Аҳамияти прогресивию таърихии ба Русия ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна — Донишхона

Аҳамияти прогресивию таърихии ба Русия ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна

Дар вақти ҳамроҳ шудан ба Россия дар Осиёи Миёна муносибатҳои пат-риархалии феодалӣ ҳукмфармо буданд. Давлатҳои Осиёи Миёна аз тамоми ҷаҳони мутамаддин қариб ҷудо буданд. Аз тараққиёт бозмондани қувваҳои истеҳсолкунанда сабабгори асосии ақибмонии иқтисодӣ, сиёсӣ, маданӣ ва ҳарбии онҳо  гардида буд. Россия назар ба Осиёи Миёна мамлакати пешқадам ва аз ҷиҳати иқтисодӣ тараққикарда ба шумор мерафт, ки дар он ҷо муносибатҳои капиталистӣ аллакай барқарор ва ҳукмрон гардида буданд.

Тавассути ҳамроҳ шудан ба Россия Осиёи Миёна ба муомилаи молии ҷаҳон кашида шуд. Тадриҷан дар ин сарзамин корхонаҳои саноатӣ, дар нав-бати аввал корхонаҳои пахтатозакунӣ ва равғанкашӣ ба вуҷуд омаданд. Қисми зиёди коргарони ин корхонаҳои саноатиро аҳолии маҳаллӣ ташкил медоданд. Тараққиёти саноат ва аз миллатҳои маҳаллӣ пайдо шудани корга-рон дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии Осиёи Миёна қадами бузурге ба пеш буд. Дар натиҷаи ҳамроҳ шудан ба Россия ҳаёти мадании Осиёи Миёна рӯҳ гирифт. Масалан, дар Тошканд китобхона, театр, музей кушода шуда, кори матбуот рӯ ба тараққӣ ниҳод. Аммо на бояд дар аҳамияти ин ко-мёбиҳо ба муболиға роҳ дод, зеро оммаи халқ аз сабаби бесаводии саросар аз ин муассисаҳои маданӣ истифода бурда наметавонист. Ривоҷи маданият, ки бо кӯмаки интеллигенсияи рус шурӯъ гардида буд, ба фаъолияти зиёиёни маҳаллӣ кӯмак расонид ва ин зиёиён баъдтар дар ҳаракати револютсионӣ ва пас аз ғалабаи Револютсияи Октябр дар инқилоби мадании Осиёи Миёна роли бузурге бозиданд.

Ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна ба Россия объективонаву таърихан аҳами-яти прогрессивӣ дошт. Халқҳои Осиёи Миёна ба ин восита имкон ёфтанд, ки бо маданияти пешқадами рус ва муборизаи револютсионии табақаҳои демо-кратӣ ва сипас пролетарии он ошно шаванд.

Осиёи Миёна тӯъмаи империяи Британия нагардид, ки мехост ин қисма-ти Осиёро мустамликаи худ созад ва ё онро ба ягон давлати хонии мустабид-даи калон, вале ақибмондае ҳамроҳ намуда, ба ин восита халқҳои ин сарзаминро мисли бисёр халқҳои дигар истисмор кунад. Агар Осиёи Миёна ба мустамликаи Англия табдил меёфт, он гоҳ халқҳои ин кишвар аз пролета-риати револютсионии рус ва пешоҳанги марксистӣ -ленинии он ҷудо мешу-данд.

Чи навъе ки маълум аст, К.Маркс ва Ф.Энгелс дар солҳои 60–80-ум дигар дар Англия вуҷуд надоштани пешомади револютсионӣ ва дар Россия наздик расидани револютсияро хотирнишон карда буданд. Чунончи, Ф.Энгелс дар мактуби худ ба К.Маркс б апрели соли 1863 менависад: «Дар замони ҳозира аз пролетариати англис ҳама гуна қувваи револютсионӣ нест шуда ва проле-тариати англис бо ҳукмронии буржуазия тамоман созиш кардани худро эълон намуд».

К.Маркс ҳанӯз дар соли 1859 дар хусуси Россия навишта буд: «Дар рево-лютсияи оянда Россия бо омодагии тамом иштирок хоҳад кард».

Ӯ баъдтар бо пешбинии доҳиёнае таъкид намуд: «Ин бор револютсия дар шарқ (дар Россия.– Б.Ғ.) ба амал хоҳад омад…»  ва сипас ин фикри худро боз ҳам аниқтар баён карда, мегӯяд: «…Россия отряди пешқадами ҳаракати рево-лютсионӣ дар Европа мебошад».

Ба ҳайъати Россия дохил гардидани давлатҳои хонии Осиёи Миёна ни-зоъҳои дохилии феодалӣ ва ҷангҳои муттасилеро, ки аҳолии меҳнаткаш аз онҳо сахт дар азоб буданд, барҳам дод. Дигар амри мусбате, ки бо ҳамроҳша-вии Осиёи Миёна ба Россия алоқаманд аст, дар ноҳияҳои бевосита ба ҳайъати давлати рус дохилгардида барҳам дода шудани ғуломдорӣ мебошад. Дар аморати Бухоро ғуломдорӣ амалан манъ карда нашуда буд.

Ҳукумати мутлақаи подшоҳӣ меҳнаткашони Россияро дар шиканҷа нигаҳ дошта, нисбат ба онҳо ҷабру зулми бераҳмонаро раво медид. Вай Осиёи Миёнаро забт карда, дар ин ҷо тартиботи сахти мустамликавӣ ҷорӣ намуд. Халқҳои ин сарзамин ба зулму тааддии дутарафаи истисморкунанда-гони маҳаллӣ ва амалдорони ҳукумати подшоҳӣ гирифтор гардиданд. Ба ҳамин тариқа, ҳам меҳнаткашони Россия ва ҳам халқҳои мазлуми Осиёи Миёна дар тимсоли ҳукумати подшоҳӣ душмани ашаддии худро диданд.

Маҳз аз ҳамин сабаб аз ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна ба Россия дере нагузашта дар байни меҳнаткашони Россияи револютсионӣ ва меҳнаткашо-ни кишварҳои канории миллӣ, аз он ҷумла пролетариати навташкилёфта, косибон ва деҳқонони  Осиёи Миёна бар зидди ҳукумати подшоҳӣ, сохти по-мешикиву буржуазӣ ва истисморкунандагони маҳаллӣ иттиҳоди мустаҳкаме ба миён омад. Ғояҳои  пешқадами  револютсионии  пролетариати   Россия   торафт бештар шуури халқҳои Осиёи Миёнаро бедор  мекард.  Ин  буд, ки  ниҳоят  меҳнаткашони  тоҷик,  ӯзбек,  туркман,  қирғиз,  қазоқ, қарақалпоқ ва дигар халқҳои Осиёи Миёна тадриҷан тавонистанд таҳти роҳбарии партияи болшевикӣ ба ҳаракати револютсионии пролетариати Россия ворид шаванд.

Ин ҳолат дар баёни аҳамияти ба Россия ҳамроҳ шудани Осиёи  Миёна мавқеи хеле муҳимро ишғол менамояд. Бӯҳтонгарони зиддисоветӣ, ки аз ҳар баҳона дар ҳуҷуми муқобили халқҳои Иттифоқи Советии сермиллат истифо-да карданӣ мешаванд, «суолҳои» сафсаттаомези зайлро ба  миён меоранд:  «Азбаски Англияи капиталистӣ назар ба Россияи феодалии ҳарбӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ ва сиёсӣ ба дараҷаи хеле зиёд тараққикарда буд, оё барои халқҳои Осиёи Миёна беҳтар намебуд, ки дар ҳайъати империяи Британия бошанд» ва ё «агар барои Осиёи Миёна мустамликаи Англия будан беҳтар намебуда бошад, пас, ба ҳар ҳол, бадтар ҳам намебуд? Хоҳ мустамликаи Британия бошад ва хоҳ мустамликаи ҳукумати подшоҳӣ, дар ҳар сурат мустамлика аст!»

Дар сари таҳлили ин суолҳо таваққуф намудан маъние дорад, хусусан ки ҷавоби онҳо наметавонад дорои характери якранга бошад ва чунон ки дар назари аввал менамояд, он қадар ҳам осон нест. Дар вақти ҷавоб гуфтан ба суоли аввал мо мулоҳизаҳои маълуми К.Марксро, ки дар силсилаи мақолаҳои машҳури ӯ роҷеъ ба «Ост-Индия» баён ёфтаанд, набояд фаромӯш кунем. Ҳарчанд гумон аст, ки кори бунёдгаронаи англисҳо дар Ҳиндустон аз миёни харобаҳои ба амаловардаи таҷовуз ва тороҷгариҳои бениҳояти аҷнабиён ба назар расад, вале он шурӯъ шудааст,– навишта буд К.Маркс. Самараи ин кор, берун аз майлу иродаи мустамликадорон, вайрон кардани асосҳои ҷамоати пайвастаи ҳиндуён ва фароҳам овардани заминаи ташакку-ли ҷамъияти капиталистӣ аст, хотирнишон карда буд К.Маркс. Лекин ӯ боз хеле возеҳу равшан таъкид мекард, ки аҳолии Ҳиндустон аз ҷиҳатҳои мусбати ҳукмронии мустамликавии Британия фақат дар натиҷа ва пас аз ғалабаи револютсияи пролетарӣ дар Англия, ё худ дар натиҷа ва пас аз ғалабаи рево-лютсияи халқии зиддимустамликавӣ дар Ҳиндустон метавонанд баҳраманд гарданд.  Чунон ки маълум аст, халқҳои Ҳиндустон ва Покистон то ҳол оқи-батҳои вазнину ногувори истисмори дуру дарози мустамликадорон: харобии қувваҳои истеҳсолкунанда, қашшоқӣ, гуруснагӣ, муромурии аз ҳад зиёд ва дигар мусибату маҳрумиятҳоро, ки ҳукмронии тӯлонии салтанати Британия ба сари онҳо оварда буд, эҳсос менамоянд.

Маҳз аз сабаби он, ки халқҳои Ҳиндро мустамликадорони англиси аз ҷиҳати иқтисодию сиёсӣ қавитар ғорат мекарданд, аҳволи онҳо аз аҳволи та-боҳи халқҳои Осиёи Миёнаи солҳои 1861– 1916 ҳам бадтар буд. Доираҳои ҳукмрони Британия аҳолии мустамликаҳои худро бо маҳорат, малака ва ву-съати бузурге истисмор мекарданд. Инро В.И.Ленин хотирнишон намуда буд: «…империалистони рус намояндагони замони кӯҳна буданд ва аз ин рӯ, чунон ки бояду шояд, буғӣ карда наметавонистанд», дар ҳолате ки намоянда-гони буржуазияи англису америкоӣ «буғӣ карда метавонанд ва то охир буғӣ мекунанд».

В.И.Ленин ҳама гуна мустамликадоронро, хоҳ ҳукумати подшоҳӣ бошад ва хоҳ ба истилоҳ «демократияи буржуазии ғарб», баробар хашмгинона ма-заммат менамуд. Ин аст калиди ҷавоби суоли дувум. Агар соф омилҳои зоҳирӣ ба эътибор гирифта шавад, он гоҳ чунин ба назар мерасад, ки халқҳои Осиёи Миёна дар натиҷаи на ба ҳайъати империяи Британия, балки ба ҳайъати империяи Россия дохил шудан на чизе бурд кардаанд ва на бохта-анд. Вале дар чунин ҷавоб тафовутҳои махсуси ин ду давлати императорӣ ба ҳисоб гирифта намешаванд.

Ба замми он ки пролетариати Англия дар нимаи дувуми асри ХIХ ва иб-тидои асри ХХ бештарин ҳиссаи фаъолияти пешинаи револютсионии худро аз даст дод, вай аз ҷиҳати ҷуғрофӣ ҳам аз муборизони зиддимустамликавии Ҳинд хеле дур буд. Ба ин сабаб вай наметавонист онҳоро бо таҷрибаи мубо-ризаи сиёсӣ ғанӣ гардонад, балки қисми муайяни он («ашрофи коргар») дар ин бобат рағбате ҳам зоҳир намекард.

Вале мо дар Россияи подшоҳӣ тамоман акси ин ҳолро мебинем. Дар ин ҷо маҳз пролетариат миллати ҳукмрон буд ва синфи коргари рус ба ҳара-катҳои револютсионии ҳамаи халқҳои мамлакати паҳновари сермиллат бево-сита  роҳбарӣ намуд. Вай ба муборизаи зидди тамоми навъҳои истисмор, зидди ҳама гуна зулму асорати дарбори подшоҳ ва  атрофиёни он,  ашрофи дворянӣ ва буржуазия, сарфи назар аз мансубияти миллии ин истисморга-рону мустамликадорон – хоҳ  рус бошанд ё украин, хоҳ белорус ё гурҷӣ, хоҳ тотор ё арман, хоҳ ӯзбек ё тоҷик ва ё миллати дигар, бевосита роҳбарӣ намуд ва ба озод кардани ҳамаи халқҳо аз шиканҷаи феодалӣ ва капиталистӣ ноил гардид.

Бинобар ин мо ҳамаи асосҳоро дорем, то бигӯем, ки Осиёи Миёнаро ис-тило  кардани империяи Россия, ба Россия ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна протсесси диалектикона тазод аст: вай баробари дучори асорат намудан ва ҷорӣ кардани  шаклҳои  нави зулми иқтисодӣ, сиёсӣ, миллӣ ва маданӣ, чи навъе ки таҷрибаи таърих нишон дод, ба худ ҷанинҳои озодии комили мил-латҳои мазлумро, озодӣ аз ҳар навъ    истисмори одамеро аз тарафи одами дигар, синферо аз тарафи синфи дигар, миллатеро аз тарафи миллати дигар низ овард. Маҳз барои ҳамин ҳам, бар тибқи далелҳои таърих, таъкид меку-нем, ки ба ҳайъати Россия дохил шудани халқҳои  Осиёи Миёна на фақат ба-рои ин халқҳо ва дигар халқҳои Россия, балки барои тамоми мардумони Шарқ низ оқибатҳои прогрессивии объективона дошт ва дорад.

 

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *