Донистани ҳаққи падару модар.

Бидон, эй писар, ки воҷиб аст асли худро шинохтан ва ҳурмат доштан. Асли фарзанд падару модар аст.Ва зинҳор, эй писар , ки ранҷи падару модар хор надорӣ. . . Пас ҳаққи падару модар агар аз рӯи дин нанигарӣ , аз рӯи хираду мардумӣ бингар , ки падару модар мунтиҷи некиву асли парвариши нафси туанд. Чун ту дар ҳаққи эшон муқассир бошӣ, чунон бувад, ки ту сазои ҳеҷ некӣ набошӣ ва он кас, ки вай ҳақшиноси некии асл набошад, некии фаръро ҳам қадр надорад.Бо носипосон некӣ кардан аз хирагӣбошад ва ту низ хирагии худ маҷӯй ва бо падару модари худ чунон бош, ки аз фарзандони худ тамаъдорӣ, ки бо ту бошанд. Зеро ки он ки аз ту зояд, ҳамон тамаъ дорад, ки ту аз падар дорӣ, ки ба масал одамӣ ҳамчун мева аст ва модару падар ҳамчун дарахт. Ҳарчанд дарахтро тааҳҳуд беш кунӣ, мева аз вай накӯтару беҳтар ёбӣ. Ва зинҳор ки азбаҳри мерос марги падару модар нахоҳӣ, ки бе марги падару модар он чи рӯзии ту бошад, ба ту бирасад……Ба касе манигар, ки ҳоли ӯ беҳтар аз ҳоли ту бошад, ба касе нигар, ки ҳоли ӯ аз ҳоли ту батар бошад… Ва агар ба мол дарвеш гардӣ, ҷаҳд кун то ба хирад тавонгар бошӣ, ки тавонгарии хирад аз тавонгарии молбеҳтар ва ба хирад мол тавон ҳосил кард ва ба мол хирад ҳосил натавон кард. Ва ҷоҳил аз мол зуд дарвеш гардад ва хирадро дузд натавонад бурдан ва обу оташ ҳалок натавонадкардан. Пас, агар хирад дорӣ, бо хирад ҳунар омӯз, ки хирад бе ҳунар чун тане бошад бе ҷома ва шахсе бувад бесурат.

Унсурулалмаолии Кайковус.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *