Суханҳои бузургон

1 .Дар онҷое ки суханат арзиш надорад суханатро иваз макун, ҷоятро иваз кун. 
2 Агар ҳар кас метавонист он тавр бошад, ки дигаронро мехоҳад, дунё биҳишт мешуд.
3 Мумкин аст одами фосид ислоҳ шуда бошад, аммо шумо эҳтиётро аз даст надиҳед.
4 Шухӣ ба шарте писандида аст, ки дигаронро бихандонаду касеро наранҷонад.
5 Сухане дошта бош дилпазир, ё диле дошта бош суханпазир.
6 Омухтани суханвари аз омухтани шамшерзани душвортар аст.
7 Одами нодон монанди нағора аст овозаш баланд аммо дарунаш холист.
8 Ҳама худхоҳии инсон аз худпарасти аст. То Худопараст нашави, ба ҷое намераси.
9 Агар дар коре муваффақ шави, дустони дуруғин ва душманони воқеи ба даст хоҳи овард.
10 Инсон замоне танҳост, ки фаромуш мекунад. Худо бо ӯст.
11 Хонае, ки дар он зани бошараф тарбиятгар ва хонадор бошад порае аз ҷаннат аст.
12 Як дӯст метавонад туро ба Худо наздик ё аз Худо дур кунад дар интихоби дӯст диққат кунед.
13 Як зани зебо чашмро хушнуд мекунад ва як зани хуб дилро. Аввали як ҷавҳар аст дуввумин як ганҷ.
14 Ниёзе нест атрофамон пур аз одам бошад, ҳамон чанд нафаре ки атрофамон ҳастанд одам бошанд кифоя.
15 Аз пирамарди доное пурсиданд: То биҳишт чиқадар роҳ аст? Гуфт: — Як қадам. Гуфтанд: — Читавр? Гуфт: — Як поятро руи нафси шайтонӣ гузошти, пои дигарат дар биҳишт аст
16 Гусфандон тамоми умр аз гург метарсанд ва дар ниҳоят ин чупон аст, ки онҳоро мехурад.
17 Фақире ба сарватманде гуфт:

— Куҷо ташриф мебари?

Сарватманд гуфт: — Қадам мезанам, то иштиҳо пайдо кунам. Ту куҷо мерави?

Фақир гуфт: — Ман иштиҳо дорам, қадам мезанам, то ғизое пайдо кунам.

18 Ҳар як чиз зебогии хосе дорад вале на ҳар кас онро дида метавонад.
19 Дуруғ мисли барф аст ҳар чи қадар онро биғилонед ҳамон андоза бузургтар мешавад.
20 Агар касе мехоҳад сирри худро ба шумо биспорад фирор кунед зеро бори сангинро бар души шумо бор карданист.
21 Касе, ки бо Худо дуст нест, дустиаш бо ту дуруғе беш нест. Дусти бидуни Худо, дустии нопойдор аст.
22 Хамавакт лоики номи инсон бош, бади карданд хуби бикун, дуруг гуфтанд рост бигу, дилатро ранчонданд ту дилхояшонро биеб, бади хостанд хуби бихох, ту онхо нести ту дигар хасти ту инсон хасти!
23 Чун ҳосили одамин дар ин шуристон.

Ҷуз хурдани ғусса нест то кандани ҷон

Хуррам касест ки аз ҷахон зуд бирафт.

Осуда касест ки худ наомад ба ҷаҳон.

24 Аз душмане натарс, ки ошкоро ба ту ҳамла мекунад. Аз дусте битарс, ки туро фиреб корона дар оғуш мегирад.
25 Аз офтобпараст пурсиданд: Чаро шаб мешавад гарданатро хам мекуни?

Гуфт: Ситораҳо ба ман чашмак мезананд вале ман намехоҳам ба офтоб хиёнат кунам.
26 Парвардигоро Агар боиси озурдагии касе шудам, ба ман қудрати узрхоҳи бидеҳ. Ва агар дигарон маро озурданд ба ман қудрати бахшиш бидеҳ.
27 Як ҳарф як зимистони одамро гарм нигаҳ медорад, ва гоҳе як ҳарф як умри инсонро сард мекунад.
28 Бояд озодиро барои муддате аз даст дод, то битавон барои ҳамеша онро ҳифз кард.
29 Агар душман ба по афтад ба таъзимаш бовар макун .

Ки хам-хам рафтани сайёд баҳри қатли мурғон аст.

30 Аҳмақ дар кори ҳама дахолат мекунад, ҷуз кори худаш.
31 Як қадам роҳ аст Бедил, аз ту то домони хок,

Дар сари миҷгон чу ашк истодаи, ҳушёр бош.
32 Худатро воло мабин. Алаферо, ки имрӯз зери по мекунӣ, фардо болои қабрат мебарояд.
33 Мазорбудаҳо аз чизҳое пушаймон ҳастанд, ки зиндабудаҳо барои он чизҳо якдигарро меранҷонанду нест мекунанд.
34 Шахсе, ки Худоро дӯст медорад ва итоат мекунад ту маҷбур хасти, ки уро дӯстдори куни, зеро хубонро дӯст доштан, Худоро дӯст доштан аст.
35 Дар амали хайр исроф нест, ҳамчунон ки дар исроф хайре нест.
36 Як мард аз писарбачае мепурсад, ки бигу эй писар Аллоҳ дар куҷост ман ба ту 1-то себ медиҳам писар бача ҷавоб дод шумо бигуед Аллоҳ дар куҷо нест, ман ба шумо 1000-то себ медиҳам.
37 Барои ҳама хуб бош, он ки фаҳмид, ҳамеша канорат, дар андешаи ту хоҳад буд ва он, ки нафаҳмид, рузе мефаҳмад, ки дер шудааст, дилаш ба некиҳоят танг мешавад.
38 Ҷавоне гуфт:- Зан ақл надорад.

Шайхе дар ҷавобаш гуфт: — беақлии зан дар он аст ки ту баринҳоро 9 моҳ дар батнаш нигод дошт 2 сол шири сафед дод 18 сол бо меҳр парвариш кард то имруз биёиву беақл бигуйи ва таҳқираш куни.

39 Якҷоя будан ҳунар нест, якҷоя зистан ҳунар аст. Барои ин каме виҷдон, каме ҷасорат ва каме меҳр доштан кофист.
40 Дар дунё чаҳор неъмат аст, ки он шахсе ин чаҳор неъматро насиб гардад дар дунёву охират хайрашро мебинад.

1) Забони зикркунанда

2) Қалби шукркунанда

3) Баданеки ба дарду ғам тоқат мекунад

4) Зани солеҳа.
41 Ҷудоиро Худованд дуст намедорад. Ҷудо шудан риштаи ҳаёт ва умедҳои ҳаётро кандан аст. Ҳар оила, ки барпо мешавад, ин нури ҳаёт аст. Бо ин нур қалби мардум равшан, инсонҳо хушбахту хурсанд мешаванд. Оиладоршави дар назди Худо ваъда додан аст. Ҷудо шудан аз ваъдаи худ баргаштан аст. Оиларо, ки барпо карди, маҷбур ҳасти, онро дар пой дори, чи қадар таҳдид бошад ҳам, чи қадар хатардо бошад ҳам. Бояд донист, ки ҳар як таҳдид як саволи имтиҳони зиндаги барои вайрон кардани оила аст.
42 Зебогии ҳақиқи дар дили инсон ҷой дорад, дар чашмонаш намудор мешавад ва дар рафтораш маълум мешавад.
43 Тире, ки ба ҷониби нафаре равон кардаи, кураи заминро давр зада, аз пасат омада мезанад.
44 Олитарин арзише, ки падар ба фарзанд медиҳад, тарбияи хуб аст.
45 Муҳим нест, ки чи қадар захира дори. Агар онро самаранок истифода набари, ҳеҷ гоҳ кифояги намекунад.
46 Марде гуфт: Вақте ҳамсарамро интихоб кардам дар назарам тавре буд, ки гуё Худованд мислашро наофаридааст. Вақте фотиҳа кардем, бисёреро дидам, ки монанди у буд. Вақте издивоҷ кардем, хелеҳоро аз у зеботар дидам. Вақте, ки чанд сол бо ҳам зиндаги кардем, дарёфтам, ки тамоми занҳо аз ҳамсарам зеботар ҳастанд.

Шайх гуфт: Оё дуст дори бидони, ки аз ҳаммаи инҳо талхтару ногуворотар чист?

Гуфт: Оре.

Шайх гуфт: Агар бо тамоми занҳои дунё издивоҷ куни, эҳсос хоҳи кард, ки сагҳои кучаи шумо аз онҳо зеботаранд.

Мард хандиду пурсид: Чаро чунин мегуи?

Шайх гуфт: Чун мушкил дар ҳамсари ту нест, мушкил инҷост, ки вақте инсон қалбу чашмони тамаъкор дорад, ва аз Худованд шарм надошта бошад, маҳол аст, ки чашмонашро ба ҷуз хоки гур чизи дигаре сер кунад. Оё дуст дори ҳамсарат дубора зеботарин зани дунё гардад?

Мард гуфт: Оре.

Гуфт: Чашмонатро муҳофизат кун.
47 Модар барои шифо ёфтани фарзандаш доруи талх медиҳад. Худованд низ барои бандаҳои дустдоштааш талхии дунёро медиҳад.
48 Дунё гузарон меҳнати дунё гузарон. Не бар падарон монаду не бар писарон. То метавони умр ба тоат гузарон. Бингар ки фалак чиҳо бикард бар дигарон.
49 Ба қадри тавоноият ваъда бидеҳ ва аз ваъдаи додаат зиёдтар иҷро кун.
50 Гуноҳе ки пушаймонӣ биёварад, беҳтар аз ибодатест ки ғурур биёварад.
51 Ҳеҷгоҳ фахр накунед, ки ба андозаи ҳар тори муйи сарат рафиқ дори. Вақтеки муҳтоҷашон мешави, мефаҳми, ки кали.
52 Инсон ба воситаи зарбаҳои қалбаш зинда нест, ҳаёти у ба ғизо ва хурок вобаста нест, у ба лутфи Худо зинда аст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *