Ду рафиқ — Донишхона

Ду рафиқ

Замоне ду рафиқ муддати тӯлонӣ дар биёбоне роҳ мепаймуданд. Рӯзе миёни онҳо баҳсу ҷанҷол ба амал омад ва яке аз онҳо дар сари ҷаҳл дигареро як торсакӣ зад. Ӯ дардро эҳсос кард, аммо чизе нагуфт. Ва хомӯшона дар болои рег ин сатрҳоро навишт: Имрӯз дӯсти беҳтаринам маро як торсакӣ зад”.

Рафиқон роҳи худро идома доданд ва баъди чанд рӯз ҳавзеро пайдо карданд. Онҳо тасмим гирифтанд, ки он ҷо оббозӣ мекунанд. Он нафаре, ки шаллоқ хӯрда буд, қариб буд, ки дар об ғарқ мешуд ва дӯсташ ӯро наҷот дод.

Вақте ба худ омад, дар болои санге ин сатрҳоро хаккокӣ намуд: “Имрӯз дӯсти беҳтаринам маро аз марг наҷот дод”.

Нафаре, ки дӯсташро торсакӣ задаву рӯзи дигар аз марг наҷоташ дода буд, аз дигарӣ пурсид:

— Вақте ман туро ранҷондам, ту дар болои рег навиштӣ, аммо акнун ту дар болои санг навишта истодаӣ. Чаро?

Дӯсташ чунин ҷавоб дод:

— Вақте ягон нафар моро меранҷонад, мо бояд онро болои рег нависем, то ки бод онро тоза карда тавонад. Аммо вақте нафаре ба мо некӣ мекунад, мо бояд онро болои санг хаккокӣ кунем, то ки ҳеҷ гуна боду борон онро тоза карда натавонад.

Андарз: Ҳамеша кӯшиш кун, то ранҷишро болои рег ва хушҳолиро болои санг сабт кунӣ. Ва ҳаёти ту осону сода ва рӯшан хоҳад буд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *