Давлатҳои Юнону Бохтар ва Порт

Пайдоиш ва таърихи давраҳои аввали Порт ва Юнону Бохтар

Дар айни муборизаи байни ду бародарон (Селевки II ва Антиохи Гиеракс) барои соҳиб шудан ба тахт аз давлати Селевкиён портҳо ҷудо шу-данд, ки ба онҳо Андрагор ном юноние сардорӣ мекард. Мувофиқи ривояти воқеанигори антиқа, ки рӯйдодҳои онвақтаи Осиёи Миёнаро муфассал баён кардааст, воқеа чунин ҷараён дошт: «Сипас, Диодот низ ҷудо шуд (аз селев-киён -Б.Ғ.), ки ҳокими ҳазор шаҳрҳои Бохтар буд ва фармуд ӯро подшоҳ хо-нанд; ба ибрати ӯ аз мақдуниён тамоми мардуми Шарқ ҷудо шуданд. Дар он давра Арсак ном одаме буд безот, вале бошуҷоат, ки одатан роҳзанӣ ва дуздӣ мекард. Шунид, ки Селевк (Селевки II.–Б.Ғ.) дар Осиё шикаст хӯрдааст, дигар аз подшоҳ боке накарда, ба портҳо бо дастаи роҳзанон дарафтод, бар ҳокими онҳо Андрагор ғолиб омад, ӯро ба қатл расонд ва ҳокимиятро бар халқ (портҳо) ба даст гирифт» (Юстин, ХII, I, 4-7).

Ҳатто дар ҳамин як порчаи хурди таърихи ибтидои Юнону Бохтар ва Порт хеле норавшаниҳо, алалхусус, норавшаниҳои хронологӣ ҷой дорад. Юнону Бохтар кай ҷудо шудааст? Аввалин муҳаққиқи ин масъала академики Россия Ф.Байер (соли 1738) ва пас аз ӯ бисёр дигар олимон матнҳои лозимаро муфассал таҳлил намуда, мудом таъкид мекунанд, ки дар ин матнҳо, аз ҷум-ла дар матни Юстин мухолифатҳои хронологӣ ҳаст . Эҳтимоли комил аст, ки во-қеаҳои Диодот андаке пештар, тақрибан соли 256 пеш аз милод ба вуқӯъ омадаанд, ҳол он ки воқеаҳои Аршак қарибиҳои соли 256 пеш аз милод шудаанд.

Масъалаи дигари муҳимтар – масъалаи хусусияти он воқеаҳо аз ин ҳам мураккабтар аст. Дар ин бобат дар илми таърих ду ақида ҳаст. Ба ақидаи олимони Англия Г.Макдоналд ва В.Тарн дар Бохтар Селевкиён тангае сикка мезадаанд, ки дар он монограммаи (сарҳарфи) номи Диодот сабт шудааст ва ин далолат мекунад, ки иқтидор ва истиқлоли вориси мазкур ба тадриҷ ме-афзуд ва ниҳоят ҳақиқатан соҳибихтиёр гардид.  Вале ба ақидаи олими Ҳин-дустон А.Нарайн, ин гуна монограммаҳо одатан номи худи сиккахона ва ё худ номи маъмури сиккахонаро ифода мекунад. Агар ба таъкиди истиқлоли ин ё он ворис ҳоҷат бошад, дар танга номи пурраи ӯ сабт мешуд.  Ғайр аз ин дигар ақидаҳо ҳам ҳастанд. Аниқаш ҳамин, ки алҳол маънои монограммаҳои тангаҳои юнонию бохтариро муайян кардан имкон надорад.  Дар айни ҳол, ҷолиби диққат аст, ки дар як қатор тангаҳои давраи Селевкиён ба ҷои сурати подшоҳи Селевкиён сурати Диодот сабт шудааст. Рости гап, баъзе таърихчи-ён мегӯянд, ки ин на он Диодот аст, балки писари Диодот мебошад, вале ин даъво асоси ҷиддие надорад.

Хулласи гап, маълумоти тангаҳо ба ақидаи Макдоналду Тарн асос шуда наметавонад. Ғайр аз ин ақидаи мазкур чунин ривояти бевосита ва аниқи Юстинро ба инобат намегирад, ки Диодот аз давлати Селевкиён «ҷудо шуда-аст», яъне зидди давлати марказӣ шӯриш бардошта, давлати худашро таъсис додааст.

Ақидаи мо доир ба ин масъала, ки дар сарчашмаҳо ниҳоят ночиз акс ёф-тааст, дар «Таърихи халқи тоҷик» (с.1955) зикр шудааст. Гуфтан мумкин аст, ки дар Бохтар ворисони Селевкиён соҳиби қувваи тавонои ҳарбии юнонӣ бу-данд. Диодот ин қувваи ҳарбӣ ва аъёну ашрофи юнонишудаи маҳаллии Бо-хтару Суғдро, ки низ аз Селевкиён ҷудо шудан мехостанд, истифода бурда ва ба онҳо такя карда, сарвари ҳаракате шуд, ки боиси аз Селевкиён ҷудо шуда-ни Бохтар гардид. Шакке нест, ки дар ин ҳаракат оммаи халқ низ ширкат дошт, ки зидди зулми дутарафа ва барои истиқлол мубориза мебурд .

Аниқ гуфтан мумкин нест, ки вусъати ин давлат чӣ қадар буд. Страбон (II, 9,2) ҳикояте дорад, ки ривояти мазкурро қувват медиҳад. Ба қавли Стра-бон, волиёни юнонӣ (яъне дастнигору ҳамсафони Диодот) «пеш аз ҳама, Бо-хтарро ва тамоми мамлакати наздиктаринро ба исён таҳрик карданд». Аз ин аниқтар маълумоте дар даст надорем. Мумкин аст, ки ин Суғд бошад (баъзе муҳаққиқон чунин мепиндоранд), мумкин Ориёно ё Мароға бошад (ки ин ҳам аз эҳтимол дур нест).

Таърихи давраи аввали давлати Юнону Бохтар ва таърихи мулки Порт ба ҳам печидаанд. Юстин рӯирост мегӯяд, ки Арсак аз шоҳи Бохтар Диодот «ме-тарсид» (II, 1, 4,8). Страбон низ ривояте меоварад, ки Арсак бохтарие буд «ба-рои халос шудан аз қудрати рӯзафзуни Диодот ва ворисони вай дар Порт исён кард».

Ба ҷои Диодоти I, ки аз афти кор, дер ҳукм нарондааст, писараш Диодот ба сари ҳокимият омад. Сиккашиносон ҳеҷ муайян карда наметавонистанд, ки тангаҳои расми Диодот доштагӣ кадомаш ба Диодоти I тааллуқ дораду кадомаш ба Диодоти II.  Аз дигар тараф, чи гуна пайдо шудани мулки Порт ҳам равшан не. Дар маъхазҳои антиқа роҷеъ ба давраҳои аввали таърихи Порт се ақида ҳаст. Ба қавли Н.Дибвойс, ки муаллифи беҳтарин асари тадқиқотии таърихи сиёсии Порт мебошад, «ба худи юнониён(-и қадим.–Б.Ғ.) ҳақиқати таърихии ин ақидаҳо комилан  пӯшида буд».

Аз афти кор, дар миёнаҳои асри III пеш аз милод сатрапи Порт хостааст аз Селевкиён ҷудо шавад. Дар ҳамин давра аз Селевкиён Бохтар ҷудо шуда-аст. Маъхазҳо ривоят мекунанд, ки дар Порт ҳокимиятро Арсак ба даст ги-рифт. Ба қавли Страбон (ХI, 9,3; ХI, 9, 2), асли насаби вай аз кӯчманчиёни дах (ё худ парндахҳо) будааст; «баъзеҳо акси инро мегӯянд,– гапашро идома медиҳад Страбон– ва ӯро бохтарӣ мешуморанд, ки барои халос шудан аз қудрати рӯзафзуни Диодот ва ворисони вай дар Порт исён кард». Юстин ха-бар медиҳад, ки (ХI, I, 4, 6) Арсак шахси безот, вале бошуҷоат буд. Вай ба са-трапи Порт дарафтод, бар ӯ ғолиб омад «ва бар халқи Порт ҳукмрон шуд». Ақидаи севум (ки хеле муфассал аст) ба Арриан («Парфика», фиқраи 1) та-аллуқ дорад. Ду бародар Аршак ва Тиридот аз сатрапи Селевкиён ҳақорат шунидаанд. Пас аз ин панҷ шарики худро ба ёрдам ҷеғ зада, таҳқиркунандаи худро куштаанд ва халқро ба шӯриш таҳрик кардаанд.

Мо бо Дибвойс  ҳамфикр ҳастем, вале бе маъхази иловагӣ муқаррар кардан душвор аст, ки кадоме аз ин ақидаҳо дуруст мебошанд .

«Аввал Арсак оҷиз буд, зеро мудом бо онҳое меҷангид, ки мулкашонро кашида гирифта буд…» (Страбон, ХI, 9, 2). Дере нагузашта Арсак ҳалок шуд. Минбаъд подшоҳони Порт аксаран бо номи аслии худ номбар нашуда, балки «арсакҳо» («аршакҳо») ва худи сулола «Арсакиён» («Аршакиён») номида шудааст, ки дар сарчашмаҳои шарқӣ бештар бо номи Ашкониён машҳур аст.

Пас аз вафоти асосгузори сулола — Аршак бародари вай Тиридот ба сари ҳокимият омад . «Дере нагузашта Арсак (яъне Тиридоти I.– Б.Ғ.) мулки Гир-конро низ тасхир кард. Ба ҳамин тарз, Арсак бар ду давлат сарвар шуда, лашкари бузурге ҷамъ овард, зеро ҳам аз Селевк ва ҳам аз шоҳи Бохтар Дио-дот бим дошт» (Юстин, ҶLI, 4, 8).

Дар айни ҳол, ҳамин хеле муҳим аст, ки ҳар ду давлати навбунёд бо ҳам мухолифат меварзиданд. Аз афти кор, сараввал ҳар яки он иддао дошт, ки дар Осиёи Миёна ҳукмрон шавад. Ҳокимони Порт дар аввал аз Диодоти I ба дараҷае меҳаросиданд, ки аз Селевкиён ин қадар ҳарос надоштанд. Вале баъди марги Диодоти I кор ранги дигар гирифт. Аз афти кор, ниятҳои таҷовузкоронаи Селевкиён, ки ба ҳар ду давлати соҳибихтиёри Осиёи Миёна таҳдид мекарданд, дар бобати дигар гаштани муносибати Порт ва Юнону Бохтар сабаби асосӣ шуданд. Баъди марги Диодоти I писараш Диодоти II бо Порт муоҳидаи сулҳ баст (Юстин, ХLI, 4, 8–9). Гап дар ин ки подшоҳи Селев-киён — Селевки II ба шарқ лашкар кашид, то ноҳияҳои Осиёи Миёнаро боз ба мулки худ ҳамроҳ кунад. Вале ин дафъа «дандонаш нагузашт». Портҳо, ки ақибгоҳи худро мустаҳкам карда буданд, ҳамлаи селевкиёнро рад намуданд. Рости гап, аввал Тиридоти I маҷбур шуд ба мулки апасиакҳои кӯчманчӣ, ки дар шимоли Порт мезистанд, ақиб нишинад, вале баъд баргашту Селевки II-ро торумор кард.

Дар боло мо гуфтем, ки иттифоқи Порт ва Юнону Бохтар дар бобати сиё-сати хориҷӣ чӣ мақсад дошт. Эҳтимол, Диодоти II муоҳидаи мазкурро барои ҳамин баста бошад, ки мехост дар соҳаи сиёсати дохилӣ ҳам мавқеи худро пойдор намояд, зеро вазъият дар дохили мулки вай он қадар ҳам таърифӣ набуд.

Душмани Диодоти II Евтидем ном юнонии Осиёи Сағир, ки ба туфайли табаддулот ба сари ҳокимият омад, беш аз пеш мақоми намоёнро соҳиб мешуд. Тахмин мекунанд, ки вай бародари Диодот аст, вале ин аз эҳтимол дур мебошад. Чунин тахмин ба ҳақиқат наздиктар аст, ки вай пеш аз та-баддулот дар давлати Юнону Бохтар мансаби баланде дошт, вале чӣ гуна мансаб, инаш маълум не. Баъзеҳо мегӯянд, ки вай сатрапи Суғд буд, дигарон сатрапи Ориёно ё Мароға мегӯянд, вале ҳамаи ин иддао ягон асоси ҷиддие надорад.

Полибий (Х, 34, 2–3) бо забони худи Евтидем чунин мегӯяд: «На ман ав-вал зидди подшоҳ хестам, баръакс ҳукмрони Бохтар барои ҳамин шудам, ки авлоди чанд хоинро қир кардам». Аз ин мебарояд, ки Евтидем авлоди Диодо-ти I, яъне худи Диодоти II ва бачагони ӯро ва, эҳтимол, авлоди дигар ҳамса-фони Диодоти 1-ро нобуд кардааст.

В.Тарн мутмаин аст, ки табаддулоти Евтидемро «халқ дастгирӣ мекард, зеро иттифоқ (Диодоти II.– Б.Ғ.) бо Порт ба юнониёни Бохтар маъқул набуд» ва Евтидем ба манфиати Селевкиён амал мекард.  В.Тарн дар асоси чунин тахмин сухан меронад, ки зани Евтидем духтари маликаи Селевкиён буд ва ба ин сабаб худро хешу ақрабои Селевкиён мешумурд. Вале ҳамаи ин тах-минҳои беасос аст.

Дар бораи ҷиҳатҳои ҳақиқии воқеаҳои минбаъдаи аҳди Евтидем маълу-мот ниҳоят кам аст. Тахмин кардан мумкин, ки вай Диодоти II-ро кушту бо худи ҳамин як кирдораш муносибатро бо Порт тезутунд кард. Аз эҳтимол дур нест, ки ин муносибати тезутунд боиси задухӯрдҳои мусаллаҳона ҳам гардид. Чи тавре ки аз баёни минбаъда равшан мешавад, дар аҳди Евтидем давлати Юнону Бохтар, дар ғарб Ориёно, Мароға ва эҳтимол, Аспион ва Ту-риваро аллакай дар бар мегирифт. Ба ҳамин тариқ, Евтидем дар Осиёи Миё-на мулки зиёдеро соҳиб шуд. Маркази ин мулк ҳамоно Бохтар буд ва ба ҳайъати он Суғд ва мумкин аст, баъзе ноҳияҳои ҳамсоя дохил мешуданд.

Муборизаи зидди истилокории Селевкиён

Сипас, ахбори маъхазҳо моро ба даҳсолаҳои охири асри III пеш аз милод меоварад. Дар ин мобайн Порт давлати муқтадир гардид. Барои мустаҳкам кардани ҳокимияти худ Ашкониён баробари қувваи яроқ, инчунин аслиҳаи идеологиро ҳам кор мефармуданд. Дар тангаҳои онҳо дар паҳлӯи номи под-шоҳ унвони «tӯos», яъне «Худо» пайдо шуд, ки ин далели баробари Худо боло бардоштани шоҳ мебошад ва ин яке аз хусусиятҳои идеологияи сиёсии Шарқи қадим аст. Аршакиҳо барои исботи худодод будани ҳокимияти худ ҳангоми тоҷгузорӣ маросимоти оташпарастиро истифода мебурданд, ки аз он қадимтарин урфу одатҳои эронӣ бармеояд.

Яке аз мавзӯъҳои маъмули расми рӯи тангаҳои портӣ расми мардест, ки дар ҷои нишастааш дасташро рост карда, камонро дошта истодааст. Ақидае ҳаст, ки ин гуна тасвир кардани камонро бояд як навъ инвеститура шуморид. Диққати муҳаққиқон инчунин ба ҳамин ҷиҳати масъала низ ҷалб карда шуд, ки мавзӯи расми рӯи тангаҳои Ашкониён ва расми рӯи зарфҳои нуқра, ки аз қӯрғони давраи скифҳо дар маҷрои миёнаи Дон дар наздикии Воронеж ёфта шуд, ба ҳамдигар хеле шабоҳат доранд . Агар тавзеҳи ба қарибӣ пешниҳод-шудаи расми рӯи он зарфҳоро қабулкарда эътироф намоем, ки он расм тасвири ривояти скифии пайдоиши скифҳо ва шоҳони онҳо мебошаду дар айни ҳол, инчунин манзараи инвеститураро ҳам инъикос менамояд, пас гуфтан мумкин, ки шабоҳати он ду расм исботи возеҳи расми рӯи тангаҳои портӣ мебошад. Зиёда аз ин, агар чунин маълумоти муаррихони антиқаро ба назар гирем, ки Ашкониён худ аз шимол ва кӯчманчӣ буданд, пас шояд чунин иддао ҳам карда тавонем, ки ҳам дар зарфи скифӣ ва ҳам дар тангаи ашконӣ ҳамон як чиз тасвир шудааст.

Тиридот ҳудуди Портро вусъат дода, ба он чанд ноҳияҳои Эронро ҳамроҳ кард, чанд қалъа сохт, шумораи лашкари худро афзуд. Вале тақрибан соли 211 баъди 37 соли ҳукмронӣ вафот кард. Ба тахти салтанат писараш Артабо-ни I нишаст.

Дар ин солҳо мавқеи Селевкиён боз мустаҳкам шуд. Подшоҳи Селевкиён Антиохи III кӯшид, ки ҳукми худро ба тамоми мулкҳои пешинаи шарқии Се-левкиён ҷорӣ намояд, алалхусус, ки Тиридот барин лашкаркаши ботаҷрибаи кордон кайҳо фавтида буд. Мувофиқи маълумоти, зоҳиран, муболиғаомези Юстин (ХLI, 5, 7) Антиохи III бо лашкари сершумор–100 ҳазор пиёда ва 20 ҳазор савора ба юриш баромад . Портҳо мардона муқобилат мекарданд, вале душман зӯр буд ва онҳо маҷбуран ақиб нишастанд. Онҳо як қисми хоки худро аз даст доданд ва маҷбур шуданд, ки дар бораи иттифоқ бо Cелевкиён муоҳида банданд .

Роҳ ба хоки давлати Юнону Бохтар кушода шуд. Рафти воқеаҳои мин-баъдаро Полибий ба қалам додааст. Дастаи пешгарди лашкари Евтидем, ки 10 ҳазор савора дошт, ба лаби дарёи Арей (Ҳарируд) оварда шуд. Вазифаи онҳо ҳамин буд, ки ба убури лашкари Селевкиён монеъ шаванд. Убургоҳро рӯзона дидбонӣ мекарданду шабона андаке аз дарё дуртар хайма зада қарор мегирифтанд ва, аз афти кор, дар канори дарё танҳо посбононро мегузо-штанд. Антиохи III инро фаҳмида дар торикии шаб номаълум лашкари худ-ро ба канори дарё оварду қарибиҳои субҳ қисми зиёди лашкари худро аз да-рё гузаронд. Бохтариён хабари ҷосусони худро шунида ба тарафи дарё тохтанд. Антиохи III шахсан худаш дар сари лашкар истод. Лашкари савораи бохтариён ба се гурӯҳ тақсим шуда, ба сари Селевкиён фурӯ рехтанд ва аз ҳар ду тараф одами зиёде кушта шуд. Сарчашмаҳо қайд кардаанд, ки ҳуҷуми саворагони бохтарӣ хеле кироӣ буд. Полибий менависад, ки вақте гурӯҳи дувум ва севуми лашкари бохтариён ба ҳуҷум гузашт, Селевкиён «аз ин тазъиқи мудҳиши душман ба танг омаданд». Вале Антиохи III лашкари эҳти-ётии худро ба кор андохту қисми асосии лашкари бохтариён дур монд. Дар натиҷа лашкари Селевкиён ғолиб омад ва танҳо қисми ночизи саворагони бохтарӣ, ки душман онҳоро дунболагирӣ мекард, то ба қувваи асосии лашкар рафта расид, ки ба он худи Евтидем сардорӣ мекард. Евтидем маҷбур шуд, ки ба тарафи қалъаи Зариаспа – Бактарам ақиб нишинаду дар паси деворҳои мустаҳками он паноҳ барад (Полибий, Х,49, 1–15).

Аз он матни то замони мо расидаи Полибий як пораи калонаш гум шудааст. Пас аз он анҷоми муҳосираи Бохтар тасвир шудааст. Байни душ-манон гуфтушуниди дурударозе оғоз ёфт. Евтидем, аз ҷумла, созиш кардан-ро барои ҳамин ҳам хеле зарур мешумурд, ки «дар сарҳад… лашкари бешу-мори кӯчманчиён истодааст, ки барои ҳардуи мо хавф доранд ва агар он ҷоҳилон аз сарҳад гузаранд, мамлакат, бешак, истило мешавад». Аз навиштаҳои Полибий маълум мегардад, ки подшоҳи Селевкиён ҳам бесама-рии муҳосираро дида, ба умеди чунон ҳалли масъала буд, ки мақбули тара-файн бошад. Гуфтушунид хеле давом кард. Барои анҷоми он Евтидем ба қароргоҳи Антиохи III писараш Деметрийро фиристод. «Подшоҳ (Антиохи III –Б.Ғ.) ӯро хуш қабул кард ва дид, ки вай ҳам ба сурат ва ҳам ба сират шоистаи тахту тоҷ аст, бинобар ин аввалан ваъда дод, ки яке аз духтарони худро ба вай никоҳ хоҳад кард ва сониян, розӣ шуд, ки ба унвони подшоҳии падараш кор-дор нахоҳад шуд. Дигар шартҳо дар созишномаи хаттӣ дарҷ ёфта, иттифоқи қасамӣ баста шуд. Антиох барои роҳ тӯшаи фаровон бардошта ва филҳои ҷангии Евтидемро бо худ гирифта, аз қароргоҳаш хест» (Полибий, ХI, 34, I– 11). Дар бораи дигар шартҳои созишнома маълумоти аниқе дар даст надо-рем. Фақат ҳаминаш маълум, ки Евтидем ба Антиохи III пешкаши бисёр, аз ҷумла, филҳои ҷангии худро дода, ба ҳар ҳол соҳибихтиёрии расмии Юнону Бохтарро нигоҳ доштааст. Ҳамаи ин бо шарофати ҷасорату мардонагии муҳофизони Бохтар ба даст омад, зеро муҳосираи шадид ҳам умеди онҳоро аз ғалаба канда натавонист.

Як ҷои ривояти Полибий ҷолиби диққат аст. Қисми зарбазани лашкари Евтидем саворагони Бохтар буданд – худи ҳамон 10 ҳазор аскарони савора буданд, ки аввалин зарбаи лашкари Селевкиёнро рад карданд ва қариб буд, ки худ ба ҳуҷум гузашта, ғолиб оянд. Ба ақидаи В.Тарн, сабаби бисёр будани аскарони савораи Бохтар ҳамин, ки ба туфайли кадом як тадбирҳои сиёсии Евтидем аъёну ашрофи Бохтар ба корҳои идораи давлат ҷалб шуда будаанд . Вагарна, ҳатто тасаввур имкон надорад, ки ба саворагони Бохтар чунин супо-риши муҳимро додан мумкин буд, зиёда аз ин, агар иқрор накунем, ки аъёну ашрофи Бохтар ба дафъи ҳамлаи Селевкиён ҳақиқатан майл доштанд, мо шарҳ дода наметавонем, ки чаро онҳо дар ҷанг ин гуна амал карданд .

Антиохи III аз муҳосираи Бохтар даст кашида рӯ ба ҷануб рафт ва аз Ҳиндукуш гузашта, ба Ҳиндустон даромаду «дар он ҷо бо подшоҳи ҳиндуҳо Софагасен тарҳи дӯстӣ баст» (Полибий (ХI, 34, I–II) номи яке аз шоҳони суло-лаи Моравиён–Субҳагонасонро чунин ба қалам додааст). Антиохи III роҳи Ҳиндустонро пеш гирифта, кӯшиш дошт як қисми хоки давлати Моравиёнро, ки дар он вақт хеле суст шуда буд, тасхир намояд, вале ин кӯшиши вай барор нагирифт. Дар айни ҳол, вай бо ин ҳаракати худ ба ҳокимони Юнону Бохтар гӯё ишора кард, ки минбаъд куҷоҳоро тасхир кардани онҳо мумкин аст.

Равнақи давлати Юнону Бохтар

Масоҳати давлати Юнону Бохтарро писари Евтидем Деметрий аз ҳисоби хоки Ҳиндустон вусъат дод. Юстин (ХII, 6,4) Деметрийро «шоҳи ҳиндувон» меномад. Страбон (ХI, II, I) мегӯяд, ки Ҳиндустонро Деметрий ва боз як под-шоҳи дигар Менандр тасхир карданд. Дар сафарномаи Исидори Харкасӣ Деметрий ном шаҳре зикр шудааст, ки дар Арахозия воқеъ будааст.

Тангаҳое, ки дар онҳо номи Деметрий сабт шудаанд, хеле гуногунанд. Дар ин тангаҳо подшоҳ гоҳо тоҷ бар сар ва гоҳ хӯд дар сар тасвир шудааст, ки ба сурати каллаи фил аст. Симои подшоҳ низ дар тангаҳо як хел нест. Хати баъзе тангаҳо юнонӣ, дигар тангаҳо юнонию ҳиндӣ (бо хати кҳарошти). Дар рӯи тангаҳое, ки дар атрофи сурати подшоҳ хатҳои юнонию ҳиндӣ доранд, чунин навишта шудааст: «Аз они подшоҳи мағлубнопазир Деметрий» . Баъзе муҳаққиқон гуногун будани тангаҳоро дар назар дошта тахмин меку-нанд, ки ду подшоҳ вуҷуд дошту номи ҳар ду Деметрий буд, вале баъзе муҳаққиқон инро қатъиян рад мекунанд. Алҳол ин масъаларо аниқ ҳал кар-дан мумкин не. Ба ҳар ҳол Деметрий (ё худ яке аз он ду подшоҳи ҳамном) аз ҳисоби ноҳияҳои ҷануб ҳудуди Юнону Бохтарро хеле васеъ кард. Ба ду забон сабт шудани навиштаҷот ва хӯди ба каллаи фил монандро фақат чунин шарҳ додан мумкин, ки ба ҳайъати давлати Юнону Бохтар кадом як қисми Қандаҳори Қадим (Шимолу ғарби Покистони ҳозира) ҳамроҳ шудааст.

Олими Ҳиндустон А.Н.Лоҳурӣ дар асоси маъхазҳои ҳиндӣ ба хулосае меояд, ки Деметрий ба Ҳиндустон дар аҳди Бриҳандратҳа (Ӣқihandқatha) ном подшоҳи нотавоне дохил шудааст, ки худ аз сулолаи Моравиён буд ва ин тақрибан соли 185 пеш аз милод ба вуқӯъ омадааст. А.Н.Лоҳурӣ ба Р.Уэтхэйд пайравӣ намуда, тахмин мекунад, ки ин истилои пойдор не, балки як навъ юриши бардавоми ҳарбӣ, як навъ тохтутозе буд, ки дар рафти он лашкари юнониёну бохтарҳо ба дарунтари хоки давлати Моравиён дохил шуданд. Ин воқеа ба Шарқ таъсири зӯр расонд ва ба ин сабаб Деметрий соҳиби унвони «шоҳи ҳиндувон» гардид, ки мо инро аз гуфтаи Юстин медонем: «Натиҷаи бевоситаи ин тохтутоз казоӣ набуд, он танҳо ба таҷовузҳои минбаъдаи юно-ниён (юнону бохтарҳо.–Б.Ғ.) ва истило шудани шимолу ғарби Ҳиндустон роҳ кушод». Ба ақидаи А.Н.Лоҳурӣ, Деметрий то ба Паталипутра расида, лаш-кари Бриҳандратҳаро торумор карду дере нагузашта ба Бохтар баргашт, зе-ро ӯро мубориза бо Евкратиди Кабир  дар пеш буд. Ин таҳлили Лоҳурӣ, ки аниқу дақиқ буда, қариб тамоми ҷузъиёташ ба фактҳо асос ёфтааст, ба наза-ри мо, хеле эътимодбахш мебошад.

Дар он даврае, ки Деметрий ба тасхири Ҳиндустон машғул буд, дар ар-саи таърихи Юнону Бохтар дигар як шахси намоён – Евкратид пайдо шуд. Юстин чунин ривоят мекунад: «қариб дар як замон дар Порт — Митридот ва дар Бохтар — Евкратид подшоҳ шуданд. Ҳар ду мардони майдон буданд. Вале толеи портҳо тофт ва онҳо ба шарофати сарварии ин марди бузург ба авҷи қудрат расиданд. Бохтариён бошанд, гоҳ ба ину гоҳо ба он ба ҷангу ҷидол сар-гарм гардида, на фақат мулки худ, балки истиқлоли худро аз даст доданд; онҳо бо суғдҳо, арахотҳо, дрангаҳо, ориҳо ва ҳиндуҳо беист ҷанг карда, дар азоб монданд ва дар охир гӯё аз ҳол рафта, зердасти портҳое шуданд, ки нис-бат ба онҳо заифтар буданд. Ба ҳар ҳол, Евкратид дар ҳамаи ин ҷангҳо ҷасо-рату матонати беҳамтое нишон медод: масалан, вақте вай дар муҳосираи шоҳи ҳиндуҳо Деметрий монда хеле суст шуда буд, бо сесад нафар лашкари худ паси ҳам шабохун зада, бар шаст ҳазор нафар душман ғолиб омад. Баъди муҳосираи панҷмоҳа вай Ҳиндустонро мутеъ кард» (ХII, 6, 1–5).

Страбон (ХV, 1, 3) ба «Таърихи Порт»-и Аполлодор истинод намуда, ме-нависад, ки подшоҳони Юнону Бохтар «нисбат ба мақдуниён, ҳатто қисми бештари Ҳиндустонро тасхир карданд…» Дигар ровиён ривоят кардаанд, ки ба вай «9 қабила ва 5000 шаҳр тобеъ буд». Страбон (ХI, 9, 2) ривоят кардааст, ки портҳо хеле пештар аз Евкратид ва тарафдорони вай, инчунин як қисми Бохтарро истило намуданд ва скифҳоро дур андохтанд. Страбон (ХI, 11, 2) шаҳрҳои Бохтарро зикр карда, шаҳри Евкратидеяро ном мебарад, ки «ба ша-рафи собиқ ҳокими худ чунин ном доштааст» ва сипас илова мекунад, ки «портҳо аз дасти Евкратид сатрапиҳои Аспиён ва Туриваро кашида ги-рифтанд».

Чунинанд маълумоти маъхазҳои таърихӣ. Ғайр аз ин бисёр тангаҳои Евкратид ҳастанд. Шумораи зиёди онҳо аз Осиёи Миёна ёфт шуданд. Маса-лан, дар вилояти Қашқадарё, назди Китоб хазинае ёфт шуд, ки қариб 100 до-на тангаҳои Юнону Бохтарӣ дорад. Аксари ин тангаҳо тангаҳои давраи Евкратид мебошанд. Ин гуна тангаҳо, инчунин аз хоки Тоҷикистон, масалан, аз райони Панҷи вилояти Кӯлоб ва ғ. ёфт шудаанд.

Бояд гуфт, ки дар рӯи он тангаҳо, ки расми Евкратид сабт гардидааст, «Подшоҳи аъзам Евкратидро» навишта шуда, дар қафои он расми ду кас ҳаст: як зани тоҷдор ва як марди бетоҷ ва инчунин хате ҳаст: «Гелиокла ва Ла-одика». Ҳарфи «а», ки ба охири ин номҳо илҳоқ шуда, мансубияти онҳоро ифода менамояд, боиси шарҳу тавзеҳоти мухталифе гардид, ки мувофиқи онҳо хати тангаро ин тавр хондан даркор: «Подшоҳи аъзам Евкратидро (фар-зандонаш) Гелиокл ва Лаодик», ё худ дар қафои танга писари Евкратид ва занаш тасвир шудаанд, ки малика будааст (барои ҳамин тоҷ доштааст ва ғ. ва ҳ.). Алҳол аксари олимон эътироф мекунанд, ки дар танга волидайни Евкра-тид, аз он ҷумла, модараш – малика тасвир шудаанд ва гӯё бо ҳамин «қонунӣ» будани амалиёти худ ва соҳиби тахт шудани худро таъкид карданӣ будааст.  Ба фикри мо, маҳз чунин ақида қобили қабул мебошад ва аз гуфтаҳои сустбунёди В. Тарн, ки дар адабиёти советӣ таҳлил карда шудааст, даст кашидан даркор.

Дар асоси маълумоти маъхазҳои хаттӣ ва тангаҳои мазкур тахмин кар-дан мумкин аст, ки дар аҳди Евкратиди Кабир  воқсаҳо ба тартиби зайл ҷа-раён доштанд.

Дар он замоне ки Деметрий дар Ҳиндустон мегашт, дар Бохтар Евкратид ном яке аз намояндагони ашрофи юнонӣ исён бардошт, ки падараш Лаодик аз авлоди подшоҳон будааст. Ин воқеа айнан дар ҳамон вақте ба вуқӯъ омад, ки ба тахти Порт Митридоти I соҳиб шуд, яъне тахминан соли 171 пеш аз ми-лод Евкратид ҳокимиятро ба ҳамин сабаб ҳам ба осонӣ ба даст овард, ки қисми асосии лашкари Юнону Бохтарро Деметрий ба Ҳиндустон бурда буд.

Евкратид ба тахт соҳиб шуда, унвони «Сотер», яъне «Наҷотбахш»-ро ги-рифт ва бо ҳамин гӯё таъкид мекард, ки вай Бохтарро аз Деметрий наҷот до-дааст. Деметрий ин хабарро шунида, барои фурӯ нишондани исён лашкари бисёре мефиристад, ки шумораи он аз шумораи лашкари Евкратид зиёд буд. Лашкари камшумори Евкратид ба муҳосира гирифта шуд ва гӯё ки илоҷи халосӣ надошт – охир шумораи муҳосирон фақат 60 ҳазор буд. Вале Евкра-тид аз парокандагии лашкари душман фоида бурда (дар ин бора дар маъхазҳо ишорате нест), беист ба душман ҳамла карда, бо дастаи 300-нафараи худ мудом шабохун зада, шуҷоату ҷасорати бемисл нишон дод ва лашкари сершумори Деметрийро торумор кард. Сипас, ба тахт баромада, унвони «Подшоҳи аъзам Евкратид»-ро гирифт, сиккае зад, ки дар он расми падару модараш сабт шуда буд. Ба номи худи Евкратид дар Бохтар тангаи бисёре бароварда шуд, ки, аз афти кор, пас аз сари вай ҳам хеле вақт дар му-омила буд. Минбаъд ҳам баъди суқути давлати Юнону Бохтар тақлидан ба ин тангаҳо хеле дигар тангаҳо бароварда шуд.

Евкратид дар Бохтар ҳокимияти худро тақвият дода, ба тасхири мулкҳои ҳиндустонии Деметрий шурӯъ намуд ва зимнан ҳудуди онҳоро ҳатто васеъ кард. Ақидае ҳаст, ки вай соҳиби 1000 шаҳр будааст.

Вале гуфтан мумкин нест, ки дар аҳди Евкратид ҳама кор нуран ало нур буд. Аз ду музофоти ғарбии давлати Юнону Бохтар маҳрум шуд – онҳо ба дасти подшоҳи муқтадири Порт — Митридоти I гузаштанд, зимнан Митридо-ти I ким-чи хел ноҳияҳои сарҳадиро низ ишғол карда будааст .

Евкратид тасхири Ҳиндустони шимолиро анҷом дода, ба тарафи Бохтар раҳсипор шуд. Юстин (ХLI, 6, 5) менависад, ки «ҳангоми бозгашт аз юриш Евкратидро писараш кушт, ки ӯро андаке пештар ба худ шарики ҳукмронӣ карда буд. Писар падаркушии худро, гӯё ки на падараш, балки душманашро кушта бошад, ҳатто пинҳон ҳам намекард. Вай савораи аробаи ҷангӣ хуни падарашро зер карда гузашту фармуд, ки ҷасадро ба хок насупурда, партофта раванд». Ин анҷоми пурфоҷиаи кори Евкратид қарибиҳои соли 155 пеш аз милод ба вуқӯъ омадааст .

Муосир ва рақиби Евкратид подшоҳи Порт — Митридоти I (солҳои 171–138/7 пеш аз милод) дар бобати вусъати ҳудуди мулки худ хеле муваффақи-ятҳо ба даст овард. Вай зидди ҳокимони маҳаллӣ ва Селевкиён боисрор мубо-риза бурда, Эрони ғарбиро ишғол намуд, ки Мидия ва Байнаннаҳрайнро ба ҳудуди Порт дохил кард. Порт тадриҷан яке аз давлатҳои муқтадири ҷаҳон гардид.

Вазъият дар Юнону Бохтар дигар буд. Аз нимаҳои асри II пеш аз милод давраи инқирози иқтидори сиёсии он расид.

Ин давлати бузург, ки ноҳияҳои беканори Осиёи Миёна, Афғонистон ва Ҳиндустонро дар бар мегирифт, пароканда мешуд. Баъзе волиён, ки аз авло-ди Диодот, Евтидем ва Евкратид буданд ва баъзе ашрофи забардаст, ки ба хонадони шоҳон тааллуқ надоштанд, ҳокимиятро ба даст мегирифтанду аз номи худ сикка мезаданд. Зоҳиран, дар нимаи дувуми асри II пеш аз милод дар Бохтару Суғд волӣ Антимах ном шахсе будааст, ки унвони «Теос» («Ху-до») доштааст. Аз ҷумлаи шоҳони ҳиндустонӣ мавқеи Менандр намоёнтар аст, ки вай, аз афти кор, фавран баъди вафоти Евкратид  мулкҳои дар Ҳин-дустон бударо ба даст даровардааст. Мувофиқи ривояти буддоиён, вай под-шоҳи хирадманде буда, ба равнақу ривоҷи давлат мусоидат мекардааст. Тах-мин меравад, ки ривояти маъхазҳои буддоӣ роҷеъ ба дини буддоро қабул кардани вай аз ҳақиқат дур нест.

Аллакай дар охирҳои асри II пеш аз милод дар аҳди Евтидем иттиҳоди қабилаҳои кӯчманчӣ ба ноҳияҳои шимолии Юнону Бохтар бевосита таҳдид мекарданд. Дар нимаи дувуми асри II пеш аз милод бошад, олами кӯчман-чиёни шимолии Осиёи Миёна гӯё як баҳри хурӯшоне буд, ки мавҷҳои он паси ҳам ба соҳилҳои Юнону Бохтар дарафтода, онро пахш мекарданд. Аз омада-ни ин тӯфон ҳатто онҳое, ки Селевкиёнро зери по карда буданд, яъне под-шоҳони Порт, ворисони Митридоти I муқтадир ба ларза меомаданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *