Равиши тандурустӣ — Донишхона

Равиши тандурустӣ

Инсони муосир дар пешорӯи рушди тезутунди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад. Дар ин гуна шароит ӯро зарур аст, то ба таври мутадовим ва муттасил бештар фаъол ва нерӯманд бошад. Пайдост,ки қуввати равониву ақлонии инсон ба солимиву тандурустии ӯ бастагие зич ва ногусастанӣ дорад. Талаботи рузафзуни ҳаёт ва беш аз пеш муҳимтар гардидани масоили иқтисодӣ инсонро ба он водор менамояд, то дар дахлу харҷи рӯзгораш дар раванди баҳрабардориву таъмини паҳлӯҳои он, бисер оқилона рафтор намудаву сарфаҷӯй бошад. Зеро дар як чунин шароит, беэътинои ба саломатӣ метавонад, назму авзони хонаводаро ноҷӯр сохтаву мунҷар ба хатар бикунад. Ин дар маҷмӯъ дар рушду нумӯи иқтисоди кишвар низ таъсири манфӣ мегузорад. Аз ин рӯ, тайи нимаи дувуми қарни гузаштаву авоили асри ҳозир таваҷҷӯҳи олимон ва муттахассисон бештар дар самти пешгирӣ аз бемориҳо дар масоили беҳдоштӣ равона шудааст.Авомили ба ин марбут хеле зиёданд. Чанде аз онҳо таъсири омилҳои табиие ҳамчун гармову сармо ва фишори ҳаво мебошанд, ки агар аз як ҷиҳат, худ метавонанд муҷиби сар задани ин ё он бемориҳобошанд, аз ҷониби дигар, ҳангоми корбурди дурусташон аз тариқи созандагӣ, метавонанд дар таҳким ва устувории солимии инсон нақши умдаро бибозанд.Дар шароити тамаддуни ҳозира варзиш ва обутоби баданро метавончун аносире аз фарҳанг ном бурд. Инсони мутамаддин, ҳарчанд кайҳо манзилнишинӣ ихтиёр намудаву дар шароити фаслҳои мухталифи сол, аз сарулибосу афзори мувофиқ истифода мебарад, ҳанӯз ҳам танҳо бо хирадмандона ба кор гирифтан аз роҳҳои мутановеи таъсироти авомили табиии муҳити зисти худ, имкон дорад, то муқовимати баданашро нерумандиву устуворӣ бахшад. Мушаххасан, оббозиву шиноварӣ, сайругашту давидан дар фазои кушод, намудҳои гуногуни варзиш, кӯҳгардиву саворӣ ва ғайра аз омилҳои мазкур маҳсуб мешаванд.Бо баланд шудан ва таҳким ёфтани муқовимати бадани инсон, ҳамзамонва мутаносибан бо ин масунияти ҳам умумӣ ва ҳам мавзеии он кавӣ гардида, дар тағйирёбии мавсиму фаслҳои сол аз таъсир намудани барангезандагоне мисли вирусу микробҳои сироятрасон эмин хоҳад монд. Бо рушду такомул ёфтан ва зина ба зина пешрафт намудани кулли соҳаҳои ҳаёти муосир, ба вижа бо ба кор гирифтани мошинолот ва дастгоҳҳои худкору барқи, фаъолияти одамон то андозае якрангу якнавохт ва ҳангоми корбурди барзиед аз онҳо чанде ҳам дилгиркунанда гардидааст. Дар чунин ҳол агар баъзе аз аъзои бадани инсон серҳаракаттар бошанд, дигар узвҳо камтар мавриди фаъолияти муштарак қарор мегиранд. Ин бо мурури вақт метавонад ба тағйирёбиву харобии азалот ва аъзои такяву ҳаракат ва дар ин замина то ба маризӣ оварда расонад. Хамчунин кору меҳнати якмароми мазкур, ки ба тақозои қавонини иқтисодӣ ба амал мепайвандад, ба фаъолияти асабиву равонӣ низ бетаъсир намемонад. Танзиму кору меҳнат ва фаъолият, инчунин риоя намудан ба қоидҳхои беҳдошти инфиродӣ, аз қабили ба таври мукаммал истеъмол намудани ғизо ва дамгириву осоиш ва фароғат, аз авомили пешгирии бемориҳо мебошанд.Вақте сухан оид ба пешгирӣ аз бемориҳо ва риояи қоидаҳои беҳдошти бадан меравад, зикр намудан бамаврид аст, ки қобили нерӯи муқовимат гардидан ба ин васила устувору барҷо ва нигоҳдоришудани масунияти бадан, ин то ҳадди имкон барвақттар даст кашидан аз истеъмолу истифодаи маводи алкилдор ва тамоку аст. Барои шахси мубтало ба тамокукашӣтанҳо фаҳмидани ҳамин кофист, бидонад, то як салул аз хуни ӯ муддати 120 — 140 шабонарӯз дар хидмати аъзои ӯст, ки оксигенро аз роҳи шуши ӯ ба кулли аъзояш интиқол медиҳад ва сухту созу табодули мавод дар самти таҷдиди бадан, бидуни он хориҷ аз имкон аст. Аммо ангиштдудаи тамоку ба ҳамон як салули сурхи хун пайвастагии биокимиявии ногусастание эҷод намуда, дар як нафас онро ғайридаркор месозад. Акнун ҳоли шахси тамокукашро пеши назар биоред, то чи андоза ӯ ҷавреро ба худ раво дидааст? Як салул аз асаби марказии ӯ хеле кӯтоҳ, аз 2 то 6 — 8 дақиқа умр доштава бо истифода аз оксиген бозсозӣ мешавад. Қалби инсон шабу рӯз метапад, то хун гардиш хурда, ҳамонзарроти ҳаворо ба мағз бирасонад. Аммо нафасеву нафасҳое аз дуди тамоку ва латма ба аъзо ва чони худ! Ба ин таъсири харобиовари никотин зам мешавад, ки авзоро боз ҳам печидатар мекунад..

Чи гуна бадбахтӣ?! Дар мавриди асари тамоку ба ҷиҳози ҳозима аҳвол бадтар аст. Ин ҷо шахси мубтало ба тамокукашӣ ниёзманд ба кӯмаки равонист. Иродаи ӯ бояд такон хурда, тафаккури қолабиеро хамчун фаҳмиши нодурусту пур аз иштибоҳи» Тарки одат амри муҳол», ки дар нохудогоҳи ӯ реша давонидааст, шикаста, » Тарки одат амри МУҲИМ!»-ро дунболагирӣ бикунад. Ин бештар дар ҳамкорӣ бо пизишк даст дода, ҳаддиаксар ба камари ҳиммат бастани худи ӯ низ марбут аст.

Бердиев Шавкатулло Бадеъзода.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *