Дигар ноҳияҳои Осиёи Миёна — Донишхона

Дигар ноҳияҳои Осиёи Миёна

Уструшан

Дар маъхазҳои хитоӣ ин ноҳия Сао (Саои шарқӣ), ё худ Су-дуй-ша-на (Sғо-tғâi-şа-nâ)  номида шудааст. Маълумоти маъхазҳо дар бораи ин ноҳия ниҳоят кам аст. «Тан-шу» хабар медиҳад, ки қароргоҳи малик дар ёнаи ши-молии кӯҳи Боси (ё Поси) мебошад (эҳтимол, қаторкӯҳи Туркистон бошад.– Б.Ғ.). Ин маҳал дар қадим ба шаҳри Арши, яъне Фарғона тобеъ буд. Ши (Тошканд) ва Кан (Самарқанд) аз ин ноҳия дар масофаи баробар воқеъ бу-данд. Тухоло (Тахористон) андак дуртар дониста мешуд. Йе-ча ном шаҳре низ буд, ки он ғори сарбастае дошт ва ба ин ғор соле ду бор қурбонӣ медо-данд. Мардум ба даҳони ғор омада, рӯбарӯи он меистанд ва дуде, ки аз он зада мебаромад, одами аз ҳама наздик истодаро мекушт.

Дар солҳои 618–626 дар Су-дуй-ша-на малики ҷавоне ҳукмронӣ мекард. Ҳамроҳи Кан (Самарқанд) ин малик ба Хитой ҳайъати сафорат фиристода-аст.  Ба ақидаи Э. Шаванн, шаҳри Су-ду ҳам аз они ҳамин ноҳия буд.

Сюан-сзан ин ноҳияро Сутулисена номидааст ва хабар медиҳад, ки андо-заи гирдогирди он 1400 ё 1500 ли мебошад (нисбат ба ноҳияи Чоч 1,5 баробар калонтар ва нисбат ба ноҳияи Самарқанд андак камтар.–Б.Ғ.) Сарҳадди шарқии ноҳия дарёи калонест (номи хитоии Сирдарё оварда шудааст, вале дар ин маврид Сюан-сзан ғалат рафтааст, яъне Сирдарё сарҳадди шимолии Уструшан аст, на сарҳадди шарқии он). Хӯрду хӯрок ва расму одати мардум айнан ҳамонест, ки дар Чоч аст. Аз он даврае, ки дар Сутулисена подшоҳ ҳаст, ноҳия ба туркҳо тобеъ мебошад. Дар тарафи шимолу ғарбии ноҳия биё-бони бекароне ҳаст, ки на об дораду на алаф.

Ба ҳамин тариқ, ҳудуде, ки ин ноҳия дар асрҳои VI–VIII дошт, аниқ маълум аст ва маркази он ҳавзаи Ӯротеппаю Шаҳристон буд. Дар ҷануб ноҳияи болооби Зарафшонро дар бар мегирифт ва, аз афти кор, то ба ёнаҳои шимолии қаторкӯҳи Ҳисор тӯл мекашид. Дар шимол ҳудуди ноҳия Сирдарё буд, дар шарқ бошад, сарҳадди ноҳия мулкҳои Хуҷанд ҳисоб мешуд (тахми-нан), дар шимолу ғарб бошад, мулкҳои Самарқанд (ба маънои васеи Са-марқанд) ҳудуди ноҳия дониста мешуд. Дар бораи номи ноҳия ҳаминро гуфтан лозим, ки транскрипсияи хитоии он аз талаффузи аслии он хеле дур аст. Ҳатто географҳои асримиёнагии арабу форс ҳам номи ноҳияро ҳар яке ба тарзи худ навиштаанд ва ин ҳолат боиси ҳамин шуд, ки даъвоҳои беасосу нодуруст ба миён омад ва баъзе олимони ҳозиразамон иддао карданд, ки «Усрушан навиштан дурусттар мебошад.  Вале ин гуна олимон ба назар намегирифтанд, ки ҳам дар навишти хитоии ном ҳарфи «т» ҳаст ва дар тала-ффузи имрӯзаи тоҷикӣ ҳам ноҳия «Истравшан» («Истаравшан») аст, яъне «т» дорад.

Ниҳоят ҳуҷҷатҳои Қалъаи Муғ ҳам қатъиян исбот карданд, ки дар ибти-дои асрҳои миёна вилоят Уструшана  ном дошт, вале сонитар ҳарфи «т» соқит гардид. ҳокимони Уструшана соҳиби унвони «афшин» буданд.

Дар майдони Уструшана ҳафриёти зиёде гузаронда шуд. Қароргоҳи афшинҳои Уструшана андак дуртар аз посёлкаи ҳозираи Шаҳристон воқеъ буд. Дар ин ҷо, дар соҳили ғарбии сойи Шаҳристон, дар ҷои баланд димнаи Қалъаи Қаҳқаҳа ҷой дорад, ки деворҳои он нағз боқӣ мондаанд. Вусъати дим-на 5 га аст. Димна аз ду қисм иборат мебошад – дар тарафи ғарб 8–10 м бо-лотар аз майдони димна теппаи арк қад афрохтааст.

Аз арк қасри афшинҳои Уструшан ёфт шуд. Аз ҷумлаи хонаҳои қаср то-лори ниҳоят азим (вусъаташ 230м2) мақоми махсус дорад, Ин толор се қабат ва айвончае дорад, ки дар он тахт меистод. Дар шафати он толор боз як то-лори қабул ҳаст, ки он хурдтар мебошад, вале вусъати ҳамин толори «хурд» ҳам 95м2 аст. Дар ин ҷо инчунин ибодатхонаҳо, хонаҳои хоб, ошхона, нонвой-хона, қӯрхона ва ғ. ҷойгир шудаанд. Так-таки деворҳои толор ва долон суфаҳои дароз сохта шудаанд ва дар даҳлезҳо, рӯбарӯи дари даромад, суфаҳо барҷаста пеш баромадаанд ва як навъ «эстрада»-ро ба вуҷуд овардаанд. Ба-рои нигоҳ доштани озуқа дар фарши хона хумҳои бисёре шинонда шудаанд, ки зарфияти умумии онҳо қариб 10м3 мебошад. Девори толорҳо ва долонҳо саросар бо нақшу нигори назаррабо ва лавҳаҳои чӯбии кандакоришуда пӯшида шуда буданд.

Қаср муддати дароз вуҷуд дошт ва ниҳоят тӯъмаи оташ гардид. Ба ка-софати сӯхтор аксари ороиши он нобуд шуд, вале ҳамон қисми ночизе, ки то ба рӯзҳои мо расидааст, аз санъати баланди Уструшани давраҳои қадим шаҳодат медиҳад.

Дар қисми поёнии долоне, ки кӯндаланг тамоми иншоотро бурида гуза-штааст, силсилаи расмҳои аҷоиб ба назар мерасад. Дар тарафи чапи расм марде тасвир шудааст, ки дар болои кати қолинфарш нишастааст. Андак дуртар аз ин мард расми як зану як мард менамояд, ки кӯдакеро дудаста дошта истодаанд. Дар паҳлӯи онҳо боз расми як мард ҳасту дар қафои вай як чизи «дарёмонанд» кашида шудааст ва дар рӯи он як махлуқи моҳибашара тасвир ёфтааст. Баъди ин чанд одам хира менамоянд, ки ба тарафи чап, ба тарафи «дарё» рафта истодаанд. Ин қисми расм хеле зарар дидааст ва қариб базӯр менамояд. Ниҳоят, баъди ин одамон расми модагурги калоне ҳаст, ки сарашро ба рост гардонда, ба қафояш менигарад ва ду кӯдак синаи модагур-гро макида истодаанд.

Н.Н.Неъматов аввал пайдоиши ин расмро андак рӯякӣ шарҳ додааст ва гумон кардааст, ки расми мазкур ба ин ҷо дар асрҳои V–VII эраи мо аз соҳилҳои баҳри Миёназамин омадааст, вале гуфтан даркор, инчунин қайд кардааст, ки дар Осиёи Миёна «барои азхудкунии анъанаҳои асотирии на-сронияи Ғарб заминаи муайяни динӣ вуҷуд дошт» .

Дар нашри русии китоб мо таъкид карда будем, ки халқҳои гуногуни Осиёи Миёна ва Марказӣ ривоятҳое доранд, ки ба ривояти машҳури этрус-скуримӣ хеле монанд аст. Сабаби дар Осиёи Миёна вуҷуд доштани ин расм-ро бояд дар ҳамин донист, ки ривояти модагургро макида ба воя расидани шоҳзода (ё шоҳзодагон) дар Шарқ дар давраҳои ниҳоят қадим пайдо шуда буд.  Н.Н.Неъматов дар асарҳои минбаъдааш ақидаи худаш ва ақидаи моро дар ин бобат хеле инкишоф дода, фикри худро хеле мукаммал намуд,  вале гуфтан даркор, ки оид ба якчанд нуктаҳои муҳим ҳоло ҳам ақидаи вай баҳс-нок мебошад.

Дар толори хурд пораҳои расмҳое гирд омадаанд, ки аз унсурҳои алоҳидаи тамоми композитсия маълумот медиҳанд. Масалан, чунин аст расми се савори дартоз, ки дар бар либоси ҷангӣ доранд ва ба тарафи чап рафта истодаанд. Дар таги суми аспҳо мурдаи душман тасвир ёфтааст. Ин-чунин расмҳои якчанд олиҳаву худоҳо ба назар мерасанд, масалан, расми худои чордаста, расми олиҳаи ҳоладор, ки дар болои шери лаҷомзада ниша-стааст, боз як расми дев менамояд, ки дандонҳояшро гиз карда истодааст. Боз як расми олиҳаи чордастаи шерсавор ҳаст, ки ба тарафи вай ҷанговаре саво-ри ароба давида истодааст ва ба ароба аспҳои болдор қӯш карда шудаанд. Худи ҷанговарон низ ҳама бол доштаанд. Бисёр дигар расмҳое низ ба даст омадаанд, ки дар онҳо манзараҳои муҳорибаҳо ва зисту зиндагонии мардум (масалан, расми духтари уднавоз) инъикос гардидаанд. Расмҳо бағоят аниқу дақиқ, равшану возеҳ ва бо маҳорати комил кашида шудаанд. ҳама расмҳо бисёррангаанд, тобиши рангҳо ниҳоят гӯё буда, бештар ранги кабуд ва зарду сурхча истифода шудаанд.

Н.Н.Неъматов менависад, ки аз харобаҳои қаср қариб 200 пораҳои чӯбҳои кандакорӣ ёфт шуданд. Аз ҷумла «…якчанд ҳайкалчаҳои одамону па-рандагон ва варақаву лавҳаҳои зиёде дастрас гардидаанд, ки соҳиби манза-раҳои мукаммалсюжет буда, дар онҳо расми одамон, ҳайвонот, парандагон, коҳинон тасвир шудаанд. Инчунин арақаи аҷоиби таги равоқ ёфт шуд, ки дар он расми одамон сабт гардидааст. Боз як пештоқ (тимпан) ба даст омад, ки ҳамто надорад.

Дар вусъати ин пештоқ ривояти қадимиэронии муборизаи бадию некӣ инъикос шудааст, ки дар он образҳои шоҳзода Фаридун, Коваи оҳангар ва шоҳ Заҳҳоки одамхӯри мордаркитф таҷассум ёфтааст.  Ин пештоқ ва уму-ман, тамоми осори санъати шаҳристон барои тадқиқи маданияти бадеӣ, асо-тир ва зисту зиндагонии Осиёи Миёнаи аввалҳои асрҳои миёна аҳамияти ниҳоят калон дорад.

Андаке дуртар аз димнаи номбурда теппаи дигар ҳаст, ки онро қалъаи Каҳқаҳаи II мегӯянд. Тарҳи ин қалъа тамоман дигар аст. Майдончаи (210х230 м) ҳамвори чоркунҷа гирдогирд девор дорад. Дар яке аз гӯшаҳои майдонча теппае ҳаст. Маълум шуд, ки дар таги ин теппа харобаҳои бинои сеошёнаи қасрмонанд ниҳон будааст. Дар ин ҷо ҳам бисёр толорҳои ташрифот ва хо-наҳои истиқоматӣ ёфт шудаанд. Шифти хонаҳо хиштини гунбазӣ ва муқар-рарии болорпӯши сутундор мебошанд. Бинои ёфтшуда қасри истеҳкомдор буда, деворҳояш пур аз нақшунигор ва болору шифту сутунҳояш кандакорӣ шудаанд.

Дигар ёдгории Шаҳристон — Чилҳуҷра, ки дар қарибии андароби Кулқу-тан ва сойи Шаҳристон воқеъ аст, чунон хуб боқӣ мондааст, ки кас дар ҳайрат мемонад. Ин бинои дуошёнаи қасрмонанд мебошад. Иморат таърихи ду-рударози мураккаб дорад ва борҳо аз дигар сохта шудааст. Вале сарфи назар аз ин хонаҳои ошёнаи якум ва қисми хонаҳои ошёнаи дувум чунон хуб боқӣ мондаанд, ки дар бораи сохти аслию аввалаи иморат ба мо маълумоти пурра медиҳад.  Қасри Ӯртақӯрғон, ки дар қарибии Чилҳуҷра воқеъ аст, низ ҷоли-би диққат мебошад.

Мо расму суратҳо ва чӯбҳои кандакории иморатҳои Уструшанро дар бо-ло зикр карда будем. Ин расму суратҳо дар айни ҳол ёдгории маданияти ба-деӣ мебошанд, онҳо инчунин маъхазе мебошад, ки дар асоси он дар бораи идеологияи уструшаниҳо, аз ҷумла дар бораи дини уструшаниҳо тасаввуроте ҳосил кардан мумкин аст. Мувофиқи баъзе мадракоти мавҷуда, масалан, аз рӯи мурофиаи ҷинояти Ҳайдар ном афшин (асри IХ), ки гуноҳаш пинҳонӣ парастидани дини ниёгони қадимааш будааст, ба чунин хулоса омадан мум-кин, ки дар Уструшан равияи осиёимиёнагии зардуштия ҷараён доштааст  ва ин равияи зардуштия аз зардуштияи суғдӣ фарқи казоие надошт. Маса-лан, маълумоте ҳаст, ки маросими дар оссуарий дафн кардан маъмул буд.

Забони уструшаниҳо яке аз лаҳҷаҳои забони суғдӣ мебошад. Дар Чилҳуҷра ҳуҷҷатҳое ёфт шуданд, ки бо ранги сиёҳ дар тахтачаҳо сабт гар-дидаанд. Яке аз ин ҳуҷҷатҳо пурра ба дасти мо расидааст ва онро В.А.Лившитc хондааст. Ин ҳуҷҷат ҳам мисли ҳуҷҷатҳои суғдӣ мебошад. Мазмуни он чунин аст: «Бипурсидам, ман Чийус, дар 39-ум рӯзи ҳсар карда] аз рӯзи ватӣ ҳрӯзи 22-юми моҳи суғдӣ] моҳи вағониҷ ҳмоҳи 8-уми соли суғдӣ] харҳоро. Фарнарч овард онҳоро барои ман аз ҳдеҳаи] Атрипазмак ҳва 30 тан] байни онҳо якто ҳам бадаш набуд». Дар қафои тахтача чунин ибора ҳаст: «Нависанда Гушнаспич бо супориши Фарнарч». Услуби хат ба услуби хати ҳуҷҷатҳои Қалъаи Муғ хеле монанд аст.

Ҷолиби диққат аст, ки чунон ки дар Суғд мебинем, дар Уструшан ҳам ко-тибони касбӣ будаанд ва акнун мо номи яке аз он котибонро медонем. Аз дигар тараф, номи одамон хоси номи зардуштиён аст

Дар бораи равнақу ривоҷи косибӣ, зироат ва ғ. низ маълумот ба даст омадааст. Ҳамаи ин материалҳо шаҳодат медиҳанд, ки дар ибтидои асрҳои миёна Уструшан маданияти баланде дошт ва бисёр падидаҳои ин маданият ба маданияти Суғд хеле наздик ва баъзан айнан ба он монанд буд.

Фарғона

Дар маъхазҳои хориҷӣ Фарғона дар асрҳои VI-VII Фейхан, Бохан, Пахан-на номида шудааст. Дар асоси ин транскрипсия ва номи суғдии Фарғона гуфтан мумкин аст, ки дар қадим Фарғона Фарҳо]ғона ё Фрағона талаффуз карда мешуд.

Мувофиқи хабари Сюан-сзан, Фарғона аз чор тараф бо кӯҳҳо иҳота шудааст.  Ин гап далели ҳамин, ки дар асри VII Фарғона гуфта водии Фарғонаро дар назар доштанд. Сюан-сзан боз менависад, ки замини Фарғона пурфайзу серҳосили пуроб асту аз гулу мева саршор мебошад. Аспу говҳои Фарғона шӯҳрати зиёд доранд.  Хой Чао ба ин гапҳо боз илова меку-над, ки дар Фарғона аспу хачиру гӯсфанд ҳаст. Пахта мекоранд, либосро аз пӯст (яъне аз чарм ё пашм.– Б.Ғ.) ва пахта медӯзанд.

Силсилаи олии Фарғона дар муддати чандин аср гусиста нашудааст.  Фақат тақрибан соли 630 ноҳияи Фарғона ягон даҳ сол бе подшоҳ буд. Муво-фиқи хабари маъхазҳо, ҳокимони зӯртар ниҳоят тавоно шуда мерафтанд ва онҳо ба ҳамдигар итоат надоштанд.

Қарибиҳои соли 720 дар Фарғона подшоҳи муқтадире ҳукм меронд, ки маъхазҳои арабӣ ӯро Алутар гуфтаанд.

Ҳокимони Фарғона унвони маҳаллӣ доштанд, ки он «ихшид» ё «ихшад» буд. Андаке сонитар, дар соли 726 дар Фарғона ду ихшид буд: ихшиди мулк-ҳояш дар ҷануби дарё буда ба арабҳо ва ихшиди мулкҳояш дар шимоли дарё буда ба туркҳо итоат мекард.  Соли 739 дар Фарғона Арслон Тархон ном турк ҳукмронӣ мекард.  Дар он давраҳо пойтахти Фарғона, мувофиқи баъзе маъхазҳо, шаҳри Косон ва, аз рӯи як қатор дигар маъхазҳо, Ахсикат буд.

Тавсифу тафсири воқеаҳои давраи истилои араб далолат менамояд, ки Фарғона сарзамини тавоное буд ва дар ҳаёти сиёсии Осиёи Миёна мақоми муҳим дошт. Яке аз сабабҳои ин иқтидори ҳарбӣ он буд, ки ба пойгоҳи му-стаҳками иқтисодӣ такя мекард. Дар боло қайд карда будем, ки хоҷагии қишлоқ, ҳам зироат ва ҳам чорводорӣ хеле равнақу ривоҷ дошт. Маҳорати косибони Фарғона ҳам ба дараҷаи баланд расида буд. Ҳамин ҷиҳат ҳам хеле аҳамият дошт, ки савдои хориҷӣ басо вусъат ёфта буд ва ба мамлакатҳои ҳамсоя аспҳои хушзот, доруворӣ, рангубор, маснуоти шишагии нилранг ва ғ. ба фурӯш мерафт.

Харобаҳои Косон дар канори Косонсой воқеъ буд, ки аз ду қисм — аз шаҳр ва аз қалъа иборат аст. Тарҳи шаҳр ба шакли трапетсия буда, андозаи та-рафҳои он 160, 180 ва 80 м мебошад. Девори шаҳр морпечи шикаста аст ва дар гӯшаҳо бурҷҳои мустаҳкам дорад. Арк дар ҷанубу ғарби шаҳр ҷой ги-рифтааст. Иқтидори мудофиаи шаҳрро боз девори иловагие меафзуд, ки 15м дарунтар аз девори асосӣ сохта шуда буд ва паси дарвозаи шаҳрро банд ме-кард. Қалъа андаке дуртар аз шаҳр дар баландие меистод (умуман, намуди ин ҷой Қалъаи Қаҳқаҳаи I ва II-и Шаҳристонро ба хотир меоварад). Қалъа ин девори ғафсу мустаҳкаме мебошад, ки майдончаи вусъаташ 90х70 м бударо гирдогирд печонида гирифтааст. Девори мазкурро боз шаш бурҷи дигар му-стаҳ-камтар кардаанд. Аз ин майдонча то дарвозаи шаҳр ду қатор девор бу-дааст, ки аз афти кор, роҳи байни шаҳру қалъаро муҳофизат мекард ва ҳар-дуро ба ҳам мепайваст. Тӯли умумии атрофи ҳамаи ин харобаҳо ба 2 км ме-расад. Соли 1948 дар ин ҷо А.Н. Бернштам каме ҳафриёт карда буд. Маълум шуд, ки ин маскан ҳанӯз дар давраи Кушониён низ вуҷуд доштааст. Дар бо-лои ана ҳамин маскан ва ҳамин масканро ба асос гирифта, дар ибтидои асрҳои миёна Косон қомат афрохт ва иморатҳои сершумору қалъаи му-стаҳками худро барпо намуд.

Дар ибтидои асрҳои миёна дигар шаҳри марказии Фарғона шаҳри Қува буд, ки дар он ҷо археологҳои Ӯзбекистон ҳафриёт мебаранд.

Маркази ноҳияи Исфара – қароргоҳи ҳоким Қалъаи Боло буд. Қалъаи Боло дар соҳили дарёи Исфара, 4 км ҷанубтари райони ҳозираи Исфара ҷой дорад. Баландии қалъа 11–12 м андозааш 16Х65 м. Ҳангоми ҳафриёти қалъа, ки ба он Е.А.Давидович роҳбарӣ мекард, маълум шуд, ки дар асрҳои VI–VII, дар вақти бардоштани таҳкурсии баланди қалъа, дар таги ин таҳкурсӣ де-ворҳои кадом як бинои қадимтаре монда будааст. Дар асрҳои VI–VIII ин қалъа дар болои таҳкурсии баланде меистоду деворҳои ғафси қалъа пур аз тиркашҳо буд. Ин қалъа бурҷҳои муқаррарӣ, ки хоси санъати меъмории қалъа мебошад, надошт, вале ба ҷои ин тарҳи беруни девори қалъа зи-напояҳои махсус дошту имкон медод, ки аз ду паҳлу ҳам душман тирборон карда шавад. Даруни қалъа иборат аз ҳавличаест, ки дар шимоли он воқеъ буд, дар ҷануби қалъа чанд хонаҳои истиқоматӣ ва хоҷагӣ барпо шуда буд. Деворҳо бо похсаи муқаррарӣ ва хишти чорқирраи хоми андозааш 52х26х10 м бардошта шудаанд, деворҳои бинои қадимтари таги таҳкурсии қалъа ҳам аз чунин масолеҳ сохта шудаанд. Деворҳо ҳама андова буда, ранги деворҳои дарун сиёҳ аст ва деворҳои берун нақши хиштӣ доранд. Хонаҳои чоркунҷа бо сақфҳои шарафадори гунбазшакл пӯшида шудаанд.

Ғайр аз Қалъаи Боло, ки дар водӣ сохта шудааст, дар райони Исфара дизҳо, яъне қалъаҳои кӯҳӣ низ буданд, ки дар рӯи мунчакӯҳҳои мусаттаҳ сохта мешуданд. Масалан, чунин аст Қалъаи Кофир, ки дар соҳили чапи рӯди Исфара ҷой дорад. Дар ин мавзеъ як тарафи мунчакӯҳ рост то ба 50–60 м ба лаби дарё мефарояд. Аз ин тараф ба қалъа баромадан ҳеҷ имкон надорад. Аз дигар тарафҳо ҳам ба қалъа наздик шудан душвор аст. Дар болои ин мун-чакӯҳ дар майдончае (80х60 м) боқимондаи девори қалъа ёфт шуд, ки замоне вуҷуд доштааст. Тарҳи девори ин қалъа печдарпечи каҷукилеб буда, муво-фиқан ба шакли сатҳи болои мунчакӯҳ сохта шудааст ва девор се бурҷ до-штааст. Ин қалъаи себурҷа қалъаи дастнорасе буд. Ин гуна қалъачаҳо дар қарибии деҳаҳои Сурх, Ворух ва ғайра низ сохта шуда буданд. Онҳо гӯё сипа-ре буданд, ки даромадгоҳи водии Исфараро муҳофизат карда, дар пеши роҳи душман садди рахнанопазире мегардиданд. Дар айни ҳол, худи ҳамон қалъаҳо такягоҳи мустаҳками феодалҳои маҳаллӣ буданд ва онҳо имкон ме-доданд, ки ба тақсими об соҳибӣ кунанд.

Қалъаҳои кӯҳӣ ва қалъаҳои дигар, ки дар водӣ сохта шуда буданд, дар он давраҳо дар райони Ашт ҳам вуҷуд доштанд. Дар ҷануби Фарғона, дар водии дарёи Хоҷабоқирғон (райони Лайлаки РСС Қирғизистон) харобаҳои ҳавлии калони қадимии ҳокиме ёфт шуд. Ба туфайли ҳафриёте, ки Г.А.Брикина дар ин ҷо гузаронд, иморатҳои зиёде падид омад, ки дар байни онҳо биноҳои хо-ҷагӣ (масалан, анборе, ки дар он 16 хум будааст) ва хонаҳои истиқоматӣ ҳас-танд. Дар ибодатхонаи ҳавлӣ, ки деворҳояш пури нақшунигор мебошад, чанд суфача ба назар расид. Дар яке аз суфачаҳо бутҳои гаҷии одамсимое истода-анд, ки бо услуби махсус сохта шудаанд. Дар худи ҳамин ҷо се бухурдон ёфт шуд. Г.А. Брикина фаразияе пешниҳод кард, ки дар ин ибодатхона ба арвоҳи ниёгон ибодат мекарданд ва, ба фикри мо, ин ақидаи вай аз ҳақиқат дур нест.

Дар водии Фарғона дар қатори аҳолии тубҷоӣ аҳолии кӯчманчӣ ва ним-кӯчманчӣ ҳам бисёр буд. Дар қаторкӯҳи Қурама, дар ҳамон қисми он, ки кӯҳи Қаромазор ном дорад (шимоли вилояти Ленинобод), чанд осори маро-сими дафн ёфт шуд, ки онҳо маҳз ба ҳамин аҳолии кӯчманчию нимкӯчманчӣ тааллуқ дорад. Дар ин ноҳия аз посёлкаи Қуруқсой сар карда, то худи Ашт ва Понғоз бисёр гӯрҳое ёфт шуданд, ки сангпӯш мебошанд ва мардуми тубҷоӣ он гӯрҳоро «қурама» ё «муғхона» меноманд.

Ба туфайли тадқиқоти археологӣ маълум шуд, ки ин гӯрҳо, дар ҳақиқат, сағонаи калоне доштаанду ба он сағона нақби махсус канда шудааст. Дар ин сағона як ё якчанд устухони одамӣ ва асбобу ашёи маросими дафн — косаву та-бақ, яроқу аслиҳа, зебу зинат ва ғ. ҳастанд. Дар яке аз сағонаҳо ҳатто ас-перо гӯр кардаанд. Як рикобе ҳам ёфт шуд, ки маҳсули косибони Осиёи Мар-казӣ мебошаду баъд дар асрҳои V–VI дар Осиёи Миёна маъмул гардидааст.

Баъзе аз гӯрҳо, аз ҷумла, баъзе муғхонаҳо, эҳтимол, бо туркон алоқаманд бошад, беҳуда нест, ки дар як ангуштарини биринҷие, ки дар яке аз муғхо-наҳо ёфт шудааст, ҳатто ба назар мерасад, ки аз чор ҳарфи рунии туркии қа-димӣ иборат мебошад ва номи соҳиби ангуштаринро ифода мекунад.

Дар Фарғона алҳол бисёр ёдгории хаттии рунии миёнаи туркӣ ба даст омадааст.  Шумораи ин гуна бозёфтҳо рӯз аз рӯз зиёд шуда истодааст. Онҳо инчунин дар қисми тоҷикистонии Фарғона, аниқтараш, дар кӯҳҳои Қарома-зор ва дар водии Исфара ёфт шудаанд. Ёдгории хати рунӣ, гӯрҳои туркӣ ва мадракоти маъхазҳои хаттӣ шаҳодат медиҳанд, ки дар аввалҳои асрҳои миё-на туркон на фақат дар таърихи сиёсӣ, балки дар таърихи этникии Фарғона ҳам таъсире доштанд.

Ин нукта ба ноҳияи ҳамсояи Фарғона – ба Чоч ва, алалхусус, ба Ҳафтруд ҳам пурра дахл дорад. Вале, мутаассифона, мо имкон надорем, ки дар таъри-хи ин ноҳияҳо, ҳамчунин дар таърихи Хоразму Туркманистони ҷанубӣ ва ёдгориҳои аҷоиби он ҷойҳо таваққуф намоем.

Чанд маълумоту мадракот ҳаст, ки қисми асосии аҳолии Фарғонаи қа-дим аслан мардуми шарқиэронӣ буданд, инчунин забони махсуси фарғонагӣ вуҷуд дошт, ки ба гурӯҳи забонҳои шарқиэронӣ мансуб буд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *