Эҳтиром ба инсон

Муҳимтарин бахши ахлоқ, ки баробари рушду пешрафтҳои босуръати технологӣ дар асри 21 зарар дидааст, эҳтиром ба инсон мебошад. Ҳол он ки инсонро барои инсон буданаш дӯст доштан ва эҳтиром кардан дар навбати худ ифодагари эҳтиром ба Офаридгор аст. Вагарна танҳо ҳамфикру ҳамандешони худро дӯст доштан ва эҳтиром кардан эҳтирому дӯстдории самимӣ ва инсонӣ нест, балки худпарастии маҳз аст. Гузашта аз ин, хор доштан ва пасту ҳақир шумурдани онҳое, ки ҳамфикри мо нестанд ва ғояву мақсадашон аз мақсадҳои мо дар тафовутанд, бемурувватӣ ва худбинӣ мебошад.

Ҷавононро бунёдгарон ва созандагони ҷомеа меноманд. Зимнан онҳо бояд он насле бошанд, ки ба масъалаҳо на аз рӯи зоҳирашон баҳо диҳанд, балки ғояву мақсадҳоро дуруст шинохтаву дарк карда сипас ҳукм бароранд. Аз ҷониби дигар, модоме ки инсонҳо ҳама баробаранд ва бо роҳҳои гуногун ҳам бошад ба сӯи як ҳадаф равонанд, пас, чаро бояд якдигарро пасту ҳақир шуморанд?

Мутаассифона, дунёи муосир бо ҳар он чизе, ки бо худ оварда истодааст, моро ба кӯчаву ҷодаҳои торик афкандан дорад. Ва айни ҳол ба як қатор масъалаҳое рӯ ба рӯ ҳастем, ки барои мо ноошноянд. Эҳтимол, дар бораи ҳаллашон ҳам фикр намекунем. Масалан, лаззатҳои гуногуне, ки имрӯз инсоният ба туфайли технологияҳои рақамӣ бардошта истодааст (манзур сабукиҳои зиёде, ки технологияҳои замона ба мо овардаанд), шак нест, рафта-рафта ба танбалии одамон боис гардад. Ва ҷаззобияти ин ҳама пешрафт мумкин аст, моро аз ноогоҳӣ ба иҷрои амалҳое маҷбур кунад, ки дар оянда ҷуброн карданаш душвор гардад… Дар ин торикиву гирифторӣ ба мушкилиҳо аз ҳама зарари бештар ба эҳтиром нисбати руҳи инсон мерасад. Бинобар ин, созандагони оянда бояд дунёи худро бар асоси муҳаббату эҳтиром ба инсоният бунёд кунанд.

Вале бунёди ҷомеаи инсондӯсту эҳтиромгар то он вақте ки инсонҳо ҳар кадоме бо як порча аз ҳақиқати шинохтаи хеш мегарданду мехоҳанд дигаронро ба он порча тобеъ созанд, душвор аст. Боз агар барои тобеъ кардан ба ин порчаи ҳақиқат аз роҳи зӯрӣ, ҷабру зулму таҳқиру ҳатто нерӯи силоҳ истифода шавад, тамоман ғайримкон мегардад.

Адами инсондӯстӣ ва эҳтиром ба инсон тадриҷан реша давонда истодааст ва бо гузашти вақт мумкин аст, ки ба як ваҳомате дар ҷомеа бадал шавад. Кор то ба он ҷо расидааст, ки нафарони замоне китф ба китфи ҳам ба сӯи як ҳадаф равона буданд, акнун якдигарро намешиносанд.

Пӯшида нест, ки имрӯз ҳар нафареро, ки чун мо ҳаракат намекунад, беибо роҳу усул ва системаи ҳаракаташро зери танқид мегирем. Албатта, танқид ҳам як функсияи дигари ақли инсон аст. Вале агар мақсад ва ҳадафи ниҳоӣ як бошад, ба фикру ақидаи он ҷониб ҳам бояд эҳтиром гузорем.

Ниҳояти сухан, бояд ба инсон, ба ҳақиқтҳои бузурге, ки ӯ ҳовист, эҳтиром гузошт. Ва ба хотири Офаридгораш дӯст доштан ва эҳтиром намудани ӯро омӯхт. Зеро инсон, барҳақ, мавҷуди аз ҳама боқадр аст. Ҷомеае, ки бо ин фаҳмиш ташаккул меёбад, дер ё зуд ба худ омада, талофӣ кардани аздастдодаҳояшро хоҳад донист.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *