони маъбад ба об мӯҳтоҷ нашаванд ҳё «маъбад ба оби тоза мӯҳтоҷ наша-вад»] ва то ки дар айни хушкӣ, ки аз тамуз аст, худоҳо аз хонаҳои худ дур на-раванд ва маъбад хилват нашавад. Дар болои чоҳ обкаше ҳ?] сохт ва ҳавзе ду-руст кард. Ба шарофати ин чоҳ, ба шарофати ин обкаш маъбад шодоб шуд. Ва ин чоҳ ва ин ҳдар ин ҷо калимае ҳаст, ки тахминан ба маънои «тиреза», «бурҷ» меояд] амали Ҳаргумон, Бурзмеҳр писари Кузгашка, Астилҳансиг ва Ноқанзоқ аст волиёни фармонбардори подшоҳ. Ва навишт инро Ёвмон бо Меҳримон, Бурзмеҳр – пуҳри Амихромон» .

Забони ин навиштаҷот забонест, байни забони пашту ва забонҳои поми-рии мунҷонӣ ва ядғу, аз як тараф, ва забонҳои суғдию хоразмию портӣ, аз тарафи дигар. Маҳз ба туфайли заковату фазилати эроншиноси шаҳир В.В.Ҳеннинг муқаррар шудааст, ки забони ин навиштаҷот забони бохтарӣ мебошад  ва то вақтҳои охир забони мутлақо номаълуме буд (навиштаҷоти рӯи тангаҳо, геммаҳо ва сафолоти Кушониён ба сабаби ниҳоят мухтасар бу-дани худ имкон намедоданд, ки забони он муайян шавад). Забони бохтарӣ аз рӯи сохти грамматикии худ нисбат ба дигар забонҳои шарқиэронӣ аз забони аслии қадимӣ хеле пештар рафта буд .

Ба ақидаи забоншиносон, дар катибаи Сурхкӯтал ва инчунин дар кати-баҳои ҳиндии давраи Кушониён баъзе истилоҳоти нахустини шеваи сакоии забони кушонӣ маҳфуз мондаанд. Аз афти кор, Кушониён дар кишвари Бо-хтар бо бохтариён омехта шуданд ва бохтариён ба андозае онҳоро ассимилят-сия карданд ва ба ҳар ҳол Кушониён дар нутқи хаттии худ, рости гап, бароба-ри дигар калимаҳои иқтибосии забонҳои эронию ҳиндӣ, калимаҳои забони бохтариро ҳам кор мефармуданд. Дар навиштаҷоти рӯи тангаҳои кушонӣ маҳз ҳамин хат ва маҳз ҳамин забони бохтарӣ ба назар мерасад.

Барои иншо, ҳеҷ набошад, аз давраҳои Канишка ҳуруфоти юнонӣ исти-фода мешуд. Ба 24 ҳуруфоти юнонӣ боз як ҳарф илова карда шуд, вале дар амал шумораи камтари ҳарфҳо истеъмол мегардид. Аломатҳои ҳуруфоти кушонӣ ё худ аниқтараш бохтарӣ аксаран қиррадору чоркунҷаву кулӯла ме-бошанд. Баъдтар намуди нимакурсив пайдо шуд .

Ба ҳамин тариқ, баъди забонҳои суғдӣ, портӣ ва хоразмӣ илм аз забони бохтарӣ ҳам воқиф шуд. Катибаи калони Сурхкӯтал дар айни ҳол аввалин осори хаттии забони бохтарӣ мебошад. Мувофиқи жанри худ он ба навиштаҷоти Ҳахоманишиҳо ё Сосониён ҳамгун аст. Вале бар хилофи кати-баи шоҳон дар катибаи Сурхкӯтал қариб ки мадҳу сано нест. Агар онро ба матни навиштаҷоти Доро, ки аз Шӯш (DSf)  ба даст омада, он ҳам ба бино-корӣ бахшида шудааст, муқоиса намоем, ин ҷиҳати катибаи Сурхкӯтал мах-сусан аёнтар мешавад – қариб сеяки матни Доро ҳамду санои Ҳурмузд ва подшоҳ аст, матни Сурхкӯтал бошад, фақат аз кор сухан меронаду беҳуда гап-ро кашол намедиҳад. Дар матн воқеаҳо ба тартиб зикр шуда, сабаби онҳо низ нишон дода шудааст. Ин матн гуфтан мумкин, як навъ солномаи воқеаҳо, як навъ намунаи матни маъмурӣ мебошад.

Дар ҷануби Осиёи Миёна ҳам бисёр катибаҳои бохтарӣ ёфт шудаанд (ва-ле, рости гап, онҳо калон нестанд). Масалан, аз худи Душанбе хуми гӯр ёфта шуд, ки як калима хат дорад, аз Даштиҷум як зангӯлачаи биринҷӣ ба даст расид, ки хате иборат аз 17 аломат дорад (аз афти кор, ин ҳарфҳои алоҳидаи беробитаанд, ки устои бесавод кандааст). Дар Тирмиз аз дайри Қаротеппа чанд хати бохтарии рӯи сафолпораҳо ёфт шуд, ки дар байни онҳо хатҳои ду-забона (билингваҳо) ҳам ҳастанд; хат дар девор харошида навишта шудааст.

Дар Хоразм аз Тупроққалъа осори хати хоразмӣ ёфт шуд, ки тадқиқи он давом дорад.

Дар димнаи Дилбарҷин (соҳили чапи Аму) бисёр навиштаҷоти бохтарӣ ба даст омад, вале, мутаассифона, онҳо хеле зарар дидаанд. Ба ақидаи муҳаққиқе, ки онҳоро нашр карда буд, ин навиштаҷот бо хати шикастаи тезнависӣ иншо шуда, гӯё матни зери суратҳои рӯи девор будаанд, яъне гӯё маънои расми деворро ифода мекардаанд. Мувофиқи хусусияти палеографӣ навиштаҷот тахминан ба асрҳои III–IV дахл дорад . Аз худи ҳамин ҷо чанд острак ва пораҳои мармари хатдор ёфт шуд.

Ақоиди мазҳабӣ

Ақоиди мазҳабии давраи Кушониён ниҳоят печдарпеч ва муракккаб аст. Қисми асосии аҳолии Осиёи Миёна мисли пештара зардуштияро мепа-растид. Масалан, суғдиҳо бино бар номи онҳо (зиёда аз 20), ки дар «Мак-тубҳои қадимии суғдӣ» дучор мешаванд, асосан ба зардуштия имон дошта-анд. Ин номҳо аз номи худоҳои қадимтарини Эрон бармеоянд, ки онҳо ба қатори худоҳои зардуштии Осиёи Миёна даромада буданд. Дар айни ҳол бо-яд гуфт, ки зардуштияи «суғдӣ» хусусияти ба худ хос дошт. Гуфтан лозим, ки дар байни худоҳои суғдӣ ҷои аз ҳама баландро олиҳа Нана(и)  мегирад. Му-аллифи мактуби № 2 ва он самарқандие, ки бояд ин мактубро мегирифт, дар таркиби номи худ калимаи «нана(и)» доранд. Ин номи олиҳаест аз Байнан-наҳрайн, ки дар он ҷо ҳанӯз дар давраи шумерҳо маълум буд. Баъд аз он ҷо ба Ошур ва сонитар ба Эрон гузашт ва дар давраи Рим дар ғарб аз Мисру Юнон сар карда, дар шарқ то Порт, Кушон ва Суғд паҳн шуд. Эҳтимол, дар Осиёи Миёна парастиши Нана(и)  бо парастиши Анаҳито пайваст буд.

Аз афти кор, суғдиёни Туркистони шарқӣ ва худи Суғд маъбадҳое до-штанд, ки онҳоро «вағн»  меномиданд ва обидони ин вағнҳо – «вағнпатҳо» дар ҷамъияти Суғд соҳиби мақоми намоён буданд.

Аз таҳлили суратҳои худоёни рӯи тангаҳои кушонӣ ҳам дар бораи зар-душтияи бохтарӣ мадраке гирифтан мумкин аст. Дар ин ҷо бисёр номи ху-доён ҳастанд, ки ба шакли хоси бохтарӣ навишта шудаанд: Оромоздо – Ҳур-музд, Миҳро – Митра, Мао -Маҳо (худои Моҳ), Фарро — Фарна (худои фаро-вонӣ, бахти шоҳ, тақдир), Орлагно–Вэрэтрағна (худои ғалаба), Нана — Нанаи (худои ҳосил) ва ғ. . Худоёне ҳастанд, ки фақат номи хоси маҳаллии бохтарӣ доранд — масалан, Охшо ё Оахшо. Шубҳае нест, ки ин калима аз калимаи эронии қадим «вахшу» бармеояд. Ба авестоӣ «вахш»–«гапи гуфта» (истилоҳи техникӣ) буда, дар суғдӣ ба маънои «логос» меояд. Дар забонҳои миёнаи эронӣ ин калима «рӯҳ»-еро ифода мекунад, ки баъзан бо «оби ҷорӣ» алоқаманд мебошад . Дар маъхазҳои ҳиндӣ «вахшу» гуфта Амударё дар назар дошта шудааст, ки онро юнониён бо номи Оксус  медонистанд. Дар санги кандакории музеи Калкатта чунин дуо нақш шудааст: «Вахш худои яккаву ягона» .

Тасаввуроти худо будани «Вахш» дар Осиёи Миёна то асрҳои миёна пой-дор монд. Дар ибтидои асри ХI Берунӣ хабар медиҳад, ки хоразмиён «вах-шҳангом» ном иде доранд ва илова мекунад: «Вахш номи малакест нозири дарё, аз ҷумла, рӯди Ҷайҳун» . Дар давраи сонитари асрҳои миёна ва дар рӯзҳои мо номи қадимии Амударё фақат дар як шохоби Панҷи Амударё, яъне фақат дар номи дарёи Вахш боқӣ монд. Вале худи ҳамин далели он аст, ки маҳз дар ҳамин ҷо, маҳз дар ҷануби Тоҷикистон имон ба рӯҳи парастори оби наҳрҳо Оашхо махсусан пойдор мондааст.

Новус ном як навъ гурҳои рӯизаминӣ, ки дар ҷануби Тоҷикистон ёфт шудаанд, ба аниқ шудани тасаввуроти мо оид ба зардуштияи бохтарҳо хеле мусоидат менамояд.

Маъбади Сурхкӯтал, ки онро экспедитсияи франсавиҳо дар Афғонистон кашф кардаанд, дар бораи маъбади бохтариҳо тасаввуроти равшан медиҳад. Маъбади асосӣ дар болои теппа, дар рӯи суфаи баланде, ки аз хишт бардо-шта, атрофашро бо тахтасангу тиргакҳои сангин устувор карда буданд, ҷой гирифта буд. Аз поён то дарвозаи маъбад зинаи васеи сеқисма мебурд. Худи маъбад росткунҷа (35х27м) буда, девори пеши он назар ба девори ақибаш васеътар менамуд ва дар миёнҷо хонаи чоркунҷа ва дар ду паҳлу ва дар пеш-гаҳ долоне дошт. Маъбад аз пеш се дарвоза дошт – дарвозаи асосӣ ба хонаи чоркунҷа ва ду дари паҳлуӣ рӯ ба долонҳо кушода мешуд. Дар маркази хо-наи мобайнӣ суфаи чоркунҷаи сангине буд, ки дар чор гӯшааш чор сутун дошт. Дар пушти суфа зинаи се поғундадоре воқеъ буд. Девори ин хона бо сутунҳои чортарош оро дода шуда буд.

Атрофи маъбад мисли девори қалъа девори мустаҳкам ва дар пеши ин деворҳо бурҷҳои росткунҷа вуҷуд дошт. Аз дарун ба қадди ин девор айвони раддасутун воқеъ буду дар девори ин айвон тоқчаҳое кандаанд, ки замоне андаруни онҳо ҳайкалҳои сернақшунигори сафолӣ меистодаанд (аксари онҳо хок шудаанд). Баъдтар дар майдони байни таги суфа ва девори қалъамо-нанди атрофи маъбад ва инчунин берун аз ин девор боз ду маъбади хурдтаре сохтаанд, ки онҳо ҳам дар миёнҷо хонаи чоркунҷа ва гирдогирди он (вале аз чор тараф)  долон доштаанд. Дар хонаи мобайнии яке аз ин маъбадҳои хурд суфаи зинадори хиштихомие буд. Гӯша ва мобайни ин сутунҳо дар андоваи гилии девор сурати паррандаҳо кашида шуда буд. Дар болои ин суфаи хиштихомӣ оташдони пури хокистари тоза ба назар расид. Ин оташдон меҳроби оташ будааст. Вале рости гап, меҳроби оташ исботи он нест, ки маъбад маҳз куништ, яъне маъбади оташ буд. Ақидае изҳор шуд, ки маъбад маъбади оли шоҳон аст. Муҳаққиқи ин маъбад Д.Шлюмберже ақидае дорад, ки маъбад метавонист ду вазифаро якбора иҷро кунад, яъне ҳам маъбади оли шоҳон бошаду ҳам куништ ва маъбади Сурхкӯталро «куништи шоҳони кушонӣ» меномад .

Дар яке аз катибаҳои Сурхкӯтал калимаи «Бағолағғо» яъне «меҳроб» ҳаст, ки зоҳиран маъбад чунин ном дошт: алҳол ноҳия ва деҳе, ки дар қари-бии ин маъбад вуҷуд доранд, номи ҳамон маъбадро гирифтаанд ва Бағлон ном доранд .

Дар баробари зардуштия дигар динҳо ҳам паҳн мешаванд. Чи тавре маълум аст, дар Осиёи Миёнаи кушонӣ дини буддоӣ паҳн шуда буд. Аз эҳтимол дур нест, ки мадраки дини буддоӣ чандин аср пеш аз ин, шояд дар давраи ҳахоманишиҳо, ба Осиёи Миёна расида бошад, вале санаҳои дақиқи дар Осиёи Миёна паҳн шудани дини буддоӣ ба давраҳои хеле сонитар мансуб аст. Дини буддоӣ ба Осиёи Миёна аз Афғонистон омад. Мувофиқи мадракоти мавҷуда дини буддоӣ аз чанд самт (ду самти он аниқ): аз самти ғарб ба Марв (ба ноҳияҳои шарқии Порт) ва аз самти шарқ ба Тирмиз (ба Бохтар) сар да-ровардааст.

Солномаи сейлонӣ хабар медиҳад, ки дар чоряки якуми асри пеш аз ми-лод ба яке аз идҳои дини буддоӣ Маҳадева ном ҳакиме омадааст. Гумони ғо-либ, ки ин ҳаким аз худи Порт не, балки аз ягон гӯшаи дурдасти он омадааст, зеро дере нагузашта, баъди ин воқеа дини буддоӣ дар ноҳияи Марв реша ме-ронад. Мадракоте ҳаст, ки соли 148 ба Лаоян Ан-Ши-гао ном ҳакиме омада, матнҳои дини буддоиро ба забони хитоӣ тарҷума кардааст ва бинобар но-маш аз кишвари Ан — яъне Порт мешудааст. Маҳз ба шарофати ин ҳаким ва шогирдони вай Хитой бо дини буддоӣ шинос шуд. Зиёда аз ин, Ан-Ши-гао олими забардасте буд ва хитоиҳо дар бораи инкишофи илми халқҳои Осиёи Миёна аз вай маълумоти зиёде гирифтанд .

Роҷеъ ба Бохтар дар даст маълумоти фаровон дорем. Номи воизи машҳури дини буддоӣ Гҳошак ба мо маълум, ки аслан аз Тахористон буда-аст. Зодгоҳи фақеҳи дини буддоӣ Дҳармамитра Тирмиз аст. Воизони дини буддоӣ то ба Чоч расида, дар он ҷо ҳам маъбадҳо сохтаанд.

Дар Осиёи Миёна мактаби буддоии Вайбҳашика интишор дошт, ки дар таълимоти он бисёр нуктаҳои материалистӣ ба назар мерасад ва назарияи дарки онҳо унсурҳои диалектика дошт. Ф.Энгелс навишта буд: «Маҳз барои ин ки заминаи пешакии тафаккури диалектикӣ тадқиқи табиати худи ма-фҳумот мебошад, он танҳо барои инсон имконпазир аст ва ҳамон ҳам бошад, фақат дар савияи нисбатан баланди тараққиёти вай (буддоиҳо ва юнониён) ва он хеле сонитар, дар давраҳои фалсафаи навтарин ба камоли инкишофи худ мерасад…» .

Чандин маъбадҳои буддоӣ маълуманд. Масалан, дар Ҳайратон дар қа-рибии Тирмиз дайри буддоии асрҳои I–II милодӣ қисман ҳафриёт карда шуд. Маркази дайр маъбад аст, ки бинои чоркунҷае буда, дар миёнҷои он суфаи росткунҷа барои гузоштани ашёи муқаддас сохта шудааст ва аз ғайри ин даҳлезе ҳаст, ки арақаи сангини он расмҳои аҷоиб дорад. Дайр ғайр аз ин чандин биноҳои истиқоматӣ ва маъмуриро соҳиб будааст . Дар худи Тир-миз дар Қаротеппа маъбади мағокии буддоӣ ҳафриёт шуда истодааст (ин гуна маъбадҳо дар Ҳиндустон бисёр будаанд). Аз ҷумла, дар ин ҷо чандин маҷмӯи ибодатгоҳҳо кофта ёфта шуд, ки ҳар яке аз маъбади мағокии дорои чор долони сақфашон гунбазӣ ва ҳавлии берун иборат аст, ки дар он иморати лозимаи ибодат сохта шудаанд. Осори расмҳои рӯи девор ва пораҳои ҳайкалҳои гаҷӣ ва сангин ба даст омадаанд . Андаке дуртар аз Қаротеппа археолог Л.И. Албаум Фаёзтеппа ном маҷмӯи ибодатгоҳи буддоиро ҳафриёт мекунад, ки он расму сурат ва ҳайкалҳои ниҳоят хушнамои дилкаш дорад. Ин қатори долону хонақоҳу мазору ибодатхонаҳоест, ки ба биноҳои дайрӣ ва хоҷагӣ ҷудо мешаванд. Ҳамаи онҳо ба шакли ҳарфи «П» ҷойгир шудаанд ва алоҳида аз инҳо дар як тараф ступа воқеъ мебошаду ба ақидаи муҳаққиқ, ин манзилгоҳ тақрибан дар ибтидои солшумории мо пайдо шуда, дар асрҳои I–III ба маркази калони динӣ табдил ёфта, якҷоя бо дайри мағоки Қаротеппа обидаи ягонаеро ташкил медод ва зимнан дар ин ансамбл маҳз Файёзтеппа ҷои аввалро ишғол мекард .

Дар худи Тирмиз ҳам як ступаи буддоӣ ҳаст, ки ҳозир онро «Бурҷи Зӯр-мола» меноманд. Дар паҳлуи Дилварҷинтеппа маъбади буддоӣ кашф шуда-аст, ки ба давраи Кушониён тааллуқ дорад. Ҳайкалҳое, ки дар ин ҷо ёфт шудаанд, дорои аҳамияти махсусанд, зеро онҳо таҷассуми ашхоси динӣ ва дунявии буддоиён мебошанд.

Инчунин баъзе бозёфтҳои ашёи марбут ба дини буддоӣ, ки дар манзил-гоҳҳои хурди зироаткори Бохтари шимолӣ ба даст омадаанд, далолат мена-моянд, ки буддоия дар байни бохтариёни қадим хеле васеъ паҳн шуда буд . Ин гуна бозёфтҳо шаҳодат медиҳанд, ки буддоия танҳо дини табақаи муа-йяни ҷамъият набуда, балки дар байни оммаи васеи мардум ҳам реша да-вонда буд .

Аз Ҳиндустон ба Бохтари кушонӣ боз як дини дигар – ҳиндуя сар даро-вард. Тасвири Шива дар аҳди Вима Кадфиз пайдо шуда буд. Тасвири Шива дар тангаҳои давраҳои сонитари шоҳони кушонӣ то худи аҳди Васудева во-мехӯранд. Ҳангоми ҳафриёти ибодатхонаи Дилварҷинтеппа лавҳаи калони мусаввар ба даст омад, ки дар он Шива ва Парватии савори гови муқаддас — Нанди тасвир ёфтааст. Ин бозёфт, аз афти кор, далели он аст, ки дар Бохтар (ба ҳар ҳол дар ноҳияҳои дар тарафи чапи дарё будаи он) пайравони мазҳаби Шива вуҷуд доштаанд.

Дини насронӣ ба Осиёи Миёна аллакай дар асрҳои II–III милодӣ дохил мешавад ва Берунӣ ҳам хабар медиҳад, ки тақрибан баъди 200 соли вафоти асосгузори ин дин онро рӯҳоние ба Марв овардааст . Агар дар дасти мо дар бораи паҳншавии дини насронӣ дар кишвари Кушониён маълумоти маъхазҳои суриёнӣ (ибтидои асри III милодӣ) ва арманӣ (асри IV милодӣ) намебуд, ахбори болоиро танҳо ривоят ҳисоб кардан мумкин буд.

Дар Осиёи Миёна пайравони боз як мазҳаби дигар – мазҳаби монавия пайдо мешаванд, ки дар таърихи ҳаёти маънавии Осиёи Миёна мақоми намоён дорад. Дар ин бобат муфассалтар таваққуф мекунем. Асосгузори ин мазҳаб Монӣ соли 216 дар Бобулистон, дар қарибии Ктесифон, дар оилаи ашрофе ба дунё омадааст. Подшоҳи сосонӣ иҷозат дод, ки мазҳаби нав тарғиб карда шавад, вале дар ниҳояти кор Мониро ба зиндон андохтанд ва ӯ дар он ҷо вафот кард (соли 276–277 милодӣ), худи таълимоти Монӣ ва мона-виён дар Эрон дучори таъқиботи мудҳиши бераҳмона гардиданд.

Мувофиқи маслаки монавия дар ибтидо на замин будаасту на осмон ва фақат ду мабдаъ –Равшанӣ (некӣ) ва Торикӣ (бадӣ) вуҷуд доштааст. Дар зиндагӣ ин ҳарду мабдаъ ба ҳам омехтаанд ва инсон бояд майли камолот карда, мадад расонад, ки некӣ бар бадӣ ғолиб ояд. Таълимоти Монӣ, аз як тараф, унсурҳои асосии зардуштия ва аз тарафи дигар, баъзе хусусиятҳои дини насронӣ ва ба андозае дини буддоиро ҳам дар бар мегирифт. Вале ин таълимот дар ҳама ҷо як хел набуда, дар баъзе ҷараёнҳои монавия падидаҳои эътирози иҷтимоӣ равшан ба назар мерасанд. Масалан, чунин шиори мона-виён маълум аст: «Касе, ки бой буд, қашшоқ мешавад, гадоӣ мекунад, азоби абад насиби ӯ мегардад».

Маҳз ҳамин гуна шиорҳо, инчунин тарғиби идеали некӯахлоқӣ, ваъдаи «биҳишти олам» ба мазҳаби монавия оммаи меҳнаткашон ва намояндагони табақаҳои миёнаи ҷамъиятро ҷалб карданд. Монавиён дар айни ҳол ташки-лоти тавоноеро таъсис намуданд. Ҳамаи ин, ҳам дарбори Сосониён ва ҳам аркони дини зардуштиро ба воҳима наандохта наметавонист.

Ҳанӯз дар давраи ҳаёти Монӣ ва баъди вафоти вай дере нагузашта мона-вия аз ҳудуди Эрон берун меравад. Дар Осиёи Миёна бар хилофи шиори бо-лоӣ тарғиботи монавия асосан дар байни аъёну ашроф бурда мешуду вале баъдтар оммаи васеи аҳолиро фаро гирифт. Яке аз воизони номии монавия дар Осиёи Миёна Маар Уммо буд. Баъди ин монавия ба Туркистони шарқӣ ва аз он ҷо сонитар ба Хитой гузашт. Дар Осиёи Миёна ва дар Туркистони шарқӣ монавия бисёр ҷиҳатҳои дини буддоиро азхуд намуда, баъзе ғояҳои он ва қисман истилоҳоти онро қабул кард. Монавиён дар тарғиби дини худ санъат, аз ҷумла, санъати тасвириро хеле хуб истифода мебурданд ва ки-тобҳои динии онҳо мусаввараҳои назаррабое доранд. Бинобар ҳамин дар адабиёти форс-тоҷик ва дар фарҳангҳои қадимии тафсирии забони тоҷикӣ номи Монӣ синоними рассоми забардаст аст .

Дар давраи Кушониён ҳар халқ ба худ хос маросими дафн дошт.

Гӯрҳои давраи Кушониён (ба ном –«навъи III Б»), ки онҳоро М. М. Дяко-нов дар гӯристони Тӯпхона (Ҳисор) ёфтааст, хеле ҷолиби диққат мебошанд. Ин гӯрҳои хокианд, ки бо хишти хом рӯкаш шудаанд, баъзан сағонаҳое ме-бошанд, ки аз хишти хом сохта шудаанд. Дар лаҳади ин гӯрҳо зарфҳои пури хӯроки охират ҳаст. Ҳамаи ин зарфҳо зарфҳои хушсифати кулолӣ мебошанд. Шакли аксари онҳо ҷоммонанду муносибтарҳи зебо мебошад. Ҷолиби диққат аст, ки дар ин гӯрҳо мутлақо аслиҳа нест. Баъзан дар даҳон ё синаи мурда тангае мемондаанд ва ин тангаҳо ба тангаҳои Евкратид монанд буда, ба асри I пеш аз милод, яъне ба давраҳои баъди суқути давлати Юнону Бо-хтар нисбат доранд.

Дар гӯри занҳо асбоби зинатии тиллоӣ (гӯшвораҳо), оҳанин (ангуштта-рин, сагакҳои либос), сангину шишагин (шадда), биринҷӣ (оина, дастпона, ангуштарин) ёфт шудаанд. Аксари ин ашёи ороиш бо ашёи ороиши сар-матҳои соҳилҳои Каспий ва баҳри Сиёҳ ҳамгунӣ дорад. Аҷоибаш ҳамин, ки дар байни бозёфтҳо каҳрабое ёфт шуд, ки фақат дар баҳри Балтик ҳаст ва ка-ури ном гӯшмоҳие ба даст омад, ки фақат дар уқёнуси Ҳинд мешавад.

Берун аз гӯрҳо тангаи бисёре ёфт шуд, ки якеи онҳо азони Канишка ме-бошад, ғайр аз ин, чанд осиё, пораи дастос ва як чанд кордҳои оҳанин ба даст омадаанд .

Ҳангоми ҳафриёти М.М.Дяконов ва ҳафриёти минбаъдаи Б.А.Литвинский дигар намуди дафн низ пайдо шуд – бо ин усул мурдаро дар тобутҳои калони сафолӣ мегӯрондаанд (ин тарзи дафн дар байни портҳо маъмул буд ва аз афти кор, аз онҳо иқтибос шудааст). Дар хоки Душанбе мурдаҳое ёфт шуданд, ки дар тобутҳои сангин ва дар хумҳо дафн гардидаанд. Дар димнаи Кӯҳнақалъа (водии Вахш) мурдаҳоро дар дахмаҳо мегӯрони-данд. Аз асри II пеш аз милод Хоразм ва баъд дар дигар ноҳияҳои Осиёи Миёна оссуарийҳо, яъне устухондонҳои сафолӣ (баъзан сангин) ба ҳукми та-омул медароянд, ки ба онҳо устухони мурдаро андохта мемондаанд .

Кашф ва тадқиқи қабристони димнаи Теппаи Шоҳ (дар поёноби Кофар-ниҳон), ки мурдагони он дар асоси маросими дини зардуштӣ гӯронда шуда-анд, хеле аҳамияти калон дорад. Аз ин ҷо чанд новусе ёфт шуд, ки тарҳи му-раккабе доранд. Яке аз онҳо (новуси 1) як хона дорад. Айвони новус аз ду та-раф сангпӯш буда, инчунин бо остонаи сангӣ мустаҳкам карда шудааст. Аз ин айвон ба даруни худи новус роҳ ҳаст. Даруни новус ҳуҷраи чоркунҷаест, ки андозааш 3,16х4,80м мебошад. Гирдогирди таги девор суфача дорад, ки бари он 0,95–1,00 м ва баландиаш 0,42 м аст. Таги ҳуҷра, суфаҳо ва деворҳо тунукак бо гаҷ андова карда шудаанд. Худи новус дар болои таҳкурсии ним-метра    сохта шудааст. Рӯи суфа ва ҳуҷра пур аз устухони одамӣ аст, ки бе-тартибона хобиданд ва дар байни устухонҳо бисёр ашёи маданияти моддӣ (зарфҳо, асбоби зинат, оинаи биринҷӣ, ҳайкалчаҳои сафолӣ ва ғ.) ба назар мерасад. Инчунин тангаҳои мисии Канишка ва Васудева ёфт шудаанд.

Новуси дигар (новуси 2,) ки дар болои таҳкурсии чоркунҷаи на чандон баланд сохта шудааст, тарҳи мураккабтаре дорад. Баъди дари даромад до-лоне сар мешавад, ки тамоми новусро ба ду қисми баробар тақсим мекунад. Дар ин долон рӯбарӯи ҳамдигар чор ҳуҷра ҳаст, ки андозаи онҳо 2,2х2,1 м ва 2,1х2,3м мебошад (фақат ду ҳуҷра безарар мондааст, ду ҳуҷраи дигар қисман вайрон шудааст). Даруни ҳуҷраҳову долон аз чанд қабат устухони одамӣ пур аст, устухони баъзе мурдагон пароканда нашуда, дар ҷои аслии худ мебо-шанд. Умуман аз ин новус 51 косахонаи сар баромад. Агар ба назар гирем, ки новус хеле вайрон шудааст, пас шумораи дар ин ҷо гӯршудаҳо хеле зиёд-тар будааст. Аз афти кор, ба андозаи пур шудани ҳуҷраҳо даҳони онҳоро ме-бастаанд, баъди пур шудани долон дари асосиро ҳам гӯр кардаанд ва бо ҳамин ин новусро дигар кор нафармудаанд. Аз ин новус ҳам бисёр ашёи ма-данияти моддӣ – бисёр асбоби зинат (шаддаҳои сангию шишагин, ангушта-ринҳо, дастпонаҳо, гӯшворҳо ва ғ.), асбобҳои сафолӣ, бути гаҷӣ ёфт шуд. Боқимондаҳои матое, ки аз ин ҷо дастрас гардид, хеле ҷолиби диққат мебо-шанд. Яке аз тангаҳои аз ин ҷо ёфтшуда (тангаи нуқраи Герай) дар даҳони мурдае буда, онро аз қабати лое ёфтанд, ки ба коми мурда часпида монда будааст. Тамоми тангаҳои ёфтшуда аҳамияти калон доранд, зеро далолат мекунанд, ки новус ба муддати ниҳоят дароз истифода мешуд – аз ин ҷо тан-гаҳои нуқрагини тақлидан ба тангаҳои нуқрагини Евкратид сикказадашуда, тангаҳои мисини Вима Кадфиз, Канишка, Хувишка, тангаҳои тақлиди тан-гаҳои Васудева ба даст омаданд .

Аҳамияти ҳафриёти қабристони Теппаи Шоҳ ниҳоят калон аст. Ғайр аз ин ки ин новусҳо қадимтарин гӯрҳои Бохтар мебошанд (санаи онҳоро асри I пеш аз милод, III–IV милодӣ гуфтан лозим), боз онҳо шаҳодат медиҳанд, ки дар Бохтар маросими дафни зардуштӣ паҳн шуда буд ва он хусусиятҳои ба худ хос дошт. Инчунин тавсифи антропологии мурдагон ҳам ҷолиби диққат мебошад . Дар солҳои охир айнан ҳамин гуна қабристонҳо дар дигар ноҳияи Бохтари шимолӣ – дар водии Сурхондарё, дар қарибии димнаи Дил-варҷинтеппа ва деҳаи Бандихон ёфт шуданд.

Аҳолии кӯчманчӣ, нимкӯчманчӣ ва як қисми аҳолии муқимӣ мурдаҳои худро дар хоктеппаҳои баланд гӯр мекарданд. Шумораи зиёди ин гуна хок-теппаҳо дар поёноби Кофарниҳон, дар райони Исфара ва дар территорияи Ўзбекистону Тоҷикистон ҳафриёт шудаанд.

Санъат

Давраи Кушониён давраи авҷи инкишофи санъати қадимии Осиёи Миё-на мебошад. Мо аз равнақу ривоҷи шаклҳои монументалии санъат (рассомӣ, муҷассамасозӣ, мунаббаткорӣ), намудҳои хурдтари он (ҳайкалчасозӣ аз са-фолот) ва аз равнақи санъати амалӣ (заргарӣ ва ғ.) воқиф ҳастем. Мо алҳол дар даст материали фаровон дорем, вале ба туфайли ҳафриёти археологӣ андӯхти он чунон суръатро соҳиб аст, ки ҳама гуна тавсифи қабл аз интишор кӯҳна шуданаш мумкин аст. Маҳз дар санъат заковату фазилати устоёни Осиёи Миёна равшан ҷилвагар мешавад, дар айни ҳол, муносибат бо дигар мамлакатҳои ҳамсоя возеҳ ба назар мерасад. Аҳамияти осори санъати Осиёи Миёна берун аз ҳудуди Осиёи Миёна ҳам мақом дорад, яъне имкон медиҳад, ки муҳимтарин ҷиҳату ҷанбаҳои маданияти бадеии шарқ аз дидгоҳи нав тафсиру тавзеҳ дода шавад. Масалан, ин нукта ба санъате низ дахл дорад, ки «санъати Қандаҳор» ном гирифтааст. Қандаҳор номи қадимии кишварест, ки миёнҷои он водии Пишовур буд ва дигар ноҳияҳои ҳамсояро дар бар мегирифт.

Маҳз дар ҳамин ҷо бисёр осори ба худ хоси санъат ёфт шудааст, ки асо-сан аз ҳайкали сангин (ва гаҷӣ) ва нақшҳои кандакорӣ иборат мебошад. Би-нобар номи қадимии сарзамин намуди санъат «гандҳарӣ» ном гирифт, гар-чанде асарҳои бо ин услуб офаридашудаи санъат хеле васеъ интишор ёфта буданду дар саросари хоки шимолу ғарби Ҳиндустон, дар Афғонистон ва дар ҷануби Осиёи Миёна дучор меоянд. Санъати гандҳарӣ таркиби ҳайратангези анъанаҳои санъати маҳаллӣ ва эллинурумӣ мебошад. Вале масъалаҳои пай-доиш, таҳаввулот ва хронологияи санъати гандҳарӣ то ҳол ақидаҳои ниҳоят мухталиф ва аксар ба ҳамдигар хилофро ба миён меоварад ва боиси пайдо-иши назарияву фарзияҳои мутааддид мегардад. Яке аз олимон таърихи тадқиқи санъати гандҳариро бо заковати тамом ба «ҳарбгоҳе» ташбеҳ дода-аст, ки «дар он ақидаҳои сершумори археологҳо бисмил шудаанд ва ин ҳарбгоҳ аз ҷавшану зиреҳҳои кафидаю дарида, яъне дидҳои аз даҳон монда ва аз шикас-тапораҳои яроқу аслиҳа, яъне аз фарзияҳои радшуда моломол аст. Ҳол он ки масъалаҳои ҳалталаб шумор надоранд ва онҳо бемуҳобот ҷид-ду ҷаҳди олимонро густохона рафъ менамоянд ва чунон ба назар мерасанд, ки ҳалли онҳо мутлақо мумкин нест» .

Асоси тадқиқи санъати гандҳарӣ дар асарҳои олими франсавӣ А.Фуше, ки дар тадқиқи санъат ва археологияи Ҳиндустону Афғонистон хизмати шо-ён кардааст, гузошта шудааст. Ман хонандаро ба асарҳои вай  ва ба асарҳои Д.Маршалл, Б.Роулэнд, А.А.Кумарасвами, И.Лохвизен де Леев, Г. Инголт ва дигарон ҳавола карда, ҳаминро қайд кардан мехостам, ки нисбатан ба қа-рибӣ олими франсавӣ Д.Шлюмберже фарзияи диққатангезе пеш ниҳод. Вай ба натиҷаҳои кашфиётҳои навтарини археологияи Осиёи хориҷӣ такя наму-да, исрор мекунад, ки дар ташаккули санъати қандаҳорӣ «унсури юнону эронӣ» (аз ҷумла, юнону бохтарӣ) мақоми калон дорад . Кашфиётҳои ар-хеологияи Осиёи Миёна бошад, барои исботи мавҷудияти санъати хоси бо-хтарӣ мадраки фаровон доданд. Ҳайкалу расмҳои дилкаши Холчиён, нақшу-нигори назаррабои Бохтар бояд дар ҳалли масъалаҳои пайдоиши санъати Бохтар ба назар гирифта шаванд.

Дар баробари санъати Бохтар дар он давра Суғд, Хоразм ва Порт ҳам мактабҳои бадеии хоси худро ба вуҷуд меоранд.

 

Маданият ва дин дар давраи Кушониён: 96 комментариев

  • в
    Permalink

    I just like the valuable info you provide to your articles.
    I will bookmark your blog and take a look at again here regularly.
    I’m quite certain I’ll be told a lot of new stuff proper right here!

    Good luck for the following!

    Ответ
  • в
    Permalink

    Hello friends, its fantastic piece of writing on the topic of educationand completely
    explained, keep it up all the time.

    Ответ
  • в
    Permalink

    My brother recommended I would possibly like this blog.
    He was totally right. This publish actually made my day. You can not imagine just how much time I had spent for this information! Thank
    you!

    Ответ
  • в
    Permalink

    Thank you for any other great article. Where else may just anybody get
    that type of information in such a perfect manner of writing?

    I have a presentation next week, and I am on the
    search for such info.

    Ответ
  • в
    Permalink

    You actually make it seem really easy along with
    your presentation however I to find this matter to be really
    something which I think I’d never understand. It sort of feels too complex and very large for me.
    I am taking a look forward for your subsequent post, I’ll attempt to get the grasp of it!

    Ответ
  • в
    Permalink

    you are in point of fact a just right webmaster.

    The website loading pace is amazing. It kind of
    feels that you’re doing any unique trick. Also, The contents are masterwork.
    you’ve performed a excellent job in this subject!

    Ответ
  • в
    Permalink

    Hi! I know this is somewhat off topic but I was wondering if
    you knew where I could locate a captcha plugin for
    my comment form? I’m using the same blog platform as yours and I’m having
    trouble finding one? Thanks a lot!

    Ответ
  • в
    Permalink

    I absolutely love your blog and find almost all of your post’s
    to be what precisely I’m looking for. can you offer guest
    writers to write content for yourself? I wouldn’t
    mind writing a post or elaborating on most of the subjects you write with regards to here.
    Again, awesome site!

    Ответ
  • в
    Permalink

    you’re in point of fact a excellent webmaster. The website loading pace is
    incredible. It seems that you’re doing any distinctive trick.

    Furthermore, The contents are masterpiece.
    you’ve done a great task on this matter!

    Ответ
  • в
    Permalink

    What’s up to all, how is all, I think every one is getting
    more from this website, and your views are pleasant in support
    of new users.

    Ответ
  • в
    Permalink

    At this time it looks like Expression Engine is the top blogging platform out there right now.

    (from what I’ve read) Is that what you are using on your
    blog?

    Ответ
  • в
    Permalink

    I’ll immediately clutch your rss as I can not in finding your email subscription hyperlink or
    e-newsletter service. Do you’ve any? Please allow me realize in order that I may subscribe.
    Thanks.

    Ответ
  • в
    Permalink

    When someone writes an article he/she maintains
    the plan of a user in his/her brain that how a user can know it.

    So that’s why this article is amazing. Thanks!

    Ответ
  • в
    Permalink

    Wow, awesome blog layout! How lengthy have you ever been running a blog for?
    you make running a blog glance easy. The whole look of your web site is great, as smartly as the
    content material!

    Ответ
  • в
    Permalink

    Hello I am so delighted I found your weblog,
    I really found you by error, while I was researching on Yahoo for something else,
    Anyways I am here now and would just like to say thank you for a fantastic post and
    a all round thrilling blog (I also love the theme/design), I don’t
    have time to read it all at the minute but I have bookmarked it
    and also included your RSS feeds, so when I have time I will be back to read more, Please do keep
    up the excellent work.

    Ответ
  • в
    Permalink

    I was recommended this blog by my cousin. I am not sure whether this post is written by him
    as no one else know such detailed about my trouble.
    You are amazing! Thanks!

    Ответ
  • в
    Permalink

    Pretty section of content. I just stumbled upon your
    site and in accession capital to assert that I acquire in fact enjoyed account your blog posts.
    Anyway I’ll be subscribing to your augment and even I achievement you access
    consistently fast.

    Ответ
  • в
    Permalink

    I think this is among the most vital info for me.
    And i am glad reading your article. But should remark on few general things, The web site style is
    great, the articles is really excellent : D. Good job, cheers

    Ответ
  • в
    Permalink

    Greetings! This is my first visit to your blog!
    We are a collection of volunteers and starting a new initiative in a community in the same niche.
    Your blog provided us valuable information to work on. You have done
    a outstanding job!

    Ответ
  • в
    Permalink

    Great blog! Do you have any helpful hints for aspiring writers?
    I’m planning to start my own website soon but I’m a little lost on everything.
    Would you advise starting with a free platform like WordPress or go
    for a paid option? There are so many options out
    there that I’m completely overwhelmed .. Any recommendations?

    Bless you!

    Ответ
  • в
    Permalink

    Hello it’s me, I am also visiting this web site regularly, this website is in fact good and
    the visitors are truly sharing fastidious thoughts.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Howdy superb website! Does running a blog like this take
    a lot of work? I’ve no knowledge of programming but I had been hoping
    to start my own blog in the near future. Anyhow, if you have any ideas or techniques for
    new blog owners please share. I understand this is off
    subject nevertheless I just had to ask. Appreciate it!

    Ответ
  • в
    Permalink

    I think what you posted was very logical. However, what about this?
    what if you added a little content? I ain’t saying your information is not good, but what if you
    added a title that grabbed a person’s attention? I mean Маданият ва дин дар давраи Кушониён —
    Донишхона is a little vanilla. You should
    glance at Yahoo’s home page and watch how
    they write article headlines to grab viewers interested.
    You might add a related video or a pic or two to grab readers interested about everything’ve written.
    In my opinion, it might bring your website a little bit more interesting.

    Ответ
  • в
    Permalink

    My brother suggested I may like this website. He was entirely
    right. This submit truly made my day. You can not believe simply how so much time I had spent for this info!
    Thank you!

    Ответ
  • в
    Permalink

    hi!,I like your writing so a lot! percentage we keep up a correspondence extra approximately your article on AOL?
    I require an expert in this space to solve my problem. May be
    that’s you! Looking ahead to look you.

    Ответ
  • в
    Permalink

    If you desire to increase your familiarity only keep visiting this web
    site and be updated with the latest news update posted here.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Nice blog here! Also your web site loads up very fast!
    What web host are you using? Can I get your affiliate link to your host?
    I wish my web site loaded up as quickly as yours lol

    Ответ
  • в
    Permalink

    I’ll right away take hold of your rss feed as I can not in finding your e-mail subscription link or newsletter service.
    Do you have any? Kindly let me recognize in order that
    I may just subscribe. Thanks.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Hello excellent blog! Does running a blog such as this take a great deal of work?

    I’ve virtually no knowledge of computer programming however
    I was hoping to start my own blog in the near future. Anyhow, should
    you have any ideas or tips for new blog owners please share.
    I know this is off subject nevertheless I simply had to ask.

    Kudos!

    Ответ
  • в
    Permalink

    Hey there! I know this is sort of off-topic but I had to ask.
    Does running a well-established website like yours take
    a large amount of work? I am completely new to running a blog however
    I do write in my diary everyday. I’d like to
    start a blog so I can share my experience and thoughts online.
    Please let me know if you have any kind of ideas or tips for new aspiring bloggers.
    Thankyou!

    Ответ
  • в
    Permalink

    magnificent submit, very informative. I ponder why the other specialists of this sector do not notice this.
    You should continue your writing. I’m confident, you’ve a huge readers’ base already!

    Ответ
  • в
    Permalink

    It’s going to be ending of mine day, except
    before end I am reading this enormous piece of writing to
    improve my experience.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Somebody necessarily lend a hand to make severely posts I might state.
    That is the first time I frequented your web page and so far?
    I surprised with the research you made to create this actual put up extraordinary.

    Fantastic job!

    Ответ
  • в
    Permalink

    Hello my loved one! I want to say that this post is awesome, nice written and include almost
    all vital infos. I would like to see extra
    posts like this .

    Ответ
  • в
    Permalink

    Hello there! Do you know if they make any plugins to help
    with Search Engine Optimization? I’m trying to get my blog to
    rank for some targeted keywords but I’m not seeing very good gains.
    If you know of any please share. Cheers!

    Ответ
  • в
    Permalink

    Everything is very open with a clear description of the
    challenges. It was definitely informative. Your site
    is very helpful. Many thanks for sharing!

    Ответ
  • в
    Permalink

    Thank you, I’ve recently been searching for information approximately this topic for a long time and
    yours is the greatest I have found out till now.

    However, what about the bottom line? Are you positive about the supply?

    Ответ
  • в
    Permalink

    Hi i am kavin, its my first occasion to commenting
    anywhere, when i read this paragraph i thought i could also create comment due to
    this good post.

    Ответ
  • в
    Permalink

    I loved as much as you will receive carried out right here. The sketch is attractive, your authored subject matter stylish. nonetheless, you command get got an nervousness over that you wish be delivering the following. unwell unquestionably come more formerly again since exactly the same nearly very often inside case you shield this hike.

    Ответ
  • в
    Permalink

    I do not even know how I ended up here, but I thought
    this post was great. I do not know who you are but certainly you are going to a famous blogger
    if you are not already 😉 Cheers!

    Ответ
  • в
    Permalink

    Hey there exceptional blog! Does running a blog like this require a large amount
    of work? I’ve virtually no understanding of computer programming but I had been hoping to start
    my own blog in the near future. Anyhow, should you have any recommendations or techniques for new blog
    owners please share. I know this is off topic nevertheless I simply had to ask.

    Kudos!

    Ответ
  • в
    Permalink

    What’s Happening i am new to this, I stumbled upon this I
    have found It positively helpful and it has helped
    me out loads. I hope to contribute & help other customers like its helped me.
    Great job.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Do you mind if I quote a few of your articles as long as I provide credit and sources back to your
    webpage? My website is in the very same area of interest as yours and my visitors would truly benefit
    from some of the information you present here. Please let me know if this alright
    with you. Thanks!

    Ответ
  • в
    Permalink

    My developer is trying to persuade me to move to .net from PHP.
    I have always disliked the idea because of the expenses.
    But he’s tryiong none the less. I’ve been using WordPress on various websites for about a year and am nervous about
    switching to another platform. I have heard excellent things
    about blogengine.net. Is there a way I can import all my wordpress posts into it?
    Any kind of help would be really appreciated!

    Ответ
  • в
    Permalink

    I’m impressed, I must say. Seldom do I come across a blog that’s equally educative and entertaining,
    and without a doubt, you’ve hit the nail on the head.
    The issue is an issue that not enough folks are speaking intelligently about.
    I’m very happy that I found this in my search for something regarding this.

    Ответ
  • в
    Permalink

    We stumbled over here coming from a different website and thought I might
    check things out. I like what I see so now i’m following you.
    Look forward to checking out your web page for a second time.

    Ответ
  • в
    Permalink

    I just could not depart your web site before suggesting that I extremely loved the usual info an individual provide for your
    guests? Is gonna be back steadily in order
    to investigate cross-check new posts

    Ответ
  • в
    Permalink

    Thanks designed for sharing such a fastidious thought, piece of writing is
    pleasant, thats why i have read it entirely

    Ответ
  • в
    Permalink

    Hello, Neat post. There is a problem with your website in web explorer, would check this?
    IE still is the marketplace chief and a large portion of other folks will omit your fantastic writing because of this problem.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Hello there, I found your web site by way of Google whilst searching for a
    related topic, your website came up, it appears to be like great.

    I’ve bookmarked it in my google bookmarks.
    Hi there, simply turned into aware of your blog thru Google,
    and located that it’s truly informative. I’m gonna watch out for brussels.
    I will be grateful in case you proceed this
    in future. Many other folks will probably be benefited from your writing.

    Cheers!

    Ответ
  • в
    Permalink

    Every weekend i used to pay a visit this web site, for the reason that
    i want enjoyment, since this this website conations actually
    fastidious funny data too.

    Ответ
  • в
    Permalink

    My programmer is trying to convince me to move to .net from PHP.

    I have always disliked the idea because of the costs.
    But he’s tryiong none the less. I’ve been using Movable-type on various websites for
    about a year and am concerned about switching to another platform.

    I have heard very good things about blogengine.net.
    Is there a way I can import all my wordpress content into it?
    Any kind of help would be really appreciated!

    Ответ
  • в
    Permalink

    Do you have a spam problem on this blog; I also am a blogger,
    and I was curious about your situation; many of us have created some
    nice practices and we are looking to exchange strategies with others,
    why not shoot me an email if interested.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Its like you read my mind! You seem to grasp so much about this,
    like you wrote the guide in it or something.
    I feel that you could do with some percent to pressure the message house a little bit, but instead of that, this is excellent blog.
    A fantastic read. I’ll certainly be back.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Everything is very open with a clear explanation of the
    issues. It was definitely informative. Your site is useful.
    Thank you for sharing!

    Ответ
  • в
    Permalink

    I think this is among the most significant info for me.
    And i am glad reading your article. But should remark on few general things, The web site style
    is ideal, the articles is really nice : D. Good job, cheers

    Ответ
  • в
    Permalink

    Hello There. I discovered your blog the use of msn.
    That is a really smartly written article. I’ll make sure to bookmark it and return to
    learn more of your useful info. Thanks for the post.
    I’ll certainly comeback.

    Ответ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *