Воқеаҳои асосии таърихи сиёсӣ дар замони ҳокимияти туркҳо. Муборизаи синфӣ — Донишхона

Воқеаҳои асосии таърихи сиёсӣ дар замони ҳокимияти туркҳо. Муборизаи синфӣ

Хоқонии турк ва нуфузи ҳокимияти он дар Осиёи Миёна

Дар асри VI хеле дур аз ҳудуди Осиёи Миёна дар Олтой зери унвони «Хоқонии турк» (солҳои 551-744) иттиҳоди давлатие пайдо шуд, ки дар таърихи Осиёи Миёна роли муҳим бозид. Туркҳо дар сарчашмаҳо бо номҳои гуногун маълуманд, вале бояд гуфт, ки ин номҳо ба ҳамдигар хеле айният до-ранд. Хитоиҳо онҳоро «тутсзюе» мегуфтаанд (гумон меравад, ки талаффузи қадимии он tiғӯt kiwat буд ва ин худи ҳамон тюркют мебошад, ки он номи туркҳо дар забони жожҳои муғулзабон аст. Мувофиқи катибаҳо худи туркҳо худро тюрк мегуфтанд, суғдиёну форсҳо онҳоро «турк» меномиданд. Роҷеъ ба этимологияи ин калима олимони гуногун ақидаҳои гуногун доранд .

Ҳокими туркҳо Бумон аввал теле ном қабилаеро мутеъ сохта, қувват ги-рифту баъд зидди иттиҳоди қабилаҳои жожҳо, ки то ин дам бар туркҳо ҳукм-ронӣ мекарданд, ба ҷанг даромад ва дар Муғулистону Олтой давлати пурқув-ват таъсис дод. Вусъати минбаъдаи ин давлат дар давраи яке аз валиаҳдҳои Бумонхоқон Мӯҳон (солҳои 553-572) хеле авҷ гирифт. Ба лашкаре, ки сӯи ғарб раҳсипор гардид, бародари Мӯҳон Истам сарварӣ мекард. Соли 555 вай ба «Дарёи ғарбӣ» расид (эҳтимол, баҳри Арал бошад). Катибаи калони Кӯлтегин хабар медиҳад, ки «онҳо (яъне, Мӯҳону Истам – Б.Ғ.) халқи худро то таги Те-мурқапиқ маскун намуданд» . Темурқапиқ («Дарвозаи оҳанин») номи асри-миёнагии убургоҳи кӯҳиест, ки аз Суғд ба Тахористон мебурду худаш дар кӯҳҳои Бойсун воқеъ буд. Дастаҳои пешгарди лашкари туркҳо ба сарҳади Эрон мерасанд, дар ғарб то худи баҳри Сиёҳ рафта, Босфори Қиммериро ишғол мекунанд. Империяи бениҳоят калони кӯчманчиён пайдо мешавад, ки аз худи Корея то соҳилҳои баҳри Сиёҳ масоҳати азимеро фаро мегирифт. Хи-той амалан вассали туркҳо шуд ва ҳар сол товони ниҳоят калон медоду бо ҳамин ҷонашро халос мекард. Дар назди ин «фавқулдавлат»-и туркҳо дигар ду давлати калонтарини он давра — Эрон ва Византия ба ҳарос меомаданд.

Вале иттиҳод насиби ин давлати бузурги туркҳо нашуд. Ҷангҳои бай-ниҳамдигарӣ авҷ гирифтанд ва дар ибтидои асри VII (солҳои 600–603) хоқонӣ ба ду қисм – ба Хоқонии шарқии туркҳо ва ба Хоқонии ғарбии туркҳо тақсим шуд (Осиёи Миёна дар ҳайъати Хоқонии ғарбии туркҳо монд). Солҳои 630–682 Хоқонии шарқии туркҳо тамоман аз қувват рафт ва амалан дигар вуҷуд ҳам надошт. Дар охири асри VII дар муборизаи зидди Хитой Хоқонии дувуми шарқии туркҳо таъсис ёфта, зуд қувват мегирад. Ин давлат, алалху-сус, дар аҳди Моҷо ё худ Қапаганхоқон (солҳои 691–716) хеле пурқувват меша-вад. Боз ливои туркҳо дар таги девори қалъаи Пекин ба ҷавлон меояд ва боз лашкари Қапаганхоқон ҳуҷумкунон аз дарёи Хуанхэ мегузарад. Туркҳо дар саросари шимоли Хитой ҳукмронӣ мекарданд, даҳҳо, садҳо ҳазор сокинони онро мекуштанд ё ба даштҳо гирифта мебурданд, сарвати беандозае ғорат мекарданд. Рӯ ба ғарб ба Осиёи Миёна ҳам тохтутози худро оғоз менамуданд.

Дар охири асри VII ва миёнаи асри VIII арабҳо ноҳияҳои асосии Осиёи Миёнаро ишғол намуда, ҳукмронии сиёсии туркҳоро дар ин кишвар аз байн бардоштанд.

Туркҳо ва Ҳайтолиён

Ҳанӯз вақте ки туркҳо ба Осиёи Миёна сар медароварданд, бояд ба Ҳайтолиён дучор меомаданд. Вақте Хоқонии турк ба нияти тасхири Осиёи Миёна афтод, задухӯрд ногузир гардид.

Вазъияти Ҳайтолиён барои ҳамин ҳам мушкил буд, ки онҳо дар байни ду оташ монданд, ки яке туркҳо буданду дигаре Эрони сосонӣ. Эрон маҳз дар ҳамин давра, яъне дар аҳди Хусрави Анӯшервон (солҳои 531–579) комилан ташаккул ёфта, иқтидори он хеле афзуд ва ба Ҳайтолиён дигар боҷ ҳам наме-дод.

Ҳанӯз дар солҳои 50-уми асри VI дар шимоли Осиёи Миёна туркҳо ба Ҳайтолиён дучор омаданд. Аз афти кор, Ҳайтолиён, ҳатто гумон накардаанд, ки бо чи гуна душмани тавоно рӯбарӯ шудаанд. Сардори Ҳайтолиён, ҳатто ба ҳуҷум гузашта, туркҳоро пеш карданӣ шуд, вале Қотулф ном вазираш ӯро аз ин кор боздошту гуфт, ки қуввати Ҳайтолиён дар хоки худашон фузунтар аст (Менандр, порчаи 10). Ҷанг (аз афти кор, бо баъзе танаффус) хеле тӯл кашид. Сарвари туркҳо Силзибул аварҳоро тарсонд, ки баъди торумор кардани Ҳайтолиён дигар душманони худро ҳам ба хок яксон хоҳад кард (Менандр, порчаи 10).

Хусрави Анӯшервон бо туркҳо гуфтушунид мекунаду мақсад аз он таъсиси иттифоқе буд, ки бояд ҳайтолиёнро барҳам медод. Ҳамаи ин воқеаҳоро Фирдавсӣ хеле муфассал  ба қалам додааст:

 

Зи Балху зи Шукнону Омӯю Зам,

Силеҳу сипаҳ хосту ганҷу дирам.

Зи Хатлону аз Тирмизу Висагирд,

Зи ҳар сӯ сипаҳ андаровард гирд .

 

Дар ин мобайн Ғотифар лашкар ҷамъ кард. Аз Балх, Шуғнон, Хатлон, Вашгирд ё Висагирд (ноҳияи Тоҷикистони ҷанубӣ), Тирмиз, Омул, Зам лаш-кари бисёре омада, дар атрофи Бухоро ҷой гирифт. Муҳорибаи асосӣ дар қа-рибии Бухоро шуд.

 

Бухоро пур аз гурзу кӯпол буд,

Ки лашгаргаҳи шоҳи Ҳайтол буд,

Бишуд Ғотифар бо сипоҳе чу кӯҳ,

Зи Ҳайтол гирд оваридӣ гурӯҳ,

Ба ҷанг андаромад зи ҳар сӯ сипоҳ

Зи тангӣ бубастанд бар бод роҳ.

 

Ҳикояти Табарӣ ҳам дар ин бора аниқу мухтасару мӯҷаз аст: «Тавонота-рину муқтадиртарини туркҳо Санҷибу буд, ки аз лашкари бешумори шоҳи ҳайтолиён В. р. з. наҳаросида, ба ҷанг даромад. В. р. з. ва лашкари ӯро нобуд сохт, сарвату мулки ӯро ғасб кард, ба ҷуз он ҷойҳое, ки пештар Хусрави I та-сарруф карда буд .

Инак, ҳар ду тараф мекӯшид, ки аввалин шуда ба Ҳайтолиён зарба занад ва амалан Ҳайтолиён бар зидди ду душмани муқтадир танҳо меҷангиданд. Дар масъалаи номҳо бошад, Синҷибуи муаррихони араб, бешак, ҳамон Син-зибули маъхазҳои византӣ мебошад.  Т.Нёлдеке таклиф мекунад, ки номи подшоҳи Ҳайтолиён Варз  хонда шавад (вале ин аниқ не). Агар ин таклифро қабул кунем, пас ин калимаи форсиест, ки маънояш «гуроз» мебошад. Баъзе волиёни шарқиэронӣ, масалан, волиёни Марв, Ҳирот, Гарҷистон, Нисо чунин унвон («вараз») доштанд . Маънои ин номро дигар хел шарҳ додан ҳам мум-кин – эҳтимол, ки маънои он «баланд» бошад (ниг.: қz– варзи суғдӣ).

Ба ақидаи Э.Шаванн, ки ин маъхазҳоро хеле муфассал тадқиқ кардааст, туркҳо Ҳайтолиёнро дар ким-куҷои мобайни солҳои 663 ва 567 торумор кар-даанд,  вале мувофиқи тахмини А.М.Манделштам, ин сана ба ибтидои он фосила наздиктар мебошад, яъне мумкин аст, соли 563 бошад ; Г.Моравчик бошад, мегӯяд, ки ин санаро умуман «қарибиҳои соли 560»  гуфтан даркор.

Дар ин ҷанги шадид, ки, аз афти кор, масоҳати зиёди Осиёи Миёнаро фаро гирифт, пеш аз ҳама, сокинони шаҳру деҳот зарар диданд.

Байни иттифоқчиён низоъ афтоду аз ҳам ҷудо шуданд ва ҳар яке мехост, ки аз шароити мавҷуда, аз афти кор, ҳаддалимкон фоида барад. Ба қавли Та-барӣ, таҷовузро туркҳо сар карда, талаб намудаанд Эрон ҳамон боҷеро, ки замоне ба Ҳайтолиён медод, акнун ба онҳо диҳад. Диноварӣ, баръакс, хабар медиҳад, ки Хусрави Анӯшервон то Бухорову Кешу Насаф расидани туркҳоро шунида, бо сардории валиаҳди худ зидди онҳо лашкар мефиристад, вале туркҳо аз ҷанг рӯ тофта, ақиб мегурезанд ва тамоми ин ноҳияҳо ба дасти Сосониён мемонад. Ҳанӯз Т.Нёлдеке ишорат карда буд, ки ин хабари Дино-варӣ ба дигар маъхазҳо мувофиқат намекунад ва, дар ҳақиқат, ин ноҳияҳои маркази Мовароуннаҳр дар дасти туркҳо буд,  вале шубҳае нест, ки ба ҳар ҳол байни иттифоқчиён носозие ба вуҷуд омада буд.

Низои байни Сосониёну туркҳо ба фоидаи Ҳайтолиён буд. Ҷанубитарин ноҳияҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла территорияи ҳозираи ҷануби Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон дар тасарруфи Эрони сосонӣ ва ноҳияҳои ши-молӣ дар ихтиёри туркҳо монд. Байни онҳо сарҳади муайян набуд ва баъзе маҳалҳои (ҳатто ноҳияҳои) мобайнӣ маҷбур мешуданд, ки якбора ба ду та-раф боҷ диҳанд. Ҳайтолиёни водии Зарафшон ба туркҳо боҷ медоданд (Ме-нандр, порчаи 18). Ҳайтолиёни ҷанубии Осиёи Миёна, аз афти кор, муддате мустақилона ҳаёт ба сар бурданд. Вале, мувофиқи ривояти Масъудӣ, Хусрави Анӯшервон, зоҳиран, баҳонае ёфта, ба ноҳияҳои паси «дарёи Балх», яъне Амударё лашкар дароварда, то ба Хатлон расид, шоҳи Ҳайтолиён (ки номаш Хушнавоз будааст ва шояд ин ном не, балки унвон бошад) кушта шуд ва Ху-срав мулки ӯро ба мамлакати худ ҳамроҳ кард.

Ана ҳамин тавр, давлати Ҳайтолиён вуҷуди худро қатъ карду аз забони маъхазҳо гуфтан мумкин, ки «сипас, тукуесҳо (яъне туркҳо– Б.Ғ.) мулки е-даро (яъне Ҳайтолиёнро– Б.Ғ.) ба ғорат бурданд ва ба авлодҳо қирон омад…»

Низои туркҳо ва Сосониён.

Иқтисодиёт ва сиёсат

Ҳамин ки давлати Ҳайтолиён барҳам дода шуд, байни собиқ иттифоқчи-ён низоъ хест. Дере нагузашта алангаи низоъ боло меравад ва акнун сабаб на манманиҳои сиёсии тарафайн, балки зиддияти манфиатҳои иқтисодии онҳо буд.

Мо медонем, ки дар давраи Кушониён аз Осиёи Миёна роҳҳои тиҷорат, аз ҷумла, «роҳи абрешим» мегузашт, ки Осиёи Марказӣ ва Римро ба ҳам мепайваст. Баъдтар кирмакдорӣ ва шоҳибофӣ дар худи Осиёи Миёна ривоҷ меёбад. Дар ғарб истеҳсоли шоҳӣ умуман вуҷуд надошт, бинобар ҳамин ҳам империяи Византия ва ҳам Рим фақат нигарони шоҳие буданд, ки аз Осиёи Марказӣ ва Миёна оварда мешуд ва зимнан, дар ин савдо савдогарони форс миёнҷигӣ мекарданд. Византиҳо чанд бор кӯшиданд, ки бевосита аз Ҳинду-стон шоҳӣ гиранду дар ин кор ба форсҳо мӯҳтоҷ набошанд, вале кӯшишҳо бар абас рафт, зеро Эрон ба ин кор зид буд. Форсҳо аз миёнҷигии худ пули ниҳоят калон мегирифтанд, бинобар ҳамин онҳо, аз як тараф, намемонданд, ки Византия бевосита бо фурӯшандагони абрешим робита дошта бошад ва, аз тарафи дигар, чӣ қадар хоҳанд, ҳамон қадар нархи молро боло мебардо-штанд. Ҳукумати Византия, ки нархи абрешимро ба тартиб андохтанӣ буд, ба ҳеҷ кор муваффақ нашуд. Дар миёнаҳои асри VI тухми кирмак ба Визан-тия ҳам оварда шуд , вале барои тараққии саноати шоҳӣ вақти тӯлоние ло-зим буд.

Суғдиён, ки худашон шоҳибофӣ мекарданду бо абрешимфурӯшон бево-сита алоқа доштанд, дар барори савдои Осиёи Миёнаву Византия беш аз ҳама манфиатдор буданд. Роҳи қулайтарини савдо аз Эрон мегузашт. Вале маҳз дар ҳамин ҷо манфиати савдогарони форс ва суғд ба ҳам дучор омад.

Дар айёми муносибатҳои мӯътадил ва, эҳтимол, ҳатто ҳамкории байни туркҳову Эрон бо ташаббуси суғдиён қарор дода шуд, ки ба Эрон ҳайъати сафорат фиристода, маслиҳат кардан лозим омад, ки оё шоҳиро аз хоки Эрон гузаронда, ба Византия ба фурӯш бурдан ё худ ақаллан ба худи савдогарони форс шоҳӣ оварда, фурӯхтан имкон дорад ё не. Сардори сафорат Монияҳ ном «сарвар»-и суғдиён будааст. Менандр (порчаи 18), инчунин хабар медиҳад, ки хоқони турк ба суғдиён иҷозат додааст «худашон ҳайъати сафо-рат фиристонанд». Ин факт далели ҳамин аст, ки туркҳо Суғдро ҳамчун давлат нест накарда, фақат ба худ мутеъ намуданд. Ин кор, бешубҳа, инъико-си вазъияти сиёсии реалии Осиёи Миёна мебошад. Мо дар ин масъала ақидаи Н.В. Пигулевскаяро  пурра тарафдорӣ мекунем ва Л.Н. Гумилёв , ки ӯро танқид кардааст, ҳеҷ асосе надорад. Вале Л.Н. Гумилёв ҳам мисли ҳамаи дигар муҳақ-қиқон  дар як бобат ҳақ аст, корро тавре тасаввур кардан лозим не, ки чи тавре Н.В. Пигулевская менависад, «туркҳо ба муомилоти васеи тиҷоратӣ рағбат надоштанд». Аслан гирем, ашрофи туркҳо хеле «пухта» шуда буд ва нағз мефаҳмид, ки муомилоти васеи тиҷоратии байналхалқӣ, алалхусус, фурӯши шоҳӣ чӣ манфиате дорад. Маҳз ба ҳамин сабаб ташаббу-си суғдиён ба хоқони турк маъқул шуд.

Ҳайъати сафорати Монияҳ ҳеҷ кор карда натавонист: пас аз нею нестону кашолакориҳои зиёд Хусрави Анӯшервон ҳамин баҳонаро ёфт, ки ба Эрон омадани туркҳо мувофиқи мақсад нест, бинобар ҳамин тамоми таклифҳои ҳайъати сафоратро рад кард. Алалхусус, яке аз вазирони шоҳ– Катулф ном ҳайтолӣ ба суғдиён сахт муқобилат кард. Ин ҳамон Катулфе мебошад, ки баъди Ҳайтолиёнро торумор кардани туркҳо дар Эрон паноҳ ёфта буд. Бо маслиҳати ин вазир шоҳ тамоми абрешими суғдиёнро хариду баъд дар пеши чашми онҳо ҳамаашро сӯхта партофт. Н.В.Пигулевская дуруст менависад, ки «бо кирдори худ форсҳо маълум карданд, ки ба моли суғдиён мӯҳтоҷ нестанд, зеро ин абрешим аз туркҳо омадааст.»

Хоқон инро шунида, қарор дод, ки ин сафар аз номи худаш сафорат фи-ристонад ва ба ҳайъати он фақат туркҳоро дохил кард. Маълум, ки сафорати якум тамоман нобарор баромад, вале сарфи назар ба ин, хоқон исроркорона сафорати дувумро ирсол менамояд ва ҳамаи ин далолат мекунад, ки дар таги ин коса нимкоса, яъне тақозои сиёсати «олӣ» ниҳон мебошад. Аз афти кор, туркҳо фаҳмиданӣ буданд, ки Эрони сосонӣ бо онҳо тинҷу осуда зиндагонӣ карданӣ ё худ ба ҷанг тайёрӣ дидан даркор. Рад шудани таклифи сафорати якумро чунин шарҳ додан мумкин буд, ки форсҳо бо давлати мутеъ гуфту-шунид кардан нахостанд. Вале шоҳи Эрон ба хоқони тавоно, ки ба қарибӣ иттифоқчии ӯ буд, чӣ ҷавоб медода бошад? Ҷавоби шоҳи Эрон басо равшан буд: аз тамоми ҳайъати сафорат фақат якчанд кас гашта омад, дигарон дар Эрон кушта шуданд, гарчанде форсҳо худро сафед карда бошанд ҳам, маълум буд, ки ба аксари сафирон заҳр дода куштаанд. Ҳамаи ин муносиба-ти туркҳо ва Эронро хеле тезутунд кард. Ҳар ду тараф фаҳмиданд, ки ба ҷанг тайёрӣ дидан даркор, зеро ҷанг дар ҳар лаҳза сар шуданаш мумкин буд.

Ба ин сабаб ҳукумати хоқон хост, ки бо душмани азалии давлати Сосо-ниён – империяи Византия робитаи сиёсӣ бандад. Агар чунин робита баста шавад, масъалаи фурӯши шоҳӣ ҳам худ ба худ ҳал мешуд, ҳол он ки ин масъала ашрофи Суғдро (ва ҳам туркҳоро) хеле ба ташвиш меоварду аз анҷоми неки он нишоне ҳам набуд. Сардори ҳайъати сафорате, ки бояд ба Византия мерафт, боз ҳамон Монияҳ таъин шуд. Вай дар даст мактубҳои ло-зима ва аз инъому пешкашҳо «бисёр шоҳивории қиматбаҳо дошт». Маълум, ки ин сафорат аз хоки Эрон гузашта наметавонист, инак, роҳи дигар интихоб шуд – сафорат қад-қади соҳили шимолии баҳри Каспий мерафту аз Кавказ гузашта, ба Византия мерасид.

Ҳайъати сафорат ба Византия омада, инъому пешкашҳо ва мактуберо ба императори Византия супурд, ки ба ақидаи худи византиҳо «бо саводи суғдӣ» (эҳтимол, бо хати суғдӣ бошад) навишта шуда буд. Муоҳидаи ҳарбие баста шуд, ки муқобили Эрон буд. Худи ҳамон соли 568 сафорат ба ватан баргашт ва зимнан ҳамроҳи онҳо ҳайъати сафорати ҷавобии византиҳо омад, ки дар сари он Зимарх ном шахсе меистод. Иттифоқи ҳарбию сиёсии туркҳову Ви-зантия аз ҳамон вақт сар карда, арзи вуҷуд намуд, алалхусус, ки аз паси ин ҳайъати сафорат боз чандин сафар ба Византия рафта омад .

Маъхазҳо хабар медиҳанд, ки соли 581 бар зидди туркҳо Хутан, Форс ва Ҳайтолиён  шӯриш бардоштанд. Вале аниқ не, ки ин кадом Ҳайтолиён бошад. Ба гумон аст, ки маъхазҳо аз Хутану Форс сухан ронда, балвои хурде-ро дар назар дошта бошанд, аз афти кор, ин шӯриши калоне буд. Эҳтимол, дар ҳамин солҳо, яъне пас аз вафоти Хусрави Анӯшервон (соли 579) дере нагузашта, туркҳо вазъияти пурталотуму пуртаҳлукаи Эронро ба ҳисоб ги-рифта, хостаанд, ки давлати буферии Ҳайтолиёнро ба мулки худ ҳамроҳ ку-нанд, ки ин давлат дар Тахористон вуҷуд дошту, аз афти кор, дар охири солҳои 70 ва аввали солҳои 80-уми асри VI мустақил шуда буд . Вале дар ҷангҳои ҷануб туркҳо якбора ҳам ба лашкари Ҳайтолиён ва ҳам ба лашкари Эрон дучор омаданд. Мувофиқи хабару ривоятҳо маълум мешавад, ки ғала-баи туркҳо пурра набудааст – ба онҳо фақат Ҳайтолиёни соҳили рости Тахо-ристон мутеъ шудаанду Ҳайтолиёни соҳили чап мисли пештара мустақил мондаанд.

Якчанд сол гузашт, инак соли 588 туркҳо бо сардории Совашоҳ ба ҳудуди давлати Сосониён зада даромаданд. Зидди онҳо сарлашкари забардасти Эрон – Баҳроми Чӯбина мебарояд. Ин мард ҳам дар зиндагӣ ва ҳам баъди вафоташ ниҳоят машҳур буд. Дар адабиёти паҳлавонӣ қиссае вуҷуд дошт, ки корубори ӯро ситоиш мекард, дар маъхазҳои ба он давраҳо наздик номи вай хеле бисёр зикр шудааст. Вале ҳамаи онҳо то ба рӯзҳои мо нарасидаанд, мад-ракоти онҳоро Фирдавсӣ ва муаррихони араб истифода бурдаанд. Вале маҳз чунин будани ҷараёни воқеаҳо набояд боиси шубҳа бошад. Лашкари туркҳо ҳуҷумкунон аз Амударё гузашта, тамоми Тахористонро ишғол мекунаду ба ғарб рафта, то ба Ҳирот мерасад. Дар муҳорибае Баҳроми Чӯбина бо дастаи яккачини лашкари худ ба қароргоҳи сарлашкари туркҳо зада медарояд. Мувофиқи ривояти Диноварӣ, «сипас, шоҳи туркон аспашро талабид, савор шуд ва ба арса баромад ба рӯбарӯи Баҳром; Баҳром тире аз камон зад, ки туркро ба хок яксон намуд ва туркҳо гурехтанд».  Баъди ин «Пармуда» (аз рӯи дигар маъхазҳо «Елтегин») ном писари волии кушташудаи туркҳо лаш-кари нав ҷамъ карда, ба он қисмҳои лашкари пештараро ҳам дохил мекунад. Дар бораи ҷараёни минбаъдаи воқеа ду ривоят ҳаст –мувофиқи як ривоят, форсҳо аз Аму гузашта, бори дувум туркҳоро шикаст додаанд; мувофиқи ри-вояти дувум, дар соҳили Аму дар қарибии Тирмиз тарафайн сулҳ бастаанд.

Дар баробари ин ду хабар боз як ривоят ҳаст, ки ба епископи арман ва муаллифи китобҳои пурбаҳои таърихи Себеос тааллуқ дорад. Ривояти вай хусусан ба ҳамин сабаб ҷолиби диққат ва мӯътабар мебошад, ки Себеос дар ҷавониаш дар боргоҳи Сосониён зиндагӣ кардааст ва нақли ин воқеаҳоро шунида будааст. Ба қавли Себеос, Баҳроми Чӯбина «лашкари теталиёнро (яъне ҳайтолиёнро.-Б.Ғ.) шикаст дод, Балхро гирифт ва тамоми кишвари Ку-шониёнро то он тарафи дарёе, ки онро «Ваҳруд» (яъне Амударё.-Б.F.) мегуфтаанд, ишғол намуд… Баҳром дар ин вақт бо шоҳи аъзами маскутҳо меҷангид, ки онҳо дар он тарафи наҳри калон сукунат доштанд ва Баҳром лашкари бешумори онҳоро қир кард, худи шоҳро кушт ва хазинаи ин давла-тро ба ғорат бурд».  Ин ривоят, ки дар адабиёти махсус борҳо муҳокима шудааст (хусусан И.Маркварт муфассал тадқиқ кардааст), ба ҳамин сабаб бениҳоят муҳим мебошад, ки зидди Эрони сосонӣ ҳамроҳи ҳайтолиёни ши-моли Афғонистон баромадани туркҳоро равшан нишон медиҳад.

Дар ибтидои асри VII дар солҳои 616–617 Эрони сосонӣ бори дигар мекӯшад, ки Ҳайтолиён ва ҳомии онҳо – туркҳоро шикаст диҳад. Лашкарка-ши Эрон – Симбат Багратунӣ ба ноҳияҳои соҳили рости Тахористон ду бор тохтутоз мекунад. Дар ин ноҳияҳо якчанд мулки Ҳайтолиён воқеъ буд, ки ба волии Балх итоат доштанду дар зери ҳокимияти туркҳо буданд. Аз рӯи хаба-ри Себеос Ҳайтолиён дар он солҳо дар Ҳирот, Бодхез, Толиқон ва Балх зиндагӣ мекардаанд. Гарчанде сарлашкари Эрон дар чандин муҳорибаҳо ғолиб омада, ғанимати бисёре ба даст оварда бошад ҳам,  аз афти кор, маълум, ки ин ноҳияҳо дигар ба ҳукумати Сосониён итоат намекарданд ва туркҳо дере нагузашта аз он ҷойҳо дастаҳои лашкари форсҳоро дур ронданд.

Муносибати хоқони турк ва ҳокимони маҳаллӣ.

Синтези Осиёи Миёнаву турк

Аввалҳо сиёсати туркҳо, ки Осиёи Миёнаро ишғол карда буданд, аз сиё-сати Ҳайтолиён фарқи казоӣ надошт,  яъне онҳо ба ҳокимони маҳаллӣ андоз муқаррар карданд, сулолаҳои пештара боқӣ монданд ва қоидаву қонунҳое, ки дар ин ё он маҳал вуҷуд доштанд, тағйир наёфтанд. Маълум, ки агар хавфи ҷанг пеш ояд, онҳо бояд ҳокими худро дастгирӣ мекарданд. Вале тадриҷан вазъият дигар мешавад. Туркҳо дар Осиёи Миёна тартиби идораи маъмуриро аз худ намуданд ва акнун дар гӯшае истода, бепарвоёна нигоҳ карда наменишастанду балки тадриҷан ба бинокорони фаъоли ҳаёти Осиёи Миёна табдил меёфтанд. Аъёну ашрофи ҳариси турк беш аз пеш дар андеша мемонд, ки чаро фақат як қисми сарвати аз халқ ситондашударо мегирифта-асту ҳамаашро не? Инак, соли 605 туркҳо волии ноҳияи Чочро кушта, ба ҷои вай «Дола» ном туркро шинонданд.

Дар аҳди «Туншаху» ном хоқон, ки дар хоқонии ғарбии турк ҳукмронӣ мекард, соли 618 ислоҳоте эълон гардид, ки, мувофиқи он, хоқони мазкур та-моми ҳокимони маҳаллиро волиёни худ хонда, ба ҳамаи онҳо унвонҳои лози-ма дод. Барои назорат ба кори онҳо вай намояндагони худро низ таъин кард, ки онҳо ҳам бояд андоз меғундоштанд.  Оё хоқон ин ислоҳоти худро ба амал баровард ё не? Ба ҳар ҳол, ин кӯшише буд дар роҳи таъсиси ягон хел иттиҳоди давлатӣ дар заминаи мулкҳои ҷудо-ҷудои мустақил. Дар дасти Туншаху (солҳои 618–630) қувваи пурзӯри ҳарбӣ барин як воситаи ниҳоят ҷиддии ре-алӣ буд. Мувофиқи ривояти маъхазҳо, худи вай «далеру дурандеш буду дар ҳама гуна муҳориба ғолиб мебаромад» . Дар натиҷа дар аҳди вай бисёр ҳокимони маркази Осиёи Миёна сари итоат фуруд оварданд. Дар баробари зӯрӣ вай зориро ҳам кор мефармуд. Масалан, яке аз тавонотарин ҳокимони Самарқандро ба худ домод кард.  Вақте лашкаркаши Эрон – Симбат Багра-тунӣ ба ҳайтолиён дарафтод, Туншаху ба мадади онҳо омад ва баъди он ки худи Багратунӣ ба Эрон бозгашт, дастаи туркҳо аз дарё гузашта, гарнизони эрониёнро дур ронданд. Тамоми Тахористон аз панҷаи Сосониён  озод  кар-да шуд. Таъбири маъхаз, ки Туншаху «Форсро гирифт» гуфтааст, ба ҳамин маъно мебошад. Дар худи ҳамин ҷои маъхаз гуфта шудааст, ки Туншаху «Гибинро гирифт»,  яъне ҷануби Афғонистонро гирифт ва ба ҳамин тариқ, тамоми шимолу ғарби Покистони ҳозира ба тасарруфи туркҳо афтод ва ё ҳеҷ набошад, ба туркҳо мутеъ гардид.

Баъди вафоти Туншаху (соли 630) вазъияти Хоқонии ғарбии турк ноусту-вор мешавад. Исёну ошӯбҳо, низоъву хархашаҳои байни аъёну ашроф ба са-ри ноҳияҳои зироаткори Осиёи Миёна ҳам фалокату касофати зиёде овард – тороҷу ғорату тохтутозҳо авҷ гирифт. Масалан, волии Фарғона кушта шуду дар шимоли Фарғона волиёни турк ба сари ҳукумат омаданд.

Сабабҳои дохиливу хориҷии сиёсӣ Хоқонии ғарбии туркро аввал аз дарун шалақ карда, баъд онро тамоман барҳам заданд. Дар айни ҳол бояд қайд кард, ки тоифаҳои туркҳо ба воҳаҳо сар дароварданд; қисми онҳо муқимӣ сокин шуданд; қисми дигари онҳо дар воҳаҳои канорӣ машғули чорводорӣ гардиданд; туркҳо дар шаҳрҳо ҳам сокин буданд; ба аксари вилоятҳо волиёни турк ё худ туркнажод ҳанӯз ҳукмронӣ мекарданд.

Саҳми туркҳо ба хусусияти ҳунармандии Осиёи Миёна кам нест. Муво-фиқи мадракоти археологӣ, ҳанӯз то ба Осиёи Миёна омадани туркҳо ҳунар-мандӣ хеле ривоҷ ёфта будааст. Ашёи металлӣ, алалхусус ашёи заргарии онҳо, яроқу аслиҳаи онҳо, асбоби зебу зинати онҳо бағоят хушсифат ва хушсохт буд. Зери таъсири торевтикаи туркҳо дар заминаи намунаҳои маҳаллӣ баъзе навъҳои махсуси сафололоти Суғду Фарғона, масалан, маш-рабаҳои олиҷаноби сафолӣ  ва инчунин тасмаҳои аҷоиби қуроқ ва ғ. пайдо мешаванд. Дар асрҳои VII-VIII унсури туркӣ дар таркиби ҷамъияти Осиёи Миёна хеле такмил ёфта, аз ҳисоби аслиҳаву тарзу усулҳои илми ҳарбии туркҳо бой мешавад. Таъсири туркҳо ба ҷанбаҳои гуногуни маишат низ хеле калон аст ва дар асарҳои санъати тасвирии ондавра симои туркӣ бисёр ба назар мерасад. Таъсири байниҳамдигарии назму эпоси халқии турк ва наз-му эпоси халқиятҳои муқимии Осиёи Миёна самараи зиёде овард . Туркҳое, ки ба Осиёи Миёна омада монданд, дар ҳаёти динии мардумони кишвар ва дар офариниши сарватҳои маданӣ фаъолона ширкат варзиданд ва баробари мардуми маҳаллӣ офаридгори ҳақиқии он сарвати маданӣ шуданд, ки наси-баи тамоми халқҳои Осиёи Миёна мебошад. Аллакай дар ҳамон даврае, ки мавриди назари мо шудааст, таркибан пайвастшавии урфу одат, дину оин ва маросиму маданияти халқҳои эронизабону туркизабони Осиёи Миёна оғоз ёфта, бо суръати тамом идома меёфт.

Неҳзати Абрӯй

Аҳволи аҳли меҳнат ниҳоят вазнин буд.  Ба ин муносибат маълумоти неҳзати Абрӯй ниҳоят муҳим аст. Ин маълумот аз як боби асари Абдур-раҳмон Муҳаммади Нишопурӣ (асри ХI) – «Хазината-л-улум» («Хазинаи илмҳо») ба назар мерасад, ки онро Наршахӣ дар таҳрирҳои охирини «Таърихи Бухоро» ба китоби худ зам карда буд. Ба қавли Наршахӣ, Нишо-пурӣ навиштааст, ки мардум дар ноҳияи Бухоро аз давраҳои қадимтарин сокин будаанд: «Ва мардумон аз ҳар ҷониб омаданд ва он ҷо хуррамӣ ги-рифт. Ва мардумон аз ҷониби Туркистон омадандӣ ва бад-ин вилоят об ва дарахтон бисёр будӣ ва шикор бисёр будӣ. Он мардумонро ин вилоят хуш омад. Ин ҷо мақом карданд. Ва ба рӯзгор мардум гирд омаданд ва иморатҳо карданд. Ва мардум бисёр шуданд ва якеро баргузиданд ва амир карданд. Ва номи ӯ Абрӯй буд ва ҳанӯз ин шаҳр набуд». Подшоҳ худ дар Пойкент ис-тиқомат дошта, шаҳрро «Қалъаи Дабусӣ» номиданд. «Ва чун рӯзгоре баро-мад, Абрӯй бузург шуд ва зулм пеш гирифт, бад-ин ноҳият, чунон ки мардум беш сабр натавонистанд кард. Деҳқонон ва тавонгарон аз ин вилоят бигрехтанд ва ба Туркистон ва Тироз шаҳре бино карданд. Ва он шаҳрро «Хамук» ном карданд, аз баҳри он ки деҳқони бузург, ки раиси он тоифа, ки аз он ҷо рафта буд, вайро «Хамук» ном буд… Пас он мардум, ки ба Бухоро монда буданд, ба наздики меҳтарони худ кас фиристоданд ва фарёд хостанд аз ҷабри Абрӯй. Он меҳтарон ва деҳқонон ба наздикии подшоҳи туркон рафтанд ва номи он подшоҳ Қарочурин Турк буд…» Ӯ писари худ – Шери Кишварро бо лашкари зиёд равон кард. Шери Кишвар ба Бухоро омада, дар Пойкент Абрӯйро дастгир кард. Ӯ «бифармуд, то як ҷуволеро бузург аз кабти сурх пур карданд ва Абрӯйро дар он ҷувол карданд, то бимурд». Баъд аз ин Шери Кишвар ҳокими вилояти Бухоро шуд ва ба гурезагон фармон кард, ки ба ҷойҳои худ баргарданд, чун «ҳар кӣ тавонгар буд ва деҳқони бузург буд, гурехта буд ва дарвешон ва фақирон монда буданд. Чун он қавм бозомаданд, он қавм, ки бечора монда буданд, хидматгорони он қавм шуданд. Ва дар ми-ёни он қавм деҳқони бузург буд, он деҳқонро «Бухорхудот» гуфтандӣ, аз баҳри он ки деҳқонзодаи қадим буд ва зиёъ бештар ӯро буд. Ва ағлаби ин мардумон кадеварон ва хидматгорони ӯ буданд».

Олимон ин ривоятро борҳо тадқиқу таҳқиқ карданд. Аввал ақидае пайдо шуд, ки ривоят афсонаи оддӣ аст ва дар он, эҳтимол, дарёи Зарафшон ташхис дода шудааст ва ё худ инъикоси ривоятҳои ниҳоят қадимтарини мас-куншавии водии Зарафшон мебошад.

Э.Захау ва К.Инострансев, ки машҳуртарин донандагони таърихи қади-мии Осиёи Миёна мебошанд, ривояти мазкурро маҳз ҳамин тавр маънидод мекунанд. И.Маркварт бори аввал дар як қатор асарҳои худ  ақидаеро пеш ниҳод, ки дар ин ривоят воқеаҳои реалии таърихӣ инъикос шудаанд. Зиёда аз ин, вай исбот мекунад, ки дар ин ривоят сухан аз муборизае меравад, ки турк-ҳову Ҳайтолиён барои Суғд мебурданд, яъне сухан аз воқеаҳои солҳои 60-уми асри VI меравад. Дар асоси чандин муқоисаҳо вай тахмин мекунад, ки Абрӯй бояд яке аз шоҳони охирини Ҳайтолиён бошад (дар омади гап, вай шакли «Абрез»-и ин номро қабул кардааст, дар яке аз дастнависҳо дучор мешавад).

С.П.Толстов ҳам фарзияи аҷиберо пеш ниҳод. Ба ақидаи вай, ин воқеаҳо дар охири солҳои 80-уми асри VI рӯй додаанд ва ба низову хархашаи дохили хоқонии турк нисбат доранд, ки дар натиҷаи он туркҳо ба воҳаи Бухоро ба тарзи оммавӣ муҳоҷир шуда буданд. Вай таклиф мекунад, ки ашхоси ривоя-ти Нишопурӣ бо ашхоси реалии хоқонӣ, ки дар ҳамон давраҳо амал мекар-данд, муқоиса карда шавад.  Вале ҳам дар фарзияи С.П.Толстов ва ҳам дар тахмини И.Маркварт ҷойҳои суст ҳастанд ва фарзияи вай ҳарчанд ҷолиби диққат бошад ҳам, алҳол дурустии он исбот нашудааст. Аз эҳтимол дур не, ки ин воқеаҳо андаке сонитар, яъне дар солҳои 90-ум рӯй додаанд .

Ба он тавсифе, ки С.П.Толстов ба ҷараёни ҳодисаҳо додааст, розӣ шудан аз имкон берун мебошад, вале дар айни ҳол вай дуруст хулоса мебарорад, ки ин неҳзат хусусияти аёни иҷтимоӣ дошт. Дар ин мубориза ва умуман дар ҳама гуна мубориза нисбати этникӣ ҷиҳати ҳалкунанда нест. Муҳоҷирони оддии турк, ки дар ин кишвар сокин буданд ё сокин мешуданд, ҳамдаму ҳамрози суғдиёни камбағал буданд. Ва баръакс, аъёну ашрофи Суғд бо аъёну ашрофи туркҳо аз як гиребон сар мебардоштанд. Ба ҳамин тариқ, мувофиқи ривояти Нишопурӣ ва як қатор дигар мадракот гуфтан мумкин, ки Осиёи Миёна арсаи муборизаи шадиди синфӣ буд ва сабаби ин мубориза ҳамин буд, ки деҳқонон мекӯшиданд ба гардани аҳли озоди ҷамоат юғи истисмор андозанд.

Воқеаҳои асосии таърихи сиёсӣ дар замони ҳокимияти туркҳо. Муборизаи синфӣ: 111 комментариев

  • в
    Permalink

    Hi it’s me, I am also visiting this web site on a regular basis, this
    web site is genuinely good and the viewers are genuinely
    sharing nice thoughts.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Excellent blog right here! Also your web site so
    much up very fast! What host are you the usage of? Can I am getting your associate link on your host?

    I desire my website loaded up as quickly
    as yours lol

    Ответ
  • в
    Permalink

    Hi! I’m at work surfing around your blog from my new iphone!
    Just wanted to say I love reading through your blog and look
    forward to all your posts! Keep up the great work!

    Ответ
  • в
    Permalink

    Howdy just wanted to give you a brief heads up and let you know a few of
    the images aren’t loading properly. I’m not sure why but I think its a linking issue.
    I’ve tried it in two different internet browsers and both show
    the same outcome.

    Ответ
  • в
    Permalink

    I blog quite often and I seriously thank you for your information. This article has truly
    peaked my interest. I will book mark your site and
    keep checking for new details about once a week. I opted in for your RSS feed too.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Hello this is somewhat of off topic but I was wondering if blogs use
    WYSIWYG editors or if you have to manually code with HTML. I’m
    starting a blog soon but have no coding know-how so I wanted to get guidance
    from someone with experience. Any help would be greatly appreciated!

    Ответ
  • в
    Permalink

    This page truly has all of the information and facts I needed
    concerning this subject and didn’t know who to ask.

    Ответ
  • в
    Permalink

    This design is spectacular! You obviously know how to keep a reader entertained.
    Between your wit and your videos, I was almost moved
    to start my own blog (well, almost…HaHa!) Fantastic job.

    I really loved what you had to say, and more than that, how you presented it.
    Too cool!

    Ответ
  • в
    Permalink

    I visited multiple web sites however the audio quality for audio songs present at this web site is actually
    superb.

    Ответ
  • в
    Permalink

    I’m not sure where you’re getting your info, but
    good topic. I needs to spend some time learning much more or understanding more.

    Thanks for excellent info I was looking for this info for my mission.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Great beat ! I wish to apprentice while you amend your web site,
    how could i subscribe for a blog site? The account aided me a acceptable deal.

    I had been tiny bit acquainted of this your broadcast provided bright clear concept

    Ответ
  • в
    Permalink

    Wonderful blog! I found it while searching on Yahoo News.
    Do you have any suggestions on how to get listed in Yahoo News?
    I’ve been trying for a while but I never seem to get there!
    Cheers

    Ответ
  • в
    Permalink

    Hurrah! At last I got a website from where I
    can actually obtain valuable information concerning my study and knowledge.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Nice blog here! Also your site loads up very fast! What web host are you
    using? Can I get your affiliate link to your host? I wish my web site loaded up as quickly as yours lol

    Ответ
  • в
    Permalink

    My brother suggested I might like this website. He was totally right.
    This post truly made my day. You can not imagine just how a lot time I had spent for
    this info! Thanks!

    Ответ
  • в
    Permalink

    Good day! I just wish to give you a big thumbs up for the great info you
    have got right here on this post. I will be returning to your blog for
    more soon.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Hi there, this weekend is nice in favor of me, for the
    reason that this point in time i am reading this great educational post here
    at my residence.

    Ответ
  • в
    Permalink

    When someone writes an paragraph he/she maintains the plan of a user
    in his/her mind that how a user can be aware of it. So that’s why this article is perfect.
    Thanks!

    Ответ
  • в
    Permalink

    Hello, i think that i saw you visited my web site thus i came to
    “return the favor”.I am attempting to find things to improve my site!I suppose its ok to
    use some of your ideas!!

    Ответ
  • в
    Permalink

    Howdy! I realize this is sort of off-topic however I needed to ask.
    Does managing a well-established blog such as yours require
    a lot of work? I’m brand new to running a blog but I do write in my diary daily.
    I’d like to start a blog so I can easily share my own experience and views online.
    Please let me know if you have any recommendations or tips for new aspiring blog owners.
    Thankyou!

    Ответ
  • в
    Permalink

    You could certainly see your skills in the work you write. The world hopes for more passionate writers like you who aren’t afraid to mention how they believe.
    All the time go after your heart.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Interesting blog! Is your theme custom made or
    did you download it from somewhere? A design like yours with a few simple adjustements
    would really make my blog jump out. Please let me know where you got
    your design. Kudos

    Ответ
  • в
    Permalink

    Howdy would you mind stating which blog platform you’re using?
    I’m going to start my own blog in the near future but I’m having a hard time selecting between BlogEngine/Wordpress/B2evolution and Drupal.
    The reason I ask is because your layout seems different then most blogs and I’m looking for something unique.
    P.S My apologies for being off-topic but I had to ask!

    Ответ
  • в
    Permalink

    I am extremely impressed with your writing skills and also with the layout on your blog.

    Is this a paid theme or did you customize
    it yourself? Anyway keep up the nice quality writing, it’s rare to see a great blog
    like this one nowadays.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Attractive section of content. I just stumbled upon your weblog and in accession capital to assert that I acquire in fact enjoyed account your blog posts.
    Anyway I’ll be subscribing to your feeds and even I achievement you access consistently fast.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Hey I know this is off topic but I was wondering if you knew
    of any widgets I could add to my blog that automatically tweet my
    newest twitter updates. I’ve been looking for a plug-in like this for quite some time and was hoping maybe you would have some experience with something like this.

    Please let me know if you run into anything. I truly enjoy reading your
    blog and I look forward to your new updates.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Just desire to say your article is as astounding. The clarity in your post is simply spectacular and
    i could assume you’re an expert on this subject. Fine with your permission let me to
    grab your RSS feed to keep up to date with forthcoming post.
    Thanks a million and please keep up the rewarding work.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Today, I went to the beachfront with my children. I found a sea shell and gave it to my 4 year old daughter and said «You can hear the ocean if you put this to your ear.» She put the shell
    to her ear and screamed. There was a hermit crab inside and it pinched
    her ear. She never wants to go back! LoL I know this is totally off topic but I
    had to tell someone!

    Ответ
  • в
    Permalink

    Hey I know this is off topic but I was wondering if
    you knew of any widgets I could add to my blog that automatically tweet my newest twitter
    updates. I’ve been looking for a plug-in like this for quite some time and was
    hoping maybe you would have some experience with something like
    this. Please let me know if you run into anything. I
    truly enjoy reading your blog and I look forward to
    your new updates.

    Ответ
  • в
    Permalink

    When I originally commented I seem to have clicked on the -Notify me when new comments are added- checkbox and from now on each time a comment is
    added I receive 4 emails with the exact same comment.
    Perhaps there is an easy method you can remove me from that service?
    Thank you!

    Ответ
  • в
    Permalink

    Nice post. I learn something totally new and challenging on websites I stumbleupon everyday.
    It will always be useful to read articles from
    other writers and use something from other web sites.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Magnificent beat ! I would like to apprentice while you amend your website, how can i subscribe
    for a blog web site? The account helped me a acceptable deal.
    I had been a little bit acquainted of this your broadcast provided bright clear idea

    Ответ
  • в
    Permalink

    Helpful information. Lucky me I found your site
    accidentally, and I’m stunned why this twist of fate did not came about in advance!
    I bookmarked it.

    Ответ
  • в
    Permalink

    You’re so awesome! I do not believe I’ve read through something like that
    before. So nice to discover another person with some unique thoughts on this topic.

    Seriously.. thank you for starting this up. This website is something that is
    needed on the internet, someone with a little originality!

    Ответ
  • в
    Permalink

    Hello there, just became alert to your blog through Google, and found that it is truly informative.
    I’m going to watch out for brussels. I’ll appreciate if you continue this
    in future. Numerous people will be benefited from your writing.
    Cheers!

    Ответ
  • в
    Permalink

    Woah! I’m really enjoying the template/theme of this website.
    It’s simple, yet effective. A lot of times it’s very difficult to get that «perfect balance» between superb usability and visual appeal.
    I must say that you’ve done a very good job with this. Also, the blog loads
    super fast for me on Firefox. Outstanding Blog!

    Ответ
  • в
    Permalink

    I like the helpful info you provide in your articles.
    I will bookmark your weblog and check again here frequently.

    I’m quite certain I’ll learn a lot of new stuff right here!
    Best of luck for the next!

    Ответ
  • в
    Permalink

    Your style is very unique in comparison to other
    folks I have read stuff from. Many thanks for posting when you
    have the opportunity, Guess I’ll just bookmark this blog.

    Ответ
  • в
    Permalink

    I’m not that much of a internet reader to be honest but your sites really nice, keep it up!
    I’ll go ahead and bookmark your site to come back down the road.
    Cheers

    Ответ
  • в
    Permalink

    ZG9uaXNoa2hvbmEudGo# aejekiice-a.anchor.com [URL=http://mewkid.net/generic-cialis/#aejekiice-u]aejekiice-u.anchor.com[/URL] http://mewkid.net/generic-cialis/#aejekiice-t http://mewkid.net/generic-cialis/#aejekiice-t http://mewkid.net/generic-cialis/#aejekiice-t http://mewkid.net/generic-cialis/#aejekiice-t http://mewkid.net/generic-cialis/#aejekiice-t http://mewkid.net/generic-cialis/#aejekiice-t http://mewkid.net/generic-cialis/#aejekiice-t http://mewkid.net/generic-cialis/#aejekiice-t ipuunonem

    Ответ
  • в
    Permalink

    Whats up this is somewhat of off topic but I was wanting to know
    if blogs use WYSIWYG editors or if you have to manually code
    with HTML. I’m starting a blog soon but have no coding know-how so I wanted to get advice from someone with experience.

    Any help would be enormously appreciated!

    Ответ
  • в
    Permalink

    Hiya, I am really glad I have found this information. Nowadays bloggers publish just about gossips and internet and this is really irritating. A good web site with exciting content, this is what I need. Thanks for keeping this website, I will be visiting it. Do you do newsletters? Can not find it.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Unquestionably consider that that you said. Your favourite reason seemed to
    be on the internet the simplest thing to be mindful of. I say to you, I certainly get irked whilst other folks think about issues that they just
    don’t understand about. You controlled to hit the nail
    upon the top and outlined out the whole thing with no need side-effects ,
    folks can take a signal. Will likely be again to
    get more. Thanks

    Ответ
  • в
    Permalink

    You made some clear points there. I looked on the internet for the topic and found most individuals will go along with with your website.

    Ответ
  • в
    Permalink

    I am really enjoying the theme/design of your site.
    Do you ever run into any browser compatibility issues?
    A couple of my blog visitors have complained about my
    website not working correctly in Explorer but looks great in Safari.
    Do you have any suggestions to help fix this problem?

    Ответ
  • в
    Permalink

    With havin so much content do you ever run into any problems of plagorism or copyright infringement?
    My website has a lot of completely unique content I’ve either created myself or outsourced but it seems a lot of it is popping
    it up all over the web without my permission. Do you know any
    solutions to help stop content from being stolen? I’d
    really appreciate it.

    Ответ
  • в
    Permalink

    It’s remarkable to go to see this site and reading the views of all colleagues concerning this
    paragraph, while I am also zealous of getting experience.

    Ответ
  • в
    Permalink

    What i do not realize is actually how you’re now not actually
    much more well-favored than you might be now.
    You’re so intelligent. You understand therefore significantly in the case of this matter, made me individually imagine it
    from a lot of varied angles. Its like men and women are not involved except it is one thing to do with Lady gaga!
    Your own stuffs excellent. All the time handle it up!

    Ответ
  • в
    Permalink

    Thank you for any other informative site. The place else could I am getting that
    type of info written in such a perfect method?
    I have a mission that I am simply now operating
    on, and I have been at the glance out for such info.

    Ответ
  • в
    Permalink

    It’s wonderful that you are getting ideas from this paragraph as well as
    from our argument made at this time.

    Ответ
  • в
    Permalink

    I’m really impressed with your writing skills as well
    as with the layout on your blog. Is this a paid theme or did you modify it yourself?
    Anyway keep up the excellent quality writing, it’s rare to see a great blog like this one these days.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Does your website have a contact page? I’m having trouble locating it but, I’d like to send
    you an email. I’ve got some ideas for your blog you might be interested
    in hearing. Either way, great blog and I look forward
    to seeing it develop over time.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Heya i am for the first time here. I found this board and I find
    It really useful & it helped me out much.
    I hope to give something back and help others like you helped me.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Appreciating the commitment you put into your website and
    detailed information you provide. It’s awesome to come
    across a blog every once in a while that isn’t the same old rehashed
    information. Fantastic read! I’ve saved your site and I’m including your
    RSS feeds to my Google account.

    Ответ
  • в
    Permalink

    This is a topic which is near to my heart… Take care!
    Where are your contact details though?

    Ответ
  • в
    Permalink

    Hi there everybody, here every person is sharing such familiarity, thus it’s pleasant to read this weblog, and I used to
    go to see this website daily.

    Ответ
  • в
    Permalink

    You really make it seem so easy with your presentation but I find this matter to be really something which I think I would never understand.
    It seems too complex and very broad for me. I’m looking forward for your next post, I
    will try to get the hang of it!

    Ответ
  • в
    Permalink

    Hi there, just became aware of your blog through Google,
    and found that it’s truly informative. I am gonna watch out for brussels.
    I will be grateful if you continue this in future.
    Lots of people will be benefited from your
    writing. Cheers!

    Ответ
  • в
    Permalink

    When I initially commented I seem to have clicked the -Notify me when new
    comments are added- checkbox and now each time a comment is added I receive four emails
    with the exact same comment. There has to be an easy method you can remove me from that service?

    Many thanks!

    Ответ
  • в
    Permalink

    I was very pleased to uncover this site. I need to to thank you for your time due to this fantastic read!!
    I definitely liked every little bit of it and I have you saved as a
    favorite to look at new stuff in your website.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Hello i am kavin, its my first occasion to commenting anywhere, when i read this paragraph i thought i could also make comment
    due to this sensible article.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Someone necessarily help to make seriously posts I’d state.
    That is the first time I frequented your web page and to this
    point? I amazed with the analysis you made to create
    this actual put up incredible. Great process!

    Ответ
  • в
    Permalink

    We are a group of volunteers and opening a new scheme in our community.
    Your site provided us with valuable information to work on. You have done a formidable job and our whole community will be
    thankful to you. natalielise plenty of fish

    Ответ
  • в
    Permalink

    fantastic issues altogether, you simply won a logo new
    reader. What might you recommend about your publish that you
    made a few days in the past? Any sure?

    Ответ
  • в
    Permalink

    Hello, i read your blog occasionally and i own a similar one and i
    was just curious if you get a lot of spam comments?

    If so how do you stop it, any plugin or anything you
    can recommend? I get so much lately it’s driving me
    mad so any assistance is very much appreciated.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Hi, I do think this is a great blog. I stumbledupon it
    😉 I’m going to come back once again since i have saved as a
    favorite it. Money and freedom is the greatest way
    to change, may you be rich and continue to help other people.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Hello, Neat post. There’s a problem together with your web site
    in internet explorer, may check this? IE still
    is the market leader and a huge component of other people will omit your great writing because
    of this problem.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Howdy I am so thrilled I found your blog page, I really found you by mistake, while I was researching on Aol for
    something else, Nonetheless I am here now and would just like
    to say thank you for a marvelous post and a all
    round exciting blog (I also love the theme/design), I don’t
    have time to browse it all at the minute but I have
    book-marked it and also added in your RSS feeds, so when I have time I
    will be back to read much more, Please do keep up
    the fantastic b.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Its like you read my mind! You appear to know a lot about this, like you wrote the book in it or something.
    I think that you could do with some pics to drive the message
    home a little bit, but instead of that, this
    is fantastic blog. A fantastic read. I’ll certainly
    be back.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Oh my goodness! Impressive article dude! Thanks, However I am experiencing difficulties with your RSS.
    I don’t know why I can’t join it. Is there anyone else having
    identical RSS problems? Anyone that knows the answer can you kindly respond?
    Thanx!!

    Ответ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *